Чигит

Шахр чун бахри азим шуру машгала дошт!

Ва ду катрае аз ин бахр дар кучаи калоне равон буд. Онхо аз замин то осмон фарк доштанд. Яке зебо, дигаре безеб. Зебо – духтар, безеб – чавон. Духтар чунон зебо буд, ки пари гуфтан кам мебуд, чавон чунон безеб буд, ки зишт гуфтан кам мебуд. Зиштру – туба кардам! – бадху мешудааст! Ва ана, хамин зиштру – э, ачаб! – аз паси пари мерафт. Ва – Худоё тавба! – зиштру мехост париро ба даст дарорад. Сахнае буд – валлох! – хара ханда, буза гиря! Ва –хайфо, дарего! – як одати баде ёр шуда! – касеро ба касе коре набуд. Яке писханд мезад, дигаре – чи лозим асабхоя вайрон кардан?.. Сеюми бо хасад – чавон аст, мон ишкбози кунад! – гуён, ба рохи худ мерафтанд.

jigitЯк марди хушбурут ба дигаре доноию духтаршиносиашро намоиш дода, бо вачохати хандону чашмони дурахшон нидо намуд:

– Таранг будааст!

Гапаш дуруг не, сад дар сад хак буд: овах, таранг буд духтар!

Вале – афсус! – бача бо зиштруи боз хам ланг буду хам кал.

Марди хушбурут намегуфт, ки:

– Хой бача, г… худата хур!

Ё аккалан намегуфт, ки:

– Хой бача, поята кади курпаат дароз кун!

Не-дия, балки ках-каха зада мегуфт:

– Суст набиё бача! Сахтар бигируш!

Ачабо! – агар духтараш ё хохараш мебуд, хамин хел мегуфт, ё не?

Харгиз не – валлох! – зада сиюду дандонашро мешикаст.

Духтар, ки бегона буд, «туро газад, ба ман чи?» – бачаро бод медод. Ва чавон аз ин рух мегирифт. Шердил шуда, помонияш дигар мегашт. Сар пур зи бод, ки буд, боди гашт. Ва акнун бо савлату ифтихор кадам мезад. Дунёро таги пояш медиду париро дар огушаш. Шояд худро шохзода мепиндошт? Охир, хеч зоге – алхак! – “бачаи ман сиёх” намегуфтааст.

– Салом, пари!

Духтар ба саломи у чавоб надод. Гуё уро нашунид. Заррае гашташро дигар накард. Як зани хуму лум, ки ду борхалтаи пурро базур бардошта, мисли мургоби мерафт, баланд:

– Ха!? – гуфт.

Чавон ба у як чашмаки заду боз аз паси духтар шуд.

– Привет, девушка!

Духтар зохиран ором буд, вале – «Худоё, ин боз чи дидание буд?!» – дилаш тугён дошт. Вай аллакай медонист, ки одами халол бештар ба балохо дучор мешавад. Чанде пеш аз як бало рахо ёфта буд ва аз ранчи он хеле хаста буд. Сарбори боз ба бало дучор гашт ва ба хастагии бадан, хастагии дилу рух афзуд. Бино бар он хавсалаи бо ин бало сар ба сар шуданро надошт. Аз ин ру дахон во накарда, бо як навъ чадали кахромез кадам мегузошт.

Гарчи худро бепарво вонамуд месохт, дар дил кам-кам тарс хам дошт. Зеро медонист: аз доно натарс, аз нодон битарс! О, у доно мешуд, чунин кирдорро раво медид? Дили у мохичаи аз об дур афтода барин бози мекард. Гап зани, забон месузад, гап назани, магзи устухон!

Ачаб замонае?! Ба даре рафта, чораю тадбир чустан, ба мисли он ки бар суроги об меравию сароб мебини. Аз ин ру дар пусти худ хушкида, гиреб намекуни.

– Чи маъкул нашуд? – хандид чавон. – Хайр, ана салом, маълима!

Духтар боз ба у эътибор надод. Танхо ох кашид. Охи чукур. Чавон инро фоли нек донист. Ва майлу рагбаташ як бар дах афзуд.

Чашму хуши чавон, ки ба духтар буд, ба касе пуршаст бархурд, муаллак рафту наафтид. Чавон пахлавон набошад хам, бо китфу бозу буд. Ва аз ин ру тахмин кард, ки бо «букка»-е бархурд. «Ох мурдам!» – гуфту дилаш тах зад, сахт харосид. Зеро чун об равшан медонист, ки аз дасти «букка» бе чазо – аъзои бадан сиёху кабуд, ду-се кабурга шикаста! – рахо ёфтан амрест мухол. Хатто агар «букка» ба кафоят шаттае фурорад, хатман бояд узр хоста бигуи, ки «бубахшед, нохост кафоям ба поятон расид». Уро беш аз пеш вахшат фаро мегирифт. Хис мекард, ки аз изтироб зонухояш меларзанд. Ва сар даруни китфон кашиду интизори шаттахои обдор ё хеч набошад, хакоратхои болохонадор истод. Вале на ин шуду на он. Вай бо ранги руи чун сафедхок охиста тоб хурд, то ки агар ягон «букка» бошад, узр бипурсад. Дид ки як кампири фартут.

«Паат зур будааст» – гуфт дар дил ва дар як они вохид вачохат дигар кард ва дуг зад:

– Кури кампир?!

– Курам, бачам, кур, – гуфт кампир. – Кур набошам, ту маро мезади. Бубахш, бачам, бубахш.

Чавон ба дарки сухан ва давом додани сухбат фурсат надошт. Париро аз даст набояд дод. О, то ба дом гирифтани у як кадам.

Чавон шитобон ба духтар расида гирифту баланд гуфт:

– Э холи харобуме!

Духтар боз хам ба у эътибор надод. У боз садо зад:

– Э чони дар азобуме!

Пас аз ин як хисси кабл аз вукуъ дар дили духтар изтироб меангехт. Ва лахза ба лахза дили у аз биме пур мегашт. Ба одамони аз пешору омада нигариста, чи андоза заифу нозук будани худро эхсос мекард. Ба назараш чунин намуд, ки у дар байни роботхои оханину бехис кадам мезанад. Дар ин лахза як ноумедие дар дилаш ру зад. Ва дилаш тах заду харосид. Вале хамон замон худро ором кард. Дар дил гуфт, ки агар заррае нахаросад, бо у хеч бадбахтие руй нахохад дод.

– Чи нозу нуз мекуни, биё шинос шавем.

Духтар харфе назад.

– Хой, ман аз ки кам?!

Густохии чавон ба у хуш наёмад. Дилаш танг шуда рафт. Вале сабр пеша намуд. Духтар чунин вачохате дошт, ошкор буд, ки намегуфт: ту саги кадом дари.

– Чи гунги?! – дагалона гуфт чавон. – Ика нозу нуз накун, биё бо ман рав.

Духтар боз хам харфе назад.

– Э, хой! Покита нишон нате! Шав ба огуши дах кас медароию.

Духтар сабру токат аз даст дод. Такки дар чояш бозистод. Ва бошаст ба кафо гашт. Чавон кариб монда буд, ки ба у бархурад. Пеш аз хама ба синахои дамидаи бачакушаш. Шояд инро хам мехост. Аккалан як расонда гирад. Вале холо харосид. Худро акиб кашид. Дасту по хурда, лол монд. Духтар мушташро ба таги бинии чавон бурда, тег кашида, ба руяш нигарист.

– Диди?!

Чавон дубора ба дунёи хозир боз биёмад. Ва гумон кард, ки мушт насиби сари сахти уст. Гуё чон аз дасту пояш баромад. Тез худро чамъу чур кард. Вале лаб ба сухан во карда натавонист.

Духтар бо чашмонаш ба мушташ ишора карду гуфт:

– Не, диди?!

Чавон гаранг-гаранг ба у менигарист.

Духтар овозашро як парда баландтар карду гуфт:

– Не, диди!

Вазъият посух талаб дошт.

Ва у гуё хайратзада ба духтар нигарист.

– Чия?

– Чалая! – бо кахр гуфт духтар.

Эхсоси у галат кард. Ва аз ин галат шод гашт. Ва абру паронда, ханда кард, як хандаи чун худаш безеби мастона, ки лабу руяш качу уреб шуд.

– Чалая? – пурсид у. – Хайр чи?

Чони духтар ба лаб омад.

– Хайр чи, хайр чи?! – бо чашмони пурхашм нидо кард у. – Медони, ки ин чи маъно дорад?!

– Фиреби назар, – дар чавоб гуфт чавон.

Дуд аз димоги духтар баромад.

– Не! – чидди гуфт духтар. – Яъне, ки ман шавхар дорам!

Ба назари чавон ин гап хила буд, найранг буд, як маккории занона… Охир, дарахти макри зан сад реша дорад, фалак аз дасти зан андеша дорад. Фалак, ки андеша дошта бошад, ман чаро бовар кунам? Чашмонашро бин, айёрона, шарарбор. Ха, макру хилаи зан хадду худуд надорад.

Ин дам буд, ки ба зуди – ин хам як одати бади ёршуда! – гурухи калони одамон, ки дар куча саланг-саланг мегаштанд, дар гирдашон чамъ омаданд. Баъзехо таваккуф карда, як назар меандохтанду боз ба рохашон рафтан мегирифтанд.

– Чи гап?! – аз акиб тамошобинони нав ба нав хамдигарро тела медоданд, онхое, ки дар пеш меистоданд, торафт ба парию зишт наздиктар шудан мегирифтанд. Ба зуди дар атрофи онхо халкаи зичи одамон ба амал омад. Ба майдадуздхо хам худо дод, онхо худро ба ин туда заданд.

– Айб не-ми, а? – гуфт касе.

– Чаро айб будааст? – зуд посух дод дигаре. – Тамошои бепул!

Чавон табассуми голибонае карда гуфт:

– Хайр чи? Ман хам зан дорам. Якта не, дута.

Ва аз хар чо чанд кас хандиданд.

– Э хой, ман панч шуй дорам, чим гаштааму ту бо ду занат ин кадар вохима мекуни?! – баланд гуфт аз байни тамошобинон зане ва садои ханда ба фалак печид.

– Суст набиё! – боз бод доданд чавонро.

Ин дам як марди миёнсол – шукри Худо! – ба чавон ру оварда гуфт:

– Шарм намедори, писар.

Ба чои чавон чавони дигар, ки дар катори пеш меистод бо овози масхараомез аз мард пурсид:

– Мебахшеду мабодо-ку ин духтари шумо нест?

– Не, чаро духтари ман бошад, – гуфт мард дар холате ки ба танаш ларза афтода буд.

– Пас чаро дидаву дониста, тарафгири мекуни?

– Ха, рост! Ё шояд дили худат дог, а?

Садои ханда боз ба фалак печид.

Мард надонист чи кор кунад. Ва гайб зад, мисли он ки донаки гугирд фаг даргирифту мурд.

Офтоб паси абр даромад.

Паррандахо аз парвоз монда буданд.

– Суст набиё! – боз бод доданд чавонро.

Аз хар тараф нидохои дастгири баланд шуданд:

– Ха, ту мард-ку, охир!

Ба гуши духтар кар-кари зог омаду ба калбаш гам рехт. Ва у ба абрувонаш гирех андохта, ба чавон гуфт:

– Ман ба ту ягон асос додам ё ишорае кардам?!

– Не, ха…

– Ха ё не?!

Нафаскашии чавон тез мегашт. Гуё вай ба кухи баланде мебаромад.

– Не…

– Пас чаро аз пасам часпиди?

– Ёри ганда нестем, аз пасат канда нестем, – чигари хандида, хозирчавоби кард чавон.

– Аха, ту ба ман ёр шудани?

– Ха, ба ту рахмам омад. Охир ба ту азоб. Ту паршикаста…

– Ту ба ман пар шудани?! – нигохи хашмолуди духтар сар то пои уро палмосид.

Чавон ба таври худ хулоса намуда, гуфт:

– Э, мара кам набин. Ма йигитум. Э, йигит чи?! Ма чигитум, чигит! Чигити кишлоки нестум, чигити шахри хастум!

– Шукри Худое! Дар ин дунё якто йигит… э, чигит будааст, – захрханда намуда, пичингомез гуфт духтар.

Вале чавон ин пичингро дарк накард. Гумон кард, ки духтар ба дом афтид. Ва у аз холе ба холи дигар гузашт. Дилаш аз фараху шоди пур гашт. Вайро хаячони галабаи ба даст омада, беш аз пеш фаро мегирифт. Ва дар як они вохид дунё ба назараш гул карда, зебо гашт. Дар рухсораи чавон гуё офтоб тулуъ кард.

– Худоё, ту чи хел ахли фахми, а?! – нидо намуд у ва аз дасти духтар дошта, бо шавку шури афзунтар афзуд: – Рафтем!

Духтар дигар бардошти ин носипосиро надошт. Сабри у сар рафт. Ва магар нафасаш гашт, ки бо шиддат нафаси тулони кашид, сипас овард:

– Ха, ха! Ман хамин хел одамам. Ва ту барин хурусчучаро садтояшро лаби об ташна бурда, ташна меорам.

Чавон кайхо аз худ бехуд буд. Тани урён дар чогахи шохона дароз мекашид. Пари аз паси пардаи харир, шамъ дар даст охиста суи у меомад. Яктахи дарози сафед ба бар дошт. Ва овозе ба гуши чавон меомад: «Кучо буди? Ман туро мечустам. Рузхо, моххо, солхо… Ман аз они туям, ту!»

– Худоё! – девона мешавад чавон.

Овах, аз саодат девона гашт!

Гурги шавхат ба дилаш дандон мезанад.

Торсакие бари руи чавон фуромад. Садои баланде баромад ва касе дод зад:

– Мурд!

Чавон дубора ба дунёи хозир боз биёмад. Ва ба чунин зарбаи нотайёр «вох!» – гуён, дод зад, гуё чон аз дасту пояш баромад. Хангу мангаш канд. Сахл монда буд, ки биафтад.

– Маладес!

Аз хар тараф садои ханда баланд шуд.

– Ха-ха-ха!

– Хи-хи-хи!

Чавон чунин натичаро интизори надошт. Гумон карда буд, ки духтар ба «ха» махталу бо як имо лукки карда, ба домаш меафтад. Вале тушбераро хом шумурда будааст. Дар як они вохид дунё ба назараш берангу бемазмун, тираву тор гашт. Орзухояшро шамшери адолат пора-пора карданд. Ва у лолу пакар гашт. Ба як мавчуди сарди бехаракат табдил ёфта, чуби хушк барин бехаракат монд.

– Бечора!

– Уболаке!

– Сазои сараш!

Нигохи хама ба чавон буд.

Акнун араки сард аз сару руи чавон мезахид, барги бед барин меларзид.

Марде ки дар тан либосхои факирона дошт ва муаллимро мемонд, гилаомез ба у нигаристу гуфт:

– Ха, тират хок хурд, йигити мировой? Париро аз даст доди-ку?

Чавон дубора ба дунёи хозир боз биёмад. Ва ханда кард, як хандаи чун худаш безеби мастона, ки лабу руяш качу уреб шуд. Сипас даст афшонду гуфт:

– Э, фохиша будааст?!

Мард кох-кох хандид. Баъд писхандомез гуфт:

– Агар «ха» мегуфт – пари буд, «не» ки гуфт – фохиша шуд. Коил мане!

Чавон безобита ва бесаришта гашт. Ва харосон ба руи мард нигарист.

Мард чидди шуд ва бо кахру танбех илова намуд:

– Ана, йигитию мана йигити. Шон боз йигит не, чигит. Э, марги ту барин чигит!

Ва – э, ачаб! – аз кучое садои хурус баромад.

Ва боз – туба! – сари овози хурусро харе гирифта, хангос зад.

Хама кох-кох хандиданд.

– Ошноят туро табрик мекунад, – гуфт касе ба чавон.

Боз хама якдилона кох-кох хандиданд.

Шоду хушбахт буданд одамон!

Чавон бошад, точи расвои бар сар дошт. Ва сурх шуд, сафед шуд, кабуд шуд.

Ва чунон гайб зад, ки – э, ачиб! – на дуст дид, на душман.

Ба мисли он ки донаяки гугирд фаг даргирифту мурд.

– Эх, тамошо тез тамом шуд-да! – афсусхурон овоз баровард касе аз байни хозирон.

– Шакара камаш хуб!

– Бепул бошад, зарар надорад!

Ин дафъа одамон нахандиданд.

Чунин намуд, ки одамонро як маъюси фаро гирифт: «Афсус, ки мочарои зур нашуд?» Ва онхо абру чин намуда, калла чунбонда, пароканда шуданд.

Шахр чун бахри азим шуру машгала дошт!

3 январи соли 1999

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …