Моддаи 178-и Кодекси Мехнат. Чуброн барои корхои дорои хусусияти харакаткунанда ва сайёр
- Барои кормандоне, ки ба сохтмон, истехсоли барк, коркард ва истехсоли нафту газ, алока, хочагии чангалу об, наклиёти автомобили ва рохи охан, корхои кофтукови, иктишофи геологи, топографию геодези, экспедитсияхои илми, инчунин хамлу накли нафту газ, корхои доими дар рох, кор берун аз чойи истикомати доими ва дигар корхои дорои хусусияти сайёр ва вахтави машгул мебошанд, иловапули дода мешавад.
- Шароит, тартиб ва андозаи пардохти иловапулиро аз руи корхое, ки дар кисми 1 моддаи мазкур пешбини шудаанд, Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.