Главная / Гуногун / Чанчол дар хавопаймои Маскав-Душанбе. “Стюардеса” лат хурд

Чанчол дар хавопаймои Маскав-Душанбе. “Стюардеса” лат хурд

Хавопаймое, ки аз Маскав ба самти Душанбе парвоз дошт, баъди чанчоли мусофирон мачбур шудааст, аз ними рох ба кафо баргардад. Ин хавопаймои мутааллик ба ширкати “Уралские авиалинии” шоми 28-уми август аз фурудгохи “Жуковский”-и ба хаво бархоста буд.

stua

Манобеи хабаргузории “Интерфакс” гуфтаанд, дар ин занозани яке аз мехмондорон ё стюардесахо лат хурдааст. Хабаргузори менависад, чанчол баъди парвози хавопаймо шуруъ шуд ва яке аз мусофирон хатто тахдид кардааст, ки гуиё бомба дорад.

Сарнишинони хавопаймо талош кардаанд, чанчолро фуру нишонанд, аммо ин кор барояшон муяссар нашудааст. “Дар натича стюрадеса лат хурд. Пас аз талоши номуваффаки халли мочаро тасмим гирифтаанд, ки ба фурудгох баргарданд”, – навишт хабаргузори.

Баъди ба фурудгохи “Жуковский” баргаштани хавопаймо маъмурони пулис даъват карда шудаанд. Тафсилоти аз ин бештари ходиса дастрас нест.

Хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, муфаттишон ба тахкики ходиса шуруъ кардаанд ва дар ин замина парванда боз шудааст.

Дар хамин хол, Елена Морковская, намояндаи Кумитаи тафтишот дар умури наклиёт гуфтааст, ки дар ин ходиса як шахрванди 25-солаи Точикистон муттахам аст. Ба кавли у, гуё ин шахрванди Точикистон мехмондор ё “стюардеса”-ро задааст.

Морковская дар бораи чанчоли байни мусофирон чизе нагуфтааст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …