Главная / Илм / ДЕЗОДОРАТСИЯ

ДЕЗОДОРАТСИЯ

dezzodoratsiyaДЕЗОДОРАТСИЯ [Desodor(is)a], рафъи буй, нест кардани буи бад. Буи бад асосан хангоми пусида вайрон шудани моддахои органики – партовхои гуногун, ахлоти одам ва хайвонот, хуроквори, инчунин дар бинохое, ки хаво нагз тоза намешавад, панохгоххои зеризамини, палатахои шуъбаи чаррохии амрози римдори беморхонахо ва г. пайдо мешавад. Баъзе корхонахои саноати, мас., фабрикахои пустиндузи, заводхои пусту чарм, баъзе коргоххои химияви доимо буи махсус доранд. Аз шахсе низ, ки тулони ба бемории вазнин гирифтор аст, буи бад меояд.
Буи бад дар натичаи риоя накардани коидахои санитарии истифодаи бино ва диг. иншоот, ичро нашудани талаботи нигохдории муассисахои коммуналию маиши, норасоии хавои тоза, риоя накардани коидахои гигиенаи шахси ва г. ба вучуд меояд. Бинобар ин Д. нафакат ахамияти эстетики, балки ахамияти мухимми санитари низ дорад.
Д.-ро аз усули оддии бартараф кардани буи бад (тавассути моддахои хушбуй) фарк бояд кард. Мас., бо равгани эфир ё сузанбарг пур кардани дезодоратор (озонатор)-хои хочатхонаи чамъияти, гузоштани курси нафталин ба писсуар (зарфи пешоби хочатхона), тайёр кардани шамъ, когаз, хокахои махсус аз моддахои хушбуй буи бадро нест мекунанд. Вале ин хама факат ахамияти эстетики дошта, сабаби пайдоиши буи бадро бартараф карда наметавонанд.
Д. дар навбати аввал андешидани тадбирхоеро дар назар дорад, ки пайдоиши буи бадро пешгири мекунанд: дуруст нигох доштани озукавори, мунтазам нест кардани партовхо, мувофики коидахои санитари дуруст истифода бурдан ва нигох доштани халочо, кубури ахлот ва чойхои ахлотгундор, озода нигох доштан ва нагз шамол додани бинохои истикоматию идорахо, риояи гигиенаи шахси ва г.
Дар аснои гайриимкон будани рахои аз мухити бадбуй (набудани наклиёт, вентилятсия, об) Д.-ро бо усулхои физики ва химияви мегузаронанд. Ба чизхои пусанда хок, рег, торф (8 – 10 см) ё охаки хлордор ва ношукуфта мепошанд. Охаки хлордор ва ношукуфта хосияти безараргардони дошта, воситаи худи Д. мебошад (микробхои пусишро нобуд мекунад). Барои Д. махлули 2%-и охаки хлордор ва ношукуфта, инчунин махлули 20%-и дахани фарангро кор мефармоянд. Дар шароити хона (дар халочо, ванна) бо максади Д. метавон аз махлули 0,5 – 1% перманганати калий, махлули пероксиди гидроген ва г. истифода бурд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …