Главная / Илм / ДЕЗАКТИВАТСИЯ

ДЕЗАКТИВАТСИЯ

dezaktivasiyaДЕЗАКТИВАТСИЯ (Desactivatio), деконтаминатсия, бо максади пешгирии захролудии одамон нест кардани моддахои радиоактив аз техника, либос, махал, бино, манбаи об. Моддахои радиоактивро аз тани одам бо рохи безараргардонии санитари дур мекунанд.
Д.-ро хангоми олоиши радиоактивии мухити атроф, ки дар натичаи фалокат дар тачхизоти ядрои, вайрон кардани техникаи бехатари (дар аснои бо изотопхои радиоактив кор кардан) ё кашондани партовхои радиоактив ба амал меояд, мегузаронанд. Д. дар вакти чанг барои бархам додани окибати таъсири яроки ядрои ба амал бароварда мешавад. Дар истехсолоте, ки кормандонаш бо моддахои радиоактив сарукор доранд, Д.-ро аз руи накша мегузаронанд.
Аз чизхои мухофиз дур кардани моддахои радиоактив ягона воситаи мубориза бар зидди олоиши радиоактиви аст. Суръати тачзияро суст ё тез кардан имкон надорад. Аз ин ру, алхол тачзияи радиоактивии элементхоро идора кардани инсон имконнопазир аст. Моддахои радиоактив мисли микроорганизмхо нобуд ё чун моддахои химияви бетаъсир карда намешаванд. Вазифаи асосии Д. дарачаи олоиши онхоро хатталимкон кам кардан аст. Бо ин максад аз усулхои физики, химияви, физикию химияви ва биологи истифода мебаранд. Мас., чанги радиоактиви болои ягон объектро ба тавассути усулхои физики (шустан, бо латта пок кардан, бо асбобхои регпош тоза намудан ва г.) дур мекунанд. Агар усули физики нафъ наорад, Д.-ро ба тарики химияви ва физикию химияви (махлули кислотахо, ишкорхо, воситахои шуянда ва диг. пайвастхое, ки бо моддахои радиоактив комплексхои халшаванда хосил мекунанд) гузаронидан мумкин аст.
Оддитарин усули Д.-и сарулибос афшондан ва бо чуткаю чангкашак тоза кардани онхо аст. Агар ин корхо самара набахшанд, ашёро дар чомашуйхонахои махсус бо васоити синтези безарар мегардонанд.
Барои Д.-и моеъот аз воситахои кафковар, халкунанда ва г. истифода мебаранд. Гайр аз ин, барои Д.-и об филтрхои биологиро кор мефармоянд.
Барои Д.- и гизое, ки дар халтача гирифта шудааст, халтачаро тоза мешуянд; кабати болои гизои кушодаро бошад, гирифта мепартоянд. Дар аснои бо моддахои зудтачзияи радиоактив олуда шудани об, хуроквори ва г. онхоро барои кам гаштани радиоактивият (аз хисоби тачзияи табии) чанд руз нигох медоранд.
Д. бо кувваи худи ё бо кумаки ташкилоти махсуси мудофиаи граждани гузаронда мешавад. Сифати Д.-ро бо асбобхои дозиметри ва радиометри назорат мекунанд. Хангоми Д. одамон бояд аз васоити мухофизат истифода баранд, либосхоро такроран аз назорати дозиметри гузаронанд, баъди Д. ба безараргардонии пурраи санитари фаро гирифта шаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …