ДИЛ

dilДИЛ (Cor), узви марказии силсилаи гардиши хун, ки харакати хунро дар рагхо таъмин менамояд. Узви мушакии махрутшакл буда, дар ковокии сина паси устухони сари дил вокеъ гардидааст. Кисми зиёди Д. (тахминан аз се ду хиссааш) дар нимаи чапи кафаси сина ва кисми ками он (такр. сеякаш) дар нимаи рост чойгир аст. Чунин мехисобанд, ки хачми Д.-и хар одам ба хисоби миёна ба хачми мушти у баробар аст. Д.-и марди калонсол ба хисоби миёна 332 г, дили зан 253 г вазн дорад. Дил дар холати оромии мутлак дар як дак. такр. 5,5 л хунро бо фишор мегузаронад. Хангоми кори зиёди чисмони он метавонад дар 1 дак. то 30 л хунро гузаронад. Кисмати васеи Д. ба боло ва акиб ва кисмати борикаш (нугаш) ба поён, ба пеш ва чап моил аст. Д. се сатх дорад: сатхи пеш – тарафи кабургахои сина, сатхи поён – тарафи диафрагма, сатхи акиб – тарафи шуш, ки ба чониби шуш, сурхруда ва кисми ру ба поёни шохраг нигаронида шудааст.
Девораи Д. се кабат дорад. Кабати дохили – эндокард ковоки Д.-ро аз дарун пушидааст. Канорахои он даричахои Д.-ро ташкил мекунанд. Вай аз кабати зичи хучайрахои тунуку суфтаи эндотели иборат аст. Кабати мобайни – миокард аз бофтаи махсуси рахдори мушаки ташаккул ёфтааст. Мушаки Д. раххои кундаланг дошта бошад хам, беихтиёр кашиш мехурад. Миокард ду кисм дорад: мушакхои камкуввати дахлезхои Д. ва мушакхои пуркуввати меъдачахо (хусусан меъдачаи чап, ки хунро ба даври калони гардиш тела медихад). Кабати беруни – эпикард сатхи берунии Д., кисмати ба он наздики шохраг, раги шуш ва венахои ковоки болову поёнро мепушад. Вай аз хучайрахои эпители таркиб ёфта, кабати дарунии халтачаи назди Д. – перикардро ташкил мекунад. Халтачаи назди Д. кабати беруни хам дорад. Байни кабатхои даруни ва берунии перикард ковокии рогмонанде хаст. Он 15 – 20 мл моеъ дорад, ки ба кам гаштани соиши байни кабатхо хангоми кашиш хурдани Д. мусоидат мекунад.
Д.-и одамро деворае ба нимаи чапу рост (бо хам алокаманд нест) таксим мекунад. Дар кисми болоии харду нима дахлез (пешдил)-хои чапу рост, дар кисми поён меъдачахои чапу рост вокеанд. Дар нимаи рост хуни вена, дар нимаи чап хуни артерия чорист. Хамин тарик, Д.-и одам чорхона мебошад: ду дахлез ва ду меъдача. Хар дахлез бо меъдачаи зераш тавассути сурох пайваст мешавад. Барчастагии махсуси дахлезхои Д. гушакхои чап ва рости онро ташкил мекунад. Дар сатхи дохилии меъдачахо мушакхои пистоншакл хастанд, ки гуррихои миокард мебошанд. Ба дахлези рост ду венаи ковоки аз хама калони болову поин, ки хуни венавиро аз тамоми бадан чамъ меоранд, кушода мешаванд. Ба дахлези чап аз шуш бо чор венаи шуш хуни тоза (артерияви) меояд. Аз меъдачаи рост венаи шуш мебарояд, ки тавассути он хун ба шуш меравад; аз меъдачаи чап шохраг ибтидо мегирад, ки хуни артериявиро ба тамоми узвхо ва кисмхои бадан мебарад.
Сурохихои байни дахлезу меъдачахоро даричахои табакадор мепушанд. Даричаи байни дахлезу меъдачаи чап дутабака ва даричаи байни дахлезу меъдачаи рост сетабака мебошад. Канори табакаи даричахо бо наххои пай ба мушакхои пистоншакл пайвастаанд. Ин ба чаппа гаштани онхо ба тарафи дахлез ва чараёни баръакси хун аз меъдача ба дахлез монеъ мешавад. Дар назди сурохи венаи шуш ва шохраг даричахои хилолшакл хастанд. Хар яки онхо шакли се кисаро дорад, ки ба самти чараёни хун ба ин рагхо боз мешавад. Хангоми дар меъдачахо кам шудани фишори хун онхо аз хун пур мешаванд, канорахо пушида шуда, ба бозгашти хун аз шохраг ва венаи шуш ба дил рох намедиханд. Дар натичаи баъзе беморихо (мас., тарбод, атеросклероз ва г.) даричахои осебдида зич пушида намешаванд, кори Д. халал ёфта, нукси он руй медихад.
Д. системахои интикол, раг ва асабро дар бар мегирад. Системаи интикол кашишхурии мураттаби меъдачахо ва дахлезхоро таъмин месозад. Вай аз наххои махсуси мушак иборат аст, ки дар меъдача ва дахлезхо гирех ва кабзахоро ба вучуд меоранд. Ин система ангезишро аз гирехи синоаурикуляри (синуси) ба тамоми хучайрахои мушакии дил интикол медихад. Гирехи синоаурикуляри аз бофтае, ки дар девораи дахлези рост дар пахлуи даханаи венаи ковоки боло вокеъ аст, таркиб ёфтааст. Ангезиши дар ин чо пайдошуда бо се кабзаи нокили бофта ба дахлезхо ва гирехи дигар, ки дар байни дахлезу меъдачаи рост вокеъ аст, яъне ба гирехи атриовентрикуляри (атриум – дахлез, вентрикулус – меъдача) пахн мегардад. Аз ин гирех кабзаи Гис сар мешавад. Вай аз девораи байни меъдачахо гузашта, ба ду поя – пояи рост, ки ангезишро ба меъдачаи рост мебарад ва пояи чап, ки бо шохахои пешу акиби он ангезиш бевосита ба хучайрахои кашишдиханда мегузарад, мепайвандад. Системаи рагхои Д. аз ду артерияи иклики ва венаи хамшафат иборат аст. Аз сабаби пуршиддат будани мубодила дар Д. шабакаи муйрагхо хеле калон аст – ба хар нахи мушак як муйраг рост меояд. Асаб фаъолияти Д.-ро танзим месозад. Ба он шохахои асаби гумрох, инчунин шохахои асаби симпатики аз гиреххои симпатикии наздиктарин васл мешаванд.
Хусусияти асосии мушаки Д. (миокард) мутаассиршави, автоматизм, нокилият ва кашишхури мебошад. Хамаи хучайрахои миокард кобилияти ангезишпазири доранд. Хусусияти автоматизм аз он иборат аст, ки баъзе хучайрахои миокард метавонанд худ кашиш хуранд. Хучайрахои гирехи синоаурикуляри, ки назми кашишхурихои Д.-ро муайян мекунанд, дар 1 дак. аз хама бештар ангехта мешаванд. Ин амал дар шароити муътадил дар 1 дак. 60 – 80 маротиба такрор мегардад. Ангезиш дар миокард тавассути таъсири мутакобилаи электрохимиявии байни хучайрахо интикол меёбад. Дар ин хол кувваи электрохаракат пайдо мешавад. Шиддати ин кувва ба андозаест, ки онро дар тамоми бадан кайд кардан мумкин аст. Сабти графикии кувваи электрохаракати Д.-ро, ки дар фосилаи вакт тагйир меёбад, электрокардиограмма (ЭКГ) меноманд. Онро бо ёрии дастгохи махсус (электрокардиограф) кайд мекунанд. Кори Д. даври мебошад. Лахзаи пайдоиши ангезиш дар гирехи синоаурикуляри ибтидои даври он махсуб мешавад. Дар ин хол дахлез ва меъдачахои сустгашта пур аз хунанд. Тахти таъсири ангезиш дахлезхо кашиш мехуранд ва ба меъдачахо микдори иловагии хун меояд. Баъди он меъдачахо барангехта мешаванд. Бо рафти пахншавии ангезиш мавчи ибтидои кашишхури харакат мекунад (давраи кашишхурии номусови). Хамин ки баробари афзоиши кувваи кашиш фишори меъдачахо аз фишори дахлезхо зиёд шуд, хамон замон даричахои табакадор пушида мешаванд. Аз хамин лахза даври ба ном кашишхурии изометри огоз меёбад. Дар ин хол хачми меъдача бетагйир монда, фишор торафт меафзояд. Ин давр вакте катъ меёбад, ки фишори меъдачахо аз фишори рагхои дил зиёд ва даричахои хилолшакл боз мешаванд. Пас аз он даври дигар – рондани хун аз Д. ба рагхо фаро мерасад. Даврхои кашишхурии изометри ва номусови, инчунин даври рониш систола (инкибоз)-и Д.-ро ташкил мекунанд. Баъди даври рониш Д. суст мегардад, аз таъсири фишори рагхо даричахо пушида мешаванд, сустии Д. хангоми пушида будани хамаи даричахо низ идома меёбад. Ин даври сустшавии изометрист. Хамин ки фишори меъдачахо аз фишори хуни то ин дам дар дахлезхо чамъомада андак зиёд шуд, даричахои табакадор боз мешаванд ва меъдачахо пур шудан мегиранд. Баъд даври дигар огоз меёбад. Даври сустшавии изометри, даври пуршавии меъдачахо ва систолаи дахлезхо диастолаи Д.-ро ташкил мекунанд.
Д. хунро ба рагхо хисса-хисса (импулси) равон месозад ва меъёри фишори баландтарин – такр. 120 мм сутуни симобро ба вучуд меорад; фишор дар рагхои калон низ хамин хел аст (ниг. Фишори хун). Аммо дар лахзае, ки хун аз Д. ба рагхо намеравад, фишор дар рагхо, одатан, аз 70 – 80 мм сутуни симоб паст намефарояд. Кариб 5000 мл хуне, ки дар организми одами калонсол хаст, такр. дар 1 дак. пурра гардиш мекунад. Агар талаботи ягон узв ба хун афзояд, ин талабот пеш аз хама бо васеъ гаштани сурохи артериолахо, боз шудани микдори зиёди муйрагхо ва факат баъд аз хамаи ин бо вусъати махсулнокии Д. таъмин мегардад. Махсулнокии Д. аз хисоби афзоиши микдори хуне, ки дар як кашиш (хачми зарба) бароварда мешавад, инчунин аз хисоби тез гаштани кашишхури меафзояд. Микдори хуне, ки Д. дар 1 дак. фишор медихад, дар шароити оромии мутадил ба кад ва вазни шахс вобаста аст. Барои бахои якхела додан ба кори Д. иднекси дил, яъне микдори хунеро, ки дар 1 дак. ба хисоби 1 м2 сатхи бадан равона карда мешавад, хисоб мекунанд (он аз 1,9 то 3,3 тагйир меёбад).
Дар мавриди тадкики Д. ба аломатхои зерин эътибор додан лозим аст: дамкутахи, хунпартои, дамкутахи бо буги шудан, хуручи нафастанги дар шаб, дард кардани сандуки сина, дилзани, бегохи варам кардани пойхо (ё хамеша варам доштани онхо), хисси гарони ва дард дар зери кабургаи рост (мумкин аломати бар асари нукси дил калон шудани чигар бошад). Дар баробари ин мукаррар кардан лозим аст, ки мариз тарбод, ангина, тонзиллити музмин ва гипертонияро аз сар гузаронидааст ё не, тамоку мекашад, гирифтори диабети канди нест.
Барои ташхиси иллатхои Д. аз усулхои ламскуни (палпатсия), ангуштзани (перкуссия), аускултатсия, тадкики рентгенологи, ангиография, катетеризатсия, электрокардиография, мушохидаи монитори, эхокардиография, фонокардиография ва г. истифода мебаранд. Бахри ташхиси беморихои Д. баъзе нишондодхои биохимияви низ мухим мебошанд.
Ба чумлаи беморихои нисбатан маъмули Д. дохил мешаванд: ишемия (камхуни)-и дил, сактаи дил, миокардит, перикардит, эндокардит, нукси дил, кардиосклероз, аневризмаи дил, миокардодистрофия, кардиомиопатия, шушдили (бинобар осеби аъзои нафас рух менамояд), аритмияи дил ва г. Беморихои ангали (паразити)-и Д. кам дучор меоянд.
Ад.: Руководство по кардиологии (зери тахрири Е. И. Чазов), т. 1 – 4, М., 1982; Тарасов А. Н., Гордиенко Е. В., Неотложная доврачебная помощь при сердечно-сосудистых заболеваниях, Л., 1987; Минкин Р. Б., Павлов Ю. Д., Электрокардиография и фонокардиография, Л., 1988; Абдурахмонов Ф. А., Анатомияи одам, ч. 1 – 2, Д., 1995, 1998; Хамон муаллиф, Атлас – учебник по функциональной анатомии человека, ч. 1 – 2, Д., 2006, 2008.
КЛ
Расми 1. Дил ва рагхои хунгарди он (намуд аз кафо); 1 – дахлез (пешдил)-и чап; 2 – венаи тихи (хали)-и поён; 3 – дахлез (пешдил)-и рост; 4 – чавфи иклили; 5 – артерияи иклилии рост; 6 – венаи хурди дил; 7 – венаи мобайнии дил; 8 – шохаи кафои байнимеъдачавии артерияи иклилии рост; 9 – сатхи диафрагмави (поёни); 10 – кофтаи нуги дил; 11 – нуги дил; 12 – венахои кафои меъдачаи чап; 13 – чуяки иклили; 14 – венаи калони дил; 15 – гушаки чап; 16 – венаи качи дахлези чап; 17 – венахои шуш; 18 – бандаки артерия; 19 – аорта; 20 – венахои рости шуш.

Расми 2. Буриши дарозруяи дил: 1 – гушаки чап; 2 – дарича (клапан)-и аорта; 3 – сурохи аорта; 4 – дарготи пеши даричаи дахлезу меъдачавии чап; 5 – дарготи акиби даричаи дахлезу меъдачавии чап; 6 – мушакхои пистоншакл; 7 – девораи байни меъдачахо (кисми мушаки); 8 – дарготи даричаи дахлезу меъдачавии рост; 9 – дарготи кафои даричаи дахлезу меъдачавии рост; 10 – тавораи байни меъдачахо (кисми пардаги); 11 – гушаки рост; 12 – кисми болорави аорта; 13 – венаи тихии боло; 14 – артерияи шуш; 15 – венахои чапи шуш.

Расми 3. Мушаки пешдил ва меъдачахо (намуд аз пеш): 1 – миокард (мушак)-и пешдил (дахлезхо); 2 – гушаки чап; 3 – миокарди меъдача; 4 – меъдачаи чап; 5 – чуяки байнимеъдачавии пеш; 6 – меъдачаи рост; 7 – артерияи шуш; 8 – чуяки иклили; 9 – дахлези рост; 10 – венаи тихии боло; 11 – дахлези чап; 12 – венахои чапи шуш.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …