Главная / Илм / ДЕТЕРГЕНТХО

ДЕТЕРГЕНТХО

detergenthoДЕТЕРГЕНТХО (лот. detergens, detergentis – шуянда), маводе, ки дар тиб ба сифати васоити шуянда ва гандзудо истифода мешаванд. Д.-ро дар лабораторияхои биохимияви, хангоми истехсоли баъзе дорухо, фунгисидхо, дар саноати хуроквори низ кор мефармоянд.
Хангоми ба микдори муайян дар об чамъ шудан, молекуллахои Д. ба агрегат (митселла)-хо муттахид мегарданд. Онхо бо равганхо, сафедахо, каротиноидхо ва г. митселлахои омехта хосил карда, барои ба махлул гузаштани моддахои онхо мусоидат менамоянд (ба сифати васоити козури истифода бурдани онхо ба хамин асос ёфтааст). Кислотахои талха ва намакхои онхо низ хамин хосиятро доранд. Онхо ба тавассути талха ба рудаи борик рох ёфта, ба липидхои гизо таъсир мерасонанд. Дар натича липидхо хусусияти дар об хал шуданро касб мекунанд. Ферментхои рохи хозима онхоро тачзия карда, барои дар руда чаббиш ёфтан мутобик мегардонанд. Баъзе Д. барои гандзудоии чойпушхо, зарфхои шишаги, асбобхои тибби кор фармуда мешаванд. Бисёр Д. кафк хосил мекунанд, бинобар ин барои истехсоли эмулсияю мархамхо, васоити пардоз, маргарин, майонез ба кор мераванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …