Главная / Гуногун / ЧЕХРАИ ОШНО

ЧЕХРАИ ОШНО

Шодмон ба бурёкубони хамсояи  навашон каме таъхир карда омад. Аллакай хамсояхо чамъ омада буданд, як хона пур аз одам буд. Баробари ба хона ворид шудани Шодмон хамагон ба истикболаш аз чой хеста, уро ба пешгах гузарониданд ва чун ба чойхои худ нишастанд, сохибхона, марди  тахмин шаст-шаступанчсола, ки муйхои  сап-сафедаш дар партави  чароги электр медурахшид, Шодмонро ба чанд тан мехмонон, ки якин хешовандонаш буданд, шинос кард.

Дар байни мехмонон чавоне менишаст  гандумгин, миёнкад, муи сараш сиёхи чингила ва дар таги чашми росташ чени нохун холи  сиёхе дошт. Чехраи у ба назари Шодмон хеле гарм тофт, аммо харчанд зур зад, ба  ёд оварда натавонист, ки дар кучо дидааст уро: дар чои кор дучор омада буд? Ё дар  хамин наздикихо зиндаги мекунаду дар куча вохурдаем? Ё дар наклиёт… Хулоса, ёдаш наомад, ки онхо дар кучо вохурда буданд? Вакте аз дасти сохибхона  пиёлаи чойро  мегирифт, боз чашмаш ба хамон чавон  афтид. Нигоххояшон ба хам бархурданд. Чавон, якин Шодмонро шинохта буд, ки гарм табассум кард.

Хамин тарик аз байн фосилае гузашт. Ахли давра аз хар дар сухбат  доштанд, мегуфтанду мехурданд. Сокии давра ба хамагон шароб рехта, ба навбат  сухан медод то сохибхонаро табрик гуянд. Чун навбат  ба он чавон, Музаффар будааст номаш расид, кадахро ба даст гирифта, гуфт:

-Ман хеле хурсандам, ки падарам бо чунин одамони давраорову зиндадил хамсоя шудаанд. Дар урфият мегуянд, ки хона нахар, хамсоя бихар. Ман низ хамчун  фарзанди калони хамин хонадон хамсояи шумо хастам ва ин кадахро барои он менушем, ки хамсояхои  бесоя набошем.

Хамагон ба чавон  офарин гуфта, кадаххои  худро нушиданд. Ва Шодмон низ ба онхо пайрави карда, кадах бардошту ба нохост  ёдаш омад, ки ин чавонро дар кучо дида буд. Аз овозаш шинохт уро…

Он руз хаво сард буд. Баргхои  дарахтон  кайхо хазон гашта, даруни чуйбору руи рохравхо  ба пусидан огозида буданд. Аз гирду  атроф буи хазон омехта ба дуд ва бедаи тар меомад. Чанд руз боз дар шахр хар гуна овозахои  вохимаангез пайдо шуда, аз дуру наздик садои якка-якка ва гохо мусалсали тир меомад. Аз нохияхои дуру наздик гурезагон савори мошини боркашу тракторхо  гурух-гурух ба пойтахт омада, як кисмашон дар хонаи  хешовандони худ ва хобгоху мехмонхонахо  маскан мегирифтанду кисми дигарашон саросема чониби кухистон мерафтанд.

Вакти намози аср Шодмон аз кор бармегашт. Азбаски вактхои охир харакати наклиёти мусофирбари шахри фалач гашта буд, одамон бештар пои пиёда  суи манзилхои  худ мешитофтанд. Тасодуф ягон автобус ё троллейбус пайдо шавад мардум саросема ба он мечаспиданд, агар ба дохили он рох наёбанд ба поймонак ва хатто болои боми он савор шуда мерафтанд. Шодмон  хеле мунтазири автобус нишаста, аммо аз он дарак набуд. Ва чун руз бегох мешуду дар куча касе наменамуд, ноилоч пиёда ба суи хонааш рох пеш гирифт. Кариб рох нисф шуда буд, ки дар болои  купрук ба  дидбонгох дучор омад. Ду нафар силохбадастон  мошин ва пиёдагардонро боздошта, хуччатхояшонро тафтиш мекарданд. Вакте ки пагохи  Шодмон  ба кор мерафт, дар ин чо дидбонгох нагузошта буданд. Азбаски бо худ хуччат надошт, хост акиб гашта, ба кучаи дигар равад. Аммо аллакай дер шуда буд ва аз тарси он ки  силохбадастон ягон гумони бад набаранд, аз раъяш гашт. Худро тамоман бепарво вонамуда кариб аз дидбонгох гузашта буд, ки аз он тарафи рох яке аз дидбонхо садо баланд кард:

– Хой мардак!

Шодмон, дар холе ки ба баданаш мургак дамид, ба тарафи овоз руй овард.

– Кучо? – бо ишораи сар пурсид дидбон.

– Хона.

– Чи, мо барои ту бачаи чайраем, – лаб инч кард вай. – Саломи худоиятро хам намедихи.

– Шумо ба тафтиш банд будед, – гуфт Шодмон, – халал расондан нахостам.

– Ту магар сутуни осмони, ки хуччат нишон  намедихи? – ба у наздик шуд дидбон. – Ё моро назарат намегирад.

– Хуччат надорам, дар хона фаромуш шудааст.

– Аз кучо меои?

– Аз кор.

– Дар кучо кор мекуни?

– Дар рузнома… журналистам.

– Аз кафои ман биё, – чониби вагончаи  тахтагини кухна, ки канори рох гузошта шуда буд, руй овард силохбадаст.

– Ака, бевакт шуд, монед равам. Ба худо касам, ки ман одами хамин шахрам. Пагох хуччатамро оварда нишон медихам.

– Ту гапа намефахми?! Ман ба ту чи гуфтам? – асабиёна автоматро ба даст гирифт дидбон.

Шодмон ноилоч аз кафои у ба рох даромад.

Дар дохили  вагон се нафар низомиёни дигар, ки  аз либосашон рутбаашонро  аник кардан душвор буд, картабози доштанд. Дар дами дар мизе  гузошта шуда буд, ки болояш анвои  хурдании  гуногун ва чанд шиша араку пиво  менамуд. Дар назди миз чавони тахмин хабдах-хаждахсола диккак нишаста пиёзу картошка  пуст меканд. Шодмон хини ба вагон ворид шудан аввал ба у даст дода вохури кард. Чавон бо нигохи  тарсолуд часта аз чой хеста, ба у даст дод.

– Як нафар мачалланависа капидем, – ба марди  пахлавончусса, ки якин  командирашон буд, мурочиат кард дидбон,- шиноснома надорад.

Мард ба суи Шодмон чашм ало карда, картахои  дасташро болои миз гузошт:

– Чаро бехуччат мегарди?

– Ман дар шахри худамон хеч гох бо худ шиноснома намегардонам, – гуфт Шодмон.

– Шахри худамон мегуи? Акнун ин шахри шумо нест. Фахмиди?!

Шодмон лом нагуфт.

– Ту уро мешиноси? – ба хамон чавоне, ки картошка пуст меканд, ишора кард мард.

– Не, – чавоб дод Шодмон.

– Пас, чаро бо у вохурди карди?

– Вай хам инсон аст, чаро салом накунам.

– Инсон нест вай, – аз чой хест мард. – Мисли  ту як хайвони  окипадар аст… Ё мешиносию худатро ба нодони мезани?

– Не, намешиносам.

– Шояд  хамрохаш дар як майдон нишаста, аз як дег ошу шурбо хурда боши, – лаб инч кард мард.

– Ман дар ягон майдон нанишастам.

– Наход?

Лахзае хар ду хомуш ба чашмони якдигар нигаристанд.

– Бевакт шуд, – гуфт Шодмон чашмонашро гурезонида. Ва баъд нигохашро аз тирезаи панчарадори  вагон  лагжонида, илова кард. – Монед ман равам. Дар хона кудакони хурдсол дорам, ташвиш мешаванд.

– Хеч кучо намерави?

– Ман чи гунох кардам… Рост ба рохи худам  равон будам.

– Шумо дар мачаллахоятон хар гуна сафсата навишта, мардума чанг андохтед. Акнун, ки ба  даст афтоди, худата мусичаи бегунох мегири, а!

– Чи хел мо мардума чанг андохтем?

– Росту дуруг хамаро сиёх карда, халка ба шур овардед.

– Шахсан ман хеч каса ба шур наовардам ва дуруг хам нагуфтам. Агар  бо имзои ман  чунин макола чоп шуда бошад, исбот кунед.

– Ба ту асос даркор, –  ба Шодмон наздик шуд мард ва чанд лахза бо чашмони хакорат ба у нигариста, ногох ба миёни пойхояш лагад андохт.

– Ба руят хандидем забон бароварди-ку! – гуфт вай бо овози хирроси ва аз чайбаш таппонча  бароварда, ба кундоки он ба сари  Шодмон  чунон зад, ки вай мисли дарахти аз бех бурида пару афтод.

Мард  пайихам  ба сандуки синаи Шодмон чанд лагад зада, девонавор  наъра кашид:

– Хез аз чоят!

Шодмон калавида ба по шуд.

– Медони барои чи туро мекушам? – гуфт мард, мили таппончаро ба дахони Шодмон андохта. – Барои он ки башараат ба ман маъкул нашуд. Нигохат хам гаши касро меорад. Давои ту мурдан . Аммо пеш аз мурдан барои дилхушии мо ракс мекуни.

– Ман раккос нестам, – гуфт Шодмон калавида.

– Эха, холо шаттаи гови мурдаро нахурдаи. Чунон меракси, ки гуё аз модарат раккос таваллуд шуда боши, – гуфт нафари  дуюм, ки чанд лахза  пеш бо мард картабози мекард. Вай аз чой хеста назди Шодмон омаду бо ангушти ишоратиаш  аз таги манахи у бардошта, ба сараш  ба дахону бинии Шодмон зарба зада, онро гаркоби  хун кард. – Меракси, очагар!

– Намераксам, – гуфт Шодмон, хуни дахонашро бо нафрат туф карда.

Он ду нафар гуё махз хамин лахзаро  интизор буданд, ки аз нав гургвор ба Шодмон часпида, уро лагадборон карданд. Командир шояд аз задан дилаш хунук шуда, ба кафо гашт ва он чавони  картошкатозакунро бо ишораи даст назди худ хонд.

– Хуй, очагар! Ин чо биё.

Чавон тарсон дархол кордро даруни зарф гузошта, дар назди мард хозир шуд.

– Хозир… агар бо як мушт ин хашаротро  аз пой афтони, чонат халос, – гуфт мард, ба суи Шодмон ишора карда. – Вагарна ба як тир  рост ба маркази  чаханнам мефиристам! Фахмо?

– Ман дар умрам ба сари касе мушт набардоштаам, – гуфт чавон бо овози ларзон.

– Хозир ман ёдут метиям, – гуфт мард ва  як кадам ба кафо гузошта, бо пои росташ  ба сандуки синаи чавон чунон зад, ки пойхои вай  аз замин канда шуда, ду кадам он тараф ба тахтаи пушт афтид. Мард аз зарбаи  худаш хушаш омада, чехрааш дигаргун  шуд. – Картошкаи бокимондаро низ тоза кун, ана баъд ба  чаханнам мерави, – гуфт мард, чавонро аз чой  хезонда. Ва баъд ба хамрахаш руй овард.

– Дар пост чанд кас истодааст?

– Се нафар.

– Яктояшро фарёд кун.

Пас аз чанд дакика чавони сабзинаи  чингиламуе, ки дар зери чашми росташ мисли нохун холи сиёх дошт, ба вагон ворид шуд.

– Ин хашаротро берун бароварда паррон, – гуфт мард ба чавони воридшуда Шодмонро  нишон дода. -Бехтараш  дар лаби дарё… мурдаашро ба об парто. Одами  барои ин хайвон кабр мекандаги нест.

Чавон Шодмонро, ки ба зур ба по меистод, пешандоз карда, аз вагон берун шуд. Онхо пасопеш  ба пайрахае, ки чониби дарё мебурд, равон шуданд.

– Чаро бе хуччат мегарди? – пурсид чавон. – Вазъи шахр  ба худат маълум…

Аз ин овози нарм дили Шодмон кувват гирифт ва аз рохрави бозистода, ба акиб нигарист.

– Бародар!

– Ба пеши поят нигох кун. Рох гард.

– Аз ин пас шиносномаамро харгиз аз чайбам берун намекунам.

– Акнун дер шуд. Наист, кадам зан. Журналистам гуфти? – аз пайрохаи шагалпуш поён лагжида ба зур  мувозинаташро  нигох дошт чавон. – Хамкасби падарам будаи. Ман хам мехостам журналист шавам, аммо падарам рози нашуд. Ноилоч хуччатхоямро ба факултаи таърих супоридам.

– Дар кучо кор мекунанд падарат? – аз гаштан бозистода, ба кафо нигарист Шодмон.

– Наист гуфтам, – сахт карда гуфт чавон, – хозир дар мактаби дехаамон муаллими  мекунад. Лекин чандин сол  дар газета кор кардааст.

– Дар кадом газета?

– Ин ба ту чи лозим? – норозиёна гурингид чавон. – Тезтар кадам мон.

Бо хамин гуфтугуи онхо хотима  ёфт. Шодмон даст ба пушт пеш-пеш кадам зада, афсус мехурд, ки бе хеч гунох, бехуда хайф  мешавад. Ба гумон аст, ки фарзандон мурдаашро ёбанд. Худо медонад об часади уро  то кучо бурда, ба сохил мебарорад. Туъмаи сагони  дайду мешавад часадаш. Сиву хашт сари сол  дар ин дунёи пурмочаро  ва замини пургунох  бо дасту дили пок зиста, окибат се газ кафану  замини сиёх хам насибаш нашуд. Бе у ахволи зану фарзандони хурдсолаш чи мешавад. Хор  мешаванд онхо бе саробон.

Шодмон хамеша хабари одамонеро, ки  ба марги  муфочо  мефавтиданд, шунида, худ  ба худ  меандешид, ки мархум дами вопасин маргро ру ба руяш дида, дар бораи чи андешида бошад, киро ба ёд оварда дар дилаш чи гапхо гузашта бошад. «Шояд пас  аз шунидани марги ман зану фарзандонам низ ба худ чунин суол диханд».

Ба лаби дарё расиданд.

Чавон автоматро аз китфаш гирифта, такарросзанон тирро ба мили он равон карда, гуфт:

– Бишин, – ва худ аввал сари санге нишаста, автоматро болои зонувонаш кундаланг гузошт. Сипас, аз чайбаш куттии сигарет баровард ва як донаашро ба лаб монда, оташ дод.

– Мекаши? – пурсид аз Шодмон.

– Не, ташаккур, намекашам.

– Аз мурдан метарси?

– Лахзаи аввал… тарсидам. Аммо хозир  дар вучудам тарс гум шуд. Вокиан, вакте одам маргашро ру ба ру дид, тарсро дар  ниходаш мекуштааст… Шояд худи инсон  не, балки  хайбати марг тарсро аз хонаи дили у берун мекунад. Лекин…

– Чи лекин?

– Аз ту як илтимос дорам. Мурдаи маро  ба об напартофта, дар хамин наздикихо зери сангу кум куну баъд бо ана ин ракам телефон карда гуй, ки дар фалон чой мурдаи  падаратонро ёфтем. Об овард гуй.

Шодмон раками телефони хонаашро гуфт.

– Ту ачаб одами содда будаи.  Барои ин савобчуиям медони онхо чи кор мекунанд маро, – гуфт чавон, ба тарафи вагон, ки дар байни анбухи дарахтон наменамуд, ишора карда.

– Ту як одами  дуппа – дуруст чи хел ба онхо хамрох шуди?

– Ту аз кучо медони, ки ман чи хел одамам. Намебини автомат бардошта гаштаам.

– Хозир худат гуфти, ки падарат муаллим, худат низ мактаби олиро хатм кардаи.

– Хайр чи? Магар дар мактаби оли факат  фаришта тарбия мекунанд? Медони хамоне ки хозир барои куштанат фармон дод, чи кора аст?

– Не, аз кучо донам.

– Духтур. Уро хам дар мактаби оли хафт сол тарбия кардаанд. Сохиби касбе мебошад, ки мисли он дар олам пешаи  инсонпарваронае нест. Ё дуруг мегуям?

– Гапат рост.

Чанд лахза хомуш монданд. Оби дарё аз сохилхо фуру рафта бошад хам, шасташ тез буд.

– Мехохи бидони, ки ман чи хел ба дастаи онхо хамрох шудам? – гуфт чавон.- Хозир, бародар, бетараф будан хавфнок аст. Оё шиори касе, ки бо мо нест, душмани мостро нашунидаи? Дар ин айёми бугзой бетарафи баробари марг аст. Аз такдири худат киёс гир. Хулоса, маро тундбоди ходисахои охир ба онхо хамрох кард… Хуш-ш – аз чой хеста, автоматро  ба даст гирифт чавон- Бихез!

Баробари аз чой баланд шудани Шодмон садои канда-кандаи тир ба хаво рафт. Та-та-та! Шодмон аз тарс бо кафи дастон сарашро дошта, баргашта ба чояш нишаст.

– Бихезу гурез, – пичиррос зад чавон. – Бехтараш худатро ба дарё андоз. Тезтар! Дигар харгиз дар ин наздикихо сиёхиатро нишон надех. Агар  шиносанд, кори хардуямон тамом!.. Чаро нишастаи, бихез!

 Шодмон саросема худро ба дарё зад. Вай худро мурдасон ба чараёни об вогузошта, хеле вакт мунтазир буд, ки чавон  хамин хозир  паси сари уро  нишон гирифта, магзи сарашро дар руи об пош медихад. Аммо дигар садои тир набаромад…

Шодмонро садои хандаи ахли давра, ки якин  ягон латифаи намакин, ё нушбоди  хандаовар  шунида буданд, аз олами хаёлот  ворахонд. Вай  бо бахонаи пиёларо  дароз кардан аз болои дастархон даст ёзида, ба Музаффар гуфт:

– Хозир хам муаллими мекуни?

– Дигар чи кор хам мекардам… дигар кор  аз дастам намеояд, – табассум кард Музаффар.

– Биё, – кадахашро аз болои дастархон бардошт Шодмон. – Барои хамон тире, ки ба хаво рафт, менушем.

– Биё!

Ахли давра аз ин гуфтугуи онхо чизе нафахмиданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …