Главная / Гуногун / Чанги ИМА бар зидди Испания

Чанги ИМА бар зидди Испания

Мохи апрели соли 1898 чанги Испанияю ИМА огоз гардид, ки он дар такдири Филиппин макоми халкунанда бозид. Америка барои хокимияти худро дар Филиппин барпо намудан аз муборизаи миллию озодихохии филиппинихо истифода бурд. Бо ин максад дипломатхои Америка ва намояндагони артиши харбии бахрии он хануз то огози амалиёти чангии зидди Испания бо Агиналдо гуфтушунид карда, ваъда доданд, ки баъди озодшавии чазирахои Филиппин ба ин давлат истиклолият медиханд.

jangi-ima-filippin

Хамин тарик, амалиёти харбии эскадраи ИМА дар Филиппин бар зидди флоти Испания огоз ёфт. 2 майи соли 1898 дар халичи Манила флоти Испания аз тарафи флоти ИМА торумор карда шуд. Флоти Америка охири мохи май Агиналдоро дар киштии худ ба Манила овард. 12 июн Агиналдо дар Кавита истиклолияти Филиппинро эълон кард. Баъди ин шуриш бо кувваи дучанд аз нав авч мегирад ва дар як муддати кутох кариб тамоми Филиппин ба хокимияти инкилоби тобеъ мегардад. Хамин тарик, халки Филиппин ба зулми 300-солаи мустамликадорони испани хотима гузошт.

Мохи сентябри соли 1898 дар шахри Малолос (музофоти Булакан) маросими кушодашавии Конгресси инкилобии Филиппин доир гардид. Он Конститутсияи Чумхурии Филипиинро кабул кард. Ин конститутсия дар он замон яке аз конститутсияхои демократитарини чахон буд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …