КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
ДАР БОРАИ СУГУРТАИ МУТАКОБИЛА
(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2009, №7-8, мод. 495
Конуни ЧТ аз 8.08.2015 с., № 1224)
Конуни мазкур муносибатхои чамъиятиро вобаста ба анчом додани сугуртаи мутакобила ба танзим дароварда, асосхои хукукии фаъолияти чамъиятхои сугуртаи мутакобиларо мукаррар менамояд.
Моддаи 1. Мафхумхои асоси
Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
–сугуртаи мутакобила – як намуди сугурта, ки дар он хар як иштирокчии ин сугурта дар як маврид хам сугурташаванда ва хам сугуртакунанда аст;
– чамъияти сугуртаи мутакобила (минбаъд – чамъият) – ташкилоти гайритичоратии сугурта, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар асоси узвияти ихтиёри, бо назардошти мукаррароти Конуни мазкур таъсис дода шудааст;
– макоми ваколатдор – макоми давлатие, ки танзим ва назорати бозори сугурта ва ташкилотхои сугуртаро анчом медихад;
– ба дастоварандаи фоида – шахсе, ки дар шартномаи сугурта зикр гардида, сугурта ба манфиати у анчом дода шудааст;
– хакки (маблаги) узвият – воситахои пули, когазхои киматнок, молу мулки дигар ва ё хукукхои молумулкии арзиши пулидошта, ки аз чониби шахсони вокеи ва хукуки барои ба чамъият дохил шудан гузаронида мешаванд;
– хакки (маблаги) сугурта – воситахои пули, ки аз чониби аъзои чамъият барои амали гардонидани сугуртаи мутакобила пардохт карда мешаванд;
– хакки (маблаги) иловаги – воситахои пули, ки аз чониби аъзои чамъият бо максади чуброни зиёни ба чамъият расонидашуда пардохта мешаванд.
Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сугуртаи мутакобила
Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сугуртаи мутакобила ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Кодекси граждании Чумхурии Точикистон, Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон онхороэътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипхои сугуртаи мутакобила
Сугуртаи мутакобила дар асоси принсипхои зерин амали мегардад:
– умуми будани манфиатхои молумулкии аъзои чамъият;
– баробарии хукук ва ухдадорихои аъзои чамъият;
– химоя ва масъулияти мутакобилаи аъзои чамъият.
Моддаи 4. Объектхои сугуртаи мутакобила
Объектхои сугуртаи мутакобила манфиатхои молумулкии аъзои чамъият буда, аз чумла алокаманданд ба:
– сохиби, истифода ва ихтиёрдории молу мулк (сугуртаи молу мулк);
-хаёт, саломати, кобилияти кори ва таъмини ихтиёрии нафакаи аъзои чамъият (сугуртаи шахси); (КЧТ аз 8.08.15 с., № 1224)
– таваккали масъулияти шахрванди вобаста ба ухдадорие, ки дар натичаи расонидани зарар ба хаёт, саломати ё молу мулки ашхоси дигар ба миён омадааст ва дар холатхое, ки Конун пешбини намудааст, инчунин масъулият тибки шартнома;
– таваккали сохибкори – таваккали ба даст наовардани даромади дар назар дошташуда аз фаъолияти сохибкори вобаста ба вайрон кардани ухдадорихои худ аз чониби контрагентхои сохибкор ё тагйир додани шарти ин фаъолият вобаста ба холатхое, ки ба сохибкори алокаманд намебошанд.
Моддаи 5. Таъсиси чамъият
- Шумораи аъзои чамъият бояд на кам аз панч шахрванд ё на кам аз се шахси хукуки бошад.
- Номи чамъият бояд ибораи «чамъияти сугуртаи мутакобила» – ро дар бар гирад ва шакли гайритичорати буданашро нишон дихад.
3.Чамъият аз лахзаи бакайдгирии давлати тибки конунгузории Чумхурии Точикистон таъсисгардида хисобида мешавад.
Моддаи 6. Хуччатхои таъсисии чамъият
- Хуччатхои таъсисии чамъият шартномаи таъсиси ва оинномаи чамъият мебошанд.
- Шартномаи таъсисии чамъият, гайр аз мукаррароте, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян намудааст, бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
– ухдадории муассисон оид ба имзои шартномаи сугурта ва пардохтани маблаги сугурта (хакки сугурта);
– андозаи хакки пулии муассисон барои харочоти маъмури вобаста ба созмон додан ва ташкили фаъолияти чамъият.
- Оинномаи чамъият бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
– номи пурра ва мухтасари чамъият бо забони давлати;
– махалли чойгиршавии чамъият;
– предмет ва максади фаъолияти чамъият;
– шаклхои сугуртае, ки чамъият амали менамояд;
– тартиби идоракунии чамъият, хайат ва салохияти макомоти идоракуни ва назоратии чамъият, тартиби таъсис ва аз чониби онхо кабул намудани карор;
– шарт ва тартиби кабул ва катъи узвият дар чамъият;
– тартиби интихоби намояндагони ваколатдори аъзои чамъият барои иштирок дар мачлиси умумии аъзои чамъият;
– хукук ва ухдадорихои чамъият дар назди аъзои чамъият;
– хукук ва ухдадорихои аъзои чамъият;
– намуд, шарт ва тартиби пардохти аъзохаккихои мукарраршуда ва масъулият барои вайрон кардани ухдадори оид ба пардохти онхо;
– шарт ва тартиби ба зимма гирифтани масъулияти иловаги аз чониби аъзои чамъият вобаста ба ухдадорихои сугуртавии чамъият дар доираи кисми пардохтнашудаи хакки иловагии хар як узви чамъият;
-коидахои аз чониби чамъият анчом додани сугуртаи мутакобила дар асоси узвият;
– манбаъхои ташаккули молу мулки чамъият;
– тартиби ихтиёрдории молу мулки чамъият;
– тартиби ворид намудани тагйирот ба оинномаи чамъият;
-тартиби доир намудани мачлиси умумии аъзои чамъият ва тартиби огохсози оид ба гузаронидани мачлис;
– тартиби азнавташкилдихи ва бархамдихии чамъият;
-дигар мукаррароте, ки хилофи конунгузории Чумхурии Точикистон намебошанд.
- Талаботи хуччатхои таъсиси барои ичро аз чониби чамъият ва аъзои он хатми мебошанд.
- Хуччатхои таъсисии чамъият бояд барои шиносои ба номзадхо ба узвияти чамъият пешниход карда шуда, ба хама аъзои чамъият супурда шаванд.
- Оинномаи чамъиятро мачлиси умумии аъзои чамъият тасдик менамояд.
Моддаи 7. Аъзои чамъият
- Шахсони вокеии ба синни 18 расида ва (ё) шахсони хукуки аъзои чамъият шуда метавонанд. Узвият дар чамъият метавонад танхо бо талаби ягона барои хар як узви он кайду шарт карда шавад.
- Узвият дар чамъият баъди аз чониби чамъият кабул кардани карор дар хусуси пазируфтан ба узвияти чамъият ва аз чониби аризадиханда пардохт намудани хакки узвияти мукаррарнамудаи чамъият ба миён меояд.
- Аъзои чамъият танхо баъди пардохти хакки сугурта дар мачлиси умуми хукуки овозро пайдо мекунанд.
- Чамъият пешбурд ва нигахдошти руйхати аъзои чамъиятро таъмин менамояд.
Моддаи 8. Хукук ва ухдадорихои аъзои чамъият
- Аъзои чамъият хукук доранд:
– дар идоракунии чамъият иштирок намоянд ва ба макомоти он интихоб гарданд;
– мутобики коидахо ё шартномаи сугурта манфиатхои молумулкии худро сугуртаи мутакобила намоянд;
– аз макомоти идоракунандаи чамъият оид ба фаъолияти чамъият, аз чумла оид ба натичахои санчиши фаъолияти молиявии он хама гуна иттилоотро талаб намоянд ва гиранд;
– тибки шарт ва тартиби пешбининамудаи оинномаи чамъият аз чамъият бароянд;
– аз дигар хукукхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон истифода баранд;
– хангоми бархамдихии чамъият як кисми молу мулкеро, ки баъди хисоби бо кредиторон боки мондааст, ба даст оранд, агар дар конунгузории Чумхурии Точикистон ё оинномаи чамъият тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
- Аъзои чамъият ухдадоранд:
– оинномаи чамъиятро риоя кунанд;
– карори мачлиси умумии аъзои чамъият, дигар макомоти чамъиятро, ки дар доираи салохияташон кабул намудаанд, ичро кунанд;
– сари вакт хакки узвият, хакки иловаги ва дигар пардохтхои пешбининамудаи оинномаи чамъиятро пардохт намоянд;
– сари вакт хакки сугуртаро пардохт намоянд;
– дигар ухдадорихои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, оинномаи чамъият ё дигар хуччатхои танзимкунандаи фаъолияти чамъиятро ичро намоянд.
- Шахси ба узвияти чамъият кабулгардида баробари дигар аъзои чамъият масъулиятро оиди ичрои хамаи ухдадорихои сугуртавии чамъият, ки то узвияти у дар чамъият ба миён омадааст ва бо онхо шинос будани худро ба таври хатти тасдик намудааст, ба зимма мегирад.
- Аъзои чамъият ба таври муштарак оид ба ухдадории сугуртавии чамъият дар доираи кисми пардохтнашудаи хакки иловагии хар як узви чамъият масъулияти иловаги доранд.
Моддаи 9. Катъи узвият дар чамъият
- 1. Узвият дар чамъият дар холатхои зерин катъ мегардад:
1) ба таври ихтиёри аз чамъият баромадани узви чамъият;
2) аз аъзогии чамъият хорич намудани узви чамъият тибки асосхои зайл:
– аз чониби узви чамъият ичро накардани ухдадори оид ба пардохти хакки сугурта ё хакки иловаги;
– катъи шартномаи сугурта бо ташаббуси узви чамъият, инчунин набастани шартномаи сугурта дар мухлати мукаррарнамудаи оинномаи чамъият;
3) фавти шахси вокеи – узви чамъият ё мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон фавтида эълон намудани у, инчунин бархамдихии шахси хукуки – узви чамъият;
4) бархам додани чамъият.
- Хангоми ихтиёри баромадан аз чамъият узви чамъият бояд дар мухлати на камтар аз 30 рузи баромади вокеи аз чамъият дар бораи даст кашидан аз узвият аризаи хатти пешниход намояд.
- Хангоми хорич намудан аз чамъият узви чамъият бояд дар хусуси хорич намудани у дар мухлати на камтар аз 30 рузи то баррасии масъалаи хорич намудан аз узвият дар шакли хатти огох карда шавад.
- Дар сурати фавти узви чамъият ё фавтида эълон шудани у мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон, ворисони у хукук доранд бо карори раёсати чамъият ба чамъият дохил шаванд.
- Шахси хукукие, ки вориси конунии шахси хукукии азнавташкилшудаи дар чамъият иштирокдошта мебошад, хукук дорад бо карори раёсати чамъият ба чамъият дохил шавад, агар дар оинномаи чамъият тартиби дигаре пешбини нашуда бошад.
- Катъи узвият пеш аз мухлати шартномаи сугурта мутобики меъёрхои конунгузории граждании Чумхурии Точикистон танзим мегардад.
- Узви чамъият хукук дорад хангоми хорич шудан аз чамъият хакки пардохтаашро бо тартиб ва мухлати пешбининамудаи оинномаи чамъият бозпас гирад.
- Узви чамъият хукук дорад хангоми хорич шудан аз чамъият кисми молу мулки он ё арзиши хамин молу мулкро дар доираи арзиши молу мулке, ки узви чамъият ба сифати хакки узвият ворид намудааст, ба даст орад, агар дар оинномаи чамъият тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
Моддаи 10. Тартиби анчом додани сугуртаи мутакобила
- Баъди аз чониби узви чамъият пардохтани хакки сугурта чамъият ухдадор мешавад, ки хангоми фарорасии холати муайян (ходисаи сугурта) ба узви чамъият ё бадастоварандаи фоида бо тартиб ва мухлатхои мукаррарнамудаи коидахои сугурта ё шартномаи сугурта пардохти сугуртавиро анчом дихад.
- Дар холате, ки агар мутобики чамъбасти соли хисоботи натичахои молиявии сугуртаи мутакобила мусби бошанд, мачлиси умумии аъзои чамъият метавонад дар хусуси кам кардани андозаи хакки сугуртаи навбати ё боздоштани пардохти он дар мухлати муайян карор кабул кунад.
- Дар холате, ки агар мутобики чамъбасти соли хисоботи натичахои молиявии анчом додани сугуртаи мутакобила манфи бошанд, мачлиси умумии аъзои чамъият метавонад дар бораи манбаъхои пушонидани зиёни расонидашуда, аз чумла дар хусуси аз чониби аъзои чамъият ворид намудани хакки иловаги карор кабул кунад.
- Чамъият сугуртаи мутакобилаи аъзои худро дар асоси узвият мустакиман анчом медихад дар холате, ки агар мутобики оинномаи чамъият бастани шартномаи сугурта пешбини нашуда бошад.
- Сугуртаи мутакобила дар асоси узвият танхо хангоми аз чониби чамъият анчом додани як шакли сугурта мутобики коидахои сугурта, ки шартхои ягонаи сугуртаро пешбини менамояд, имконпазир мебошад. Дар ин холат коидахои сугурта кисми чудонопазирии оинномаи чамъият ба хисоб мераванд.
- Шаклхои сугуртае, ки чамъият анчом медихад, бо назардошти эхтиёчоти аъзои чамъият ва талаботи Конуни мазкур муайян карда мешаванд.
Моддаи 11. Макомоти чамъият
- Макомоти чамъият инхоянд:
– макоми оли – мачлиси умумии аъзои чамъият;
– макоми ичроия – макоми дастачамъи (раёсат) ё шахси анчомдихандаи вазифахои макоми инфиродии ичроия (директор);
– макоми назорати – комиссияи тафтишоти.
- Оинномаи чамъият метавонад таъсиси дигар макомоти чамъиятро низ пешбини намояд.
Моддаи 12. Комиссияи тафтишотии чамъият
- Комиссияи тафтишотии чамъият ба мачлиси умумии аъзои чамъият хисоботдиханда мебошад. Комиссияи тафтишотии чамъият ба таври истисно аз аъзои чамъият интихоб гардида, назорати риояи оинномаи чамъият, фаъолияти макомоти идоракунии чамъиятро анчом медихад, инчунин мурочиати аъзои чамъиятро барраси менамояд, агар онро раёсати чамъият мухокима накарда бошад.
- Комиссияи тафтишотии чамъият фаъолияти молиявию хочагии чамъиятро санчида, ба мачлиси умумии аъзои чамъият оид ба натичахои санчиши хисоботи солона ва хисоботи солонаи мухосибавии чамъият хулоса пешниход менамояд. Мачлиси умумии аъзои чамъият хукук надорад хисоботи солона ва хисоботи солонаи мухосибавии чамъиятро хангоми мавчуд набудани хулосаи комиссияи тафтишотии чамъият тасдик намояд.
- Хулосаи комиссияи тафтишотии чамъият бояд дар бар гирад:
– маълумот дар бораи тасдики сахехии далелхое, ки дар хисоботи солона ва хисоботи солонаи мухосибавии чамъият мавчуданд;
– иттилоот дар бораи далели вайрон кардани мукаррароти оинномаи чамъият аз чониби макомоти идоракунии чамъият, агар чунин вайронкуни чой дошта бошад;
– иттилоот дар бораи далели вайрон кардани тартиби пешбурди бахисобгирии мухосибави ва пешниходи хисоботдихии мухосибави, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, инчунин пешниходот оид ба рафъи чунин вайронкунихо, агар онхо чой дошта бошанд.
- Аъзои комиссияи тафтишотии чамъият, аз чумла раиси комиссияи тафтишотиро мачлиси умумии аъзои чамъият ба мухлати мукаррарнамудаи оинномаи чамъият интихоб менамояд. Комиссияи тафтишотии чамъият хукук надорад ваколати худро ба зиммаи дигар шахсон гузорад. Бо карори мачлиси умумии аъзои чамъият ваколати хама гуна узви комиссияи тафтишотии чамъият метавонад пеш аз мухлат катъ карда шавад. Узви комиссияи тафтишотии чамъият метавонад ба раёсати чамъият интихоб карда шавад ё дар мухлати на барвакттар аз ду соли баъди катъи ваколат ба вазифаи директори чамъият таъин карда шавад.
- Манъи иштироки аъзои комиссияи тафтишотии чамъият дар мачлиси раёсати чамъият ичозат дода намешавад.
- Комиссияи тафтишотии чамъият мачлиси умумии аъзои чамъиятро дар холатхое даъват менамояд, ки агар фаъолияти раёсати чамъият ноил шудан ба максад ва ичрои вазифаи чамъиятро таъмин карда натавонад ё агар раёсати чамъият талаботи аз се як хиссаи шумораи умумии аъзои чамъиятро оид ба даъвати мачлиси умумии аъзои чамъият ичро накунад.
- Тартиби кори комиссияи тафтишотии чамъият мутобики оиннома ё дигар хуччатхои чамъият муайян карда мешавад.
Моддаи 13. Манбаъхои ташаккули молу мулки чамъият
- Чамъиятметавонад тахти моликият бино, иморат, иншоот, тачхизот, воситахои пули бо асъори милли ва хоричи, когазхои киматнок ва дигар молу мулк дошта бошад.
- Молу мулки чамъият метавонад танхо тибки холат ва тартиби пешбининамудаи хамин Конун, дигар конунхо ва оинномаи чамъият бегона карда шавад.
- Чамият оид ба ухдадорихои худ бо хамаи молу мулки ба он тааллукдошта чавобгар мебошад.
- Манбаъхои ташаккули молу мулки чамъият иборатанд аз:
– хакки узвият;
– хакки сугурта;
– хакки иловаги;
-даромаде, ки аз сармоягузори ва чойгиронии воситахои муваккатан озоди захирахои сугурта ва дигар воситахо ба даст омадаанд;
– дигар манбаъхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст.
Моддаи 14. Хакки узвият
- Хакки узвият аз чониби шахсони хукуки ва вокеи барои пушонидани харочоти вобаста ба фаъолияти оинномавии чамъият пардохта мешавад.
Хакки узвият метавонад пул ё дигар молу мулки дорои арзиши пули бошад (ба истиснои хукуки молумулки). Хакки узвият набояд бо ичрои ягон ухдадори алокаманд бошад.
- Арзиши пулии молу мулке, ки барои пардохти хакки узвият гузаронида мешавад, метавонад аз чониби раёсати чамъият, бо назардошти арзиши бозории чунин молу мулк муайян карда шавад (нархгузори карда шавад). Дар мавриди ба баходихии молу мулк рози набудани шахси молу мулкро барои пардохти хакки узвият дода, барои муайян намудани арзиши бозории чунин молу мулк тибки шартхои пешбининамудаи оинномаи чамъият баходихандаи (нархгузори) мустакил чалб карда мешавад.
Андозаи баходихии пулии молу мулк, ки раёсати чамъият гузаронидааст, наметавонад аз андозаи баходихие, ки баходихандаи мустакил гузаронидааст, баландтар бошад.
Агар арзиши молу мулки барои пардохти хакки узвият дар шакли пули гузаронидашаванда беш аз сад хазор сомониро ташкил дихад, барои муайян намудани арзиши бозории чунин молу мулк тибки шартхои пешбининамудаи оинномаи чамъият баходихандаи мустакил чалб карда мешавад. Оинномаи чамъият метавонад номгуи молу мулкеро, ки бо он хакки узвият ба чамъият пардохта мешавад, махдуд намояд.
- Оинномаи чамъият метавонад барои аъзои чамъият пардохтхои дигари хатмиро пешбини намояд.
Моддаи 15. Хакки сугурта ва пардохти сугуртави
1.Хакки сугуртае, ки узви чамъият пардохтааст, аз чониби чамъият ба бадастоварандаи фоида хамчун пардохти сугуртави дар хачме, ки шартномаи сугурта муайян намудааст, дода мешавад.
- Хачм ва тартиби хисоби хакки сугуртаро коидахои сугуртахои мутакобилае, ки мачлиси умумии аъзои чамъият тасдик кардааст, мукаррар мекунад, агар тибки конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигаре пешбини нашуда бошад.
- Агар вобаста ба чамъбасти давраи хисоботи дар чамъият карзи пардохти сугурта, инчунин карзи пардохти андоз ва дигар пардохтхои хатми ба бучет набошанд, мачлиси умумии аъзои чамъият метавонад оид ба кам кардани хакки сугуртаи навбати ё боздоштани пардохти онхо карор кабул кунад.
- Тартиб ва шарти амали намудани пардохти сугуртавиро коидахои сугуртаи мутакобилаи чамъият, ки мачлиси умумии аъзои чамъият тасдик намудааст, мукаррар мекунад.
Моддаи 16. Захирахои сугурта
Барои таъмини ичрои ухдадории вобаста ба сугуртаи мутакобила чамъият тибки тартиб ва шартхои мукаррарнамудаи оиннома захираи сугуртаро ташаккул ва чойгир менамояд.
Моддаи 17. Хакки иловаги
- Хакки иловаги маблаги пулие мебошад, ки узви чамъият бояд бо карори мачлиси умумии аъзои чамъият барои пушондани зиёне, ки вобаста ба натичахои соли хисоботи муайян гардидааст, пардохт намояд.
- Тартиби хисоб ва пардохти хакки иловаги тибки коидахои сугуртаи мутакобилаи чамъият, ки мачлиси умумии аъзои чамъият тасдик кардааст, муайян карда мешавад.
Моддаи 18. Бахисобгири ва хисоботдихии мухосибави
Чамъият бахисобгирии мухосибавиро пеш бурда, хисоботдихии мухосибави ва омориро мутобики накшахои хисобот, коидахои бахисобгирии мухосибави, шаклхои бахисобгири ва хисоботдихи тахия менамояд, ки онро макомоти давлатие, ки танзим ва назорати бозори сугурта ва ташкилотхои сугуртаро анчом медихад, тасдик мекунад.
Моддаи 19. Азнавташкилдихии чамъият
- Азнавташкилдихии чамъият метавонад тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бо карори мачлиси умумии аъзои чамъият дар шакли якчояшави, хамрохшави, таксимшави, чудошави ва табдилшави амали гардад.
- Азнавташкилдихии чамъият дар шакли табдилшави танхо хангоми табдилдихии чамъият ба чамъияти хочагидори, ки сугуртаро анчом медихад, имконпазир мебошад.
Моддаи 20. Бархамдихии чамъият
- Чамъият метавонад тибки асосхо ва бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, бо назардошти талаботи Конуни мазкур бархам дода шавад.
- Макоме, ки дар бораи бархамдихии чамъият карор кабул намудааст, дар чараёни дах рузи таквими аз санаи кабули чунин карор бояд ба макоми назорати сугурта иттилоъ дихад.
- Молу мулки чамъият, ки баъди конеъгардонии хамаи ухдадорихои он дар назди кредиторон ва аъзои чамъият боки мондааст, тибки тартиби мукаррарнамудаи оинномаи чамъият аз чониби комиссияи бархамдихи байни хамаи аъзои чамъият таксим карда мешавад.
Моддаи 21. Назорати давлатии фаъолияти чамъият
- Назорати давлатии фаъолияти чамъият ва аз чониби он риоя намудани конунгузории сугуртаро макоми назоратии сугурта мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон амали мегардонад.
- Макомоти хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии махалли хукук надоранд ба фаъолияти хочаги, молияви ё дигар фаъолияти чамъият мудохила намоянд, ба истиснои холатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст.
Моддаи 22. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур
Конуни мазкурпас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.
Президенти
Чумхурии ТочикистонЭмомали Рахмон
ш. Душанбе, 5 августи соли 2009
№ 540
1