Главная / Илм / ЧАВЗИ БАВО (БУЁ) дар Канзи Шифо (Китоб)

ЧАВЗИ БАВО (БУЁ) дар Канзи Шифо (Китоб)

javzi_bavo-660x330Калимаи «чавзи буё»-и точики дар таъсири забони араби монда, «чавзи бавво» гаштааст, инро ба руси мускатный орех меноманд. Ин самари пустдори дарахти азимест. Баъди расидан чавзашро чудо карда мегиранд ва аз маконаш, ки мамлакатхои гарм аст, ба чохои дигар мебаранд. Микдори ин ба бузурги баробари олуболу, вале сахти хушбу, тундтаъм мебошад, дар руяш чунин холатхо дорад. Ин самар то се сол куввати худро нигох медорад.

Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва дар севум хушк аст. Хислатхои шифобахши он: хурданаш ба дил фарах меоварад, баданро сабук месозад, андак кайф хам мекунад; харорати табии, яъне харорати аслии баданро нигох медорад; дахан, араки бадан ва пешобро хушбуй мегардонад, бодхоро аз бадан пароканда мекунад, догхои кунчидак ва нуктахои сафедро аз пуст пок мекунад, бехузур (бечо) шудани дил ва кайро манъ месозад; рутубати зиёдатии меъдаро хушк менамояд; рафтани дарунро хох аз рудахо ва хох аз меъда ва узвхои дигари дарун равон гардад, бозмедорад; рутубати бадбугаштаи меъдаро дур менамояд; барои истискои лахми (водянкаи гушти) ва душвории шошидан даво мешавад.

Агар онро бирён карда куфта бихуранд, исхоли обдорро манъ мекунад. Агар онро куфта гузошта банданд, барои дарди сари аз сарди, фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарози), кач шудани руй, суст ва нотавон гаштани аъзо, варамхои сарди чигар ва дардхои аз сарди ва тари ба амал омада дору мешавад. Агар куфтаи инро бо талхшувок ва асал хамир карда гузошта банданд, догхои кунчидак, нуктахои сафеди дар пуст афшон гашта ва догхои аз зарба пайдошударо нест мекунад. Агар инро бо равгани савсани кухи ва равгани зайтун даромехта, дар гуш чаконанд, карии гуш ва дард кардани онро аз хунуки бошад, ба ибро меоварад.

Чавзи бавворо махин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, чашмро кави мегардонад, сурхи ва чушишхои хоришноки онро дафъ мекунад. Аммо хурдани ин ба одамони гарммизоч зарар мекунад; дарди сар меоварад, ин зарараш бо кашниз хурдан ислох меёбад; инчунин, ба чигар ва шуши онхо хам зиёнкор аст, дар ин маврид бунафша ва асал бихуранд, зиёнаш дафъ мегардад. Микдори як бор дар як руз хурдан аз чавзи бавво аз4,5 то 9 грамм аст. Барои он ки чаази бавворо кирм нахурад, дар даруни охак нигох медоранд.

Сурат — расми чавзи буё

chormagzi_bavo

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …