Главная / Гуногун / ДАР ХАВФ ВА МУРОКИБАТИ ИМОМИ АЪЗАМ (Р) АЗ ПАРВАРДИГОРИ СУБХОН ВА БАЪЗЕ АЗ ХОБХОИ НЕКУЕ, КИ БА ЭШОН МАРБУТ АСТ

ДАР ХАВФ ВА МУРОКИБАТИ ИМОМИ АЪЗАМ (Р) АЗ ПАРВАРДИГОРИ СУБХОН ВА БАЪЗЕ АЗ ХОБХОИ НЕКУЕ, КИ БА ЭШОН МАРБУТ АСТ

Вакиъ (р) мегуяд: «-Ба Валлох, ки Абуханифа  (р) хомили амонате азим буд, ва Худои мутаъол, дар калбаш чалолу чабарруте тамом дошт. У ризои Рабби таборакро бар хамаи дунёву мо фихо тарчех медод ва агар дар рохи Аллох (чалла чалолаху) шамшерхо вайро дар хисори худ мегирифтанд, хар оина зарбати шамшерхоро тахаммул мекард, пас рахмати Хак таъоло ва ризои У (чалла чалолаху) шомили холи вай бод, ризое, ки хосаи аброр аст, чи Абуханифа (р) ба хак аз аброр буд».

Ва Яхё ибни Катон (р) мегуяд: «-Ман чун ба суи Абуханифа (р) менигаристам, аз симои вай ба ин хакикат пай мебурдам, ки у аз Худои ъазза ва чалл, ба хадди тамом метарсад, ва у дар шабе аз шабхояш «Куръон»-ро то ба сураи шарифи «Ал-Хоку муттакосур» расид, пас ин ояро то субхдам такрор мекард, ки мекард ва аз хавфи Хак муя менамуд ва зор-зор мегирист».

Язид ибни Лайс рахматуллох, ки аз ахёри авлиёи хак аст, мегуяд: «-Пешнамоз, дар чамъоати намози «Ъишо» сураи «Изо зулзилатил арз»-иро мехонд, ва Абуханифа аз муктадиёнаш (иктидокунандагон) буд, пас чун намоз тамом шуд, ба суи вай нигаристам, дидам, ки гарки бахри тафаккур аст ва аз синаи пуранвораш оху нолаи чигарсуз бармехезад, пас бархостам, то калби мубораки вай машгул ба ман нашавад ва чарогро хамчунон гузаштам, дар холе, ки ругани чарог ру ба итмом (тамомшави) буд, сипас дар холе, ки Бомдод тулуъ карда буд, ба масчид дар-омадам ва у (Абуханифа рахматуллох) истодаву махосини муборакашро дар даст гирифта, бо як олам ниёз чунин илтимос мекард: («-Эй он зоти зулчалоле, ки дар баробари мисколи заррае аз хайр, чазои хайр медихи ва дар баробари заррае аз шарр, чазои шарр медихи?! Нуъмон (Абуханифа)-ро аз оташ ва хар ончи, ки мучиби наздики ба он аст, дар панохи худ нигох дор! Ва уро дар фарохнои рахмати хеш чой дех!»).

Рови (Язид ибни Лайс рахматуллох) боз мегуяд: «-Вакте ба масчид даромадам, дидам; ки чарог хамоно рушан аст ва Абуханифа рахматуллох ба ниёз истода, пас чун маро дид, ба ман гуфт:

«-Мехохи чарогро бигири? Яъне, инки у (Абуханифа) бахадде мустаграк (гутавар)-и зикри Хак ва муночоти Вай (чалла чалолоху) буд, ки гузашти як шаби тамомро бар худ эхсосе накард (масту махмури чамолу висоли Хак буду шефтаи сухбат ва розе пурасрор-С.Б.Б)-а буд. Гуфтам: Охир азони «Бомдод»-ро доданд!

(«-Бале, замон бо хамаи шитоби хеш, дар эхсоси Имом Абуханифа  рахматуллох истода буд, ва Имом (Абуханифа) дар дунёи рухонии хеш мустаграк ва дар сайри анфуси (нафс)-и хеш, махви тамошои анвори маърифат буд. Оре!»)

– Ва чароге, ки ругани он шомгохон ру ба итмом буд, то «Бомдод» медурахшид (ин аз каромоти Имоми Аъзам рахамуллох буд, ки Худованд ба у дода, С.Б.Б). ва шабе ба дарозои он шаб гузашта буд, аммо у (Абуханифа рахматуллох) гузашти замону вактро эхсос накарда буд, пас чун суханони маро шуниду тахайюрам (хайрат, тааччуб)-ро нигарист, фармуд: «-Ибни Лайс, ончиро, ки диди, пинхон биндор! «-Он гох ду ракаъат суннати «Бомдод»-ро гузорид ва нишаст, то ки намози чамоат икома шавад ва бо вузуи аввали шаб, бо мо намози «Бомдод»-ро хонд.

Абулахвас (р) мёгуяд: «-Агар барои Имом (Абуханифа) рахматуллох гуфта мешуд, ки шумо то се рузи дигар мемиред, дар авкот (вакт)-и ибодату амали Имом (р) вакти изофие мавчуд набуд, то бар он амале, ки ба таври одди анчом медоданд, чизеро биафзояд».

Ва дар назди Исо ибни Юнус (р) зикри Имом (Абуханифа рахматуллох) рафт, пас барои эшон дуои хайр кард ва гуфт: «-Вачхаи химмату арсаи мучохидати вай, хама сирф он буд, ки муртакиби маъсияти Худои мутаъол нашавад ва арзишхои Илохи ва мукаддасоти вайро бузург дорад».

Ва мегуфт (Имом Абуханифа рахматуллох): «-Агар душвории тахайюри мардумро дар чахолат мулохиза намекардам, харгиз фатво намедодам, зеро сахттарин чизе, ки маро аз дар афтодан, ба дузах, дар хавфу харос медорад, хамин фатвохо аст».

Ва мегуфт: (Имом Абуханифа рахматуллох): «-Аз он гох, ки худро шинохтам, хеч гох дар баробари Худои мутаъол часорат накардаам ва карда хам наметавонам».

Рузе аз канизаш шунид Абуханифа (р), ки аз Худои ъазза ва чалл Бихиштро металабад, пас гирист ва ончунон гирист, ки шакикахо ва шонахояш ба ларзаву чунбиш дар омад, пас дастур дод, то дуконашро бибанданд ва дар холе, ки сарашро баста буд, шитобон, бархост ва сипас (Абуханифа) гуфт: «-Чи кадар бар Худои ъазза ва чалл чуръат ёфтаем, яке аз мо мегуяд: «-Аз Худои ъазза ва чалл Бихиштро металабам». Ва аммо у ин суолро бад-ин чихат мекунад, ки аз худаш рози аст, охир амсоли моён аз кучо мотавонад, то аз Худои ъазза ва чалл толиби афву гузашт бошад?»

Рузе пешнамоз, дар намози Бомдод ояи мубораки: «Вало тахсабанналлоха гофилан ъаммо яъмалу-з-золимун» (Яъне: «Ва Харгиз Худоро аз ончи ситамгарон мекунанд, гофил мапиндор»)-ро хонд, пас Имом Абуханифа (р) ба ларза дарафтод, то бад он чо, ки хама муктадиён мутаваччехи ин амр гардиданд.

Ва чун халли масъалае бар вай (Абуханифа) душвор ва печида мешуд, ру ба ёронаш мекард ва мегуфт: «-Ин нест магар ба хотири гунохе, ки муртакиби он шудаем, пас аз Худои ъазза ва чалл омурзиш металабам!»

Ва чи басо бармехост ва вузу мекард ва он гох ду ракаъат намоз мегузорид ва истигфор металабид, то инки халли он масъала бар вай шикофта мешуд, он гох мефармуд: «-Акнун шодмонам, башоратам бод! Зеро умедворам, ки тавбаам пазируфта шуда бошад, чун халли масъалаи мушкилро дарёфтам».

… Пас ин хабар ба Фазил (р) расид, сахт гирист ва сипас гуфт. «-Худо рахмат кунад Абуханифаро, ин фарач (кушоиш дар кор) бар вай аз он рунамо мешуд, ки гунохони вай кам буд. Ва аммо гайри он ба ин нукта мутанаббех (бедоршаванда, хушёру огох) намешаванд,  зеро,  ки гунохони он,  эшонро дар худ мустаграк (гаркшуда) сохтаанд».

Рузе Имом Абуханифа (р) гафлато пойи тифлеро лагат кард, пас он тифл гуфт: – Эй Шайх! Оё аз касоси рузи Киёмат наметарси?!

Имом Абуханифа (р) бо шунидани ин суханони он тифл, аз хуш рафт ва бар замин афтод, ки пас чун ба хуш омад, касе ба, вай гуфт: – Чи кадар суханони ин писарбача дар калбат асар кард? Имом Абуханифа (р) фармуд: «-Аз он метарсам, ки ин сухан, ба вай талкин шуда бошад. Яъне, малак бар забонаш нихода бошад».

Рузе Имом Абуханифа (р) ва Ибн Ал-Муътамар (р)-ро диданд, ки бо хам дар масчид роз мегуянд, ва зор-зор мегиранд, пас чун аз масчид берун омад, касе аз вай пурсид: – Шуморо чи шуда буд, ки зор-зор мегиристед? Фармуд: «-Замонаро ба ёд овардем ва галабаи ахли ботилро бар ахди хайр, пас аз ин чихат гиряи мо бисёр шуд».

Ва дар хангоме, ки ба намози шаб меистод, (Имом Абуханифа рахамуллох), садои афтодани катароти гухарбори ашки вай бар руи хасир (фарш, аз баргу пояхои нозуки най ва ё аз барги хурмо бофташуда) шунида мешуд, гуё инки борон меборад ва асари гиря дар чашмон ва харду гунаи рухсори мубораки вай машхуд буд ва бештар ба мурокибат (ибодати Хак, аз руи хавф ва эхтироми бандаги)-и Парвардигори субхон машгул буд, ки рахмату ризвони Хак бар вай бод». 62-78-82.

«Ривояти сахех аст, ки Имом Абуханифа (р) чамоли Худои таборак ва таъолоро наваду нух бор дар хоб дид, (яъне, хакикати куллро дарёфт-С.Б.Б), пас бо худ гуфт, агар бори садум у таъолоро дар хоб бинам, аз у хохам пурсид, ки бо чи чиз халоикро аз азоби хеш начот медихад. Хамон буд, ки барои садумин бор у таъолоро дар хоб дид ва он суолро аз у таъоло кард ва чавобаш хешро низ дарёфт».

Боре дар хоб дид, ки гуё кабри Расули карим (с)-ро набш (кандан, шикофтан) менамояд ва яке аз ёронашон низ эшонро чунин хобе дид ва низ дар хамон хоб дид, ки эшон аз хоки кабри он Хазрат (с) микдоре зиёд бармегиранд ва аз чахор чихат, дар хаво меафшонанд ва мардум хам ба суи эшон нигох мекунанд ва касе бар ин корашон айб намегирад. Ин хоб он ёри Имом Абуханифа (р)-ро сахт вахшатзада сохт, пас онро бар пири илми таъбир ва кашфу каромот Имом Ибни Сайрини тобиъи (р), ба таври сарбаста хикоят кард. Пас Имом Сайрин (р) гуфт: «-Вой бар ту! Ин касе, ки ту барои вай ин хобро дидаи, марде аст бузург ва оликадр, агар чунончи факех ё олим бошад». Он ёри Имом Абуханифа (р) мегуяд, гуфтам: – У факех аст. Гуфт: «-Ба Худо, ки ин мард аз илми Расули Худо (с) он кадар мунташир хохад сохт, ки тамоми мардуми руи Замин ба андозаи вай наметавонанд нашр кунанд ва исми ин мард дар Шарку Гарби олам тамоми чихоте, ки у ин хокро афшонидааст хохад рафт».

Худ Имом Абуханифа (р) низ ин хобро бар Ибни Сайрин ва яке аз шогирдонаш хикоят кард ва айнан хамин таъбирро шунид. Ривояте хаст мегуянд, ки Имом Абуханифа (р) баъд аз ин хоб гоми кави, дар майдони фатво ниход ва дар арасоти фикку ахкоми шаръи сухан гуфт,» 62-148.

(Бале, хак аст ва ба рости назди мо ривояти боло беш аз хакикати хол аст, ки Хазрати кутбулавлиё ва ибрати инсони комил ва олими фозил ва факехи комил ва имоми бархак ва муассиси мазхаби мухаззаби ханафия Хазрати Имоми Аъзам Абуханифаи суфии Куфи рахматуллоху алайх олимтарини уммат ва вориси шоистаи Хазрати Расули акрам-Мухаммади Мустафо (с)-анд, ки суннат ва илму хикмати шариати гуррои Мухаммадия (с)-ро бо иродаи Парвардигори субхон, ба хубиву шоистаги ва сарбаланди интишор доданд ва ба дурустии башорати Расулуллох (с) илмро нав ба нав баён намуданд ва биёбонхоро пур аз хикмати илохи карданд. Ва хам ба дурусти, ба эшон мушарраф гардида, ки ба ивази тоату ибодати ботиниашон ва сидки беандозаашон ва мухаббати бепоёнашон, ба Парвардигори хаждах хазори олам, сад маротиба, ба дидори чигун ва бе чигуни он Хактаъоло, дар хоби нозашон, дастёб шаванд.

… Маълуми ахли хос аст, ки ба ривояти Абухурайра (р), ба Расулуллох (с) хини дар масчид, ба зикри Аллох таъоло саргарм буданашон Хазрати Чибриили Амин алайхиссалом паём дардодаанд ва салому тахсину офаринхои Парвардигори субхон ва дуруди малоикро, бар Эшон (с) расонидаанд ва аз боргохи Илохи армугоне, ба Паёмбар (с) овардаанд, ки он дуои бузурги «Кимиёи саодат» аст, ки яке аз сарчашмахои хама хушбахтихои умматони солехи Расули акрам (с) ва начоти эшон, аз шарру шурихои олам аст, ки панчох хосият дорад. Ва он дуойи бузург, аз панчох калимоти басо кудсиёна ва муаззам иборат аст, ки хосиятхои азим ва асрори зиёдеро дар худ доранд ва хамчунин боз агар даричаи хикмати хар як калимоти муаззами ин дуойи шарифро, дар алохидаги, вазифаи худ намоед, бисёр асрори гайбиро кафш хохед кард. Ва хакикатро хохед дарёфт, ки мурод аз дидани чамоли Хак хамин аст.

Ва ягона зоти шарифе, ки аз асрори комили ин дуои «Кимиёи саодат», ба пурраги ва ба таври ба инсоният басанда вокиф гардидаанд, Хазрати Расули акрам (с) мебошанд. Ва баъди Расулуллох (с) бар уммати эшон (с), яъне, ба он фардони басо содику солех, суннат шуда, ки аз чахор ёри босафо (р) ва сахобаи киром (р)-у тобиъин (р)-и гуроми сар карда, то ба ин дам, дуои номбурдаро вазифаи худ карор бидиханд, то бошад, ки барои расидан ба хакикати кулл рохи эшонро мунаввар сохта бошад.

Аз таърихи Фархангу маърифати Исломи мубин, ба мо маълум аст, ки чи кадар ашхоси муътабар, рохи пурфарози ин тарикатро тай намудаву аз худ номи нек, дар чомеаи башари, боки гузоштаанд (аз чумлаи эшон Хазрати Имом Мухаммади Газзоли мебошанд, ки аз баракати ин дуъои бузург ба кашфу каромотхо расида, номи асари лозаволи хешро «Кимиёи саъодат» гузоштаанд).

Хазрати Имоми Аъзам Абуханифа (р), аз зумраи он авлиёи бархак ва имоми хумоми ахли суннат ва чамоатанд, ки дар рохи интишори илму хикмат ва маърифати дини мубини Ислом ва бандагии Худойро ба чой овардан, басо чонбозихо карда, шабу руз алайхи андешаи ботил муборизаи бе амон бурдаву дирафши партавафшони човидонсабзи Исломро баланд бардоштаанд ва дар рохи расидан ба хакикати кулл зиёда тири хак ба суи ботил задаанд…

Ва   ба   муаллифи   ин   фарозмонихо,   дар натичаи чустучухои муридона ва шогирдона, каме хам бошад, ошкор гардид, ки Имоми Аъзам Абуханифа (р), он рохнамову «Чароги уммат»-и Расулуллох (с), тавассути чигуна зикри шариф, бештар дилбастаи чамоли Хак таъоло мешудаанд? Ва дар аснои чустучу, дар кучахои пур аз дару деворхо ва равзахои шахри макосид, ба хамон манзили таваккуф расидам, ва каме маълумам гардид, ки мисли дигар авлиёву кубаро, Имоми Аъзам Абуханифа (р) дар баробари тоату ибодат ва бандаги, ба Худованд ва зикри шарифу дуруди бепоёнашон, ба Расулуллох салъам, ки шабу руз, дар хар нафаси муборакашон, аз чаноби эшон (р) ичро мегардиду амали мешуд, зиёда ин зикри шарифро ба забони мубораку халкаи тасбехи табаррук мегардонидаанд, ки яке аз калимоти муаззами дуойи бузурги «Кимиёи саодат» буда, рох, васила ва воситаест, ки инсони комил метавонад, ба чамоли Хак, яъне, ба хакикати кулли У таъоло чалла чалолаху то андозае мушарраф гардад.

Он чо, ки худи Имоми Аъзам Абуханифа (р) мефармоянд: «-Агар хар каси солех бихохад, ки ба чамоли Хак субхонаху ва таъоло мушарраф гардад, аз рузи нухуми мох сар карда, бисту як руз, пас аз намози Ъишо, яъне, хуфтан, бо тахорати том, чомаи поку чои пок, хонакохи хешро хушбуй ва муаттар карда, хар шаб хафтоду як бори, калимаи муаззами зеринро бо сидки том тиловат бикунад. Ва бо фармони Худованди мутаъол, ба дидору чамоли пурфуругаш мушарраф гардонад. Агар мушарраф нагардад, фардо рузи «Киёмат», пас аз Абуханифа Нуъмон ибни Собит даъвогар шавад, яъне, хар солехе, ки ин сулукро ихтиёр мекунад. Ва он калимаи муаззам ва мукаррам ин аст, аз он дуойи «Кимиёи саодат»: «Аллохумма Анта-л-Гафуру ва ана-л-музнибу, фа-ман ядъу-л-музниба илла-л-Гафуру ё Рабби…». Сайид Бурхониддини Бузургмехр).

Ва Азхар ибни Кайсон (р) мегуяд: Расули Худо (с)-ро ба хоб дидам, дар холе, ки Абубакри Сиддик ва Умар Ал-Форук разиаллоху анхумо пушти сари Эшон (с) буданд, пас ба он ду гуфтам: – Мехохам аз Расули Худо (с) рочеъ ба амре суол кунам. Гуфтанд: – Суол кун, аммо садоятро баланд накун!

Пас, аз Расули Худо (с), рочеъ ба илми Имоми Аъзам Абуханифа рахматуллох суол кардам. Он Хазрат (с) фармуданд: «-Ин илме аст, ки аз чашмасори илми Хизр файзон карда аст». Ва дар хоб дидам, ки мегуяд Азхар ибни Кайсон (р), се ситораи бузург ба тартиб аз осмон сукут кард аввали он Абуханифа буд, сипас Мусаъар ва баъд аз он Суфёни Саври разиаллоху анхумо, пас ин хобро барои Мухаммад ибни Мукотил хикоят кардам, гирист ва гуфт: – Уламо ситорагони  зиннатбахши заминанд  ва ин хобат нишонаи рехлати онхо аст…».

Ва низ Имом Абуханифа (р), боре Расули Худо (с)-ро ба хоб дид, ки дар Махшаргох, бар сари хавзи («Оби хавзи Кавсар») хеш истодаанд ва дар чониби рости эшон (с) Иброхими халилуллох алайхиссалом аст, ки рухсорашро бар синаи мубораки он Хазрат (с) нихода ва боз баъд аз эшон Абубакри Сиддик (р) ба хамин хайат карор дорад, то хафдах тан аз бузургони дин, ки якояк онхоро баршумурд. Ва яке аз хамсоягони хешро дар баробари хавз дид, ки дар пешоруйи вай зарфе аст, пас аз он хамсояи хеш хост, ки он зарфро ба вай дихаду то биёшомад, у гуфт: «-То аз Расули Худо (с) ичоза нагирам».

Пас, аз Расули Худо (с) ичоза хост, эшон (с) ичоза доданд ва у зарфе аз оби Кавсар ба Имом Абуханифа (р) дод, ва эшон аз он ошомиданд ва тамоми ёрони хешро низ аз он нушониданд. Аммо ба андозаи сарангуште аз он об кам нашуд ва ин обе буд сафедтар аз шир ва сардтар аз барф ва ширинтар аз асал. Ва яке аз абдол (инсони шарифу солех) Мухаммад ибн Ал-Хасан (р)-ро ба хоб дид ва аз вай пурсид: – Худои таъоло бо ту чи муомила кард?

Гуфт: – Худои таъоло ба ман фармуд: « Ман синаи туро зарфи илм карор надодам, то туро азоб намоям». Пас аз вай пурсидам: – Бо Абуюсуф чи гуна муомила кард?

Гуфт: – Бартар аз ман.

Гуфтам: – Бо Абуханифа (р) чи гуна муомила кард?

Гуфт: «-У дар «Аъло-ъилиййин» (болотарин баландихо, болотарин макоми Бихишти анбарсиришт) аст… Ва дар ривояте омада аст, ки гуфт: – У чандин дарача бартар аз Абуюсуфи Яъкуб (р) аст».

Ва яке аз солехонро баъд аз вафоташ, дар хоб диданд ва аз вай пурсиданд, ки Худои таъоло ба ту чи кард?

Гуфт: – Маро омурзид ва ба ман ва ба Абуханифа Ан-Нуъмон ибни Собит, дар чамъи малоика мубохот (тафохур ва нозиш, фахридан) кард ва ману у бо хамдигар дар «Аъло ъилиййин» хастем.

Шахсе, аз шогирдони Мукотил ибни Сулаймон, дар халкаи дарси вай истод ва гуфт: – Дар хоб дидам, ки гуё марде бо чомаи сапед аз осмон фуруд омад ва бар баландтарин манораи Багдод истод ва нидо кард:

– Мардум чи чизро гум кардаанд?

Мукотил ибни Сулаймон гуфт: – Агар дар хобат ростгу боши, мо ба зуди олимтарин фарди оламро аз даст хохем дод, хамон буд, ки Хазрати Имом Абуханифа (р) рехлат намуд, пас Мукотил истирчоъ гуфт (яъне: «Инно лиллохи ва инно илайхи рочиъун» – Мо аз они Худоем ва ба дурусти, ки ба суи у бармегардем) ва он гох изофа кард: «-Имруз касе вафот ёфт, ки аз уммати Мухаммад саллаллоху ъалайхи ва олихи ва саллам бори ранчи мушкилотро бармедошт ва равзанае ба суи нур бар руи ин уммат мекушуд».

Ва Абумуъофи Фазл ибни Холид мегуяд: «-Расули Худо (с)-ро дар хоб дидам, пас ба эшон гуфтам: – Ё Расулуллох (с)! – Назари Шумо дар бораи илми Имоми Аъзам Абуханифа (р) чист?

Фармуданд: «-Илми у илме аст, ки мардум ба он ниёзманданд». Ва аз Мусаддад ибни Абдуррахмони Басри, ривоят шуда аст, ки у кабл аз Бомдод, дар Маккаи Мукаррама, миёни рукн (сутун)-у макоми Иброхим ъалайхиссалом хоб шуд ва Расули Худо (с)-ро ба хоб дид, пас ба эшон гуфт: – Ё Расулуллох (с) назари Шумо дар бораи ин марде, ки дар Куфа аст, бо номи Абуханифа Нуъмон ибни Собит чист? – Оё аз илми вай (яъне, Абуханифа) баргирем?

Хазрати Расулуллох, яъне, он муборакбаён (с) фармуданд: «-Аз илми вай баргир ва ба амали вай амал кун, зеро, ки у Имоми шоиста ва некмарде аст».

Рови (яъне, Мусаддади Басри) мегуяд: «-Пас аз хоб бархестам ва дар холе,  ки он лахза бадхохтарини мардум барои Нуъмон (Абуханифа рахматуллох) будам, аз Худои ъазза ва чалл бар ин амр омурзиш талабидам».

Яке аз аимаи мазхаби ханбали, Расули Худо (с)-ро ба хоб дид, пас ба эшон гуфт: – Ё Расулуллох (с)! Ба ман аз мазохиб сухан бигуед? Пас, он Хазрат (с) фармуданд: «-Мазохиб се аст».

Пас, дар хотирам чунин афтод, ки алъон Он Хазрат (с) мазхаби Имоми Аъзам Абуханифаро аз катори мазохиб хорич месозад, аз чихати тамассук (даст задан)-и вай ба раъй.

Аммо Эшон (с) фармуданд: «-Абуханифа ва Шофеъи ва Ахмад». Сипас изофа карданд Он Хазрат (с): «-Ва Молик чахорум, чахорум». Пас, суол кардам: – Кадом як аз онхо бехтар аст? Гумони голиби ман ин аст, ки Эшон (с) фармуданд: «-Мазхаби Ахмад». 62-148-151.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …