Главная / Гуногун / Чунбишхои халки дар асрхои XVII-XVIII

Чунбишхои халки дар асрхои XVII-XVIII

Дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII норозигии    оммаи халк нихоят зиёд шуд. Сабабхои асосии он зулму ситами токатшикан ва истисмори берахмона, чангхои дохили ва хамлаи давлатхои хамсоя ва факру гуруснаги буд.

Дар замонн Абдулазизхон (1645-1680) шурише дар дехаи Дахбеди Самарканд руй дод. Хон шахсан ба мукобили шуришчиён лашкар кашида онро фуру нишонд ва Дахбедро оташ зад. Баъзан акси хол хам мушохида мешуд. Яъне оммаи халки як вилоят дар атрофи яке аз тавонотарин ва обрумандтарин сарварони худ муттахид гашта, бар зидди хукумати маркази мубориза мебурд.. Яке aз чунин шахсон хокими ояндаи Уротеппа ва Хучанд Фозилбий юз буд. Дар охири асри XVII ва acpи XVIII у тавонвст ки ба халк такя намуда, хонхои Бухороро ба ташвиш андозад ва мустакилии мулкашро таъмин намояд.

muhammad-murad-samarkandi-battle-_-shah-name-_-1556-300x161

Яке аз вилоятхои саркаш Хисор буд. Мисоли равшани муборизаи халки ин диёр вокеахои соли 1703 мебошад. Дар ин сол кисми калонтарин ва зафармандонае дар мулки Хисор руй дод. Сабабхои он чанги байни ду феодал гардид. Лашкари Бухоро бо сардории Мухаммадрахимбий юз ба мукобили Уткан ном хокими яке аз калъахои вилояти Хисор чанг cap кард. Вале лашкари Бухоро музаффарият ба даст наоварда, акибнишини намуд. Аз низоъхои хунини байни феодалон ба танг омада, ахолии Хисор ба даст сангу калтак гирифт. Шуришчиён аз хони Бухоро талаб намуданд, ки онхоро химоят намояд, Кисми халки чабрдида имконият дод, ки мулки Хисор такрибан дар давоми 50 сол хамчун мулки мустакил арзи вучуд намояд.

Бар зидди Убайдуллохон дар Шеробод низ харакати халки чой дошт.

Соли 1708, дар вакти эълони ислохоти пул, халки Бухоро бар зидди Убайдуллохон шуриш бардошт. Дукону бозорхо баста шуданд, кори савдо катъ гардид. Дар бозор чизе ёфт намешуд. Ин боиси ба шуриши ошкоро бархостани мардуми факиру бенаво гардид. Вале шуриши халки берахмона пахш карда шуд. Чанд касро ба дор кашиданд. Ислохоти пул комилан чори гардид. Вале ин шуриши халки чашми хукуматдоронро хеле тарсонда буд.

Дар холати ногувор, хавфи ишголи шахру вилоятхо аз тарафи сардорони кабилахо ва хокимони хамсоя, оммаи халк аксар вакт хукумати марказиро тарафдори менамуд, чунки чангу низохои дохилии феодали ахолии хам шахр ва хам дехотро хонахароб месохт. Масалан, як гурух феодалони кабилаи кенагас соли 1714 хостанд дар Бухоро табадуллоти дарбори гузаронанд ва ба арки хон дохил шаванд. Вале ин навбат халк ба химояи хукумат бархоста, дар шахр сангархо сохт. Факат тавассути кумаки мардум ба хон муяссар гардид, ки душманашро саркуб созад.

Ба гайр аз шуришхои номбурда боз дар соли 1713 дар Самарканд, соли 1719 дар Балх, соли 1747 дар Тошканд ва чойхои дигар шуришу ошубхои халки ба вукуъ омаданд. Ин баёнгари он аст, ки халк, чи точику чи узбек аз сохту шароити мавчудаи феодали ба дод омада, бахри химояи хукуку манфиатхои худ бар зидди хукумат ба муборизаи ошкоро бармехост.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …