Главная / Илм / ДЕРАТИЗАТСИЯ

ДЕРАТИЗАТСИЯ

deratizaciyaДЕРАТИЗАТСИЯ (Deratisatio; аз де … ва франс, rat – калламуш), нобуд кардани хояндахое, ки ба кишоварзи зарари иктисоди расонда, хамчунин манбаъ ё пахнкунандаи ангезандаи беморихои сироятии одамон мебошанд. Д. тадбирхои профилактики ва махвсозиро дарбар мегирад.
Аз лонаю хурок махрум кардани хояндахо, пешгири намудани афзоиш, ба бинохо рох надодани онхо аз чумлаи тадбирхои пешгири махсуб мешаванд. Бинобар ин галла, орд, сабзавот, гушт ва диг. озукавориро факат дар хаммахои анбор ва дар зарфхои дахонашон баста нигох медоранд. Ба равзану суроххои хаводаро симтур мекашанд, ба лонаи хояндахо шишамайда рехта, рохи даромадашонро бетон мекунанд, ба тирезаи таххона ва чердакхо оина мешинонанд. Тадбирхои махвсози (биологи, механики, химияви)-ро хатман бо усулхои пешгири якчоя мегузаронанд.
Усулхои биологии Д. ба тавассути гурба, саг ва баъзан хорпушт нест кардани хояндахоро дар назар дорад.
Тарзи механикии Д. истифодаи домхои гуногунро дарбар мегирад. Барои хар чи бештар доштани хояндахо аввал муддати 7 – 10 руз ба назди домхои беназорат хуроквори гузошта, хояндахоро ба хурдани он одат мекунонанд. Факат баъди ин домро ба назорат мегиранд, лекин хуроквори бояд бую лаззати бегона надошта бошад. Ба дом озукахои тоза – нони равганин, хасиб, сабзи, канд ва г. мегузоранд.
Мохияти усули химиявии Д. аз он иборат аст, ки ба хуроки хояндахо захрхои гуногун хамрох мекунанд. Барои тайёр кардани хуроки захролуд ба нон крисид, зоокумарин ва диг. моддахоро бо равгани растани (ба 100 г нонреза 2 – 3 г равган ва 1 – 2 г крисид ё 95 г омехтаи зоокумарину охар) хамрох кардан лозим аст. Аввал ба хояндахо чанд руз хуроки безахр медиханд, сипас дар муддати 4 – 5 руз гизои захролудро ба кор мебаранд; дар рузи 7-ум бакияи хуроки захрнокро нест мекунанд. Баъзан ба об крисид ё зоокумарин пошида мемонанд. Хуроки захрнокро дар чойхои барои кудакон ва хайвоноти хонаги дастнорас бояд гузошт. Ба даромадгохи лонахо низ дорухои химияви пошидан мумкин.
Хангоми ба захр сарукор доштан, эхтиёт шудан лозим аст. Баъди ба дом гузоштани хуроки захролуд даст ва зарфхоро бо оби гарму собун мешуянд; крисид ва зоокумаринро дар банкае, ки ба руяш «захр» навишта шудааст, мегирад ва дар шкаф кулф мекунанд. Хангоми захролуди бояд фавран ба духтур мурочиат кард.
Дар шароити шахр Д. кардани манзилхои алохида хамеша натичаи дилхох намедихад, зеро хояндахо, одатан, дар тамоми бино сокин мешаванд ва аснои дар як хона гузаронидани тадбирхои махв ба хонаи дигар мегурезанд. Аз ин лихоз, мавриди пайдоиши хояндахо ба стансияхои санитарию эпидемиологи хабар додан лозим аст, то ки биноро пурра Д. кунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …