Главная / Илм / ДАХОН

ДАХОН

dahonДАХОН (Stoma), чавфи дахон(Cavitas oris), кисми ибтидоии системаи хозима. Дар Д. тагйироти механики ва химиявии гизо ба амал меояд.
Сурохи Д.-ро лабхои болову поин пушидаанд. Дар кисми гафси онхо мушакхои доирашакл чойгир буда, хангоми кашиш хурдани ин мушакхо сурохи дахон боз мешавад. Канорхои сурхи лабхо аз дарун ба луобпардаи чавфи Д. фаро гирифта шудааст.
Д.-и одам аз кисми пеш ё чавфи дахон иборат аст. Кисми пеши Д. аз берун бо лаб, аз пахлу бо лунч, аз дарун бо дандону шохахои аввалини чог, чавфи Д. бошад, аз боло бо ком, аз поён бо бехи забон ихота шудааст. Дар кафои Д. коми нарм чойгир аст. Канори акиби коми нарм дар мобайн барчастаги дорад, ки онро забонак меноманд. Ком Д.-ро аз чавфи бини ва халкум чудо мекунад. Аз пахлу коми нарм ба камонакхо табдил меёбад; дар байни харду камонак бодомакхо чой гирифтаанд.
Д. аз пахлу бо рухсора ихота шудааст, ки онро мушакхои жовиш, чог ва руй ташкил медиханд. Дар сатхи дохилии рухсора дар баробари дандони калони ашк аз тарафи росту чап пистонакхои хурд вокеъ гаштаанд; дар онхо мачрои гадудхои оби Д. боз мешаванд.
Каъри чавфи Д. (ё диафрагмаи Д.) аз мушакхое ташкил ёфтааст, ки дар харакатхои чоги поён иштирок мекунанд. Дар зери он забон вокеъ аст. Забон бо пардаи луоби пушида шуда, хангоми пушидани Д. ба ком чафс мегардад. Луобпардаи руи забон барчастагихои гуногун ё пистонакхоро ба вучуд меорад (дар онхо пиёзакхои зоика мавчуданд). Харакати забон дар кори жовиш ва ташаккули нутк мухим аст. Дар зери забон дар акиби дандонхои поён пистонакхо чой гирифтаанд; дар онхо мачрои зеричоги ва зеризабонии гадудхои оби дахон боз мешаванд.
Дар чавфи Д. ду катор дандонхои боло ва поён мавчуд мебошанд; одами калон 32 дандон дорад. Тамоми Д.-ро пардаи луоби пушидааст; дар шохахои алвеолавии чогхо лоначахои устухони дандонхо мавчуданд, ки милк ном доранд.
Дар луобпардаи чавфи Д. шохахои мачрои гадудхои хурду калони оби дахон боз мешаванд. Луобпардаи чавфи Д. дарду хароратро нисбат ба пуст камтар хис мекунад. Агар пардаи луобии лунч аз оби харор. 45°С андаке гарми хис кунад, пас барои пуст чунин об сузон аст. Оби харор. 33°С барои Д. сард мебошад. Кудакони хурдсол гармии нушоки ва хурокро бештар хис мекунанд. Бо бузург шудани синну сол, одам ба таоми гарм одат мекунад. Д. инчунин ретсепторхои махсус дорад, ки таъми гизоро муайян месозанд. Луобпарда чавфи Д.-ро бо узвхои дохили ва системахои организм мепайвандад.
Оби Д. моеи камишкорест, ки дар таркибаш фермент (амилаза, малтаза ва г.), намакхои гайриорганики, сафеда ва мутсин дорад. Мутсин оби Д.-ро часпак мекунад, ки дар натича фуру бурдани лукма осон мегардад. Тахти таъсири ферментхои оби Д. агиштобхои таом кисман тачзия мешаванд. Ферментхои оби Д. ба тавассути хурок то меъда расида, зери таъсири шираи меъда фаъолияти худро катъ мекунанд. Вале то даме, ки лукмаи гизо шираи меъдаро чаббида нагирад, фаъолияти ферментхои оби Д. идома меёбад.
Дандонхо хурокро бинобар харакати чоги поён бо иштироки забон, лабхо ва мушакхои жовиш майда мекунанд. Таоми жовида оби Д.-ро мечаббад ва ба лукма табдил ёфта бо харакати забон ва мушакхои балъум ба сурхруда меравад.
Дар чавфи Д. микроорганизмхои доими мавчуданд. Онхо дар шароити муътадил барои организм хавфнок нестанд. Микрофлораи доимии Д. як навъ садди биологиест, ки ба афзоиши микробхои бемориовари тасодуфан ба организм рохёфта монеъ мешаванд. Вазифаи сидоди (барйери)-и луобпарда бинобар оби Д. низ меафзояд, чунки дар он моддаи безараргардон – лизотсим мавчуд аст. Катъи назар аз ин, хангоми костани муковимати организм баъзе микробхои мукаррарии Д. боиси пайдоиши беморихои гуногун мегарданд.
Оид ба беморихои пардаи луобии чавфи Д., милкхо, дандонхо ва забон ниг. Ангина, Дандон, Кандидоз, Кариеси дандон, Пародонтит, Периодонтит, Периостит, Пулпит, Стоматит, Тонзиллит.
Санатсия (бехдошт)-и чавфи Д. аз муоличаю пломбагузории дандонхои иллати (пеши рохи вусъат ёфтани кариеси дандонхо, пулпит ва периодонтитро мегирад), кандани дандонхои харобшуда, табобати бофтахои атрофи дандонхо, бартараф кардани санги дандон ва г. иборат мебошад.
Барои бачагони синни томактаби ва мактаби (соле 2 бор), занхои хомила, коргарони корхонахои ба саломати зиёновар, беморони сил ва тарбод санатсияи чавфи Д. хатмист. Чунин тадбир барои пешгирии иллати бофтахои атрофи дандон, луобпардаи чавфи Д. ва бисёр беморихои шадиду музмини умуми ахамияти калон дорад, зеро дандонхои пусидаю кирмхурда манбаи сироят буда, ба тамоми организм таъсири бад мерасонанд.
Барои пешгирии беморихои Д. нигохубини дандонхо хеле мухим аст. Хар руз бо чутка тавассути хока ё хамира шустани дандонхо, бо махлули безарар чайкондани Д., тоза кардани сурохихои байни дандонхо ахамияти зиёд дорад. Баробари пайдо шудани нишонахои аввалини амрози дандон, ком ва забон ба духтури дандон мурочиат бояд кард.
КЛ
Расми 1. Чавфи дахон ва балъум (дар бурриш): 1 – чавфи дахон; 2 – даромадгохи дахон; 3 – рохи поёни бини; 4 – даромадгохи бини; 5 – чавфи пешони; 6 – садафаи мобайни бини; 7 – садафаи поёни бини; 8 – садафаи болои бини; 9 – чавфи устухони фонашакл; 10 – бодомаки халкум; 11 – сурохи балъумии найи сомеа; 12 – болиштаки шайпур; 13 – коми нарм; 14 – кисми дахонии балъум; 15 – бодомаки ком; 16 – гулугох; 17 – бехи забон; 18 – сарпуши гулу; 19 – чини обгираку ханчара; 20 – кисми ханчаравии балъум; 21 – тагояки ангуштаришакл; 22 – сурхруда; 23 – хекиртак; 24 – тагояки сипаршакл; 25 – устухони зери забон; 26 – мушаки чогу зери забон; 27 – мушаки манаху забон; 28 – чоги поён.
Расми 2. Чавфи дахон (намуд аз пеш): 1 – лаби боло; 2 – лачомаки лаби боло; 3 ва 12 – милки дандонхо; 4 – камони дандонхои боло; 5 – коми сахт; 6 – коми нарм; 7 – камонаки кому забон; 8 – камонаки кому балъум; 9 – бодомаки ком; 10 – сатхи рухсора, ки бурида шудааст; 11 – камони дандонхои поён; 13 – лаби поён; 14 – лачомаки лаби поён; 15 – руи забон; 16 – гулугох; 17 – забончаи ком; 18 – дарзи ком.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …