Главная / Илм / ДЕМОДЕКС

ДЕМОДЕКС

demodexДЕМОДЕКС, як навъ кана. Дар фолликулахои муйи одам ва пашми хайвонот зиндаги мекунад; онро дар гадудхои равган низ пайдо кардан мумкин аст. Рангаш сафедча, дарозиаш 0,15 – 0,48 мм. Гизои Д. хучайрахои фолликулахои муй, маводи косметикие, ки ба пуст молида мешаванд, хамчунин мухтавои гадудхои равган мебошанд. Д. метавонад аз масомаи фолликулахо гузашта, эндоплазмаро низ чун гизо истифода кунад.
Д. ду намуд мешавад: Demodex folliculorum ва D. brevis. Аввали канаи нисбатан дарозтар буда, дар фолликулахои муй чойгир мешавад. Дигари канаи хурд буда, дар гадудхои равгани одаму хайвонот зиндаги мекунад. D. folliculorum моддахои гизоии решаи муйро чаббида мегирад. Дар натича фолликулахои муй илтихоб ёфта варам мекунанд, муй мерезад, пуст сурх шуда, кабатхои поёнии он зарар мебинанд.
Д. бо бисёр бактерияхои бемориовар тамос дорад. Он шабона аз халтачахои муй ба сатхи пуст баромада, хангоми дубора ба чои зист баргаштан, бо худ микдори зиёди бактерияхои зарарнокро мегирад. Дар натича гадудхои равган илтихоб пайдо мекунанд, пуст бетароват шуда, нарак ва ярачахои гуногун мебароянд; баъзан чойхои осебёфтаи пуст хориш мекунанд, эхсоси мурчадавак ба вучуд меояд. Дар баробари ин ихрочи Д. ба мубодилаи моддахо дар организм таъсири манфи мерасонад.
Д. берун аз организми хомил зуд махв мешавад. Дар сурати вучуд доштани шароити мусоид кобилияти хаётии он махфуз мемонад, мас., дар оби харор. 14 – 15°С то 25 руз, дар бокимондахои мавтшудаи пуст ва зардоб 15 – 20 руз. Мухити аз хама созгор барои афзоиши Д. равгани растани, чарбу, вазелин мебошанд (онхо дар таркиби васоити пардоз вучуд доранд).
Д.-ро дар 97%-и одамони калонсол метавон пайдо кард. Вале бисёр одамон хатто эхсос намекунанд, ки дар чисми онхо кана мавчуд аст. Зеро дар як гадуд чой гирифтани 2 – 3 кана ба вазъи пуст чандон таъсир намерасонад.
Даври инкишофи Д. аз тухм, кирмина, протонема, зоча ва фарди болиг иборат буда, 14 – 20 шаборузро дарбар мегирад. Аз тухм баъди 60 соат кирмина мебарояд. Он баъди 72 соат ба зоча табдил меёбад. Даври инкишофи зочаи Д. 60 соат аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …