Главная / Илм / ДЕРМАТОЛОГИЯ

ДЕРМАТОЛОГИЯ

dermatologiiaДЕРМАТОЛОГИЯ (Dermatologia; аз дермато… ва …логия), як сохаи илми тиб, ки беморихои гуногуни пуст ва вобаста ба он амрози муй ва нохунро меомузад. Д. умуми ва чузъи мешавад: Д.-и умуми анатомия ва физиологияи пуст, конунияти умумии инкишофи амрози пуст ва асоси муоличаи онхоро тадкик менамояд. Д.-и чузъи амрози алохидаи пуст, муй ва нохунро омухта, роххои пешгирии онхоро дарёфт мекунад. Д. микологияи тиббиро низ дарбар мегирад. Он занбуругхои паразити барои одам ва хайвоноти хонаги касаловар (ниг. Беморихои занбуругии пуст)-ро меомузад. Д.-ро дар мактабхои оли ва миёнаи тиб таълим медиханд.
Д. бо венерология, педиатрия, эндокринология, гинекология, чаррохи ва диг. илмхои тибби робитаи зич дорад. Хангоми омузиши масъалахои Д. нафакат усулхои клиникии тадкикот, балки усулхои тадкики гистологи, гистохимияви, микробиологи, биохимияви низ истифода мешаванд.
Дерматоз ном бемории пуст аз замонхои кадим маълум аст. Тавсифи баъзе амрози пуст ва рохи табобати онхо дар дастхатхои мисриёну китобхои солномавии баъзе халкхои дигар вомехуранд.
Таърихи Д. аз ду зина иборат аст.
Зинаи аввал аз замонхои кадим то а. 16-ро дарбар мегирад. Дар ин давра факат дар бораи чанд бемории пуст дар адабиёти Чин маълумот дода шудааст: чузом (махав), гар, пес, шукуфаи тар ё кубоъ, мохипусти, муйрези ва г. Дар Хиндустон илми тиб таракки карда буд, беморихо ба гуруххо тасниф мешуданд. Бино ба маълумоти манбаъхои хинди бештар аз 20 хели иллати сузокмонанд, 14 навъи амрози луобпарда, 18 хели чузом мавчуд буд. Дар ин сарчашмахо нафакат беморихои гуногун, балки тарзи муоличаи онхо низ оварда шудааст. Дар папирусхои Мисри Кадим дар бораи амрози римноки пуст, хориш, озах, чузом, кубоъ ва г. маълумоти фаровон мавчуданд.
Дар равнаки Д. сахми пизишкони Юнон, хусусан Букрот басо бузург буд. у бисёр масъалахои илми тибро чамъбаст кард, доир ба сабаб ва тарики пайдоиши беморихо, муолича ва пешгирии онхо рушани андохт. Букрот беморихои пуст (махав, муйрези, хориш, амрози замбуруги ва г.)-ро медонист; у сабаби пайдоиши беморихоро бо дигаргунихое, ки дар бадан рух медиханд (эндогени), хамчунин бо таъсири омилхои беруни (экзогени) вобаста мекард. Пайдоиши баъзе беморихо, аз чумла амрози пустро ба чахор хилт нисбат медод: хун, сафро, савдо ва балгам. Ин акида ба ахамияти намоён сохиб буд, зеро дар муддати 2000 сол дар илми тиб фарзия (назария)-и хилти хануз мавкеи барчаста дорад. Дар байни пизишкони Рум метавон аз Селс ёдовар шуд, ки дар бораи беморихои занбуруги, шукуфаи фалси, амрози римноки пуст (сикоз) ва г. маълумоти амик додааст.
Дар равнаки Д. сахми олимони Осиёи Маркази низ калон аст. Мас., Закариёи Рози (864 – 925), Али Аббос, Абуалии Сино (980 – 1034) ва г. Онхо дар бораи ришта, амрози обиланоки пуст, саглес, гулафшон, чузом ва г. маълумоти чолиб додаанд.
Зинаи дуввуми таърихи инкишофи Д. даврахои мураттаб сохтани беморихои пустро дарбар мегирад (баъди а. 16). Бори нахуст олими итолиёви Меркуриасис с. 1571 дастурамалеро оид ба беморихои пуст навишт. С. 1776 олими мачори Пленк, таснифоти беморихои пустро пешниход ва онхоро ба 14 гурух таксим намуд. Ин пешниходро минбаъд олимони англис (Виллан, Батемон ва диг.) дастгири карданд. Таснифоти мазкур дар илми Д. ахамияти калон дошт. Зеро аз ин вакт сар карда унсурхои якум ва дуввумдарача аник шуданд, гузарондани ташхиси тафрики имконпазир гашт. Донистани унсурхои якум ва дуввумдарача имкон дод, ки беморихои пуст аз руи аломат фарк карда шаванд. Аз хамин вакт Д. хамчун илми мустакил, ки усулхои муоинаи худро дошт, чудо гардид. Хамин тавр, а. 19 дар Аврупо Д. ба муваффакиятхои калон ноил гашт. Таъсиси чахор мактаби асосии Д. (англиси, фаронсави, олмони ва руси) далели ин фикр аст.
Дар Точикистон Д. бо ташкил шудани кафедраи беморихои пуст ва чимоии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино таракки кард. Ташкилотчи ва рохбари аввали кафедра проф. А. Я. Прокопчук буд. Мутахассисони кафедра доир ба бодхурда, реши пашша, фотодерматоз, нейросифилис ва диг. беморихо пажухиш анчом доданд. Масъалахои сили пуст, микозхои амик, псориаз, тавлиди хун хангоми баъзе дерматозхо вобаста ба шароити иклими чумхури, табобати курортии амрози пуст, хосиятхои шифобахши чашмахои минералии Точикистон мавриди тадкику омузиш карор гирифтанд. Чанбаи дигари пажухиши дерматологхои точик ахамияти лойкахои шифобахш дар муоличаи дерматозхои музмин дар калонсолон ва кудакон, сифилис, густариш ва чараёни клиникии дерматозхои аллерги, шукуфа, омосхои каблисаратони ва саратонии пуст, пиодермия, махав, зухуроти пустии домана, табхол ва сирояти папилломавируси махсуб меёбанд. Дар ривочу равнаки Д.-и точик сахми олимони варзида Прокопчук А.Я., Перкел И.Д., Рахматов Б.Р., Исхоков С.И., Исоева Е.Т., Зоиров П.Т., Исоева М.С. ва бисёр дигарон назаррас аст.

П.Т. Зоиров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …