Главная / Чамъият / ЧАМЪОВАРИ, НИГОХДОРИ ВА ИСТИФОДАБАРИИ ОКИЛОНАИ ЗАХИРАХОИ ГЕНЕТИКИИ НАБОТОТИ КОРАМ

ЧАМЪОВАРИ, НИГОХДОРИ ВА ИСТИФОДАБАРИИ ОКИЛОНАИ ЗАХИРАХОИ ГЕНЕТИКИИ НАБОТОТИ КОРАМ

Конуни Чумхурии Точикистон

ДАР БОРАИ ЧАМЪОВАРИ, НИГОХДОРИ ВА ИСТИФОДАБАРИИ ОКИЛОНАИ ЗАХИРАХОИ ГЕНЕТИКИИ НАБОТОТИ КОРАМ

Конуни мазкур асосхои хукукии сиёсати давлатиро дар сохаи захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо мукаррар намуда, муносибатхоро вобаста ба чамъовари, нигохдори, тахкик ва истифодабарии окилонаи онхо бо максадхои пешбурди сохаи кишоварзи, таъмини амнияти озукавори, экологи ва биологи, амали намудани фаъолияти илми-тахкикоти, селексиони, тахсилоти, инчунин таъмини нигохдории мероси ичтимоию фарханги ва таърихи барои манфиатхои наслхои имрузу оянда танзим менамояд.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ  УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– захирахои генетикии набототи корам – хар маводи генетикии аз наботот пайдоишдошта, ки барои пешбурди кишоварзи ва истехсоли озукавори арзиши вокеи ё имконпазир дорад;

– генофонди набототи корам – гуногунии генетикии наботот ва хамавлодони худруйи онхо, ки барои пешбурди кишоварзи ва истехсоли озукавори истифода бурда мешаванд ва ё дар оянда метавонанд истифода бурда шаванд;

– хамавлодони худруйи набототи корам – намудхои набототи табиии аз чихати тахаввулот ва генетики ба набототи корам наздик, ки аз авлоди набототи корам мебошанд ва ё дар пайдоиш ё тахаввулоти намудхои корами дигар комплексхои авлоди иштирок менамоянд;

– маводи набототи – объектхои олами наботот, ки дорои арзишхои вокеи ё имконпазир буда, дар фаъолияти илми-тахкикоти, селексиони, иктисоди ва дигар фаъолият истифода мешаванд;

– намунаи коллексия – набототи зинда, кисми наботот (тухм, бех, каламча, пиёзак, реша ва г.), бофтахои он, хучайрахое, ки аз онхо организми комил ё организме, ки ба як намуди ботаники мансуб мебошад, хосил кардан мумкин аст. Намунаи коллексия метавонад дар шакли худруй, навъи махалли ё селексионии аз истеъмол баромада ё киштшаванда, авлоди генетики ё маводи дигари растани ифода карда шавад;

– навъхои кадимаи махалли – навъхои селексияи махалли, ки аз истехсолоти кишоварзи баромадаанд, арзиши муайяни илми, ичтимоию иктисоди, фархангию таърихи ва дигар арзишро доранд ва хусусияти ба омилхои абиотикии мухит мутобикшавиро сохиб мебошанд;

– гуногунии биологи – гуногунии организмхои зиндаи мансуб ба хама манбаъхо, аз чумла, экосистемахои заминию оби ва комплексхои экологи, ки организмхои зинда чузъи онхо мебошанд. Мафхуми мазкур гуногуниро дар доираи намуд, байни намудхо ва гуногунии экосистемахо дар бар мегирад;

– гуногунии агробиологи – чузъхои гуногунии биологи, ки барои пешбурди кишоварзи ва истехсоли озукавори истифода бурда мешаванд;

– системаи агроэкологи – системаи экологии аз тарафи инсон ба таври сунъи барои истехсоли махсулоти кишоварзи офаридашуда (киштзор, чарогох, бог, чангалхои мухофизати ва г.);

– эрозияи генетики – талафи гуногунии генетики, ки дар натичаи фаъолияти антропогени, аз чумла истифодабарии исрофкорона ва риоя накардани чорахои нигохдории захирахои генетики ба вучуд омадааст;

– коллексияи захирахои генетикии наботот – чузъхои гуногунии биологи, ки дар шароити назоратшаванда берун аз махалли табиии сабзиши онхо нигохдори карда мешаванд;

– коллексияхои миллии захирахои генетикии набототи корам – чузъхои бо тартиби муайян чамъоваришуда, ба система даровардашуда ва хуччатгузоришудаи гуногунии биологи, ки барои наслхои имруза ва оянда ахамияти вокеи ва имконпазир дошта, дар ихтиёри давлат мебошанд;

– коллексияхои миллии базави – дороии миллии иборат аз намунахои арзишнок ва нодири захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо, ки дар Фехристи миллии захирахои генетики сабт шудаанд ва дар бонки генетикии махсус тачхизонидашуда дар махфузияти дарозмуддат карор доранд, хамчунин намунахои растанихои бисёрсола, ки дар бонки генетикии махсуси сахрои нигох дошта мешаванд;

– коллексияхои фаъоли кори – намунахои захирахои генетики, ки дар шароити нигохдории миёнамухлат махфуз буда, барои мубодила ва конеъгардонии талаботи истифодабарандагони гуногун ба тухми ва маводи дигари генетикии наботот бо максадхои тахкик ва истифодабари дар барномахои илми, селексиони, тахсилоти ва дигар максадхо пешбини гардидаанд;

– коллексияхои нусхави – намунахои нусхавии захирахои генетикии коллексияхое, ки ба истифодабарандагони ташкилотхои гуногун (аз чумла бонкхои генетикии хоричи ва байналмилали) бо максади омузиш ва истифодабари дар барномахои гуногун вогузор шудаанд, инчунин намунахое, ки ба дигар бонкхои генетики аз руи принсипи “куттии сиёх” бо максади нигохдории бехатари нусхави зимни холатхои гаричашмдошт ва тагйироти харобиовари табии дода шудаанд;

– коллексияхои генетики – мачмуи намунахои захирахои генетикии шаклхои дохилинамуди, ки бо рохи интихоб ё усулхои тачрибави офарида шуда, тафовутхои ирсиро аз руи як ё якчанд аломат ошкор менамоянд;

– коллексияхои мехвари – намунахои захирахои генетики, ки дар теъдоди камтарини онхо гуногунии аслии генетикии намуд вучуд дорад;

– коллексияхои гербарияви – намунахои гербариявии набототи худруй ва корам, ки воситаи мухимтарини тахкики гуногунии биологии олами наботот мебошанд;

– коллексияхои кислотахои дезоксинуклеини (КДН) ва кислотахои рибонуклеини (КРН) – намунахои кислотахои нуклеинии захирахои генетикии аз наботот пайдоишдошта, ки дар шакли олии молекулавии геноми (мачмуи генхои намуд) ё клони нигох дошта мешаванд;

– фехристи миллии захирахои генетикии набототи корам – махзани якшаклаи маълумот оид ба намунахои нигохдоштавандаи коллексияхои миллии захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо;

– молики намунаи захирахои генетики – шахси вокеи ё хукуки, ки ба коллексияи захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо хукуки моликият дорад;

– дорандаи захирахои генетики – хар шахси вокеи ё хукуки, ки коллексияи намунахои захирахои генетикиро дар ихтиёр дорад;

– донори захирахои генетики – шахси вокеи ё хукуки, ки захирахои генетикиро пешниход намудааст;

– бонки генетики – иншоот ё бинои махсус мучаххазгардонидашуда, ки барои дар харорати муътадили нигохдори тибки стандартхои тасдикгардида махфуз доштани намунахои генетикии набототи корам пешбини шудааст.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Объектхои захирахои генетикии набототи корам

Ба объектхои захирахои генетикии набототи корам инхо мансубанд:

– намудхои худруй ва бегона – хамавлодони набототи корам;

– навъхои кадимаи махалли, ки дар системахои агроэкологии анъанави истифода бурда мешаванд;

– навъхои селексиони (навъхои корам, аз истифода баромада ва ё навъхое, ки ба фехристхои миллии навъхои тавсияшуда ворид шудаанд);

– хатхои селексиони, манбаъ ва донорхои нишонахои аз чихати хочагидори арзишнок;

– маводи махсуси генетики (мутантхо, дурагахо, хатхои бисёркарата нишонагузоришуда, шаклхои наботот, ки бо усулхои биотехнологи офарида шудаанд);

– кислотахои нуклеини (кислотахои дезоксинуклеини (КДН) ва кислотахои рибонуклеини (КРН)) – хомилони асосии ахбори генетики.

Моддаи 4. Сиёсати давлати дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам

Сиёсати давлати дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам дар самтхои зерин татбик карда мешавад:

– риояи талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилали дар сохаи гуногунии биологи, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст;

– таъмини нигохдории кафолатноки генофонди миллии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо дар коллексияхо, инчунин тахкики хамачониба ва истифодабарии окилонаи ин захирахо;

– хавасмандкунии фаъолияте, ки ба чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам дар махалхои сабзиши табиии онхо, заминхои субъектхои хочагидор, аз чумла хочагихои дехкони (фермери) нигаронида шудааст;

– назорати риояи талабот оид ба чамъовари, нигохдори, тахкик ва истифодабарии бехавфи захирахои генетикии набототи корам;

– риояи ягонагии манфиатхо ва хамохангии амалхои макомоти давлати, субъектхои хочагидор, муассисахои илми ва ташкилотхои чамъияти, бахши хусуси ва шахрвандон дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам;

– чалби шахрвандон ва ташкилотхои чамъияти ба ичрои вазифахои нигохдори ва истифодабарии окилонаи чузъхои гуногунии агробиологи;

– дастгирии давлатии тахкикоти илми дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо.

Моддаи 5. Татбики сиёсати давлати дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам

Сиёсати давлати дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам аз тарафи макомоти ваколатдори давлати татбик шуда, ичрои тадбирхои зеринро дар бар мегирад:

– муайян кардани самтхои стратегияи милли ва афзалиятхои давлати дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам;

– кабули санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи чузъиёти гуногунии агробиологи, аз чумла оид ба танзими тартиб ва шартхои дастраси ба намунахои генофонди миллии набототи корам ва таксими баробари фоида аз истифодабарии онхо;

– бастани шартномахо ва санадхои дигари хукукии байналмилали оид ба масъалахои захирахои генетикии набототи корам;

– тахия ва татбики барномахои милли дар сохаи чамъовари, нигохдори, тахкик ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо, таъмини назорати ичрои ин барномахо;

– хамохангсозии корхои илми-тахкикоти ва маблаггузории максадноки онхо оид ба масъалахои чамъовари, нигохдори, тахкик ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо;

– тахия ва кабули хуччатхои методи оид ба масъалахои нигохдории дарозмуддат ва бехавфи генофонди миллии набототи корам;

– дастгирии ташкилотхои чамъияти, субъектхои хочагидор, аз чумла хочагихои дехкони (фермери), ки навъхои кадимаи махалли ва дигар намудхои махаллии захирахои генетикии набототро нигохдори менамоянд;

– тахия ва чори намудани низоми ягонаи миллии маълумот оид ба захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо.

Моддаи 6. Принсипхои асосии мухайё кардани шароит барои рушди фаъолият дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам

Мухайё кардани шароит барои рушди фаъолият дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам ба принсипхои асосии зерин асос меёбад:

– тавъамсозии илман асосноки манфиатхои экологи, иктисоди ва ичтимои бо максади таъмини нигохдории устувор ва истифодабарии окилонаи захирахои наботот;

– бахисобгирии хусусиятхои табии ва ичтимоию иктисодии системахои агроэкологи зимни банакшагирии чорабинихои марбут ба чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо;

– риояи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, ки коидаву талаботи марбут ба фаъолият дар сохаи захирахои набототро барои пешбурди кишоварзи ва истехсоли озукавори муайян менамояд;

– пешгирии олудашавии антропогени, ки дар натичаи фаъолияти хочагидори ё дигар фаъолият дар махалхои сабзиши табиии гуногунии наботот рух медихад;

– пешгирии таъсири манфии зироатхои аз чихати генетики тагйирёфта ва дигар махсулоти бо рохи генноинженери ва истифодаи технологияхои нав бадастомада ба системахои агроэкологи;

– маблаггузории давлатии фаъолият оид ба таъсиси коллексияхои миллии захирахои генетикии набототи корам, инчунин чудо кардани маблагхои махсуси бучети барои нигохдории бехатар ва идоракунии сифатноки онхо;

– хамкории баробархукуки байналмилали дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам;

– арзёбии мунтазами холати коллексияхои миллии захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо, мониторинги гуногунии наботот дар махалхои сабзиши табиии онхо;

– гузаронидани тахкикоти илми ва корхои чустучуи биологи барои муайян ва мукаррар кардани афзалиятхои мухими фаъолият дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи гуногунии генетикии наботот бо максади кабули карор ва амалхои максадноки дахлдор.

БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ

ЗАХИРАХОИ ГЕНЕТИКИИ НАБОТОТИ КОРАМ

Моддаи 7. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам

Хукумати Чумхурии Точикистон:

– самтхои асосии стратегия ва сиёсати давлатиро дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам муайян менамояд;

– макомоти ваколатдори давлатиро дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам (минбаъд – макомоти ваколатдори давлати) ва ваколатхои онхоро муайян менамояд;

– санадхои меъёрии хукукии танзимкунандаи муносибатхои сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корамро  кабул ва ичрои онхоро назорат менамояд;

– барномахои давлатиро дар сохаи захирахои генетикии набототи корам кабул ва ичрои онхоро таъмин менамояд;

– муассисахои илми-тахкикотии захирахои генетикии набототи корамро таъсис медихад ва муассисаи хамохангсози фаъолият дар ин сохаро дар сатхи милли ва байналмилали муайян менамояд;

– хукуки дастраси ба захирахои генетикии набототи корамро муайян ва механизми таксими фоида аз истифодабарии онхоро тасдик менамояд;

– ичрои ухдадорихои байналмилалии Чумхурии Точикистонро дар сохаи захирахои генетикии набототи корам таъмин менамояд;

– дигар салохиятро доир ба муносибатхои марбут ба захирахои генетикии набототи корам тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали менамояд.

Моддаи 8. Ваколатхои макомоти махаллии хокимияти давлати дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам

Ваколатхои макомоти махаллии хокимияти давлати дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо иборатанд аз:

– иштирок дар пешбурди назорати давлатии чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи чузъхои гуногунии агробиологи;

– пешниходи тавсияхо ба макомоти ваколатдори давлати дар бораи зарурати ташкили системахои агроэкологии махсус хифзшаванда, ки дар онхо намудхои нодир ва нобудшавандаи набототи худруй, инчунин навъхои кадимаи махаллии анъанавии селексияи мардуми ва хамавлодони худруйи набототи корам, ки аз чониби ахолии махалли дар кишоварзи ва истехсоли озукавори истифода бурда мешаванд;

– ташкил ва таъмини амали механизми дастраси ба захирахои махаллии генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо ва гирифтани фоидаи баробар аз истифодабарии онхо;

– мусоидат ба мониторинги давлатии холати гуногунии агробиологи ва бахисобгирии дарачаи эрозияи генетики ва иштироки бевосита дар онхо;

– ширкат дар тахияи меъёру коидахои танзимкунандаи фаъолият дар сохаи захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо, инчунин дар тахияи Фехристи миллии захирахои генетикии набототи корам ва иттилоот дар бораи онхо;

– дар доираи ваколатхои худ татбик намудани чорахо оид ба пешгирии дастрасии беичозат ба чузъхои гуногунии агробиологи ва фаъолияти чустучуи биологи;

– намояндаги дар макомоти гуногуни давлатие, ки дар бораи дастраси ба захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо, хамчунин таксими фоида аз истифодабарии онхо карор кабул мекунанд;

– хавасмандгардони ва ёрии хамачониба ба ахоли ва дастгирии он дар амалисозии чорабинихо оид ба хифзи гуногунии набототи махалли ва истифодабарии устувори он дар фаъолияти кишоварзи ва истехсоли озукавори.

Моддаи 9. Иштироки шахрвандон ва ташкилотхои чамъияти дар чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам

  1. Шахрвандон ва ташкилотхои чамъияти дар чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо дар махалхои сабзиши табиии онхо бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон иштирок менамоянд.
  2. Шахрвандон ва ташкилотхои чамъияти хукук доранд:

– аз макомоти хокимияти давлати дар бораи холати системахои агроэкологи ва сатхи эрозияи генетикии онхо иттилооти дахлдор гиранд;

– фаъолиятро дар сохаи чамъовари ва нигохдории чузъхои гуногунии агробиологии махалли тахти назорати чамъияти карор диханд;

– дар макомоти гуногуни давлати ва махаллие, ки дар бораи дастраси ба захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо ва таксими фоида аз истифодабарии онхо карор кабул мекунанд, намоянда дошта бошанд;

– дар тахия ва амали гардонидани барномахои давлати ва илми дар сохаи чамъовари, тахкик, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои махаллии генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо мусоидат ва бевосита иштирок намоянд;

– ба намунахои чудогонаи захирахои генетикии набототи корам ва коллексияи онхо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон хукук ба моликият дошта бошанд;

– оид ба чамъовари, нигохдори, такрористехсолкуни ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам барои пешбурди кишоварзи ва истехсоли озукавори дар махалли сабзиши табиии онхо тадбирхо андешанд.

Моддаи 10. Низоми давлати дар сохаи захирахои генетикии набототи корам

  1. Низоми давлати дар сохаи захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо аз низоми муассисахои илми-тахкикоти, селексиони, тахсилоти, ташкилотхои чамъияти ва дигар ташкилотхое, ки коллексияхои захирахои генетикии набототи корамро дар ихтиёр доранд ва (ё) ба сохтори барномахои давлати дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам чалб карда шудаанд, иборат мебошад.
  2. Хадафи асосии ташкили низоми давлати дар сохаи захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо таъмини нигохдории боэътимоди генофонди миллии набототи корам, баруйхатгирии умумимилии коллексия ва намунахои захирахои генетикии набототи корам, бахисобгирии мунтазами онхо, ташкили махзани шакли ягонаи маълумот оид ба маводи генетикии набототи хифзшаванда, истифодабарии босубот ва окилонаи он дар асоси барномахои илми, селексиони ва дигар барномахо, пешгирии дастрасии гайриконуни ба генофонди миллии набототи корам, инчунин хамоханг сохтани фаъолият дар соха мебошад.

Моддаи 11. Коллексияхои миллии захирахои генетикии набототи корам

Коллексияхои миллии захирахои генетикии набототи корам аз коллексияхои миллии базави, фаъоли кори, нусхави, генетики, мехвари, гербарияви, хамчунин аз коллексияхои кислотахои дезоксинуклеини (КДН) ва кислотахои рибонуклеини (КРН) иборат мебошанд.

Моддаи 12. Таъмини илмии низоми давлати дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам

Таъмини илмии низоми давлати дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам аз чониби макомоти ваколатдори давлати амали гашта, аз вазифахои асосии зерин иборат мебошад:

– иштирок дар тахияи стратегия ва татбики сиёсати илмию техники дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии  набототи  корам;

– баруйхатгирии фонди генетикии дар коллексияхои миллии нигохдошташаванда ва хамохангсозии умумии фаъолияти илми;

– таъмини ичро ва дастгирии молиявии барномахои давлатии тахкикоти бунёди ва барномахои давлатии илмию техники дар сохаи захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо;

– ташкил ва таъмини илмию техникии пешбурди Фехристи миллии захирахои генетикии набототи корам ва фаъолияти чустучуи биологи дар ин соха;

– тахияи асосномаи илми ва дигар мавод, ки барои тахияи накшахо ва самтхои афзалиятноки амал зарур мебошанд;

– таъмини ташкил, мукаммал гардонидан, нигохдори, бехатар махфуз доштан ва тахкики хамачонибаи намунахои захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо дар коллексияхои ташкилоту муассисахое, ки ба сохтори низоми давлати дохиланд;

– тахия ва тасдики низомнома ва хуччатхои дастури оид ба кор бо генофонди набототи  корам;

– бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ворид кардани пешниходхо оид ба маблаггузории фаъолияти илми ва инноватсиони дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам;

– хамкории байналмилалии илми дар сохаи захирахои генетикии набототи корам;

– ичрои дигар вазифахое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян намудааст.

Моддаи 13. Хавасмандии иктисоди ва вокифгардонии хамачонибаи чомеа

  1. Давлат бо максади мухайё сохтани шароити мусоид барои рушди самтхои фаъолият дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон:

– барномахои давлатиро оид ба нигохдории устувори захирахои генетикии набототи корам, баланд бардоштани сатхи маърифати экологии чомеа ва вокифгардонии он тавассути таргиби мохият ва накши гуногунии наботот дар таъмини зисти ахоли ва баланд бардоштани дарачаи некуахволии он дастгири ва ичро менамояд;

– шароити зарурии иктисоди ва ичтимоиро барои иштироки хамачонибаи бахши давлати ва хусусии иктисодиёт, аз чумла хочагихои дехкони (фермери), инчунин доирахои васеи чомеа дар халли мушкилоти нигохдори ва истифодабарии гуногунии наботот бо максади ташкил ва рушди низоми давлати дар сохаи захирахои генетикии набототи корам таъмин менамояд;

– чорахои хавасмандгардонии иктисодии фаъолиятро дар сохаи чамъовари, нигохдори, такрористехсолкуни ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам бо максади бештар хавасманд кардан ва баланд бардоштани масъулияти истифодабарандагони замин, ки дар онхо захирахои генетикии мазкур меруянд, амали менамояд.

  1. Хавасмандии иктисоди, аз чумла хавасмандии моддии шахсони вокеи ва хукуки, ки дар чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам фаъолона иштирок менамоянд, аз хисоби маблагхои бучети чумхурияви, бучетхои махалли ва фондхои махсус, ки барои ин максадхо пешбини шудаанд, инчунин аз хисоби дигар маблагхои ба таври конуни ба дастомада амали карда мешавад.

БОБИ 3. ТАШКИЛИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ

ЗАХИРАХОИ ГЕНЕТИКИИ НАБОТОТИ  КОРАМ

Моддаи 14. Назорати фаъолият дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам

  1. Назорати фаъолият дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам аз таъмини риояи талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон аз чониби макомоти хокимияти давлати, муассисахои илми ва ташкилотхои чамъияти, инчунин шахсони дигари вокеи ва хукуки, катъи назар аз шакли моликият ва тобеият, иборат мебошад.
  2. Назорати давлатиро макомоти ваколатдори давлати бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали менамоянд.

Моддаи 15. Бахисобгири ва кайди давлатии коллексияхои захирахои генетикии набототи корам

  1. Бахисобгири ва кайди давлатии коллексияхои захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо аз чониби макомоти ваколатдори давлати бо максади ошкор намудани чунин коллексияхо, муайян кардани маком, инчунин ахамияти илми, ичтимоию иктисоди, таълимию фарханги ва таърихии онхо амали карда мешаванд.
  2. Дар асоси бахисобгирии давлати коллексияхое, ки дар таркиби онхо намунахои пурарзиш ва нодири захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо мебошанд, ба кайд гирифта, ба барномахои давлатии сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам ворид карда мешаванд.
  3. Дорандагони чунин коллексияхо фаъолияти худро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон амали менамоянд.

Моддаи 16. Тартиби дастраси ба захирахои генетикии набототи корам

  1. Хукуки дастраси ба захирахои генетикии набототи корам бо максади пешбурди корхои чустучуи биологи, чамъовари, мубодила, омузиш ва истифодабарии онхо дар фаъолияти илми-тахкикоти, селексиони, тахсилоти ва дигар фаъолият ба истифодабарандагони ин захирахо аз чониби макомоти ваколатдори давлати бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар доираи шартномахои дучониба ва ё бисёрчониба дар бораи вогузор кардани ин мавод дода мешавад.
  2. Дар шартнома дар бораи вогузор кардани мавод хукуку ухдадорихои донори (молики) захираи генетикии набототи корам ва кабулкунандаи (харидори) он, мухлати амали шартнома, микдор ва сифати мавод, сохаи истифодабарии эхтимолии он ва фоидаи баробар дидан аз тичорати минбаъдаи он кайд карда мешаванд.

Моддаи 17. Махдуд кардани фаъолият дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии захирахои генетикии набототи корам

  1. Макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти ваколатдори давлати хукук доранд мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон фаъолияти сохаи чамъовари, нигохдори, тахкик ва истифодабарии захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйро, ки дар шароити табии сабзиш доранд, махдуд намоянд, агар чунин фаъолият ба мухити зист зарар расонад, ба системаи агроэкологи таъсири номатлуб дошта бошад ва боиси кам ё пурра нобуд шудани чузъхои гуногунии агробиологи гардад.
  2. Макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти ваколатдори давлати хукук доранд, ба амалхо нисбати захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо, ки дар моликияти шахрвандон, ташкилотхои чамъияти ва шахсони хукукии гайридавлати карор доранд, дар мавридхои зарури барои таъмини амнияти давлат, хифзи мухити зист, арзишхои таърихию фарханги, хукуку манфиатхои конунии шахрвандон ва шахсони хукуки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон махдудият мукаррар намоянд.
  3. Макомоти ваколатдори давлати хукук доранд, ки имкониятхои дастрасиро ба намунахои коллексияхои миллии захирахои генетикии набототи корам, ки арзиши хоса ё барои рушди ичтимоию иктисоди ва ё таъмини амнияти озукавории мамлакат ахамияти калон доранд, махдуд намоянд.

Моддаи 18. Нигохдории захирахои генетикии намудхои нодир ва нобудшавандаи набототи корам

Давлат барои нигохдории захирахои генетикии намудхои нодир ва нобудшавандаи набототи корам, ки барои системахои агроэкологи ахамияти имконпазир доранд, чорахои махсус меандешад. Генофонди чунин наботот бояд дар шароити табиии сабзиш, дар заминхои субъектхои хочагидор, аз чумла дар хочагихои дехкони (фермери), дар коллексияхо ва бонкхои генетикии давлати дар намуди маводи нусхави нигохдори карда шавад.

Моддаи 19. Муомилот бо набототи корами аз чихати генетики тагйирёфта

Хама гуна муомилот бо набототи корами аз чихати генетики тагйирёфта, инчунин навъхои кишоварзие, ки бо усулхои нави биотехнологи ва генноинженери офарида шудаанд, бо Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи бехатарии биологи” танзим карда мешаванд.

БОБИ 4. ХУКУКИ МОЛИКИЯТ ВА ДИГАР ХУКУКХО

БА ЗАХИРАХОИ ГЕНЕТИКИИ НАБОТОТИ КОРАМ

Моддаи 20. Шаклхои моликият ба захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо

1.Шаклхои моликият ба захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхоро конунгузории Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

  1. Коллексияхои захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо метавонанд дар моликияти давлати ё хусусии шахсони вокеи ва хукуки, инчунин моликияти ташкилотхои чамъяти карор дошта бошанд.
  2. Захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо, ки дар шароити табиии минтакахои моликияти давлати меруянд, моликияти давлати махсуб меёбанд.
  3. Намунахои коллексияхои миллии захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо, ки аз каламрави мамлакат чамъовари шудаанд, дороии чамъияти ба хисоб рафта, дастраси ба онхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  4. Намунахои коллексияхои захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо, ки пас аз эътибор пайдо кардани Конвенсияи гуногунии биологи аз худуди дигар давлатхо ва (ё) коллексияхои хоричи, аз чумла коллексияхои байналмилали барои нигохдори кабул шудаанд, моликияти пешниходкунандаи ин мавод буда, шартхои дастраси ба онхо тибки шартномахо дар бораи вогузоштани мавод муайян карда мешаванд.
  5. Коллексияхои захирахои генетикии набототи корам ва хамавлодони худруйи онхо, ки нисбаташон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон шартхои гуногуни хукук ба моликияти зехни татбик карда мешаванд ва инчунин захирахои наботот, ки дар худуди объектхои гуногун, аз чумла дар богхои хусуси, китъахои замини наздихавлиги ва хочагихои дехкони (фермери) меруянд, метавонанд дар моликияти шахсони вокеи ва хукуки бошанд.

БОБИ 5. ХАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИ

Моддаи 21. Фаъолияти байналмилали дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам

  1. Фаъолияти байналмилали дар сохаи чамъовари, нигохдори ва истифодабарии окилонаи захирахои генетикии набототи корам дар асоси санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, сурат гирифта, ба нигохдории гуногунии наботот, рушди устувори кишоварзи ва истехсоли озукавори нигаронида мешавад.
  2. Ташкилотхои давлати, хусуси ва чамъияти, ки дар сохаи захирахои генетикии набототи корам фаъолият мекунанд, дигар шахсони манфиатдори вокеи ва хукуки, инчунин намояндагони ахолии махалли бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хукук доранд бо ташкилотхои байналмилали дар татбики барномахо оид ба халли мушкилоти агробиологи, аз чумла дар тахкикоти муштарак, мубодилаи мутахассисон ва технологияхо хамкори намоянд.

БОБИ 6. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 22. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 23. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти

ЧумхурииТочикистонЭмомалиРАХМОН

ш. Душанбе,

1 августисоли 2012,

№ 892

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …