Главная / Гуногун / Чингиз АЙТМАТОВ: ПОРААБРИ САФЕДИ ЧИНГИЗХОН

Чингиз АЙТМАТОВ: ПОРААБРИ САФЕДИ ЧИНГИЗХОН

Китоби ПОРААБРИ САФЕДИ ЧИНГИЗХОН

Тарчумаи Низом КОСИМ

E-mail: nizom_kosim@mail.ru

Ба хонанда киссае аз роман манзур мешавад. Чист ин – жанри нав оё? Табиист, ки чунин жанр вучуд надорад. Вале, агар ба назар бигирем, ки дар зиндаги рухдоди ягон чиз аз имкон дур нест, киссае аз романи «Рузе хаст дарозтар аз карн» мавриди назар аст, ки дар мачаллаи «Новый мир» чоп шуда буд. Аз тафсилоти он ки чаро дар он даврони хукмравоии идеологи, ки сензорхои хамабин ва  «фикрхои боло» такдири асарро ба таври маъмури хал мекарданд, нахусткаринаи роман бе ин пора нашр шуд, худдори мекунам. Бисёр мешуд, ки ба хотири мачмуан «гузаштан»-и китоб аз баъзе порахо сарфи назар кардан лозим меомад, то ки, образнок бигуем, киштии дар он туфони шадид чониби сохилхои хонандагон равон аз хад зиёд гаронбор нашавад.

chingizxon

«Суруди носурударо то охир сурудан» на хамеша муяссар мегардад. Вале ин дафъа чунин имконият даст дод. Ва ман …  ин пораи романи кухнаи «нав»-амро манзур мекунам. Бояд бигуям, ки дар кисса яке аз ривоятхои шифохии бодиянишинон оид ба Чингизхон, устурае, ки ба вокеияти таърих кам нисбат дорад, вале аз хотираи мардум зиёд шаходат медихад, корбаст шудааст.

Каторахо дар ин бару бум аз гарб ба шарк мерафтанду аз шарк ба гарб…

Дар он шабхои буронии бахманмох, хини убури тумани сафеди паррон, ки бодхо аз хамвории сарди Сарой бармехезонданд, каторабонхоро чидду чахди зиёд лозим буд, то миёни барфтудахои дашти бекарон нимистгохи Бурониро ташхис бикунанд. Каторахои нимишабии гирдбодолуд дар он тираги, чун дар хобхои ноорому пуризтироб, меомаданду мерафтанд…

Дар чунин шабхо дунё гуё аз бесомонии азалии хеш бори дигар тавлид мешуд  –  дашти Сарой, дар банди сардии нафаси хеш, укёнуси пургубореро мемонд, ки дар задухурди пуразоби нуру зулмот пайдо шудааст…

Ва дар он фазои бехудуди биёбон хар шаб то сахар равзанаке дар нимистгох рушани мекард; гуё он чо, пушти он тиреза, касе бахасрат чон меканд, гуё он чо касе сахт бемор буду чои шиштан намеёфт ё аз бехобии мудхише азоб мекашид. Он тирезаи кулбаяки назди нимистгох буд, ки хонадони Абутолиб Куттибоев мезист. Зану бачахояш, то сахар чарогро хомуш накарда, рохи уро мепоиданд, Зарифа шаби дароз чандин бор пилтаи чарог тоза мекард. Ва хар бор, дар рушноии хар шуълаи нав, нигохи у беихтиёр дар руи кудакони масти хобаш карор мегирифт – ду писари сарсиёхакаш, чун ду баррача, ором мехуфтанд. Тахи як куртаи тахпуш баданаш ба ларза медаромад ва у, дастонашро ба сари сина фишурдаву дар худ халка зада, ба дахшат меафтод, ба бачахакхош нигариста, метарсид, ки падарашонро хоб мебинанд, дар хоб бо тамоми кувват суяш  медаванд, дастаконашонро бол карда, гириставу хандида, бахсмабахс метозанд, вале хеч ба у намерасанд…

Дар бедориашон онхо аз хар катораи рохгузаре, ки акаллан ним дакика дар истгохашон меистод, фуромадани падарро мунтазир мешуданд. Хануз катора наистода, бачаякон назди тиреза калла мекашиданду тайёр буданд аз дилу чон ба истикболаш битозанд. Вале падарашон намеомад, рузхо мегузаштанду аз у дараке набуд, гуё тахи тармаи баногах кандаи кух монда буду касе намедонист ин ходиса бо у дар кучо ва кай рух додааст…

Ва боз як тиреза, тирезаи панчараи оханидоре дар гушаи дигари дунё, дар нимтаххонаи махбаси тафтишотии Алмаато низ он шабхо то сахар рушан буд. Расо як мох инчониб Абутолиб Куттибоев аз нури чароги пуриктидори барки, ки дар сакфи махбас фурузон буд, ранч мекашид. Дуои баде буд, ки гирифташ. Намедонист сарашро ба кучо бизанад, чашмони ранчургаштаву сари сахташро аз нури сузону буррони барк чи гуна химоят бикунад, то акаллан як лахза худро фаромуш бисозаду аз ёд бубарад, ки барои чи ин чост ва аз у чи мехоханд. Шабхо, хамин ки куртаашро ба сар кашида, ру суи девор мекард, хамоно нозири махбас баркосо ба камера медаромаду уро, аз кати чуби поён афканда, зери лагад мегирифт: «Руятро суи девор накун, палид! Саратро напушон, власовчии мурдор!» Ва харчанд доду фарёд мекард, ки власовчи нест у, ононро ба ин коре набуд.

Ва боз, ру ба нури беамони барк оварда, як каме чашмони бехолшудаю варамидаашро нимпуш карда, аз дилу чон дар орзуи торикистон, дар хаваси дунёи тип-торики бенуре мешуд; гур хам бошад, майлаш, гуре, ки дар он чашмону майна аз мавчудият бозмемонанд ва он гох ягон нозиру ягон муфаттиш имкон надорад гирифтори ин азоби токатфарсо – рушноии мудхишу бехобию латукубхояш бикунад.

Нозирон банавбат иваз мешуданд, вале яке аз дигаре батар буд – ягон нафараш заррае рахм надошт, ягонтааш ру суи девор гардондани махбусро нодида вонамуд карда наметавонист, баръакс, хамаашон, гуё хаминро интизор буданд, ки дархол бо хашму хакорат ба латукуб мепардохтанд. Абутолиб Куттибоев, бо вучуди он ки мохияту вазифаи нозири махбасро медонист, баъзан навмедона аз худ мепурсид: «Барои чи ин хеланд онхо? Ба зохир одаманд-ку! Чи гуна чунин золим шудан мумкин бошад? Охир, ман ба ягонтаашон бади накардаам. То хол онхо маро намедонистанду ман – онхоро, вале чунон мезананду тахкир мекунанд, ки гуё касди азали дошта бошанд. Барои чи? Аз кучо пайдо мешаванд чунин одамон? Чи хел ин гуна бешафкату золим мешаванд? Барои чи маро ин кадар азоб медиханд? Чи хел токат кунам, ки девона нашавам ё сарамро ба девор зада майда накунам?! Илочи дигар нест, охир».

Боре у дигар токат накард. Гуё дар вучудаш барки сузон шуълавар шуд. Худаш бехабар монд, ки ба нозири чаббор дарафтодааст. Харду, гарми афтударафт, хеле руи фарш гел заданд. «Дар чанг дучорам мешуди-ку, саги девона барин мепаррондамат!» – бо овози гирифта мегуфт Абутолиб, гиребони гимнастёркаи нозирро карсас даррондаву гулуяшро бо ангуштони карахти хеш фишурда. Агар ду нозир аз долон расида намеомаданд, маълум набуд, ки он гирудор бо чи меанчомид.

Абутолиб танхо рузи дигар ба худ омад. Нахустин чизе, ки зимни торикиву дарди чонкох дид, хамон чароги фурузони сакф буд. Баъд фелдшерро дид, ки дар болои сараш чунбучул дошт.

– Хоб кун, хоб кун, акнун аник аз сафари он дунё баргашти, – охиста гуфт у, пахтаи тарбандиро ба пешонии мачрухаш монда, – Минбаъд ин хел ахмаки ахмак нашав. Хак доштанд барои хучум  ба посбон дар чоят бипарронанд, саг барин мемурдиву касе хам сурогат намекард. Шукри Тансикбоев кун, ки ба у часадат не, худат даркори. Фахмиди?

Абутолиб бехудона хомуш буд. Ба у дигар фарке надошт, ки чи рух медихаду кисматаш чи хел сурат мегирад. Эхсоси дард дер гох вучудашро тарк карда буд.

Хамон рузхо, ки гох-гох аклаш тира мешуд, беэхсосиву ниммадхуши начоташ дод. Дар чунин лахзахо Абутолиб мекушид аз нури дидасуз нагурезаду пинхон нашавад, балки ба истикболи анвори берахму чаббор, ки аклашро мерабуд, майл мекард ва чунин менамудаш, ки ба сарчашмаи дарду азобхо расидаву аз худ гузашта, дар осмон пар мезанад, то кудрати бефосилаи рушноии дидасузро бартараф бисозаду ба адам бипайвандад.

Вале дар чунин лахзахо хам дар хушу ёди афгораш риштаяки восили хасрату хавотирии дилфишору карини хонадону фарзандон уро бо рузгоре, ки даргузашта буд, мепайваст.

Банди хасрати токатнопазири онхо, ки дар Сарой монда буданд, Абутолиб мекушид худро худ махкум бикунад, гунохи хешро дарёбад, чахд мекард чавоб бидихад, ки барои чи у бояд мучиби чазо бошад. Ва посух намеёфт. Ба чуз асорат, асорати немисхо, ки дар катори хазорон мухосирашудагони дигар вай низ махкумаш гардида буд. Вале барои ин чи кадар метавон чазо дод? Чанг кайхо хотима ёфта, чурмхо низ – бо нархи хуну машаккати лагерхо – чуброн шудаанд, хамаи онхоеро, ки дар он чанг буданд, кайхо як по ба лаби гур расидааст, вале хокими мутлак хамоно касд мегираду хеч таскин намеёбад.

Вагарна, ин хама чи маъни дорад? Дар чавоби хеш дармонда, Абутолиб дар дил орзуе мепарварид, ки имруз-пагох  сахви бо у рафта маълум мешавад, он гох у, Абутолиб Куттибоев, омода аст хама ранчу озорро бубахшад, зудтар озодаш кунанду ба хона фиристанд, шуд; ва у хамоно он чониб, назди фарзандону оилаи хеш, ба Сарой, ба нимистгохи Бурони, ки бачахояш Эрмаку Довул ва занаш Зарифа чашм ба роханд, мешитобад; балки не, бол бароварда, парвоз мекунад; чониби Зарифа пар мекушояд, ки дар он дашти кахратун фарзандонро, чун мург чучаяконашро, зери бол гирифтаву бо ашки сузон ва таваллои бепоён мекушад кисматро мутаассиру муътакиду нармдил бисозад, рузу шаб руи рахми худоро мехохад, ки шавхараш рахо биёбад…

Барои он ки баногах фарёд назанаду девона нашавад, Абутолиб, ба умеди дарёфти осоиши фиребо, боз гарки орзу гардид – рушан тасаввур кард, ки чи хел у, бино бар бегунохи, сафед шуда, ногахон хонааш меравад; чи хел аз помонаки катораи боркаш, ки то он диёрхояш бурдааст, парида, суи хонааш мешитобаду зану бачахош ба истикболаш метозанд… Вале лахзахои хаёл мегузаштанду у, чун аз сархуши, боз ба дунёи вокеъ баргашта, аз нав банди навмеди мешуд ва хамоно аз дилаш мегузашт, ки  «Катл дар Сарой»,  он киссае, ки у руи когаз оварда буд, он андуху азоби модару падари махкуми катл ва видояшон бо навзоди хеш ким-чии човидонаеро дорост, ки акнун ба у хам дахл дорад. У хам куштаи хачру чудоист… Охир, чуз марг дигар хеч чизу хеч кас хак надорад волидонро аз фарзандон чудо бикунад…

Дар чунин лахзаи талх Абутолиб хомушона мегиристу пеши худ шармида, намедонист сиришкашро, ки дар як дам рухсорахояшро тар мекард, чи хел боздорад. Охир, хатто дар чанг чунин азоб накашида буд у, чунки он вакт як сари коки худаш буду халос ва акнун торафт бештару бештар бовар хосил мекард, ки бузургтарин маънии зиндаги дар зухуроти аз назари аввал мукаррари – фарзандон нихон аст ва, дар хар холати мушаххас хар касе бахти худро дорост – бахти фарзанддори ва низ хар касе фочиаи худро дорад – фочиаи мабодо бе онхо мондан… Акнун у ба он чиз хам бовар мекард, ки зиндаги, кабл аз бохтани он, хангоме ки дар охирин соат, зери нури вопасину дилгири кабл аз рафтани ногузир ба зулмот, чамъбасти натоич фаро мерасад, чи кимате дорад. Фарзандонанд натичаи асосии зиндаги.

Шояд табиат махсус чунин аст, ки волидон хаёташонро сарфи парвариши идомаи хеш мекунанд. Ва волидро аз мавлудаш рабудан маънои аз имкони ичрои мохияти азалиаш махрум кардани у, зиндагиашро бехудаву бебор намудан аст. Душвор буд дар чунин лахзахои бедории фикр навмед нашудан; Абутолиб, мутаассирона сахнаи дидорро кариб пеши назар тасаввур карда, хамзамон имконнопазирии вукуи умедашро дарк менамуду курбонии беилочи мешуд. Хузну хасрат руз ба руз амиктар дилашро фаро мегирифту иродаашро сусттару сусттар мекард. Навмедиаш, чун барфе, ки дар печухамхои кух чамъ мешавад–чамъ мешаваду дар намуди тарма баногах фуру мегалтад, торафт меафзуд…

Махз хамин даркор буд ба муфаттиши вазорати бехатарии давлат Тансикбоев; махз хаминро ноил шудан мехост у, парвандаи бо розигии сардорони воломакоми хеш маккорона бофтаашро оид ба алокаи асири собики харби Абутолиб Куттибоев бо хадомоти махсуси англису югослави ва амалиёти вайронкории гояви миёни мардуми тахчои нохияхои дурдасти Казокистон гозу пардоз дода. Хамин хел буд маънидоди умуми. Кори тафтишот оид ба анику мушаххас намудани баъзе нуктахо идома дошт, куллан эътироф кардани Абутолиб Куттибоев чинояти хешро дар пеш буд, вале, аз хама мухимаш, аллакай дар худи маънидоди чинояти фавкулъода мухимми сиёси, ки аз хушёриву кордонии мустаснои Тансикбоев шаходат медод, баён шуда буд. Ва агар барои Тансикбоев ин парванда барори бемисли зиндаги бошад, Абутолиб Куттибоевро домеву халкаи махкумие буд, зеро натичаи чунин маънидоди мудхиш факат пурра ба гардан гирифтани чиноят ва кашидани чазои он мешуду бас. Натичаи дигаре имкон надошт. Дар чунин мавридхо худи гунохборкуни далели бебахси чиноят буд.

Бино бар ин, Тансикбоев метавонист гами анчоми хуби корашро нахурад. Он зимистон окибат  бахти у хандид. Барои чурмаке дар хидмат чандин сол буд, ки аз рутбаи майор боло намерафт. Акнун – рох кушода. Дар ин мавзеи дурдаст ба парвандаи Абутолиб Куттибоев монанд чизеро начандон базуди дарёфтан мумкин буд. Худо бидихад, намегуяд бачаи кии…

Оре, метавон гуфт, ки дар он рузхои бахманмохи соли 1953 таърих ба Тансикбоев лутф кард; гуё таърихи кишвар барои хамин хам вучуд дошт, ки мутеона ба манфиати у хидмат бикунад. У, бештар бо фаросат, ин лутфи таърихро, ки ахамияти аввалиндарачаи хидматашро руз ба руз меафзуд ва бо хамин эътиборашро назди худаш торафт баландтар мекард, эхсос менамуду кабат-кабат гушт мегирифт ва болидарух мешуд. Баъзан, ба оина назар карда, ба хайрат меомад – чашмони шункории тезнигохаш дер боз чунин чавонона намедурахшиданд. Ва у, китфонашро рост кардаву сари сина дамонда, каноатмандона зери лаб ба забони тозаи руси замзама менамуд: «Мы рождены, чтоб сказку сделать былью…» Занаш, ки шарики умедхои у буд, низ рухбаландона мегуфт: «Боке не, ба кариби мо хам хакамонро мегирем». Хатто писараш, ки дар синфхои боло мехонду комсомоли фаъол буд, харчанд ки гоху ногох гапношунави мекард, чун сухан аз орзуи деринааш мерафт, муассир мепурсид: «Дада, кай бо подполковники табрик мекунем?» Ин хама сабабхои мушаххасе дошт, ки бевосита ба Танкисбоев вобаста набуд, вале, бо вучуди ин…

Гап дар ин ки ба наздики, ягон ним сол пештар, дар Алмаато махкамаи пушида доир шуд: трибунали харби гурухи миллатгароёни буржуазии казокро суд кард. Он душманони ахли захмат берахмона ва абади решакан карда шуданд. Ду нафар, барои ба казоки навиштани осори илмиашон, ки гузаштаи манфури патриархали-феодалиро бар зарари вокеияти нав арч медод, махкуми чазои оли – паррондан, ду ходими илмии пажухишгохи забону адабиёти Фархангистони улум биступанчсоли бадарга шуданд… Дигарон дахсоли гирифтанд… Вале мохияти кор он буд, ки вобастаи суд аз марказ барои ходимони махсуси дар ифшову берахмона решакан кардани миллатгароёни буржуази мустакиман иштирокдошта мукофотхои давлати катор шуд. Рост, ки мукофотхо низ махфи буданд, вале ин эътиборашонро заррае кам намекард. Пеш аз мухлат додани унвонхои навбати, ордену медалхо, мукофотхои калони пули барои ичрои намунавии супоришот, ташаккурнома ва дигар нишонахои диккату эътибор зиндагиро беш аз будаш зеб доданд. Ба пешсафони маърака додани хонахои нав низ айни муддао буд. Ин хама дасту дилро бакувват, овозро баландтар, так-таки пошнаро дилпуронатар мекард.

Танкисбоев дар гурухи унвону мукофотгирифтагон  набуд, вале дар тантанахои хамкасбон фаъолона иштирок менамуд. Кариб хар бегохи уву занаш Ойкумис ба «шустан»-и навбатии унвону орден ва ё бурёкубон мерафтанд. Силсилаи тантанахои идона, ки хануз дар арафаи Соли нав шуруъ шуд, бисёр зебову хотирнишин буд. Мехмонон, ки дар кучахои сарду торики Алмаато хунук 0хурда меомаданд, аз остона ба гармии истикболи сохибони хушрузи хонахои нав сарафроз мешуданд. Чи кадар дурахшу зиндадилию ифтихор мерехт аз рую чашмоне, ки дар остона мехмононро пешвоз мегирифтанд! Дар хакикат, он хама тантанаи хосон буд, ки бори дигар маззаи бахтро мечашиданд. Дар он замон, ки хануз кахтиву гушнагии солхои чанг аз ёдхо нарафта буд, осудахолии наву одатинашуда дар гушахои дури кишвар махсусан бо тантанаю каноатманди истикбол мешуд. Дар ин музофотхо конякхои кимати хушнавъ, зарфу кандилхои ганимати немиси фуру мерехт, руи мизхо, ки бо дастархонхои сап-сафед пушида буданд, мачмуъзарфхои боз хам ганимати немиси медурахшиданд ва хамаи ин касро мафтун мекарду ба рухияи болидае моил месохт, ки гуё маънии азалии дунё хамин асту дар хама олам чуз хамин дигар чизи лоики таваччухе буда хам наметавонад.

Хануз аз долон буи хуши матбах ба димог мезад; дар он чо, гайри дигар хурданихо, хатман шохи таомхо – бешбармок – хуроки бобои мепухтанд, ки мероси зиндагии кучманчиёна буду дар ин чордеворихои нав хам буи хуши кухистон мепароканд. Ва хозирон, маззаи шомонаи сарчамъонаро тасаввур карда, бо тамкину викори мехмон менишастанд. Вале мохияти зиёфат натанхо ва на чандоне дар таом буд, зеро, одам, ки сер шуд, ботинан аз фаровонии хурданихои пешаш азоб мекашад; балки маънии ин хама нишастхо дар гуфторхои мутантан – табрикоту орзухои нек ифода меёфт. Ин маросим ким-чизи хамеша ширинеро дар худ нихон медошт ва ин хиси ширин хама он эхсосеро, ки дар дил нихон буд, ба худ мекашиду дар хеш хал мекард. Хатто хасад муваккатан гуё ба илтифот табдил меёфту рашк – ба рафокат, дуруяги лахзае ба самимият мубаддал мегашт. Ва хар яке аз хозирон ба тарзи ачибе таърифбоб мешуду то тавонистан бааклонатар ва мухимаш – зебо нутк мекард ва беихтиёр ба мусобикаи эълоннашудае бо дигарон мепардохт. Ачаб сахнахои фаттоне буданд он нишастхо! Чи нушбодхои оличанобе, чун мургони хушпарубол, суи сакфи кандилдор пар мекушоданд, чи нуткхои зебое, хозиронро гирифтори оханги мутантани хеш намуда, чори мешуданд.

Тансикбоеву занашро хоса нушбоди як подполковники наврутбаи казок, ки ботантана аз паси миз бархоста, чунон муассиру бовикор суханрони намуд, ки гуё хунарпешаи театри дром буду накши шохи маснаднишинеро меофарид, мафтун кард.

– Дустони азиз, – шуруъ намуд подполковник, хозиронро бо нигохи махмуру бовикори хеш аз назар гузарондаву бо ин зарурати таваччухи пурраву батамом чиддии ононро зикр намуда. – Худатон мефахмед, ки имруз дили ман бахри саршор аст. Мефахмед! Ва ман сухан кардан мехохам. Ин лахза соати бахти ман аст ва ман гапамро мегуям. Мегуям, ки ман хамеша дахри будам. Комсомол тарбияам кардааст. Ман болшевики матинам. Мефахмед! Ва бо ин бисёр мефахрам. Барои ман худо вучуд надорад. Набудани худо ба хама, ба хар як мактаббачаи совети маълум. Вале ман чизи дигар гуфтан мехохам, мефахмед… гуфтан мехохам, ки худо хаст дар дунё! Мефахмед… Ман худоеро дар назар надорам, ки истисморгарони оммахои мехнаткаш пеш аз инкилоб бофта баровардаанд. Худои мо сохибхукуматест, ки аз кудраташ, чунон ки газетахо менависанд, дар сайёра давраи нав сар мешавад ва мо, галаба то галаба, ба суи тантанаи чахонии коммунизм меравем; он шахс дохии беназири мост, ки лачоми даврон дар дасташ аст, чунон ки сорбон инони нахустуштури корвонро ба даст дорад; он шахс Иосиф Виссарионовичи мост! Ва мо аз паи у меравем, у корвонро рахнамои  мекунаду мо якдилона аз паси у рох мебарем. Ва хар касе, ки дигар хел фикр мекунад ё дар сар андешахои бегона дорад, аз шамшери сазобахши чекисти, ки Дзержинскийи оханинирода ба мо ёдгор гузоштааст, амон намеёбад. Мефахмед… Мо ба душманон муборизаи беамон эълон кардаем. Авлоди онхо, оилахои онхо ва хар гуна унсурхои хайрхохи онхо, ба хотири кори пролетари, чунон ки баргхои хазонро тирамох туда-туда месузанд, несту нобуд карда мешаванд. Мефахмед… Барои он ки идеология факат яктост, идеологияи дигар нест! Бино бар ин, мову шумо руи заминро аз душманони идеологи – миллатчиёни буржуази ва гайраву хоказо… мефахмед… тоза мекунем, ба душман, дар кучое, ки пинхон нашавад, никоби касеро, ки ба ру накашад, ягон рахму шафкат нест. Дар хама чо душмани синфиро фош кардану чосусони душманро руи об баровардан… мефахмед… чи хеле ки рафик Сталин таълим медихад, душманро куфтану рухи оммахои мехнаткашро мустахкам намудан! – ана, хамин аст шиори мо. Имруз, ки маро кадрдони карданду фармони пеш аз мухлат додани унвони навро хонданд, савганд ёд мекунам, ки бемайлон бо рохи сталини меравам… мефахмед… душманро кофтаву ёфта, ниятхои чинояткоронаашро фош месозам ва у, барои он ниятхои ифлос, чазои сахту сазовор мегирад. Мефахмед… мо миллатчиёни асосиро безарар карда бошем хам, институту редаксияхо пури хайрхохонашон аст. Вале онхо хам аз мо халоси надоранд ва мо ба онхо ягон зарра рахму шафкат намекунем. Боре, дар як пурсучу, як миллатчи… мефахмед… ба ман мегуяд, ки хохед-нахохед, таърихи шумо рахгум мезанад ва худатон, чун иблис, ба нафрат гирифтор мешавед. Мефахмед?!

– Ин хелашро дар чояш паррондан лозим буд! – Токат накард Тансикбоев ва хатто бо хашм нимхез шуд.

– Дуруст, майор, ман низ хамин хел мекардам, – дастгири намуд уро подполковник, – вале вай хануз барои тафтишот даркор буд ва ман ба у гуфтам… мефахмед… ба у гуфтам, ки то мо рахгум мезанем, нишони ту, палид, дар ин дунё намемонад! Саг мечакаду корвони сталини меравад…

Хама якбора, мазаммати сазовори он миллатчии ношудро маъкул дарёфта, шодона хандиданду чак-чак заданд, хама, чомхои саршор дар даст, якбора бархостанд. «Барои Сталин!» – нафас берун карданд хама якбора, то охир нушиданд ва гуё бо хамин хакконияти нушбод ва садокати хешро ба он тасдик мекарда бошанд, чомхои холиро ба хамдигар нишон доданд.

Баъдан дар идомаи он фикр бисёр суханон гуфта шуд. Ва он суханон, худ ба худ пайдову афзун шуда, то дер болои сари хозирон давр мезаданд. Он суханон, чун оилаи бакахромадаи занбурхои вахши, ки аз афзуниву захрогинии худ бештар хашми мешаванд, газаби нихониеро дар хеш чамъ меоварданд.

Дар вучуди Танкисбоев амвочи печоне тугён менамуд, уро фикрхои худаш бекарор медоштанд ва ин хама катъияташро меафзуд. На аз он боис, ки чунин гуфторхоро нав мешунид, баръакс, кулли хаёти уву хамхидматони бешумораш мисли хаёти мардуми гирду атрофашон руз ба руз махз дар хамин мухити шурондани бардавому муборизаи беамоне мегузашт, ки синфиаш мехонданду бино бар ин, комилан хаккони шумурда мешуд. Вале рози нихоне буд ин чо. Барои авчи мубориза мавриду чараёнхои нави ошкоркунихо лозим буд; азбаски бисёр чихатхои ин кор аллакай амали ва тамоми воситахо, то ба зуран фиристодани халкхои алохида ба бадаргахои марговари Сибиру Осиёи Миёна, тачриба шуда буд, ба тарзи кухна айбхои бозоргири бару бумхои милли – миллатгароии буржуази-феодалиро корбаст карда, куллан муваффак шудан торафт душвор мегардид. Одамон дар тачрибаи талхи хеш дида буданд, ки хабаркашии андаке оид ба шубханокии идеологии ин ё он шахс боиси чазои бетаъхири уву наздиконаш мешуд, бино бар ин, дигар ба хатохои марговар рох намедоданд, чизе намегуфтанду наменавиштанд, ки чун зухуроти миллатчиги тафсираш кардан мумкин бошад. Баръакс, бисёрихо аз хад зиёд, ба дарачае эхтиёткору бамулохиза шуда буданд, ки ба овози баланд кулли арзишхои милли, хатто забони модариашонро рад мекарданд. Чи хел даст мегири шахсеро, ки дар хар кадам махз бо забони Ленин сухан гуфтану фикр ронданашро зикр мекунад…

Махз дар хамин замони камвокеаву барои авчи мубориза бахри ошкор кардани душманони нави нихони мушкил, тасодуф хам бошад, бахти майор Тансикбоев хандид. Ариза аз болои Абутолиб Куттибоевро ба дасти у аслан чун маводи мохиятан дуюмдарача, на ба максади огози тафтиши чидди, балки бештар барои шиносои дода буданд. Вале Тансикбоев фурсати мувофики умрашро аз даст надод. Ва фаросаташ уро нафиребид. Тансикбоев, танбали накарда, барои тафтиш ба чои вокеа рафт ва акнун торафт бештар бовар хосил мекард, ки ин парвандаи дар нигохи аввал назарногир, агар хуб тахлилу тафсир бишавад, вазни зарур хохад дарёфт. Ва, аз афташ, кор агар табъи дил биравад, у хам аз мукофотхои боло бенасиб намемонад. Магар у хамин холо, паси ана хамин миз, шохиди чунин тантана нест, магар у намедонад, ки чунин корхо чи хел сурат мегиранд? Магар хуш нест у бо ин шиносони хубаш, ки аз дилу чон ба Худо-Хокимият содиканду дар сояи лутфаш руи мизу сакфашон пурбулур аст ва худ кайфу сафо доранд? Вале ба Худо–Хокимият танхо бо як рох – тавассути хидмати ифлосу собиткадамона бахри дарёфту ифшои душманони никобпуш метавон даррасид.

Ва аз душманон бодиккатонатар онхоеро назорат кардан даркор, ки дар асорат буданд. Онхо худ аллакай чинояткори тайёранд, чунки як тир ба пешонии худ назаданд;  ухдадор буданд онхо бимиранду асир наафтанд ва бо хамин садокати тамомашонро ба Худо-Хокимият, ки мурдану асир нашудан талаби бечунучарояш буд, собит бисозанд. Ва касе, ки асир шуд, чинояткор асту чазои ногузираш барои ин хушдори умрбодест тамоми наслхоро. Чунин аст таълимоти дохи – Худо-Хокимият. Куттибоев, ки зери дасти уст, ана аз чумлаи хамин собик асирони харбист ва, мухиммаш, дар парвандаи у як риштаи зарури, бисёр як чузъи дархурди замон хаст – агар эътирофи Куттибоевро дар ин хусус, бигзор каме хам бошад, ноил шудан даст дихад, чун калиди парвандаи калон ба кор меояд. Он барои ифшои накшахои аз азал хоинонаи ревизионистии дастаи Тито-Ранкович, ки бе маслихати Сталин ба рохи хоси пешрафти Югославия даъво доранд, хидмат хохад кард. Бубин-а, чи хостаанд! Чанг нав тамом шудаасту ишон – аллакай чудо шудани. Насибатон намекунад! Сталин ин максадро ба хокистар мубаддал месозаду ба бод медихад. Зимнан, барчо мебуд, агар бори дигар, бо далели андаке хам бошад, исбот бишавад, ки идеяхои хоинонаи ревизионисти дар Югославия бисёр барвакт, хануз солхои чанг дар байни командирхои партизанхо тавлид шудаанд ва ин хама зери таъсири бевоситаи хадамоти махсуси англис сурат гирифтааст. Дар ёддоштхои Абутолиб Куттибоев лахзае хаст, ки партизанхои югослави бо англисхо вомехуранд, яъне, мачбураш кардан мумкин, ки чизи барои имруз зарурро икрор бикунад. Хамин хел ки хаст, бо чи рохе бошад, икрорашро ноил шудан даркор. Сарро ба девор задан хам лозим ояд, ин каламфарсои саройиро мачбур бояд кард, ки чизи заруриро бигуяд. Дар сиёсат хама чизе, ки ба рафти об аст, кор меояд. Майдатарин далел метавонад охирин санге бошад, ки душманро дар гирудори мафкурави аз по меафтонад. Бино бар ин, вазифаи ба даст овардани он санг ва ё, бигзор, сангчахо ва, рамзи бошад хам, бо дасти худ, аз дилу чон ба дасти Худо-Хокимият додани он сангчаи изофа ба миён меояд, то худаш хам назанад, каси даркориро бифармояд, ки бо он  думравони ревизионистони манфур Тито ва хамтабакаш Ранковичро бикубад. Агар даркор нашавад, мегуянд, ки аз хад майда аст, лекин чидду чахдро ба назар мегиранд… Он гох мебини, ки ахли ин нишаст мехмони у шудаанду он муносибати оличанобро кайд доранд. Охир, маънии зиндаги хушбахтист, муваффакият бошад, огози бахт аст.

Дар хамин бора меандешид он шаби мехмони Тансикбоеви шункорчашм ва, пушти миз нишаставу хар замон миёни сухбат лукмахо партофта, мисли шиновари дарёи пуртугён, он лахза дар гирдоби хирсу рагбати хеш шино мекард. Ва танхо занаш Ойкумис, ки шавхарашро хуб медонист, пай бурд, ки бо у ким-чи рух додааст ва, чун даррандаи хашми, ки нимашаб ба шикор баромадаву буи сайдро гирифтааст, ба кадом як икдоме тайёри мебинад. Занак инро дар чашмони у, ки нигохи устувори шункоронаашон гох сард мешуду гох бо дуди эхтирос пушида, диду пичиррос зад: «Хамрохи хама мехезему рост хона меравем». Тансикбоев бо дили нохохам сар чунбонд. Дар пеши мардум эътироз накард, харчанд ки лозим буд. Дар майнааш накшаи наву васеътари амалиёт такмил меёфт. Охир, хамрохи Куттибоев боз бисёр касон дар хайати партизанхои югослави буданд, харчанд ки имруз аз мушхонахояшон намебароянд, мантикан онхо низ баъзе чизхоро медонанду ба хотир оварда метавонанд. Куттибоевро мачбур кардан душвор нест, ки фаъолтаринхояшонро бигуяд. Маводи заруриро омухтан даркор, худи пагох дархост бояд дод. Ва ё шахсан харчи зудтар ба марказ бояд рафт. Кофтаву ёфта, Куттибоевро мачбур намудан лозим, ки нуктахои даркориро тасдик кунад.  Дар асоси шаходати у, асирони собики харбиро, ки дар Югославия чангидаанд, гунахкор намуда, барои хангоми тафтиши комиссияи бозгардонданашон ба Иттифоки Совети хабар надодану пинхон кардани ниятхои хоинонаи ревизионистхои югослави ба чавобгари кашидан лозим. Ин навъ одамон шояд хазорон нафар бошанд, мебояд ин фикрро – зудтар ва бехтараш дар шакли хатчаи махфи – ба боло расонд; хамаи онхоро аз осиёби пурсишхо гузаронида, ба лагерхо хай кардану ба ин кор хотима гузоштан даркор…

Ин фикр, ки дар сари  мизи пур аз анвои хурданию нушидани аз дилаш гузашт, Тансикбоев рухбаланди эхсос кард, аз рохату эхсоси каблии гардиши наве дар зиндагиаш боз нушидану хурдану сурудану бо хамнишинхо шухи намуданаш омад. Вай хамнишинхоро бо нигохи чашмони пурасрор дурахшонаш аз назар гузаронд; хама хозирон худи, азизу карин, аз як хок ва, аз ин ру, он лахза чунин дилчу буданд ва ин одамони ба чону дил наздик пай намебурданд, ки шохиди лахзаи тавлиди фикрхои бузурги уянд. Аз ин эхсос хуни гарм дар сараш тугён мекарду дили шоду пурфарахаш тезтар мезад.

Ин ният Тансикбоевро хатман ба зинаи баланд-тари мартаба   мебурд. Кори бааклонаю мантики: хар кадаре ки душмани пинхоншударо безарар гардони, хамон кадар худ бурд мекуни. Чунин пешомад дилро пурфарах мекард. Ва у бо ифтихор аз дил гузаронд: «Одамони баакл, ана, хамин хел кор мекунанд! Ман низ, хазор мушкил ба сарам биёяд хам, аз ин рох намегардам!» Хохише пайдо шуд, ки бетаъхир ба кор сар бикунад – хамоно мошин чег бизанаду ба он чо, ба нимтаххонаи тирезахояш панчарадор, ки изолятори тафтишоти ном дораду Абутолиб Куттибоев он чост, бишитобад ва хамин замон ба кор шуруъ бинамояд – ягон лахзаро аз даст надода, дар худи хамон чо, дар камера ба истинток бипардозад, чунон истинтоке, ки аз тарсаш дар бадани махбус чон намонад. Ва руирост фарчоми корашро бигуяд: агар Куттибоев гунохашро ба гардан бигираду супоришхои Англияву Югославия-ро икрор кунад ва хамаи онхоеро, ки хамрохаш партизани мекарданд, бигуяд, мувофики моддаи 58, банди 1 «б» 25 сол махкумии лагер мегирад, агар не – барои хиёнат, хамкории чосуси бо хадамоти махсуси хоричи ва вайронкории мафкурави миёни ахолии махал парронда мешавад. Бигзор нагзакак фикр кунад.

Чараёни ин ходисотро тасаввур карда, Тансикбоев бисёр чизхоро пешбини намуд: хам чи хел сурат гирифтани бозпурси,  хам якрави кардани Куттибоеву чорахоеро, ки барои шикастани у ба кор бурдан лозим меояд; вале хамзамон  медонист, ки махбусаш рохи гурез надорад, зинда мондан бихохад, ягона илочаш хамин аст. Албатта, якравона худро сафед мекунад, ки гунохе надорад, гунохи асоратро, силох ба даст, дар чанги якчоя бо партизанхои югослави, захми шудаву хун рехта, чуброн кардааст, бо анчоми чанг аз тафтиши комиссияи бозгардондани асирон гузаштаасту баъдан аз сидки дил захмат кашидааст ва гайраву хоказо. Лекин хамааш бехуда. Аз кучо медонад Куттибоев, ки у на бад-ин сифат, балки тамоман ба сурати дигар лозим аст. Ва дар он сурате, ки лозим аст, чун сарриштаи маъракаи томи решаканкунии душманони пинхоншуда хизмат мекунад. У ба сифати нахустхалкае лозим аст, ки занчири тамоме аз пас дорад. Волотар аз манфиати давлат чи хам буда метавонад? Баъзехо гумон доранд, ки хаёти одами. Содахо! Давлат бухориест, ки хезумаш одамонанд Ва як лахза бе чунин хезум бимонад, хомушу сард мешаваду дигар ба кор намеояд. Вале, аз чониби дигар, хамон одамон низ бе давлат вучуд дошта наметавонанд. Яъне  одамон худ маросими сухтани хешро баргузор мекунанд. Аловмонхо бошанд, бояд пайваста хезум бипартоянд. Ана, ба хамин равиш барчост ин дастгох.

 Зимни баъзе чизхои як вактхо дар мактаби хизби оид ба таълимоти классики шунидааш фалсафарони кардаву дар бари занаш, ки фикрхояшро баосони мехонд, нишаста ва сухбати хамнишинхоро шунидаву об дода, Тансикбоев пеши асрори офариниши одам лол мешуд. Ана, масалан у, дар маъракаи мехмонони азиз нишаставу вонамуд мекунад, ки бо хама вучуд банди мохияти ин лахзахост, вале дар асл хаёлхои билкул дигар дорад. Ки тасаввур карда метавонад, ки у чи ният дораду дар дилаш чи накшахое тархрези мешаванд?! Дарки он ки андар уи оромакак сари миз нишаста ким-чизи харобкору ногузири вобастаи як иродаи вай нихон асту ниятхояш, ки кудрати нихонашон, баробари амали шудан, одамонро назди у ва, тавассути у, пеши худи Худо-Хокимият ба зону задан мачбур мекунад, ва , бино бар ин, у яке аз зинахои афзуну бо вучуди ин, ангуштшумори пояи мудхиши Худо-Хокимият аст, вучудашро чун хини дидани таоми лазиз ва ё интизории карахтонаи чимоъ, рохату бекарорие мебахшид. Ва, баробари нушидани хар як кадахи навбати, ин рагбат меафзуду дар шакли бемадорие вучудашро фаро мегирифт ва у, ба як зуре ба худ талкин карда, ки ичрои накшаашро аз пагох дер намемонад ва холо вакти кофи дорад, худро нигох медошт.

Чузъиёти парвандаи ояндаро хаёлан тахуру карда, Тансикбоев аз матонати максаду мантики нияти хеш эхсоси каноатманди намуд. Бо вучуди ин, хис мекард, ки хануз чизе намерасад, лозим буд, ки боз чизи наве дарёбад, гуё далелхое хануз корбаст нашудаву чунон ки мебояд, мавриди дарки амик  карор нагирифта буданд.

Масалан, ишорахои Куттибоев аз вазъи манкурт нихони чизе дорад, охир. Манкурт! Манкурти фирефтае, ки модари худро куштааст! Албатта, ривояти кадима аст он, вале Куттибоев, ки онро сабт кардааст, зимнан чизеро дар назар доштагист?! Бехудаву тасодуфи бо чунин чидду чахд ва муфассал руи когаз наовардааст он ривоятро. Манкурт, манкурт… Чи нуктае нихон аст ин чо, агар рамзест, чи маъни дорад? Ва, мухимтар аз хама, Куттибоев киссаи манкуртро дар фаъолияти вайронкориаш чи хел, дар кадом шакл, ба чи тарз истифода бурдани буд? Хира-хира ким-чизи аз назари идеологи шубханокеро дар ривояти манкурт пай бурда бошад хам, Тансикбоев хануз онро катъи изхор карда наметавонист, холо пурра бовар надошт, ки махбусро муттахам намуданаш муяссар мешавад. Хайр, киссаро, чунон ки дар ин мавридхо роич аст, зиддихалки бигуяду махз барои хамин ба чавобгариаш бикашад-чи? Дар ин чихат Тансикбоевро салохият камтар буд, инро худаш хуб мефахмид. Ба ягон олим мурочиат кардан даркор. Ифшои миллатчиёни  буржуази, ки имруз кайдаш карда истодаанд, хамин хел сурат гирифт-ку – аввал гурухеро дарёфтанд, ки дар миллатчигию бар зарари даврони сталини тавсиф намудани гузашта айбдораш кунанд ва хамин кофи буд, ки осиёб рузу шаб гардон бошад. Не, ягон сир хаст, ки Куттибоев он кадар бо чидду чахд киссаи манкуртро руи когаз овардааст. Боз як бор бодиккат хар як калимаро бояд хонд ва агар ягон асосаке пайдо бишавад, тахияи киссаро хам истифода карда, ба парванда афзудан ва чун гунох ба кор бурдан лозим.

Гайр аз ин, аз байни когазхои Куттибоев матни боз як кисса бо номи «Катл дар Сарой», ки аз замонхои Чингизхон ривоят мекунад, пайдо шуд. Тансикбоев, ки дар ибтидо ба он киссаи докиёнуси ахамият надода буд, танхо акнун ба хаёл рафт. Охир, дар он хам, агар нагзакак биандеши, кинояи сиёсие метавон дарёфт.

Хангоми юришаш ба Гарб, рузхои кушуни бешуморашро дар пахнои бекарони Осиё аз паи худ хидоят намудан, Чингизхон дар дашти Сарой маросими катле барпо карда, як юзбоши ва чавонзани зардузеро, ки бар парчамхои  абрешимии нусраташ аждахорхои оташнафас медухт, ба дор кашид.

Он вакт кисми зиёди Осиё аллакай зери дасти Чингизхон карор дошту ба улусхо чудо ва миёни писарону наберагону лашкаркашонаш таксим шуда буд. Акнун бояд такдири кишвархои он сохили Итил[*]*, такдири Аврупо хал мешуд.

Дар дашти Сарой он дам тирамох хукм меронд. Баъди боронхои паихам кулу дарёхои тобистон хушкида сероб шуданд ва акнун аспонро дар рох шодоб кардан мумкин буд. Издихоми дашт мешитобид, чунки фатхи дашти Сарой кисмати душвортарини юриш хисоб меёфт.

Се тумани даххазорнафара, парчамхояшонро афрошта, пеш-пеш мерафтанд. Кудрати онхоро аз руи харакаташон – пардаи чангу губоре, ки аз суми аспонашон мехесту чун дуди сухтори азиме то дурихои дур уфукро мепушид, казоват кардан мумкин буд. Ду тумани дигар, хамрохи галаи аспони эхтиёти, корвон ва подаи говони кисир – барои куштани харруза – аз акиб меомаданд; ба пас нигариста, ба ин бовар хосил кардан мумкин буд – чанги он чо хам ба осмон мехест. Дигар куввахои чанги хам буданд, ки бино бар дурии бехадашон ба чашм намерасиданд. То мавкеи онхо – туманхои канотхои росту чап, ки хар яке сетумани доштанд, аспсавор якчанд руз рафтан лозим меомад. Он кушунхо мустакилона суи Итил харакат мекарданд. То огози хунукихо дар сохили Итил, дар кароргохи хон вохурии сарлашкарони хамаи ёздах туман пешбини шуда буд, то ки амалиёти минбаъда маслихат бишаваду кушунхо, Итили яхбастаро убур карда, суи мулкхои сарватманду зебое, ки фатхашонро Чингизхон, сарлашкаронаш ва хар яке аз саворон орзу доштанд, рох бигиранд…

 Ана, хамин тавр, устувор, лахзае таъхир накардаву фурсатро аз даст надода, харакат мекарданд кушунхо дар он юриш. Ва, бадии кор дар хамин буд, ки занон хам дошт корвони онхо.

Худи Чингизхон, бо ним хазор посбонон – кезегулхову надимон – жасавулхояш, ки дар юриш хамрохиаш мекарданд, чун чазираи шиновар дар байни кушунхо харакат менамуд. Лекин ба тарзи хос – пеш-пеши онхо мерафт у. Фотехи Чахор Суи Олам одами зиёдро хуш надошт, махсусан, хангоми юриш, ки бештар сукут кардану ба пеш нигаристан ва андешаи кор намудан лозим аст.

У савори саманди дустдоштааш – Хубаи ахлу беозор, сарисинадамида, ёлсафеду думсиёх ва нармрафтор, ки зери зини хон кариб ними дунёро тай карда буд, рох мепаймуд. Ду аспи эхтиётии низ бехад тобовару даванди дигараш бо рикоби дурахшонафзори хон, ки асппарварони савора мебурданд, сабук равон буданд. Хон аспонашро сарибод, хамин ки яке каме арак кард, иваз менамуд.

Вале чолибтарин чиз на атрофиёни Чингизхон – кезегулу жасавулхои часур буданд, ки хаёташон беш аз худашон ба хон тааллук  дошт ва, бино бар ин, чун дами шамшер бисёр сахтгирона мунтахаб мешуданд ва на самандхои оличаноби чун зари холис камёбашон. Оре, чизи чолиби он юриш тамоман дигар буд. Тамоми рох, Чингизхонро аз офтоб панах карда, болои сараш абре шино менамуд. Кучое, ки мерафт, абр аз паяш равон буд. Абраки сафед, ки хачми хаймаи калонеро дошт, чун мавчуде аз пушти у мерафт. Ва ба хотири касе намерасид, ки – абр кам аст дар осмон, охир, – он фол аст. Афлок ба Фотехи Оламхо фотиха додааст. Вале худи Чингизхон, ки инро медонист, батадрич абракро назора карда, бештар бовар хосил менамуд, ки он, дар хакикат, аломати Осмон-Тенгри, рамзи казост.

Пайдоиши абрро гайбдони дарвеше, ки Чингизхон боре имкони наздик шуданаш дод, пешгуи карда буд. Он мусофир ба зону наафтод, хушомад нагуфт, пешбинихои тамаллуккорона накард. Уи харобу чандапуш, ки бо мухои бетартиби ба китфон хамидааш зани мупарешонро мемонд, ру ба руи афти мудхиши фотехи сахрои, ки дар юртаи заррин руи тахт менишаст, сарбаланд меистод. Дарвеш чиддинигох, баришуфаш, гандумгуни харобру буд.

– Ман омадаам ба ту бигуям, ки, хокони кабир, – тавассути уйгури тилмоч гуфт у, – бо хости Афлок бароят аз боло рамзи хосае ирсол хохад шуд.

      Чингизхон аз ин изхори ногахони лахзае лол монд. Ин дарвеш, ё аз акл бегона аст, ё намефахмад, ки анчоми ин кораш чи мешавад.

– Чи хел рамз? Ту инро аз кучо медони? – базур хашмашро фуру бурдаву пешониашро чин карда, мувочех шуд зури зурон.

– Аз кучо донистанамро гуфтан манъ аст. Вале чи будани он рамзро мегуямат – дар болои сарат абре падид омада, хамрохиат мекунад.

– Абр?! – Хайраташро пинхон накардаву тунд абру дархам кашида, хитоб намуд Чингизхон. Хамоно хозирон беихтиёр омодаи таркиши хашми хон шуданд. Лабони тилмоч аз тарс сафед гашт – аз эхтимол дур набуд, ки чазо уро хам дарёбад.

– Оре, абр, – чавоб дод гайбдон. – Он нишонаи Казои Афлок аст, ки воломакомии мутлакатро дар руи замин шаходат медихад. Ту бояд он абрро эхтиёт куни, вагарна, гумаш, ки карди, аз кудрати беназират мемони…

Дар юртаи зарин хомушии гароне хукмфармо шуд. Дар он лахза аз Чингизхон хама чизро интизор шудан мумкин буд, вале баногах, хашми нигохаш, хамчун оташи нимсузи гулхан, хомуш гардид. Майли бемисли чазодихиашро фуру нишонда, фахмид, ки суханони фолбини дайдуро густохии бадкасдона гирифтану чазояш додан лозим нест; бо ин шаъни хонии хешро паст мекунаду бас. Бино бар ин, лабханди маккоронаашро миёни муйлабхои тунуки зардаш нихон дошта, гуфт:

– Фарз кардем, Афлок ин суханонро ба дили ту андохт, ки ба мо бигуи. Фарз кардем, ки ман бовар кардам. Лекин, бигу, эй мусофири хирадманд, ки ман он абри озоди осмонро чи гуна эхтиёт карда метавонам? Шояд галабонхои савори аспхои болдорро бифиристам, ки нигохубинаш бикунанд? Ё чун аспи сур, ба хар эхтимол, лачомаш бизананд?! Абри осмониеро, ки бод сад суяш мебарад, ман чи хел эхтиёт карда метавонам?

– Инаш – кори ту, – кутох посух дод мусофир.

    Боз хама карахт шуданд, аз нав хомушии амик хукмрон гардид, лабони тилмоч бори дигар сафед шуд ва як кас хам аз ахли юртаи зарин чуръат накард суи гайбдони бадбахт, ки аз аблахи ё ба хотири ким-чи худро махкуми марги якин карда буд, бингарад.

– Инъомаш кунеду бигуселонед, – зери лаб гуфт Чингизхон ва суханонаш ба дилхо, чун катрахои борон ба мазраи хушкида,  чон бахшиданд.

Он ходисаи ачибу гариб базуди аз ёдхо рафт. Дунё пури содалавху аблахон аст, охир. Ёфтааст гайбдонашро! Вале, он мусофир танхо аз сабуксари бо сараш бози кард гуфтан хам, аз руи адолат набуд. Охир, нафахмида наметавонист, ки ба чи рох по мондааст. Хамон замон, барои густохиву беэхтироми, парпечон карда, ба думи аспи вахшие бастану шармандавор куштанаш пеши казегулхои хон душворие надошт. Бо вучуди ин, чизе он мусофири навмедро такон доду талкин кард, ки хамчуноне пеши шери биёбон, руёруи хокими берахму хашмитарин биистаду бе тарсу ларз гапашро бигуяд. Рафтори девонаавзое буд он ё вокеан пайки Афлок?

Ва танхо хангоме ки дар ташвишхои айёми гузарон хамааш фаромуш шуд, баъди ду соли расо баногох гайбдони бадбахт боз ба ёди Чингизхон омад.

Расо ду соли салтанат сарфи омодагии юриши Гарб шуд. Баъдтар Чингизхон бовар хосил кард, ки ин ду сол пурфайзтарин давраи чамъоварии кувваю воситахо буд барои тасхири дунё, расидан ба максади дилчуяш, ба даст овардани сарзамину кишвархое, ки бо фатхашон метавонист худро Хокими вокеии Чахор Суи Олам, дуртарин худудхои дунё бихисобад; дуртарин худудхои дунё, ки расидани суми аспсаворони шикастнопазираш имкон дошт. Мохияти мудхиши он хокими сахрои, вазифаи таърихии у мачмуан дар хамин гояи девонаворона, хамин хирси серинопазири дороиву иктидори мутлак ифода меёфт. Аз ин ру, хаёту мамоти салтанати у – хамаи улусхои тобеаш дар пахнои бепоёни Осиё, кулли ахолии гуногуннажоде, ки зери дасти бетараххумаш ба такдир тан дода буданд, чумлаи дорову кашшоки шахру бодиянишин ва, нихояти кор, хар як шахс, касеву чикорае набошад, батамом тобеи хамин хирси шайтонии умрбод носер – истилохои нав ба наву фатххои тоза ба тозаи сарзамину халкхо буд. Хамин буд, ки хама саросар банди хидмати муштарак буданд, хама ба нияти ягона – чамъ овардану афзудану такмили иктидори харбии Чингизхон итоат мекарданд. Ва хама чизе, ки аз конхо ба даст овардану сарфи силохсози намуданаш муяссар мешуд, тамоми  амали бунёдкоронаи мардум ба коми истилову чахиши муктадири Чингизхон ба Аврупо, чониби шахрхои бенихоят дорояш, ки хар як сарбозро ганимати дилхохе интизор аст, суи чангалу чарогоххои то синаи аспон алафзораш, ки кимиз дарёсон мешорад, фуру мерафт; шарики салтанати дунё хохад буд хар нафаре, ки зери шуълаи парафшони аждахори парчамхои Чингизхон юриш мекунад ва аз файзи пирузи, чун аз зане, ки огушаш волотарин лаззати олам аст, бахра хохад бурд. Ба набарду пирузиву фатхи сарзаминхо амр медод хокони бузург ва фармонаш амали мешуд…

Чингизхон бо тамоми вучуд марди амал буд, ки хар як чизро каблан ба хисоб гирифтаву пешбини мекард. Хангоми тайёри ба истилои Аврупо чихатхои майдатаринро хам омухту ба назар гирифт. Тавассути чосусони содик, хоинон, точирону хочиён, дарвешони мусофир ва кордонхои чиниву уйгуру арабу форс хамаи чизхоеро, ки барои харакати издихоми бузурги харби зарур буд – роху гузаргоххои мувофиктарро фахмид. У расму русум, дину шугли сокинони чойхоеро, ки кушунаш мешитофт, ба назар гирифта буд. Чун навишта наметавонист, лозим меомад, ки он хамаро, бо назардошти фоидаву зарари хаводиси юриш, дар хотир нигах дорад. Танхо ба хамин тарик тартиби кор, ва аз хама мухим, интизоми катъиву сангинро чори кардан мумкин буд, махз хамин хел ба комёби умед бастан имкон дошт. Ва ягон зарра нармдилиро ба вучуди хеш рох намедод Чингизхон: касеву чизе набояд ба максади асосии у – фатхи Аврупо халал бирасонад.

Махз хамон вакт, сари тартиби корбарии хеш андешида, Чингизхон амри гушношуниде дод, ки таваллудро дар кушуни бешумораш манъ мекард. Гап дар он буд, ки зану кудакони саворасарбозхояш одатан бо корвон аз паси кушун мерафтанду хамрохи он аз чое ба чое куч мебастанд. Ин анъана дер боз давом дошту аз зарурати хаёт бармеомад, зеро дар задухурдхои беохири кабилави душманон пайваста касосгири мекарданду ахли аёли хамдигарро, ки бе пуштибон монда буданд, нобуд менамуданд. Ва дар навбати аввал занхои умедворро мекуштанд, то ки решаи авлодро бибуранд. Бо мурури замон зиндаги тагйир ёфт. Кабилахое, ки каблан пайваста душмани доштанд, дар замони Чингизхон харчи бештар ошти мешуданду зери гунбази давлати бузурги ягона муттахид мегаштанд.

Дар чавони, замонхое, ки Чингизхонро хануз Темучин ном мебурданд, худи у хам бо кабилахои хамсоя кам начангида буд; хунхори хам намуду чабрхо хам дид ва зани дустдоштааш Бортэро хам, хангоми хучуми меркитхо, дуздидаву канизак карда буданд. Сари кудрат омада, Чингизхон берахмона зидди задухурдхои кабилави баромад. Кашокашхо ба хокимияти у халал мерасонданд, пояи давлаташро суст мекарданд.

Солхо гузаштанд ва батадрич зарурати тарзи кучманчиёнаи зиндагии оилахо аз байн рафт. Вале сабаби асоси он буд, ки оилахо дарди сари кушун шуда, хангоми амалиёти бузургхачми харби, махсусан вакти хучум ва убури дарёхо, ба сафарбаркуни халал мерасонданд. Аз ин ру буд амри катъии хокими сахрои, ки ба занхои хамсафари кушун то анчоми музаффаронаи юриши Гарб зойданро манъ мекард. Ин амрро у, якуним сол пеш аз хучум дода, гуфта буд:

– Мамлакатхои Гарбро маглуб кардему аспхоро нигох дошта, по аз рикоб ки гирифтем, занхои кушун, чи кадаре бихоханд, бизоянд. То хамон вакт гуши ман бояд нашнавад, ки зане дар тумане зойдааст…

Ба хотири пирузихои чанги Чингизхон хатто конунхои табиатро инкор мекард, ки худ тахкири Хаёту Худованд буд. Хамли зан, ки кори Худост, Худоро хам ба хизмати хеш кашидани буд у.

На касе аз байни мардум эътироз карду на аз кушун – касе ба ин бедоди фикри эътироз кардан хам надошт; он вакт хокимияти Чингизхон аллакай чунон муктадиру муттамарказ шуда буд, ки хама бечунучаро ба амри гушношуниди манъи зойиш сар фуроварданд, чунки чазои саркаши ногузир марг буд…

Рузи хабдахум буд,ки Чингизхон ба юриши Гарб мерафт ва рузи хабдахум буд, ки холати хосу бемонанди рухашро эхсос мекард. Зохиран хокони бузург худро, чун хамеша, муносиби чоху чалоли хеш – чидди, канорачу, мисли шохини фориг воменамуд. Вале ботинан меболиду месуруду шеър мегуфт:

…Шабхои абри

Юртаи маро дар огуши гарми хеш гирифта,

Посбонони ман бедорхоби мекашанд,

То маро дар юртаи чун касрам хоби барохат

                                                                      бубахшанд.

Имруз, дар рохи сафар, мехохам шукрона кунам:

Посбонони деринаи шабхоям

Маро бар тахти хони нишонданд!

Зери барфу зери борон,

Ки саропои кас ба ларза меояд,

Зери селборону резаборон

Гирдогирди юртаи сафариам,

Маро ташвише надода,

Хотири чамъи мананд посбонони ман!

Имруз, дар рохи сафар, мехохам шукрона кунам:

Посбонони муктадири шабхоям

Маро бар тахт арч доданд!..

Дар миёни душманони шуру исёнгар,

Садои базур шунавои тирдонро шунидан замон,

Бетаъхир

Ба набард бархостаанд онон.

Ба посбонони зираку хушёри шабхоям

Имруз, дар рохи сафар, шукрона мегуям:

Ёлхоро зери нури мох бадхашмона сих карда,

Галаи бовафои гургон

Пешвояшонро хангоми шикор дар халкаи хеш

                                                                      мегиранд.

Хамчунин, дар ин хучум ба Гарб

Аз ман чудонопазир аст галаи кабудёли ман.

Посбонони маснадам дар хама чо бо мананд…

Шукронаи онхо мекунам дар рохи сафар…

Ин шеър, агар баланд садо медод, дар забони Чингизхон бисёр бечо буд – дигар кор надорад, ки ба баёни эхсосот машгул мешавад у! Вале дар ин рохи сангин, ки аз субх то шомаш дар хонаи зин мегузарад, шеъргуи хам мумкин.

Сабаби болидарухии Чингизхон абри сафеде буд, ки хабдах руз боз, аз субх то шом, болои сараш дар осмон шино мекард – кучое, ки мерафт, абри сафед дар тори сараш буд. Пешгуии пайгамбаронаи гайбдон окибат рост баромад. Вале он вакт ки бовар мекард! Барои беэхтиромии руиросту густохие, ки дар хаёли кас намегунчад, худи хамон соат он содалавхакро ба чаханнам фиристодан душворие надошт, охир; лекин дарвеши овора кушта нашуд. Пас хукми такдир чунин будааст.

Хануз рузи аввали юриш, хамин ки туманхову корвону галахо, мисли рудхои тирафоми айёми обхез, тамоми пахноро ишгол намуда, суи Гарб ба рох даромаданд, чоштгох, хини сарибод иваз намудани аспи бехолгаштааш, Чингизхон тасодуфан боло нигарист, вале ба абраки сафеде, ки рост дар болои сари у охиста шино мекард ва ё шояд бехаракат меистод, хеч ахамияте надод – осмони кушод абри кам дорад магар?

У дар ихотаи кезегулу жасавулхое, ки дуртар аз вай рох мепаймуданд, банди хаёлхои худ, хавотиромез аз руи зин ба атроф нигариставу харакати кушуни бисёрхазорнафараи мутеонаю пурчахд ба фатхи дунё шитобонаш, кушуни чандон ба иродааш мутеъ ва чандон дар ичрои ниятхояш кушоро, ки гуё на инсонхои хар яке ботинан хохони мисли у сохибкудрат шудан, балки ангуштони дасташ бошанд; ангуштоне, ки лачоми аспашро банавбат андар худ медоранд, назора намуда, пеш мерафт.

Аз нав ба осмон нигариставу хамон абрро болои сари хеш дида, Чингизхон боз хам бар он наандешид. Оре, уи гирифтори нияти фатхи дунё фикр накард, ки абри осмон барои чи пайваста тор-тори сари уи хоки дар харакат аст. Наандешид, ки чи муносибате миёни онхо буда метавонад.

Ба чашми касе хам аз ахли юриш он абрак натофт, касеро ба он коре набуд, касе хам гумоне надошт, ки дар рузи рушан муъчизае рух додааст. Вазифаи онон тахи пои худро дидан буд, на осмони нопайдоканорро назора кардан. Кушун, чанги суми аспону чархи аробахоро ба осмон хезондаву масофахои тайшударо шояд абади ва бебозгашт акиб нихода, дар намуди анбухи тирафоме равон буду равон. Хамаи ин ба хотири як сару савдо ва иродаи хон сурат мегирифт ва даххо хазор одамон, сардарфармону умедвори у, дар хирси дарёфти шухрату кудрату сарват, бо майли тамом мерафтанду мерафтанд.

Бад-ин минвол, то шомгох рох паймуданд. Одатан, дар хамон чое, ки шаб фаро мерасид, лангар мепартофтанду субх боз рох пеш мегирифтанд.

Барои шаббоши хону ахли рикобаш каблан юртахои мухташаме устувор мекарданд, ки гунбазхои сафедашон хануз аз дурихо метофт. Парчами хон – матои сиёхи хошияхояш аргувони ва бар ру акси аждахоре, ки бо риштахои зарин аз абрешим духта шуда буду аз комаш шуълахо мечаст, аллакай бар фарози юртаи асоси парафшони мекард. Кезегулхо – баходурони мунтахабу гирифтачехра, чашм аз рох наканда, мунтазири хоким меистоданд. Дар ин чо шомонаи умум барпо мешуд  ва, низ дар хамин чо Чингизхон нахустмулокоташро бо нойонхои кушун доир кардани буд, ки натичахои рузи аввали юришро мухокима  ва накшахои фардоро тархрези намоянд. Барори огози харакати бузургаш Чингизхонро ба лутфу мархамат моил мекард – у он шаб барои нойонхо базм барпо карда, суханони онхоро шунидану худ низ амру фармоне интишор намудан мехост; ва чун пешаш хама хушу гуш мешаванд, хар сухане, ки у бар забон хохад овард, барои тамоми Чахор Суи Олам гуфта хохад шуд, ба кариби Чахор Суи Олам мутеъона ба харфи у гуш хохад дод; барои хамин хам лашкар кашидааст у – барои талкину икрори сухани хеш. Сухане, ки кудрати абадист.

Вале баъдтар Чингизхон базмашро хобонд. Дили пуризтиробаш танхои мехост. Сабабаш он буд, ки…

Ба чои дамгири наздик шуда, Чингизхон боз, бори сеюм ба абри шиноси тори сараш диккат дод ва якбора дилаш гум зад. Моту мабхути дарки фавкулъодаи хеш, саропо сард гашту замин дар назараш тахуру шуд – ба як зуре даст ба ёли аспаш бурд, ки сарнагун наравад. Харгиз бо у чунин холат рух надода буд, зеро мавчуде руи Замини сияхпистон – ин асоси вайронинопазири дунё, ки Афлок барои хаёту хокимият эхдо кардааст, уро чандон мафтун карда наметавонист, ки аз гафлат ба хайрат биёяд; чунин менамуд, ки хамааш рушан аст, ягон чиз дар ин дунё кодир нест, ки хиради бетараххуми уро мафтуну дили аз хунрезихо сангбастаашро махзун бикунад; холо нашудааст, ки у, номуси хониашро ба хок афканда, аз тарс чун занон ба ёли асп часпида бошад. Чунин нашудааст ва набояд бишавад, чунки хеле барвакт, гуфтан мумкин, аз бачаги, аз он замоне ки бародари худ – Бектери наврасро бо камонгулаки хеш парронд, – зохиран – барои як мохияки башастафтода, вале дар асл,- у бо хиси бемахал бедоршудаи гургонааш бу бурд, ки зини кисмат барои ду кас танг аст, – аз хамон вакт ин чониб, зиндагиро бо рохи дурусту бегалат – муштзури дарёфт; чизе нест ва нахохад буд, ки пеши кудрат мутеъ нашавад, ба зону наафтад, рангаш наканад; чи чои бандаи оси, ки сангу оташу обу дарахт ва дарандаю паранда аз фишори зури чохилона ба хоки тира яксон мешавад.

Чое, ки зури хукмрон аст, зар чуз мисе несту гул – чуз хоре. Бино бар ин, хулосае бармеояд: хар чизе, ки помол карданаш имкон дорад, ночиз аст ва хар касе, ки бар поят меафтад, – вобаста ба кайфи холи мутараххим – сазовори тараххум. Дунё хамин аст…

Вале Афлок, ки тачассуми Абадияту Бекаронист ва гохе дарвешони Химолойу китобхонхои овора тафсираш мекунанд, дигар аст. Оре, як у, Осмон-Тенгрии дастнорас зери хукму фармони у нест. Балки пеши он у худ касе нест – на исён карда метавонаду на тарсонда ва на зиддаш лашкар кашида. Илочи ягона пеши Осмон-Тенгри, ки аз кисмати заминиёну чунон ки китоббозхои Химолой мегуянд – харакати дунёхо огох аст, ниёиш кардану сари таъзим фуровардан аст. Аз ин ру, чун хар як бандаи миранда, бо дуову курбонихояш Осмонро зори мекард, ки лутфу мархаматаш намояду олами хокиро батамом зердасташ кунад; ба гуфти хакимони овора, Коинот, ки пури оламхо бошад, Осмонро мушкил аст, ки олами хокиро зери хокимияти пурраву мутлаки уву авлодаш бисупорад; магар муктадиртару арзандатар аз у дар байни одамони руи замин хаст? Нест, дигар одаме нест, ки аз у зуртар бошаду Чахор Суи Оламро идора карда битавонад. Ботинан у торафт бештар бовар мекард, ки хакки махсуси аз Афлок дархостани хокими халкхо будан – он чизеро дорад, ки дигаре чуръати хохишаш намекард; ягон кас бояд хукмрони бикунад, охир, пас бигзор он шахсе бошад, ки дигаронро зуран мутеи хеш бигардонад. Афлоки бахшандаю мехрубон то хол истилову кудратафзоиашро халалдор накарда буд ва Чингизхон торафт муътакидтар мешуд, ки Афлок бар вай назари дигар дорад ва азизу авлиёяш мададгори уянд. Лаънату нафринхои бемисли мардуми бадодомадаи кишвархое, ки у ба дами тегу коми оташ дучорашон карда буд, ба сараш фуру мерехт, вале кораш бобарор буду хеч яке аз ин нафринакхо ба афзоиши кудрату шухрати мудхишаш таъсире намедошт. Баръакс, хар кадар ки дуои бадаш мекарданд, аз оху фарёди мардум, ки Афлокро ба имдод мехост, бештар сарфи назар менамуд. Бо вучуди ин, гох-гох ба дилаш вахму шубхае рох меёфт, ки мабодо кахри Афлокро биёраду гирифтори чазохои он бигардад. Дар чунин холатхо хони кабир лахзае карахт мешуд, худро дар худ саркуб мекард, тобеъонашро имкони даме фарогат медод, омода мешуд таънаи сазовори Афлокро бипазирад ва хатто тавба кунад. Вале Афлок хашм намекард, норозигии худро зохир намесохту уро аз лутфи бекарони хеш бенасиб намегардонд. Ва у, чун хангоми кимор, бар рагми он чизе, ки хукми азалаш мехонданд, харчи бештар таваккал мекарду сабри Афлокро имтихон менамуд. Афлок токат мекард! – ва у натича мегирифт, ки барояш коре номумкин нест. Бо мурури солхо эътикодаш мустахкамтар мешуд, ки у мунтахаби Афлок, махз Фарзанди Афлок аст.

Дар иду маросимхои бузург хофизон, самандсавор дар атрофи издихом гашта, дар сурудхои хеш Зодаи Афлокаш мехонданду хамзамон хазорон дасти дуо шодона суи осмон боло мешуд. Вале у, на бино бар ин ба он чизе сахт бовар кард, ки факат дар афсонахо бовараш кардан мумкин аст, не, ин хамаро чуз тамаллуки содалавхонаи одами намедонист у. Хулосааш аз тачрибаи шахси буд, яъне Осмони Яздони барои он дар хама кор пуштибониаш мекунад, ки у чавобгуи ниятхои Осмон-Тенгри ё худ амалкунандаи иродаи Осмони Воломаком аст дар руи замин. Яъне, Осмон хам, мисли у, кудрат, кудратманди ва кудратмандро эътироф мекунаду бас. Ва чунин шахс чуз вай дигар кист?…

Вагарна он чизе, ки баъзан худашро хам хайрон мекард – чун шохин ин кадар босуръат ба куллахои шухрати мудхиши сархушкунанда ва хокимии дунё баромадани ятимбачаи авлоди кашшоки араткиятхо, ки аз азал бо шикору чорвопарвари руз мегузаронд, чи маъни дошт? Чунин ходисаи гушношуниди таърихи салтанати дунёи чи хел сурат гирифта метавонист? Охир, зиндаги кодир буд ба як сагираи азчонгузашта кисмати аспдузди чолокеро, ки у дар аввал вокеан хам буд, беш надихад. Хочати тахмину гумон нест – бе хости  Осмон–Тенгри харгиз Темучини якаспаро парчами акси аждахори зарини оташнафасдор хидоят намекарду ном Чингизхон намешуд ва тахти Юртаи Тилои насиб намегашт!..

Ва, инак, окибат аломате, ки ин хамаро тасдик мекунад, зухур намуду шахомати раднопазиру исботи аёни назари лутфи осмон ба хокони Осиё падид омад! Ана, пеши назар аст он, абри дилрабое, ки зухурашро гайбдони овора пешгуи кардаву кариб сарашро бохта буд. Вале гапи у рост баромад. Абри сафед рукъаи Осмон аст ба Зодаи Хеш, нишонаи писанду фотихаи нек, пайки пирузихои бузурги ояндаи уст. Ба хаёли касе аз хазорон нафарони юриш намеомад, ки муъчизае чунин имконпазир аст, нафаре абри сафеди хамсафарро пай намебурд, хеч яке намеандешид, ки аз кучост ону барои чист. Ки хам бар абрхои озод меандешад?.. Танхо як у, хокони кабир, фармонравои издихоми беназири сахрои ва ходии он ба фатхи дунё, маънии амики зухури абраки сафедро фахмид ва чунон моту мабхут шуд, ки гох ба имконпазирии ин зухуроти гушношунид бовараш меомаду гох не. Вучудашро шубхаву гумонхои дилфишор фаро гирифтанд, ки мушохидаву муносибаташро ба ин рухдод бигуяд ё на. У рози дил кардаву сир бикшояду абр дар як мижа задан гоиб шавад-чи? Мардум гумон намекунанд, ки у девона шудааст?

Баъд у боз худро ба даст гирифту имон овард, ки пайдоиши абр бехуда нест ва он баногах гайб нахохад зад, абрак пайки Осмон аст бар у; он гох вучудашро боз фараху эхсоси сабукболи, бовари ба дурандешии хешу дурустии юришаш бар тасхири Гарб фаро гирифт ва нияти бо шамшеру оташ бунёд намудани салтанати дилхохи чахони дар дилаш катъитар гашт. Хамин буд максади юришаш. Хамин буд рагбати азалии салтанати харисона. Хар кадар, ки  сарваташ меафзуд, боз бештар андухтан мехост…

Рузхои юриш сипари мешуданд.

Абри сафед, ягон чониб моил нашуда, шино мекард пеши назари Чингизхон, ки савори саманди машхураш – Хуба рох мепаймуд. Зотан хамин хел – ёлсафеду думсиёх буд Хуба.

Донандахо мегуфтанд, ки чунин асп ситораи хоссае дорад, зеро дар хазор сол як бор пайдо мешавад. Саманд не, бодпои бемислу пуртокате буд Хуба. Мисли селборони гарм, ки башиддат руи замин мерезад, йургаву тезрафтор буд. Аспе буд, ки лачомашро сар бидихи, дар гармии талошаш монанди борон, ки то охирин катра мерезаду хушк мешавад, то мурдан медавид. Як хофизи кадим гуфта будааст: руи ин хел асп одам бовар мекунад, ки абадзинда аст…

Хушбахту конеъ буд Чингизхон. Мадори тозаи бемисле эхсос карда, амал намудан, суи максад тохтан мехост; ин лахза гуё худ бодпои хастагинопазире буду бо чорхези мавзун шитобон метохт, гуё чун дарёхо чисману  рухан ба гирдоби пуртугёни хуни саманди дартоз дармеомехт.

Оре, савору аспаш лоики хам буданду дар кудрат аз якдигар намемонданд. Хамин буд, ки чулуси савори батанутуши биринчигун нишастани шохинро мемонд: кафи пойхояшро бо гуруру бовари намоишкорона ба рикоб тиргак карда буд; бар асп, чун бар тахт, росту сарбаланд ва бо ифодаи оромии томи чехраи тангчашмаш менишаст у. Саропояш кудрату иродати хокими бузургеро аён месохт, ки кушуни бешумореро суи шухрату пирузихо мебарад…

Хуллас, сабаби аслии сабукрухии Чингизхон абри сафеде буд, ки чун рамз, хамчун афсари сарнавиште кабир, болои сараш шино мекард. Ва, ба ин маъни, хамаи мавчудот, муносибу мутаносиб буданд. Абр… Осмон… Дар пеш –  издихоми мутахаррик, дар дасти парчамдор – парчами юриш, ки хамеша наздики Чингизхон парафшони мекард. Се нафар буданд онон – парчамдорони аз вазифаи бехад пурифтихори бар ишон боваршуда бовикору магрур. Хар се, гуё махсус интихоб карда бошанд, руи аспхои сиёхмушкин менишастанд. Дар байн нафаре парчамро бардошта мерафту ду нафари дигар, найзахояшонро суи пеш нигаронда, аз ду тараф хамрохиаш мекарданд. Хоконро ба пеш хидоят намуда, абрешими сиёхи зардузи дар дами бод парафшони дошту аждахори оташафшони он зинда метофт. Аждахор дар лахзаи частан тасвир шуда буд ва чашмони  дами хашм пурбину чун чашмони уштур барчастааш бо лаппиши матоъ ин сую он су рафта, вокеан зиндааш чилва медоданд…

Аз субх боз хокони матин аз хонаи зин ба юриш рохбари менамуд. Аз чор тараф нойонхо асптозон ба у хабар меоварданду сарибод амру фармонхо гирифта, чорхеззанон ба мавкеъхои хеш, ба кушуни мутахаррик бармегаштанд. Шитобидан лозим буд, ки то боронгариву лою чали пеш аз зимистон, охири тирамох ба садди асосии рохи юриш – сохилхои руди бузурги Итил бирасанд ва сардиро мунтазир шуда, руди яхбастаро бигзаранду суи нияти начиби хеш – фатхи Аврупо гом бубардоранд.

Юриш то бевакти давом кард. Дашти нимторик зери анвори ба гуруб моили офтоб то ба дурихои дур, чандоне дур, ки вусъати дунёи пеши назарро тасаввур кардан мумкин бошад, тул кашида буд. Ва дар он пахнои рангин аз анвори кохандаи хуршед, ки ним андар уфук буд, вакти гуруб сафхои сарбозон, хазорон саворагон, кушунхое харакат мекарданд, ки хар яке мавкеи худро дошт ва хама, аз дур чараёни рудхои сиёхеро, ки шаб тираашон кардааст, ба ёд оварда, бомаром чониби офтоби ру бар гуруб мерафтанд.

Пуштхои афгори аспон танхо шабхо, вакте ки кушун барои шабгузарони меистод, аз зину саворхои хеш меосуданд.

Ва сахари барвакт дар кароргох аз нав гулгулаи добулбасхо – накорахои бузургхачми пусти барзагов-кашида танин андохта, лашкарро ба идомаи юриш водор мекард. Бедор кардани даххо хазор нафар одамон  осон набуд, бино бар ин, бедоркунандагон кушиши бехад ба харч медоданд ва добулбасхояшон дар он пахнои бекарон, то хамаи мавкеъу истгоххо, мунтазам гулгула меафканданд.

Ин вакт хокон аллакай бедор буд. У кариб ки пеш аз хама мехест ва бомдоди хануз рушани тирамохон дар назди юртаи пуршукухаш гардишкунон хушу ёди худро чамъ меовард, перомуни фикру хаёле, ки шаб  ба сараш омада буд, меандешид, амрхо мекарду лахзахои фориги бодиккат ба гулгулаи накорахо, ки кушунро руи зину аробахо мехонд, гуш медод. Рузи навбати огоз меёфт, садои одамон, рафтуою овозхо меафзуданд ва юриши ба дарозои шаб катъгашта аз нав шуруъ мешуд.

Накорахо хамоно танин меандохтанд. Гулгулаи сахаргохии онхо танхо даъвати бедори не, балки чизе буд, ки маънии бештаре дошт. Бад-ин васила Чингизхон хар як нафареро, ки бо у ба юриши бузург равон буд, хала-халаву бохабар мекард, он огохии хокими серталабу собиткадаме буд, ки дар сурати гулгулаи накорахо пештар аз хар гуна фикру хаёли дигар, чуз афкоре, ки аз худаш бармеомаду иродаи худашро талкин мекард, чун ба дархои баста, ба мафкураи нимхобу нимбедорон зада медаромад, чунки дар хоб одамон на ба иродаи худ тобеъанду на ба иродаи гайр; зеро хоб озодии бемаъниву бехудаву махуфест, ки баробари бозгашт аз хоб бояд катъаш кард; чизест, ки катъиву берахмона бар он мудохила намудан лозим аст, то ки бедоршудагонро ба    вокеият – ба хидмат, ба итоати бечунучаро, ба амалиёт бозгардони.

Аз гулгулаи мудхиши ба наъраи барзагов монанди накорахо хар дафъа ба бадани Чингизхон мургак медамид ва ин ба хотираи дерине вобаста буд: дар айёми навраси, вакте ки як руз дар наздикихо ду барзагови  бахамдарафтода пурхаш-мона овоз баровардаву бо сумхо хокро ба осмон бардошта, шохзани мекарданд, вай, гирифтори гурроси мудхиши онхо, худ хам ёд надорад, ки чи хел камонгулаки чангиро ба даст гирифту тире ба синаи бародари хамхунаш – Бектери ганабида, ки барои мохияки аз дарё гирифтаашон бо у чанчол карда буд, зад. Бектер, фарёди мудхише бароварда, парида хест ва, гарки хуни хеш, гашта ба замин афтод; вай, Темучин, – оре, он вакт у танхо Темучин, ятимаки Есугай – баходури бемахал даргузашта буду бас, – добулбасеро, ки пеши юрта мехобид, сари китф карда, аз тарс ба кух гурехт. Дар он чо, дар сари кух дурудароз ва якнавохт ба добулбас куфту куфт, дар поён бошад, модараш Аголен, бародаркушро дуои чон кардаву муи сари хешро канда, фарёд мезаду менолид. Баъд дигарон давида омаданд ва, хама дастак зада, суяш фарёд мекарданд, вале у, беист бар накора мекуфту чизеро намешунид. Барои чи бошад, ки касе наздикаш нашуд ва у, то субхдам накоразанон, дар хамон чо монд…

Акнун гулгулаи мудхиши садхо  добулбас нидои чанги, гурриши пурхашмона, рамзи бебокиву берахми, огохии у буд ба ахли юриш, ки гуш бидиханд ва бархезанду ба амал биогозанд, суи максад, ба фатхи дунё равон бишаванд. Хоханд рафт онон, кулли одамону хайвоноте, ки гуши шунаво доранд, аз паи у то охир, то поёни ин уфки бекарон ва, саропо ларзида, хоханд гуш дод ба гурриши накорахои чангии вай. Хатто абраки сафед, ин шохиди наву чудоинопазири афкори нихони у, зери садои сахаргохии накорахо, бемайлон болои сари у чарх мезанад. Бодаки сахте парчами салтанатро, бо аждахори оташнафаси зиндамонандаш, чавлон медихад ва, ана, он ба рафти шамол ру-руи матоъ медаваду аз ком шуълаи рушане меафканад…

Хавои сахаргохони рузхои охир хуб омад.

Шабхо хам, пеш аз хоб, Чингизхон ба назораи атроф мебаромад. Пахнои дашти бекарон пури гулхан буд, алангаи гулханхои наздик ва милт-милти дурхояш дар хар тараф ба чашм мерасид. Руи кароргохи сарбозону шаббоши корвон ва чои исти  галабонхову гала дуди сафед пахн мешуд, одамон ин лахзахо, аракшор шуда, сери гушт мехурданд. Буи гушти пухта, ки калон-калон аз дегхо берун меоварданд, дарандахои даштро чалб мекард. Гох дар ин чову гох дар он чо, миёни пардаи зулмот, чашмони бекарори он мавчудоти  бадбахт дурахшон мешуду уллоси навмедонаашон ба гуш мерасид.

Лашкарро дар ин миён зуд мурдахоб мебурд. Факат садохои посбонони шабгард, ки кушунро хини фарогаташ назорат мекарданд, хотирнишон менамуд, ки шабонгах низ хаёт дар ин чо мувофики тартиботи сахт мукарраршуда идома меёбад. Бояд хамин хел хам бошад: хама чизу хама кас вазифахои хешро доранд, ки нихоятан вобастаи максади ягонаву оли – хидмати бечунучарову содикона ба фикри чахонгирии Чингизхон аст. Дар чунин лахзахо, ботинан сархуш шуда, у мохияти худ, яъне фавкулодам – хирси рафънопазири девонавори хокимиятро, ки бо фаротар шудани кудраташ торафт меафзуд, амик дарк мекард; аз ин чо ногузир хулосаи мутлаке хосил мешуд – матлуб танхо хамонест, ки созгори максади кудратафзои уст ва хар он чизе, ки чавобгуи он нест, хаки мавчудият надорад.

Бино бар ин хам рух дод катл дар Сарой, ки киссаашро солхои зиёде пас, ба бадбахтии хеш, Абутолиб Куттибоев руи когаз овард…

Боре, хангоми шаббош, саворапосбонон мавкеи кушуни тумани каноти ростро аз назар гузаронданд. Берун аз бошишгохи сарбозон истгохи корвону галабонону дигар ахли хидмати юриш чойгир буд. Посбонон аз он хам сарфи назар нанамуданд. Низоми комил хукм меронд. Одамон, ки аз ин сафари беохир  хаста шуда буданд, дар хама чо – дар юртахо, хаймахо, аксаран зери осмони кушод, назди гулханхои нимсуз, пахлуи хам мехобиданд. Атроф сокиту кулли юртахо торик буданд. Талояи савора тафтишро анчом медод. Се нафар сарбози он, аспхояшонро нигох дошта, аз кадом хусусе сухбат мекарданд. Сарбозе, ки сари талоя буд, – савораи тануманди телпаки юзбоши бар сар, – ба овози паст амр дод:

– Хайр, шуд, шумо рафта ганаб кунед, ман боз каме хамин чохоро аз назар мегузаронам.

Ду савора рафтанд. Юзбоши, аввал атрофро бодиккат назораву гуш карда, баъд аз асп фуромад ва, онро этак намуда, аз назди корвону устохонахои сафари, аробахои беаспи саррочону дузандагон ва силохсозон суи юртаи танхои канори бошишгох кадам зад. У, сарашро хам кардаву ба садохои атроф гуш дода, андешамандона мерафту анвори мохи афлок тархи руи калонаш ва чашмони хира-хира дурахшони аспашро, ки ахлона аз акиб равон буд, рушан мекард.

Эрдене-юзбоши ба юртае наздик шуд, ки аз афти кор, интизораш буданд. Аз юрта зане, румол бар китфон, баромад ва мунтазирона назди дари он истод.

– Самбайну*[†], – садояшро пахш карда, ба зан салом дод у, ва ташвишомез пурсид: – Чи хол доред?

– Хамааш нагз, шукри Осмон, кор ба хуби анчомид. Дигар ташвиш нашав, – пичиррос зад зан. – Интизорат аст вай, бисёр интизор.

– Ман хам аз чону дил диданаш мехохам! – чавоб дод Эрдене-юзбоши. – Аксии корро бинед, ки нойон ба хисобукитоби аспхо сар карду се рузи дароз аз байни гала баромада натавонистам.

– Хеч гап не, Эрдене, худро нахур. Ин чо хам мешуди, аз дастат чи кор меомад? Аз пеши чашми мардум дур боши, бехтар. – Занак, тасаллибахшона сар чунбонда, илова намуд: – Аз хама мухимаш – нагз гузашт, осон таваллуд кард. Ягон бор хам дод назад, токат кард. Сахари дар аробаи пушида чо кардамаш. Хамааш нагз, гуё ходисае руй надодааст. Бисёр оличаноб аст занат… Ха, чи ин кадар лаккидам ман! – Ба худ омад занак. – Бози давлате, ки сари китфат нишаст, насибат кунад! – Муборакбод намуд у. – Барои писарат ном биёб.

– Осмон дуоятро мустачоб гардонад, Алтун! Ману Догуланг умрбод аз ту миннатдорем. Ном бошад, меёбем, гам нахур.

Эрдене лачомро ба занак дод.

– Ташвиш нашав, Эрдене, чи кадар ки лозим бошад, нигохубинаш мекунам, – гуфт Алтун. – Бирав акнун, бирав, ки Догуланг бисёр интизорат аст.

Юзбоши, лахзае истода, шиддати эхсосашро фуру нишонду баъд назди юрта рафт, пардаи махкаму вазнини намадиашро нимво кард ва, хам шуда, дарун даромад. Дар мобайни юрта гулхани калоне месухт ва у, дар партави хираву заифи он, Догулангашро дид, ки пустини савсор ба китф, дар кунчи боло нишаста буду бо дасти рост охиста-охиста гахвораи бо курпаи лаганда пушидаро мечунбонд.

– Эрдене! Ман ин чоям, – охиста юзбоширо садо кард у. – Мо ин чоем, – шармин табассум намуда, худро ислох кард пас.

Юзбоши, саросема силохи хеш – тирдону камону шамшери даргилофашро кушода, назди даромадгох монду дастонашро ёзонда, назди зан рафт Пеши у ба зону зад ва руйхояшон ба хам расид. Онхо, сархошонро ба китфони хам монда, якдигарро ба огуш гирифтанд ва чанде ба хамон холат монданд. Ва дигар дунёи онхо фазои зери гунбази хамон юрта буду бас. Хама чизи берун аз он истикоматгохи сафари дигар вучуд надошт. Факат он ду нафар, факат он чизе, ки ишонро хини галаёни эхсос мепайваст ва мавчуди хурдакаки гахвора, ки се руз пеш ба дунё омада буд, вучуд доштанду халос.

Аввал Эрдене лаб ба сухан кушод:

– Чи хели, чонам? Ахволат чи хел? – пурсид у, нафаси  номураттабашро базур боздошта. – Ман бисёр хавотир шудам.

– Хамааш гузашт, – табассум намуда, чавоб дод зан. – Дар ин бора фикр накун. Бехтараш, дар бораи  вай бипурс, дар бораи писарчаамон. Хамин хел бакувватаке хаст, ки… Чунон сахт мемакад синахоямро… Ба ту бисёр монанд аст. Алтун хам мегуяд, ки бисёр монанд аст!

– Нишонам бидех, Догуланг, бимон бубинамаш!

Догуланг худро канор гирифт ва, пеш аз он ки гахворапушакро бардорад, беихтиёр хавотиромез ба садохои берун гуш дод. Атроф сокит буд.

Юзбоши, дар чехраяки хануз беифодаи тифли хобида нишонахои ба худ монандро чуста, дурудароз ба у нигарист. Нафасашро ба дарун гирифта, ба навзод менигаристу шояд бори аввал мохияти яздонии ба дунё омадани авлодро хамчун асоси абадият дарк менамуд. Аз афти кор, барои хамин хам, хар як калимаро каблан санчида, сипас гуфт:

– Баъд аз ин ман хамеша бо ту хохам буд, Догуланг, хамеша, хар балое ба сарам биёяд хам. Чунки писари ман бо туст.

– Бо ман хохи буд? Кош! – Лабханди талхе кард зан. – Гуфтании, ки тифлак нусхаи дуюми туст, хамчунон ки Буддоро буд? Хангоми уро сина додан ин фикр ба сарам омад. Уро, ки се руз пеш дар ин дунё набуд, руи даст гирифтаму аз дилам гузашт, ки ту аз ман таваллуд шуди.  Ту хам хозир дар хамин бора фикр карди?

– Ха, лекин каме дигархелтар. Ман худамро бо Буддо баробар карда наметавонам.

– Баробар хам накун! Ту Буддо не, аждари мани, аждараки ман, – мехрубонона пичиррос зад Догуланг. – Ман умрест, ки дар байракхо тасвири  аждар медузам ва касе намедонад, ки он хама туи. Дар хама байракхои ман акси туст. Баъзан хобаш мебинаму дар хоб зардузиаш мекунам, он гох аждар зинда мешавад ва ман, илтимос наханд, – дар хобам огушаш мегирам, мо ба хам меоему парвоз мекунем, аждар, бол кушода мепараду маро хам мебарад ва дар лахзаи ширинтарин дармеёбам, ки туи он. Дар хобам ту гох аждариву гох одам. Ва, бедор шуда, намедонам ба кадомаш бовар кунам. Ман пештар хам мегуфтамат, ки аждари оташниходам туи. Бешухи мегуфтам. Хакикатан хамин хел буд. Дар сурати аждар ман туро, тачассуми туро зардузи мекунам. Пас, маълум мешавад, ки аз аждар таваллуд кардаам.

– Чизе, ки дилат бихохад, бигзор хамон бошад. Вале гапи маро гуш кун, Догуланг. – Юзбоши хомуш монд ва лахзае пас гуфт: – Акнун, ки фарзанддор шудем, ояндаамонро фикр кардан даркор. Холо  дар ин бора сухбат мекунем. Лекин каблан, бидони хам, ба ту гуфтан мехохам, ки хамеша дар орзуи дидорат будаму хастам. Мудхиштарин чизе, ки метарсам, ногох дар набард мурдан не, балки гум кардани ин ормон аст. Дар кучое, ки бошам, пайваста меандешам: чи хел ормони хешро аз худ чудо кунам, то хамрохи ман намираду бо ту зинда бимонад. Илоче намеёфтаму орзу мекардам, ки ормонам парандае ё дарандае, умуман, мавчуди зиндае бишавад, то ба дасти туаш дода, гуфта битавонам, ки бигир, ин ормони ман аст, бигзор дигар  хамеша бо ту бошад. Он гох аз халокат боке нест. Акнун дарёфтам, ки писарам хосили он ормони ёду дидори туст. Ва аз ин пас хамеша бо ту хохад буд.

– Мо-ку холо номаш хам накардаем. Ту ягон ном ёфти? – пурсид зан.

– Ёфтам,- чавоб дод юзбоши, – агар ту рози боши, Кунан номаш мекунем!

– Кунан!

– Оре.

– Номи нагз. Кунан! Саманди чавон.

– Бале, аспи сесоле, ки дар айни мадору кувват аст. Ёлаш буронро мемонаду сумаш – сурбро.

Догуланг руи навзод хам шуд:

– Гуш кун, писарам, падарат номатро мегуяд!

Ва Эрдене-юзбоши гуфт:

– Номат – Кунан, писари чонам, шуниди – Кунан.

Онон, гирифтори мохияти он лахзаи умри хеш, чанде хомуш монданд. Шаби сокит буд. Танхо дар бошишгохи хамсоя саге худ ба худ мечакид ва аз дур шихаи аспе ба гуш мерасид – шояд дар ин нимашаб ватани кухсор, рудхои тезоб, маргзорхои сабзу хуррам ва анвори офтоб, ки пушти аспонро гарм мекард, ба ёдаш меомад…

Навзод, ки акнун сохиби ном шуда буд, бепарво мехобид. Кисмати тифлонааш низ алхол пахлуи у ором мехуфт, вале часта бар по хестанаш дур набуд.

– Ман натанхо дар хусуси номи фарзандамон фикр кардам, – хомуширо халалдор кардаву муйлабашро бо кафи  бакуввати дасташ молида, гамгинона гуфт Эрдене-юзбоши. – Дар бораи чизи дигар хам андешидам, Догуланг. Худат медони, ки бо навзод дар ин чо монданат мумкин нест. Тезтар рафтан лозим.

– Рафтан лозим?

– Оре, Догуланг ва, хар кадаре тезтар бошад, бехтар.

– Ман хам дар ин бора фикр кардам, вале кучо биравем, кучо? Ту чи кор мекуни?

– Хозир мегуям. Хамрох меравем.

– Хамрох? Ин номумкин аст, Эрдене!

– Факат хамрох! Магар дигар хел шуданаш мумкин аст?

– Як бор фикр кун, охир, ту юзбошии тумани рости!

– Фикр кардам, бисёр фикр кардам.

– Аз дасти хокон кучо мерави? Чунин чо дар руи дунё нест! Ба худ биё, Эрдене!

– Оромтар гушам бикун, Догуланг, ман хамаашро фикр кардаам. Мо сари вакт, дар шахрхои серодаму бозордору пури оворахо, ки имкон буд, пинхон нашудем. Хамон рузхо бехуда нагуфта будамат, ки чандаи гариби бипушему хамрохи мусофирон овораи дунё шуда биравем.

– Кадом дунё, Эрдене?! – Бо алам хитоб кард Догуланг. – Кучост он диёре, ки ба холи худ зиста битавони? Аз Худо гурехтан мумкин асту аз хокон не. Худат медони – барои хамин хам чуръат накарда будем. Касе хам аз ахли кушун чунин чуръат намекунад. Бино бар ин, миёни тарсу мухаббат мондем ману ту бо сирри хеш – ту аз саф рафта наметавонисти, ки хамбахои сарат буд, ман – аз ту, ки хамбахои бахтам.  Ва, инак, танхо нестем мо, писар дорем.

Банди изтироби фаровон харду хомуш монданд. Баъд юзбоши гуфт:

 – Одамон баъзан аз шармандаги, бешарафи, аз чазои хиёнат мегурезанд, мегурезанд, ки чонашонро халос кунанд. Мо мачбурем барои он бигурезем, ки кисмат фарзандамон додааст, вале бахо хамон хохад буд. Тараххум интизор шудан маъни надорад. Хокон харгиз амрашро вайрон намекунад. Холо ки дер нашудааст, гурехтан лозим, Догуланг, илочи дигар нест. Решаи бахту бадбахти як аст. Бо хам хушбахт будем, акнун – бо хам набояд аз бадбахти битарсем. Гурехтан лозим.

– Мефахмамат, Эрдене, – охиста гуфт зан. – Ту, албатта, хаки. Лекин дар андешаи онам, ки мурдан хуб аст ё зиндаги. Ман гами худамро намехурам. Ман бо ту чунон хушбахт будам, ки ба худ мегуфтам: лозим шавад, мемурам, лекин нишони туро кушта наметавонам. Намедонам, аз донои буд ё аз нодони, ки дастам пеш нарафт…

– Худатро азоб надех, Догуланг, ту бояд фикри мурдан ё зинда монданро накуни! Ману ту онеро, ки хануз таваллуд нашуда буд, курбон кардан нахостем. Акнун, ки таваллуд шудааст, ба хотири у бояд зист. Бояд гурехту зинда монд. Ману ту писар мехостем, охир.

– Ман худамро дар назар надорам. Дигар чиз гуфтан мехохам. Намедони, агар маро бикушанд, туву писаракатро зинда мемонанд ё не?

– Бас кун ин гапхоро, Догуланг, маро шарм надорон. Ман чи мегуяму ту чи! Бехтараш, бигу, ки ахволат чи хел аст, ба рох баромада метавони? Ту хамрохи Алтун дар ароба мерави, вай аллакай омода аст, ки хамрохиат кунад. Ман – бар-баратон аспсавор, то ки агар ходисае руй бидихад, рафъ карда битавонам…

– Чизе, ки худат бигуи, – кутохакак чавоб дод зардуз. – Бо ту бошам, шуд!  Дар бари ту…

Сархояшонро суи гахвора хам карда, боз чанде хомуш шуданд.

-Эрдене, – гуфт Догуланг, – мегуянд, ки ба кариби кушун ба сохили Жаик*[‡] мерасад. Алтун аз одамон шунидааст.

– Ха, баъди ду руз мерасад, чандон вакти зиёд намондааст. Ба чойхои обхезаш бошад, пагох мерасем. Он тараф чангал сар мешавад. Жаик хамон чост.

– Калон аст Жаик, чукур аст?

– То Итил бузургтарин дарёи сари рохи мост. На хар асп гузаштааш метавонад, махсусан, чои тезобашро. Шохобхояш руяктаранд.

– Чукуру ором аст, бигу.

– Оина барин сокит, лекин тезобчо хам дорад. Медони-ку: бачагии ман дар даштхои сохили Жаик гузаштааст – мо аслан аз ин чохоем. Сурудхоямон хам хама дар бораи Жаиканд. Махтобшабхо замзама мешаванд сурудхои мо.

– Ба ёдам хаст, – андешамандона чавоб дод зардуз, – боре як суруд хонда буди – суруди духтаре, ки аз махбубаш чудо кардандашу худро ба Жаик афканд – то хол фаромушаш карда наметавонам.

– Суруди кадимаест он.

– Як орзу дорам, Эрдене, мехохам, руи абрешими сафед манзараеро зардузи кунам: об аллакай бахам омадааст ва он чое, ки  духтарак худро афканда буд, мавчхои махине ба назар мерасанду халос, дар атроф – рустанихо, парандахо, шапаракхо, вале духтарак нест, ба он алам тоб наовард у. Мехохам, ки хар касе он духтаро бубинад, суруди пуралами бар фарози дарёи пуралам танинандоз дар гушаш садо бидихад.

– Баъди як руз мебини он дарёро. Бадиккат гуш кун, Догуланг: шаби дигар бояд ту омода боши. Хамин ки ман бо аспи эхтиёти пайдо шудам, соати чанде ки бошад, бояд гахвораро гирифта, барои. Таъхир кардан мумкин нест. Дилам мехохад хамин руз бубарамат, ба кучое, ки рост биёяд, бубарамат. Лекин атроф – дашти кушод, чор су – чун дар кафи даст, чое нест, ки сар бизаниву пинхон бишави. Шабхо хам махтоби шудаанд. Бо ароба дар ин дашти кушод аз таъкиби саворон дур гурехта наметавони. Лекин онтарафтар, дар наздикихои Жаик, буттазорхо сар мешаванду кор ранги дигар мегирад…

Онхо боз дергох машгули гуфтугу  буданд. Гох хомуш мешуданду гох аз нав ба мухокима мепардохтанд, ки дар остонаи кисмати ноаёни оянда, ки акнун – бо он тифлаки навзод – се нафаррост, чияшон интизор аст. Майдаяк низ дер мунтазирашон накард – баъди чанд лахза дар гахвора ба чунбидан даромад ва, бабача барин минг-минг карда, гиря огоз намуд. Догуланг руи даст гирифташ ва, аз бетачрибаги худро гум карда, ба пистонхои хеш чафсаш намуд, пистонхое, ки ин кадар ба юзбоши шинос буданд, пистонхое, ки дар чуши эхсос бешумор бусида будашон, пистонхои суфтаву сафеде, ки у ба пушти лундаяки мургоби ташбехашон медод. Акнун пистонхои чонбахши модар буданд онон. Чашмони юзбоши аз хайрату шавк дурахшиданд ва у, чизеро аз дил гузаронда, хомушона сар чунбонд, – чи кадар гам хурд у рузхои охир ва, инак, он чизе, ки дар мухлати муайянкардаи табиат бояд ба амал меомад, ба вукуъ пайваст: акнун вай падар асту Догуланг – модар, онхо писар доранду модар тифлакашро сина медихад… Аз кадим хамин хел аст ин дунё. Алаф аз алаф меруяду фармонбари табиат аст, хайвон аз хайвон ба дунё меояду фармонбари табиат аст, танхо инсон аст, ки якравона попархам меистаду садди рохи табиат мешавад…

Тифлак чалап-чалап пистон мемакиду аз файзи пистон-мургоби бахра мебурд.

– Вой, куч-кучакам* меояд, – хушнудона хандид Догуланг. – Ин хел балояк аст-е, часпидаасту дигар чудош карда намешавад-е, – мегуфт у, гуё барои хандаи хушбахтонаи худ маъзарат хоста. – Аз рости, ки Кунанмон ба ту бисёр монанд аст. Аждарбача – зодаи аждари калон! Ана, чашмаконашро кушод! Бубин, Эрдене, бубин, чашмони туро канда гирифта-аст, биниву лабхоятро хам…

– Монанд аст, бисёр монанд, – бо майли тамом рози шуд юзбоши. – Касеро ба хотирам меорад ин майдача!

– Чи хел – касеро? – хайрон шуд Догуланг.

– Худамро, албатта, худи худамро!

– Мах, руи дастонат бигир лундачаро. Сабуке хаст, ки мегуи бачаи заргуш бошад.

Юзбоши ноухдабароёна тифлакро руи даст гирифт. Куввату вазни дастонаш он лахза дигар нобарчову нодаркор буд ва у, хайрон, ки чи кор кунаду кафхояшро барои нигох доштани он мавчуди маъсум чи гуна созгор созад, боэхтиёт  тифлакро ба дилаш зер кард, – аниктараш, наздики наздик намуд ва, барои он хиси нозуки то кунун барояш ноошно ифодаи мувофик чуставу аз дарки онлахзаинааш хушбахтона лабханд зада, мутаассирона гуфт:

– Медони, Догуланг, ин бачаи заргуш не, дили ман аст руи дастам…

Навзодро зуд хоб бурд. Вакти ба чои худ баргаштани юзбоши хам шуда буд.

Як поси шаб, аз  юртаи махбубааш баромада, Эрдене-юзбоши ба махтоб, ки дар фарози дашти Сарой торафт мунаввартар мешуд, нигарист ва якбора эхсоси комили танхои фарояш гирифт. Рафтанаш намеомад, дилаш боз назди Догуланг, пеши писаракаш баргаштан мехост. Садохои асроромезу пуртанини шаби бардавоми дашт диккаташро чалб мекард. Аз он ки равонаи юриши Гарб онхо бо амри кисмат шарики корномахои хокони кабиранд ва, хидмати уро ба чо оварда, дар айни замон зери хатар карор доранд, – хар лахзае чазои ногузири вай барои тавлиди тифл нобудашон карда метавонад, – Эрденеро ким-чизи ноаёну мудхише дармеёфт. Яъне, пайванди онон бо Хокими Чахор Суи Олам гайритабии, аз хамин лахза ин чониб бо хаёти шахсии худашон оштинопазиру носозгор аст ва, баробари ин, хулоса ягона хохад буд – бояд фирор бикунанд, озоди дарёбанд, хаёти тифлашон-ро начот бидиханд…

Базуди Эрдене дуртар аз юрта Алтун-канизакро, ки тамоми ин муддат аспи уро нигохубин мекарду аз турбаи сафари чаваш медод, пайдо намуд.

– Хайр, чи хел, бачахакатро диди? – зуд ба гап сар кард вай.

– Рахмат, Алтун, дидам.

– Номаш монди?

– Мондам – Кунан!

– Номи нагз – Кунан.

– Ха, бигзор Осмон бишнавад… Акнун, Алтун, гуш кун, ин гапро дигар кафо партофтан мумкин нест. Ту ба чои хохарам хасти, Алтун. Барои Догулангу кудакаш – модаре хасти, ки такдир фиристодааст. Ту намешуди, ману у дар ин сафар бо хам буда наметавонистему дарди фирок мекашидем. Ки медонад, шояд дигар харгиз хамдигарро намедидем. «Кулухандозро подош санг аст» мегуянд, мо имруз кулухандозем… Ман миннатдорам аз ту, бехад миннатдорам, Алтун…

– Медонам, Эрдене, – гуфт Алтун, – медонам, чиро дар назар дори. Охир, коре кардаи ту хам – гушношунид! – Алтун сар чунбонда, илова намуд: – Илохи, бахуби бианчомад… Медонам, – идома медод у, – ту имруз юзбошии ин кушуни бузурги, пагох нойон мешудиву як умр бо обруву эътибор мезисти. Он вакт ману ту чунин сухбат намекардем. Ту юзбошиию ман – канизак. Ман кучову ту кучо. Лекин  ту чизи дигарро интихоб карди, бо амри дилат рафти. Ман, гайр аз нигохубини аспат, кумаке ба ту карда наметавонам. Вазифаи ман, худат медони, ба Догуланг ёри расондан аст. Ва ман, ба у мехр бастаам, чунки у, ба гумонам, духтари худои хусн аст. Оре, оре! Зебост у – чои гап нест. Лекин ман чизи дигар гуфтаниам. Дастони Догуланг сехрофаранд – чанд калобаву порае матоъ хар касе хам ёфта метавонад, вале он чизе, ки Догуланг медузад, беназир аст. Аз худам киёс мекунам. Аждархое, ки медузад, зинда барин руи байрак медаванду ситорахояш руи матоъ, чун дар осмон, медурахшанд. Гуфтам-ку: хунарманди худодод аст у. Ман аз у чудо намешавам. Рафтани бошед, ман хам – бо шумо. Танхо дар рох азоб мекашад у, нав халос шудааст, охир…

– Ман хаминро гуфтани будам, Алтун. Пагох, карибихои ними шаб, тайёр будан даркор. Мегурезем. Ту бо Догулангу кудак – дар ароба, ман, лачоми аспи эхтиётиро гирифта, аспсавор – бар-баратон. Ба дарёбоди Жаик меравем. Мухимаш – то бомдод дуртар рафтан, ки сахар аз паямон наафтанд. Он тарафаш осон…

Харду хомуш монданд. Пеш аз он ки ба асп савор бишавад, Эрдене-юзбоши, сарашро хам карда, кафи дасти харобаки Алтун-канизакро бусид. Кисмати мехрубон фиристодааст барои уву Догуланг ин зани резаандомро, ки солхои зиёде пеш аз ин дар мулки Чин ба асорат афтодаву хамин тавр то пири канизи корвони Чингизхон монда буд. Зохиран беш аз хамсафари тасодуфие дар гирдоби юриши Чингизхон ба Гарб набуд уро ин занак. Вале аслан дар рузхои сарнавиштсози умрашон пуштибони  содику ягонаи дилдодахо буд. Юзбоши мефахмид, ки дар ин дунё чуз у, канизак Алтун, ба касе умед баста наметавонад. Ба касе. Дар байни даххо хазор одамони мусаллахи ба юриши кабир равону бо нидохои мудхиш набардчу танхо як хамин канизаки пир тарафи уро мегирад. Як у танхову бас. Окибат хамин хел хам шуд.

Бевактии он шаб, савори саманди пешоникашкааш Окжулдуз, аз пахлуи кушуни дар бошишгоху кароргоххои корвон фориг гузашта, юзбоши вокеаи пешомадро меандешиду ба хотири мавчуди навзоду бегунохтарин аз Худо мадад мехост; охир, хар як навзод пайке аз нияти Худост, пайки нияте, ки мувофики он замоне ягон кас чун Худо дар сурати одами зухур мекунад ва хама мебинанд, ки инсони хакики бояд чи сон бошад. Худо Осмон аст, Осмони бекарон, Осмоне, ки акл ба даркаш очиз аст. Ва як у медонад, киро чи сарнавиште бидихад – ки ба дунё биёяду умр бубинад.

Эрдене-юзбоши кушиш кард аз руи зин фазои ситоразорро назора бикунад, фикран Осмонро зори бинамояду ботинан посухи кисматро бишнавад. Вале Осмон хомуш буд. Махтоби танхо, дар намуди сели бунафши анвор, бар дашти Сарой, ки андар огуши хобу пурасрории шабистон буд, фуру рехта, дар авч салтанат дошт…

Сахар, мардумро ба хестан, мусаллаху ба аспхо савор шудан, бору бандро ба аробахо бор кардан водор намуда, боз добулбасхо ба гулгула даромаданд ва боз издихоми сахроии Чингизхон, мафтуну мачбури хокимияти тавонои хокон, суи Гарб рох пеш гирифт.

Рузи хабдахуми юриш буд. Кисми зиёд – чойхои душворгузари дашти Сарой акиб монд, имруз-пагох дарёбоди Жаик огоз мешуд, аз он пас рох суи Итили бузург – дарёе, ки дунёи хокиро ба ду кисмат – Шарк ва Гарб чудо мекард, тул мекашид.

Хама чиз чун пештара буд. Пеш-пеш, савори самандхои сиёхмушкин, парчамдорон мерафтанд. Баъди онхо, дар ихотаи кезегулхову ахли рикобаш – Чингизхон. Зери зини у йургааспи дустдоштааш – Хубаи ёлсафеди думсиёх мавзун кадам мезаду дар тори сараш, ноаён нигохи хоконро ороставу гурури бе ин хам базур фурунишини дилашро афзуда, чун хамеша  хамсафари чудоинопазираш – абраки сафед харакат мекард. Хеч аз у чудо намешуд он. Дар руи замин бошад, аз карон то ба карони пахноро пур карда, издихоми одами – фавч-фавчи сарбозон, аробахо, лашкари бехисоби Чингизхон равон буд. Садое чун гурриши бахри шурида фазоро пур медошт. Ва ин хама, тамоми ин сели равони одаму аспу аробаву силоху дороиву хайвонот, тачассуми кудрату куввати у буд, ба у вобастаги дошту аз сарчашмаи ниятхои у об мехурд. Ва он лахзахо, руи зин, у хамоно дар бораи чизе меандешид, ки касе чуръати андешиданаш дошт ё на – андешааш аз хусуси салтанати дилчуи чахони, давлати ягонаю човидонаи руи замин буд, ки баъди марг хам дар он хукм хохад ронд. Чи гуна? Тавассути амру фармонхое, ки дар зиндагиаш абади руи лавххои сангин сабт кардааст. Ва, то барчо будани он харсангхо, ки фармонхои собиташон тарзи хукмронии оламро нишон медиханд, амри у дар ин дунё вочиб хохад буд.

Рахравон он лахзахо хокон дар хамин хусус фикр мекарду андешаи чолиби катибахои санги, хамчун воситаи дарёфти умри абад, аллакай оромаш намегузошт. Карор дод, ки бо ин кор хамин зимистон, дар сохили Итил машгул бишавад. Дар интизори фурсати убур шурои уламову хирадманду гайбдонхояшро чамъ мекунаду андешахои пурбахо-яшро оид ба давлати човидон иброз дошта, амру фармонхо медихад ва он хама бетаъхир дар харсангхо сабт мешаванд. Он гуфтахо дунёро чаппагардон  мекунанд ва олам хама сар ба кудуми у меорад. Бино бар ин хам, у ба юриш равон асту мебояд кулли мавчудоти руи замин ба ин максад хизмат бикунад. Ва хар чизе, ки хилофи ин максад асту ба комёбии юриш мусоидат намекунад, махкуми бартараф намудану решакан кардан хохад буд.

Боз илхоми шеър гуфтанаш омад:

Аз алмосхои беназири давлати хеш

Дурахшон мохе дар осмон устувор мекунам. Оре!..

Мури пайрохаеро хам гурез нест

Аз оханин суми аспони лашкари ман… Оре!

Анбони таърихро

Аз сагрии аракшори аспи ман

Авлоди кадрдонам бармедоранд

Ва кадри кудрат дармеёбанд… Оре!

Хамин хел шуд, ки махз хамон руз, баъди пешин, ба Чингизхон хабар доданд, ки алорагми манъи катъии хон зане дар кофила зойидааст. Падари кудак маълум нест. Ин хабарро Арасан-хептегул овард. Хептегули рухсорасурху бекарорчашми хастагинопазиру хамеша аз хама чиз бохабар ин дафъа хам аз хама пеш дарак ёфт. «Карзи банда хама чизро, тавре ки хаст, пешат арз кардан, аълохазратам, хушдори чанобашон аз ин хусус бандаро ба хамин водор мекунад», – то ки суханонашро бод набарад, барбабари хокон асп рондаву аз фарбехи базур нафас кашида, кутохакак хабар дод у.

Чингизхон аввал сарфахм нарафт ва ба хептегул чавобе надод. У, ки он лахза дар хусуси лавхахои сангини орзуяш меандешид, дарзамон он алами ногахонро дарк накард; дер гох пеши худ икрор намудан хам намехост, ки таъсири инчунинеро аз ин хабар интизор набуд. Чингизхон хакирона сукут варзида, аз алам гардиши аспашро тезтар кард ва хамоно бари домони пустини сабуки самуриаш, мисли ду боли мурги рамида, ба ду тараф бод хурд.  Арасан-хептегул, баробари у асп давонда, дар холати ногуворе монда буду чи кор карданашро намедонист: гохе, то ки хузураш кахри хоконро наафзояд, лачомро мекашиду гохе баробараш асп меронд, то ки агар сухане бигуяд, шунида битавонад. У сабаби сукути бардавоми хокимро хеч фахмидаву дарк карда наметавонист – душвор аст магар хамаги ду калима – «Катлаш кунед!»-ро ба забон овардан – ва хамоно он занаку харомиашро дар чошон куртакчаф карда мекуштанд. Чунин густохзанакро ба намад печонда, дамгир кардан даркор, ки дигаронро ибрат бишавад.

Баногах хокон, ба акиб нигох накарда, чунон тунду тез гап зад, ки хептегул руи зин нимхез шуд:

– Барои чи то зойидани он канчик касе дамии шикамашро пай набурд? Ё диданду нагуфтанд?

Арасан-хептегул бесарунуг чаро ин хел шудани вокеаро шарх додани буд, ки хокон омирона гапашро бурид:

– Даматро бигир!

Баъди чанд лахза базарда пурсид:

– Бешу буданашро фахмидем, чикора будааст, ки рахбарах мезойдааст – ошпаз аст, аловмон аст, подабон аст – ки аст?

Ва чун фахмид, ки халосшуда парчамдуз аст, бехад хайрон шуд, чунки то хол боре ба хаёлаш наомада буд, ки касе ба ин кор машгул аст, яъне, парчамхои зарини уро мебураду медузад, хамчунон ки фикр накарда буд – касе музахояшро бахиядузи мекунад ва ё юртахои навбанаве месозад, ки умраш зери гунбазашон мегузашт. То хол ин майда-чайдахо дар хаёлаш намегунчид. Чаро хам худро ба ин фикрхо гаранг кунад, магар ин байракхо, ки чун гулханхои пешаки афрухта кабл аз хузури худаш дар кароргоххо, миёни лашкар, дар набарду базмхо пайдо мешуданд, бар фарози уву лашкараш худ ба худ мавчуд набуданд? Ана, холо хам, пеш-пеш, барои у рох кушода, парчамдорон равонанд. У ба Гарб юриш дорад, ки парчамхои худро он чо парафшон кунаду байракхои бегонаро зери похо афканад. Хамин тавр хохад шуд… Чизеву касе сари рохи уро гирифта наметавонад. Майдатарин сарпечии хар кадоме аз хамрохонаш, ки бо у ба чахонгири равонанд, факат марг аст. Чазо ба хотири мутеъ кардан – хамин аст воситаи тагйирнопазири хукми як кас бар хамагон.

Вале дар ин маврид натанхо занаки зардуз, балки боз каси дигаре хам аз ахли корвон ва ё кушун гунахкор аст… Кист он?

Аз хамон лахза табъи Чингизхон хира шуд. Ин аз чехраи беифода, нигохи вазнин ва нишасташ руи зин, ки гуё мукобили шамоли сахт карор дошта бошад, аён буд. Вале ягон нафари ононе, ки бино бар корхои таъхирнопазирашон чуръати ба у наздик шудан карда буданд, намедонистанд, ки хиратабъии хокон начандон аз ифшои  вокеаи густохонаи фармоншикании кадом як дузандаву махбуби номаълумаш, балки бештар аз он аст, ки ин ходиса киссаи тамоман дигареро хотиррасонаш кард; киссаеро, ки дар дилу чонаш накши талху носутурдании нангине гузошта буд.

Аз нав, хуншор шудаву дилу чонашро сузонда, чарохати замони чавониаш ба ёд омад; замоне, ки у хануз номи аслиаш – Темучинро дошт ва холо касе гумон намекард, ки аз он сагераи бепадар – Темучин Хокими Чахор Суи Олам меруяд; он вакт у худ низ хануз дар хусуси ба ин монанд чизе фикр намекард. Хамон айёми дур, дар айни чавони вай фочиаи нангинеро аз сар гузаронд. Зани чавонаш – Бортэро, ки волидони Темучин хануз дар кудакиаш хостгори карда буданд, дар асалмохи хонадориашон, хангоми хучуми кабилаи хамсоя – меркитхо дуздиданд ва то у, хангоми хучуми навбати, боз ба даст овардаш, ки рузхои зиёде сипари шуд, рузу шабони бешуморе гузаштанд, ки барои хисоби аникашон акнун хам, агарчи бо кушуни бисёрхазора ба фатхи Гарб мерафт, то номи худро дар маснади салтанати чахони баркарору абадан дастнорас бисозад ва хамаро – рупушу фаромуш, мадораш намерасид.

Он шаби дур, вакте ки меркитхои палид, баъди гирудори серузаи хунин, бетартибона гурехтанд; галахову кароргохашонро партофта гурехтанд; зери фишори мудхиши берахмона, танхо барои чони ночизашонро рахо кардан, аз касос гурехтанд; вакти амали гаштани савганди интиком, ки нидо мекард:

… Парчами кухану аз дурхо аёни худро

Пеш аз юриш дар хуни хасм тар кардаам

Ва накораи гулгулафкани хешро,

Ки пусти барзагов ба ру дорад, ба садо овардаам.

Ба саманди сияхёли хеш нишастаам,

Чавшани бешикаст ба бар кардаам.

Шамшери беамон ба даст бигрифтаам,

Бо меркитхо то мурдан хохам чангид…

Мардуми меркитро то кудаки гахвора нобуд

                                                            хохам кард

Ва то лонаи чугз шудани маконашон…

– вакте ки дар он шаби фигону нола ин савганди мудхиш пурра ба ичро расид, хамрохи осемасар гурезандагон, ки таъкиб мешуданд, аробаи рупушидае хам бошитоб он маконхоро тарк мегуфт. «Бортэ! Бортэ! Кучои? Бортэ!» – бо тамоми овоз фарёд мекард Темучин, маъюсона худро ба чор тараф задаву дар ягон чояш наёфта ва окибат, хангоме ки ба аробаи рупушида расиду одамонаш сарибод аробакашро ба чаханнам фиристоданд, Бортэ ба фарёдаш чавоб дод: «Ман ин чоям! Ман – Бортэ!» – ва аз ароба парид, у низ худро аз асп афканд, харду ба истикболи хам шитофтанду якдигарро миёни пардаи тираги ба канор кашиданд. Ва хамон лахзае, ки хамсари чавонашро сихату саломат дар огушаш дарёфт, чун зарбаи ногахоние ба дилаш, буи ношиносу бегонаи, аз афташ муйлабхои сахт дуди тамокуолударо, ки дар гардани гарму нарми у монда буд, эхсос кард ва лабони хешро, то хуншор шудан газида, чобачо карахт шуд. Дар атроф хамоно набарду гирудор, зумраеро нест кардани дигарон идома дошт…

Баъд аз он у дигар ба чанг надаромад. Хамсари аз асорат рахондаашро ба ароба шинонда, акиб гашт. Мекушид худро нигах дорад, то дархол он чизе, ки вучудашро сухт, аз даханаш набарояд. Баъд тамоми умр худро хурд. Мефахмид, ки занаш на бо ихтиёри худ ба дасти душманон афтод. Вале ба чи кимате зинда монд у? Як тори муяш хам кам нашуд. Маълум буд, ки дар асорат азобаш надодаанд, азиятдида гуфтан мумкин набуд уро. Вале баъдан хам дар ин бора миёни онхо гуфтугуи руирост доир нашуд.

Вакте он меркитхои камшумор, ки пас аз торумор ба дигар мамолику чойхои дастнорас куч баста натавониста буданд, дигар хавфе хам надоштанд – ё чупону хизматгор шуда буданд ё гулом – сабаби касоси бехад берахмонаи Темучинро, ки аллакай Чингизхон шуда буд, касе намефахмид. Хамаи меркитхо, ки гурехтан муяссарашон нашуда буд, аз дами тег гузаштанд. Ва дигар касе аз онхо гуфта наметавонист, ки ба Бортэи у, дар рузхои асораташ дар кабилаи меркитхо, алокае дошт.

Баъдан Чингизхон боз се зан гирифт, вале чизе дарди зарбаи нахустину мудхиши кисматро дар дилаш даво карда наметавонист. Ба касе ошкор намесохт, вале хамон дард, хамон захми хунчакон дар дил зиндаги мекард хокон. Вакте ки Бортэ нахустфарзандаш – Чучиро ба дунё овард, Чингиз-хон аник хисобукитоб кард, ки писари у будани кудак хам мумкину писари бегона хам. Каси номаълуме густохона ба номуси у даст зада, умрбод карорашро рабуда буд.

Ва харчанд он марди номаълуми дигар, ки занаки парчамдуз хангоми юриш аз у таваллуд карда буд, ба хокон муносибате надошт, хуни хоким тугён намуд.

Баъзан як сабаби ночиз хам одамро ба холате меорад, ки дар як мижа задан дунё пеши чашмаш чаппаву роста мешавад ва на чуноне менамояд, ки лахзае пештар – матлубу маъкул метофт… Махз чунин гардише рух дод дар дили хокони кабир. Атроф хамон хеле буд, ки то ин хабар пеши чашм метофт. Пеш-пешаш, савори сиёхмушкинхо, дар даст байракхои парафшони аждардор, хамоно парчамдорон мерафтанд; зери зинаш, чун хамеша, йургааспаш Хуба чорхез мезад; аз ду бару акибаш, савори самандхои хушзот, бо эхтироми тамом ахли рикобаш рох мепаймуд; атроф пур аз посбонони содикаш – дастахои кезегулхо буд; дар тамоми пахное, ки ба чашм мерасид, туманхои муктадири чангиаш ва такягохи онхо – хазорон аробахо харакат мекарданд. Болои сараш, бар фазои он хама сели одами, дар осмон абри сафеди бовафояш, хамон абре, ки аз нахустин рузхои юриш аз химояти Осмони Воломакомаш шаходат медод, шино дошт.

Хама чиз чун пештара менамуд, вале чизе дар ин дунё бечо шудаву тагйир хурда буд, ки боиси хашми хардамафзои хокон мегардид. Маълум мешавад, касе аз амри у сар печидааст, нафси белачоми шахвониашро аз нияти у боло гузоштааст, дониста зидди фармудаи у рафтааст! Касе аз сарбозони у, бештар аз хизмати садокатмандонаву итоати бечунучарои хокони хеш заневу нозболини варо хостааст! Кадом як нокиро занаке, амри уро вайрон карда, чуръати зойдан намудааст!.. Дузанда будааст! – Чи, чуз у дигар байракдуз ёфт намешавад?

Ин фикрхо, мисли ачирику буттазори вахши, дар вучудаш фаровон мерустанду пеши чашмашро бо пардаи хашм мепушиданд ва у, харчанд мефахмид, ки ин  ходиса аслан кирои несту ба он ахамияти хосае додан намебояд, садои дигаре, ки омиронатару кодиронатар буд, чазои сахт, катли ногушнавхоро дар пеши чашми тамоми кушун харчи берахмонатар исрору талаб мекарду фикрхои дигарро харчи бештар пахшу танг менамуд.

Хатто Хуба, ки хокон он руз зинашро тарк нагуфта буд, гуё вазни изофаю хардамафзое эхсос кард: йургааспи хастагинопазире, ки хамеша чун тири камон рост харакат менамуд, аракшор шуд; ин хол пештар рух намедод.

Чингизхон, хомушу хашми, рох мепаймуд. Бо вучуди он ки зохиран низоми юришро чизе вайрон намекарду ба харакати он издихоми сахрои чониби Гарб ва амали шудани нияти бузурги у – тасхири дунё халал намерасонд, ходисае рух дода: сангаки ноаёну резае аз кухи вайронинопазири амру фармони у канда шуда буд. Ва ин оромаш намегузошт. Рахорах дар ин бора фикр мекард; ин уро, чун хори тахи нохун, бекарор менамуд ва, пайваста дар бораи як чиз фикр карда, торафт бештар аз хузури мукаррабонаш асаби мешуд. Чаро онхо уро акнун хабардор кардаанд, акнун, ки занак аллакай зойдааст, пештар кучо буданд онон, ба кучо нигох мекарданд, пайбурди як занаки бугуз ин кадар душвор буд магар? Он вакт кор дигар мешуд – саги дайду барин хайаш мекарданду халос мешуданд. Акнун чи бояд кард? Чун ин ходисаро хабараш доданд, у нойони барои ташрех хозиршуда – масъули корвонро сахт пурсид: чи хел шуд, ки то он дузандазанак назойиду содикин гиряи кудакашро нашуниданд, ин ходиса пинхон монд? Чи хел мумкин буд рух додани чунин вокеа? Нойон, забон хоида-забон хоида, чавоб дод, ки парчамдуз Догуланг дар чои хилвате, дар юртаи алохида мезист, бо бахонаи серкори бо касе алока надошт, аробааш хам чудо буду канизаке ёрмандиаш мекард, чун бо коре пешаш мерафтанд, занакро дар гарами матоъ, аксаран абрешими парчамбоб, печида дармеёф-танд. Ва гумон мекарданд, ки  азбаски орову тороро нагз мебинад, ин корро хам барои зебаш мекунад. Бино бар ин, хомила буданашро пай бурдан душвор буд. Падари навзод маълум нест. Дузандазанакро хануз пурсиш накардаанд. Канизак бошад, мегуяд, ки чизе намедонад. Биёбу бигир…

Чингизхон бо алам аз дил гузаронд, ки ин вокеа сазовори таваччухи волои у нест, вале азбаски манъи зойишро худ мукаррар кардаву сарони кушун аз тарси чон, хар рухдодро бетаъхир хабараш медоданд, хокон беихтиёр гаравгони амри вочиби хеш гашта буд. Фармони худро вайрон карда наметавонист у. Аз ин ру, чазо ногузир буд…

Карибихои нимашаб Эрдене-юзбоши, супоришхои таъхирнопазирро пеш оварда, гуфт, ки назди нойон меравад, вале ин танхо бахонае буд, то аз бошишгох бубарояду худи хамон шаб хамрохи махбубааш фирор бикунад. Вай хануз намедонист, ки хокон аз хамааш бохабар аст, намедонист, ки хамрохи Догулангу кудакаш гурехтан муяссараш намешавад.

Аспи эхтиётиро, чун саги шикори, аз паси саманди хеш бурда, Эрдене-юзбоши бошишгоххоро осуда паси сар кард ва, ба кофилае, ки  юртаи Догуланг дар карибихои он буд, наздик шуда, худо мегуфт, ки ба нозирони шабгарди нойон барнахурад. Нозирони нойон – хиратарину берахмтарин дастахои посбонон – баногох агар сарбозеро сархуши кимиз хам дарёбанд, хеч тахаммул намекунанд – ба чои асп ба ароба мебанданду  аробакаш камчинкубаш мекунад…

Нияти дастаи худро тарк гуфтану ру ба фирор ниходан намуда, Эрдене медонист, ки агар дастгираш кунанд, чазои оли – дар намад печонда, хафакуш кардан ва ё овехтан тахдидаш дорад. Илочи дигар танхо ба даст наафтодан, ба марзу буми дуру бегона рафтан асту халос.

Имшаб хам махтоби буд. Дар атроф, то дури, бошишгоххову галахо ба назар мерасиданд ва хама чо, пеши гулханхои хомушшуда, сарбозон мехобиданд. Дар байни ин кадар одаму ароба касеро хам ба кучо рафтани касе кор набуд. Ба хамин умед дошт Эрдене-юзбоши ва, агар кисмати носозгор намешуд, уву Догулангу писаракашонро фирор намудан муяссар мегардид…

Ба бошишгохи хунармандон наздик шудан баробар, юзбоши фахмид, ки балое сар задааст. Хез зада, аз зин фуромад ва, лачомхоро таранг ба даст гирифта, дар панохи аспхо карахт шуд. Оре, мусибат рух дода! Дар назди юртаи канори гулхани калоне месухту атрофро бо алангаи  изтиробангез рушан мекард. Дар пеши он такрибан дах жасавул, баланд-баланд сухбат карда, аспсавор меистоданд. Чанд нафаре, ки пиёда шуда буданд, аспу аробаро куш мекарданд, хамон аробаеро, ки уву Догуланг имшаб савораш гурехтан мехостанд. Баъд Эрдене дид, ки жасавулхо Догулангро бо кудак аз юрта берун карданд. Пустини савсораш ба тан, ранги руяш канда ва бепаноху харосон, тифлро ба сари синааш зер карда, дар рушании гулхан меистод у. Жасавулхо ким-чиаш мепурсиданд. Хар замон дугу дарангашон ба гуш мерасид: “Чавоб бидех! Чавоб бидех, мегуям! Фохишаи оси!” Баъд нолаи Алтун-канизак баланд шуд. Бале, овози у буд ин, бешубха, овози у. Дод мегуфт, ки “Ман аз кучо медонам?! Охир, барои чи маро мезанед? Чи медонам, аз ки таваллуд кардааст у? Охир, ана дар хамин чо, хамин хозир нашудааст-ку ин кор! Кудакро, худатон мебинед, нав зойдааст, лекин, наход нафахмед, ки ин вокеа нух мох пеш рух додааст! Пас ман аз кучо медонам, ки у кай ва бо ки он корро кардааст? Чи маро мезанед, охир!? Вай бечорахакро чи метарсонед, охир, кудаки навзод дорад у! Магар дар хизмати шумо набуд у ва байракхои чангиеро, ки зерашон ба юриш меравед, оро намедод? Пас барои чи нобудаш мекунед, барои чи?”

Бечора Алтун, чун майсаяки зери суми асп, чи кор хам карда метавонист, дар сурате, ки Эрдене-юзбоши чуръати худро нишон додан надошт. Мукобили дах жасавули мусаллах аз дасти у чи хам меояд, чуз мурдану як ё ду нафарашро бо худ бурдан? Вале чи суд аз ин? Гала-гала зуранд ин жасавулхо. Фурсат мепоянд, ки хамакаса дарафтанду азият бидиханду хун бирезанд!

Эрдене-юзбоши дид, ки жасавулхо Догулангу кудакро ба ароба шинонданд, Алтун-канизакро хам бор карданд ва дар торики кучое бурданд.

Ва бо хамин хапу хомуш шуд хама чову истгох холи монд.

Танхо акнун аз ким-кучои кароргох ак-аки сагону шихаи аспон ва садохои номафхуме шунида мешуданд.

Гулхани назди юртаи Догуланги зардуз курдуд мекард. Ахтарони дурахшон, ин хама чонканиву гирудори одамиро хомушона фуру бурда, чунон бетафовут ба фазои тихи менигаристанд, ки гуё ногузир буд рух додани ин вокеа…

Эрдене-юзбоши, чун дар хобу хаёл кадам нихода, бо панчахои дарзамон карахту сардгаштааш лачоми аспи зиёдатиро даст-даст кард ва, бе эхсоси харакоти хеш, онро бароварда, ба тахи пои асп партофт. Охани лачом хираяк садое дод. Эрдене нафастанги эхсос намуд, хаво гирифтанаш торафт вазнинтар мешуд. Бо вучуди ин, куввате дар хеш дарёфта, ба пушти асп тап-тап зад. Дигар даркор набуд он асп, озод буд он акнуну зарурате надошт, бино бар ин, сархуёна чорхез зада, ба галаи наздиктарин пайваст. Эрдене-юзбоши бехудона кадам мезаду намедонист кучо меравад ва барои чи меравад. Аз акиб охиставу бесадо пешоникашкааш Окжулдуз – аспи бовафои чангиаш кадам мезад, аспе, ки ба сад набардаш бурда буд, вале натавонист савори он аробаи зани дустдоштаву тифли навзодашро рахнамои кунаду аз кисмати бад бигурезонад.

Эрдене, чун нобино, таваккалбахудо кадам мезаду ашки шашкатораш бар ришаш мешорид ва нури сарди мох руи китфони хамидаву ларзонаш харакат мекард… Сар-сари мегашт у чун дарандаи танхои аз гала рондаву дар дунёи бекарон ба холи худ монда, ки битавонад, мезияду натавонад, мемирад. Рохи дигар надорад у… Чи кор бикунад, сарашро ба кучо бизанад? Гайр аз мурдан, корде ба сари сина, ба дили беамон нолони хеш задану худро халок намудан ва бо хамин дарди сузони онро таскин бахшидану катъ кардан ва ё несту нобуд шудан, бебозгашт гурехтану абади дар ягон гур нопадид гардидан илоче нест уро…

Юзбоши, худро ба руи хок афканда, беовоз фигон кашид, ба шикам хазида, бо нохун сангхоро харошид, вале дили хок нарм нашуд, пас у сари зону хест ва даст ба корди бари миёнаш бурд…

Дашт хомушу тихи ва фазояш ситоразор буд. Танхо як аспи вафодораш Окжулдуз зери нури махтоб, хур-хур садо карда, пуртокатона амри сохибашро интизори мекашид…

 

Он субх, кабл аз рахаки шудан, накорачиён, ки пешаки дар пуштае чамъашон карда буданд, бо садои хеш кушунро ба гирдихамои даъват намуданд. Добулбасхо, бонги изтиробангези шадиду хардамафзое бароварда, дергох хомуш нашуданд. Накорахо, накорахои пусти барзагов, чун дарандаи бадомафтода, дурудароз гурида, издихомро ба катли зинокорзани парчамдуз, ки кам касон Догуланг ном доштанашро медонистанд, – зане, ки дар юриш кудак зодааст, – мехонданд.

Ва зери гулгулаи афсунгари накорахо, сад паи сад, пуштаро нимихота карда, саф кашиданд дастахои чун дар намоишхо саропо мусаллах; дар ду тараф бошад, аробахои пури бору банд ва ашхоси ёвар, хунармандони мухталифи юриш – юртасозхо, аслихасозон, саррочон, дузандахо – занону мардоне чой гирифтанд, ки хама чавон ва дар айни борвари буданд. Барои тарсондану панд додани онхо барпо мешуд ин катли ибратбахш. Яъне, хар касе, ки чуръати вайрон намудани амри хокон бикунад, аз умр бенасиб хохад гашт!

Добулбасхо, хунро дар рагхо сард намуда, хамоно руи пушта гулгула доштанд. Ин садо вучудхоро аз тарс карахт мекарду ба амале, ки бо райъи Чингизхон сурат мегирифт, рози ва, беш аз ин, хамдил мегардонд.

Инак, зери бонги мунтазами добулбасхо, руи тахти равони зарин худи хокон, ки катли осизани махуф – осизанеро, ки аз ки зойданашро хеч ошкор накард – ороста буд, ба пушта боло шуд. Тахти равонро руи пуштаи хазонранг, миёни парчамхои аз нурхои нахустини офтоб дурахшону аз шамоли дашт парафшон фуроварданд. Рамзи хокон буд аждахорхои оташнафаси бо тамоми кувват паррони парчамхо, вале у, хокон, гумоне хам надошт, ки дузандаашон варо не, дигареро тачассум кардааст. Дигареро, ки аждахори чобуку часури хилватгахи огушаш буд. Ва касе аз хозирин пай хам намебурд, ки акнун махз барои хамин сарашро ба бод медихад.

Он лахза торафт наздиктар мешуд. Накорахо батадрич садояшонро паст мекарданд, то пеш аз катл батамом сукут биварзанду хомушии гаронеро, ки дар интизории мудхишаш вакт бехудуду бекарону бехаракат мешавад, шиддат бубахшанд ва баъд, боз баланду бадхашмона гулгула афканда, лахзаи катъи зиндагиро бо садои вахшатбори хеш пур бисозанду дар вучуди махмури хар яке аз шохидон эхсоси касду кина ва шодмонии нихониеро барангезанд, ки махкуми катли дор у не, дигарест.

Садои накорахо фуру менишаст. Хозирон саропо хушу гуш ва аспон зери зинхо шах шуданд. Чехраи Чингизхон хам чиддиву беифода буд. Аз лабони сахт ба хам фишурдаву нигохи бефосилаи сарди чашмони тангаш гуё захр меборид.

Баробари аз юртаи ба катлгох наздиктарин берун кардани Догуланги парчамдуз накорахо аз забон монданд. Жасавулхои говзур, аз тахи каши занак гирифта, ба аробаи дуаспа телааш доданд. Дар руи ароба уро аз акиб жасавули гирифтачехраи чавоне дошта меистод.

Ашхоси сафхо, махсусан, занон, ба гур-гур даромаданд: “Ана, он дузандазанак! Зинокор! Бешу зойдааст! Ба ин чавонию хусну чамол зани дуюм ё сеюми нойоне шуда метавонист, охир! Нойони пиреро меёфт-ку, хузур мекарду рузи камиро намедид. Вале, инро бинед, ки ошикбози кардаву зойдааст, бехаё! Ба руи хокон туф мекард, бехтар буд! Акнун бигзор чазояшро бубинад. Бигзор дар кухаи шутур дораш бикашанд! Давидани гусола – то кахдон, хушруча!” Ин махкамаи пичир-пичирхо идомаи гулгулаи бадхашмонаи добулбасхо буд. Барои хамин хам чунин баисрору гуррон гулгула меандохтанд накорахои барзаговинапуш, ки майнахоро гич кунанду нисбати оне, ки сабабгори хашми хокон шудааст, адоват барангезанд.

– Бубинед, канизаку кудакро бубинед! – шодона дод мезаданд занони корвон.

Хакикатан хам, Алтун-канизак буд, ки навзоди кухнапечро бардошта меомад. Пеш-пеши жасавули бадвохимае, дар худ фуру рафтаву харосон ба чор тараф нигариста, Алтун бар-бари ароба кадам мезаду бо бори сари дасташ гуё чинояткории дузандаи махкуми маргро тасдик мекард.

Бад-ин сурат онхоро барои тамошои дахшатноки арафаи катл мебурданд. Догуланг мефахмид, ки акнун чизи дигареро чашм доштан имконнопазир аст, дигар на мебахшанду на авфаш мекунанд.

Дар юрта, пеш аз он ки ба шармсоркуни бароран-даш, кудакро бори охир сина дода буд у. Тифлаки бадбахти бехабар аз дунё, зери садохои батадрич фурунишини накорахо, ганаб карда буду бо чидду чахд пистон мемакид. Алтун-канизак хамрохашон буд. Дарун-дарун гириста, бо кафи даст дахонашро мепушид, ки фигон накашад. Хамон лахзахо муяссарашон шуд, ки чанд харфе радду бадал кунанд.

– Вай кучост? – Харчанд медонист, ки Алтун хам аз ин бобат хабаре надорад, охиста пичиррос зад Догуланг, бошитоб синаи дигарашро ба дахони кудак монда.

– Намедонам, – гирякунон чавоб дод Алтун, – ба фикрам, аз ин чохо дур.

– Кошки! Кошки! – Тавалло намуд Догуланг.

Канизак дар чавоб баалам сар чунбонд. Онхо харду дар бораи як чиз меандешиданд – кош Эрдене-юзбоши битавонад, ки пинхон бишавад, дуртар бираваду аз чашм нопадид бигардад.

Аз пушти юрта садои помони, пас овозхо ба гуш расиданд:

– Бикаш, буброршон акнун!

Занаки зардуз, охирин бор кудакро  ба сари синааш зер карда, бо хасрат буи ширинашро фуру бурду пас бо дастони ларзон ба канизакаш дод.

– То зинда аст, нигохаш кун…

– Беташвиш бош! – Алтунро ашк гулугир шуд ва у, дигар худро нигох дошта натавониста, сахту навме-дона фигон кашид.

Хамон замон жасавулхо расиданду берунашон кашиданд.

Офтоб баланд шуда, руи уфук меистод. Дар паси издихоми кушуну аробахо, ки омода буданд баъди катли занаки зардуз рохи юришро идома бидиханд, ба чахор тараф дашти хамвору бехудуди Сарой  тул кашида буд. Сари яке аз пуштахои он равонтахти зарини хокон медурахшид. Хангоми аз юрта баромадан Догуланг бо гушаи чашм онро дид, ки руяш хокони Худосон дастнорас менишасту дар атрофаш байракхои аждахори оташнафасдори худаш духта аз насими дашт парафшон буданд.

Аз зери чодари тахти равони сари пушта Чингизхон хама чиз – хам дашту кушун ва хам мардуми корвонро ба хуби медид, дар боло бошад, чун хамеша, тори сараш абраки сафеди бовафо шино дошт. Катли зардуз он субх юришро ба таъхир меандохт. Вале анчоми як кор зарур буд, ки идомаи дигаре имконпазир бошад. Ин катл дар хузури у аввалину охирин набуд – хар гуна саркашихо махз хамин хел чазо дода мешуданд ва хокон хар даъфа аз нав имон меовард, ки барои ба тартиботи ягонаи мукарраркардаи хоким итоат намудани мардум катли кушод зарур аст, зеро хам харос ва хам шодмонии разилона, ки марги ичбори на ба сари худашон омадааст, одамонро мачбур мекунад чазои мудхишро чун сазои лозим бипазиранд ва амали хокимиятро натанхо маъзур бидоранд, балки маъкул хам бидонанд.

Ин даъфа хам, чун дузандазанакро аз юрта бароварданду барои сайри шармандавор ба ароба савор карданд, одамон чун занбурхо шур бардоштанду бекарор гаштанд. Вале мушаке дар чехраи Чингизхон бечо нашуд. У хамоно зери чодари тахти равон, дар халкаи парчамхои парафшону кезегулхои хайкалсон карахти байракбардор менишаст. Максад аз катли мазкур махз хамин буд – бигзор хамаро сабак бишавад, ки дар рохи юриш монеаи ночизтарин хам норавост. Ботинан Хокон мефахмид, ки дар нисбати ин зани чавон, ин модар чунин чазои берахмонаро раво надиданаш хам мумкин буд, метавонист уро бубахшад, вале дар ин амал маъние дарнамеёфт: олихиммати окибати хуб надорад – хокимият суст мешаваду мардум – густох. Не, у пушаймон нест, ягона боиси норозигиаш хамин аст, ки маъшуки дузандазанакро ошкор кардан муяссар нашуд.

Худи он дузандазанаки махкуми дор, гиребончоку мупарешон, савори ароба, аллакай аз назди сафхои кушуну корвон равон аст ва мухои сиёхи анбухаш, ки аз нури офтоби субх чун ангишти мучалло медурахшанд, руи камхуну рангкандаашро пушонда-анд. Вале сарашро паст намегирифт Догуланг ва бо нигохи тихиву хасратбор ба атроф менигарист – дигар чизи пинхон мекардаги надорад у. Хо-о, ана, он зан, ки мардеро беш аз чонаш дуст доштааст ва, ана, тифли мамнуъи у, ки аз ин ишк тавлид шуда!

Лекин одамон беш аз ин донистан мехостанду дод  мезаданд:

– Э байтал, кучост айгират? Кист у?

Ва, аз эхсоси бешууронаи айб худ ба худ ба вачд омадаву хашмитар шуда, фарёд мезад издихом, ки хешро зудтар аз ин гунохи кабех ворахонад:

– Биовезед канчикро! Зуд биовезед! Дер кардан чи лозим?

Созандагони маросими катл шояд умед доштанд, ки  тудаи беш аз пеш хашми рухи зардузро шикаста метавонад. Нойони наровозу хангомахохе, ки ба хотири хокон ба хама кор омода буд, аз ихотаи хон чудо шуда, суи он сахнаи дилфишор – аробае, ки зардузи махкумро мебурд ва канизаки тифл сари даст бар-бари он равон – асп тозонд.

– Биистед кани! – Аз рох боздошт онхоро ва, ба сафи саворон ру оварда, дод зад: – Гуш кунед хама! Ин бехаё бояд аз ки зойданашро бигуяд! Бигуяд, ки бо ки алока доштааст! Ку, бигу, падари кудакат дар байни хамин мардон аст?

Догуланг чавоби рад дод. Гулгулае сафхоро фаро гирифт.

Ароба аз назди дастае пеши дигараш мерафту юзбошихо садо мекарданд:

– Дар дастаи ман нест! Шояд дар дастаи туст он чаккон?

Хамзамон он наровоз баисрор аз занаки зардуз талаб мекард, ки падари навзодашро нишон бидихад.

Ана, боз аробаро рубаруи дастае нигох доштанд ва боз хамон савол садо дод:

– Нишон бидех, чалаб, аз ки зойди?

Махз дар хамин саф, дар сари хамин даста буд Эрдене-юзбоши, савори Окжулдузи пешоникашкааш. Нигоххои Догулангу у ба хам бархурданд. Вале дар он гулгулаву бесомони касе диккат надод, ки ба чи душворие нигоххояшонро аз хам барканданд онон, чи хел, мухои парешонашро аз пешони дур карда, як кад парид Догуланг, чи гуна чехрааш лахзае шуълавар гашту хамоно хомуш монд. Танхо як Эрдене тасаввур карда метавонист, ки ин як лахзаяки дидор барои Догуланг чи кимате дораду дар дилаш чи шодиву хасрате барангехтааст. Дар чавоби нойони наровоз Догуланг, хушёр шудаву худро ба даст гирифта, боз катъи чавоб дод:

– Не, ин чо нест падари кудаки ман!

Боз хам касе диккат надод, ки Эрдене-юзбоши якбора сар ба замин афканд ва хамоно бо як зуре худро ором вонамуд.

Се чаллод аллакай тайёр буданд. Онон, ки хилъатхои сиёхи остинхояшон барзада ба тан доштанд, шутури дукухонаеро ба мобайн бароварданд. Шутур чунон калон буд, ки сари аспсаворон хамаги ба миёнаи шикамаш мерасид. Бино бар набудани чуб, кучманчиён дар даштхои кушод аз замони кадим чунин тарзи катлро ба кор мебурданд – махкумшудагонро аз ду тараф дар кухони шутур меовехтанд ва агар мучрим як нафар бошад, халтаи пур аз рег ба сифати хамтарозуяш хизмат мекард. Хамтарозуе  чунин барои Догуланги зардуз низ омода буд.

Чаллодон, бо дугу даранг ва зарбахои чуб, уштури пурхашмона гурронро мачбур карданд, ки похои дарози барчастаустухонашро зери худ гундошта, ба замин бихобад. Дор тайёр шуд.

Накорахо боз батадрич ба хуруш даромаданд, то ки дар лахзаи зарур якбора гулгула ангезанду дилу майнахоро карахту гаранг кунанд.

Нойони наровоз, аз афташ ин даъфа барои дилхуши, боз ба зардуз ру овард:

– Охирин бор мепурсамат. Ту, фохишаи беакл, аздусар мемури, харомиат хам зинда намемонад! Чи хел бифахмем, охир, наход надони, ки аз ки бугуз шудаи. Шояд, боз камтар зур зада, ба ёд меори?

–  Ким-кай, аз ин чохо дур руй дода буд ин вокеа, – посух дод зардуз.

Хар-хари мардону чирроси занон фазои даштро пур кард.

Нойон бошад, хеч таскин намеёфт:

– Пас, дар бозор чур шудед?

– Хов, дар бозор! – Баркасдона гуфт Догуланг.

– Савдогар буд ё овора? Балки дузди бозор буд, ха?

– Савдогар буд, овора буд, дузди бозор буд – намедонам, – такрор кард уро Догуланг.

Боз хар-хару чиррос ба фазо печид.

– Фаркаш чи барои ин, ки савдогар аст, овора аст ё дузди бозор, мухимаш – он кор!

Хамин вакт, гайричашмдошт, аз сафи сарбозон садое баромад – касе буррову баланд дод зад:

– Манам падари кудак! Бисёр донистан бихохед, манам!

Хама якбора хомушу карахт шуданд – кист ин? Кист, ки дар лахзаи охирин ба фарёди марг чавоб дод, дар лахзае, ки рози ошкорнакардаи зардузро абади бо хеш мебурд?

Ва, чун аспи пешоникашкаашро махмез занонда, Эрдене-юзбоши аз катор баромад, хама моту мабхут шуданд. У, Окжулдузро боздошта, ба тудаи мардум ру оварду баланд такрор кард:

– Бале, ман! Ин писари ман аст! Номаш – Кунан! Модари писарам – Догуланг! Худам – Эрдене-юзбоши!

Ин суханонро гуфту пеши назари хама чахида аз асп фуромад, даст дароз карда, ба гардани Окжулдуз тап-тап зад, ки асп турид. Юзбоши, рахорах силоху чихозашро аз тан рахо кардаву ба хар тараф афканда, суи зардуз, ки чаллодон аллакай дастонашро медоштанд, равон шуд. У мерафту хама медиданд, ки одаме бепарво ба истикболи марг кадам мезанад. Ба махбубааш, ки омодаи катлаш карда буданд, расида, Эрдене-юзбоши, ба зону зад ва уро огуш кард, зан даст бар сари вай ниход ва харду пешоруи марг, боз ба хам пайваста, сокит монданд.

Хамон замон бонги добулбасхо баланд шуд. Онхо чун подаи бесаранчоми барзаговон, бо тамоми овоз гуррида, гулгула андохтанд. Гурришашон итоати умум ва шиддати хаячони хамагонро дармехост. Ва хама якбора ба худ омаданду ба холати кабли баргаштанд ва амру фармонхо баланд шуд, ки хамаро ба омодагиву идомаи юриш вомедоштанд. Накорахо нидо мекарданд: хар кас бояд чун хамагон бошад, хамагон бояд карзи хешро адо бикунанд!

 Хамоно чаллодон ба кори худ сар карданд. Боз се жасавул ба кумаки ишон шитофтанд. Онхо юзбоширо ба замин афканда, зуд дастхояшро ба пушт бастанд, зардузро низ ба хамин хол оварданд ва хардуро кашолакунон пеши шутури хобида бурданд; бошитоб банд партофта, як халкаашро ба гардани юзбоши андохтанду дигарашро, аз болои кухони шутур гузаронда, ба гардани зардуз ва ношикебо, зери гурроси якнавохти накорахо, ба хезондани шутур пардохтанд. Шутур бархостан намехосту мукобилат мекард, дод мезаду дандон-хояшро шараккас занонда, газидани мешуд. Вале зарбахои беамони чубхо мачбураш карданд, ки комати беназирашро  рост кунад ва лахзае пас, аз ду тарафи шутури дукухона, пайванди хам часадхои ду нафаре, ки дар хакикат хамдигарро то гур дуст дошта буданд, овезон шуд.

Дар тупаланги накорахо на хама аз сари пушта гайб задани равонтахти хоконро пай бурданд. Хокон хушхолона катлгохро тарк мегуфт: чазодихи мувофики максад, беш аз интизораш сурат гирифт – окибат оне, ки зардузро ром кардаву дилхушихои тахи курпаро аз хама чиз боло гузошта буд, маълум шуд, охир; пеши назари хамагон чазои сазовор гирифт ва шояд ин талофии гунохи он шахси охири кор номаълуммондае буд, ки Бортэи у замоне огушашро дидаву нахуст-фарзанде таваллуд кард, ки ботинан хокон хеч дусташ намедошт…

Накорахо, хамоно мудхишу шадид гулгула афкан-да, ба гардиши шутур, ки часадхои овезони дилдода-гонро мебурд, чур мешуданд. Дилдодагонеро, ки ду халкаи як дори руи кухони шутуреро ба хам дида буданд. Юзбошиву зардуз бечон дар ду тарафи чонвари боркаш алвонч мехурданд. Курбоние буданд онхо дар пояи тахти хунини хокими ояндаи дунё.

Добулбасхо хамоно, хамаро талхакафу карахт намуда, садо мекарданд. Ва хар як кас он руз бо чашмони худ медид, ки хилофи раъйи хокони бемайлон суи максади хеш рахсипор рафтан ба сараш чи меорад…

Жасавулони чаллод, дори мутахаррикашонро пеш андохта, бовикор аз назди кушуну корвон гузаштанд. Ва то часадхоро дар чукурии каблан кандаашон гур кардани онхо добулбасхо хомуш нашуданду накора-чихо, аракшор гашта, гулгула афканданд.

Дар ин миён кушун ба рох баромад ва издихоми сахроии Чингизхон боз суи Гарб харакат намуд. Дастахои саворон, аробахо, галахо, устохонахои сайёр – хама ахли юриш, харчи тезтар кадам зада, мавзеи манфури дашти Саройро бошитоб тарк мегуфтанд. Бетаъхир рафтанд хама ва дар он чои матрук як вучуди зору танхо – Алтуни тифл сари даст монд, ки намедонист сарашро ба кучо бизанаду чуръате надошт аз худ дарак бидихад. Хама баногох уро аз ёд бурданд, гуё аз хануз зинда буданаш ор карда, таркаш намуданд; хама чунин вонамуд мекарданд, ки намебинандаш, хама, чун хангоми сухтор, мегурехтанду касеро фурсати пайхас кардани у набуд.

Дере нагузашта, атроф сокит шуд, дигар на добулбасе монду на нидое ва на парчаме… Танхо паи суми аспону рохи пури пору, ки самти юришро нишон медод – накши куре дар дашти Сарой – ба чашм мерасиду бас…

Матруки хамагон – Алтуни зорро гушхо аз танхои садо медод, у бехолона аз назди  гулханхои душин саркути нимсухтаву афканда гун мекарду устухонхои нимхоидаро дар халтае чамъ меовард. Миёни он хама пустаки афкандае хам ёфту сари китф партофт, то шаб болини худу кудак бикунад, кудаке, ки бе ихтиёри хеш модараш шуда буд…

Хакикатан, Алтун намедонист чи кор кунад, кадом су биравад, дар кучо сарпанохе чуяду тифлакро чи хел сер кунад. То шиштани офтоб ба муъчизае умед дошт, ки баногох бахташ механдаду ягон юртаи бесохиби чупони – сарпанохе дар ин дашт – дучораш меояд. Хамин хел гумонхо мекарду худро умедвор  менамуд уи канизак, ки баногох хам озоди ба даст оварда буду хам – аз кисмат душборе, ки аз хаёлаш мехаросид. Охир, навзод хамин замон гушна мемонаду шир мехохад ва пеши чашмони у аз гушнаги мемирад. Аз хамин мехаросид у. Ва илочу чорае надошт.

Чораи ягонаву аз эхтимол  дуре, ки Алтун умед мебаст, дарёфтани одамон буд дар ин биёбони беодам ва, агар дар миёнашон ширдех модаре бошад, кудакро пеши у бурдану худро ихтиёри ба канизии  онхо супурдан…

Таваккалан гох суи офтоббаро рафтаву гох суи офтобшин, зору хайрон мегашт занак дар он дашт… Кудак сари даст бетанаффус мерафту мерафт. Кариби пешин буд, ки тифлак, торафт бекарор шуда, ба хик-хик даромад ва, гиря карда, сина хост… Занак, парпечакхояшро ба тартиб овардаю рахорах “чонам-шерам”-аш карда, рафтан гирифт. Вале, дере нагузашта, кудак сахттар ба гиря даромад ва, дигар ором нашуда, то кабуд гаштан гирист; он гох Алтун, аз рох бозистода, фарёд зад:

– Ёри кунед! Ёри кунед, охир, чи кор кунам ман?!

Дар тамоми он дашти бекарон на дуде ба назар мерасиду на шуълае. Дар он пахнои беодам чизе хам набуд, ки нигох бар он бархурад… Дашт бекарон буду осмон бекарон ва танхо  абраки сафеде оромона болои сар гирд мегашт…

Кудак, печутоб хурда, гиря мекард. Алтун ба зораву нола даромад:

– Чи мехохи, охир, аз ман, э тифлаки сарсахт!? Нав чорруза шудаи, охир! Бадбахт ба ин дунё омади, бадбахт… Чи хел серат кунам, охир, чи хел? Намебини, ки дар атроф чонзоде нест! Дар хама дунё танхоем мои бадбахт, танхо абраки сафеде дар осмон метобаду бас, мургаке хам намепарад, як абраки сафед тоб мехураду тоб… Кучо биравем ману ту? Чи хел туро сер кунам ман? Ману туро тарк карданд хама, партофта рафтанд, падару модаратро овехтанду гуронданд. Охир, чаро чанг мехоханд одамон, чаро бо байраку накорахо зидди хам мераванд, туи навзодро бадбахт карда, чи мехоханд онон?!

 Ва боз, кудаки гирён дар сари сина, дар дашт ба давутоз даромад у; медавиду меандешид, ки бояд наистад, карор нагирад, ки аз догу дард зиндабазинда пора-пора мешавад… Лекин навзод инро намефахмид, аз гиря гулугир шуда, хаки худро талаб мекард, шири гарми модар мехост. Алтун навмедона сари санге нишаст, гирёну хашми гиребони куртаашро дарид ва синахаки пажмурдаи дахони кудак надидаашро ба лабони у монд:

– Мах, бигир, мах! Бовар кун! Шир дошта бошам, наход надихамат, охир, ятимаки бадбахт! Мах, бубин, шояд боварат биёяду дигар чонбезорам накуни! Чи мегуям ман! Ба ки мегуям! Пистони хушкидаву гапхои бефоидаи ман ба ту чи даркор! Чи чазо буд, ки додиам, эй Осмон!

Кудак, пистонро гирифтан замон, ором шуд. Бо тамоми вучуд ба он неъмати дилхох часпида, бо забону дандончояш мемакид ва чашмакони аз хурсанди дурахшонашро гох мекушоду гох мепушид.

– Хайр, чи хел? – безардаву хастахол ширмакро надомат кард зан. – Бовар карди акнун? Бовар карди, ки бефоида мемаки? Хозир ту аз пештара хам сахттар ба гиря медарои. Он вакт ман сарамро ба кучо мезанам дар ин дашти лаъин? Гумон мекуни, фиребат додаам, наход туро фиреб дихам ман? Тамоми умр канизам, лекин касеро фиреб надодаам; модарам дар кудакиам мегуфт, ки дар мо, хитоихо, касе касеро намефиребад. Майлат, камтар ором шав, хакикати талхро хозир худат мефахми…

Хамин хел суханон мегуфту мегуфт Алтун-канизак, худро ба кисмати ногузир омода карда, вале ногох дар тааччуб монд, ки ширмак аз пистони пуч хеч дил кандани набуду баръакс, дар чехраякаш нури халоват медурахшид…

Алтун боэхтиёт сари синаашро аз дахани тифл гирифту хамоно охиста фарёд зад – аз пистонаш чуяи шир равон буд. Моту мабхут гашта, синаашро ба дахани тифл монду лахзае пас берун овард ва боз дид, ки хамоно шир мешорад. Шир кардааст у! Эхсос намуд зан, ки кувваи ноаёне ба тамоми вучудаш чори мешавад.

– Худоё! – Беихтиёр нидо кард Алтун-канизак. – Пистонам шир кардааст! Шири хакики! Мешунави, майдахаки ман, модарат хохам буд ман! Акнун ту халок намешави! Осмон ба додамон расид, чигаргушаи мани ту акнун! Номат Кунан аст, чунин номида будандат волидон, падару модарат, ки ба якдигар дил доданд, то туро ба дунё биёранду дар ин рох бимиранд! Шукри оне бикун, эй тифл, ки ин муъчиза – шири маро барои ту падид овардааст…

Алтун, моту мабхути ин вокеа, сукут кард. Саропояш таспиду дар пешониаш катрахои арак пайдо шуд. Ба чор суи он пахнои бекарон нигариста, касеву чизе надид у, факат офтоб шуълапоши мекарду абраки сафеди танхое болои сарашон чарх мезад.

Тифлак, сер шуда, боз хоб рафт; чисмакаш руи дастони нимкати зан, бо эътимоди том осуду нафасгириаш мунтазам шуд ва зан, хамаи он чизеро, ки аз сараш гузашта буд, фаромуш кардаву бонги мудхиши добулбасхоро, ки хануз дар гушхояш садо медод, бартараф намуда, гарки эхсоси ширини  то кунун ноошнои модари гардид ва дар он эхсос вахдати файзбори замину осмону пистони саршори шири чонбахшро дарёфт…

Дар ин миён юриш давом дошт… Издихоми бузурги фотехи дунё бо чараёни мукарраршуда чониби Гарб мерафту мерафт. Дашт аз кушуну корвон ва галаву подахо сиёхи мекард…

Чингизхон, савори саманди бебадалу хастагинопазири хамчун сарнавишт дилфиреб – ёлсафеду думсиёхаш, дар ихотаи посбонону ахли рикоб, аз паси байракхои парафшон, ки аз коми аждахорхои кохирашон шуълахо бармечаст, харакат дошт. Замин, зери суми оханини самандхо гуввас зада, акиб шино мекард; кафо медавиду кам намешуд, балки, бо фазохои нав ба наваш мунтазам то ба уфуки дастнорас тул кашида, торафт меафзуд. Охир надошт он, ки надошт. Ва хокон, ки дар нисбати бекарониву шахомати замин зарраяке беш набуд, хамаи ин аёну нихонро зери даст оварда, Хокими Чахор Суи Оламаш эътироф кардани хамагонро ноил шудан мехост. Бино бар ин хам, ба фатхи кишвархо равон буду кушунро ба юриш мебурд…

Хокон, чунон ки мебоист, чиддиву хомуш рох мепаймуд. Вале касе намедонист, ки дар дилаш чи исёнхост ва касе хам вакте низ чизе нафахмид, ки банохост вокеаи гайричашмдошт рух дод – хокон ногахон аспашро тез акиб гардонд, чунон башиддат акиб гардонд, ки думравонаш кариб ба у бархурда буданду ба зуре ду тараф шуданд. Хокон, кафи ларзонашро руи чашм соябон карда, музтарибу бесуд осмонро аз назар мегузаронд: не, абраки сафед акиб намондаву рахгум назада буд – на дар пеш метофту на дар пас…

Хамин хел ногахон гайб зад пораабри сафеде, ки бебадал уро хамрохи мекард. Дигар на он руз падид омаду на рузи дуюму дахум. Хоконро тарк карда буд он.

Дар сохили Итил рух дод ин ходиса. Чингизхон фахмид, ки Осмон аз у ру гардондааст. Дигар он су нарафт у. Писарону наберахояшро ба фатхи Аврупо фиристоду худ ба Урда баргашт, то бимираду дар чои ноаёне хок бишавад…

Каторахо дар ин бару бум аз гарб ба шарк мерафтанду аз шарк ба гарб…

Нимахои бахманмохи соли 1953 миёни каторахои мусофирбаре, ки дар дашти Сарой аз шарк ба гарб мерафтанд, каторае, бо равонхонаи*[§] махсус дар огози хеш, низ равон буд. Равонхонаи бераками мазкур, ки ба багочхона мепайваст, зохиран аз дигаронаш фарки казои надошт, вале ин хамсони танхо дар зохир буд – як кисми он шуъбаи пушида*[**] хисоб меёфту нимаи дигараш, ки аз пушидахона батамом чудо карда шуда буд, чун равонмахбаси ашхоси мавриди таваччухи хоси идорахои бехатари хизмат мекард. Ин даъфа, ба “шарофати” парвандае, ки муфаттиши калони яке аз шуъбахои ачалакори** идораи бехатарии давлатии Казокистон Тансикбоев бофта буд, чунин шахс Абутолиб Куттибоев карор гирифт. Ва акнун, хамрохи худи Тансикбоеву дастаи пурзури посбонон, уро мебурданд дар он хучраи бандиён. Ба дигар шахрхо, барои рубарукуни мебурданд.

Паи дарёфти максади хеш устувор касе будааст Тансикбоев – пурсупосхо рахбарах хам давом доштанд. Вазифаи Тансикбоев аз он иборат буд, ки батадрич шабакаи вайронкори аз ашхоси дар холатхои шубханок аз асорати немисхо гурехтаву дар Югославия натанхо бо ревизионистхои ояндаи он кишвар, балки бо разведкаи Англия алокабаркарор-карда сохтаи хадамоти махсуси душманонро ошкор намояд. Тавассути пурсишхои бардавом, мукоисаи баёноти шохидон, далелхои мустакиму гайримустаким ва, мухимаш, тавассути тантанаи шохи тафтишот – гунохи худро комилан эътироф кардани айбдоршаван-дагон ва пушаймониашон аз амали хеш фош намудани душманони зархариду то кунун пинхон-шудаи Хокимияти шурави зарур буд.

Асоси ин корро аллакай гузоштааст у – дар рафти пурсиш Абутолиб Куттибоев номи кариб дах нафар асирони собики харбиро, ки дар Югославия чангида буданд, ба ёд овард; тафтиш нишон дод, ки аксари онхо зиндаву саломат дар гушахои мухталифи мамлакат умр ба сар мебаранд. Онхо хама аллакай хабс шуда буданд ва, дар навбати худ, хангоми  пурсиш боз номхои бисёреро ба забон оварда, руйхати хоинони югославиро пурра карданд. Хуллас, кор чон мегирифту бо розигии сардорони боло, ки низ ифшои унсурхои душманро хамеша муфид медонистанд, ба мархалаи батамом чиддии хеш ворид мешуд. Зимни зиддияти хардамафзои байналмилали бо хизби коммунисти Югославия ва Титоро радди маъракаи идеологи хондани худи Сталин барор кардани он бехад муфид мебуд ва натанхо ба огозгараш – Тансикбоев, балки ба бисёр хампешёахояш низ, дар дигар шахрхо, ки бо хамон сабаби истифода аз фурсати мувофик “боло” рафтан мехостанд, “хосили фаровон” ваъда мекард. Сарчашмаи мувофикати амал хамин буд. Ба хар хол, дар Чкаловск (Оренбурги собик), Куйбышев, Саратов барин марказхои вилоятхо, ки Абутолиб Куттибоевро барои рубарукуни ва пурсишхои муштарак мебурданд, Тансикбоевро бесаброна интизори мекашиданд.

Тансикбоев таъхир намекард, суръату суботи корро дуст медошт у. Аз назараш пинхон намонд, ки берун шудан аз махбас ба банди чи таъсире расонд; медид, ки бандиаш аз паси панчара бо чи дарду хасрат ба дехкадахои пушти тирезаи равонхона гузарон менигарад. Тансикбоев тугёни ботини Куттибоевро мефахмиду  мекушид бо оханги ба хадди имкон боварибахш талкинаш кунад, ки уи муфаттиш ба вай заррае бади намехохад, зеро тахмин мекунад, ки гунохаш начандон калон аст, резидент – рахбари шабакаи чосусие, ки хадамоти махсус барои фурсати мувофиктар нигох доштаанд, низ, албатта у, Абутолиб Куттибоев, нест ва, агар вай ба тафтишот дар ошкор кардани резидент ёри расонад ва, мухимаш, инро хангоми рубарукуни ошкору катъи исбот кунад, гунохаш хеле сабук мешавад. Хеле. Мебини, ки панч-хафт сол пас ба хона, пеши фарзандонаш баргаштааст. Ба хар хол, агар ба кори тафтишот кумак кунад, аз чазои оли – паррондан халос мешавад, вагарна, хар кадар зиёдтар пофишори намояду корро вайрон кунад ва хакикатро аз идорахои мучозот пинхон дорад, ахволи худашро батар мекунаду ба ахли оилааш бадбахтии бештар меорад. Он гох, ачаб нест, суди махфи ба паррондан хам хукмаш кунад…

Боз як бурди Тансикбоев дар он буд, ки бандиро талкин менамуд: агар хамкори кунад, ривоятхои китобаткардааш, билхоса, “Киссаи манкурт” ва “Катл дар Сарой” ба парвандаи чинои хамрох карда намешаванд ва баръакс, агар ин корро накунад, Тансикбоев матнхоро чун таргиби пардапуши миллатгарои пешкаши суд месозад. “Киссаи манкурт” даъвати зарарноки эхёи забони нодаркору фаромушшудаи гузаштагон ва мукобилат ба омезиши миллатхост, “Катл дар Сарой” бошад, махкум кардани хокимияти пурзури оли, шикастани гояи бартарияти манфиатхои давлат аз манфиати шахси, таваччух ба худпарастии пусидаи буржуази, номаъкул донистани коллективикунони, яъне, мутеи максади ягона будани хамагон аст ва аз ин хама то маънидоди манфии сосиализм чандон дур нест. Ва, чунон ки маълум аст, хар як вайрон кардани принсипу манфиатхои сосиалисти сахт чазо дода мешавад… Бехуда дах сол намедиханд ба ашхосе, ки бе ичозат аз сахрои чамъият хушае чидаанд. Чи чои касе, ки “хуша”-хои идеологи мечинад! Мавод, ки ин хел пешкаш бишавад, суд метавонад, бино бар моддахои иловаги, хукмхои изофа барорад. Барои эътимоди бештар Тансикбоев якчанд бор хулосахои возехашро оид ба киссахои Сарой кироат кард, оид ба киссахое, ки хамчуноне у гаштаву баргашта таъкид менамуд, нахустсабаби зиндони шудани Куттибоев ва огози парвандаи чинои гардиданашон тасодуфи набуд…

Шабонарузи дуюм буд, ки катора рох мепаймуд. Ва хар кадар ки ба дашти Сарой наздиктар мешуданд, Абутолиб, аз тирезаи панчарадор ба пахнои хардамафзо нигариста, бештар ба хаячон меомад. Соатхои фориг аз пурсишхо, баъди талкинхои дилфишору тахдидхои бадхашмона, вай имкон дошт дар зиндонхучраи  оханкубаш худ ба худ бошад. Ин хам, чун нимтаххонаи Алмаато, зиндон буд, панчараи тирезахояш махкамтар буд, ки сусттар не ва дар ин чо хам нигохи сангдилонаи нозир аз чашмаки дар канда намешуд, вале, бо вучуди ин, зиндонхучра харакат дошт, мунтазам чой иваз мекард ва нихоят дар ин чо у аз нури пурсузу чашмбари сакф халос буд; мухимтар аз хама, умеди таскиннопазиру чонсузе, ки гох аланга мегирифту гох хира мешуд – умеди акаллан як назар дидани зану фарзандонаш  дар нимистгохи Бурони – дилашро  гарм медошт. Дар ин кадар вакт натавонист, ки ба онхо номаякеву хабараке бифиристад, аз онхо низ сатраке нарасидаш.

Аз он даме, ки Абутолибро дар мошини махками махбас ба истансаи Алмаато оварданду ба равонхонаи махсус, ба хучраи зери назорат шинонданд, дилаш саршори хамин умеду интизорихо буд. Ва хамин ки аз руи харакаташ ба самти Сарой рафтани катораро фахмид, дилаш пурзуртар ба оху нола даромад; Худо мегуфт, ки акаллан бо гушаи чашм, як лахзахак фарзандонашро бубинад, Зарифаро бубинад, баъд – харчи бодо, бод, як боракак, як назари гузарон бубинадшон, бас…

Чунон пазмон шуда буд, ки дар бораи ягон чизи дигар фикр карда наметавонист, пайваста Худо мегуфт, ки убури истгохи Бурони ба руз рост биёяд. Илохо, шаб набошад, торик набошад, илохо, катора аз истгох махз хамон вакте бигзарад, ки Зарифаю чигарбандонаш хам дар чордевориашон не, дар берун бошанд.

Хамин буд ниёзи у аз кисмат. Ниёзе буд хам каму хам бисёр. Лекин, агар биандеши, тасодуфро оё зур меомад махз чунин хукм кунад, ки бачахову Зарифа он лахзахо руи хавли бошанд; бигзор, бачахо саргарми бозиашон бошанду Зарифа – машгули либософтобкуни ва хамзамон  ба катораи гузарон бингарад; бачахо низ, баногох дар чояшон биистанду чашм аз тирезаи рушани катора накананд. Ва ё, ногахон чизе рух дихад, ки хеле кам, вале вокеъ мешуд – катора бепурсупос чанд лахзаяке сари дуроха карор бигирад! Аз ин хаёл чигари Абутолиб хун шуд: хам дилаш мехост, ки бахте чунин баногох рух бидихад, хам намехост – тоби чунин озмоиши мудхиш надорад у, чобачо мемирад; аз кудаконаш хам дарегаш меомад, ки падарашонро пушти тирезаи панчарадор бубинанд, чи фигон мекунанду холашон чи мешавад… Не, бехтараш, дидор набинанд…

Ва, барои тасаллии хеш, то кисматро  розиву рахим бисозад, ки орзухояшро амали бигардонад, у, аз руи нишонахои рохи охан ва истгоххое, ки дучор меомаданд, беихтиёр каринахои гуногуни харакати катораро хисобукитоб мекард – мухим буд бидонад, ки Дурохаи Бурониро кадом вакт мегузаранд. Вале шубхаву изтироб хангоме хам таркаш накард, ки хисобукитобаш нек баромад; охир, катора таъхир карда метавонист, дер монда метавонист – чунин холатхо дар зимистонхои сербарф кам вокеъ намешуданд.

Бисёр аламнок мебуд, ки катора нимистгохро шабона убур кунад, вакте бигзарад, ки Зарифаву кудаконаш, бехабар аз он ки падарашон хамаги дах кадам дуртар аз хона равон аст, хоб бошанд. Ин аз эхтимол дур набуд ва, бечорагиву вобастагии комилашро ба хукми тасодуф дарк карда, бештар азият мекашид у.

Абутолиб боз аз як фалокат бисёр хавф дошту Худо мегуфт, ки аз он амонаш бидихад – мабодо ки муфаттиши шункорчашм Тансикбоев пурсиши навбатиашро махз хангоми убури дурохаи Бурони сар кунад.

Чи кадар монеаву хатархо буданд, ки бехад берахмона ба таманнои поки як назар пайвандони хешро дидани як инсон мукобилат мекарданд – хамин буд сазои махбуси ва танхо як чиз шодиву умедаш мебахшид, ки алхол бахташ хандидаасту тирезаи равонзиндон аз рост, махз аз тарафи дурохаи Буронист.

Хама ин андешаву харос ва шубхаву гумонхо Абутолибро чандон ба гирдоби андух мекашиданд, ки худашро аз ёд мебурд; саропо гарки интизории шадид шуда, дигар дар бораи худ фикр намекард у, ба мохияти ходиса сар фуру бурдан намехост; тасаввур намекард чиноятхои мудхише, ки Тансикбоев ба вай мечаспонаду бораш мекунад, ба сараш чихо меорад; ин муфаттиши мунтазам толиби икрори у мутаассибонаву бешармона максади азмкардааш – ифшои шабакаи худаш бофтаи чосусхои душманро, ки гуё хануз аз солхои чанг амал мекардааст, ноил шудани буд; фош намудан мехост онро, то несту нобудаш бикунаду давлатро аз хатар эмин бидорад.

Тансикбоев, ки на Рахмонро мешинохту на шайтонро, чун Рахмону чун шайтон хама чизро ба хисоб гирифтаву каблан мукаррар карда буд ва акнун танхо амал мебоист. Бино бар ин хам, равон буд у, бино бар ин хам, дар равонмахбас Абутолиб Куттибоевро рубарукуни мебурд, то ин корро саранчом бисозад.

Абутолиб бошад, аз Худованд факат як талаб дошт – мехост чизе халал нарасонадаш, ки аз тирезаи равонхона акаллан як лахза бачаяконаш Эрмаку Довулро бубинад, Зарифаро бубинад, бори охирин бубинад, барои умрбод бубинад. Зиёдтар аз ин дар зиндаги чизе намехост у, бо хасрат дарк мекард, ки аз азал дар пешониаш хамин хел навишта будаанд; хамон дам вопасин лахзаи бахташ хохад буд, дигар у харгиз ба хонадонаш барнахохад гашт, зеро айбе, ки Тансикбоев – Тансикбоеве, ки пешоруяш у билкул бехимояту бехукук аст ва, табиист, пешоруи хокимияти абаркудрат низ хамин гуна химояту хукуке надорад, – ба гарданаш бор кардааст, чуз марг, марги фаври ва ё батадричи дар лагерхо, боре намеорад. Абутолиб ба хулосаи ногузир расид, ки курбонии комили дасти Тансикбоев аст у. Дар навбати худ, Тансикбоев як мурватчаи сохти бемаънии мучозотии мунтазам кудратафзое беш набуд. Ва ин сохт зидди душманоне, ки харакати чахонии сосиализмро боз-доштан мехостанду тантанаи коммунизмро дар руи замин  монеъ шудани буданд, беамон мубориза мебурд.

Хамин ки ин ифодаи пурсехру чоду боре ба касе чун айбнома пешниход шуд, дигар  рохи халоси набуд. Натича танхо ва танхо чазое – паррондан, биступанч, понздах ва ё дах сол махбуси – буда метавонисту бас. Натичаи дигар пешбини нашуда буд. Касе хам дар чунин мавридхо натичаи дигарро интизор намешуд. Хам чафокаш ва хам чафокор яксон мефахмиданд, ки ин тасвияти чодугарона, баъди эътибор пайдо кардан, чазодихандаро натанхо пуштибони мекунад, балки, беш аз ин – ухдадор месозад, ки барои решакан намудани душманон аз тамоми воситахо истифода бубарад ва чафокашро, ки пеши деви дигарандешихор чун курбонии навбатиаш афкандаанд, вазифа-дор мекард саранчоми худро чун зарурати томе бипазирад.

Хамин хел хам  шуд. Катора дар дашти Сарой мерафту мерафт ва Тансикбоеву мучримаш дар як равонхона мусофират доштанд, то бо хам ва дар айни замон хар яке ба тарзи худ кори ба манфиати захматкашон муфид – ифшои навбатии душманони пинхоншудаи мафкуравиро ба ичро бирасонанд, вагарна сосиализм имконнопазир мегардаду дар шуури оммахо нопадид мешавад. Бино бар ин, бетанаффус бо ким-кихо мубориза кардану ким-кихоро фош намудану  ким-кихоро аз байн бурдан талаб карда мешуд…

Катора хамоно мерафту мерафт. Абутолиб, ки такдирашро заррае тагйир дода наметавонист, ноилоч ба кисмати пешони, чун ба балои рафънопазире, тан дод. Акнун асли вокеаро чандон мутеъонаю навмедона мепазируфт, ки каблан бааламу ноилочона мукобилаташ мекард. У торафт бештар имон меовард, ки аз нав ба дунё биёяд хам, аз бархурд бо кудрати бечехраю ноодамонае, ки Тансикбоев тимсолаш аст, гурехтан муяссараш намешавад. Ин кудрат аз чангу аз асорат хам дахшатноктар будааст, зеро фалокатест бемухлат ва шояд аз замони офариниши дунё бардавом. Эхтимол Абутолиб Куттибоев – як омузгори оддии мактаб – нафаре аз он абнои башар аст, ки чаримаи азияти бекории бардавоми шайтонро мекашанд; чаримаи замонеро, ки хануз инсон дар пахнои Коинот пайдо нашуда буд ва баъдан пайдо шуду ягона миёни хама мавчудоти руи замин хамоно ситорааш бо ситораи шайтон мувофик омад ва руз ба рузу аср ба аср тантанаи шарро роич кардан гирифт. Оре, танхо инсон ба ин дарача золим баромад. Ба ин маъни Тансикбоев барои Абутолиб тимсоли азалии шайтанат буд. Ва, аз ин ру, дар як катор, дар як равонхонаи махсус, бахри ичрои як кори фавкулмухим равон буданд онхо.

Тансикбоевро дар истгоххои гуногун хамхизматони махаллиаш пешвоз мегирифтанд ва, яке ба расми ёриву дигаре ба такозои хамкори рахтушахои хурданиву нушидани оварда, аз кораш мемононданд. Ва ин Абутолибро хурсанд мекард, зеро барои пурсишхои пуразоб харчи камтар вакт мемонд.

Махсусан, дар вокзали Кизилурда зур пешвозаш гирифтанд дустони хампеша – ба равонхона таоме оварданд, ки руяш бо сачоки сафед пушида буду хануз хавраш мебаромад. Дар долон давугечи посбонон, ки зиёфатро кабул мекарданд, сар шуд. «Кази! Кабурга! – баиштихо пичиррос зад якеи онхо. – Чи хел буи нагз! Дар шахр ин хелаш нест, ин гушти сахрост!»

Абутолиб аз гушаи тирезаяки панчарадор Тансик-боевро дид, ки шинелаш сари китф хайрухушкуни перрон баромад. Давра меистоданд хама – гуё мунтахабашон карда бошанд, галчаву фарбех, телпакхои карокули ба сар, афташон суп-сурхи мучалло, лабхо пури табассум, хушхолона харакатхо кардаву якдилона, шояд аз боиси латифаи навбати, кох-кох механдиданду дахонашон дар хавои кахратун буги гарм мепароканд ва пошнаи музахошон эхтимол руи барфи тунук гичирас мезад. Милисахои зирак бошанд, касеро он су рох намедоданд ва дар сари катора, назди равонхонаи махсус танхову конеъу муътамиду хушбахт меистоданд Тансикбоеву хам-табаконаш ва касеро коре хам набуд, ки дар пахлуяшон, дар хучразиндони катора шахси бо чахду талоши онхо бандишуда азият мекашад: шахсе, ки на дузд асту на тачовузкору одамкуш, баръакс, инсонест некандешу бовичдон, ки чангу асоратро дидаасту чуз мухаббати зану фарзандони хеш, ки дар он маънии аслии зиндагиро дарёфтааст, ба оини дигаре намегаравад. Вале махз чунин як одаме, ки узви ягон хизби дунё нест ва савгандхо нахурдаву тавбахо накардааст, даркор буд ба онхо дар зиндон, то халки захматкаш хушбахтона бизияд…

Баъди Кизилурда чойхои шиносу азиз сар шуданд. Шом фаро мерасид. Дар хамгашти барфпуше, охиста тоб хурда, Сирдарё чило доду дар байни дашт бахри Арал намоён шуд. Аввал бо нишонахояш – гох камишзори пурпечу хам, гох гушаяки дури оби мусаффо ва гох чазираяке – аз худ дарак дод бахр ва, дере нагузашта, Абутолиб мавчхояшро дид, ки руи реги намноки наздики рохи охан мехазиданд. Ин хама – хам барф, хам рег, хам сангхои сохил, хам бахри нилгуни бодовар, хам галаи уштурони сурхусиёхтоби нимчазираи сангис-тонро хамзамон зери осмони баланди пур аз догхои абрхои сафед дидан хеле ачиб буд.

Абутолиб ба хотир овард, ки Едигейи Бурони аслан аз сохили бахри Арал асту мохигирони шиносаш, тавассути рохбаладхои каторахои боркаш, ба Казонкоп мохии хушкондаи бахри Арал мефиристанд ва хамоно дилаш бо изтироб ба сузиш даромаду танг шудан гирифт – то дурохаи Бурони начандон зиёд, якшаба рох монда буд; сахари, соатхои дах ё каме баъдтар, катораи мусофирбари дар огозаш равонхонаи махсус, аз бари кулбахои бодхурда, сарочаву огили шутурон, ки аз дарзахои пурхор ихота доштанд, гузаштаву роххои давонро пас гузошта, аз назар гоиб мешавад; меояду меравад он. Чи кадар мегузаранд каторахо аз шарк ба гарбу аз гарб ба шарк, вале дили Зарифа гувохи медода бошад, ки Абутолиб он сахар ба гарб дар хучразиндони равонхонаи махсус хохад гузашт; ё шояд дилхои кудакон номафхуму пуризтироб чизе пай бубаранду махз хамон соат дидани каторахои рахгузар биштобанд? Худоё, чаро чунин гарону талх аст умри одамон?

Офтоби бахманмох гуруб мекарду дар дуродур, андар намуди пораосмони кохандаи аргувонии байни хоку афлок, хомуш мешуд; аллакай говгум фаро мерасиду шаби зимистон охиста комат меафрохт. Дар  тираги руъёхо хомуш мешуданду чарогхои истгоххо фурузон. Катора бошад, печутоб хурда, ба каъри шаби дашт рах мебурд…

Хобаш намеомаду азият мекашид Абутолиб Куттибоев. Уи дар хучраи оханкуб махкам чои нишаст намеёфт, худро аз як кунч ба кунчи дигар мегирифту охи сард мекашид, бекор хохиши хочатхона рафтан мекарду нозирро ба газаб меовард. Вай, дари хучраро нимво карда, аллакай якчанд бор огохи дода буд:

– Э банди,  чи ин кадар мелути? Мумкин не ин хел! Рост бишин!

Вале Абутолиб, ки кудрати худро ором намудан надошт, нозирро зори мекард:

– Илтимос, ягон чиз бидех, хобам бубарад, ки мемурам. Бахудо, мемурам! Чи даркор ба шумо мурдаи ман? Ба сардорат бигу – чи даркор ба шумо мурдаи ман? Хобам намебарад, бахудо, хобам намебарад!

Ачоиб, ки (сабаби ин мехрубониро Абутолиб сахари рузи дигар фахмид) нозир аз хучраи Тансикбоев доруи хоб овард ва Абутолиб онро хурда, нимахои шаб ганаб кард, вале хоби хакикиаш  наомад, ки наомад. Нимхобу нимбедор, зери садои якнавохти чарххо ва гурриши боди дашт ба назараш менамуд, ки пеш-пеши каторакаш[††] медавад, чон кохондаю нафасгардон шуда, медаваду катора бо тамоми кудрат думболагириаш мекунад. Хамин тавр медавиду медавид у он шаб ру-руи рохи охан, пеш-пеши каторакаш ва чунон мудхишу вокеи буд он хама, ки гуё дар бедори рух медод. Халкаш кок шуда буду нушидан мехост. Каторакаш  бошад, бо чарогхои фурузонаш рохро рушан карда, аз пасаш меомад. Ва у хамоно, бошиддат ба чор суи бурони нигох карда, миёни рох медавид ва, хар тараф ру оварда, рахмовар ном мегирифту нидо мекард: «Зарифа, Довул, Эрмак, кучоед шумо? Биёед пешам! Падаратонам ман! Кучоед шумо? Овоз бидихед!». Вале касе овоз намедод. Пеш тип-торик буду аз акиб каторакаши гулгулаафкани ба помол намуданаш омода дарёбаш мекард ва у мадоре надошт бигурезаду дар ягон чо аз каторакаши думболагир, ки дам ба дам наздиктару наздиктар мешуд, панах бубарад…

 Ва аз ин холаш батар мешуд – харосу навмеди суръаташро махдуд мекард, похояш дигар гапашро намегирифтанд, нафасаш дамбадам дарун мезад…

Сахари барвакт, нимтанаи пахтагиашро сари китф партофта, Абутолиб, ки ранги руяш кандаву чехрааш варамида буд, аллакай назди тирезаи панчарадор нишаста, ба дашт менигарист. Берун сарду хануз торик буд, лекин батадрич тархи замин аён мешуду субх медамид.

Ва, харчанд ки осмон чо-чо мекушод, маълум буд, ки хаво тира мешаваду шояд барф хам буборад…

Акнун аник дашти Сарой, ки аз барфу барфтудахо пур бошад хам, аз руи тархи хеш – теппаву хамгашту карияву нахустин дуди аз сафархои пешин шиноси бомхояш нигохи дакикро ошно буд, сар мешуд. Азиз метофтанд он бомхои бегона, ки аз тутахошон дуд мебаромад. Ба хамин зуди бояд истгохи Кумбел пеш биёяд, пас он, баъди ягон се соат дурохаи Буронист. Гуфтан мумкин, ки масофае хам намонда буд – охир, Едигейу Казонкоп хангоми зарурат – дар туйу азохо шутурсавор ба ин чохо меомаданд… Дар ин сахари мардон хам касе, савори шутури бур, телпаки муинаи рубох ба сар, равон буд ва Абутолиб беихтиёр ба панчара чафс шуд, ки яке худи бошад… Рафту Едигей бошад, ки савори Каранораш барои чизе ба ин чохо омадааст? Савори маркаби муктадираш, ки чун заррофахои Африко чусту чолок аст, сад чакримро тай карда, ин чохо омадан чи душвори дорад барои у…

Боре, худаш хам бехабар, банди холате шуд Абутолиб, ки беихтиёр, гуё ба манзил расида бошад, ба тайёр шудан сар кард. Ду маротиба хатто пайтова печонду муза пушид, борхалтаашро ба тартиб овард ва мунтазир шуд. Лекин токат карда натавонист – посбононро ба чону холашон намонд, ки ичозаташ бидиханд барвакттар дастуру бишуяд ва, аз нав ба хучра баргашта, боз хам намедонист худро ба чи машгул бидорад.

Катора хамоно дар дашти Сарой равон буд… Абутолиб, ба кисмат тан дода, дастонашро байни зонувон фишурда менишасту гох-гохе ба тиреза менигарист.

Дар истгохи Кумбел катора хафт дакика истод. Ин чо аллакай хама чиз худи буд. Хатто каторахо, каторахои боркашу мусофирбар, ки кабл аз хар суе рафтан дар рохи ин истгохи калон ба катораи онхо дучор меомаданд, Абутолибро азизу дилчу менамуданд – охир, онхо, чанд лахзаяке пеш, аз истгохи  Бурони гузаштаанд, аз  истгохе, ки бачахову хамсари у зиндаги доранд. Ва як хамин кофи буд, ки он чисмхои бечон карини дилаш бошанд.

Ва, ана, катораи онхо боз ба рох даромад ва то он ки кад-кади перрон мерафту аз худуди истгох набаромада буд, Абутолиб тавонист чехрахои шиностоби сокинони махаллиро бубинад. Оре, оре, у бешубха мешинохт он кумбелихои дидаашро ва онхо низ эхтимол сокинони деринаи Бурони – Казонкопу Едигей ва ахли хонадонашонро медонистанд; охир, писари Казонкоп – Собитчон, ки акнун дар донишкада мехонд, мактаби хамин чоро тамом карда буд…

Истгохро пас гузошта, катора суръат мегирифту торафт тезтар рох мепаймуд. Ба ёд овард Абутолиб, ки боре хамрохи бачахо барои тарбуз омада буд ин чохо, дафъаи дуюм – барои арчаи солинави ва баъдан – бо корхои дигару дигар…

Ба хурдание, ки сахар додандаш, даст назад Абутолиб. Хамвора дар фикри он буд, ки то дурохаи Бурони тамоман кам, бештарак аз ду соат вакт мондааст ва аз он мехаросид, ки мабодо барф бибораду бурон бишавад, он гох Зарифаю бачахо аз хона намебароянду вай хатто аз дур хам дидаашон наметавонад…

«Худоё, – аз дил мегузаронд  Абутолиб, – барфатро нигох бидор. Сабр кун каме. Вакти барфбори меёби баъд. Мешунави, худоё? Илтичо мекунам!» Мух задаву дастонашро байни зонувонаш фишурда, мекушид хушашро чамъ биёрад, токат бикунад, ба худ фуру биравад, то фоли кисматашро халалдор насозаду чизеро, ки аз сарнавишт дархоста буд – аз тирезаи катора дидани зану фарзандонашро – интизор бишавад. Бошад, ки онхо хам уро бубинанд… Субх, вакте ки зери назорати посбон дар хочатхона дастуру мешуст, ба оинаи зангорбастаи болои дастшуяки зангзада нигаристу худро пуркидарангу мурдасон хазончехра, чандон хазончехра, ки хатто дар асорат ин хел набуд ва тамоман мусафед дарёфт; чашмонаш хам чун пештара не – аз хасрат бенур шудаву пешониашро ожанг зер карда буд… То хол пири дар хаёлаш хам намегунчид… Бачаяконаш Довулу Эрмак ва Зарифа бубинанд, гумон аст бишносандаш. Хатто шояд аввал бихаросанд. Вале баъд чи хел шод мешаванд онхо; у низ, хамин ки ба хонадонаш баргашту  дар бари фарзандону хамсараш осудаги дарёфт, боз батадрич асли кадим мешавад…

Дар ин хусус андешида, боз ба тиреза чашм давонд Абутолиб. Ана, боз чохои шинос – ду тараф пуштахову байнашон – хамгаште. Орзу дошт, ки ягон вакт бачахои Бурониро ин чо биёрад, то пушта ба пушта, чун ру-руи амвоч, хурсандона нидо намуда, даводав кунанду даводав…

Хамин вакт калидхои дари хучразиндон баланд садо доданду дар кушода шуд. Дар остона ду нозир меистоданд.

– Ба пурсиш баро! – Фармуд калонашон.

– Кадом пурсиш? Барои чи? –Беихтиёр баромад аз дахони Абутолиб.

Нозир хатто мутааччиб кадаме суяш монд, ки мабодо аз акл бегона шуда бошад:

– Чи хел «ба кадом пурсиш»? Холо хам намедони–чи? Ку зуд баро!

Абутолиб маъюсона сар ба зер афканд. Панчарааш намешуд, бе ягон фикру хаёл бод барин аз тиреза берун мепарид… Лекин чи илоч – мачбур аст итоат кунад. Насиб набудааст. Акнун, аз дилу чон ба тиреза часпида, он чизеро, ки ин кадар интизориаш мекашид, намебинад. Абутолиб, чун одаме, ки бори гароне ба душ дорад, охиста аз чо хест ва зери назорати посбон, хамчунон ки тахи дор мерафта бошад, суи равонхучраи*[‡‡] Тансикбоев кадам монд. Кадам монду шуълаи охирин умед, ки дар пеш боз якунимсоата рох асту шояд то он вакт пурсиш тамом бишавад, дар дилаш рушан шуд. Хамин буд ягона умед. То равонхучраи Тансикбоев хамаги чахор кадам буд, вале бо чи машаккати тулоние тай кард онро Абутолиб.

Муфаттиш бесаброна интизораш буд.

– Биё, Куттибоев, биё, камтар кор  кунем, – чиддияти чехраву овозашро риоя намудаву манахи навтарошидаашро, ки атри тезбуе шакида буд, молида, нигохашро ба Абутолиб духт Тансикбоев. – Бишин, ичозат медихам, бишин. Шишта гапзанон кунем, хам ба ту кулай мешаваду хам ба ман.

Посбонон, ки омода буданд баробари нахустнидо пайдо бишаванд, паси дар монданд. Шункорчашмро куштан имконнопазир буд. Чизе набуд, ки бо он куштааш бишавад. На шишае ба назар мерасиду на истаконе, харчанд ин ашёро тасодуфан дар хучрааш мондани шункорчашм имкон дошт. Буи араку хуришхо аз ин дарак медод.

Катора хамоно, чун пештара, дашти Саройро бурида мерафту то дурохаи Бурони торафт камтар рох мемонд. Вале Тансикбоев шитоб надошт, батакрор ким-чи хел навиштахоро мехонду дурудароз когазхояшро чамъу парешон мекард.  Абутолибро тобу токат намонду саропо бемадору чонбезор шуд дар он чанд лахза – хамин хел гарон буд даъвати навбатии муфаттиш. Окибат ба Тансикбоев гуфт:

– Ман интизорам, гражданин сардор.

Тансикбоев мутахаййирона сар бардошт:

– Интизори? – хайратзада гуфт у. – Чиро интизори?

– Пурсишро. Саволхоро…

– Ана, ин – га-а-п! – кашоласухан гуфт Тансикбоев, шодмониашро фуру нишонда. –Хайр, бад не ин, бад не, Куттибоев, рости гап, бисёр хуб аст, ки айбдоршаванда, чунон ки мегуянд, ба ихтиёри худ, аз карда пушаймон, интизори пурсиш бишаваду ногуфтахояшро бигуяд… Пас, гуфтание дорад, асроре дорад, ки бояд пеши макомоти тафтишот бикушояд. Хамин хел не? – Тансикбоев фахмид, ки пурсишро имруз махз хамин тавр, тахдидро ба оханги фиребои хайрхохона бадал намуда, бурдан лозим аст. – Маълум мешавад, ки, – идома дод у, – гунохатро фахмидаи ва, фарз кардем, худат низ, душман хам боши, ба макомоти тафтишот дар мубориза бо душманони Хокимияти шурави ёри расондании. Мухим он ки барои ману ту чизи аввалиндарача, аз падару модар хам азизтар, Хокимияти шуравист, албатта, хар  касро ба тарзи худ, – вай, конеъона лахзае хомуш монда, баъд илова кард: – Ман аз аввал мегуфтам, ки ту, Куттибоев, баакл одами. Ва хамеша умед доштам, ки забони хамдигарро меёбем мо. Чаро хомуши?

– Намедонам, – номафхум чавоб дод Абутолиб, – намефахмам, ки гунохам чист, – илова намуд у, дуздона аз тиреза ба берун нигариста. Катора бошиддат равон буду дашти Сарой, зери осмони гирифтаи овезон, чун дар кинои беовоз, бо суръати бехад акиб мегурехт.

– Гапи маро гуш кун, Куттибоев, биё, руирост гап бизанем, – давом дод Тансикбоев. – Бидон, ки бехуда шох барин дар вагони махсус намебарандат. Ин хелаш хамту нашудааст. Барои андак-мандак гунох дар купеи алохида намебаранд. Яъне, ту дар ин тафтишот шахси мухими. Ба ту вобаста аст бисёр чизхо. Бино бар ин, талабот хам махсус аст аз ту. Фикр кун. Сахт фикр кун. Ва гапи маро бишнав: имруз, бевактии шаб ба Оренбург, ба Чкаловск яъне, мерасем. Он чо моро интизоранд. Нуктаи аввалина-мон аст он. Медони, ки дар он чо ду шарикат зиндаги мекунад – Попов Александр Иванович ва Хамид Сайфуллини тотор. Хардуяшон, вокеан, аз руи баёноти ту, махкаманд аллакай. Харду хам коил шудаанд, ки бо ту дар Бавария асир будаанду баъд хамрох гурехтаед. Вокеан, ана, хаминаш шубханок, ки танхо бригадаи шуморо аз кони санг гурехтан муяссар шудааст. Мо холо инро месанчем. Баъд дар Югосла-вия фаъолият доштед ва онхо харду шаходат медиханд, ки бо миссияи Англия вохурдаед. Ту нагз медони, ки ман чиро дар назар дорам. Дар ин бора ту дар ёддоштхоят навиштаи, бояд гуфт, ки ачиб навиштаи. Мо медонем, ки Попов резидент асту Сайфуллин – ёрдамчи, дасти росташ. Албатта, ту, Куттибоев, дар ин дастгохи чосуси он кадар одами мухим нести, бино бар ин, агар ба тафтишот ёри бирасони, гунохат сабук мешавад.

– Чи хел дастгохи чосуси? Гуфтам-ку, баъди соли чилупанч, аз тамом шудани чанг ин чониб надидаам онхоро, – сухани Тансикбоевро бурид Абутолиб.

– Ин мухим нест. Тамоман мухим нест. Шарт не шахсан, рубару дидан. Касе миёнарав буда метавонад. Фарз кардем, хамон Едигей Чонгелдини хакикатпараст харгиз ба Оренбург ё ягон шахри дигар нарафта буд? Шумо ба воситаи ягон каси дигар хам метавонистед алока кунед. Як фикр кун аввал.

– Едигей ба Оренбург савори шутураш Каранор рафт бигуям, мешавад? – худро дошта натавонист Абутолиб.

– Боз хамон гапхо, Куттибоев. Бехудаанд ин хама, бехуда. Ман ба хуби гап бизанам, ту худатро намешиноси. Саркаши – танхо бар зарари худат. Гами Едигейро хам нахур. Лозим шавад, уро хам махкам мекунем, бо шутураш махкам мекунем. Бихохи, ки ба у даст нарасонем, дар рубарукуни гам нате.

Каторакаш ба каторае, ки аз он су меомад, дурударозу сахт нидо кард. Фигони гушхарошаш дили Абутолибро реш-реш намуд. То дурохаи Бурони торафт камтар вакт мемонд. Гуфтахои шункорчашм Абутолибро ба вахм овард. Барои ин кувва дар тамоми кишвар имконнопазир коре нест. Лекин холо уро беш аз хама он чиз дилтанг мекард, ки Тансикбоевро ногох хуши гапзани омада буду пурсишро хеч хотима додан намехост.

– Хуллас, – когазхоро аз пешаш дур кардаву ба Абутолиб нигариста, хомуширо халалдор намуд Тансикбоев, – бовари дорам, ки хамдигарро мефах-мем, халосиат танхо дар хамин аст. Рубарукунии Оренбург чизи асосиро маълум хохад кард – ё ту ба ман ёри дода, ба гуфтаам кор мекуни, ё ман хама корро мекунам, ки биступанч сол ё шояд хукми паррон бигири, он вакт пушаймони судат намекунад. Хамаашро худат нагз мефахми. Холо навбати худи Тито хам мерасад, Титое, ки шумо ин кадар солхо дар хизматаш будед. Ин кор зери назорати худи Иосиф Виссарионович аст. Ягон кас бечазо намемонад. Хамаро берахмона решакан мекунем. Хуллас, азизам, шукр кун, ки ман бади намехохамат. Ту хам набояд карздор бимони. Максад фахмо?

Абутолиб хомуш буд. Вай, саропо ба дахшат афтода, дар дилаш дакикахои ба нимистгох расиданро чамъутарх мекард. Чигарбандонро акаллан аз тиреза дидан насиб набудааст – ин фикр майнаашро пармасон афгор мекарду афгор мекард.

– Чи хап карди? Туро мепурсам ман – максад фахмо? – Ба чонаш мерасонд Тансикбоев.

Абутолиб сар чунбонд. Албатта, мефахмад у максадро.

– Кайхо бояд ана хамин хел мешуд! – сарчунбониро аломати розиги дониста, гуфт Тансикбоев ва бархоста, пеши Абутолиб омаду хатто даст ба китфаш ниход. – Медонистам, ки беакл нести ту, чигит, медонистам, ки ба рохи дуруст медарои окибат. Пас, гап пухт. Ягон гумони дигар накун. Ба гуфти худам кардан бигир. Аз хама мухимаш – хангоми рубарукуни натарс, рост ба чашмашон нигох куну хама гапро, чи хеле ки хаст, бигу. Попов резидент аст, бигу, аз соли чилучор чосуси  разведкаи Англия аст, пеш аз бозгашт дар машварати худи Тито хузур дошт, супориши дарозмухлате дорад, ки хангоми нотинчихо амали мекунад, бигу. Тамом, хамин кадар кифоя. Акнун дар хусуси Сайфуллини тотор, Сайфуллин дасти рости Попов аст, бигу, бас. Он тарафашро худамон дуруст мекунем. Натарсида гуфтан бигир. Аз ягон чиз парво накун, аз ягон чиз. Сахт ваъдаат медихам. Ана, хамин хел. Бо душманон гапро зиёд намекунем мо – аз беху бун канда мепартоемашон. Лекин бо дустон – гапи дигар – хамкори мекунем, фаромуш накун. Инро хам аз ёд набарор, ки бо ман шухи кардан окибати  хуб надорад. Вокеан, чи ин кадар рангпаридаву аракшори, мазаат нест-чи? Ё хаво бад аст?

   Гуё чизи гализе хурда бошад, Абутолибро сар чарх мезаду дил мешурид.

– Ха, худамро бад хис мекунам, – ин холатро рафъ карда, базур гуфт у.

– Хайр, ин хел бошад, дигар манъат намекунам. Ба чоят бираву то Оренбург истирохат кун. Лекин дар он чо шайкак барин тайёр боши! Фахмиди? Хангоми рубарукуни набояд ягон дудилаги бошад. Боз «ёд надорам, намедонам, фаромуш кардаам» накуни… Хамаашро, чи хеле ки хаст, бигу вассалом. Аз бокии кор ташвиш нашав. Он тарафашро худамон соз мекунем. Ана, хамин хел. Хозир навис-навис намекунем, бирав, дам бигир, дар Оренбург, натичахои рубарукуниро чамъбаст ки кардем, аз руи коида когазхоро имзо мемонему ту баёнотатро тасдик мекуни. Хозир – бирав, ба гумонам, маслихатамон нагзакак пухт. – Бо хамин суханон Тансикбоев Абутолибро ба хучразиндонаш рохи кард.

Аз хамон лахза Абутолиб гуё зиндагии наве огоз намуд. Ба назараш чунин мерасид, ки катора гашташро тезтар кардааст. Аз тиреза бошитоб манзарахои шиноси шинос мегузаштанд – дакикахои башумор монда буд то Бурони. Ором шудан, худро ба даст гирифтан, сабр кардану ба хар гуна саранчоми хеш омода гардидан, вале, пеш аз хама – суръати катораро муътадил намудан лозим буд. «Кош охистатар мерафт» – аз дил гузаронд Абутолиб, кадом як кудратеро тавалло  намуда ва, базуди эхсос кард ё ба назараш чунин тофт, ки катора суръаташро кам карду батадрич шитоби бехади манзарахои паси тиреза катъ гардид. Он гох ба худ гуфт: «Чизе бихохам, мешавад!» – ва каме осуда гашту нафасгардонаш гузашт; пас, бо тамоми вучудаш ба тирезаи панчарадор часпида, мунтазир шуд.

Вокеан хам, катора ба дурохаи Бурони, ба он чое наздик мешуд, ки бахти бад Абутолибро бурда буд; ба маскани нав ху гирифта, орзу дошт то калон шудани бачахо нобасомонихои айёмро он чо сипари созад. Вале хамин хам насиб набудааст: ин замон оилааш хаволаи такдир буду худаш аз он манзилу макон махбуси хучразиндон мегузашт.

Абутолиб бо чунон диккате ба берун менигарист, ки гуё чизхои дидаашро тамоми умр, то нафаси вопасину нури охирини чашмон ба ёд гирифтанаш зарур бошад. Ва хама чизе, ки у дар он соати пеш аз ними рузи бахманмох медид – барфтудахову пораяке маргзор, дашти гох пурбарфу гох урён – хамаро чун хоби шарифе бо хаячону зориву дустдори мепази-руфт. Ана, он теппахак, ана, сой, ана, пайрахае, ки хамрохи Зарифа, асбобу анчом сари китф, рахсозкуни мерафтанд, ана, маргзоре, ки тобистонхо бозигохи бачахои Бурони ва кудакони у – Довулу Эрмак буд… Ана, чанд уштур, хо дар он чо – боз як чуфт, якеаш Каранори Едигей аст, ки аз дур шинохтанаш душвор нест, саланг-саланг кучое меравад он бузургчусса; баногох, барф сар шуду зарраяконаш дар хаво ба ракс даромаданд; аслан табии буд ин хол, чунки аз сахар осмонро абрхо гирифтаву маълум буд, ки хаво вайрон мешавад, лекин камакак, як камакак сабр мекард барф; охир, уштурхонахову боми аввалин, ки аз тутааш дуд мебарояд, аллакай намоёнанд, ана – рахнамо ва пеши он катора ба рохи эхтиёти мегузараду чарххояш дар пайвандчохо ба так-так медарояд, ана, рахнамобон*[§§], ки байракча дар даст назди хонахакаш истодааст, Казонкоп аст у, Казонкопи чун дарахти хушк кокина; Худоё, ана, як назар хоначаи Казонкоп ба чашм тофт, катора, кад-кади дехкада, даршитоб аст; ана, хоначахо, бому тирезахошон, ана, кадоме ба хона даромад, ки Абутолиб танхо пушташро дида тавонист, ана, нафаре пеши чубу тахтахо моломол дорад, барои кудаку чудак чизе месозад. Едигей, оре, Едигей аст у, дар танаш нимтанаи остинхояш барзада, дар пешаш – духтарчахояш ва хамрохашон – Эрмак; оре, чигарбанди ман Эрмак, бачачони ширинам, дуртар аз Едигей истода, аз замин ба у чизе медихад, Худоё, руяш як назар тофту халос, лекин кучост Довул, Зарифа кучост? Ана, он зани вазнин хамсари сардори дуроха Саулест ва, ана, Зарифа, румолаш ба китфаш фуромада; Зарифаву Довул, Зарифа дасти писараки хурдиашонро гирифтаву харду чонибе мераванд, ки Едигей хамрохи бачахо чизе месозад; мераванду намедонанд, ки вай, Абутолиб, ин лахзахо беихтиёр бо даст дахонашро пушидааст, ки навмеду девонавор фарёд назанад: «Зарифа! Азизам! Довул! Писаракам Довул! Ин манам! Манам, ки шуморо бори охирин мебинам! Алвидоъ! Довул! Эрмак! Алвидоъ! Фаромушам накунед! Ман бе шумо зиста наметавонам! Бе шумо мемурам ман, бе фарзандони азизу хамсари мехрубонам мемурам! Алвидоъ!»

Дурохаи Бурони, ки дергох интизориаш мекашид, кайхо пас монда буд, вале тамоми чизхои дар он лахзахои нафасвор кутох дидааш гаштаву баргашта пеши назараш меомад. Дар пушти тиреза барф меборид, барфи анбуху фаровон; хама чиз бебозгашт ба гузашта рафт, вале барои Абутолиб Куттибоев вакт дар он макони тайшуда, дар он пораи рох, ки хама дарду маънии зиндагиашро дар хеш дошт, аз харакат монда буд.

Харчанд ки аз паси пардаи барф дигар чизеро фарк кардан имкон надошт, у худро хеч аз тиреза дур карда наметавонист. Ба хамин тарз, моту мабхут назди тиреза меистоду хайрон буд, ки харчанд бедодгариро сар нафуровард, мачбур буд ба кадом як куввае итоат кунаду бесадову дуздона аз назди зану фарзандонаш чун хайвони безабон гузашта биравад, зеро ба ин хамон кувва, ки аз озоди махрумаш намуда буд, мачбураш мекард ва у, ба чои он ки аз катора бипараду аз худ дарак бидихад ва руирост суи оилаи пазмонаш биштобад, хакиру бечора ба тиреза менигаристу Тансикбоевро имкон медод бо у чун бо саге, ки амраш кардаанд дар кунчаке бишинаду харакат накунад, муносибат намояд. Ва Абутолиб, барои тасаллои дилаш, ахде кард, ки худаш медонисту Худо…

Акнун захри талхи лахзахои дидорро то охир менушид Абутолиб. Факат хамин меомад аз дасташ, як хамин дар ихтиёраш буд, ки он лахзаро чузв-чузву зарра-зарра ва аён пеши чашмони хеш эхё намояд: аввал Казонкопро пеши назар овард, ки хамоно, байракчаи бебадалаш дар дастони кокина, дар посгохи доимии хеш истода буд, чи кадар каторахоро кабулу гусел кардааст у дар умри хеш дар ин канору он канори дуроха; баъд – кулбахову молхонахои Бурони ва дуди тутахои руи бомхоро ва аз он пас – Эрмакро, миёни бачахо, назди Едигейи Бурони – он одами Худо, ки дар ин дунё чун кух собиту устувор монда буду он лахзахо барои тифлакон чизе месохт, дидану аз фарёду алам кариб нафасгардон шуданашро. Эрмак ба Едигей тахтача ва ё ким-чизи дигаре медод. Ва Абутолиб дар он чанд лахза Едигейи тануманду бакуввату сиёхчурдаи ба бачахо мехрубонро, ки дар тан пустинчаи остинхояш барзадаву дар по муза дошт, Эрмакаки телпакчаи кухнаву музачахои намади пушида ва Зарифаву Довулро, ки суи онхо мерафтанд, бисёр рушану аён пеши чашми худ дид. Зарифаи бечораву азиз – хам румолашро, ки ба китфонаш хамида, муйхои сиёхи печонашро намоён карда буд, хам чехраи рангканда ва ин кадар муассири дилчуяш, палтои тугмахояш кушода, музахои дагалеро, ки худ барояш харида буд, сари суи бачаякашон хамашро низ – ба Довулак ким-чи мегуфт – бехад наздик дид у ва ин хама чизи бехад карину азизу фаромушинопазир дер гох Абутолибро дар хайрбоди хаёлии баъди дидор хамрохи мекард… Талафоте буд ин, ки бо ягон чиз ва харгиз чуброн намешуд…

Тамоми рох барф мебориду бурон менолид. Дар яке аз истгоххои пеши Оренбург катора як соати дароз истод – барфтудахои рохро тоза мекарданд. Овозхо ба гуш мерасид – одамон, боду хаво ва хама чизи дунёро нафрин намуда, машгули кор буданд. Баъд катора, дар пардаи гирдбоди бурони, боз ба рох даромад. То даруни Оренбург дурудароз рах паймуданд, шохахои чун хезуми  гуристони бесохиб сиёху качукилеби дарахтони сари рох лолу тира овезон буд. Худи шахр кариб ки ба чашм намерасид. Дар истгохи таксимоти  каторахо низ то дери шаб истоданд – равонхонаи махсусро аз кофила чудо карданд. Абутолиб инро аз руи таконхурии равонхонахову садохои ходимони равонхонаи махсус ва фарёди каторакашхо фахмид. Баъд равонхонаро боз ба кучое, аз афти кор, ба рохи эхтиёти кашида бурданд.

Окибат ними шаб равонхонаи махсус дар чои мукарраршуда карор гирифт. Охирин бор такон хурд равонхонаву охирин бор амре аз поин садо дод, ки «Шуд! Нарасед дигар!» ва он дигар аз чо начунбид.

– Хайр, тамом! Тайёр шав, махбус! Бубаро! – Дари хучраро кушода, Абутолибро фармуд нозири калон. – Вакта нагир! Бубаро зудтар! Хобат бурд-чи? Як хавои тоза бигир!

Абутолиб охиста аз чо хест ва, ба нозир тамоман наздик шуда, навмедона гуфт:

– Тайёрам ман. Кучо рафтан даркор?

– Тайёр ки боши, рафтем! Кучо рафтанатро посбонхо мегуянд, – нозир Абутолибро рох дод, ки ба долон барояд, вале баъд, хайрону хашми фарёд зада, боздошташ: – Борхалтаат хамин чо мемонад-чи? Кучо? Барои чи борхалтаатро намегири? Ё бароят боз хаммол биёрем? Кани, зуд лату путатро бардор!

Абутолиб, ба хучра баргашта, бо дили нохохам борхалтаи фаромушкардаашро гирифт ва хангоми баргаштан ба долон кариб буд ба ду ходими махсуси хаминчои, ки бо шитобу изтироб мерафтанд, бархурад.

– Биист! – Абутолибро ба девор пахш кард нозир. – Рах бидех! Бимон аввал рафикон гузаранд!

Аз равонхона баромада, Абутолиб садои дари хучраи Тансикбоевро куфтани онхоро шунид.

– Рафик Тансикбоев! – Садои пурхаячонашон шунида мешуд. – Зиёрат кабул! Аз интизори як чиз шудем! Дар чойхои мо – барф! Бубахшед! Ичозат дихед худро  муаррифи кунем, рафик майор!

Дастаи мусаллахи посбонон – се нафари телпакхои гушакдору либоси аскари пушида – дар поён интизори махбус буд ва бояд уро, аз руи роххои охан гузаронда, назди мошини махсус мебурд.

– Ку зуд фуро! Боз чи интизори? – Шитобонд яке аз посбонон.

Абутолиб, пеш-пеши нозир, хомушона бо зинахо аз катора фуромад. Шамоли сард мевазиду барфи реза меборид. Аз сардии завлонахои яхбаста дастонаш якбора раг кашиданд. Торикистони истгохи ноошноро чарогхои руи  рох сина медариданд, роххои оханро бурон барфпушу ноаён карда буд, каторакашхо пуризтироб нидо мекарданд.

– Махбуси  навадухафтумро супурдам! – Ба дастаи посбонон арз кард сардори нозирон.

– Махбуси навадухафтумро кабул кардам! – Чун акси садо чавоб дод сардори посбонон.

– Шуд! Кучое барандат, рафтан гир! – Гуфт ба Абутолиб сардори нозирон хангоми видоъ ва баъд, барои чи бошад, ки илова намуд: – Бо мошин мебарандат…

Абутолиб, борхалтааш сари китф, батахмин ру-руи тахтаву оханхои рох кадам монда, пеш-пеши посбонон ба рох даромад. Аз барф худро панохида мерафтанд. Гох аз ин суву гох аз он су каторакашхои шабкор садо медоданд.

Хамкорони оренбурги, ки барои мехмонхона бурданаш ба хучраи Тансикбоев омада буданд, банди тачлили ташрифи у, дер карданд. Таклиф намуданд онон, ки барои  шиносои хамон чо, дар худи равонхучра бинушанду бихуранд – шаб аст, охир ва вакти кор кайхо тамом шудааст. Ки хам намепазирад чунин таклифро? Хини сухбат Тансикбоев лозим донист бигуяд, ки корхо хуб аст, ба барори рубарукуни, ки барояш онон аз худи Алмаато омадаанд, дилпур бошанд.

Хамкорон зуд забон ёфтанду сухбаташон тасфид. Баногох аз берун овозхои пуризтироб омаду дар долон садои кадаммони баланд шуд ва хамоно посбону сари нозирон бошитоб вориди хучра гардиданд. Посбони саропо хунолуду вахшатзадару, даст ба чакка бурда, суи Тансикбоев дод зад:

– Махбуси навадухафтум халок шуд!

– Чи хел халок шуд? – Бехудона аз чо парида хест Тансикбоев.– Чи хел халок шуд?!

– Худро тахи каторакаш партофт! – Шарх дод сари нозирон.

– Чи хел партофт? Чи хел партофт?! – Бадхашмона нозирро такон дод Тансикбоев.

– Вакте ки мо руи роххо баромадем, аз чапу рост каторакашхо харакат мекарданд, – канда-канда ба фахмонидан шуруъ кард посбон. – Катораеро хам ин суву он су мебурданд. Дар хамон чо… Мо истодем, ки катора гузарад… Хамин вакт махбус, кашидаву кушода, бо борхалтааш ба сари ман заду худро рост тахи чарххои каторакаш партофт…

Хама, аз ин ходисаи гайричашмдошт худро гум карда, хомуш буданд.

– Ха, мурдоре! Палиде! Халос шуд-а! – бесаранчомона хакорат медод Тансикбоеву овозаш меларзид. – Хама корро расво кард! Ина бинед-а! Халос шуд-е, халос шуд! – Баъд, навмедона даст афшонда, истаконашро  пури арак кард.

Хамкорони оренбургиаш дарзамон посбонро хушдор доданд, ки масъулияти ин ходиса бар души дастаи посбонон хохад буд…

 

 

 

АБРИ ЭХСОНИ ХУДОВАНД

 

Яке аз бузургтарин нависандахои муосири дунё –  Чингиз Айтматов дер боз миёни хонандагони хушзавки точик хам махбубияти сазовор пайдо кардааст. Аз киссахои зебои давраи аввали эчодиёташ, ки аксаран зиндагии пуртаззоди як инсон ва тавассути он рузгори  бузургворонаю фочиавии инсониятро бозгу кардаанд, то романхои ба хар маъни бузургу фарогираш, ки Инсону Кайхонро бо он хашамату бекарони ба тасвир гирифтаю зимнан шодию нишот ва дарду аламхои хар як одами хокиро хеле муассир инъикос намудаанд, ин каламкаши забардаст дар мадори мухаббати китобхонхои дунё карор дорад.

Чунон ки хонандаи мухтарам медонад, такрибан бист сол пеш романи нахустин, вале хамоно устодонаи Чингиз Айтматов – «Рузе хаст дарозтар аз карн» ё худ «Дурохаи бурони» манзури хамагон гардид. Тавассути каламдоди рузгори ашхоси оддии захматкаш, аз як чониб ва тасвирхои хаёлии кайхони, ки барояш одати набуданд, аз чониби дигар, адиби кудратманд масоили мубрами замонро пеш нихода, чун хамеша чомеаро ба андешаи амик перомуни оламу одам водошта буд. Хамон вакт он асари зебову хоноро мутолиа кардаву ба кудрати сухан мафтун шуда ва аз часорати адабиву инсонии муаллиф ба хайрат афтода, шояд кам касоне андешида буданд, ки ин китоби чолиб низ аз заррабини мафкурави гузаштаву тахрироти ичбориеро дучор омада ва, беш аз ин, аз порахои дилраси хеш махрум шудааст.

Мутаассифона, хамин хел шуда буд ва, хушбахтона, замоне расид, ки хамон пораи сокити роман чун киссаи чудогона манзури хонандагон гардид. Дар маркази ин пораи роман ё худ киссаи алохидаи Чингиз Айтматов низ, чун дар осори дигараш, Инсони оддии захматкаш карор дорад; Инсоне, ки бори дунёро ба душ бардоштаву бо вучуди ин кудрату бузурги чуз осоиши хонадони хешу дигарон, мухаббати чонибайни одамон, яъне хушбахтии оддию душворхосили замини, ормоне надорад.

Дар кисса образхои маъруфи романи «Рузе хаст дарозтар аз карн» – Абутолиб Куттибоев ва майори хадамоти амнияти давлат Тансикбоев амал мекунанд ва табиист, ки зимнан чихатхои нави характерхояшон тасвир мешавад. Хамзамон бо кудрати беназиру гайриинсонии мошини мучозоти, ки дар шахси «одами давлат» Тансикбоев нишон дода шудааст ва бечорагию бехукукии Инсон, ки зимни образи Абутолиб манзур мешавад, хати дигари сужет мегузарад. Ин хати тоза аз масири таърихи инсоният убур карда, замони истилои мугулро бо даврони сотсиализми пируз, салтанати худкомонаи Чингизхонро бо диктатураи бедодгарбунёдкори Сталин пайвастааст. Ва чизи чолибтарине, ки зимнан мушохида мешавад, образи Инсон аст, «инсони оддии захматкаш» (таъбири Чингиз Айтматов), ки бо вучуди тагйироти чашмгири ичтимоиву сиёсиву фарханги аз азал то имруз кам дигаргуниеро мувочех шудааст. Холо низ у хамон инсонест, ки ду, се, дах аср кабл буд, хамон гуна азият мекашад, меандешад, гам мехураду аз ночизтарин бахонаи тараб шоди мекунад. Ин фикри чолиб зимни хати пайванде, ки миёни образхои Абутолиб Куттибоев ва Эрдене-юзбоши устувор аст, бозгу шудааст. Абутолиб, ки дар даврони дигаргунихои бузурги ичтимоиву техники, замони пайванди кутбхову китъахо, тасхири  авчи кайхону каъри замин, бунёди истгоххои бузурги барк, ихтироъи дорую дармони бемислу силоххои беназири одамкуш зиндаги дорад, мубталои хамон дарди азалиест, ки Эрдене-юзбоши – сарбози сохибдили Чингизхонро дар доми худ медошт. Харду низ – хам инсони асри сездаху хам муосири мо чизи бисёре намехоханд: дар зиндаги ба холи худ зистан, касеро дуст доштану дустдоштаи касе будан, фарзанд ба дунё овардану сазовор парваридан кофист барои хушбахтии комили онхо. Лекин рузгор – хам дар он ва хам дар ин замон – бисёр берахм буду хаст ва лозим намедонад Инсонро ба камтарин таманнои дилаш хам комёб кунад.

Харду низ – хам Эрдене-юзбоши ва хам Абутолиб  зохиран коре накардаанд, ки сазовори хайрату мафтуни бошад. Вале мохиятан харду низ исёнкоранд ва мебояд кахрамонони созандаи адабиёт махсуб бишаванд.

Эрдене-юзбоши амалдори кушуни бешумори Чингизхон аст, ки хар хафта шахреву хар мох кишвареро зери даст мекунад. У имкон дорад ба коми дили як инсони худком бизияд. Вале Эрдене-юзбоши инсони колаби нест, у бояд исён бикунад, ба зохир не, ба мохият исён бикунаду кадру манзалати Инсонро биафзояд.

Абутолиб – фарзанди асри бист бо Эрдене-юзбоши аз хамин чихат каробат дорад. У вазифадор аст оддитарин арзишхоро кадр бикунаду суннатхоро зинда бидорад, дар мушкилтарин холатхо, ки кисмат ба сараш меорад, Инсонро дар хеш бой надихад. Абутолибро бо гуноххои гушношуниде мучрим медонанд, бо чазохои мудхише метарсонанд, вале у, беш аз хама, аз як чазо, ки кисмат мубталояш кардааст – чудои аз зану фарзандон харос дораду бас. Хамин чудоии човид аз пайвандони дилу чон, хамин талафоти мудхиш нуктаи дигарест, ки кисматхои Абутолибу Эрдене-юзбоширо ба хам мепайвандад. Талафоте, ки харгиз ва ба хеч чиз чуброн намешавад ва, бинобар ин, чуз Офаридгор касе хак надорад Инсонро ба он дучор бикунад.

Бадбахтии Инсон аст, ки бо талкини Шайтон аз доираи вазоифи рахмонии хеш убур мекунаду ба сари хамзотонаш балохо меорад. Вай дар осори Чингиз Айтматов махз хамчун як офаридаи комил-тарину нокистарини Худованд, ки пайваставу мунта-зам ба такомул ниёз дорад ва, бадбахтона, дар рохи кисмати хеш хоху нохох ва аксаран ба кохишхои рухонию маънави мувочех мешавад, ба калам омадааст. Аз ин чихат, махсусан, образи Чингизхон чолиб аст. Вай, бо хама шукуху шахомат, дар сояи лутфи кисмат – дар ихотаи кушуни бисёрхазора ва ходимону надимони содик (садокате, ки решааш харос аст) дар авчи салтанату чахонгири тасвир шудааст. Вале назари заррабини адиби хунарманд, аз чавшани заркуби у гузашта, дилу чонашро урён мебинад ва дармеёбад, ки у низ, бо вучуди он хама ободии зохир, догхое дар дилу чон дорад. Чунин тасвири амику вокеи хонандаро мачбур мекунад ба образи маъруфи адабиёти дунё дигаргунатар назар андозад. Фочиахое, ки он абаркудрату чахонталаби хунхору мардумозор аз сар гузарондааст, варо лахзае чун Инсон – чун мавчуди муктадиру бечораи мухточи рахму дилсузи вонамуд месозад; вале фочиахое, ки у худ ба сари инсонхо меорад, уро аз мадори камтарин таваччух низ берун мекунад. Ин таваччухи оддии инсони не, балки чозибаи хоси кайхони, беш аз он, мухаббати рахмонист. Чунки Инсон, тавассути максадхои поки хеш, пайванди Офаридгор аст ва нияти азалии уро амали месозад. Нияти азалии Худованд – ободии оламу озодии одам, мухаббати пайвандону парвариши фарзандон, нек гуфтану нек кардан, шукргузориву мехршиори, хуллас, накукори, ки чун пахнои Чахону кудрати Яздон поён надорад, тавассути Инсони асил дар дунё собит мешавад. Ва, мантикан, хар касе, ки бо кирдори шайтони мавриди нафрати Инсон карор мегирад, хамзамон нафрати Яздонро сазовор мегардад.

Чингизхон, чун як абаркудрат, аз доираи вазоифи инсонии хеш гузашт ва фармудаи Офаридгор – идомаи наслро хангоми юришхои хеш муроот накард. Эрдене-юзбошиву Догуланг ин фармони шайтониро риоят нанамуданд ва гирифтори чазои берахмоната-рин гаштанд: чахонгири хунхор онхоро аз зиндаги ва лаззати ширинтарин меваи дарахти умр – фарзанд бенасиб сохт. Худованд, чун мукофоти амал, Чингизхонро аз сояи мархамати хеш – абри сафеде, ки аз огози юришаш чониби Гарб хамрохиаш дошт, махрум намуд.

Тансикбоев, алорагми вокеияту хакикат, Абутолибро дучори тухмату махрумиятхо карда, ба халокат расонд ва аз бузургтарин орзу – дидори зану фарзандон махрум сохт. Ва мохиятан ба нафрати Худованд дучор гардид.

Рамзист, ки ин ходиса бахманмохи соли 1953 рух дод. Баъди чанде Сталин даргузашт ва шикастани мошини мудхиши тарсу харос, тухмату бухтон, шиканчаву чазо, ки дар бахои чону азобхои алими Инсон тансикбоевхоро ба манзили муродашон мерасонд, огоз гирифт…

Хамин аст фарчоми хар амале, ки алайхи нияти азалии Худованд корбаст мешавад.

Хамин аст хулосаи киссаи муассиру омузандаи Чингиз Айтматов «Пораабри сафеди Чингизхон».

Дар кисса порае хаст, ки дарвеши гайбдоне пайдоиши абри сафедро болои сари Чингизхон пешгуи мекунад: «Он нишонаи Казои Афлок аст, ки воломакомии мутлакатро дар руи замин шаходат медихад. Ту бояд он абрро эхтиёт куни, вагарна, гумаш, ки карди, аз кудрати беназират мемони…» Хама таркиши хашми Хоконро интизор мешаванд, вале у густохии гайбдони дарвешро оромона тахаммул мекунад: «Фарз кардем, Афлок ин суханонро ба дили ту андохт, ки ба мо бигуи. Фарз кардем, ки ман бовар кардам. Лекин, бигу, эй мусофири хирадманд, ки ман он абри озоди осмонро чи гуна эхтиёт карда метавонам? Шояд галабонхои савори аспхои болдорро бифиристам, ки нигохубинаш бикунанд? Ё, чун аспи сур, ба хар эхтимол, лачомаш бизананд?! Абри осмониеро, ки бод сад суяш мебарад, ман чи хел эхтиёт карда метавонам?» Дарвеши гайбдон, бо хамон густохиву локайдии бузургворона, посух медихад: «Инаш – кори ту…»

Оре, хар касе хам, агар Инсон аст, бояд пораабри мархаматеро, ки Худованд бар фарози хар бандаи покаш парафшон медорад, посбону посдор бошад. Чи гуна – кори хар кас аст, вале як чиз мусаллам аст, ки бе нияти неку амали нек, ки вазифаи азаливу абадии Инсон аст, дар сояи пораабри мархамати Худованд будан имкон надорад.

 

                                Низом КОСИМ

E-mail: nizom_kosim@mail.ru

* Волга

* Дуруд (мугули)

*руди Урал

* вагон

*почта

**оперативи

[††] локомотив, паровоз

*купэ.

* стрелочник

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …