Главная / Маданият ва санъат / ЧУНАЙДУЛЛОХИ ХОЗИК

ЧУНАЙДУЛЛОХИ ХОЗИК

Яке аз шоирони тавонои асри XIX Чунайдуллох ибни Исломшайх Хозик буда, доир ба ному насаби хеш дар достони «Юсуф ва Зулайхо» мегуяд:

Хамин «Хозик» тахаллус дораму ном,

Чунайдуллохи ибни Шайхислом.

Инчунин Абдулкарим Фазлии Намангони («Мачмуат-уш-шуаро») низ чунин таъкид кардааст:

Чунайд он хакими билоди сухан,

Ки шахри Хирот аст уро ватан.

Мудаккик ба тахкики илму сифот,

Бувад ибни Исломшайхи Хирот.

Хозик дар миёнаи солхои 80-уми асри XVIII таваллуд шудааст. Зодгохи у махаллаи Кархи Хирот мебошад. Чунайдуллох табъи баланду зехни бурро дошта, дар аввалхои Хукмронии амир Хайдар (1800-1827) аз Хирот ба Бухоро омадааст. У дар мадраса яке аз бехтарин толибилмон буда, осори адибони асримиёнагиро низ хеле дакик меомузад. Дар баробари ин Чунайдуллох илми тибро хам хеле хуб омухта тахаллуси «Хозик»-ро аз хамин чихат интихоб менамояд. Хозик соли 1805 мадрасаро хатм мекунад ва дар мадрасаи Оли бо фармони амир Хайдар имом таъин карда мешавад. Дере нагузашта Чунайдуллохи Хозикро ба дарбор даъват мекунанд. Баъди чанде фаъолият дар дарбор тафаккури шоирро нисбат ба он дигар намуд. У хуб фахмид, ки шахсони нолоик хеле зиёд будаанд ва бо ин тоифа ахли хирад хамкори карда наметавонад:

Бори узви чохро хар сифла натвонад кашид, Хеч тори анкабуте икди гавхар мекашад?

Шоирони хасудкори дарбор Хозикро нотавонбини мекарданд. Чалоли, ки худ чандон истеъдоди баланд надошт, Хозикро боре хачви сахт намуд. Хозик бо унвони «Касида дар чавоби хачви мавлоно Чалоли» – ро менависад, ки чанд байте аз он чунин аст:

Дар хотирам расад чу хаёли касидаат, Гардад дилам сиях зи зуголи касидаат.

Гуфти, ки зода табъи ман ин бикр фикрро,

Сад шур карда духтари золи касидаат.

Ай, карда шеъри халк ба чандин бало дучор,

Бояд гирист, ох ба холи касидаат.

Худ равшан аст гавхари мазмуни дигарон,

Торику сакта аст зулоли касидаат.

Ай рубахак, ба шери жаён паича мезани,

Даркаш забои, ки иест мачоли касидаат.

Хозик, чи холат аст дарад пардаи туро,

Нафсат иамуда рух зи «камоли» касидаат.

Мунокиша миёни ду шоир бошад хам, амалан хадафи Хозик худи амир аст. Аз ин ру, у аз доираи адабии Бухоро дилмонда шуда, ба Хуканд омадани Хозик кайд намуда бошад хам, дар огози салтанати амир Умар иттифок афтодани он ба хакикат наздик мебошад.

Хозик муддате дар ин доираи адаби созиш намуда, хатто ба амир Умар баъзан пайравихо мекунад. Яке аз чиддитарин икдомхои Хозик дар ин доираи адаби ба эчоди достони «Юсуф ва Зулайхо» камар бастани шоир ба шумор меравад. Дар ин бора Хозик баъзе ишорахои судманд низ дорад:

Мабош аз шеъри мардум харфгустар,

Либоси орият то чанд дар бар?

Бигу чу Хозик, ар дори димоге,

Бикун равшан, агар дори чароге.

Шоирони маддохои дарбори: Вазир, Нола, Фазли, Дабир ва Афсус бошанд Хозикро дар хузури амир бадгуихо мекарданд. Шоир ва тазкиранигор Абдулкарими Фазли дар «Мачмуат-уш-шуаро» – и худ аз Хозик ёд намуда, уро дорои истеъдоди баланд медонад, вале «марди девона» ва «мухолифмизоч» ном мебарад:

Ба фанни сухан гарчи фарзона аст,

Валекин ачаб марди девона аст.

Каландармизоч асту девонахуст,

Вале дар фунуни сухан тозагуст.

Аз баъзе ишорахои Хозик пайдост, ки у худро зиракона ба девонаги вонамуд карда будааст:

Гар намехохи, ки дарди сар каши аз рузгор,
Хамчу Хозик бо камоли зираки девона бош.

Аз казовати боло маълум мегардад, ки мочарохои ахли дарбор ва тамаллуки шоирони тамаъкору чоплус Хозикро басо озурда намуда, ба у фишори маънави медоданд.

Аз ин сабаб, Хозик дар дарбори амир Умархон фаъолият карданро дигар раво намебинад. Хусусан, ин холат баъди ба сари тахт омадани писари ин амир Мухаммадалихон боз хам ногувортар мегардад. Ин аст, ки Хозик аз дарбори Мухаммадалихон канорачуи намуда, ба Бухоро меояд ва дар ин шахри бостони бо пешаи табиби касби маош мекунад.

У аз руи эхтиёчхои зиндаги бо баъзе сохибмансабон каробат чустааст. Боре яке аз сохибмансабон ба шоир ваъда медихад, ки ба у (ба Хозик) асп инъом мекунад. Вале пас аз гузаштани чанд муддат аз кавлаш бармегардад. Хозик ба он кас чунин китъаи хачвиро мебахшад:

Расид мехри тило лек аспи мо нарасид,

Бигу намедихамат, то ба кай бахона куни.

Муносиби ту ба он шавкату чалол ин аст,

Ки хешро магарам мухраи замона куни.

Кучо равос(т), ки худро барои як аспе,

Миёни халк ба бехиммати фасона куни…

Хозик чанд гохе дар Хоразм низ будааст, ки онро солхои 1825-29 тахмин кардаанд. Зеро дар ин солхо Мухаммад Рахимхон вафот карда, ба сари кудрат Оллохкулихон омада буд.

Мухимтарин хусусияти доираи адабии Хоразм он будааст, ки бо ташаббуси сарвари ин доираи адаби -Муъниси Хоразми тарчумаи осори адибони асримиёнагии точик ба забони узбеки хеле авч гирифта будааст. Соли 1829 Хозик аз Хоразм боз ба Бухоро бармегардад ва у Хочи Хакимхонро (муаллифи «Мунтахаб-ут-таворих»-ро), ки аз саёхат баргашта буд, пешвоз мегирад.

Хозик бисёр мехост, ки ба сафари олам баромада, ба ин восита аз низои хусудон рахои ёбад. Вале имконоти моди барои шоир даст намедод, ки онро аз баъзе ишорахои шикваомези Хозик пай бурдан мумкин аст:

Даме расид ба хотир, ки суи Рум равем,

Ки шояд ин дили гамгин шавад нишотпазир.

Зи сайри шом гахе рехт бар дилам савдо,

Ки субхи айш дамад шоядам зи шоми замир.

Шикаст фикри Халаб гох шиша дар рохам,

Намуда гох Фарангам дар ойина тасвир.

Гахе зи Хинд намак рехт дар дили решам,

Гахе зи Миср шакар ёфт тутии такрир.

Шоир дар китъаи боло орзуи шахрхои Руму Шом, Халабу Фаранг (Аврупо), Хинду Мисрро дар сар доштааст, вале он амали нашудааст. Амир Насруллох мехост Хозик яке аз мукаррабони у бошад, вале шоир аз амир дури мечуст. Зеро Насруллох пайваста дар андешаи кишваркушои, горату асиргири буда, борхо хатто ба Хуканд лашкар кашидааст.

У бори сеюм соли 1842 ба Хуканд хучум намуда, дар он чо катли ом менамояд. Хозик дар як касидааш окибати чангро баён намуда амирро ба сулх даъват мекунад:

То бувад сулх чанг натвон кард,

Чанг бошад диранг натвон кард.

Шох бояд хурад гами олам,

На ки з-он олам фитад дар гам.

Амир маслихати шоирро кабул мекунад. Баъд у аз Хозик талаб менамояд, ки ин пирузиашро дар касидае васф бикунад. Хозик «пирузи»- и амирро дар байти зерин махкум мекунад:

Буридй бар кади худ аз маломат,

Либосе то ба домони киёмат.

Амир аз шунидани он дар газаб мешавад. Хозик бошад ба Шахрисабз дар хонаи дусташ-Хакимхон панох мебарад. Амир Насруллох писари шоирро, ки Мухташам ном дошт, ба Шахрисабз фиристода, омадани Хозикро талаб мекунад. Хозик байти зеринро навишта ба амир мефиристонад:

Чун хузурам сабаби ранчиши табъат гардад,
Мегурезам, ки малулат накунам бори дигар.

Амир аз ин кори шоир дар газаб шуда, Душанбой ном дуздро барои овардани сари Хозик амр мекунад.

Ин бешараф бо се тан бадандешони дигар ба Шахрисабз омада, шабонгах ба хонаи хоби Мавлоно Хозик ворид шуда, уро ба катл мерасонанд ва сари шоирро бо худ ба Бухоро мебаранд. Ба хамин тарик, Чунайдуллохи Хозик 14-уми январи соли 1843 дар вилояти Шахрисабз вафот кардааст.

Мероси аДабии ЧунайДуллохи Хозиц

Сарфи назар аз мураккабии авзои замони зиндагии Хозик ва нобасомонихои рузгори у, аз ин шоир осори пур- арзише боки мондааст. Он осор аз «Девони газалиёт» достони «Юсуф ва Зулайхо», рисолахои «Вокеоти исломи» ва «Тахкик-ул-кавоид» иборат мебошад. Рисолаи «Тахкик-ул-кавоид» номи дигар низ дорад, ки он «Шархи конунча» аст.

«Девони газалиёт»-и Хозик.

Дар девони шоир газал мавкеи маркази дорад. Чун анъана мавзуи асосии газал ишк аст. Ин мавзуъ бо тамоми чузъиёт: хичрону висол, сабру токат, васфи хусну чамоли дилбар, бевафои ва сустахди, номехрубони, сарддили ва гайра ба тасвир омадааст. Дар иртибот бо ин мавзуъ маю бода (хамчун рамзи хушгузаронии умр, зиндаги), васфи бахор ва чузъиёти ин фасли аруси сол: резиши борони найсону шилдир- шилдири чоришавии чуйхои бахори, накхати гулхову муаттарии насими субхгохи, сафои самову гармои хаво ва монанди инхо хеле хунармандона аст.

Чунончи, дар ин газал, ки шояд дар даврони нисбатан пиронсолагии Хозик эчод шуда бошад:

Ёди айёме, ки пур аз май сабуе доштем,

Шаб хама бар сари гам хою хуе доштем.

Шаб нихон з-агёр мову ёр дар базми висол,

Мо хам аз имои абру гуфтугуе доштем.

Гардиши даврон гули мору чунин пажмурда сохт

В-арна дар ин бог мо хам рангу буе доштем.

З-инкилоб андеша кун, моро ба чашми кам мабин,

Дар диёри хеш мо хам обруе доштем.

Ман хамчун кахрамони лирикии газали Хозик пайваста дар изтироб, хаячон аст. Зеро ба ин холат уро махбуба овардааст. Доираи фаъолият ва муносибати кахрамони лирики – ман пурвусъат, серчабха ва гуногуншакл аст. Вале асосан олами ботинии у дар муносибат бо махбуба ошкоро мегардад. Ошик намехохад, ки агёр аз ин сир пай барад. У пурсабру пуртокат ва хифзкунандаи асрору розхост:

Хозик, магу ба бехирадон рози ишкро,
Аз анбару абир кашад гову хар чи хаз.

Кахрамони лирики – ман голибан чанбаъхои васеи ичтимои мегирад. Дар симои агёр бехирадиву пастфитрати, нокобиливу ноухдабарои, золимию худписанди, кутохназариву зохирбини, харисиву мардумфиреби барин амалхои зиштро чамъбаст менамояд. Аз ин ру, вазнинихои хаёт пайваста бар души хирадмандону окилон аст. Ин аст, ки Хозик мегуяд:

Маро чун бишкуфад хотир, ки хамчун гунчаву лола

Дилам хун аст ту бар ту, чигар дог аст то бар то.

Дар ин айём хар кас чоми айше мекашад чун гул,

Ману доги дилу хуни чигар чун лолаи хумро.

Лирикаи ичтимоии у баъзан вусъати бештаре пайдо намуда, хатто охангхои кавии сиёси низ мегирад. Ба акидаи Хозик, сохибмансабон бояд шахсони сазовору лоик бошанд. На хар як шахс аз ухдаи корхои рохбари баромада метавонад. Дар системаи рохбари бояд принсипи чиддие хукмрон бошад, то ин ки шахсони тасодуфии беистеъдод ба мансабхои баланди давлати сохиб шуда натавонанд. Таърих гувох аст, ки агар шахси нолоике сари мансабе ояд, он гох чомеъа дучори мушкилихои сершумор хохад шуд:

Халки оламро на хар дун даст бар сар мекашад,

Ин кадах аз даври гардун мехри ховар мекашад.

Бори узви чохро хар сифла натавонад кашид,

Хеч тори анкабуте накди гавхар мекашад.

Яъне ба ин восита лирикаи шоир чанбаъхои вокеии хаёти гирифта, ба хаёти чамъият ва рузгори мардум бештар наздик мешавад. Шоир таъкид ба таъкид мегуяд, ки шахсони хариси чоху мансабро набояд имкон дод, ки хадафхои палиди худро амали намоянд. Баръакс, пеши рохи онхоро бояд гирифт, то ин ки мардум аз ин тоифаи кутох – назар халос бошанд:

Баски масти бодаи хирсанд абнои замон,

Табъашон хуни падар аз шири модар мекашад.

Дар огози расидан ба хадаф баъзан ин тоифа усули кори худро дигар хел намуда, рафтори чоплусонаро пеш мегиранд. Хамин ки ба хадафхои нихоии худ расиданд, хамон замон тагйир меёбанд. Ба ин маъни шоири мушохидакор огох месозад, ки ба тавозуи сохтакоронаи мансабхохон фирефта набояд гашт. Онхо хама чизро бо мансаб иваз хоханд кард. У мегуяд:

Кади золим аз тавозуъ нест чузъ тамхиди зулм,

Мешавад хам неши акраб захр, чун бармекашад.

Дигар аз мавзуъхое, ки дар лирикаи Хозик хеле зиёд реша дорад, мавзуъхои панду андарз, мавъизату насихат, тарбиявию ахлоки мебошанд, ки шоир ба мавзуи мазкур бештар таваччух зохир намудааст. Чунончи:

Ба гиру дори бузурги ту бош хуш, ки дили ман,

Гирифтааст, таманнои дору гир надорад.

Зи файзи олами маъни ба махзани дили Хозик,

Чавохирест, ки шохи фалаксарир надорад.

Бояд гуфт, ки Хозик шоирест, ки ба кадри сухан ва суханвар бо тамоми хастии худ мерасад. У суханро дурру гавхар мегуяд, вале шеърро, хусусан сухани матини манзумро афзал мешуморад, яъне агар сухани насри, ки он хам дурру гухар аст, наку аст ва агар манзум гардад, накутар хохад гашт. Шоир мегуяд:

Суханро шеър бахшад зеби дигар,

Шавад аз назм афзун кадри гавхар.

Агар худ шеърро хусне набуди,

Ба Хассон кай Наби эхсон намуди.

Чунайдуллохи Хозик адиби тавоно буда, хунари у аз навъхои лирики хусусан дар газал сазовори тахсин аст. Зеро у аз эчодиёти бузургтарин газалсароён: Саъдию Хочу, Носири Бухороиву Салмони Совачи, Хусраву Хасан, Хофизу Камол, Чомию Хилоли, Мушфикиву Шавкат ва дигарон комилан огох будааст. Таъсири эчодиёти шоирони номбаршуда дар ашъори Хозик аз нигохи чанбаъхои хунари: коргири аз санъатхои бадеи, мазмунсози, маъниофари, дарёфти радифу махорати кофиясози, интихоби вазнхои мувофику хушоханг ва гайра хеле хуб мушохида карда мешавад.

Сабку услуб, шеваи эчоду хунари таълифи Хозик низ хеле чолиб аст.

Аз ин чост, ки нуфузи эчодиёти Хозик ба адабиёти давр ва минбаъда низ хеле хуб ба мушохида мерасад.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …