Главная / Илм / ДИМЕДРОЛ

ДИМЕДРОЛ

dimedrolДИМЕДРОЛ, як навъ дору. Ба гурухи дорухои зиддигистамини мансуб аст. Д.-ро асосан барои табобати саглес, таби хасбедави, бемории зардоби, васкулити хунрез (капилляротоксикоз), зуком, варами ангионеврози, дерматозхои хоришнок, иридосиклити шадид, конъюнктивити аллерги, таъсири номатлуби антибиотикхо ва г. таъин мекунанд. Д. мисли дигар дорухои зиддигистамини барои муоличаи бемории шуоъи низ истифода мешавад. Д. хангоми зики нафас самараи дилхох надорад, вале онро метавон якчоя бо теофиллин, эфедрин ва диг. дорухо таъин кард. Д.-ро баъзан дар аснои захми меъда ва гастрит низ кор мефармоянд. Хамчунин онро метавон хангоми кайи занхои хомила ва синдроми Менйер истифода кард. Д. доруи таскинбахш, оромсозандаи асабхо ва хобовар аст. Зиёд кардани вояи Д. боиси ба вучуд омадани делирий (хазён, васваса) мешавад. Чунин одамон рафторхои бехудона мекунанд, кирдорхои содир кардаро фаромуш месозанд. Дар авчи делирий бемор барои худ ва дигарон хавфнок мебошад.
Д. дар шакли курс ва махлул истехсол карда мешавад; аз он шамъча низ тахия мекунанд. Хушкидани дахон, сардард, бехузур шудани дил, сарчархи, хоболуди, бехоли ва г. аломатхои таъсири номатлуби Д. мебошанд. Истеъмоли Д. барои ронандагон ва одамоне, ки шугли онхо диккату махорати махсусро талаб менамояд, чоиз нест.

Б. О. Ишонкулова.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …