Главная / Гуногун / ЧЕХРАИ МОДАР

ЧЕХРАИ МОДАР

 

Хар айб агар дорад замон,

Аз мост, мардум, айби мост.

Шохмузаффар Ёдгори

– Инхоро ба бозор бурда фуруш…

Писарак як кад парид. Чизе аз нуки по ба тори сараш давид. Дарде тахи чонаш нишаст. Ва исён бардошт. Дар чашмонаш накш баст. Модар охе кутох кашид, дасти навозиш бар сари у бурд.

– Нон мехарем…

Исён андарунаш чуш заду рохи нафасашро баст. Ангор гунахгор буд, ки даступоча шуд.

Хама карсак…

Чи берахм аст дунё?! Яке карсак… дигаре… Яке кабоб… дигаре дуд… Ким-чи хел як дарде калби писаракро фишурд. Натавонист ба чехраи модар нигох кунад. Номуназзам нафас мекашид. Лабонашро чунбонда, бо захмат чизе гуфтани буд.

– Ба ту чи шуд, писарам?

Дили модар пора-пора мешуд.

– Оча, тафтиш мекардаанд. Касе ки чароги каммасраф надорад, бояд чарима супорад. То 300 сомони.

– То табар омадана кунда меосояд.

Дили писарак танг шуд, лол монд.

– Нахохи нарав. Хуб, ба ман гуй: «Оча, ман наметавонам». Ман хеч гох туро мачбур намекунам.

Сарашро бо аломати рад чунбонда, гурунгос зад:

– Не… Метавонам…

Хама карсак…

Охиста халтаи селофаниро аз дасти модар гирифт.

– Илохо барака ёби, писарам. Як умр дар хаккат дуо мекунам.

Бо сари хаму дили пур аз аламу гусса аз хона баромад.

Хама карсак бизанем…

Писарак чи будани бухрони молиявиро намедонист. Камоли беинсофист бозоргардии у дар хамин синну сол, аммо илоч надорад. Гапи модарашро ду карда наметавонад. Дилаш ба у месузад. Токати дидани оби дидаашро надорад. Ашки модар дили уро ба ларза меандозад.

Хама карсак бизанем…

Хок бар сари бепарастори. Фалаки ситамгар барои онхо муаммо эчод кард. Не, не, фалак не, падар ситам кард. Ахриман шуд. Савори аспи чахл гашт. Паймонаи хираду инсофро бишикаст. Хонаи вафоро ба дасти чафо руфт. Кохи ободи оиларо валангор кард. «Хар гул дар буттаи худ», – гуфту думи дигареро гирифт. Касе дигар ба онхо таваччух нанамуд. Дилхо хама санг шуда! Дидахо кур!

Хама карсак бизанем лаб-лаби дарё биравем…

Писарак суи бозор рох пеш гирифт. У ин бозорро хуб медонад. Кариб ки хар руз ба он чо меравад. Модараш мефиристад. «Харида биё», – мегуяд. Бештар нону намак, чою шакар, шамъу гугирд ва собун мехарид. Имруз бори нахуст «Бурда фуруш», – гуфт модар. Бозор Сино ном дорад. Нохия хам. Чаро Сино? Аз модар пурсид.

– Надонам, – гуфт у. – Шояд ягон боевик бошад. Аз муаллимат пурс.

Рузи дигар пурсид. Устод ба шур омад, уро чанг кард.

– Шармандаги! – нидо намуд устод. – Наход Синои бузургро надони.

– Охир у Абуали Ибни Сино аст на Сино.

– Дахонатро пуш! Ба кори хукумат шак наор!

То бозор панч дакика рох аст. Валек холо он чунон душвор ва тулонист. Тули рох ба чор лавха ру ба ру омад.

Лампочка, лампочка, лампочка…

Яктояш уро аз рох боздошт.

«Ту лампочкахои тафсонро ба лампочкахои каммасраф иваз карди? Пас ту ватанатро бенихоят дуст медори!»

Ин лавха дар назари писарак тегро мемонд, ки дилашро пора-пора мекард. Афкори хузнангез бо неруи тоза уро дар огуш гирифт. Ошуфта гашт, хиссе сард дилашро пур кард. Дар сараш андешае бедор шуд. Ва у охиста ба худ гуфт:

– Ба бозор намеравам. Ба хона бармегардам. Ба модарам мегуям, ки нахариданд.

Аз дуруги бофтаи худ ба дахшат афтод. Вале боз чехраи модар пеши назараш пайдо шуду бар худ голиб гашт ва по бардошт. Рохравон худ ба худ дили махзуну гамборашро таскин мебахшиду мегуфт:

– Хеч гап не. Зарур бошад, раво бошад.

Бо сахти то дари бозор расиду истод. Талоши савдогарон огоз ёфт:

– Ана нони гарм!

– Аз ман ширмол!

– Нони ман Самарканди!

– Аз ман!..

– Аз ман!!.

– Аз ман!!!

Гушхояш кулф заданд. Ва беихтиёр вориди бозор шуд. Чанд кадам гузошту зонувонаш ба ларзиш даромад. Сар то пой ба арак гутид. Кувваи номаълуме уро чониби берун тела медод. Аммо симои модар намегузошт. Ногох ба марде, ки пешоруяш меомад, бархурд ва кариб буд, ки биафтад, аммо мард уро боздошт ва беихтиёр гуфт:

– Анвар?!

– Салом Давлат Салимович!

Муаллим бо кошу кавоки овезон дуг зад:

– Аз кадом кавр омади?!

Анвар мисли афсуншуда ба муаллимаш менигарист.

– Пул-мулатро гум карди?

– Не…

– Ё дузди омади?!

– …

– Хайр, то пагох.

– То пагох.

Анвар охи сабук кашид.

Дар ин бозор аз харидорон дида савдогарон зиёд буданд. Аз ин ру, хамин ки харидоре пайдо мешуд, хар як савдогар кушиш мекард, ки уро ба худ чалб намояд. Вале ба писарак эътибор надоданд. У ба бозор кариб ки намедаромад. Зеро он барояш бихишро мемонд: танхо дидан мумкин!

Савдогаре ба хамшафаташ гуфт:

– Э ин фурузонакаш хеч гапе набудааст. Базур милт-милт мекунад-е. Нураш тамоман хира, чашми одамро ба дард меорад.

Дигари ба у гуфт:

– Ту каммасраф не, бемасрафашро харидаи.

Чанд нафар кох-кох зада хандиданд.

Ин гуфтугу ба писарак маъкул нашуд. Руяшро ба дигар тараф гардонд. Ва бори хичолат пахшаш кард. Харидан осон, фурухтан душвор будааст. Сари хам гирд-гирди бозор гашт. Дар хусуси он фикр мекард, ки молро ба ки ва чи хел пешниход кунад. Харчанд майна об мекард, рохи дурусте намеёфт. Очизи мекашид. Хонаи дилаш пур аз яъсу навмеди гардид. Хост ба хона баргардад. Кадам бардошту чехраи хастаи модар пеши чашмаш омад. Ин фикрро рад кард. Дакикахо гузаштанд. Писарак гирд мегашту гирд…

Нигохаш ба як савдогари чавон афтод. Вай дар назараш гарм тофт. Беихтиёр пешоруи у тор танидан гирифт. Як-ду бор аз пеши у ин су-он су гузашту сони дар ру ба руяш карор гирифт.

– Чи мехохи?! Ку, гум шав!

Писарак аз чунин «мехрубони» хайрон шуда, изо кашида, сурху сафед гашт. Акнун савдогарон ба у бо шубха менигаристанд. Ким-чи хел хушёртар мешуданд. Ногах як эхсоси олуда ба аламу тарс дар дили писарак чой гирифт:

«Онхо маро дузд гумон мекунанд».

Зани фарбехи зардинаи муйбуридае бо сиёсат гуфт:

– Хой бача! Ин чо биё!

Писарак саросема шуд.

– Чи каракчи вори рост истодаи, намефахми, одами аз худат калон чи мегуяд?! Ку, тез биё!

Бо харос охиста кадам монда омад. Нигохаш изтиробе дошт. Базур лаб ба сухан кушод:

– Салом, хола.

– О-о, чи хел боодоб будаи?! – писханд зад зан ва ба суи у чашм ало кард. – Хола не, апа бигу! Фахмиди?!

Нигохи зан тез ва сарду хуранда, овозаш мардонаи гушхарош. Писарак ба зур бо нишони тасдик сар чунбонд. Зан ба зарда пурсид:

– Номат чи?

– Гадо, – исмашро пинхон кард бача.

– Чи-и?! Ту гадои мекуни?!

– Не, не, х… апа. Номам Гадо.

– Чансолаи?

– Дахсола.

– Мехони?

– Ха.

– Синфи чанд?

– Синфи сеюм.

– Дар кадом мактаб?

– …

– Ай Кулоби?

– Не.

– Ай кучои?

– Ман бачаи тахчоиям.

– Чи хел тахчои?

– Аз шахр.

– Кадом шахр?

– Шахри Душанбе.

– Чаро ту ин кадар логари?

– …

– Очата гум карди?!

– Не, не, модарам дар хона, – чавоб дод у ва нигохашро гурезонд.

– Пас, чи мекоби?

– Намекобам…

– Пас, чи мехохи?

– Мехохам…

Писарак забон хоид, чун лола суп-сурх шуд, лол монд.

– Чи мехохи? Гуй! Ман хама чизро дорам. Бигу зудтар.

Писарак шармгинона сар хам кард:

– Не, мехохам фурушам.

– Чи?

Худро ба даст гирифту охиста лаб ба сухан боз кард:

– Фурузонак… Ха, фурузонаки камасраф.

– Боз фурузонак! – нолид яке аз савдогарон.

Чанд кас хандид. Ба назари писарак ба у писханд заданд. Замин накафид, ки дарояд.

– О ин чи гап-а? Телевизор мемони-фурузонак! Радио мемони-фурузонак! Хатто дарзмол хам фурузонак мегуяд!

– Кани, нишон бидех.

Гули умед аз ин сухан дар калбаш шукуфт. Ва у чон гирифт. Зуд як фурузонакро бароварда, ба зан дод. Зан «хум-м» гуфту фурузонакро бо диккат аз назар гузаронд. Баъд лабу дахон инч карда, аз руи одат нах зад:

– Ким-чи хел безеб. Сорти пасташ. Не, ранги брак…

Равзанаи умед нопадид гашт. Калбаш моломоли яъсу навмеди гардид.

– … Ух-ху-у, ин Чини будааст-ку…

– Не, не, чини не, Россия.

– Хайр, чанд мепурси?

Писарак нафахмид.

– Нархаш чанд?

– Панч сомони.

– Панч сомони?! – лабонашро бурма кард пиразан. – Инсоф чи мешавад, инсоф?

– Инсоф?

– Ха, инсоф!

Писарак музтар монд.

– Чанд дона дори?

– Дахто.

Савдогар медонист, ки чунин фурузонакхо дар бозор дах-понздах сомони меистанд. Агар онхоро панч сомони харида, дах сомони ба савдо занад, панчох сомони ба каф меояд. Бад не. Не, не, набояд саросема шуд. Бояд савдо намуд. Нархро фаровард. Вай ба ин хакку хукук дорад? Бале, хукук дорад. Агар чор сомони савдо кунад, он гох шаст сомони фоида мемонад. Андак-мундак не, шаст сомони-а!

Ногахон ба худ вачохати чидди гирифта пурсид:

– Гуш кун, боз надуздида боши?

Писарак таконе хурд. Биму харос вучудашро фаро гирифт. Базур чавоб гардонд:

– Не-не, надуздидаам. Худо занад, ки надуздидаам.

– Корат чаток мешавад, бача. Хабс мешави-а. Мефахми? Камаш як-ду сол.

– Не…

– Дуздида боши, ба хуби икрор шав. Касе ки ба гунохаш икрор шавад, Худо гунохашро мебахшад. Ха, Худо мехрубон аст, – магас барин хираги мекард зан.

– Гуфтам-ку, надуздидаам…

Зан бо шаст гапи уро бурид:

– Ба чашмам нигох кун!

Писарак хичолатмандона ба руи зан нигарист.

– Чаро дуруг мегуи?

– Ман дуруг нагуфтаам.

Зан ин дафъа бо катъияту тундмичозона пурсид:

– Пас, инхоро аз кучо гирифти?

– Аз худамон. Панчтояшро аз хукумат оварданд. Оилаи камбизоат гуфта ёри доданд. Панчтои дигарашро фитри руза доданд. Модарам гуфт ки бурда фуруш, нон мехарем.

– Ох-ха, ана гапу мана гап!..

Ба савдои зан касе шарик нашуд. Зеро у зани беруе буд. Ба дахонаш чи ояд, гуфтан мегирад. Риояро намедонад. Аз ин ру, ба хама маъкул набуд. Касе уро дуст намедошт.

– Медони, чи? Биё, савдо мекунем, хайр?

Писарак «хайр» гуфт, вале надонист, ки савдо чи бошад.

– Хуш, ки бошад се сомони медихам.

– Се сомони?

– Ха, се сомони.

Ин сухан гуё як зарбаи берахмона буд, ки писарак такон хурд.

– Ба хамааш се сомони?!

– Не, ба хар кадомаш. Мешавад?

– Неее…

– Не? Эх беакл, беакл! Биё, не нагу! Пушаймон мешави!

– Неее…

– Об-бо-о, заб чизе будааст! Чонат не-ку! Биё, сеи бидех. Охир муфт омадааст-ку.

Зан аз хомуш мондани писарак рух гирифт:

– Ту рози-а?

Писарак зориомез гуфт:

– Модарам гуфт, ки аз панч кам надех.

– Модарат аз кору бори бозор бехабар будааст. Бозор коидаву конуни худро дорад. Бардорад зам кун, набардорад кам. Фахмиди?

Писарак ба тасдик сар чунбонид.

– Ту рози?

– Не.

– Хай сагираи шумру будаи, ман холаат нестам, ки … – дугу пуписа кард зан. – Мешавад?!

– …

– Мешавад ё не?!

– Не.

– Нашавад, садкаи сарам! Гир! Рав! Гум шав! Э, бинии фушукат дар гур! Ку, бинам, ки дар ин бозор фурузонакхои туро мехарад!

Суханони зан захри мор барин талху тунд буданд. Дили писаракро сиёхи пахш кард. Хиссиёти манфи вучудашро фаро гирифт. Гашаш чуш заду ба руи зан нигарист, то… То чи гуяд? Намедонист. Аз ин ру нафасашро рост карду по бардошт.

– Хой, исто!

Зан савдоро идома дод.

– Медони, чи? Биё, як кор кунем.

– Чи кор?

– Лампочкахоро насия бидех.

«Насия дар Россия!»

Чашми зан гуяндаро чуст. Бефоида, наёфт. Хама чун мусичаи бегунох караки андохтанд.

– Насия медихи?

– Насия? – хайрон ба чашмони бешарму хаёи зан нигарист. – Чи хел насия?

– Намедони?

– Не…

– Надони, мефахмонам. Ту лампочкахоро монда мерави. Ман ки фурухтам, омада пулашро мегири.

– Наметавонам.

Дар овози писарак чи кадар дард, гаму гусса нухуфта буд. Аммо зан онро дарк намекард. Савдоро сахт гирифт, писарак хам паст наомад. Нихоят савдо пухт. Зан пулро се бор хисоб карду бо дили нохохам ба писарак дароз кард. Писарак пулро ба даст гирифт. Хиссиёти манфи ба мусбат табдил ёфт. Дамаш хот ва димогаш чок шуд. Фарах ба тамоми вучудаш хуруч кард. Дилаш ширин-ширин гум зад. Чашмонаш барк заданд. Сараш болову коматаш рост шуд. Дар андомаш хушбахти падидор гашт.

Баробари аз бозор хорич шудани писарак савдогарон пайихам омада, ба якдигар навбат надода, уро табрик мекарданд:

– Табрик!

– Э Шумо зур!

– Бачая боб кардед!

– Чудо кулай кардед!

– Бах-бах!

– Волло-билло!..

Зан меболиду меболид. Худро хушбахт мепиндошт. Яке чуръат намуд:

– Ку, як бинем!.. Эъ, ин зураш будааст!

Чавоне хам:

– Ку?

Дигарон хам илтимос карданд. Ногох аз дасти яке фурузонак рахо хурд. Вай бо дахшат «вох!» гуфта дод зад. Баробари «вох!» гуфтани у аз дасти дигарон хам фурузонакхо рахо хурданд. Дах дона фурузонаки каммасраф ба шишапора мубаддал гашт. Фигони зан ба фалак печид. Олами бозор дигар гашт. Хама дар дил карсак мезаданд.

– Бача кани?

Марде пурсид:

– Кадом бача?

Зан бо хашм дод зад:

– Бачаи очат?!

– Парид.

– Ба кучо?

Мард фотихона посух дод:

– Ба осмон.

Фигони зан аз нав баланд гардид.

Писарак дар олами дигар буд. Суи модар гуё мепарид. Пеши чашмаш чехраи модар чилва мекард, ки каноатманд буду хандон.

7 октябри соли 2009

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …