Главная / Гуногун / ДАРГОХИ БАХТ

ДАРГОХИ БАХТ

Хангоми бо корхонаи мошинсозии «Точикгидроагрегат» шиносо шудан кас мефахмад, ки чаро чавонон завод, сех, бригадаро университети хаёти худ меноманд. Онхо бештар «мо», «аз они мо», «дар коргохи мо» мегуянд, зеро коллектив дар ин чо чун оилаи худ дилпазиру махбуб гардида, рафикони хамкор одамони аз хама наздик шудаанд. Хар як коргари чавон харорати дилу дасти дустони хамкорро дар ин коллективи ахлу тифок ва хамдилу хамдаст эхсос  мекунанд. Махз дар хамин чо онхо хамчун коргар ва гражданин ба камол мерасанд. Навкороне, ки ба коллективи мехнаткашон омадаанд, дар алокаю муносибат бо рафикони калонсол, ветеранхо обутоб ёфта ва онхо на факат махорати касби, балки инчунин хаётро меомузанд. Онхо худ меомузанд, то ки баъд дигаронро омузонанд. Бинобар ин хам вакте аз дастгохчи дар бораи тарчимаи холи мехнатиаш мепурсед, вай одатан наклашро аз муаллиму рафикони хамкор сар мекунад.

duxtaroni-tojik-89Чанд сол пеш дар завод чунин шакли тарбия, монанди аз касбхои гуногун вокиф гардонидани чавонон тавлид ёфт. Пештар, бо ин кор, чун коида, факат мактабхо, донишкадахо, омузишгоххои касби-техники машгул мешуданд. Холо ин корро завод ба ухда гирифтааст. Тайёр кардани коргари чавон пеш аз ба вай додани дафтарчаи мехнати сар мешавад. Зеро фаъолияту бовари ба худ, накшахои ояндаи шахс вобаста ба онанд, ки ба интихоби касб то чи андоза чидди муносибат кардааст. Пештар тавре хам мешуд, ки чавонон дар бораи ягон касб бисёр шунида, мафтуни он мегардиданд. Вале мохияти касби интихобкарда, душворихои он барои бисёрихо баъдтар ошкор мешавад. Ва агар орзу бо суботкори ва кувваи ирода мустахкам нашавад, вай ба пушаймони оварда мерасонад.

Махз барои хамин хам коллективи завод карор дод: мактабхои раками 4 ва 6-ро, ки бисёр хатмкунандагони онхо хар сол ба сеххои завод меоянд, инчунин маркази таълими политехники райони Октябрро ба шефи гирад. Аксари онхое, ки ба шефи гирифта шуда буданд, устохои мохир шуданд. Ин натичахои аввалини кор мебошад.

Кори байни мактаббачагон аз синфи шаш сар мешавад, зеро дар хамин давра бисёрихо дар бораи касби оянда фикр мекунад ва хеле мухим аст, ки онро дуруст интихоб кунанд. Аммо бо як гуфтугу кардану маслихат додан кор буд  намешавад. Кори доими ва ба максад мувофик лозим: ташкилотхои касабави ва комсомолии завод вазифаашонро хамин тавр мефахманд. Дар плани перспективии тараккиёти завод дар панчсола фасли махсусе хаст, ки ба кори шефи ва касбинтихобкунии хонандагони мактабхо бахшида шудааст. Коллектив ба ин масъалахо хамеша диккати чидди медихад. Одамони бехтарини завод дар мубохисахои хонандагони синфхои боло дар мавзуъхои «Ки бояд шуд?», «Хусни инсон дар чист?», «Рохи хаётро чи тавр интихоб бояд кард?» иштирок мекунанд.

duxtaroni-tojik-59Рохбарони завод дарди мактаб, дарди  коллективи педагогии онро хуб мефахманд ва хамеша мадад мерасонанд. Дар хамаи чорабинихое, ки мактаб мегузаронад, ба мисли  «Занги аввал», «Занги охир», «Иди Алифбо», шабнишинихои солинави, хамчунин дар советхои педагогие, ки ба масъалахои тарафайн дахл доранд, хамеша иштирок мекунанд.

…Рузи кори ба охир расид. Коргарон катор ба хонаи либосивазкуни мерафтанд. Валерий Грядкин хам омаду чунин гуфтугуро шунид.

– Вакте бачахо аз мактаб ба завод меоянд, аз онхо талаби риоя кардани интизоми мехнати мушкил аст, – мегуфт яке аз коргарон. – Албатта дар мактаб хам ба онхо интизом меомузанд, вале ким-чи хел аз хаёт чудо.

– Гапат дуруст, – рози шуд дигари. – Дар мактаб дер монди, касе аз ин зарар намебинад. Ана онхо фикр мекунанд, дар корхона хам хамин хел мумкин…

– Ха, дар амал, дар сех, барои шикастани ин рухиёт вакти зиёд лозим аст.

– Ба фикрам дуруст мебуд, агар ба бачахо дар вакти тахсилашон коргаронро вобаста мекардем.

– Ана худат як ташаббус нишон дех, – маслихат дод якуми. Ба мактаб раву гуй: «мехохам ба шефи гирам…».

– Бе дарди саре нишаста будам…

– Фикри хуб – бачахоро ба шефи гирифтан, – ба сухбат хамрох шуд Валера.

– Як ибрат нишон дех, Валера, – боз овози якуми баланд шуд.

«Хайр, ин фикр хам дуруст», – андешид худ ба худ ва рузи дигар ба устохонаи мактаби раками 4 даромад. Он тангу тор, нобобу нообод буд. Бачахо дар ду дастгохи фарсудаву шалак ким-чи тайёр мекарданд.

– Ин пулодро бо кадом максад метарошед, – пурсид у.

Бачахо ба ин мехмони нохонда бо хайрат нигаристанд. Чун диданд, ки руи нарм дораду мехрубон менамояд, китф дархам кашиданд.

– Надонем. Муаллим фармуд. Мо ичро мекунем.

У ба онхо бо як навъ табассуми дилсузона такрор-такрор нигаристу акнун рафтани буд, ки  муаллим омад.

У гуфт, ки ин мехнат не, бози аст. Чунки хеч кас махсулот намедихад, план намедиханд, чи коре  хохед, кунед. Сипас кисмхои тайёршударо  санчида ба кутти мепартояд.

– Чи, мо брак кардем? – мепурсад бачае.

– Не, – чавоб медихад муаллим. – Хамаатон хуб кор кардед.

– Набошад, чаро онхоро партофтед?

duxtaroni-tojik-39Дар хакикат, чаро? Оё муаллим метавонист ба онхо накл кунад, ки ин махсулотро у аз коргарони завод талбида, махфи аз завод баровардааст. Ва бо хамин рох бояд ба завод баргардонад. Ба дилаш задааст. Аз ин ру, дарси дигар онхо хавли мерубанд, оханпора мегундоранд. Бачахо хам зик шудаанд. Ба онхо намефорад, гашовар аст. Боре яке аз онхо пешниход намуд.

– Волидайни ман дар завоб кор мекунанд. Доимо мегуянд, ки дастгоххо бекоранд, харротхо намерасанд. Чи мешавад, ки хамон дастгоххоро дар устохонаамон монем. Махсулот, асбобу  анчом, план гирем.

Муаллим тайёр буд, уро ба огуш гирад: фикрронниаш дилсузона, ба манфиати давлат. У ба завод на як бору ду бор мурочиат кард. Вале дастгох додан мумкин набудааст. Ба райкому горком рафт. Онхо хам ёри дода натавонистанд. Бачахо бошанд, хамоно хавли мерубанд, когазу оханпора мегундоранд. Барои ин муаллим ба онхо «чор»-у «панч» мемонад, охир кушишу гайрат   карданд.

– Афсус мехурам, ки дар журнали синф фамилияи онхое нест, ки ман мурочиат кардам. Бо майли том ба хар кадомаш «ду»-и гафс  мемондам!

Ба сараш фикре омад: чи мешавад, ки дар завод барои бачахо участкаи махсуси истехсоли ташкил кунем. Рузи дигар у боз ба мактаб омад. Як гурух писарбачахо футболбози мекарданд. У ба «майдон» даромад ва дасти росташро боло карда гуфт:

– Бачахо, як лахза истед! Ба шумо гап дорам!

Футболбозон хамоно дар чояшон таваккуф карданд ва хайрон суяш нигаристанд. Карахтии бачахоро дида, Грядкин табассум намуд.

– Чи ин кадар тарсидед? Натарсед, ман тарафдори бози, танхо мехостам, ки дар бораи як масъалаи мухим бо шумо маслихат кунам.

– Дар бораи чи? – бачахо шердил шуда уро халкавор печонда гирифтанд.

– Биёед, наздиктар шинос шавем. Ман дар завод  бригадир шуда кор мекунам. Ман хам футболбоз, аъзои командаи якачини завод. Лекин рузи дароз футболбози намекуни-ку. Чи мешавад, ки дар дастгох кор карда хам касб ёд гиреду хам детал  созед.

– Охир, дастгох набошад, чи кор кунем?! – шурид писарбачае.

– Агар дар завод участка ташкил кунем, кор мекунед?

Бачахо хандиданд. У шубхаомез бо чашмони  бегубораш онхоро аз назар мегузаронад ва мепурсад:

– Чаро механдед?

– Э, амак, шумо афсона гуфта истодаед?

Боз бачахо хандиданд.

– Афсона не, хакикат. Мо имконияти ташкили чунин участкаро дорем, – хеле чидди ва боварибахш гуфт у.

Бо вучуди ин бачахо бовар накарданд. Яке, ки аз афташ сарварашон буд, бепарво гуфт:

– Хайр ташкил кунед-ку.

Бачахо боз кайю чувкунон машгули бози шуданд.

Фикри Грядкин ба котиби партком маъкул афтода бошад хам, сир бой надод. На ризояташро гуфту на рад кард.

Андеша одамро ба чойхои дуродур мебарад, ба чойхое, ки худи одам шояд хеч гох нарасад. Зеро дар хаёл хама кор осон шудани, ба зуди шуданист.  Аммо хакикати хаёт на хама вакт мушобехи андеша аст. Корро бо мулохиза, бо накшаи муайян ба рох мондан зарур, то он дар нимарох намонад.

Аввал хамаи «ха»-у «не»-хоро фикр карданд. Масъаларо амик омухтанд. Маълум шуд, ки ташкили участкаи истехсоли на танхо мумкин, балки зарур аст. Зарурияти он сабабхои зиёде дорад. Аммо мухимтаринашон: тарбияи мехнатии чавонон, сохибкасб шудани онхо. Имконпазир ва зарур буданро хама мефахмиданд, эътироф мекарданд. Аммо ташкили онро на хама мехостанд. Махсусан сардорони сеххо бар зидди ин икдоми нек буданд. Онхо, албатта, руирост мукобилият намекарданд, зеро метарсиданд, ки ба кутохандеши, мукобили пешрафт махкум мешаванду ба бало мемонанд.

Яке аз онхо, ки чашмони бозингар дошт, даъво мекард:

– Агар бачахо оханпорахои сахни заводро бинанд, бемасъулиятию бесарусомониро меомузанд.

– Оре! – таквият дод дигаре. – Дилашон аз завод хунук мешавад.

– Не! – эътироз кард Валерий Грядкин ва бо камоли чиддият тафсир дод: – Баракс, ин коргаронро мачбур месозад, ки масъулиятшиноси, халолкори, интизомнокиро омузанд. Ин на танхо завку андешаи бачахо, балки коргаронро низ сайкал медихад.

Грядкин боз суи мактаб рох пеш гирифт. Бо директори мактаб Андрей Михайлович Задниченко гапро пазондан лозим буд. Директорро дар даромадгохи мактаб ёфт, ки ба чое ба коре шитоб дошт, вале у Валераро дида ноилоч, аз рохаш  баргашт.

– Агар як лахза дер мекарди, хамдигарро намедидем, – гуфт директор, ки уро хуб мешинохт.

– Дилхо наздик будааст-дия, – табассум кард Валера.

Андрей Михайлович ба кавле муйро дар кори хамин мактаб, дар тарбияи насли наврас сафед кардааст. Холо муйхои катрониаш барфрангу руйи бечирмаш пурожанг гаштааст. Ба як маъни ин нишонаи рохи тайкардаи уст. Пас аз шунидани Грядкин директор боифтихор гуфт:

– Мо программаи тарбияи мехнати дорем. Хамаи хонандагони мо дар сохтмонхо кор мекунанд.

– Онхо он чо чи хел кор мекунанд? – марок зохир кард Грядкин, вале чавоби директорро интизор нашуда илова кард:

– Хасу хошок мерубанд. Чанг мехуранд, чонбазан мешаванд. Дасту дилашон ба касбу кор ях барин хунук мешавад.

– Гапатон дуруст-куя… – забон хоида гуфт Андрей Михайлович. – Фикр мекунед, дар заводи шумо хуб мешавад?

– Хуб мешавад. Бовари дорам! – катъи гуфт Грядкин.

Билохир байни мактаби ракаи 4 ва завод шартнома ба имзо расид. Мехнат ва таълим. Таълим ва мехнат. Ин мафхумхо дар шуури мо бояд пахлуи хамдигар истанд, зич пахлуи хам. Бе ягонагии онхо, бе якдигарро пурра кардани онхо,  камолоти бачахо, худи мо ва чамъияти мо номумкин аст. Як сардори сех ба директори завод  руй овард:

– Шумо истед, ки акнун завод базаи мактаб мешаваду хамаи мо тарбиятгар. Ана ман-сардори сех ва вазфиаи ман истехсоли кисмхои гидравлики. Инро ман метавонам, инро ба ман  омузондаанд. Лекин тарбиятгар шуда  наметавонам ва намехохам. Он гох чи?

Директори завод бо хамон оханг зуд чавоб дод:

– Он гох чойро холи мекунед.

Аввал хама баланд хандиданд. Баъд симохо чидди гашта, ба андеша рафтанд.

Китъаи истехсоли хам таъсис ёфт. Дар аввал аъзои он чандон зиёд набуд. Аммо ин ташкилотчиёни корро ба тааччуб нагузошт. Зеро пешбиниашон низ чунин буд. Охир, шикастани анъанаи дерин ва чори кардани кори нав осон нест. Норасои дар хар кадам дучор меомад.

– Тамоман гаранг шудем, – директорро дидан замон лаб ба шикоят кушод устои китъа, – чи кор карданамонро намедонем. Аз гуфтану фахмонидана дахонам му баровард, бефоида. Бинед, чи кадар охана параха кардаанд. Дилам месузад.

Усто сохтакорона худро гамгин гирифта, дилсуз  буданашро намоиш медод.

– Ха, мебинем, – охи чукур кашид директор. – Лекин айби худатон. Ба шумо, ки фармуд, ки онхоро паси дастгох монед. Аввал ёд дех, баъд фармо. Чаро ба онхо касе вобаста нест? Бо ин усул корро аз ки ёд мегиранд? Анна, ба худи шумо ягон кас касб омузонд ё не?

– Ха, омузонд. Акаи Мирзо.

– Набошад, чаро ба онхо намеомузонед?

– Коргарон намехоханд.

– Барои чи?

– Надонам.

– Э, канд занед. Корро худатон расво кардеду боз гила мекунед.

Устои «дилсуз» аз вазифа озод шуд. Ба чояш  дигар кас бо амри дил омад. Мактаббачахо дар аввал аз овозу ларзиши дастгох мехаросиданд. Лекин охиста-охиста онхо туфайли рохнамоии устохои мохир бо дастгох аз наздик «шинос» шуданд, тадричан вазифаи хар мурватро аз худ намуда, бо дастгох «забон» ёфтанд. Баъд дар сеххои механики, васлгари ва челонгари, ки бо дастгоху тачхизоти навтарини техника мучаххазанд, китъахо ташкил ёфтанд. Хонандагон бо рохбарии истехсолотчиёни пешкадаму сохибтачриба Гашбек Нуров, Рустам Аноятов, Валерий Грядкин, Аъзам Алиев, Александр  Сериков, Мирзо Давлатов, Юсуф Рачабов, Салохиддин Аъзамов идораи дастгоххоро  меомузанд. Дар хочагии пешкадам аз имтихони касбу хунар мегузаранд.

Фаъолияти хонандагонро дар машгулиятхо ва тачрибахои истехсоли Совети мураббиёни корхона, ки аъзоёни он коргарону устохои пешкадаманд, назорат, тахлил ва чамъбаст мекунанд. Аъзоёни совет пеш аз хама барои ба хонандагон бехтар ёд додани техникаи наву технологияи пешкадами истехсолот ахамияти калон медиханд. Онхо барои ривоч додани завки эстетики, фаъолияти эчодхои техники шогирдон тадбирхои мухимеро ба амал мебароранд. Тавассути ин дилсузи машгулият дар китъахои истехсоли басо шавкангез мегузаранд. Дар рафти он хонандагон ба касбхои коргари, донишхои техники рагбати калон пайдо мекунанд. Онхо тасаввурот ва донишхои техникии худро часурона дар амал месанчанд. Валерий Грядкин акида дорад, ки дар машгулиятхо ба талабагон бояд на факат дар дастгох кор карданро омузонад, балки дар назди вокеахои душвори зиндаги пас наоманданро ёд дихад. Пас наомаданро омузондан мумкин? Оре, мумкин! Бо кадом рох? Бо рохи супориши душвореро дода, ичрояшро назорат кардан, маслихат додан, ёд додан, дар дилаш  тухми мухаббат коштан. Вай мехохад ба шогирдон пеш аз хама инсонгариро омузонад. Ба воситаи он мехру мухаббатро ба мехнат, шавки кор карданро бедор кардани мешавад.

Тобистони хамон сол директори мактаб Андрей Михайлович Задниченко ба назди директори завод Георгий Александрович Цанаксиди омада, уро ба шабнишинии хаткунандагон таклиф кард.

– Бачахо, – гуфт у, – номаи камол мегиранд. Як кисми онхо ба заводи шумо омадани. Дар назди онхо баромад карда, ба онхо рохи сафед орзу менамудед, хуб мешуд.

– Бо чону дил, – рози шуд Цанаксиди, – акнун мактаби шумо як кисми заводи мост.

– Шояд завод як кисми мактаби мо бошад?

– Ё харду! – хандид Цанаксиди.

Бегохи дар вакти муайяншуда ба мактаб омад. Уро хуш пазируфтанд. Задниченко шабнишиниро кушода, аввал ба у сухан дод.

– Дустони азиз! – гуфт Георгий Александрович ба хатмкунандагон ру оварда. – Инак, дах соли хониш ба охир расид. Дах соли тахсил шумоёнро бо хам карин, дуст, бародару хохар кард. Бигузор дустии шумо хамеша човидон бошад!

Бачахо аз тахти дил кафкуби карданд.

– Дустон, – суханашро давом дод Цанаксиди, – ба заводи мо биёед, дар он чо шумо даркоред. Шумо дар заводи мо будед ва шояд пай бурда бошед, ки корхона барои садхо нафар коргарону устохо хонаи мурод гаштааст. Бале, завод майдони бахтчуию бахтёбист. Биёед, дар он чо чавлон занед!

Дар мактабхои ба шефи гирифташуда тез-тез вохури бо одамони шухратманди завод – коргарони номи, устодони пуртачриба гузаронида мешавад. Мавзуи сухбат: «Касби ман ифтихори ман». Харротон Лилия Рачабова, Галина Зардолова, Али Шарифов, челонгарон Юсуф Рачабов, Гафур Исмоилов, рехтагар Бачакалон Бачабиев, суфтагар Александр Сериков, пармагар Вера Семенова, сарварони бригадахо Рустам Аноятов, Буйдок Хасанов, Рустам Сабуров, Салохиддин Аъзамов дар бораи кадру киммати касб, нони халоли коргари ва ифтихори он завкбахш накл карда, аз кори худ мисолхои конкрети меоваранд.

Чунин вохурихо хеле ва хеле фоидабахшанд. Бачахо на факат аз касбу кор вокиф мегарданд, балки инчунин бо намояндагони бехтарини коллективи коргарон шинос мешаванд. Сеххо ва шуъбахои завод синфхои алохидаро ба шефи гирифтаанд. Экскурсия ба сеххо, консултатсияи мутахассисон, кружокхои техники, хамаи ин корхоро шефхо ба чо меоранд.

Дар байни завод ва мактабхо дар бораи мусобикаи сотсиалисти шартнома имзо шудааст. Мусобикаи байни бригадахо ва мактабхо тахти шиори «Синф – бе бахои ду, бригада – бе брак!» мегузарад. Дари клубу китобхонаи завод хамеша ба руи бачахо кушода, майдончахои спорти ба ихтиёри онхо гузошта шудаанд.

Бачахо дар чунин тадбирхои завод, монанди ба сафи коргарон кабул намудан, ба сафхои армия гусел кардан, конкурсхои махорати касби иштирок менамоянд. Гайр аз ин онхо дар ансамбли суруд ва ракси «Фируз», ки дар завод ташкил ёфтааст, баромад мекунанд.

Хамин тарик тарбияи коргарони оянда дар завод хеле барвакт пеш аз он ки онхо ба сари дастгох истанд, сар мешавад. Дар завод чавонони навкорро чи тавр пешвоз мегиранд?

Дар рузи чавононро ба кор кабул кардан онхо бо таърихи корхона, натичахои истехсоли, вазифахое, ки дар назди коллектив истодаанд, пешомадхои тараккиёти завод, шароитхои баланд бардоштани дарачаи ихтисос ва дониш, истирохат бо талабхои риояи интизоми мехнат ва тахникаи бехатари шинос мешаванд. Дар рузи якуми кор навкорро бо коллективи участка, смена, бригада, ки вай дар он кор мекунад, шинос менамоянд. Аз у хохиш мекунанд, ки дар бораи худ, дар бораи накшахои ояндааш накл намояд. Сардори участка, смена, усто ва сардори бригада бо у хаматарафа сухбат мекунанд.

Дар завод барои машгулиятхои назарияви кабинетхо мавчуданд, ки бо плакату лавхахои таълими чихозонида шудаанд. Дар таълими коргарони оянда кариб хамаи инженерон, техникхо ва устохо иштирок менамоянд.

Барои сабзиш коргарон хамаи шароит фарохам  аст: бисёр вакт онхоеро, ки дар завод нагз кор кардаанд, корхона барои хондан ба омузишгохи касби-техники, техникуму институтхо роххат медихад.

Истирохати мактаббачагон хам дилхох аст. Онхо зуд-зуд якчоя бо коргарон ба тамошои театру сирк ва консерту кино мераванд, дар мавзеи истирохатии завод, ки дар дараи хушманзараи Варзоб вокеъ аст, бофарогат дам мегиранд.

Падару модарони аксарияти бачахо дар завод  кор мекунанд ва алокаи мустахками мактаб бо истехсолот обруи падару модаронро боз хам мустахкам менамояд. Бачахо ба кори душвору бошарафи калонсолон сарфахм рафта кушиш мекунанд, ки як кисми корхои хонаро ба зиммаи худ гиранд. Ман чунин ходисахоро бисёр медонам. Дар айни замон падару модароне, ки муваффакияту нокомихои истехсолиашон аз назари фарзандон пинхон намемонанд, кушиш мекунанд, ки дар сафи пеш бошанд. Гуё ки як навъ омили иловагии маънави ба миён меояд: кадоме аз падару модарон намехоханд, ки фарзандонашон бо онхо фахр намоянд, ба хиссаи онхо дар кори умум бахои сазовор дода тавонанд.

– Имруз дар заводи мо кариб 100 нафар чавонони то синни бистсола кор мекунанд, – гуфт  боре Валерий Грядкин ба директори завод. – Дар завод чаласаи волидон гузаронем-чи? Ба фикри ман ба онхо таъсири хуб бояд бахшад.

Ба директор ин таклиф писанд омад. Зуд бахри амали гаштани он чорахо диданд. Адреси волидони коргарони чавонро ёфта, даъватнома фиристоданд. Бо изтироб фарз мекарданд, ки меоянд ё намеоянд? Гайри чашмдошт ба чаласа хамаи даъватшудагон хозир шуданд.

Валерий Грядкин ба волидон дастгоххоеро, ки фарзандонашон дар онхо кор мекунанд, нишон дод, бо махсулоти баровардаи онхо шинос намуд, ба бинохои маиши бурд. Ва баъд вакте, ки дар гушаи сурх чамъ омаданд, директори завод баромад карда, дар бораи вазифахои дар назди коллектив истода сухан ронд, муносибати коргаронро ба мехнат тавсиф дод. Дар хусуси чавонон хавасангез, бо фахр хикоя кард. Баъди анчоми чорабини яке аз падарон бо хаячон гуфт:

– Рахмат ба шумоён.

– Кори мо дар асоси ба назар гирифтани манфиати тарафайн ба рох монда шудааст, – накл мекунад, директори генералии завод Акбар Мирзоевич Фаёзов. Мо барои бачахо маблаг, воситаю вактро дарег намедорем, зеро медонем, ки баъдтар онхое, ки ба завод меоянд, хамаашро пурра бармегардонанд. Оё мо гуфта метавонем, ки ояндаи заводи мо дар дасти фарзандони мост!? Метавонем. Такдири корхонаи мо, такдири корнамоихои мо вобастаи он аст, ки мо нисбат ба такдир ва мушкилоти фарзандони худ то чи андоза таваччух дорем.

Ва у ба ман чанд иншои хонандагонро медихад.

«Кор дар завод багоят шавковар аст. Дар дастгоххои харроти кор кардан афсона аст. Одамонаш хам афсонавист: одди, некхоху некандеш. Чехраи кушоду багале во доранд ба моён».

«Ман орзу доштам лётчик шавам, зеро ин касб бароям гароибу кахрамонона буд. Ба завод омадаму касби суфтагари дили маро тасхир кард. Акнун ман лётчик не, суфтагар мешавам».

«Як хамсинфам касби коргариро нах зад. Ман ба у фахмондам, ки ободии олам, дастархони пури мо  аз ранчи дасти коргар аст. Онхо бо мехнати халол умр ба сар мебаранд. Умуман, мехнат дар хама гуна шаклаш мехнат аст. Мехнатро бояд эхтиром намуд».

«Хар боре, ки вориди завод мешавам, хиссиёти ачибе маро фаро мегирад. Мехохам, ки тамоми умр ин чо бошам».

«Ман орзу дорам чун Юсуф Рачабов коргари номдор шавам. Вакте ки аз кор оям модарам бо сари баланд, бо фахр гуяд: «Писарам меояд, писари коргарам меояд!».

Ба ракамхо ру овардани набудам, вале онхо фавкулодда пурмаъноянд. Агар соли 1986 –12 кас  аз мактаб ба завод омада бошанд, соли 1987 – 15, 1988 – 21, 1989 – 30, 1990 – 42 хатмкунанда ба завод ба кор омаданд. Омаданду дар завод шахди захмат чашиданд, бахти коргари ёфтанд. Зиёда аз ними хатмкунандагони соли 1991 холо дар омузишгоххои касби-техники тахсил мекунанд. Онхо ба завод бармегарданд. Яке ба паси дастгохи харроти меистад, дигаре пармагар, сеюми суфтагар, чоруми таъмиргар хохад шуд. Ва албатта хушбахт мешаванд. Холо дар завод 50 нафар хатмкунандагони соли 1991 мехнат мекунанд.

Вакте аз онхо пурсидам: чаро ба завод омаданд, онхо бо як овоз чавоб доданд:

– Чи хел «чаро?» О, бахти мо дар хамин чост!

Оре, даргохи бахт аст ин завод!

5 октябри соли 1991

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …