Главная / Илм / ДИСТОНИЯИ РАГХО

ДИСТОНИЯИ РАГХО

distoniiai-raghoДИСТОНИЯИ РАГХО, бемориест, ки дар натичаи аз хад зиёд асаби шудан ё баъди беморихои шадид ва музмини сирояти, захролуди, витаминкохи, хаячони сахт ба вучуд меояд. Аломатхои Д. р. доими мебошанд ё гох-гох (пароксизми асабхои вегетативи ва рагхои хунгузар) падид меоянд. Нишонахои доимии Д. р. бештар дар шахсоне, ки системаи асабашон модарзоди суст аст, ба мушохида мерасад. Чунин одамон хангоми тагйир ёфтани обу хаво худро бад хис мекунанд, дар вакти кори чисмони ва гаму андух ба зуди рангашон меканад (ё сурх мешавад), таппиши дил афзуда, арак менамоянд. Пароксизми вегетативи ва рагхои хунгузар ё аз дарди сар ва ё аз дарди атрофи дил, дилзани, сурх шудан ё паридани ранги руй огоз меёбад. Фишори хун ва харорати бадан баланд гашта, набз тез, табларза ва баъзан тарси бесабаб пайдо мешавад. Дар дигар холатхо бехолии умуми, сарчархзани, сиёхи задани чашм, арак, дилбехузури, пастшавии фишори хун рух намуда, набз суст мегардад. Хуруч аз чанд дакика то 2 – 3 соат давом меёбад ва дар аксар одамон бемуолича мегузарад. Мавриди авчи Д. р. панчаи даст ва кафи пойхо сурхи кабудтоб ва тару хунук мешаванд. Чойхои рангпаридаи пуст ба назар мисли мармар менамоянд. Ангуштон карахт гашта, бадан вачаррос мезанад, баъзан халаю дард хис карда мешавад. Бемор сахт хунук мехурад, ранги дасту пояш меканад, баъзан хангоми табларзаи бардавом панчахои дасту пой, ангуштон варам мекунанд. Хастаги ва хаячон боиси зуд-зуд руй додани хуруч мегардад. Баъди хуруч хисси хастагию бехоли чанд руз давом мекунад.
Яке аз намудхои пароксизми системаи асаби вегетативи ва рагхои хун бехуши аст. Хангоми он чашм якбора сиёхи зада, ранг мепарад, одам хеле бемадор мешавад, аз хуш рафта меафтад. Рагкаши, одатан, ба амал намеояд. Дар холати хобонидани бемор бехуши зуд мегузарад (ба ин буй кашонидани спирти навшодир низ мухим аст).
Барои пешгирии Д. р. дар синни кудаки ва чавони организмро дуруст обутоб додан лозим (ниг. Обутоби организм). Ба зиёд асабони шудан рох надода, дар холати маризи таъиноти духтурро бояд чидди риоя кард. Хангоми кор дар истехсолоти зарарнок риояи дастуруламали мухофизати мехнат зарур аст.
Д. р.-ро аз руи таъиноти духтур бо истеъмоли якчояи дору ва тадбирхои физиотерапевти табобат мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …