ДИЛРЕЗАХО
Чавоне аз хирадманде пурсид:
– Чи кунам, ки карзи модар ба чо орам?
Посух дод:
– Ангишт даруни оташдони сарди кулбаи модар бишав.
* * *
Душ аз пири пуртадбир пурсидам:
– Дар зиндаги чи кунам?
Гуфт:
– Бисуз, вале гарми бидех, на дуд.
* * *
Дил чу мушт, вале танг нест,
Ѓунчондани мехри инсону табиат нанг нест.
* * *
Аз киштаи номард дард руяд.
* * *
Кист у? Ман? Ту? Вай? Хар се!
* * *
Ба замин нигар, ки гул дораду хор.
* * *
Инсон! Он шохаро мабур! Мо хама сари он шоха биншастаем.
* * *
Бидон, ки Худо дастро барои капидани хамёни зар не, бахри омин додааст. Ва боз бидон, ки даст барои гуштоби не, барои навозиш аст.
* * *
Тарки он хона кун, ки пешат фарзанди хеш бизананд.
* * *
Садсола айшу нуш ба як рузи паси панчара баробар аст.
* * *
Акси садои «Мур!», «Чон!» не, «Мур!» аст.
* * *
Дунё хафтранг аст. Яке хама ранг бинад, дигаре танхо сурх, сеюми танхо сиёх.
* * *
Меваи дарахти шитоб пушаймонист.
* * *
Ошпаз ва табиб – харду дар тан хилъат ва дар сар кулохи сафед доранд. Вале на як дилу ният.
* * *
Сарсабзии киштахо зи обу офтоб, аз одам кори неку дуост.
* * *
На хар сухани Президент кобили кабул ва на хар фармонаш кобили ичрост.
* * *
Лабон барои киш – киши забон не, барои панох доштани он аст.
* * *
Зиндагии аз маош ба маош дилбазан бошад хам, чонсуз нест.
* * *
Модар замин, падар киштгар аст, омузгор обу хавою хуршед. Ба замини бад чав кишта бошанд, обу хавою хуршед кудрати сабзондани гандумро надоранд.
* * *
Бале, осмон баланду замин сахт, вале дари дили инсон дар ру ба руят – ку!
* * *
Ишки Мачнун маталаб, тешаи Фарход талаб.
* * *
Лаб не, чашму гуш кушо!
* * *
Борхо шунидам: «Занхо мисли тухмхои ранг карда. Пуст кани хамаашон як хел». Пас чаро яке покдоман асту дигаре фохиша?!
* * *
Аз хирадманде пурсидам, ки:
– Бехтарин падар кадом аст?
Гуфт:
– Устод.
* * *
– Неки карда чи кунам?
Гуфт:
– Фаромуш.
* * *
Дустамро кохиш кардам, ки:
– Насихат аз душман пазируфтан хатост.
Гуфт:
– Бале, вале шунидан равост.
Гуфтам:
– Ба чи вачх?
Гуфт:
– То бар хилофи он амал куни.
* * *
Дар ин дунё одаме нест беайб.
Охир оташ хам дуду хокистар дорад!
* * *
– Кудрат ба кори хайр надорам. Чи кунам?
– Cухани хайр бигу!
* * *
Дорои хам бор аст. Онро бардошта натавони миёнат бишиканад.
* * *
Одами беишк чароѓи беравѓан.
* * *
Наход модаронро танхо барои cухтану бахшидани гуноххои фарзандонашон офарида бошанд?!
* * *
Дируз – орзу, имруз – хаёт, фардо – ёд. Орзу ширин, хаёт тезгузар, ёд сол ба солу аср ба аср бимонад.
* * *
Доно ба замин менигарад, нодон ба осмон.
* * *
Ситоиш чун май одамро маст кунад ва ба пасти барад.
* * *
Дуруѓ дуруѓ бизояд ва ба гирдоб табдил ёфта, туро ба коми хеш кашад.
* * *
Зан ба мард ва мард ба зан эхтиёч дорад. Яке бе дигаре хор гардад.
* * *
Марди беирода чун мошини бетормоз гирифтори садама бигардад.
* * *
Ашки кучак кухи ѓаму андухро аз дили инсон шуяд.
* * *
Ай зан! Аз оѓуш ба оѓуш мапар, ки охир бе оѓуш бимони!
* * *
Кисаи холи не, каллаи холи боиси ѓам аст.
* * *
– Гури дустон кучост?
– Дар дил!
* * *
– Аз марг тарси?
– На!
– Одам набудаи!
* * *
– Ба хонаи ман мехмон бишав.
– Чи дори?
– Шароб.
– Китоб чи?
– На.
– Пас бар остонаи ту по мондан гунох аст!
* * *
Бихандону наранчон!
* * *
– Оташи хашмро бо чи метавон кушт?
– Бо сукут.
* * *
Ѓафлати кучак бадбахтии бузург бизояд.
* * *
Танбал хамеша бори миннат бикашад.
* * *
Гушагири аз мардум нишонаи бахилист.
* * *
Корро дандон мекунаду рохатро шикам мебинад.
* * *
Ту бояд номатро хамеша эхтиёт куни.
* * *
Катраи ѓам азим асту бахри шоди кам.
* * *
Аз курсии мансаб афти боке не, аз курсии одами наафт.
* * *
Ваъда доди вафо кун, вагарна чафо бини.
* * *
Дил ба май доди, чон ба марг.
* * *
Бо чамолат наноз, бо камолат биноз.
* * *
То хамон даме зиндаи, ки туро ёд мекунанд.
* * *
– Ишк нахохам!
– Набошад чаро ба дунё омади?!
* * *
– Кадом гул аст, ки пажмурда нашавад?
– Рухи дустон.
* * *
– Умри шабнам чанд аст?
– То рух задани офтоб.
* * *
Аиаб замона шуд! Тамошо аз они кур. Гап аз гунг. Гапшунав кар.
* * *
Бо одаме, ки дар чашм айнаки сиёх дорад сухбат макун.
* * *
Диди бовар кун, надиди не.
* * *
Сабр мохиест, ки на ба шасти хар кас меафтад.
Солхои 1990 – 1994