Главная / Гуногун / ДАРАХТИ ПУРСАМАРИ БАХТ

ДАРАХТИ ПУРСАМАРИ БАХТ

Одамоне хастанд, ки бо як дидан дар дил маскан меёбанд. Харроти заводи «Точикгидроагрегат»-и шахри Душанбе Химматшох Шукуров аз чумлаи чунин касон аст. Дилаш бегаш, чехрааш пурханда, чашмонаш мехрубон.

Мо бо у дар сари дастгохи харроти шинос шудем. Дастгохаш дар назди дастгоххои азимчуссаи бохашамат, ки корпуси истехсолиро зеб медоданд, ба назар хеле хурд, менамуд. Худи у бошад, боз хам хурдтар. Хамон вакт мо аз ину он як–ду сухан гуфтем ва хусни таваччухам ба у, ба касбу кораш афзун гашт. Ба саволхоям чавоби кутох медихад. Ин хам бошад, на бо сухан, балки хомушона бо ишораи “ха” ё “не” сарашро мечунбонаду халос. Эх, чи бояд кард? Ман ба чехраи  Химматшох диккат медихам. Мебинам, ки хаёлу  хотири вай  дар кадом як  олами пур аз афсона, оламе ки танхо барои худи вай шинос аст, сайр дорад. Дар ин миён  охани сард  дар дастгох  гуе чон мегираду ба кисме мубаддал мегардад. Чи эъчозе? Бале эъчози хакики! Санъати баланд, истеъдоду махорати беандоза. Беинсофи  мебуд дигар хел сифат намудан.

Сарвари бригада  Салохиддин Аъзамов уро, чун коргари мехнатдуст ва сохибтачриба тавсиф мекард.

– Кор харкадар мураккабтар бошад, хамонкадар таъби дили вай аст. Илова бар ин цехи мо цехи махсус буда,  баъзан  кор чунон бисёр мешавад, ки кас сару калобаашро гум мекунад. Ин хел муамморо на хамаи харротон дуст медоранд. Химматшох бошад, ба халли он бо чону дил мечаспад. Теги оханбуриро худаш интихоб намуда, режими кори дастгохро мукаррар мекунад. Боре нашудааст, ки у аз ухдаи ягон кор набаромада бошад. Аз сифати кор хочати гап задан нест, зеро дар ин бобат нокисие ба назар  намерасад. Натанхо дар цех балки дар тамоми завод уро  хамчун инсони комил ва устои кордону мохир хама хурмат мекунанд.

Яке аз аввалинхо шуда дар завод ба Химматшох тамгаи  шахси супориданд, ки чанде нагузашта он ба деталхои  мураккаби асбобхои гидравликии комбайнхои галладарав  гузошта шуд. У дар мусобика барои унвони харроти бехтарини завод голиб омад. Унвони фахрии “Зарбдори мехнати коммунисти”-ро мушарраф гардид. Ба ордени “Шарафи мехнати” дарачаи сеюм сазовор шуд. Комёбихо  бо ин хама тамом намешавад. Гап дар сари номбар кардани онхо нест; максад фахмидани сирру асрори комёбихои уст. Хамкоронаш мегуянд, ки кори Химматшох аз рузи аввали ба завод омаданаш омад кард: яъне у ба дасти мураббии хуб афтод.

– Хаёти у бедогу нукс аст, – тавсиф мекунад собик шогирдашро Геннадий Кузмин. – Хама корро халолу покиза, хубу бо мулохиза ба чо овардан принципи Шукуров мебошад.

Депутати Совети Олии РСС Точикистон Рустам Аноятов гуфт, ки Химматшох дар назари аввал камхаракат, гуе  парвои чизе надорад. Дар асл гам мехурад, шабу руз дар гами кор, чон мекохонад, азоб мекашад, ранг зард мекунад. Мабодо касе рафтори ношоям зохир кунад, нигохи зираки  Химматшох албатта ба вай меафтад ва гунахкор бешубха танбех мегирад. У хаками сахтгири коргарон аст ва аз фиребу дуруг нихоят меранчад.

Баъдтар боз  сифати  Химматшохро шунидам.

Дар райком:

– Пропагандисти боистеъдод.

Дар чамъияти дустдорони китоб:

– Раиси доимии мост у.

Хамсояхо:

– Оиладуст. Падар ва шавхари намуна.

Боз ба завод омадам. Охири смена буд. Назоратчидухтар, ки чашмони шухнигохи олумонанд, муи сиёхи нимчингилаи  ба худаш басо зебанда дошт, пас аз муоинаи детальхои Химматшох нидо кард:

– Мутлако дакик!

Сипас илова намуд:

– Чи кадаре, ки ёд дорам, хамеша хамин тавр.

– Шумо чанд вакт боз дар ин чо кор мекунед? – мепурсам аз назоратчидухтар.

– Дах сол боз, – бо ифтихор чавоб медихад у ва илова мекунад: – Сифати кори Химматшохро насанчанд хам, мешавад. Назоратчии асосии вай вичдонаш аст.

Химматшох хаста менамуд. Барои истехсоли хашсад дона кисми гидролавики кувваи зиёди ботини ба масриф дода шуда буд. Вай холо фориг аз хама ташвиш оромона  менишаст.

– Душвор буд?

– Душвор? – такрор мекунад у. – Намедонам. Лекин сменаи хуб буд. Кор файзу барор дошт.

Ман хомуш ба у менигарам ва дармеёбам, ки у холо ба худ, ба хотирахои худ, ба гузаштаи худ гутавор шудааст.

Охиста лаб мекушояд:

 – Хама чиз ва хама кас ибтидо дорад. Ибтидои руд чашмахо, ибтидои рох пайрохахо, ибтидои одам бачагии уст.

Айёми кудакии Химматшох ба солхои чанг рост омад.

…Чи рузхои сиёх, рузхои пуразоб буданд! Чи рузхое, ки ба сари мардум, ба сари марду зан, пиру барно, бачагони бепарастор наомаданд он солхо! Колхоз он солхо афгор буд. Аз мардон факат муйсафедону чор-панч нафар мачрухон буданду халос, корро асосан занхо ухда мекарданд.

Соатхои дамгири ахён-ахён аз хар тараф садои гиряи  модарон, ки гами хичрон доштанд, ба гуш мерасид. Баъд гиряро овози суруд пахш мекард:

          Гандумаки худруй дарав мекардам–э,

          Ман дог,

          Ё дуст!…

Боз гиря…

Фигон…

Ва боз суруд…

Шабхо нома мехонданд.

“…Имруз боз як дастаи фашистонро кир карда, хоки Ватанро аз хунхорон озод кардем…”.

«…Натарс, писарам, мо тоб меоварем, галаба мекунем, ва ту шофер  мешави…”.

“…Ох чи кадар шуморо пазмон шудам. Хокро бу мекашам. Аз он буи шумо меояд…”.

Мехонданду мегиристанд.

Лекин факат шаб.

Пас аз ду сол хаткашони колхоз ба дасти Халима мактуби чоргуша дод.

– Эъ… ин дафъа дигар хел-ку, – дар даст мактуб бо камоли тааччуб ба он нигох мекард.

Аз Шукур хати сиёх омада буд.

Халима руйканону муйканон гиряву нола бардошта суи деха давид.

Дар назди дарвоза хамсоязан  ба у расид.

Бригадир омад.

– Чанг бе курбони намешавад, хохарам, – дилбардори кард у. – Худатро ба даст гир, ба хаёт бо умед нигар. Ватан-модарро аз вабои фашизм бояд начот дихем. Барои ин мехнат кардан лозим…

…Сахни устохона беодам буд. Химматшох ба цех даромад. Он чо хам касе наменамуд: хама ба хурокхури рафта буданд. Он гох писарбача давида назди мошини  кухнаи “ЗИС” омад, ба чор тараф чашм давонда, сумкаашро руи зинаи мошин гузошта, ба кабина даромад. Ба назараш хама чизи даруни мошин шинос менамуд. Вале хар боре, ки ба руи курсии мулоими мошин нишаста дасташро ба руи  чанбари рул гузорад, дилаш ба тапиш меояд. Дакикае дар кабина нишаста, асбобхои онро бодиккат аз назар гузаронд, дастаки коробкаро ин тарафу он тараф гардонд. Акнун факат калидро тоб медихиву баъд…

Орзухо! Онхо баъзан бачаро аз зодгохаш хеле дур мебурданд. Гохо чунин мепиндошт, ки у калон шудаасту дар кадом як кишвари дури Шимол байни талу теппахо ва дарахтон мошин ронда гаштааст. Ва гох рохи мошинаш аз байни дашти тафсони бедолу дарахти рохаш васеъи  беохир мегузарад. Дар ин лахзахо у дигар хама чизро фаромуш мекард, ба гушаш факат “наво”-и форами мотор  мерасиду халос. Солхо турнаосо мегузаштанд. Химматшох Шукуров мактабро хатм карда, ба хизмати аскари рафт. Баъди адои хизмат ба кишлок баргашт, тракторчи шуд.

Боре ба наздаш бригадири колхози хамсоя омад.

– Салом, акои Асо! Биёед, кадом шамолхо шуморо ба ин тарафхо парронд?

– Эх напурс додар, корамон чаток. Колхозамон аввалин машинахои навро гирифт. Хурсанд шудем. Аммо касеро намеёбем, ки онхро хай кунад. Чи мешуд, ки як санчида бини-а, чи гуфти?

Онхо дар назди трактор  карор гирифтанд.

– Ха-а, ин тамгаи наваш будааст, – ба болои капоташ тап-тап зад Химматшох. – Зураш.

– Шин, паси рулаш шин, – бекарори мекард Асо.

Химматшох хуччатхои тракторро пурсид. Асо китф ба хам кашида гуфт, ки хеч хел хуччат-пучат надошт.

– Инаш бад, – Химматшох паси рул чо гирифта, ба хар як нуктаю аломатхои техника чашм давонд. Пас аз каму беш омухтан моторро ба кор даровард. Лахзае газ дода, газ дода, моторро гарм кард. Сипас онро ба харакат овард. Трактор як такон хурду ба пеш давид. Ба назар чунин менамуд, ки гуе лачоми мошин ба дасти корноошное афтодааст. Аммо ин тавр набуд. Лахзае нагузашта он ба харакат даромад, чанд бор давр зада, баъзе машкхоро ба чо оварда, боз дар чои аввал карор гирифт.

– Ана диди! – хурсанди мекард Аcо. – Диди! Хиллааш дар дасти ту будааст.

– Ха забонаша ёфтам. Аммо хануз бисёр нозукихояша намедонам, – хоксорона гуфт Химматшох.

– Хеч гап не, асосан забонаша ёфти, дар андак вакт ба хамааш ошно мешави, – шодона мегуфт Асо.

Химматшох ду мох кор карда, дар ин муддат ба ду шогирд касб омухт…

…Бо дамидани субх Химматшох назди раиси колхоз даромад.

У  аризаро ба даст гирифта пурсид:

– Чи шуд?

– Бригадири нашуд, – мухтасар чавоб дод Химматшох. – Ба шахр меравам.

– Ба шахр? Ё тавба! Ба шахр рафта чи кор мекуни? Ё хондан мехохи?

– Не, – гуфт вай, – кор.

– Чи,  ин чо кор нест?

– Гапатон хак, вале росташро гуям ба дилам зад, хафтмох кору панч мох истирохат кардан. Соле дувоздах мох кор кардан мехохам. Дилам ба мошинасози кашол.

– Агар аз ухдааш барои ман бо чону дил розиам, – бо аломати мамнуният дасти Химматшохро фишурд раис.

Шахр серодам, пургавго. Эълонхои руи девор даъват мекарданд:  “Коргар лозим аст”, “Кабул мекунад”. Хамаи ин табъи дили Химматшох. Ба заводи “Точикагрегат” омад.  Уро бо Геннадий Кузмин марди рехтакомати газгушт, ки  такрибан чилсола буд, шогирд гузоштанд.

Геннадий Кузмин ба у даст дароз карда гуфт:

– Хуш, кани биё, шинос шавем. Мо бояд хамрох кор кунем, бисёр чизхоро омухтанат лозим, лекин барои ин вактамон кам аст. Цеху участкаи мо хамеша пешсаф мебошад. Барои хамин хам биё, тавре кор кунем, ки ин анъана вайрон нашавад.

– Ман мефахмам, – бо аломати тасдик сар чунбонд  Шукуров. – Кушиш мекунам, ки анъана вайрон нашавад…

Рости гап, он вакт вай дар ин хусус тасаввуроти дуруст надошт. Ба хамааш баъдтар сарфахм рафт.

– Ана, хамин тавр ман харрот шудам. Рости гап, касбамро  аз чонам хам дусттар медорам. Дар бист соли кор аз касбам ягон бор хам афсус нахурдам. Ед дорам, ки чи тавр дастгохро бори аввал ба кор андохта, охан тарошидам. Лулаи парахаи охан дароз шуда, ба замин фаромадан гирифт. Рангаш авал кабуд, баъд сиёхча шуд. Ба димогам буи равган ва охани тафсида расид. Он руз бароям ид буд, – бо ифтихор накл мекунад Химматшох, вале якбора мавзуи сухбатро дигар намуда мегуяд: – Ман ба навкороне, ки ба омаданашон як мох нашуда, ба сари синаашон “мо коргарем” гуфта, хавобаландона мушт мезананд, хайронам. Обилаи дастонашонро ба дигарон нишон дода, таккабури  кардани онхо бодиги асту бас. Ба ман одамони поквичдону дилсоф, одамоне, ки масъулиятро хис мекунанд, мусибати дигаронро мусибати худ мехисобанд, маъкуланд.

Аввал на хамаи кори у дар завод ривочу равнак дошт. Лахзахое мешуд, ки дар вучудаш майли ба деха баргаштан  галаба мекард. Аммо як навъ андешае, ки шаъни дехаашро паст назанад, боло мегирифту водораш мекард, ки дар чодаи пеш гирифтааш сабуру собиткадам бошад.

Химматшох супориши аввалини худро дар завод шояд як умр аз хотир набарорад. Вай он вакт хамчун шогирди харрот бисёр кушиш мекард. Геннадий Кузмин кори уро аз назар гузаронида гуфт: “Обилаи даст, бародар, хануз нишони камолот нест”. Ин суханони устод аз чи бошад, ки  махз холо ба хотираш омад, онхо ба гуши у чунон баланд садо доданд, ки гуе устои пир навакак онро такрор карда бошад. Ба мурури замон чавон тавонист ба устодаш ва асосиаш ба худ исбот намояд, ки аз ухдаи супоришхои душвор  баромада метавонад.

…Як руз сардори цех уро ба назди дастгохи  кухнаи дар як гушаи цех хобида оварда, пурсид:

– Бигу, Химматшох ба кор меояд?

Вай атрофи дастгохро чанд бор давр зада, ин тарафу он тарафашро аз назар гузаронд. Баъд гуфт: “Агар лозим бошад, ба кор даровардан мумкин”.

Сардор хурсанд шуд:

– Ин тавр бошад, охиста-охиста онро таъмир кардан гир.

Химматшох остин барзада, ба кор шуруъ намуд. Чанд кисм намерасид. Ба анбори завод рафт.

– Нест.

– Чи хел нест?

– Хасту нест…

– Нест! – бошиддат гуфт Химматшох. – Инаш нест. Ваяш нест. Чи доред шумо?!

Кисмхои лозимиро аз дигар завод бо пули худаш харида овард. Химматшох “бисёр равад таъмирро дар бист руз тамом мекунам” гуфта гумон карда буд, аммо тахминаш хато баромад.

Барои давр занондани шпиндели “инвалид”-и бекорхобида якуним мох чунбучул кардан лозим омад. Дастгох чон гирифта, ба кор даромад. Хамон шабу руз дар завод барои ин дастгох кор бисёр буд. Химматшох корхоро сара, аз руи  вичдони поку халол ба чо меовард. Вай дар ин дастгох андаке зиёдтар аз ду сол кор кард. Харротони кордида кору бори уро дида, дар хайрат мемоданд. Хамаш нагз буд ба чуз як чизаш: махсулнокии дастгох ба талаботи замон чавоб намедод, ки ин таъби уро хира менамуд.

– Дастгох “инчики” мекард, мотору гидронасосаш дуруст кор намекард, – ба ёд меорад у. – Будаги гап, бе мотору гидронасос дастгох хеч аст. Боре супориши нав гирифтаму  корам хеч пеш намерафт. Кувваи мотор ва фишори гидронасос ками мекард. Э, ба дилам зад-ку, аз дил гузаронидаму рост назди саринженер даромадам, диламро холи кардам. Таклифхоям ба таъби саринженер нафорид. Онхоро бо дили хохам нохохам кабул кард. Албатта, у чун одами кордону холдон медонист, ки ин кори осон нест. Ин хам вакт металабаду хам малака. Гайр аз ин самараи таклифро ночиз мепиндошт, бинобар ба чори кардани он кушише ба харч намедод. Аммо ман хам ду поя ба як муза тикондам.

– Хуш, окибат чи шуд?

– Иваз кардем. Иктидори дастгох кариб якуним баробар афзуд.

Боз як лахзаи хаёти ин марди кор.

…Хамон пагохи хаво тираву тор буд. Буи борону барф меомад. Бало аз таги по мехезад гуфтаги барин кариб дар як вакт дастгоххои харроти ва суфтагари аз кор баромаданд. Хавфи то бегох бекор мондан пеш омад. Ба ин рох додан мумкин набуд. Ана, дар чунин маврид хунари челонгарии Шукуров кор дод. У мунтазири таъмиргарон нашуда худаш бахри бартараф кардани нуксон камар баст. Кор чандон осон набуд. Химматшох диловарона ва дилпурона кор мекард. Рафикон холи Химматшохи саропо равганолуду бехолу бемадорро дида, мегуфтанд, ки андаке дам гирад, нафасашро рост кунад. Вале у ба гап намефаромад. Хамон руз писари Химматшох ба экскурсия омада будаасту «як падарамро дида равам» гуфта ба участка меояд. Вай ба марде, ки аз сару руи равганолудаш ки будани уро фахмидан душвор буд, наздик шуда, бечуръатона салом дода, мепурсад:

– Амак намедонед, падарам дар кучост?

– Кист падарат? – аз кор сар набардошта мепурсад мард.

– Химматшох Шукуров.

У сар бардошта табассумашро ба зур нигох дошта мегуяд:

– Чони дада, наход маро нашиноси-а!

Хамкорон ба завк омада механдиданд.

Химматшох писарашро аз хичолат рахондани шуда мегуяд:

– Кани, чони дада, ба ман ёри дех, ин навардро ба чояш гузорем.

Падару писар кариби шом шалпар аз цех баромаданд. Вале каноатманду сарбаланд.

Ман такрор ба такрор аз худ мепурсам, ки чихати асосии кори Химматшох дар чист? Хатти хаёти у аз кучо мегузарад? Хар кас дар зиндаги мавкеи худро мечуяд, кушиш менамояд, ки худро мустахакам намояд, аз худ осоре боки гузорад. Аммо чамъият ба он манфиатдор аст, ки чустучуи шахс дар зиндаги ба кадом самт равона карда шудааст. Шоире фармудааст: «Мо хама то андозае сакфро сутунем». Ин суханон дар бораи шаъни инсон ва макоми у дар руи замин гуфта шудааст. Бинобар ин хар кас хукук дорад, ки макоми худро чустучу карда, онро дарьёбад. Лекин хукук бе ухдадорихо буда наметавонад. Бинобар ин зиндаги кардан маънои дар бораи хама ва ба хама чиз масъулият хис карданро дорад. Коргар Химматшох Шукуров чунин акида дорад ва хамин тавр зиндаги мекунад.

– Орзуи шумо? – мепурсам аз Химматшох.

– Фочиаи бачагии ман аз чанг барнагаштани падар буд. Кучои, эй падари азиз? Мадфани ту дар кадом кунчи дуньёст? Руи дастони ки чон доди? Ин саволхоест, ки то хануз ба онхо чавоб наёфтаам. Сайёраи мо боз ноором аст. Боз одамсуратоне хастанд, ки аз нав оташи чангро афрузондан мехоханд. Орзуям сулх. Нест бодо номи чангу чангчу!

У ба руи хавли менигарад. Он чо бачахо ба мо ахамият надода бози мекарданд.

– Бачахои худатон? – пурсидам аз у.

– Ха. Ман аз фарзанд бой. Чор писару се духтар.

Хамаашон тозаву озодаанд, аз дидани онхо хаваси кас меояд. Боадабиашонро намегуед? Сабаби ин хама дар чист? Сабабаш он аст, ки падару модар дар хама бобат худ намунаи ибратанд.

– Аз фазандон он чиро талабед, ки ба онхо додаед, – андешамандона мегуяд Химматшох. – Ман масъалаи тарбияро дар назар дорам. Мо – падару модарон хар кадар мехнатдуст, бовичдон ва хушодобу мехрубон бошем, мевахои умри мо хам боги дили мо мешаванд. Чи тавре, ки дар урфият мегуянд: «Хар чи кори, хамон бидарави».

Химматшох Шукуров хамчун марди гармиву сардии рузгорчашида ба фарзандонаш, ба хамкорони чавонаш мудом таъкид мекунад, ки барои тарбияи фарзанд асло вакташонро дарег надоранд, худашон бояд дар чашми ахли хонавода намуна бошанд. Вай насихат карданро дуст намедорад ва аз ин тарзи тарбия канорагири мекунад. Бахудаю бехуда ба хар рафтори фарзандон хурдагири накарда, харгиз «хондан лозим», «дарсхоро тайёр бояд кард», «мактабро эхтиром кардан даркор» – гуфта таъкид намекунад. У ва хамсараш дар тули бисту панч соли оиладори гох-гох димогсухта шуда бошанд хам, харгиз дар хузури фарзандонашон «тую ман» нагуфтаанд, ки ин хам ба кавли Химматшох яке аз шартхои асосии тарбия мебошад.

– Эхтимол мехохед, ки фарзандонатон харрот шаванд?

– Интихоби рох кори дил аст. Ман ба онхо ва ба хар касе, ки дар сари рохи зиндагист, дар интихоби касб маслихат медодам, ки шитоб накунанд.

Ин дам духтарчаи хурдии Химматшох Наргис аз богча омад. У боадобона салом кард. Ман дасташро дошта истода пурсидам:

– Наргис, дустонат бисёр аст?

– Бис–ёр!

– Номашонро медони?

– Шахло, Юра, Эльза, Карл, Хуршед…

– Исто, исто, кадомаш аз хама нагз?

– Хамаашон аз хама нагз.

– Хуб, имруз бози кардед?

– Ха, хона сохтем.

– Хуб, шеър хам хондед?

– Хондем, бисёр хондем.

– Ту ба мо хам хонда медихи? Кани хон?

– Ба наздики ид, падару модарон меоянд, ана баъд мехонам.

Маълум, ки хадьяи ногахони тайёр кардаанду Наргис намехохад фош кунад.

Химматшох гул-гул шукуфта бо мехр ба у менигарист.

– Ту ба ки монанд шудани? – саволи охирин медихам ба Наргис.

– Ба падару модарам, – чавоб медихад у ва худро ба огуши падар меандозад…

10 маи соли 1987

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …