Главная / Чамъият / ЧАМЪИЯТХОИ САХОМИ

ЧАМЪИЯТХОИ САХОМИ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 ДАР БОРАИ ЧАМЪИЯТХОИ САХОМИ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2007, №3, мод. 170; с. 2008, №10, мод. 812;с. 2009, № 5, мод. 318, №7-8, мод. 496; с. 2010, №1, мод. 9, №12, к. 1, мод. 816; с. 2011, №12, мод. 844;  Конуни ЧТ аз 14.11.2016 с., №1374)

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

 Моддаи 1. Максади Конуни мазкур

Конуни мазкур вазъи хукуки, тартиби таъсис, азнавташкилдихи ва бархамдихии чамъиятхои сахоми, хукуку ухдадори, хифзи хукуку манфиатхои сахмдорон ва шахсони сеюм, салохият ва масъулияти макомот ва шахсони мансабдори чамъиятхои сахомиро муайян менамояд.

akcionernie-obshastva

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи чамъиятхои сахоми

Конунгузории Чумхурии Точикистон  дар бораи чамъиятхои сахоми ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Кодекси граждании Чумхурии Точикистон, Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст,  иборат  мебошад.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1374)

Моддаи 3. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зайл истифода мешаванд:

чамъияти сахоми – ташкилоти тичоратие, ки сармояи оинномавии он ба микдори муайяни сахмияхо таксим шуда, иштирокчиёни (сахмдорони) он аз руи ухдадорихои чамъияти сахоми масъулият надоранд ва таваккали зарари вобаста ба фаъолияти онро дар доираи арзиши сахмияхои марбуташон ба зимма доранд;

– вомбарги кобили табдил – когази киматноки баровардаи чамъияти сахоми, ки бояд ба сахмияи хамин чамъияти сахоми, тибки шартхои хангоми баровардани вомбаргхои кобили табдил мукарраргардида иваз карда шавад;

– дорандаи фехрист (реестр) – иштирокчии касбии бозори  когазхои киматнок ё шахси мутасаддии чамъияти сахоми, ки бо пешбурд ва махфуздории фехристи сохибони сахмияхо машгул аст;

– дорандаи номиналии сахмияхо –шахси иштирокчии касбии бозори когазхои киматнок, ки молики сахмияхо намебошад ва манфиати сахмдорро аз руи сахмияхои у химоя намуда, хукуки уро аз номи худ ва тибки супориши молик дар асоси шартнома татбик мекунад;

– макоми ваколатдор – макоми давлатие, ки танзими давлатии муносибатхои марбути бозори когазхои киматнокро ба зимма дорад;

– суди (дивиденди) сахмия– кисми даромади софи чамъиятисахоми, ки байни сахмдорон мутаносибан ба микдори сахмия таксим карда мешавад;

– сахмияи пахнкардашуда – сахмияе, ки дар муомилоти бозори когазхои киматнок мебошад. Микдори ин сахмияхо хамчун фарки микдори умумии сахмияхо ва микдори сахмияхое, ки дар тавозуни худи чамъияти сахоми мебошанд, муайян карда мешавад;

сахмияи имтиёзноки чамъшаванда (кумулятиви) – сахмияе, ки суди сахмияаш аз хисоби набудани фоидаи чамъияти сахоми пардохта нашудааст ва дар солхои минбаъда чуброн карда мешавад;

сахмияи манзури – сахмияе, ки ному насаби дорандаи он дар фехристи сахмдорони чамъияти сахоми сабт намешавад ва аз нуктаи назари хукуки сахмдори комили чамъияти сахоми мебошад. Суди ин намуди сахмия дар мавриди пешниходи сахмия пардохта мешавад;

– сахмияи номи – сахмияе, ки ба номи шахси муайян дода шуда, дар фехристи сахмдорони чамъияти сахоми ба кайд гирифта мешавад. Фуруш ва ба каси дигар додани ин намуди сахмия дар асоси санади интиколи (индоссамент) амали гардонида мешавад;

сахмияи овоздор –сахмияе, ки дорандаи он шахсан ва ё ба воситаи намояндаи ваколатдори худ дар Мачлиси умумии сахмдорон хукуки овоздихиро дорад;

– таксими оммавии сахмияхо ва вомбаргхои чамъияти сахоми, ки ба сахмияхо табдил дода мешаванд – бо рохи эълони оммави, гузаронидани маъракаи рекламави ва савдо дар байни мардуми сершумор, ки хайат ва микдори онхоро пешаки муайян кардан мумкин нест, таксим кардани сахмия ва вомбаргхои чамъиятисахоми;

– овоздихии кумулятиви – усули овоздихие, ки хангоми он ба хар як сахмияи дар овоздихи иштирокдошта микдори овозе рост меояд, ки ба шумораи умумии аъзои макоми идоракунии дастачамъии чамъиятисахоми  баробар аст;

– шахсони бонуфуз – шахсони вокеи ва хукукие, ки кодиранд ба субъектхои хочагидори фаъолияти сохибкори таъсир расонанд.Шахсони бонуфузи чамъияти сахоми шахсони мансабдори он (аъзоиШурои директорон (Шурои нозирон), аъзоимакоми коллегиявии ичроия) ва сахмдоре, ки дорои 20 фоиз ва аз ин бештари сахмияхои овоздихандаи онро дорад;

– сармояи оинномави – сармояи хадди акалли чамъиятисахоми  дар рузи таъсис, ки андозаи онро хамин Конун мукаррар кардааст;

– молик-бенефитсиар (манфиатгир) – як ё якчанд шахси вокеи, ки бевосита ё бавосита сохиби моликият (сохиби зиёда аз 25 фоиз иштироки афзалиятнок дар сармояи муштари ё микдори умумии сахмияхои муштари бо хукуки овоз) мебошанд ё муштари ва/ё шахсеро, ки ба манфиати онхо ахд/амалиёт анчом дода мешавад, вокеан назорат мекунанд, инчунин шахсоне, ки шахси хукукиро назорат мекунанд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1374)

Моддаи 4. Вазъи хукукии чамъияти сахоми

  1. Чамъияти сахоми шахси хукуки буда, ухдадорихоеро барои фаъолият ба зимма дорад, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ намекунад.
  2. Ба намудхои алохидаи фаъолият, ки номгуи онхоро КонуниЧумхурии Точикистон«Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» муайян мекунад, чамъиятисахоми метавонад танхо дар асоси ичозатнома машгул шавад.
  3. Чамъияти сахоми хамчун шахси хукуки аз рузи бакайдгирии давлати тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузори таъсисёфта ба хисоб меравад. Чамъияти сахоми, агар дар оинномаи он тартиби дигаре  пешбини нашуда бошад, бе махдудсозии мухлат таъсис дода мешавад. Чамъияти сахоми  хукук дорад бо тартиби мукарраргардида дар худуди Чумхурии Точикистон ва берун аз он суратхисобхои бонки кушояд.
  4. Сахмдори чамъияти сахомии пушида, ки нияти ба шахси сеюм фурухтани сахмияхои худро дорад, ухдадор аст сахмдорони бокимондаи чамъияти сахоми ва худи чамъияти сахомиро бо нишон додани нарх ва дигар шартхои фуруши сахмияхо хатти огох намояд. Огохонидани сахмдорони чамъияти сахоми тавассути чамъияти сахоми амали мешавад. Агар дар оинномаи чамъияти сахоми тартиби дигар пешбини нашуда бошад, огохонидани сахмдорони чамъияти сахоми   аз хисоби сахмдоре амали мешавад, ки нияти фурухтани сахмияхои худро дорад. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №585).

Агар сахмдорони чамъияти сахоми ва (ё) чамъияти сахоми аз хукуки афзалиятнок барои ба даст овардани хамаи сахмияхои барои фуруш пешниходшаванда истифода накунанд, дар мухлати ду мох аз рузи гирифтани чунин огохинома аз чониби чамъияти сахоми сахмияхо метавонанд ба шахсони сеюм бо хамон нарх ва шартхое, ки ба чамъияти сахоми ва сахмдорони он хабар дода шуда буданд, фурухта шаванд. Агар то ба охиррасии ин мухлат аз хама сахмдорони чамъияти сахоми, инчунин чамъияти сахоми (агар чамъияти сахоми хукуки афзалиятноки ба даст овардани сахмияхоро дошта бошад) аризахои хатти оид ба истифода ё рад кардан аз хукуки афзалиятнок гирифта шуда бошад, мухлати амалинамоии хукуки афзалиятнок катъ мегардад. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №585).

  1. Чамъияти сахоми бояд дорои мухри мудаввар бо  зикри номи пурраи фирма ба забони давлати бошад. Дар мухр хамчунин метавонад номи фирмавии чамъияти сахоми  бо хама гуна забони дигар сабт гардад.
  2. Чамъияти сахоми метавонад мухр (штамп) ва бланкахои бо зикри номи худ, инчунин бо тартиби мукарраргардида тамгаи моли ба кайд гирифташуда ва дигар воситахои тасвирии шинохташаванда  дошта бошад.
  3. Хусусияти таъсис ва азнавташкилдихии чамъиятхои сахоми дар сохаи фаъолияти бонки, сармоягузори ва сугуртави бо Конуни мазкур ва конунхои дигари Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  4. Хусусиятхои вазъи хукукии чамъиятхои сахомие, ки хангоми хусусигардонии корхонахои давлати таъсис ёфтаанд ва нисбати онхо хукуки махсус оид ба иштироки Чумхурии Точикистон дар идоракунии чамъиятхои сахомии мазкур («сахмияи тиллои») истифода бурда мешавад, Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлати» муайян мекунад.(К ЧТ аз 5.08.09с, №541).

 

Моддаи 5. Ном ва махалли чойгиршавии чамъияти сахоми

  1. Чамъияти сахоми  дорои номи фирмавии худ мебошадва бояд дар номгуи худ калимахои «Чамъияти сахомии кушода (ЧСК)» ё «Чамъияти сахомии пушида (ЧСП)» дошта бошад.
  2. Махалли чойгиршавии чамъияти сахоми аз руи хуччатхои таъсисиион муайян карда мешавад.
  3. Чамъияти сахоми бояд дорои сурогаи почта бошад, ки тавассути он бо вай робита мекунанд.

 

Моддаи 6. Чамъиятхои сахомии кушода ва пушида

  1. 1. Чамъияти сахоми дар шаклхои кушода ва пушида таъсис дода мешавад, ки он дар оиннома ва номи фирмавиаш инъикос мегардад.
  2. Сахмдорони чамъияти сахомии кушода метавонанд сахмияхои худро бе розигии дигар сахмдорони ин чамъият бегона кунанд. Чунин чамъияти сахоми хукук дорад барои сахмияхои баровардааш обунаи кушодаро доир намояд ва онхоро бо дарназардошти хамин Конун ва дигар санадхои меъёрии хукуки фурушад.

Шумораи сахмдорони чамъияти сахомии кушода махдуд карда намешавад.

Чамъияти сахомии кушода хар сол хисоботи солона, тавозуни мухосибави ва хисоботи фоидаю зарарро барои маълумоти умум нашр мекунад.

  1. Чамъияти сахомие, ки сахмияхояш танхо байни муассисони он ё гурухи дигари шахсони каблан муайянгардида таксим карда мешавад, чамъияти сахомии пушида эътироф мегардад. Чунин чамъияти сахоми хукук надорад ба сахмияхои баровардааш обунаи кушода доир намояд ё ба тарзи дигар онхоро барои харид ба гурухи номахдуди шахсон пешниход кунад.

Шумораи сахмдорони чамъияти сахомии пушида набояд аз панчох нафар зиёд бошад.

Агар шумораи сахмдорони чамъияти сахомии пушида аз шумораи нихоии мукараррнамудаи хаминкисм бештар бошад, ин чамъияти сахоми дар  муддати як сол бояд ба чамъияти сахомии кушода табдил дода шавад. Агар шумораи сахмдорони он то шумораи нихоии мукараррнамудаи хаминкисм кам нагардад, чамъияти сахоми бояд бо тартиби суди бархам дода шавад.

Сахмдорони чамъияти сахомии пушида барои аз руи нархи ба дигар шахс пешниходшуда харидори намудани сахмияхои сахмдорони хамин чамъияти сахоми афзалият доранд. Дар оинномаи чамъияти сахоми метавонад ба чамъияти сахоми хукуки афзалиятноки аз сахмдорон харида гирифтани сахмияхояшон пешбини карда шавад, ба шарте ки сахмдорон аз хукуки афзалиятноки харидани сахмияхо истифода накарда бошанд.

4.Тартиб ва мухлати истифодаи хукуки афзалиятнок барои ба даст овардани сахмияхо, ки дигар сахмдорон мефурушанд, тибки оинномаи чамъияти сахоми мукаррар карда мешавад. Мухлати татбики хукуки афзалиятнок наметавонад аз рузи ба фуруш баровардани сахмияхо камтар аз 30 руз ва бештар аз 60 руз бошад.

5.Чамъияти сахомие, ки муассиси он мутобики холатхои мукаррарнамудаи конунхо Чумхурии Точикистон мебошад (ба истиснои чамъиятхои сахомие, ки дар чараёни хусусигардонии корхонахои давлати таъсис ёфтаанд), метавонанд танхо чамъиятхои сахомии кушода бошанд.

 

Моддаи 7. Филиалхо ва намояндагихои чамъияти сахоми

  1. Чамъияти сахоми метавонад бо риояи талаботиКонуни мазкур ва дигар конунходар худуди Чумхурии Точикистон филиалхо таъсис дихад ва намояндагихо кушояд.

Аз чониби чамъияти сахоми таъсис додани филиалхо ва кушодани намояндагихои берун аз худуди Чумхурии Точикистон тибки конунгузории давлати хоричии махалли чойгиршавии филиал ё намояндаги анчом дода мешавад, агар дар шартномаи байналмилалии Чумхурии Точикистон тартиби дигаре  пешбини нашуда бошад.

  1. Филиали чамъияти сахоми  вохиди махсуси он мебошад, ки берун аз махалли чойгиршавии чамъияти сахоми вокеъ гашта, хамаи вазифахои он, аз чумла вазифахои намояндаги ё як кисми онро анчом медихад.
  2. Намояндагии чамъияти сахоми вохиди махсуси он мебошад, ки берун аз махалли чойгиршавии чамъияти сахоми вокеъ гашта, манфиатхои онро намояндаги ва хифз менамояд.
  3. Филиал ва намояндаги шахсони хукуки набуда, дар асоси низомномаи тасдикнамудаи чамъияти сахоми  амал мекунанд. Филиал ё намояндаги аз чониби  чамъияти сахомии таъсиснамуда бо молу мулк таъмин мегардад, ки он хам дар тавозуни алохидаи онхо ва хам дар тавозуни чамъияти сахоми ба хисоб гирифта мешавад. Рохбари филиал ё  рохбари намояндагиро чамъияти сахоми таъин менамояд, ки дар асоси низомнома ва ваколатномаи аз чониби чамъияти сахоми додашуда амал мекунад.
  4. Филиал ва намояндаги фаъолиятро аз номи чамъияти сахомии таъсиснамудаи он анчом медихад. Аз руи ухдадорихои филиал ё намояндаги чамъияти сахомии онхоро таъсиснамуда масъул мебошад.
  5. Чамъиятхои сахоми метавонанд филиалу намояндагихои худро дар Чумхурии Точикистон ва берун аз он пас аз ворид намудани маълумот дар бораи онхо ба оинномаи чамъияти сахоми ва Фехристи ягонаи давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди кушоянд. (КЧТ аз 29.12.10с №657)

 

Моддаи 8. Чамъиятхои сахомии фаръи ва вобаста

  1. Чамъияти сахоми метавонад мутобики Конуни мазкур ва дигар конунхо дар худуди Чумхурии Точикистон, инчунин берун аз худуди Чумхурии Точикистон мутобики конунгузории давлати хоричи, агар дар шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон тартиби дигаре пешбини нашуда бошад, чамъиятхои сахомии фаръи ва вобастаи дорои хукуки шахси хукукиро дошта бошад
  2. Чамъияти сахоми хангоме фаръи эътироф мегардад, ки агар дигар чамъияти сахомии асосии бо сабаби иштироки афзалиятноки худ дар сармояи оинномавии он ё мутобики шартномахои байни онхо ё ба тарики дигар имконияти муайян намудани карорхои аз чониби чунин чамъияти сахоми  кабулшавандаро дошта бошад.

Чамъияти сахомии фаръи аз руи ухдадорихои чамъияти сахомии асоси масъулият надорад.

  1. Чамъияти сахомии асосие, ки хукуки ба чамъияти сахомии фаръи додани дастурхои  барояш хатмиро дорад, аз руи ахдхое, ки чамъияти сахомии фаръи бо максади ичрои чунин дастурхо бастааст, бо ин чамъияти сахоми масъулияти муштарак дорад. Чамъияти  сахомии асоси вакте дорои хукуки ба чамъияти сахомии фаръи додани дастурхои барои ичро хатми эътироф мегардад, ки агар ин хукук дар шартнома бо чамъияти сахомии фаръи ё оинномаи чамъияти сахомии фаръи пешбини шуда бошад.

Дар сурати бо гунохи чамъияти сахомии асоси муфлис шудани чамъияти сахомии фаръи чамъияти сахомии асоси вобаста ба карзхои он масъулияти субсидиари дорад. Сахмдорони чамъияти сахомии фаръи хукук доранд аз чониби чамъияти сахомии асоси чуброн намудани зарари ба чамъияти сахомии фаръи расонидаашро талаб кунанд.

  1. Чамъияти сахоми вакте вобаста эътироф мегардад, ки агар дигар чамъияти сахоми (бартаридошта) беш аз 20 фоизи сахмияхои овоздори чамъияти сахомии якумро дошта бошад. Чамъияти сахомие, ки бештар аз 20 фоизи сахмияхои овоздори чамъияти сахомиро ба даст овардааст, бояд тибки тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдор бетаъхир дар ин бора маълумот нашр намояд.

 

Моддаи 9. Масъулияти чамъияти сахоми

  1. Чамъияти сахоми аз руи ухдадорихои худ  бо тамоми молу мулки марбутааш чавобгар мебошад.
  2. Чамъияти сахоми аз руи ухдадорихои сахмдорони худ чавобгар намебошад.
  3. Сахмдороне, ки арзиши сахмияхоро пурра напардохтаанд, дар доираи ухдадорихои чамъияти сахоми оид ба арзиши пардохтнашудаи сахмияхояшон дорои масъулияти муштарак мебошанд.
  4. Агар муфлисии чамъияти сахоми  натичаи амал ё беамалии сахмдорони он ё дигар шахси бонуфузи он бошад, хангоми нокифоягиимолу мулки чамъияти сахоми масъулияти иловаги (субсидиари) ба зиммаи хамин сахмдори бонуфуз ё дигар шахсон аз руи ухдадорихои он мумкин аст гузошта шавад.

 

БОБИ 2. ТАЪСИСИ ЧАМЪИЯТИ САХОМИ

 

Моддаи 10. Таъсиси чамъияти сахоми

  1. Чамъияти сахоми бо карори муассисон (муассис) таъсис дода мешавад. Дар сурати аз чониби  як шахс таъсис намудани чамъияти сахоми карор оид ба таъсис аз тарафи хамин шахс кабул карда мешавад.
  2. Чамъияти сахоми инчунин метавонад бо рохи азнавташкилдихии шахси хукукии мавчуда (муттахидшави, таксимшави, чудошави ё табдилёби) таъсис дода шавад.
  3. Муассисони чамъияти сахоми байни худ шартномаи таъсис мебанданд, ки дар он тартиби фаъолияти якчоя оид ба таъсиси чамъияти сахоми, андозаи сармояи оинномави, намудхои сахмия, ки байни муассисон пахн карда мешаванд, андоза ва тартиби пардохти сахмияхо ва хамчунин хукуку ухдадорихои муассисон оид ба ташкили чамъияти сахоми муайян карда мешавад.

 

Моддаи 11. Табдил додани корхонаи вохиди давлати ба чамъияти  сахоми

  1. Корхонахои вохиди давлати бо максади хусусигардони метавонанд бо рохи баровардани сахмияхо, ки арзиши умумиашон ба арзиши тамоми молу мулки корхона баробар аст, ба чамъияти сахомии кушода табдил  шаванд.
  2. Карор дар мавриди табдил додани корхонаи вохиди давлатии марбут ба моликияти чумхурияви ба чамъияти сахомии кушода аз чониби макомоти идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон ва нисбат ба корхонахои марбути моликияти коммунали аз чониби Мачлисхои махаллии вакилони халк кабул карда мешавад.
  3. Чамъияти сахомие, ки бо рохи табдил додани корхонаи вохиди давлати таъсис ёфтааст, вориси хукукии хамин корхона мебошад.
  4. Хангоми дар заминаи моликияти давлати таъсис додани чамъияти сахомии кушода маблаги сармояи оинномавии чамъияти сахомиро  арзиши корхона (молу мулк) ташкил медихад, ки тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон муайян гардидааст.

 

Моддаи 12. Муассисони чамъияти сахоми

  1. Муассисони чамъияти сахоми шахсони вокеи ва (ё) хукукие мебошанд, ки дар бораи таъсис ва тасдики оинномаи он карор кабул кардаанд.

Макомоти давлати, агар дар конунхо тартиби дигаре пешбини нашуда бошад, муассиси чамъияти сахоми буда наметавонад.

Корхонахои вохиди давлати танхо бо розигии давлат дар шахси макомоти ваколатдори давлати оид ба идоракунии амволи давлати метавонанд муассиси чамъияти сахоми  бошанд.

  1. Чамъияти сахоми  наметавонад ба сифати муассиси ягона (сахмдор) дигар чамъияти сахомии хочагидори  иборат аз як  шахсро дошта бошад.
  2. Муассисони чамъияти сахоми аз руи ухдадорихои вобаста ба таъсиси он ки то лахзаи бакайдгирии давлатии хамин чамъияти сахоми  ба миён омадаанд, масъулияти иловаги (субсидиари) доранд.

 

Моддаи 13. Мачлиси муассисони чамъияти сахоми

  1. Хангоми аз чониби як муассис таъсис додани чамъияти сахоми  карори таъсиси чамъияти сахоми аз чониби хамин муассис кабул гардида, мачлиси муассисон гузаронида намешавад.
  2. Мачлиси муассисон хангоми иштироки хамаи муассисон ё намояндагони ваколатдори онхо босалохият  мебошад.
  3. Раиси мачлис аз чониби иштироккунандагон бо аксарияти овоздихии одди интихоб карда мешавад.
  4. Мачлиси муассисон оинномаи чамъияти сахомиро якдилона кабул мекунад.
  5. Макомоти идоракунии чамъияти сахоми, ки дар мачлиси муассисон интихоб шудаанд, то мачлиси якуми сахмдорон, ки баъд аз бакайдгирии давлати гузаронида мешавад, фаъолият мекунанд.

 

Моддаи 14. Оинномаи чамъияти сахоми

  1. Оинномаи чамъияти сахоми хуччати таъсисии чамъияти сахоми мебошад.
  2. Талаботи оинномаи чамъияти сахоми барои ичро аз чониби хамаи макомоти чамъияти сахоми  ва сахмдорони он хатми мебошад.
  3. Оинномаи чамъияти сахоми  бояд маълумоти зайлро дар бар гирад:

– номи пурра ва мухтасари фирмавии чамъияти сахоми;

– махалли чойгиршавии чамъияти сахоми;

– намуди чамъияти сахоми (кушода ё пушида);

– микдор, арзиши номинали ва намуди сахмияхо (одди, имтиёзнок ва намуди сахмияхои имтиёзноки пахнкардашавандаи чамъияти сахоми);

– хукуки сахмдорон– сохибони сахмияхои хар як намуд (навъ);

– хачми сармояи оинномавии чамъияти сахоми;

– сохтор ва салохияти макомоти идораи чамъияти сахоми  ва тартиби аз чониби онхо кабул намудани карор;

– тартиби омодасози ва гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон, аз чумла номгуи масъалахое, ки карорро аз руи онхо макомоти идораи чамъияти сахоми  бо аксарияти куллии овозхо ё якдилона кабул  мекунанд;

– маълумот дар бораи филиал ва намояндагихои чамъияти сахоми;

– тартиби табдили сахмияхои имтиёзнок.

Оинномаи чамъият бояд маълумот оид ба истифода бурдани хукуки махсус чихати иштироки Чумхурии Точикистон дар идоракунии чамъият («сахмияи тиллои») дошта бошад. (К ЧТ аз 5.08.09с, №541).

Оинномаи чамъияти сахоми  метавонад инчунин дигар мукарраротеро дар бар гирад, ки ба хамин Конун ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонмухолиф нестанд.

  1. Бо талаби сахмдор ё аудитор чамъияти сахоми  вазифадор аст дар мухлати кобили кабул ба онхо имконияти шиносоиро бо оинномаи чамъияти сахоми, аз чумла бо тагйиру иловахо фарохам орад. Чамъияти сахоми ухдадор аст ба сахмдор тибки талаби у нусхаи оинномаи амалкунандаи чамъияти сахомиро дихад.

 

Моддаи 15. Ворид намудани тагйиру иловахо ба оинномаи чамъияти сахоми ё тасдики оинномаи чамъияти сахоми дар тахрири нав

  1. Тагйиру иловахо ба оинномаи чамъияти сахоми бо карори Мачлиси умумии сахмдорон ворид карда, оинномаи чамъияти сахоми дар тахрири нав бо чунин карор тасдик карда мешавад.
  2. Тагйиру иловахо ба оиннома вобаста ба зиёд ё кам кардани сармояи оинномавии чамъияти сахоми дар асоси карори зиёд намудани сармояи оинномавии чамъияти сахоми бо рохи зиёд кардани арзиши номиналии сахмияхои бароварда ё пахн намудани сахмияхои иловаги ё кам намудани он ки Мачлиси умумии сахмдорон кабул намудааст, ворид карда мешаванд.
  3. Ворид намудани тагйиру иловахо ё тасдик намудани оинномаи чамъияти сахоми дар тахрири нав дар асоси карори Мачлиси умумии сахмдорон бо аксарияти аз чор се хиссаи овози сахмдорони дорандаи сахмияхои овоздори иштироккунандагони Мачлиси умумии сахмдорон  кабул карда мешавад.
  4. Ба оинномаи чамъияти сахоми ворид намудани маълумот дар хусуси нисбат ба чамъият истифода бурдани хукуки махсус чихати иштироки Чумхурии Точикистон дар идоракунии чамъият («сахмияи тиллои») ва хорич намудани чунин маълумот дар асоси карори Хукумати Чумхурии Точикистон амали мегардад. (К ЧТ аз 5.08.09с, №541).

 

Моддаи 16. Бакайдгирии давлатии чамъияти сахоми

  1. Бакайдгирии чамъияти сахоми дар макомоти ваколатдори давлати бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди» амали мегардад. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №585).
  2. Бакайдгирии сахмия ва вомбаргхои чамъияти сахоми мувофики тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи когазхои киматнок ва биржахои фонди» амали мегардад. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №585).

 

БОБИ 3. САРМОЯИ ОИННОМАВИИ ЧАМЪИЯТИ САХОМИ

 

Моддаи 17. Сармояи оинномави ва сахмияхои чамъияти сахоми

  1. Сармояи оинномавии чамъияти сахоми аз арзиши номиналии сахмияхои пахнкардае, ки сахмдорон ба даст овардаанд,мураттаб мегардад.

Арзиши номиналии хамаи сахмияхои чамъияти сахоми  бояд баробар бошад.

Сармояи оинномавии чамъияти сахоми андозаи минималии молу мулки чамъияти сахомиро, ки манфиати кредиторонро кафолат медихад, муайян мекунад.

  1. Сармояи хадди акалли оинномавии чамъияти сахомии кушода  бояд на камтар аз панч хазор сомони ва чамъияти сахомии пушида бояд на камтар аз як хазор сомониро ташкил дихад..
  2. Чамъияти сахоми сахмияхои оддиро пахн менамояд ва хукук дорад як ё якчанд намуди сахмияхои имтиёзнокро низ пахн намояд. Хангоми таъсиси чамъияти сахоми сахмияхои он бояд ба муассисон пахн карда шаванд. Сахмияхои чамъияти сахоми  номи ва манзури мебошад.

 

Моддаи 18. Зиёд кардани сармояи оинномавии чамъияти сахоми

  1. Сармояи оинномавии чамъияти сахоми  метавонад бо рохи зиёд кардани арзиши номиналии сахмияхо ё баровардани сахмияхои иловаги зиёд карда шавад.

Чамъияти сахоми хукук надорад сармояи оинномавии худро зиёд кунад, агар он пурра пардохт нашуда бошад.

  1. Карор дар мавриди зиёд кардани сармояи оинномавии чамъияти сахоми бо рохи зиёд кардани арзиши номиналии сахмияхо ё баровардани сахмияхои иловаги аз чониби Мачлиси умумии сахмдорон кабул карда мешавад.
  2. Сахмияхои иловагиро чамъияти сахоми  метавонад танхо дар доираи микдори сахмияхои эълоншуда, ки оинномаи чамъияти сахоми мукаррар намудааст, пахн кунад.

Карори зиёд кардани сармояи оинномавии чамъияти сахомиро бо рохи пахн намудани сахмияхои иловаги Мачлиси умумии сахмдорон метавонад хамзамон бо кабули карори ба оинномаи чамъияти сахоми ворид кардани мукаррарот оид ба сахмияхои эълоншуда, ки мутобики хамин Конун барои кабули чунин карор заруранд ё тагйир додани мукаррарот оид ба сахмияхои эълоншуда кабул намояд.

  1. Дар карор нисбати зиёд кардани сармояи оинномавии чамъияти сахоми  бо рохи пахн кардани сахмияхои иловаги бояд микдори сахмияхои оддии иловаги пахнкардашаванда ва сахмияхои имтиёзноки хар як навъ дар доираи микдори сахмияхои эълоншудаи хамин намуд (навъ), усули пахн кардан, музди пахн кардани сахмияхои иловаги, ки тавассути обуна сурат мегирад ё тартиби муайян намудани он, аз чумла нархи  пахн кардан ё тартиби муайян намудани нархи пахн кардани сахмияхои иловаги ба сахмдорони дорои хукукхои афзалиятнок барои харидани сахмияхои пахнкардашаванда, шакли пардохти сахмияхои иловагии тавассути обуна пахнкардашаванда, инчунин дигар шартхои пахн кардани сахмия муайян карда шавад.
  2. Сармояи оинномавии чамъияти сахоми  бо рохи пахн намудани сахмияхои иловаги метавонад аз хисоби молу мулки чамъияти сахоми зиёд карда шавад. Сармояи оинномавии чамъияти сахоми бо рохи зиёд намудани арзиши номиналии сахмияхо танхо аз хисоби молу мулки чамъияти сахоми зиёд карда  мешавад.

Маблаге, ки бо он сармояи оинномавии чамъияти сахоми  аз хисоби молу мулки чамъияти сахоми зиёд мегардад, набояд аз фарки байни арзиши дороии софи чамъияти сахоми, маблаги сармояи оинномави ва сармояи эхтиётии чамъияти сахоми бештар бошад.

Хангоми зиёд кардани сармояи оинномавии чамъияти сахоми  аз хисоби молу мулки он бо рохи пахн кардани сахмияхои иловаги ин сахмияхо байни сахмдорон таксим карда мешаванд. Хамзамон ба хар  сахмдор мутаносибан баробари теъдоди сахмияхояш сахмияхои хамон намуд (навъ) таксим карда мешавад.

  1. Сармояи оинномавии чамъияти сахоми бо рохи баровардани сахмияхои иловаги хангоми мавчудияти пакети сахмияхое, ки беш аз 25 фоизи овозхоро дар Мачлиси умумии сахмдорон намояндаги мекунад ва тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар мавриди хусусигардонии моликияти давлати тахким ёфтааст, метавонад дар чараёни мухлати  тахким танхо дар сурати боки мондани хиссаи давлат зиёд карда шавад.
  2. Сахмдорон ё макомоти ваколатдори чамъият оид ба зиёд кардани сармояи оинномавии чамъият баъд аз кабули карор дар бораи чунин зиёдшави бо тартиби мукарраршуда ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлатибарои ворид намудани маълумот ба Фехристи ягонаи давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди ариза пешниход менамоянд. (КЧТ аз 29.12.10с №657)

 

Моддаи 19. Кам кардани сармояи оинномавии чамъияти сахоми

  1. Чамъияти сахоми хукук дорад ва дар холатхои пешбининамудаи хамин Конун вазифадор аст, ки сармояи оинномавии худро кам кунад.

Сармояи оинномавии чамъияти сахоми метавонад бо рохи кам кардани арзиши номиналии сахмияхо ё кам кардани микдори умумии онхо ё дар холатхои пешбининамудаи хамин Конун бо рохи ба даст овардани кисми сахмияхо кам карда шавад.

Агар дар натичаи кам кардани сармояи оинномави хачми он аз хачми хадди акалли сармояи оинномавии бо хамин Конун муайянгардида кам шавад, вай хак надорад, ки сармояи оинномавиашро кам кунад.

  1. Карори кам кардани сармояи оинномавии чамъияти сахоми бо рохи кам намудани арзиши номиналии сахмияхо ё бо рохи харида гирифтани як  кисми сахмияхо бо максади кам кардани микдори умуми аз чониби Мачлиси умумии сахмдорон кабул карда мешавад.

 

Моддаи 20. Огох намудани кредиторон дар хусуси кам кардани хачми сармояи оинномавии  чамъияти сахоми

  1. Чамъияти сахоми дар давоми 30 рузи кабул гардидани карори кам кардани сармояи оинномавии худ вазифадор аст ба таври хатти кредиторонашро дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии чамъияти сахоми  ва хачми нави он огох созад, инчунин дар нашрияхои барои чопи маълумот дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки таъингардида дар хусуси карори кабулшуда маълумот дарч намояд.
  2. Сахмдорон ё макомоти ваколатдори чамъият оид ба кам кардани сармояи оинномавии чамъият баъд аз кабули карор дар бораи чунин камшавй бо тартиби мукарраршуда ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлатибарои ворид намудани маълумот ба Фехристи ягонаи давлатии шахсони хукукй ва сохибкорони инфиродиариза пешниход менамоянд. (КЧТ аз 29.12.10с №657)
  3. Хангоми огох нанамудани кредиторони чамъияти сахоми  дар хусуси кабули карор кредиторон хукук доранд ба таври хатти катъи пеш аз мухлат ё ичрои ухдадорихои дахлдори чамъияти сахоми  ва товони зарарро талаб кунанд.

 

БОБИ 4. САХМИЯХО, ВОМБАРГХО ВА ДИГАР КОГАЗХОИ КИМАТНОКИ ЧАМЪИЯТИ САХОМИ

 

Моддаи 21. Мукаррароти умуми оид ба сахмияхо

  1. Сахмия когази киматнокест, ки чамъияти сахоми мебарорад ва он вобаста ба намуд ва категорияхо хукукхои зерини сахмдоронро муайян менамояд:

– барои гирифтани суди(дивиденди) сахмия;

– иштирок дар идораи чамъияти сахоми, агар хамин Конун тартиби дигареро пешбини накарда бошад;

– ба як кисми молу мулки чамъияти сахоми, ки баъди бархамдихи боки мондааст.

Арзиши номиналии сахмияхо бо пули милли муайян мегардад ва агар дар конунгузори тартиби дигаре пешбини нашуда бошад, бояд барои хамаи барориши сахмияхои чамъияти сахоми  ягона бошад.

  1. Чамъияти сахоми хукук дорад сахмияхои номи ва манзури барорад. Чамъияти сахоми сахмияхоро дар шакли хуччати ва гайрихуччати мебарорад.

 

Моддаи 22. Намудхои сахмияхо

  1. Чамъияти сахоми сахмияхои одди (мукаррари) ва имтиёзнок мебарорад. Арзиши умумии номиналии сахмияхои имтиёзноки пахнкардашуда набояд аз 25 фоизи сармояи оинномавии чамъияти сахоми бештар бошад.
  2. Оинномаи чамъияти сахоми ё карори Мачлиси умумии сахмдорон метавонанд мутобики хамин Конун барориши сахмияхои имтиёзноки намудхои гуногунро пешбини  намоянд.

 

Моддаи 23. Сахмияхои одди

  1. Сахмияи одди ба хар як сахмдори дорои он хачми баробари хукукхоро фарохам меорад.
  2. Сахмдорон – сохибони сахмияхои оддии чаъияти сахоми мутобики Конуни мазкур ва оинномаи чамъияти сахоми дорои ин хукукхо мебошанд:

а) ба гирифтани суди сахмияхо аз фаъолияти чамъият;

б) бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба гирифтани кисми молу мулки чамъияти сахоми, ки баъд аз бархамдихии он боки мондааст;

в) дар Мачлиси умумии сахмдорон хангоми халли хамаи масъалахое, ки барои овоздихи пешниход мешаванд, бо хукуки овоздихи иштирок намоянд;

г) бо тартиби суди хукукхои худро хифз намоянд, ба суд барои хифзи манфиатхои худ, сахмдорон ва худи чамъият оид ба ахдхо, ки дар бастани онхо манфиати шахсони дар моддаи 83 Конуни мазкур пешбинигардида вучуд дорад, мурочиат намоянд;

д) оид ба фаъолияти чамъият тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон иттилоот ба даст оранд.

  1. Сахмдор – сохиби сахмияи оддии чамъияти сахоми тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва оинномаи чамъият метавонад дигар хукукхои молумулки ва гайри     молумулки дошта бошад. (КЧТ аз 19.05.09, №510)
  2. Табдили сахмияхои одди ба сахмияхои имтиёзнок ва вомбаргхо ичозат дода намешавад.

 

Моддаи 24. Сахмияхои имтиёзноки чамъияти сахоми

  1. Сахмдорони дорои сахмияхои имтиёзнок нисбат ба сохибони сахмияхои одди барои гирифтани суди сахмияхо дар хачми пешаки муайянгардидаи кафолатнок, ки эъломияи барориши мукаррар намудааст, инчунин ба кисми молу мулки баъди бархамдихии чамъияти сахоми бокимонда бо тартиби мукаррарнамудаи хамин Конун ва дигар конунхо хукуки афзалиятнок доранд.

Табдили сахмияхои имтиёзнок ба вомбаргхо ичозат дода намешавад. Табдили сахмияхои имтиёзнок ба сахмияхои одди ва сахмияхои имтиёзноки навъхои дигар танхо дар сурате, ки агар он тибки оинномаи чамъияти сахоми пешбини шуда бошад, инчунин хангоми мутобики хамин Конун азнавташкилшавии чамъияти сахоми  ичозат дода мешавад.

  1. Сахмияхои имтиёзноки чамъияти сахоми, ки як навъ мебошанд, ба сахмдорон– сохибони онхо хачми баробари хукукро фарохам меоваранд ва дорои арзиши якхелаи номиналианд.

Дар оинномаи чамъияти сахоми нисбат ба ин сахмияхо афзалиятхои иловаги пешбини шуданаш мумкин аст.

  1. Суди сахмияхои пардохтнашудаи сахмияхои имтиёзнок бояд чамъ карда шуда, то гузашти мухлати мукарраргардидаи пардохти суди сахмияхо мутобики эъломияи барориши пардохта шавад. Агар суди сахмияхо оид ба сахмияхои имтиёзноки бе хукуки овоз дар давоми се мохи мухлати мукарраргардида пардохта нашавад, бо гузашти ин мухлат ба сахмдори дорои сахмияхои имтиёзнок дар Мачлиси умумии сахмдорон аз руи хамаи масъалахои тахти салохияташ карордошта то лахзаи пардохти суди сахмияхои мухлаташон гузашта хукуки овоз дода мешавад. Дар ин холат сахмияи имтиёзнок хангоми муайян кардани кворум, ки барои кабули карор аз чониби Мачлиси умумии сахмдорони чамъияти сахоми муайян гардидааст, ба хисоб гирифта мешавад.
  2. Сахмияхои имтиёзноки судашон пардохтнашуда бо хукуки гирифтани онхо аз чониби молики нави сахмияхо бегона карда мешавад.

Сохибони сахмияхои имтиёзнок дар Мачлисхои умумии сахмдорон хангоми халли масъалахои азнавташкилдихи ё бархамдихии чамъияти сахоми бо хукуки овоздихи иштирок мекунанд.

Сохибони сахмияхои имтиёзноки намуди муайян дар Мачлиси умумии сахмдорон хангоми халли масъалахои ворид намудани тагйиру иловахо ба оинномаи чамъияти сахоми, ки хукукхои сахмдорон- сохибони сахмияхои имтиёзноки чунин намудро махдуд месозанд, дар холатхои зерин хукуки овоздихиро сохиб мешаванд:

а) дар холатхои муайян ё зиёд кардани хачми суди сахмияхо;

б) хангоми муайян ё зиёд кардани арзиши бархамдихи, ки тибки сахмияхои имтиёзноки навбати аввал пардохта мешаванд;

в) хангоми ба сахмдорон–сохибони сахмияхои имтиёзноки намуди дигар фарохам овардани имтиёз дар мавриди навбати пардохти суди сахмияхо ва (ё) арзиши бархамдихии сахмияхо.

  1. Карор дар бораи ворид намудани тагйиру иловахо ба оинномаи чамъияти сахоми, ки дар кисми 4 моддаи мазкур зикр шудаанд, хангоме боэътибор мешавад, ки барои он на камтар аз чор се хиссаи сахмдорон – сохибони сахмияхои овоздори дар Мачлиси умумии сахмдорон иштирокдошта овоз диханд, ба истиснои овози сахмдорон – сохибони сахмияхои имтиёзнок, ки хукуки онхо махдуд карда мешавад ва аз чор се хиссаи хамаи сахмдорон – сохибони сахмияхои имтиёзноки хама гуна намуд, ки хукуки онхо махдуд мегардад, агар барои кабули чунин карор дар оиннома микдори бештари овози сахмдорон мукаррар нагардида бошад.
  2. Сохибони сахмияхои имтиёзноки чамъшавандаи (кумулятивии) намудхои муайян хукук доранд дар Мачлиси умумии сахмдорон оид ба масъалахои тахти салохияташон карордошта бо хукуки овоз дар мачлиси баъди Мачлиси солонаи умумии сахмдорон доиршаванда, ки дар он бояд дар хусуси пурра пардохтани суди чамъшудаи сахмияхо карор кабул гардад, иштирок намоянд, агар чунин карор кабул нагардида бошад ё дар мавриди пардохти нопурраи суди сахмияхо карор кабул шуда бошад. Хукуки сахмдорон–сохибони сахмияхои чамъшавандаи (кумулятивии) имтиёзноки намуди муайян чихати иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон аз лахзаи пардохти хамаи  суди сахмияхои аз руи сахмияхои зикргардида чамъшуда дар хачми пурра катъ мегардад.
  3. Агар тибки оинномаи чамъияти сахоми имконияти ба сахмияхои одди табдил намудани сахмияхои муайян пешбини шуда бошад, оинномаи чамъияти сахоми метавонад оид ба сахмияхои имтиёзноки намуди муайян хукуки овоздихиро пешбини намояд. Хамзамон сохиби чунин сахмияи имтиёзнок дорои микдори овозхое мебошад, ки аз микдори овозхо оид ба сахмияхои одди, ки дар он метавонад сахмияи имтиёзноки марбути у табдил  шавад, бештар набошад.

Имтиёзи хар як намуди сахмияхои имтиёзнок бояд хангоми барориши онхо дар эъломияи барориши ин сахмияхо муайян гардида, тибки оинномаи чамъияти сахоми танзим шавад. Дар сурати дар оиннома мавчуд набудани чунин мукаррарот хамаи сахмияхои имтиёзнок сахмияхои хамон як намуд ба хисоб мераванд.

  1. Хама гуна тагйироти оиннома, ки хукуки сохибони сахмияхои имтиёзноки намуди алохидаро махдуд месозад, метавонад аз чониби Мачлиси умумии сахмдорон танхо бо шарте кабул гардад, ки сахмдорони дорои на камтар аз чор се хиссаи микдори умумии сахмияхои хамин намуд барои кабули махдудиятхои зикргаршуда овоз дода бошанд. Дар акси хол карори Мачлиси умумии сахмдорон аз лахзаи кабул гардиданаш беэътибор дониста мешавад.

 

Моддаи 25. Сахмияхои пахнкардашуда ва эълоншудаи чамъияти сахоми

  1. Тибки оинномаи чамъияти сахоми бояд микдор, арзиши номиналии сахмияхои бадастовардаи сахмдорон (сахмияхои пахнкардашуда) ва хукуки фарохамовардаи сахмияхо муайян гардад. Сахмияхои бадастоварда ё аз нав харидаи чамъияти сахоми, инчунин сахмияхои чамъияти сахоми, ки хукуки моликияти онхо мутобики моддаи 27 хамин Конун ба чамъияти сахоми гузаштааст, то пардохтани арзиши онхо пахнкардашуда ба хисоб мераванд ва суди сахмия мутобики кисми 1 моддаи 27 пардохта намешавад.

Тибки оинномаи чамъияти сахоми микдор, арзиши номинали, намуди (навъи) сахмияхоро чамъияти сахоми хукук дорад ба таври иловаги ба сахмияхои пахнкардашуда (сахмияхои эълоншуда) хамрох намояд ва хукуки фарохамовардаи ин сахмияхоро муайян кунад. Хангоми дар оинномаи чамъияти сахоми мавчуд набудани ин мукаррарот чамъияти сахоми хукук надорад сахмияхои иловагиро пахн намояд.

Мутобики оиннома чамъияти сахоми метавонад тартиб ва шартхои пахн кардани сахмияхои эълоншударо муайян кунад.

  1. Карори ба оинномаи чамъияти сахоми ворид намудани тагйиру иловахои вобаста ба мукаррароти пешбининамудаи хамин модда дар хусуси сахмияхои эълоншудаи чамъияти сахоми, ба истиснои тагйироти вобаста ба кам кардани шумораи онхо оид ба натичаи пахн намудани сахмияхои иловаги аз чониби Мачлиси умумии сахмдорон кабул карда мешавад.
  2. Дар сурати аз чониби чамъияти сахоми пахн кардани вомбаргхои ба сахмияхои намуди (навъи) муайян табдилшаванда микдори эълонгардидаи сахмияхои ин намуд (навъ) бояд на камтар аз микдоре бошад, ки барои табдил дар чараёни мухлати муомилоти ин вомбаргхо заруранд.

Чамъияти сахоми хак надорад дар мавриди тагйир додани хукуки ба сахмияхо додашуда, ки онхо метавонанд ба когазхои киматноки пахнкардаи чамъияти сахоми  табдил карда шаванд, карор кабул намояд.

 

Моддаи 26. Вомбаргхои чамъияти сахоми

  1. Чамъияти сахоми хукук дорад бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи когазхои киматнок вомбаргхо пахн кунад.
  2. Вомбаргхо аз чониби чамъияти сахоми бо карори Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми пахн карда мешавад, ба шарте ки дар оинномаи чамъияти сахоми тартиби дигаре  пешбини нашуда бошад.

Вомбаргхои ба сахмияхо табдилшаванда бояд бо карори Мачлиси умумии сахмдорон аз чониби чамъияти сахоми пахн карда шаванд, агар дар оинномаи чамъияти сахоми дигар холатхо пешбини нашуда бошад.

  1. Вомбарг хукуки сохиби онро чихати дар мухлатхои мукарраргардида талаб намудани пардохти арзиши вомбаргхо (пардохти арзиши номинали ё арзиши номинали ва фоиз) тасдик менамояд.

Дар карори барориши вомбаргхо бояд тарз, мухлат ва дигар шартхои пардохти арзиши вомбаргхо муайян карда шаванд.

Вомбаргхо бояд дорои арзиши номинали бошанд. Арзиши номиналии хамаи вомбаргхои баровардаи чамъияти сахоми набояд аз хачми сармояи оинномавии чамъияти сахоми ё хадди ба чамъияти сахоми барои максадхои барориши вомбаргхо фарохамовардаи шахсони сеюм бештар бошад. Пахн кардани вомбаргхо аз чониби чамъияти сахоми баъди пурра пардохтани сармояи оинномавии чамъияти сахоми ичозат дода мешавад.

Чамъияти сахоми метавонад вомбаргхои дорои мухлати пардохти хамзамон ё вомбаргхоеро фурушад, ки пардохташон тибки силсила (серия) дар мухлатхои муайян анчом дода мешавад.

Вомбаргхо бо карори барориши онхо ба пул фурухтаё ба дигар молумулк иваз кардамешаванд.

Чамъияти сахоми хукук дорад вомбаргхои бо гарави молу мулки муайяни чамъияти сахоми таъмингардида ё вомбаргхои тахти таъминотро, ки шахсони сеюм ба чамъияти сахоми барои максадхои барориши вомбаргхо фарохам овардаанд ё вомбаргхои бетаъминотро пахн кунад.

Пахн кардани вомбаргхои бетаъминот на барвактар аз соли сеюми мавчудияти чамъияти сахоми ва бо шарти то ин муддат ба таври матлуб ташаккул ёфтани ду тавозуни солонаи чамъияти сахоми ичозат дода мешавад.

Вомбаргхо когазхои киматноки номи (унвони) ва манзури мебошанд. Вомбарги гумшударо чамъияти сахоми бо пардохти маблаги кобили кабул аз нав баркарор месозад. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №585).

Чамъияти сахоми хукук дорад имконияти пеш аз мухлат пардохтани арзиши  вомбаргхоро бо хохиши сохибони онхо пешбини намояд. Зимнан дар карори барориши вомбаргхо бояд арзиши пардохт ва мухлате, ки пештар аз он барои пардохти пеш аз мухлат пешниход карда намешавад, муайян гардад.

  1. Агар микдори сахмияхои намуд ва навъхои муайяни эълоннамудаи чамъияти сахоми нисбат ба микдори чунин намуд ва навъе, ки хукуки ба даст овардани онхоро чунин когазхои киматнок фарохам меоваранд, камтар бошад, чамъияти сахоми хукук надорад вомбаргхои ба сахмияхои чамъияти сахоми табдилшавандаро пахн кунад.

 

Моддаи 27. Пардохти сахмияхо ва вомбаргхои чамъияти сахоми  хангоми пахн кардани онхо

  1. Сахмияхои чамъияти сахоми, ки хангоми таъсиси он таксим шудаанд, бояд дар давоми як сол аз лахзаи бакайдгирии давлатии чамъияти сахоми пурра пардохта шаванд, агар дар шартнома оид ба таъсиси чамъияти сахоми мухлати камтар пешбини нашуда бошад.

Сахмияи марбути муассиси чамъияти сахоми то лахзаи пардохти пурраи он хукуки овозро надорад, агар дар оинномаи чамъияти сахоми тартиби дигаре  пешбини нашуда бошад.

Дар сурати пардохти нопурраи сахмияхо дар давоми мухлати мукаррарнамудаи банди якуми хамин кисм, хукуки моликияти ба сахмия, ки нархи пахн кардани он ба маблаги пардохтнашуда баробар аст (арзиши молу мулке, ки барои пардохти сахмия интикол наёфтааст) ба ихтиёри чамъияти сахоми мегузарад. Дар шартномаи таъсиси чамъияти сахоми метавонад барои ичро нанамудани ухдадори оид ба пардохти сахмияхо ситонидани ноустуворона (чарима, пеня) пешбини карда шавад.

Сахмияхое ки хукуки моликияти онхо ба чамъияти сахоми гузаштаасту хукуки овоз надоранд, хангоми овоздихи ба хисоб гирифта намешаванд ва вобаста ба онхо  суди сахмияхо  хисоб карда намешавад. Чунин сахмияхоро бояд чамъияти сахоми бо нархи на пасттар аз арзиши номинали дар мухлати на дертар аз як соли ба даст оварданаш фурушад. Дар акси хол чамъияти сахоми бояд дар бораи кам кардани сармояи оинномавии худ карор кабул кунад. Агар чамъияти сахоми дар мухлати 90 руз дар бораи кам кардани сармояи оинномавии худ карор кабул накунад, макомоти бакайдгирии давлатии шахси хукуки ё дигар макомоти давлати, ки ба онхо барои пешниходи чунин талабот конун хукук додааст, хак доранд чихати бархамдихии чамъияти сахоми ба суд талабот пешниход намоянд.

Сахмияхои иловаги ва вомбаргхои чамъияти сахоми бо рохи обуна, бо шарти пардохти арзиши пурраи онхо пахн карда мешаванд.

  1. Арзиши сахмияхое, ки хангоми таъсиси чамъияти сахоми байни муассисони чамъияти сахоми таксим мегарданд, сахмияхои иловагие, ки тавассути обуна пахн карда мешаванд, метавонанд бо пул, когазхои киматнок, дигар молу мулк ё хукукхои молумулки ё дигар хукукхои дорои арзиши пули пардохташаванд. Шакли пардохти арзиши сахмияхои чамъияти сахоми хангоми таъсиси он аз чониби муассисони чамъияти сахоми ваарзиши сахмияхои иловаги бошад,  тибки карор дар бораи пахн кардани онхо муайян мегардад. Пардохти арзиши дигар вомбаргхо метавонад  танхо бо пул анчом дода шавад.

Оинномаи  чамъияти сахоми метавонад барои намудхои молу мулк, ки бо он арзиши сахмияхои чамъияти сахоми пардохта мешаванд, махдудиятхо пешбини намояд.

  1. Арзиши пулии молу мулке, ки барои пардохти арзиши сахмияхо хангоми таъсиси чамъияти сахоми гузаронида мешавад, тибки созишномаи байни муассисон бо пул киёс карда мешавад.

Хангоми бо пул напардохтани арзиши сахмияхои иловаги арзиши молу мулки барои пардохти кимати сахмияхо гузаронидашаванда аз чониби Шурои директорон (Шурои нозирон) бо пул хисоб карда мешавад. Хангоми бо пул напардохтани арзиши сахмияхо чихати муайянсозии арзиши бозории чунин молу мулк бояд нархгузори мустакил ё аудитор чалб карда шавад. Арзиши пулии молу мулк, ки муассисони чамъияти сахоми ва Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми муайян сохтаанд, наметавонад аз арзиши муайянкардаи нархгузори мустакил ё аудитор бештар бошад.

Аз ухдадории пардохти арзиши сахмияхои чамъияти сахоми озод кардани сахмдорон, инчунин бо рохи бахисобгирии даъвои молумулки ба чамъияти сахоми аз ин ухдадори озод кардани у рох дода намешавад.

 

Моддаи 28. Фондхои чамъияти сахоми

  1. Дар чамъияти сахоми тибки хачм ва тартиби пешбининамудаи оинномаи чамъияти сахоми фонди захирави, инчунин дигар фондхо таъсис дода мешаванд.
  2. Фонди захиравии чамъияти сахоми бо рохи маблаггузаронии хатмии харсола то расидан ба хачми мукаррарнамудаи оинномаи чамъияти сахоми ташаккул меёбад. Хадди нихоии фонди захирави ва андозаи маблаггузаронии харсоларо Мачлиси умумии сахмдорон мукаррар мекунад.

Фонди захиравии чамъияти сахоми, хангоми мавчуд набудани дигар маблагхо, барои пушонидани зарари он, инчунин барои пардохтани арзиши вомбаргхои чамъияти сахоми ва аз нав харидани сахмияхои чамъияти сахоми мукаррар гардидааст.

  1. Тибки оинномаи чамъияти сахоми аз фоидаи софмумкин аст фонди махсуси сахмиядоргардонии кормандони чамъияти сахомипешбини шавад. Маблаги он танхо барои харидории сахмияхои чамъияти сахоми, ки сахмдорони хамин чамъияти сахоми мефурушанд, чихати минбаъд ба кормандон фурухтани онхо сарф карда мешавад.

Хангоми ба кормандон ба пул фурухтани сахмияхои чамъияти сахоми, ки аз хисоби маблаги фонди сахмиядоргардонии кормандони чамъияти сахоми ба даст омадааст, маблаги чамъшуда барои ташаккули фонди зикршуда ирсол мегардад.

 

Моддаи 29. Дороии софи чамъияти сахоми

  1. Арзиши дороии софи чамъияти сахоми аз руи маълумоти бахисобгирии мухосибави тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хисоб карда мешавад.
  2. Агар баъди хатми соли дуюм ва хар як соли навбатии молияви мутобики тавозуни солонаи мухосибави, ки барои тасдик ба сахмдорони чамъияти сахоми  пешниход шудааст ё дар натичаи тафтишхои аудитори арзиши дороии софи чамъияти сахоми  камтар аз сармояи оинномави бошад, чамъияти сахоми  вазифадор аст дар мавриди кам кардани сармояи оинномавии худ то хадде, ки аз арзиши дороии софи он бештар нест, эълон кунад.
  3. Агар баъди хатми соли дуюм ва хар соли навбатии молияви мутобики тавозуни солонаи мухосибави, ки барои тасдик ба сахмдорони чамъияти сахоми  пешниход шудааст ё дар натичаи тафтишхои аудитори арзиши дороии софи чамъияти сахоми  камтар аз хадди акалли сармояи оинномави бошад, ки дар моддаи 17 хамин Конун зикр шудааст, чамъияти сахоми вазифадор аст дар Мачлиси умумии  солонаи сахмдорон  дар мавриди бархамдихии худ карор кабул кунад.
  4. Агар дар холатхои пешбининамудаи кисмхои 2 ва 3 хамин модда чамъияти сахоми  дар мухлати 90 руз дар мавриди кам кардани сармояи оинномавии худ ё бархамдихи карор кабул накунад, кредиторон хукук доранд аз чамъияти сахоми  катъи пеш аз мухлат ё ичрои ухдадорихо ва товони зарарро талаб намоянд. Дар ин холат макомоте, ки шахсони хукукиро ба кайди давлати мегирад ё дигар макомоти давлатие, ки барояшон хукуки пешниходи чунин талабот тибки Конунимазкур фарохам оварда шудааст, хукук дорад дар мавриди бархамдихии  чамъияти сахоми  ба суд талабот пешниход намоянд.

 

БОБИ 5. ПАХН  КАРДАНИ САХМИЯХО ВА ВОМБАРГХО АЗ ЧОНИБИ ЧАМЪИЯТИ САХОМИ

 

Моддаи 30. Нархи пахн кардани сахмияхои чамъияти сахоми

  1. Хангоми таъсиси чамъияти сахоми арзиши сахмияхо аз чониби муассисони он бо нархи на камтар аз арзиши номиналии онхо пардохта мешавад.

Пардохти сахмияхои иловагии чамъияти сахоми, ки тавассути обуна пахн карда шудаанд, аз руи нархи муайяннамудаи Мачлиси умумии сахмдорон тибки моддаи 79 Конуни мазкур, вале на камтар аз арзиши номиналии онхо пардохта мешавад.

  1. Бо карори Шурои директорон (Шурои нозирон) нархи сахмияхои иловагии ба сахмдорони чамъияти сахоми пахнкардашаванда хангоми бо хукуки афзалиятнок ба даст овардани сахмияхо метавонад аз нархи пахн кардани онхо барои дигар шахсон камтар, вале на бештар аз 10 фоиз бошад.

Хачми подоши хизматонаи миёнарав, ки дар пахн кардани сахмияхои иловагии чамъияти сахоми  тавассути обуна иштирок намудааст, набояд бештар аз 10 фоизи нархи сахмияхои пахнкардашуда бошад.

 

Моддаи 31. Тартиби ба сахмияхо табдил додани вомбаргхои чамъияти сахоми

  1. Тартиби табдили вомбаргхои чамъияти сахоми ба сахмияхо чунин мукаррар мегардад:

– тавассути оинномаи чамъияти сахоми – нисбат ба табдили сахмияхои имтиёзнок;

– бо карор дар мавриди барориш мутобики моддаи 26 Конуни мазкур – нисбат ба  табдили вомбаргхо.

Сахмияхои чамъияти сахоми дар доираи микдори эълоншудаи сахмияхо, ки барои ба онхо табдил намудани сахмияхо ва вомбаргхои табдилшавандаи пахнкардаи чамъияти сахоми заруранд, танхо бо рохи чунин  табдил пахн карда мешаванд.

  1. Шарт ва тартиби  табдили сахмияхо ва вомбаргхои чамъияти сахоми  хангоми азнавташкилдихии он тибки карорхо ва шартномахои дахлдор мувофики хамин Конун муайян карда мешавад.

 

Моддаи 32. Нархи пахн кардани вомбаргхо

  1. Вомбаргхои чамъияти сахоми, ки бо рохи обуна пахн карда шудаанд, аз руи нархи муайянкардаи Мачлиси умуми тибки моддаи 79 Конуни мазкур пардохта шуда, он набояд аз арзиши номинали пасттар бошад. Хамзамон арзиши вомбаргхои ба сахмия  табдилшавандае, ки тавассути обуна пахн карда мешаванд, бо нархи на камтар аз арзиши номиналии сахмияхое, ки ба чунин вомбаргхо табдил мешаванд, пардохта мешавад.
  2. Нархи ба сахмдорони чамъияти сахоми пахн кардани вомбаргхои ба сахмия табдилшаванда хангоми бо хукуки афзалиятнок ба даст овардани чунин вомбаргхо метавонад аз нархи пахнкардаи онхо барои шахсони дигар пасттар, вале на бештар аз 10 фоиз бошад.

Хачми подоши (хизматонаи) миёнарав, ки дар пахн кардани вомбаргхо тавассути обуна иштирок намудааст, набояд бештар аз 10 фоизи нархи пахн кардани ин когазхои  киматнок бошад.

 

Моддаи 33. Тарзи аз чониби чамъияти сахоми пахн кардани сахмия ва вомбаргхои чамъияти сахоми

  1. Чамъияти сахоми  хукук дорад сахмияхои иловаги ва вомбаргхоро тавассути обуна ва табдил пахн намояд. Дар сурати зиёд кардани сармояи оинномавии чамъияти сахоми  аз хисоби молу мулкаш он  бояд  сахмияхои иловагиро бо рохи таксими онхо байни сахмдорон пахн намояд.
  2. Сахмияхои одди, ки беш аз 25 фоизи сахмияхои оддии каблан пахнкардаро ташкил медихад, танхо бо карори Мачлиси умумии сахмдорон, ки бо аксарияти аз чор се хиссаи овози сахмдорон – сохибони сахмияхои овоздори дар Мачлиси умумии сахмдорон иштирокдошта кабул карда шудааст, пахн карда мешавад, агар дар оинномаи чамъияти сахоми зарурати шумораи бештари овозхо барои кабули ин карор пешбини нашуда бошад.

Пахн намудани вомбаргхои ба сахмияхои одди табдилшаванда, ки метавонанд ба сахмияхои одди  табдил карда шаванд ва беш аз 25 фоизи сахмияхои оддии каблан пахнкардашударо ташкил медиханд, танхо бо карори Мачлиси умумии сахмдорон, ки бо аксарияти аз чор се хиссаи овози сахмдорон-сохибони сахмияхои овоздори дар Мачлиси умумии сахмдорон иштирокдошта кабул карда шудааст, анчом дода мешавад, агар дар оинномаи чамъияти сахоми зарурати шумораи бештари овозхо барои кабули ин карор пешбини нашуда бошад.

 

Моддаи 34. Таъмини хукуки сахмдорон хангоми пахн кардани сахмияхо ва вомбаргхои чамъияти сахоми, ки ба сахмияхо табдил дода мешаванд

  1. Сахмдорони чамъияти сахоми барои харидани сахмияхо ва вомбаргхои ба таври илова пахнкардашудаи ба сахмияхо табдилшаванда мутаносибан ба микдори сахмияхои ба онхо марбутаи хамин намуд (навъ) хукуки афзалиятнок доранд.
  2. Руйхати шахсоне, ки барои харидани сахмияхо ва вомбаргхои иловагии ба сахмияхо табдилшаванда хукуки афзалиятнок доранд, дар асоси маълумоти фехристи сахмдорон дар санаи кабули карор, ки барои пахн кардани сахмияхо ва вомбаргхои иловагии ба сахмияхо  табдилшаванда асос мебошад, тахия мегардад. Чихати тахияи руйхати шахсони дорои хукуки афзалиятнок барои харидани сахмияхо ва вомбаргхои иловагии ба сахмияхо  табдилшаванда дорандаи номиналии сахмияхо дар мавриди шахсоне, ки ба манфиати онхо у сахмияхоро сохиби мекунад, маълумот пешниход менамояд.

 

Моддаи 35. Тартиби татбики хукуки афзалиятноки ба даст даровардани сахмияхо ва вомбаргхое, ки ба сахмияхо табдил мешаванд

  1. Шахсоне, ки ба руйхати шахсони дорои хукуки афзалиятнокбарои ба даст овардани сахмияхо ва вомбаргхои иловагии ба сахмияхо  табдилшаванда дохиланд, бояд дар хусуси имконияти аз чониби онхо анчом додани хукуки афзалиятноки дар моддаи 34 хамин Конун пешбинишуда бо  тартиби пешбининамудаи Конуни мазкур оид ба гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон огох карда шаванд.

Огохинома бояд дар бораи микдори сахмия ва вомбаргхои  пахнкардашавандаи ба сахмия  табдилшаванда, нархи пахн кардани онхо ё тартиби муайян намудани нархи пахн кардан (аз чумла дар мавриди нархи пахн кардани онхо ё тартиби муайян намудани нархи пахн кардан ба сахмдорони чамъияти сахоми хангоми аз чониби онхо татбик намудани хукуки афзалиятноки ба даст овардани асхмияхо), тартиби муайян намудани микдори сахмияхо ва вомбаргхое, ки хар як сахмдор хукук дорад ба даст орад, мухлати амали хукуки афзалиятнок, ки наметавонад аз лахзаи ирсол (супурдан) ё нашри огохинома камтар аз 45 руз бошад, маълумотро дар бар гирад. Чамъияти сахоми хукук надорад то анчоми мухлати зикршуда сахмияхо ва вомбаргхои иловагии ба сахмияхо  табдилшавандаро ба шахсоне, ки ба руйхати шахсони дорои хукуки афзалиятноки бадастдарории  сахмияхо ва вомбаргхои иловагии ба сахмияхо  табдилшаванда дохил нашудаанд, пахн намояд.

  1. Шахси  дорои хукуки афзалиятнок барои ба даст овардани сахмияхо ва вомбаргхои иловагии ба сахмияхо  табдилшаванда хак дорад пурра ё кисман бо рохи ба чамъияти сахоми  пешниход намудани аризаи хатти дар мавриди ба даст овардани сахмияхо ва вомбаргхои ба сахмияхо  табдилшаванда ва хуччат оид ба пардохти арзишисахмияхо ва вомбаргхои ба даст овардашаванда, ки ба сахмияхо табдил мешаванд, аз хукуки афзалиятнок истифода барад. Ариза бояд номи (номгуйи) сахмдор, зикри махалли истикомат ва микдори сахмияхо ва вомбаргхои ба даст овардашавандаро дар бар гирад.

Агар кароре, ки барои пахн кардани сахмияхо ва вомбаргхои иловагии ба сахмияхо  табдилшаванда асос аст, бо пул напардохтани онхоро пешбини намояд, шахсони ба харидани сахмияхо ва вомбаргхо хукуки афзалиятнок дошта хак доранд бо салохдиди худ онхоро бо пул пардохт намоянд.

 

БОБИ 6.  СУДИ САХМИЯХОИ ЧАМЪИЯТИ САХОМИ

 

Моддаи 36. Тартиби аз чониби чамъияти сахоми пардохтани суди сахмия

  1. Чамъияти сахоми вазифадор аст соле на кам як маротиба (метавонад хар семоха ё нимсола) оид ба пардохти суди сахмияхо аз руи сахмияхои пахнкардашуда карор кабул кунад. Суди сахмияи эълонгардида аз руи хар намуди сахмия  пардохта мешавад.
  2. Суди сахмияхо аз фоидаисофи чамъияти сахоми  бо пули милли пардохта мешавад. Суди сахмияхои имтиёзноки навъхои муайян метавонад аз хисоби сармояи махсуси барои хамин максад таъингардидаи чамъияти сахоми  пардохта шавад.
  3. Карор дар мавриди пардохти суди сахмияхои солона (нимсола, семоха), андозаи  суди сахмия аз руи хар як намуди (навъи) сахмияхо аз чониби Мачлиси умумии сахмдорон кабул карда мешавад. Маблаги суди сахмия аз андозаи тавсиянамудаи Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми зиёд буда наметавонад.
  4. Мухлати пардохти  суди сахмияхо тибки оинномаи чамъияти сахоми  ё карори Мачлиси умумии сахмдорон дар хусуси пардохти  суди сахмияхо муайян карда мешавад. Агар дар оинномаи чамъияти сахоми  ё карори Мачлиси умумии сахмдорон санаи пардохти  суди сахмияхо муайян нашуда бошад, мухлати пардохти он набояд аз рузи кабули карор дар хусуси пардохти  суди  сахмияхо аз 90 руз бештар бошад.

Руйхати шахсоне, ки барои гирифтани  суди  сахмияхо хукук доранд, дар санаи тахияи руйхати шахсоне, ки барои иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон хукук доранд, тартиб дода мешавад. Барои тахияи руйхати шахсони барои гирифтани  суди сахмияхо хукукдошта дорандаи номиналии сахмияхо дар мавриди шахсоне, ки у ба манфиати онхо сахмияхоро сохиби мекунад, маълумот пешниход менамояд.

 

Моддаи 37. Махдудиятхо барои пардохти  суди сахмияхо

  1. Чамъияти сахоми хукук надорад дар холатхои зайл оид ба пардохти суди сахмияхо карор кабул кунад (эълон намояд):

– то пурра пардохтани тамоми сармояи оинномавии чамъият;

– то харида гирифтани хамаи сахмияхое, ки  бояд мутобики моддаи 78 хамин Конун харидори шаванд;

– агар дар рузи кабули чунин карор чамъияти сахоми мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар мавриди муфлиси дорои аломатхои муфлиси бошад ё агар дар натичаи пардохти суди сахмияхо аломатхои зикршуда дар чамъияти сахоми  ба мушохида расанд;

– агар дар рузи кабули чунин карор арзиши дороиисофи чамъияти сахоми аз сармояи оинномави ва фонди захиравии он камтар бошад ё хачми онхо дар натичаи кабули чунин карор камтар гардад.

– дар дигар холатхои пешбининамудаи конунхоиЧумхурии Точикистон.

  1. Чамъияти сахоми хукук надорад дар мавриди пардохти суди сахмияхои одди ва сахмияхои имтиёзнок, ки хачми  суди сахмияхо нисбат ба онхо муайян нагардидааст, карор кабул кунад (эълон намояд), агар дар мавриди пардохти пурраи суди сахмияхои аз руи тамоми намудхои сахмияхои имтиёзнок, ки хачми суди сахмияхои онхо тибки оиннома муайян гардидааст, карор кабул нашуда бошад.

 

Моддаи 38. Навбати кабули карор оид ба пардохти  суди сахмия

  1. Чамъияти сахоми хукук надорад дар мавриди пардохти суди сахмияхои одди ва имтиёзнок, ки хачми суди сахмияхои онхо муайян нагардидааст, карор кабул кунад (эълон намояд), агар дар мавриди пардохти пурраи суди сахмияхо  (аз чумла пардохти пурраи хамаи  суди сахмияхои чамъшуда вобаста ба сахмияхои имтиёзноки кумулятиви) оид ба хамаи навъхои сахмияхои имтиёзнок, ки хачми  суди сахмияхои онхо тибки оиннома муайян гардидааст, карор кабул нашуда бошад.
  2. Чамъияти сахоми хукук надорад дар мавриди пардохти суди сахмияхои имтиёзноки намуди муайян, ки хачми суди сахмияхои онхо дар оинномаи чамъияти сахоми  муайян гардидааст, карор кабул кунад (эълон намояд), агар дар мавриди пардохти пурраи суди сахмияхо (аз чумла, пардохти пурраи хамаи суди сахмияхои чамъшудаи имтиёзноки кумулятиви) аз руи хамаи намудхои сахмияхои имтиёзнок, ки хангоми навбати гирифтани суди сахмияхои имтиёзноки хамин навъ имтиёз медихад, карор  кабул нашуда бошад.

 

Моддаи 39. Рад кардан ё аз нав шуруъ намудан ба пардохти суди сахмияхо

  1. Чамъияти сахоми хукук надорад суди сахмияхои эълоншударо дар холатхои зайл пардозад:

– агар дар рузи кабули чунин карор чамъияти сахоми мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи муфлиси дорои аломатхои муфлиси бошад ё агар дар натичаи пардохти  суди сахмияхо аломатхои зикршуда дар чамъияти сахоми  ба мушохида расанд;

– агар дар рузи пардохт арзиши дороии софи чамъияти сахоми  аз сармояи оинномави, сармояи эхтиёти камтар бошад ва арзиши бархамдихии сахмияхои имтиёзноки фурухташуда аз арзиши номиналии муайяннамудаи оинномаи чамъияти сахоми баландтар бошад ё дар натичаи пардохти суди сахмияхо аз маблаги мазкур камтар гардад;

– дар дигар холатхои пешбининамудаи конунгузории ЧумхурииТочикистон.

  1. Бо катъ гардидани холатхои дар хамин модда зикргардида чамъияти сахоми вазифадор аст дар мухлати на дертар аз 30 руз ба сахмдорон  суди эълоншударо пардозад.

 

Моддаи 40. Тартиби анчом додани пардохтхо вобаста ба вомбаргхои чамъияти сахоми

  1. Чамъияти сахоми  ухдадор аст вобаста ба шартхои тартиби барориш ва хариди вомбаргхо фоидаашонро пардозад.
  2. Ба гирифтани фоида шахсоне хукук доранд, ки вомбаргхоро на камтар аз 10 руз то санаи  пардохти он  харидаанд.

 

БОБИ 7. ФЕХРИСТИ САХМДОРОНИ ЧАМЪИЯТИ САХОМИ

 

Моддаи 41. Фехристи сахмдорони чамъияти сахоми

  1. Фехристи сахмдорони чамъияти сахоми  аз чониби дорандаи фехрист пеш бурда мешавад. Дар холатхои истиснои макоми ваколатдори танзими бозори когазхои киматнок метавонад фехристи сахмдорони чамъиятхои сахомиеро, ки дар он хиссаи давлат мавчуд мебошад ва тибки  фаъолияти худ иншоотхои мухим ба хисоб мераванд, пеш барад. (К ЧТ аз 5.08.09с, №541).
  2. Дар фехристи сахмдорони чамъияти сахоми  маълумот дар бораи хар шахси ба кайд гирифташуда, микдор ва намуди (навъи) сахмияхо, ки ба номи хар шахси ба кайд гирифташуда сабт шудааст, инчунин дигар маълумоти пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон зикр карда мешавад.
  3. Чамъияти сахомии пушида хукук дорад худаш пешбурд ва нигахдории фехристи сахмдоронро таъмин намояд ё пешбурд ва нигахдории фехристро ба дорандаи фехрист супорад.
  4. Шахси дар фехристи сахмдорони чамъияти сахоми ба кайд гирифташуда вазифадор  аст дар мухлати 5 руз  ба дорандаи фехрист  дар бораи тагийр ёфтани маълумоти худ иттилоъ дихад. Дар мавриди пешниход накардани иттилоот оид ба тагйирот дар бораи маълумоти худ чамъияти сахоми ва дорандаи фехрист барои зарари вобаста ба ин расонидашуда масъулият надоранд.

 

Моддаи 42. Ворид намудани сабтхо ба фехристи сахмдорони чамъияти сахоми

  1. Сабтхо ба фехристи сахмдорони чамъияти сахоми, ки  ба сахмияхо гузаштани хукуки моликиятро собит месозанд, вогузоштани хукук ба сахмияхо аз чониби сохиби он ба дорандаи номинали (ва амалиёти мутакобила), ба замонат додани сахмияхо ё катъи замонат, табдили вомбаргхо ба сахмияхо, инчунин дигар тагйирот бо талаби сахмдор ё дорандаи номиналии сахмияхо дар давоми се рузи пешниходи хуччатхои пешбининамудаи санадхои меъёрии хукукии макоми ваколатдор ворид карда мешаванд.
  2. Ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба ворид нанамудани сабт ба фехристи сахмдорони чамъияти сахоми  ичозат дода намешавад. Хангоми ворид нанамудани сабт ба фехристи сахмдорони чамъияти сахоми дорандаи фехрист дар  давоми 5 рузи пешниходи талабот дар бораи ворид намудани сабт ба фехристи сахмдорони чамъияти сахоми ба шахсе, ки ворид намудани сабтро талаб мекунад, дар хусуси ворид нанамудани сабт огохиномаи асоснокро ирсол медорад.

Дар хусуси ворид нанамудани сабт ба фехристи сахмдорони чамъияти сахоми ё саркаши аз он ба суд шикоят кардан мумкин аст. Бо карори суд дорандаи фехристи чамъияти сахоми вазифадор аст ба фехристи зикргардида сабти дахлдорро ворид намояд.

  1. Дорандаи фехристи сахмдорони чамъияти сахоми бо талаби сахмдор ё дорандаи номиналии сахмияхо вазифадор аст хукуки уро ба сахмияхо бо  додани нусхаи сабт  аз фехристи сахмдорони чамъияти сахоми, ки когази киматнок намебошад, тасдик намояд.

 

БОБИ 8. ИДОРАКУНИ ДАР ЧАМЪИЯТИ САХОМИ

 

Моддаи 43. Макомоти чамъияти сахоми

Макомоти чамъияти сахоми инхоянд:

– макоми оли – Мачлиси умумии сахмдорон;

– макоми идора – Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми;

– макоми ичроия – директор, директори генерали, раёсат, маъмурият;

– макоми назорати – комиссияи тафтишоти  (ревизор);

– макомоти дигар мутобики оиннома ва конунхои Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи 44. Мачлиси умумии сахмдорон

  1. Мачлиси умумии сахмдорон макоми олии идораи чамъияти сахоми мебошад.
  2. Чамъияти сахоми вазифадор аст хар сол Мачлиси умумии  сахмдоронро доир намояд.

Мачлиси умумии солонаи сахмдорон дар мухлатхои мукаррарнамудаи оинномаи чамъияти сахоми, вале на барвактар аз 2 мох ва на дертар аз 6 мохи баъди соли молияви гузаронида мешавад. Мачлисхои умумии сахмдорон ба гайр аз Мачлиси солона гайринавбати ба хисоб мераванд. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №585).

  1. Дар чамъияти сахоми, ки хамаи сахмияхои овоздор ба як сахмдор тааллук доранд, карорхо оид ба масъалахои марбути салохияти Мачлиси умумии сахмдорон аз чониби хамин сахмдор шахсан кабул гардида, хатти ба расмият дароварда мешавад. Хамзамон мукаррароти боби мазкур, ки тартиб ва мухлати омодасози, даъват ва гузаронидани Мачлиси умумии сахмдоронро муайян менамояд, ба истиснои мукаррароти вобаста ба мухлати гузаронидани Мачлиси умумии солонаи сахмдорон татбик намегарданд.

 

Моддаи 45. Салохияти Мачлиси умумии сахмдорон

  1. Ба салохияти Мачлиси умумии сахмдорон инхо мансубанд:

– ворид намудани тагйиру иловахо ба оинномаи чамъияти сахоми;

– азнавташкилдихии ихтиёрии чамъияти сахоми;

– бархамдихии чамъияти сахоми, таъини комиссияи бархамдихи ва тасдики тавозуни фосилавива нихоии бархамдихи;

– муайян намудани шумораи аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони)  чамъияти сахоми, интихоби аъзои он ва пеш аз мухлат катъ намудани ваколатхои онхо;

– муайян намудани микдор, арзиши номинали, намуди (навъи) сахмияхои эълоншуда ва вомбаргхо ва хамчунин хукукхое, ки ба ин сахмияхо ва вомбаргхо дода шудааст;

– зиёд кардани сармояи оинномавии чамъияти сахоми  бо рохи зиёд кардани арзиши номиналии сахмияхо ё бо рохи пахн кардани сахмияхои иловаги;

– кам кардани сармояи оинномавии чамъият бо рохи кам кардани арзиши номиналии сахмияхо, бо рохи як кисми ин сахмияхоро бо максади кам кардани микдори умумии онхо харидани чамъияти сахоми ва инчунин бо рохи пардохтани арзиши сахмияхои ба дастоварда ё азнавхаридаи чамъияти сахоми;

– таъсиси макомоти идоракунии чамъияти сахоми, тасдики низомномахои онхо, пеш аз мухлат катъ намудани ваколатхои онхо, агар бо оинномаи чамъияти сахоми тибки Конуни мазкур халли ин масъалахо ба салохияти Шурои директорон (Шурои нозирон) вогузор нашуда бошад; (К ЧТ аз 12.01.2010с, №585).

– тасдики аудитори чамъияти сахоми ва подошпулии он. Интихоби Комиссияи тафтишоти;

– тасдики хисоботи солона, хисоботи мухосибави, аз чумла хисобот дар мавриди фоида ва зарари (хисоби даромад ва зарар) чамъияти сахоми, инчунин таксими фоида, аз чумла пардохти (эълони) суди сахмияхо ва товони  зарари чамъияти сахоми аз руи натичахои соли молияви;

– тасдики дастури кори Мачлиси умумии сахмдорон;

– интихоби аъзои комиссияи бахисобгири ва пеш аз мухлат катъ намудани ваколатхои онхо;

– кабули карор дар бораи маъкул донистани ахдхо дар холатхои пешбининамудаи моддахои 81 ва 85 хамин Конун;

– аз чониби чамъияти сахоми харидании сахмияхои пахнкардашуда дар холатхои пешбининамудаи хамин Конун;

– кабули карор дар бораи иштироки чамъияти сахоми дар таъсис ё фаъолияти дигар шахсони хукуки бо рохи супурдани як ё якчанд кисми дорои ба маблаге, ки дар мачмуъ 25 фоиз ё бештари хамаи дороии чамъияти сахомиро ташкил медихад;

– тасдики хуччатхои дохилии чамъияти сахоми, инчунин дигар хуччатхои дохилии чамъияти сахоми, ки тасдики онхо мутобики оинномаи чамъият тахти салохияти Мачлиси умумии сахмдорон карор дорад;

– пардохти суди (дивиденди) сахмия;

– дигар масъалахое, ки тибки хамин Конун салохияти Мачлиси умуми мебошанд.

  1. Масъалахои марбут ба салохияти Мачлиси умумии сахмдорон наметавонанд чихати хал ба макоми ичроияи чамъияти сахоми ирсол гарданд.

Мачлиси умумии сахмдорон хукук надорад масъалахои тибки хамин Конун тахти салохияташ карорнадоштаро барраси намояд ва вобаста ба онхо карор кабул кунад.

 

Моддаи 46. Мачлиси умумии гайринавбатии сахмдорон

  1. Мачлиси умумии гайринавбатии сахмдорон бо карори Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми бо ташаббуси худи Шуро, бо талаби Комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъияти сахоми, аудитори чамъияти сахоми, инчунин бо талаби сахмдорон (сахмдор), ки сохиби на камтар аз 10 фоизи сахмияхои овоздори чамъияти сахоми  дар санаи пешниходи талабот мебошанд, доир мегардад.
  2. Мачлиси умумии гайринавбатии сахмдорон, ки бо талаби Комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъияти сахоми, аудитори чамъият ё сахмдорони (сахмдори) дорои на камтар аз 10 фоизи сахмияхои овоздори чамъияти сахоми  даъват мегардад, бояд дар давоми 30 руз аз лахзаи пешниходи талабот оид ба доир намудани Мачлиси умумии гайринавбатии сахмдорон гузаронида шавад.
  3. Дар холатхое, ки мутобики моддахои 68-70 хамин Конун Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми вазифадор аст дар бораи гузаронидани Мачлиси умумии гайринавбатии сахмдорон карор кабул намояд. Чунин Мачлиси умумии сахмдорон бояд дар давоми 45 рузи аз лахзаи кабул шудани карор аз чониби Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми гузаронида шавад. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №585).
  4. Дар талабот оид ба гузаронидани Мачлиси умумии гайринавбатии сахмдорон бояд масъалахое ба рузномаи мачлис дохил шаванд, ки мутобики талаботи моддаи 49 хамин Конун бошанд.
  5. Агар талабот дар мавриди даъвати Мачлиси умумии гайринавбатии сахмдорон аз чониби сахмдорон (сахмдор) пешниход шуда бошад, он бояд номи (номгуйи) сахмдоронро (сахмдорро), ки даъвати чунин мачлисро талаб намудаанд ва зикри микдор ва намуди (навъи) сахмияхои ба онхо (он) марбутаро дар бар гирад.

Талаб оид ба Мачлиси умумии гайринавбатии сахмдорон аз чониби шахсоне (шахсе), ки даъвати Мачлиси умумии гайринавбатии сахмдоронро такозо намудаанд, имзо карда мешавад.

  1. Дар давоми 5 рузи пешниходи талаботи Комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъияти сахоми ё сахмдорони (сахмдори) дорои на камтар аз 10 фоизи сахмияхои овоздори чамъияти сахоми оид ба даъвати Мачлиси умумии гайринавбатии сахмдорон Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми бояд дар хусуси даъват кардан ё накардани Мачлиси умумии гайринавбатии сахмдорон карор кабул кунад.

Карор дар хусуси даъват накардани Мачлиси умумии гайринавбатии сахмдорон бо талабаи Комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъияти сахоми ё   сахмдорони (сахмдори) дорои на камтар аз 10 фоизи сахмияхои овоздори чамъияти сахоми  метавонад дар холати зайл кабул карда шавад, агар:

а) тартиби мукаррарнамудаи хамин модда оид ба пешниходи талабот дар мавриди даъвати Мачлиси умумии гайринавбатии сахмдорон риоя нагардида бошад;

б) сахмдороне (сахмдоре), ки даъвати Мачлиси умумии гайринавбатии сахмдоронро талаб намудаанд, сохиби микдори сахмияхои овоздори пешбининамудаи кисми 1 хамин модда набошанд;

в) хеч яке аз масъалахои чихати барраси ба рузномаи Мачлиси умумии гайринавбатии сахмдорон пешниходгардида тахти салохияти он набошад ва (ё) ба талаботи хамин Конун ва дигар санадхои меъёрии  хукуки мутобик набошад.

  1. Карори Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми  дар бораи даъвати Мачлиси умумии гайринавбатии сахмдорон ё карори асоснок дар хусуси даъват накардани он ба шахсоне, ки даъвати мачлисро такозо намудаанд, дар давоми се рузи кабули чунин карор фиристода мешавад.
  2. Оид ба карори Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми дар бораи даъват накардани Мачлиси умумии гайринавбатии сахмдорон ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 47. Даъвати Мачлиси умуми бо карори суд

  1. Дар сурати аз чониби Шурои директорон (Шурои нозирон) ё макоми ичроияи чамъияти сахоми (хангоми мавчуд набудани Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми) даъват накардани Мачлиси солона, гайринавбати ё Мачлиси такрории умумии сахмдорон ё саркаши аз гузаронидани он мачлис дар давоми 30 руз дар асоси карори суд даъват карда мешавад.
  2. Суд метавонад вакти муайян, махалли гузаронидани мачлис ва рузномаи онро муайян кунад, мазмуни огохиномаи ба сахмдорони чамъияти сахоми ирсолшавандаро мукаррар ва шартхои дигари барои ноил шудан ба максадхои Мачлиси умуми заруриро муайян созад.

 

Моддаи 48. Иттилоот дар бораи гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон

  1. Иттилоот дар бораи гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон бояд на дертар аз 20 руз, вале иттилоот дар бораи гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон, ки рузномаи он дорои масъалахои азнавташкилдихии чамъияти сахоми мебошад, дар мухлати на дертар аз 30 руз то санаи гузаронидани он пешниход карда шавад.

Дар холатхои пешбининамудаи кисми 2 моддаи 49 хамин Конун иттилоот дар бораи гузаронидани Мачлиси умумии гайринавбатии сахмдорон бояд дар мухлати на дертар аз 40 руз то санаи гузаронидани он пешниход гардад.

Дар мухлатхои зикргардида иттилоот оид ба гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон  бояд ба хар як шахсе, ки дар руйхати шахсони барои иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон хукукдошта зикр гардидааст, тавассути мактуби фармоиши фиристода шавад, ба шарте,ки дар оинномаи чамъияти сахоми усули дигари ирсоли чунин иттилоот дар шакли хатти пешбини нашуда бошад ё ба хар шахси зикргардида имзо мононда супурда шуда бошад, ё ин ки дар оинномаи чамъияти сахоми пешбини шуда, дар нашрияи барои хамаи сахмдорон дастрасе, ки оинномаи чамъияти сахоми муайян кардааст, чоп шуда бошад.

Чамъияти сахоми хукук дорад  сахмдоронро аз гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон аз тарики воситахои ахбори омма ба таври иловаги огох намояд.

  1. Дар иттилоот оид ба гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон ин чизхо бояд зикр гарданд:

– номи пурраи фирмавии чамъияти сахоми ва махалли чойгиршавии он;

– шакли гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон (мачлис ё овоздихии гоибона);

– сана, махал, вакти гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон  ва агар мутобики кисми 3 моддаи 59 хамин Конун бюллетенхои пуркардашуда ба чамъият ирсол гарданд – сурогаи почта, ки тавассути он метавон бюллетенхои пуркардашударо фиристод ё агар гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон дар шакли овоздихии гоибона сурат гирад, санаи ба охиррасии кабули бюллетенхо барои овоздихи ва сурогаи почта, ки тавассути он бюллетенхои пуркардашуда ирсол мегардад;

– санаи тахияи руйхати шахсоне, ки барои иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон хукук доранд;

– рузномаи Мачлиси умумии сахмдорон;

– тартиби шиносои бо иттилооте (маводе), ки бояд хангоми гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон пешниход гардад ва сурогае (сурогахое), ки тавассути вай бо он шинос шудан мумкин аст.

  1. Ба иттилооте (маводе), ки ба шахсони дорои хукуки иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон хангоми омодаги ба гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон бояд  пешниход гардад, хисоботи солонаи мухосибави, аз чумла, хулосаи аудитор, хулосаи Комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъияти сахоми оид ба натичахои тафтиши хисоботи солонаи мухосибави, маълумот дар бораи номзад (номзадхо) ба макоми ичроияи чамъияти сахоми, Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми, Комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъияти сахоми, Комиссияи бахисогирии чамъияти сахоми, лоихаи тагйиру иловахо, ки ба оинномаи чамъияти сахоми ворид карда мешаванд ё лоихаи оинномаи чамъияти сахоми  дар тахрири нав, лоихаи хуччатхои дохилии чамъияти сахоми, лоихаи  карорхои Мачлиси умумии сахмдорон, инчунин иттилооти (маводи) пешбининамудаи оинномаи чамъияти сахоми дохил мешаванд.

Номгуи иттилооти иловагие (маводе), ки барои пешниход ба шахсони дорои хукуки иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон  хангоми омодаги ба гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон заруранд, метавонад аз чониби макоми ваколатдор муайян карда шавад.

Иттилооти (маводи) пешбининамудаи хамин модда дар давоми 20 руз ва хангоми гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон, ки рузномаи он дорои масъалаи азнавташкилдихии чамъияти сахоми мебошад, дар  давоми 30 руз то гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон ба шахсони дорои хукуки иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон барои шиносои дар бинои макоми ичроияи чамъияти сахоми ва дигар чойхо, ки сурогаи онхо дар иттилоот оид ба гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон зикр шудаанд, бояд дастрас бошад. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №585).

Чамъияти сахоми вазифадор аст бо талаби шахси дорои хукуки иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон ба у нусхаи хуччатхои зикргардидаро фарохам орад. Маблаги пардохте, ки чамъияти сахоми  барои пешниходи нусхахои зикршуда меситонад, набояд аз харочоти тахияи онхо бештар бошад.

  1. Агар шахси дар фехристи сахмдорони чамъияти сахоми ба кайд гирифташуда дорандаи номиналии сахмияхо бошад, иттилоот дар бораи гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон  ба сурогаи дорандаи номиналии сахмияхо ирсол мегардад, ба шарте,ки дар руйхати шахсони дорои хукуки иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон сурогаи дигари почта, ки тибки он бояд иттилоот дар мавриди гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон ирсол гардад, зикр нашуда бошад. Хангоме, ки иттилоот дар мавриди гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон ба дорандаи номиналии сахмияхо ирсол шудааст, у бояд онро бо тартиб ва дар мухлати мукаррарнамудаи санадхои меъёрии макоми ваколатдор ё шартнома ба маълумоти мизочони худ расонад.

 

Моддаи 49. Пешниходот ба рузномаи Мачлиси умумии сахмдорон

  1. Сахмдороне (сахмдоре), ки дар мачмуъ сохиби на камтар аз 2 фоизи сахмияхои овоздори чамъияти сахоми мебошанд, хукук доранд ба рузномаи Мачлиси солонаи умумии сахмдорон масъала дохил намоянд ва номзадхоро ба Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми, макоми дастачамъии ичроия, Комиссияи тафтишоти (ревизорон) ва Комиссияи бахисобгирии чамъияти сахоми, ки шумораи онхо наметавонад аз микдори аъзои макоми дахлдор бештар бошад, инчунин ба мансаби макоми инфиродии ичроия пешниход кунанд. Чунин пешниходот бояд ба чамъияти сахоми дар мухлати на дертар аз 30 рузи баъди ба анчом расидани соли молияви ворид шавад, агар дар оинномаи чамъияти сахоми  мухлати дертар мукаррар нашуда бошад.
  2. Агар рузномаи пешниходшудаи Мачлиси умумии гайринавбатии сахмдорон  дорои масъалахои интихоби аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми буда, онхо бояд тавассути овоздихии кумулятиви интихоб гарданд, сахмдорони (сахмдори) чамъияти сахоми, ки дар мачмуъ сохиби на камтар аз 2 фоизи сахмияхои овоздори чамъияти сахоми мебошанд, хукук доранд номзадхоро барои интихоб ба Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми, ки шумораи онхо наметавонад аз шумораи аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми бештар бошад, пешниход кунанд. Чунин пешниходот бояд ба чамъияти сахоми дар мухлати на дертар аз 30 рузи баъди  ба анчом расидани соли молияви ворид шавад, агар дар оинномаи чамъияти сахоми мухлати дертар мукаррар нашуда бошад.
  3. Пешниходот дар бораи ворид намудани масъалахо ба рузномаи Мачлиси умумии сахмдорон ва дар мавриди пешбарии номзадхо дар шакли хатти, бо зикри номи (номгуйи) сахмдорони (сахмдори) онхоро пешниходнамуда, микдор ва намуди (навъи) сахмияхояшон пешкаш гардида,  онхоро бояд сахмдорон (сахмдор) имзо кунанд.
  4. Пешниходот дар бораи ворид намудани масъалахо ба рузномаи Мачлиси умумии сахмдорон бояд мухтавои хар як масъалаи пешниходшуда, пешниход дар мавриди пешбарии номзадхо бошад, номи хар як номзади пешниходшаванда, номи макомеро, ки барои интихоб дар он пешниход шудааст, инчунин дар хусуси у дигар маълумоти пешбининамудаи оиннома ё хуччати дохилии чамъияти сахомиро дар бар гирад. Пешниход дар мавриди ворид намудани масъалахо ба рузномаи Мачлиси умумии сахмдорон метавонад дорои мухтавои карор оид ба хар як масъалаи пешниходшаванда бошад.
  5. Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми хукук надорад ба мухтавои масъалахои барои ворид намудан ба рузномаи Мачлиси умумии сахмдорон пешниходшуда, инчунин мухтавои карорхо вобаста ба ин масъалахо тагйирот ворид намояд.

Ба гайр аз масъалахои ба рузномаи Мачлиси умумии сахмдорон  пешниходшуда, инчунин дар холатхои набудани чунин пешниходхо,  набудан ё шумораи нокифояи номзадхо, ки сахмдорон барои таъсиси макоми дахлдор пешниход намудаанд, Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми хукук дорад бо салохдиди худ ба рузномаи Мачлиси умумии сахмдорон масъалахо дохил кунад ё номзадхоро ба руйхати номзадхо ворид намояд.

 

Моддаи 50. Рад намудани пешниходот ба рузномаи  Мачлиси умумии сахмдорон

1.Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми, дар сурати мавчуд набудани Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми  шахс ё макоми муайяни чамъияти сахоми, ки оинномаи чамъияти сахоми муайян намудааст ва халлу фасли масъалаи гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон ва тасдики рузномаи он дар салохияти он аст, вазифадор аст пешниходоти воридшударо барраси намуда, дар хусуси ворид кардани онхо ба рузномаи Мачлиси умумии сахмдорон ё ворид накардани онхо ба рузномаи зикргардида дар мухлати на дертар аз 5 рузи баъди ба охиррасии мухлатхои мукаррарнамудаи кисмхои 1 ва 2 моддаи 49 хамин Конун карор кабул кунад. Масъалахои пешниходнамудаи сахмдорон (сахмдор) бояд ба рузномаи Мачлиси умумии сахмдорон, хамчунин номзадхои пешниходшуда ба руйхати номзадхо чихати овоздихи дар интихоботи макомоти дахлдори чамъияти сахоми,  ба истиснои холатхои зайл, ворид карда шавад, агар:

– сахмдорон (сахмдор) мухлати мукаррарнамудаи кисмхои 1 ва 2 моддаи 49 хамин Конунро риоя накарда бошанд;

– сахмдорон (сахмдор) сохиби микдори сахмияхои овоздори дар кисмхои 1 ва 2 моддаи 49 хамин Конун пешбининамудаи чамъияти сахоми набошанд;

– пешниход чавобгуи талаботи пешбининамудаи кисмхои 3 ва 4 моддаи 49 Конуни мазкур набошад;

– масъалаи барои ворид намудан ба рузномаи Мачлиси умумии сахмдорон пешниходшуда аз салохияти он набошад ва (ё) ба талаботи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукуки мувофик набошад.

2.Карори асосноки Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми дар хусуси ворид накардани масъалаи пешниходшуда ба рузномаи Мачлиси умумии сахмдорон ё дохил накардани номзад ба руйхати номзадхо чихати овоздихи дар интихоби макоми дахлдори чамъияти сахоми ба сахмдорон (сахмдор), ки ворид намудани масъаларо пешниход ё номзадро пешбари кардааст, дар мухлати на дертар аз 3 рузи  баъди кабули он фиристода мешавад.

Аз карори Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми дар бораи ворид накардани масъала ба рузномаи Мачлиси умумии сахмдорон  ё номзад ба руйхати номзадхо чихати овоздихи дар интихоби макоми дахлдори чамъияти сахоми, инчунин аз кабули карор саркаши кардани Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

 

Моддаи 51. Омодаги ба гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон

  1. Хангоми омодаги ба гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми инхоро муайян месозад:

– шакли гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон (мачлис ё овоздихии гоибона);

– сана, махал, вакти гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон ва дар холатхое, ки бюллетенхои пуркардашуда метавонанд ба чамъияти сахоми ирсол гарданд, сурогаи почта, ки тавассути он метавон бюллетенхои пуркардашударо фиристод ё дар сурате, ки Мачлиси умумии сахмдорон дар шакли овоздихии гоибона гузаронида шавад, санаи баохиррасии кабули бюллетенхо барои овоздихи ва сурогаи почта, ки тавассути он бюллетенхои пуркардашуда ирсол мегарданд;

– санаи тахияи руйхати шахсоне, ки барои иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон хукук доранд;

– рузномаи Мачлиси умумии сахмдорон;

– тартиби огох намудани сахмдорон дар мавриди гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон;

– номгуи иттилооте (маводе), ки бояд хангоми омодаги ба гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон ба онхо пешниход гардад ва тартиби пешниходи онхо;

– шакл ва матни бюллетени овоздихи хангоми овоз додан тавассути бюллетен.

  1. Ба рузномаи Мачлиси солонаи умумии сахмдорон бояд хатман масъалахои интихоби Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми, Комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъияти сахоми, тасдики аудитор, инчунин масъалахои пешбининамудаи сархати дахуми, кисми 1 моддаи 45 Конуни мазкур ворид карда мешавад.

 

Моддаи 52. Тартиби кабул кардани карори Мачлиси умумии сахмдорон

  1. Дар Мачлиси умумии сахмдорон шахсони зерин хукуки овоз доданро ба масъалахои вочиби овоздихи доранд:

– сахмдорон – сохибони сахмияхои оддии чамъияти сахоми;

– сахмдорон – сохибони сахмияхои имтиёзноки чамъияти сахоми дар холатхои пешбининамудаи хамин Конун.

Сахмияи овоздори чамъияти сахоми сахмияи одди ё сахмияи имтиёзноке мебошад, ки ба сахмдор – сохиби он хангоми халли масъалахои вочиби овоздихи хукуки овоздихиро фарохам меорад.

  1. Карори Мачлиси умумии сахмдорон оид ба масъалахои вочиби овоздихи бо аксарияти овози сахмдорон–сохибони сахмияхои овоздори чамъияти сахоми, ки дар мачлис иштирок намудаанд, кабул карда мешавад, агар Конуни мазкур барои кабули карор тартиби дигареро пешбини накарда бошад.

Хисоби овозхо дар Мачлиси умумии сахмдорон оид ба масъалахои вочиби овоздихи, ки хангоми халли онхо сахмдорон-сохибони сахмияхои одди ва сахмияхои имтиёзноки чамъияти сахоми хукуки овоздихи доранд, аз руи хамаи сахмияхои овоздор якчоя анчом дода мешавад, агар дар Конуни мазкур ё оинномаи чамъияти сахоми тартиби дигаре  пешбини нашуда бошад.

  1. Карор оид ба масъалахои дар сархатхои якум, дуюм, сеюм, шашум, хафтум ва шонздахуми кисми 1 моддаи 45 Конуни мазкур инъикосёфта аз чониби Мачлиси умумии сахмдорон бо аксарияти аз чор се хиссаи овози сахмдорон– сохибони сахмияхои овоздор, ки дар Мачлиси умумии сахмдорон  иштирок намудаанд, кабул карда мешавад.
  2. Тартиби аз чониби Мачлиси умумии сахмдорон  кабул кардани карор оид ба тартиби пешбурди Мачлиси умумии сахмдорон  тибки оинномаи чамъияти сахоми ё хуччатхои дохилии чамъияти сахоми, ки бо карори Мачлиси умумии сахмдорон  тасдик шудааст, мукаррар мегардад.
  3. Мачлиси умумии сахмдорон хукук надорад аз руи масъалахое, ки ба рузномаи мачлис дохил нашудаанд, карор кабул кунад, инчунин ба рузнома тагйирот ворид намояд. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №585).
  4. Карорхои кабулнамудаи Мачлиси умумии сахмдорон, инчунин натичаи овоздихи тибки тартиб ва мухлати пешбининамудаи Конуни мазкур ё оинномаи чамъияти сахоми ба маълумоти сахмдорон расонида мешавад.
  5. Кароре, ки мачлиси умумии сахмдорон бе иштироки сохиби  «сахмияи тиллои» кабул менамояд, эътибор надорад.  (К ЧТ аз 5.08.09с, №541).

8.Сахмдор хукук дорад нисбат ба кароре, ки Мачлиси умумии сахмдорон бо вайрон кардани талаботи Конуни мазкур, дигар  санадхои меъёрии хукуки, оинномаи чамъияти сахоми кабул намудааст, ба суд шикоят кунад, агар у дар Мачлиси умумии сахмдорон иштирок накарда бошад ё зидди кабули чунин карор, ки тибки он хукук ва манфиатхои конунияш риоя нашудаанд, овоз дода бошад. Чунин аризаро дар давоми шаш мох аз рузе, ки сахмдор огох шудааст ё бояд дар мавриди кабули чунин карор огох мешуд, ба суд пешниход кардан мумкин аст.

 

Моддаи 53. Мачлиси умумии сахмдорон дар  шакли овоздихии гоибона

  1. Карори Мачлиси умумии сахмдорон  метавонад бе гузаронидани мачлис (иштироки якчояи сахмдорон барои мухокимаи масъалаи рузнома ва кабули карор оид ба масъалахои вочиби овоздихи) тавассути овоздихии гоибона кабул карда шавад.
  2. Мачлиси умумии сахмдорон, ки рузномаи он масъалахои интихоби Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми, Комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъияти сахоми, тасдики аудитори чамъияти сахоми, инчунин масъалахои пешбининамудаи сархати дахуми кисми 1 моддаи 45 Конуни мазкурро дар бар мегирад, наметавонад дар шакли овоздихии гоибона гузаронида шавад. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №585).

 

Моддаи 54. Хукуки иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон

  1. Руйхати шахсони дорои хукуки иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон дар асоси маълумоти фехристи сахмдорони чамъияти сахоми тартиб дода мешавад.

Санаи тахияи руйхати шахсони дорои хукуки иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон наметавонад барвакттар аз санаи кабули карор оид ба гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон ва бештар аз 50 руз мукаррар карда шавад.

Дар холате, ки агар нисбати чамъият хукуки махсус оид ба иштироки Чумхурии Точикистон дар идоракунии чамъияти мазкур («сахмияи тиллои»)  истифода бурда шавад, ба руйхати мазкур инчунин намояндахои Чумхурии Точикистон дохил мешаванд.  (К ЧТ аз 5.08.09с, №541).

  1. Барои тахияи руйхати шахсони дорои хукуки иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон дорандаи номиналии сахмияхо дар рузи тахияи руйхат дар бораи шахсоне, ки сахмияхоро у ба манфиати онхо сохиби мекунад, маълумот пешниход менамояд.
  2. Руйхати шахсони дорои хукуки иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон номи (номгуйи) хар як чунин шахс, маълумоти барои хаммонандии у зарури, маълумот дар бораи микдор ва намуди  (навъи) сахмияхо, ки нисбат ба онхо хукуки овоздихи дорад, сурогаи почта, ки тибки он иттилоот дар мавриди гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон  ирсол мегардад, бюллетени овоздихи, агар овоздихи ирсоли бюллетенхои овоздихиро такозо намояд ва хисобот оид ба натичаи овоздихиро дар бар мегирад.
  3. Руйхати шахсони дорои хукуки иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон аз тарафи чамъияти сахоми барои шиносои бо талаби шахсоне, ки ба ин руйхат дохил шудаанд ва на камтар аз 1 фоизи овозхоро доранд, пешниход мегардад. Хамзамон маълумоти хуччатхо ва сурогаи почтаи шахсони вокеи, ки ба ин руйхат дохиланд, танхо бо розигии хамин шахсон пешниход мегардад.
  4. Чамъияти сахоми бо талаби хар як шахси манфиатдор дар давоми се руз вазифадор аст ба у аз руйхати шахси дорои хукуки иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон, ки дар бораи ин шахс дорои маълумот мебошад, нусха ё дар мавриди он ки у ба руйхати шахсони дорои хукуки иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон ворид нашудааст, маълумот  пешниход кунад.

Бо талаби сахмдор чамъияти сахоми вазифадор  аст дар мавриди дохил намудани у ба руйхати сахмдорони дорои хукуки иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон  иттилоот пешниход намояд.

Дар сурати гузаштани хукуки моликият ба сахмияхо дар мархилаи баъди санаи тартибдихии руйхат ва то санаи гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон, харидор (молики нави сахмияхо) хукук дорад дар чунин Мачлиси умумии сахмдорон дар асоси пешниходи хуччатхое, ки хукуки моликиятро ба сахмияхо тасдик менамоянд, аз чумла иктибос аз фехристи сахмдорони чамъияти сахоми, иштирок намояд. Зимнан, молики аввалаи сахмияхо, ки ба руйхати шахсони дорандаи хукук барои иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон дохил шудааст, хукуки иштирок дар чунин Мачлиси умумии сахмдоронро гум мекунад ва ухдадор аст ба молики нави сахмияхо иттилоотро оид ба накшахои Мачлиси умумии сахмдорон бо рохи пешниходи хуччатхои дахлдор (огохинома оид ба Мачлиси умумии сахмдорон) хабар дихад. Дар сурати аз чониби молики аввалаи сахмияхои ба руйхати шахсони дорандаи хукук барои иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон дохилшуда ичро нагардидани ухдадории мазкур, молики нави сахмияхо хукук дорад аз молики аввала чуброни зарари ба у расонидашударо талаб намояд. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №585).

  1. Тагйирот ба руйхати сахмдорони дорои хукуки иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон метавонад хамчунин хангоми баркарорсозии хукукхои риоянашудаи шахсони ба ин руйхат дар санаи тартибдихии он дохилнашуда ё ислохи иштибохот, ки хангоми тахияи он рох дода шудааст, ворид карда шавад.

 

Моддаи 55. Комиссияи бахисобгири

  1. Дар чамъияти сахомии бо шумораи беш аз сад нафар сахмдорон– сохибони сахмияхои овоздор Комиссияи бахисобгири таъсис дода мешавад, ки шумораи аъзо, хайат ва мухлати фаъолияти онро Мачлиси умумии сахмдорон  тасдик менамояд.
  2. Хайати Комиссияи бахисобгири наметавонад камтар аз се нафар бошад. Ба Комиссияи бахисобгири наметавонанд аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми, аъзои Комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъияти сахоми, аъзои макомоти ичроияи дастачамъии чамъияти сахоми, макомоти ичроияи инфиродии чамъияти сахоми, хамчунин ташкилоти идоракунанда ё сардор, инчунин шахсони барои ин мансаб хамчун номзад пешбаришаванда дохил шаванд.
  3. Агар мухлати ваколати Комиссияи бахисобгири гузашта бошад ё теъдоди аъзои онхо камтар аз се нафар  шуда бошад, хамчунин хангоми барои ичрои ухдадорихои худ хозир будани камтар аз се нафар аъзои хайати Комиссияи бахисобгири барои ичрои вазифахои Комиссияи бахисобгири метавонад фехристдор чалб гардад.
  4. Комиссияи бахисобгири ваколатхоро санчида, иштироккунандагони Мачлиси умумии сахмдоронро ба кайд мегирад, мавчудияти кворуми Мачлиси умумии сахмдоронро муайян месозад, масъалахои вобаста ба татбики хукуки овоздихиро аз чониби сахмдорон (намояндагони онхо) дар Мачлиси умумии сахмдорон тавзех ва тартиби овоздихиро аз руи масъалахои вочиби овоздихи шарх медихад, тартиби мукарраргардидаи овоздихи ва хукуки сахмдоронро чихати иштирок дар овоздихи таъмин менамояд, овозхоро хисоб карда, натичаи овоздихиро чамъбаст менамояд, оид ба натичаи овоздихи протокол тартиб дода, бюллетенхои овоздихиро ба бойгони месупорад.
  5. Комиссияи бахисобгири барои махфияти маълумот оид ба сахмдорон, ки дар бюллетени овоздихи мавчуданд, масъулият дорад.

 

Моддаи 56. Тартиби иштироки сахмдорон дар  Мачлиси умумии сахмдорон

  1. Сахмдор хукуки дар Мачлиси умумии сахмдорон  хам шахсан ва хам тавассути намояндаи худ иштирок карданро дорад.

Намояндаи сахмдор дар Мачлиси умумии сахмдорон мутобики салохиятхои ба мукаррароти конунхо асосёфта ё ваколатнома амал мекунад.

Ваколатномаи овоздихи бояд дар мавриди ваколатномадиханда ва намоянда (ном ё номгуй, махалли зист ё махалли чойгиршави, маълумоти шиноснома) маълумот дошта бошад. Ваколатномаи овоздихи бояд мутобики талаботи моддаи 210 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон ба расмият дароварда шуда бошад.  (К ЧТ аз 12.01.2010с, №585).

  1. Агар сахмияхои чамъияти сахоми тахти моликияти умумии сахмии якчанд шахс карор дошта бошад, пас хукуки овоздихи дар Мачлиси умумии сахмдорон тибки салохияти онхо аз чониби яке аз иштирокчиёни моликияти умумии сахми ё намояндаи умумии онхо анчом дода мешавад. Ваколатхои хар яке аз шахси зикршуда бояд ба таври  дахлдор ба расмият дароварда шавад.
  2. Дар мавриди бастани шартномаи идораи мутаъмади сахмияхо сардори мутамад дар Мачлиси умумии сахмдорон  ба сифати намояндаи сахмдор амал мекунад ва овоз  медихад.
  3. Овоздихи аз руи сахмияхои тахти гарав карордошта тибки шартхои шартномаи гарав анчом дода мешавад, агар дар Конуни мазкур тартиби дигаре пешбини нашуда бошад.

 

Моддаи 57. Кворуми Мачлиси умумии сахмдорон

  1. Мачлиси умумии сахмдорон дар сурате босалохият аст (дорои кворум мебошад), ки дар он сахмдорони дар мачмуъ дорои беш аз нисфи овозхои сахмияхои овоздори пахнкардашудаи чамъияти сахоми иштирок намоянд.

Сахмдорон ё намояндаи онхо, ки ба руйхати сахмдорон дохил карда шудаанд, ба шарте иштироккунандаи Мачлиси умумии сахмдорон  эътироф мегарданд, ки чихати иштирок дар он ба кайд гирифта шуда бошанд. Дар Мачлиси умумии сахмдорон,  ки дар шакли овоздихии гоибона мегузарад, сахмдороне иштирокдошта эътироф мегарданд, ки бюллетенхояшон то санаи анчоми кабули бюллетенхо дастрас шудаанд.

  1. Агар рузномаи Мачлиси умумии сахмдорон  масъалахоеро дар бар гирад, ки аз руи онхо хайати мухталифи овоздихандахо овоз медихад, кворум барои кабули карори ин масъалахо алохида муайян карда мешавад. Хамзамон мавчуд набудани кворум барои кабули карори масъалахое, ки овоздихи аз руи онхо бо як хайати овоздихандахо сурат мегирад, ба кабули карори масъалахое, ки овоздихи бо хайати дигари овоздихандагон сурат гирифта,  барои кабули он кворум вучуд дорад, монеа намебошад.
  2. Хангоми мавчуд набудани кворум барои гузаронидани Мачлиси умумии солонаи сахмдорон бояд Мачлиси умумии сахмдорон бо хамон рузнома такроран гузаронида шавад. Хангоми мавчуд набудани кворум барои гузаронидани Мачлиси умумии гайринавбатии сахмдорон метавонад Мачлиси умумии такрории сахмдорон бо хамон рузнома гузаронида шавад.

Мачлиси такрории умумии сахмдорон ба шарте салохиятдор (дорои кворум)  хисобида мешавад, ки дар он сахмдорони  дар мачмуъ дорои на камтар аз 30 фоизи овозхои сахмияхои пахнкардашудаи овоздори чамъияти сахоми иштирок дошта бошанд. Оинномаи чамъияти сахомии дорои беш аз 5 хазор сахмдор метавонад барои гузаронидани Мачлиси умумии такрории сахмдорон кворуми камтарро пешбини намояд.

Иттилоот дар мавриди гузаронидани Мачлиси умумии такрории сахмдорон мутобики талаботи моддаи 48 Конуни мазкур сурат мегирад. Хамзамон мукаррароти банди сеюми кисми 1 моддаи 48 Конуни мазкур татбик намегардад. Бюллетенхои овоздихи хангоми гузаронидани Мачлиси умумии такрории сахмдорон мутобики талаботи моддаи 59 Конуни мазкур супорида, ирсол ё нашр карда мешаванд.

  1. Хангоми гузаронидани Мачлиси умумии такрории сахмдорон дар мухлати 5 рузи баъди Мачлиси умумии доирнашудаи сахмдорон шахсони дорои хукуки иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон мутобики руйхати шахсоне, ки барои иштирок дар Мачлиси умумии доирнашудаи сахмдорон хукук доштанд, муайян мегардад.

 

Моддаи 58. Овоздихи дар Мачлиси умумии сахмдорон

Овоздихи дар Мачлиси умумии сахмдорон аз руи коидаи «як сахмияи овоздори чамъияти сахоми – як овоз» анчом дода мешавад, ба истиснои холатхои гузаронидани овоздихии кумулятиви, ки Конуни мазкур пешбини намудааст.

 

Моддаи 59. Бюллетени овоздихи

  1. Овоздихи аз руи масъалахои рузномаи Мачлиси умумии сахмдорон бо усули овоздихии кушода анчом дода мешавад. Овоздихи аз руи масъалахои рузномаи Мачлиси умумии сахмдорон, ки дар шакли овоздихии гоибона сурат мегирад, танхо тавассути бюллетенхои овоздихи анчом дода мешавад.
  2. Бюллетен барои овоздихи бояд бо имзои хар шахси дар руйхати шахсони дорои хукуки иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон зикргардида (намояндаи он), ки барои иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон ба кайд гирифта шудааст, супурда шавад, ба истиснои холатхои пешбининамудаи сархати 2 хамин кисм.

Хангоми гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон дар шакли овоздихии гоибона ва гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон бо шумораи сахмдорон-сохибони 500 нафар ва бештар сахмияи овоздор, инчунин дигар чамъияти сахоми, ки оинномаи он ирсоли (супурдани) хатмии бюллетенхоро то гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон  пешбини менамояд, бюллетени овоздихи бояд ирсол гардад ё бо имзои хар шахси дар руйхати шахсони дорои хукуки иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон зикргардида дар мухлати на дертар аз 10 рузи то гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон супурда шавад.

Бюллетени овоздихи бо мактуби фармоиши ирсол карда мешавад, агар дар оинномаи чамъияти сахоми тартиби дигари ирсоли бюллетенхои овоздихи пешбини нашуда бошад.

Дар оинномаи чамъияти сахомии шумораи сахмдоронаш беш аз 5 хазор нафарметавонад мухлати чопи бланкахои бюллетенхои овоздихи дар нашрияи барои хамаи сахмдорони чамъияти сахоми дастрас, ки оинномаи чамъияти сахоми муайян намудааст, пешбини гардад.

3.Хангоми гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон, ба истиснои Мачлиси умумии сахмдорон, ки дар шакли овоздихии гоибона доир мегардад, дар чамъиятхои сахомие, ки бюллетенхоро  мутобики кисми 2 хамин модда мефиристанд (месупоранд) ё нашр мекунанд, шахсони ба руйхати шахсони дорои хукуки иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон  дохилшуда (намояндагони онхо) хукук доранд дар чунин мачлис иштирок кунанд ё бюллетенхои пуркардашударо ба чамъияти сахоми фиристанд. Хамзамон хангоми муайян намудани кворум ва чамъбасти натичаи овоздихи овозхои тавассути бюллетенхои овоздихи пешниходшуда, ки аз тарафи чамъияти сахоми дар давоми ду рузи гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон дастрас гардидааст, ба хисоб гирифта мешавад.

  1. Дар бюллетенхои овоздихи инхо бояд зикр гарданд:

– номи пурраи фирмавии чамъияти сахоми ва махалли чойгиршавии чамъияти сахоми;

– шакли гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон (мачлис ё овоздихии гоибона);

– сана, махал, вакти гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон  ва агар мутобики кисми 3 хамин модда бюллетенхои пуркардашуда ба чамъияти сахоми ирсол гарданд, сурогаи почта, ки тавассути он бюллетенхои пуркарда ирсол мегарданд ё хангоми гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон  дар шакли овоздихии гоибона – санаи анчоми  кабули бюллетенхои овоздихи ва сурогаи почта, ки тавассути он бояд бюллетенхои  пуркардашуда ирсол гарданд;

– мухтавои карорхо оид ба хар масъала (номи хар як номзад), овоздихи, ки тавассути хамин бюллетен сурат мегирад;

– тартибиовоздихи оид ба хар як масъалаи рузнома, ки бо мафхумхои «тарафдор», «зид» ё «бетараф» зикр ёфтааст.

Дар сурати овоздихии кумулятиви бюллетени овоздихи бояд ишора ба он ва тавзехи мохияти овоздихии кумулятивиро дошта бошад.

 

Моддаи 60. Хисоби овозхо хангоми овоздихи тавассути бюллетенхои овоздихи

  1. Хангоми овоздихи тавассути бюллетенхои овоздихи овозхо оид ба масъалахое хисоб карда мешаванд, ки вобаста ба онхо ба овоздихандагон танхо яке аз вариантхои имконпазири овоздихи дода шудааст. Бюллетенхои овоздихи, ки бо риоя накардани талаботи боло пур карда шудаанд, беэътибор дониста шуда, овозхо аз руи масъалахои дар онхо чойдошта ба хисоб гирифта намешаванд.
  2. Агар бюллетени овоздихи дорои якчанд саволи барои овоздихи гузошташуда бошад, риоя накардани талаботи боло нисбат ба як ё якчанд масъалахо дар мачмуъ боиси беэътибор донистани бюллетен намегардад.

 

Моддаи 61. Протокол ва хисобот оид ба  натичахои овоздихи

  1. Комиссияи бахисобгири оид ба натичаи овоздихи протокол тартиб медихад, ки ба он аъзои Комиссияи бахисобгири имзо мегузоранд. Протокол оид ба натичаи овоздихи дар мухлати на дертар аз се рузи анчоми Мачлиси умумии сахмдорон  ё санаи анчоми кабули бюллетенхо хангоми гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон  дар шакли овоздихии гоибона тартиб дода мешавад.
  2. Баъди тартиб додани протокол оид ба натичаи овоздихи ва имзои протоколи Мачлиси умумии сахмдорон аз тарафи дорандаи фехрист  бюллетенхои овоздихиро Комиссияи бахисобгири мухр гузошта, чихати хифз ба бойгонии чамъияти сахоми месупорад.
  3. Протоколи натичаи овоздихи бояд ба протоколи Мачлиси умумии сахмдорон замима гардад.
  4. Карорхои кабулнамудаи Мачлиси умумии сахмдорон, инчунин натичаи овоздихи дар Мачлиси умумии сахмдорон, ки дар рафти он овоз додаанд, эълон карда мешавад ё дар мухлати на дертар аз 10 рузи баъди тартиб додани протокол оид ба натичаи овоздихи ба маълумоти шахсони ба руйхати шахсони дорои хукуки иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон дохилшуда бо тартиби огохони аз гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон пешбинигардида расонида мешавад.

 

Моддаи 62. Протоколи Мачлиси умумии сахмдорон

1.Протоколи Мачлиси умумии сахмдорон дар давоми дах рузи баъди пушида шудани Мачлиси умумии сахмдорон ба расмият дароварда мешавад.

  1. Дар протоколи Мачлиси умумии сахмдорон  инхо зикр мегарданд:

– номи пурра ва махалли чойгиршавии чамъияти сахоми;

– махал ва вакти гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон;

– рузномаи Мачлиси умумии сахмдорон;

– кворуми Мачлиси умумии сахмдорон;

– тартиби овоздихи дар Мачлиси умумии сахмдорон;

– шумораи умумии овозхои сахмдорон вобаста ба хар масъалаи рузномаи Мачлиси умумии сахмдорон, ки барои овоздихи гузошта шудааст;

– раис (раёсат) ва котиби Мачлиси умумии сахмдорон;

– баромади шахсони дар Мачлиси умумии сахмдорон  иштирокдошта;

– масъалахои барои овоздихи гузошташуда, натичаи овоздихи аз руи онхо;

– карорхои кабулнамудаи Мачлиси умумии сахмдорон.

  1. Протоколро раис ва котиби Мачлиси умуми имзо мекунанд.
  2. Протоколхои хамаи Мачлисхои умуми дар дафтари протоколхо духта шуда, онро макоми ичроияи чамъияти сахоми  эхтиёт менамояд ва он бояд хар вакт ба хар кадом сахмдор барои шиносшави пешниход гардад. Бо талаби сахмдорон ба онхо иктибосномахои тасдикшуда аз дафтари протоколхо дода мешавад.

 

Моддаи 63. Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми

  1. Дар чамъияти сахоми мумкин аст Шурои директорон (Шурои нозирон) таъсис дода шавад. Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми ба фаъолияти чамъияти сахоми рохбарии умуми мекунад, ба истиснои халли масъалахое, ки тибки хамин Конун  тахти салохияти Мачлиси умумии сахмдорон карор доранд.
  2. Дар чамъияти сахомии дорои беш аз панчох сахмдор Шурои директорон (Шурои нозирон) таъсис дода мешавад.
  3. Дар чамъияти сахомии дорои панчох ва аз он камтар сахмдор оинномаи чамъияти сахоми метавонад пешбини намояд, ки вазифаи Шурои директорон (Шурои нозирон)-ро Мачлиси умумии сахмдорон ба чо оварад. Дар ин маврид дар оинномаи чамъияти сахоми бояд шахс ё макоми муайяни чамъияти сахоми зикр шуда бошад, ки халлу фасли масъалаи гузарониданиМачлиси умумии сахмдорон ва тасдики рузномаи он дар салохияти он аст. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №585).
  4. Бо карори Мачлиси умумии сахмдорон ба аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми дар давраи анчом додани ухдадорихояшон подоши мехнат пардохта мешавад ва (ё) харочоташон вобаста ба ичрои вазифаи аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми чуброн карда мешавад. Андозаи чунин подош ё чубронпули бо карори Мачлиси умумии сахмдорон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 64. Интихоби Шурои директорони  (Шурои нозирони) чамъияти сахоми

  1. Аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахомиро Мачлиси умумии сахмдорон бо тартиби пешбининамудаи хамин Конун ва оинномаи чамъияти сахоми ба мухлати то Мачлиси ояндаи солонаи умумии сахмдорон интихоб менамояд. Агар Мачлиси умумии сахмдорон дар мухлати мукаррарнамудаи кисми 2 моддаи 44 хамин Конун доир нашуда бошад, салохияти Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми,  ба истиснои салохият оид ба омодасози, даъват ва гузаронидани Мачлиси умумии солонаи сахмдорон, катъ мегардад
  2. Узви Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми  метавонад танхо шахси вокеи бошад. Узви Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми  метавонад сахмдори чамъият набошад. Аъзои дастачамъии макоми ичроияи чамъияти сахоми  наметавонанд бештар аз чор як хиссаи хайати Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми бошанд. Шахсе, ки вазифахои макоми инфиродии ичроияро анчом медихад, наметавонад хамзамон раиси Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми бошад. Сахмдороне, ки микдори муайяни сахмияхои дар оинномаи Чамъият мукарраршударо сохиби мекунанд, метавонанд аъзои Шурои директорон (Шурои нозирон) интихоб гарданд. Дар оиннома ё хуччати дохилии чамъияти сахоми метавонад дигар талабот ба аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми мукаррар карда шавад. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №585).
  3. Шумораи аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми дар асоси оинномаи  чамъияти сахоми   мутобики талаботи Конуни мазкур муайян мегардад.

Барои чамъияти сахоми- сохибони сахмияхои одди ва дигар сахмияхои овоздори чамъияти сахоми, ки шумораашон аз 500 нафар бештар аст, хайати аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми наметавонад камтар аз 5 нафар ва барои чамъияти сахоми–сохибони сахмияхои одди ва дигар сахмияхои овоздори чамъият, ки шумораашон зиёда аз 2 хазор нафар аст, камтар аз 7 нафар бошад.

  1. Аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми–сохибони сахмияхои оддии овоздори шумораашон беш аз 500 бо овоздихии кумулятиви интихоб карда мешаванд. Дар оинномаи чамъияти сахомии дорои камтар аз 500 нафар сахмдорон–сохибони сахмияхои оддии чамъияти сахоми  метавонад хангоми интихоби аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъият  овоздихии кумулятиви пешбини гардад.

Хангоми овоздихии кумулятиви шумораи овозхои мансуб ба хар як сахмдор ба шумораи шахсоне, ки бояд ба Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми  интихоб шаванд, зарб гардида, сахмдор хукук дорад овозхои ба ин васила гирифтаро пурра ба тарафдории як номзад дихад ё онхоро байни ду ва ё бештар номзадхо таксим кунад.

Ба Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми  номзадхое интихобшуда ба хисоб мераванд, ки овози бештарро ба даст овардаанд.

 

Моддаи 65. Салохияти Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми

  1. Ба салохияти Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми  халли масъалахои рохбарии умумии фаъолият дохил мешавад, ба истиснои масъалахое, ки тибки Конуни мазкур дар доираи салохияти Мачлиси умумии сахмдорон  мебошанд.

Ба салохияти Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми   масъалахои зерин марбутанд:

– муайян намудани самтхои афзалиятноки фаъолияти чамъияти сахоми;

– даъвати Мачлиси солона ва гайринавбатии умумии сахмдорон;

– тасдики рузномаи Мачлиси умумии сахмдорон;

– муайян намудани санаи тахияи руйхати шахсони дорои хукуки иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон ва дигар масъалахое, ки мутобики мукаррароти боби 8 Конуни мазкур ба салохияти Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми дохил шудаанд ва ба омодаги ва гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон алокаманд мебошанд;

– тасдики бучети солона ва бизнес-накшаи чамъияти сахоми;

– таъсиси макоми ичроияи чамъияти сахоми ва пеш аз мухлат катъ намудани ваколатхои он, агар бо оинномаи чамъияти сахоми чунин хукук ба салохияти Шурои директорон (Шурои нозирон) вогузор гардида бошад;

– муайян намудани хачми маошхои вазифави, шартхои пардохти музди мехнат ва мукофотонидани аъзои макоми ичроия (шахсе, ки вазифаи макоми ичроияро якка амали менамояд);

– маъкул донистани ахдхои калон дар холатхое, ки Конуни мазкур пешбини намудааст;

– муайян намудани иттилоот оид ба чамъияти сахоми ё фаъолияти он, ки сирри хизмати, тичорати ё дигар сирри бо конун хифзшавандаро ташкил медиханд, инчунин тартиби кушодани он ба шахсони сеюм аз чониби чамъияти сахоми;

– аз чониби чамъияти сахоми пахн кардани сахмияхо, вомбаргхо ва дигар когазхои киматноки эмиссиони дар холатхои пешбининамудаи Конуни мазкур;

– ба даст овардани когазхои киматноки эмиссиони дар холатхои пешбининамудаи Конуни мазкур;

– харидани сахмияхо, вомбаргхо ва дигар когазхои киматноки пахннамудаи чамъияти сахоми  дар холатхои пешбининамудаи Конуни мазкур;

– тавсияхо вобаста ба андозаи суди сахмияхо ва тартиби пардохти онхо;

– муайян намудани нархи (арзиши пулии) молу мулк, нархи пахн кардан ва хариди когазхои киматнок дар холатхои пешбининамудаи Конуни мазкур;

– тасдики пешакии хисоботи солона, хисоботи солонаи мухосибави, аз он чумла хисобот оид ба даромад ва зарари (хисобхои даромад ва зарари) чамъияти сахоми, инчунин таксими даромад ва зарари чамъияти сахоми аз руи натичаи соли молияви;

– пешниходи тавсияхо вобаста ба андозаи пардохти подош ва чубронпули ба аъзои комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъияти сахоми  ва муайян намудани андозаи пардохти хизмати аудитор;

– таъсиси филиалхо ва кушодани намояндагихои чамъияти сахоми;

– тасдики нигохдорандаи фехристи чамъияти сахоми  ва шартхои шартномаи бо у басташуда, инчунин бекор кардани шартнома бо у;

– таъсиси макоми муваккатии инфиродии ичроияи чамъияти сахоми (директор, директори генерали) то гузаронидани Мачлиси умумии гайринавбатии сахмдорон, агар таъсиси макоми ичроия бо оинномаи чамъият ба салохияти Мачлиси умумии сахмдорон мансуб дониста шуда бошад;

– хангоми зарурат ташкили кумитахо барои хал намудани масъалахои мушаххас аз хисоби худ ва дигар кормандони чамъияти сахоми;

– дигар масъалахои пешбининамудаи Конуни мазкур ва оинномаи  чамъияти сахоми. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №585).

  1. Халлу фасли масъалахои марбут ба салохияти Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахомиро  ба зиммаи  макоми ичроияи чамъияти сахоми гузоштан мумкин нест.

 

Моддаи 66. Катъи ваколати узви Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми

  1. Ваколати узви Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми бо ташаббуси у хар вакт, бо рохи ба таври хатти огох намудани Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми катъ карда мешавад.
  2. Ваколати узви Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми аз рузи огохиномаро гирифтани Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми катъ мегардад, агар дар огохинома мухлати бештар, ки наметавонад аз шаш мох зиёд бошад, нишон дода нашуда бошад ва ин мухлат бо аксарияти овози аъзои бокимондаи Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми  кабул карда шавад.

 

Моддаи 67. Интихоби раиси Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми

                           ва ваколатхои у

  1. Раиси Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми  бо овоздихии пинхонии аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми, бо аксарияти овози шумораи умумии аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми интихоб мегардад, агар дар оинномаи чамъияти сахоми тартиби дигар пешбини нашуда бошад.

Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми хукук дорад хар вакт раиси худро бо аксарияти овози шумораи умумии аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми аз нав интихоб намояд,  агар дар оинномаи чамъияти сахоми тартиби дигар пешбини нашуда бошад.

  1. Раиси Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми кори Шуроро ба рох монда, мачлиси Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъиятро даъват менамояд ва ба он рохбари мекунад, дар Мачлиси умумии сахмдорон раиси менамояд, агар  дар оинномаи чамъияти сахоми  тартиби дигар  пешбини нашуда бошад.
  2. Дар набудани раиси Шурои директорони (Шурои нозирони)  чамъияти сахоми вазифахои уро бо карори Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми яке аз аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъият ичро мекунад.

 

Моддаи 68. Мачлиси Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми

  1. Мачлиси Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми аз чониби раиси Шурои директорони (Шурои нозирони)  чамъият   бо ташаббуси шахсии у, бо талаби узви Шурои директорони (Шурои нозирони)  чамъияти сахоми, Комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъияти сахоми  ё аудитори чамъияти сахоми, макомоти ичроияи чамъияти сахоми, инчунин дигар шахсоне, ки тибки оиннома муайян гардидаанд, даъват карда мешавад. Тартиби даъват намудан ва гузаронидани мачлисхои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми  тибки оиннома ва хуччатхои дохилии чамъияти сахоми муайян карда мешавад. Тибки оиннома ё хуччати дохили метавонад хангоми муайян намудани мавчудияти кворум ва натичахои овоздихи  имконияти ба хисоб гирифтани акидаи хаттии узви Шурои директорони (Шурои нозирони)  чамъияти сахоми, ки дар мачлиси Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъият   иштирок намекунад, аз руи масъалахои рузнома, инчунин имконпазирии аз чониби Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми бо овоздихии гоибона кабул намудани карор  пешбини гардад.
  2. Кворум барои гузаронидани мачлиси Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахомитибки оиннома муайян карда мешавад ва он набояд камтар аз нисфи шумораи аъзои интихобгардидаи Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъият бошад. Агар шумораи аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми аз микдори ташкилкунандаи кворуми зикргардида камтар гардад, Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми вазифадор аст дар мавриди гузаронидани Мачлиси умумии гайринавбатии сахмдорон  барои интихоби хайати нави Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми  карор кабул кунад.
  3. Карорхо дар мачлиси Шурои директорони (Шурои нозирони)  чамъияти сахоми бо аксарияти овозхои аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъият, ки дар мачлис иштирок мекунанд, кабул карда мешаванд, ба шарте, ки Конуни мазкур, оинномаи чамъият ё хуччати дохилии он, ки тартиби даъват намудан ва гузаронидани мачлисхои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахомиро муайян менамояд, тартиби дигарро  пешбини накарда бошанд. Хангоми халли масъалахо дар Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми хар як узви Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъият  дорои як овоз мебошад.

Хукуки овоздихии худро ба зиммаи дигар шахс, аз чумла ба зиммаи узви дигари Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми вогузоштан мумкин нест.

Дар сурати баробарии овози аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми хангоми кабул намудани карор  хукуки овози халкунанда ба раиси Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми  марбут аст.

  1. Дар мачлиси Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми   протокол бурда мешавад.

Протоколи мачлиси Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми дар мухлати на дертар аз се рузи баъди гузаронидани он тартиб дода мешавад.

Дар протоколи мачлис инхо зикр мегарданд:

а) чой ва вакти гузаронидани мачлис;

б) шахсони дар мачлис иштирокдошта;

в) рузномаи мачлис;

г) масъалахое, ки ба овоздихи гузошта шудаанд ва натичаи овоздихи оид ба онхо;

д) карорхои кабулгардида.

Протоколи мачлиси Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми аз чониби раисикунанда ва котиби мачлис имзо карда мешавад.

 

Моддаи 69. Макоми ичроияи инфиродии (директор, директори генералии) чамъияти сахоми

  1. Ба фаъолияти чории чамъияти сахоми макоми инфиродии ичроияи чамъият (директор, директори генерали) ё макоми дастачамъии ичроияи чамъият (раёсат, маъмурият) рохбари мекунад. Макомоти ичроия ба Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми  ва Мачлиси умумии сахмдорон  хисоботдиханда аст.

Дар оинномаи чамъияти сахоми, ки хамзамон мавчудияти макомоти инфироди ва дастачамъиро пешбини менамояд, бояд салохияти макомоти дастачамъи муайян карда шавад. Дар ин холат шахси анчомдихандаи вазифахои макомоти инфиродии ичроияи чамъияти сахоми (директор, директори генерали) хамчунин вазифаи раиси макоми дастачамъии ичроияи чамъият (раёсат, маъмурият)-ро ба чо меоварад.

Бо карори Мачлиси умумии сахмдорон  ваколатхои макомоти ичроияи чамъияти сахоми метавонанд тибки шартнома ба зиммаи ташкилоти тичорати (ташкилоти идоракунанда) ё сохибкори инфироди (сардор) вогузошта шаванд. Карор дар мавриди ваколатхои макомоти инфиродии ичроияи чамъияти сахоми ба ташкилоти идоракунанда ё  сардор аз чониби Мачлиси умумии сахмдорон танхо дар асоси пешниходи Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми  кабул карда мешавад.

Ба салохияти макомоти ичроияи чамъият хамаи масъалахои рохбарии фаъолияти чории чамъияти сахоми, ба истиснои масъалахои тахти салохияти Мачлиси умумии сахмдорон ё Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми  карордошта марбутанд.

  1. Макомоти ичроияи чамъияти сахоми  ичрои карорхои Мачлиси умумии сахмдорон ва Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахомиро амали мегардонад.

Макоми инфиродии ичроияи чамъияти сахоми  (директор, директори генерали) бе ваколатнома аз номи чамъияти сахоми  баромад мекунад, аз чумла манфиатхои уро химоя карда, аз номи чамъияти сахоми ахдхо мебандад, штатхоро тасдик намуда, фармонхо мебарорад ва супоришхо медихад, ки ичрои онхо барои хамаи кормандони чамъияти сахоми  хатми мебошад.

Макомоти ичроияи чамъияти сахоми бо карори Мачлиси умумии сахмдорон таъсис дода ва ваколатхояшон пеш аз мухлат катъ карда шуда метавонад, агар дар оинномаи чамъият халли ин масъалахо ба салохияти Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми мансуб дониста нашуда бошад.

Хукуку ухдадорихои макомоти инфиродии ичроияи чамъияти сахоми (директор, директори генерали), аъзои макомоти дастачамъии ичроияи чамъияти сахоми (раёсат, маъмурият), ташкилоти идоракунанда ё сардори фаъолияти чории чамъияти сахоми  бо Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукуки ва шартномахое, ки байни хар кадоми онхо бо чамъияти сахоми баста мешавад, муайян карда мешавад.

  1. Шартномаро аз номи чамъияти сахоми  раиси Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми ё шахси дигари ваколатдорнамудаи Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъият  имзо мегузорад.

Амали конунгузори оид ба мехнат ба муносибати байни чамъияти сахоми ва макомоти инфиродии ичроияи чамъияти сахоми (директор, директори генерали) ва (ё) аъзои макомоти дастачамъии ичроияи чамъияти сахоми (раёсат, маъмурият) дар кисмате татбик мегардад, ки хилофи мукаррароти хамин Конун набошад.

Аз чониби шахси анчомдихандаи вазифаи макомоти инфиродии ичроияи чамъияти сахоми (директор, директори генерали) ё аъзои макомоти дастачамъии ичроияи чамъияти сахоми (раёсат, маъмурият) таъвизи мансаб дар макомоти идории дигар ташкилот танхо бо ичозати Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми  мумкин аст.

  1. Мачлиси умумии сахмдорон, агар таъсиси макомоти ичроия тибки оиннома ба салохияти Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми вогузор нашуда бошад, хукук дорад хар  вакт дар бораи пеш аз мухлат катъ кардани ваколати макомоти инфиродии ичроияи чамъияти сахоми (директор, директори генерали), аъзои макомоти дастачамъии ичроияи чамъияти сахоми (раёсат, маъмурият) карор кабул намояд. Мачлиси умумии сахмдорон хукук дорад хар вакт дар бораи катъи пеш аз мухлати ваколати ташкилоти идоракунанда ё сардор карор кабул намояд.

Агар таъсиси макомоти ичроия тибки оиннома ба салохияти Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми вогузор шуда бошад,  он хукук дорад хар  вакт дар мавриди катъи пеш аз мухлати ваколати макомоти инфиродии ичроияи чамъияти сахоми  (директор, директори генерали), аъзои макомоти дастачамъии ичроияи чамъияти сахоми (раёсат, маъмурият) ва таъсиси макомоти нави ичроия карор кабул намояд.

Агар макомоти ичроия аз чониби Мачлиси умумии сахмдорон таъсис дода шавад, дар оинномаи чамъияти сахоми метавонад хукуки Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми дар мавриди кабули карор оид ба боздоштани ваколатхои макоми инфиродии ичроияи чамъияти сахоми (директор, директори генерали) пешбини гардад. Дар оиннома метавонад хукуки Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми  дар мавриди кабул кардани карор оид ба боздоштани ваколатхои ташкилоти идоракунанда ё сардор пешбини карда шавад. Хамзамон бо карорхои мазкур Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми бояд дар мавриди таъсиси макомоти муваккатии инфиродии ичроияи чамъияти сахоми (директор, директори генерали) ва гузаронидани Мачлиси умумии гайринавбатии сахмдорон барои халли масъалахои пеш аз мухлат катъ кардани ваколатхои макомоти инфиродии ичроияи чамъияти сахоми (директор, директори генерали) ё ташкилоти идоракунанда (сардор) ва таъсиси макомоти нави инфиродии ичроияи чамъияти сахоми (директор, директори генерали) ё вогузории ваколатхои макоми инфиродии ичроияи чамъияти сахоми (директор, директори генерали) ба ташкилоти идоракунанда ё сардор карор кабул кунад.

Агар макомоти ичроия аз чониби Мачлиси умумии сахмдорон таъсис дода шавад ва макомоти инфиродии ичроияи чамъияти сахоми (директор, директори генерали) ё ташкилоти идоракунанда (сардор) вазифахои худро ичро карда натавонанд, Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми хукук дорад дар бораи таъсиси макомоти муваккатии инфиродии ичроияи чамъияти сахоми  (директор, директори генерали) ва гузаронидани Мачлиси умумии гайринавбатии сахмдорон барои халли масъалахои пеш аз мухлат катъ намудани ваколати макомоти инфиродии ичроияи чамъияти сахоми (директор, директори генерали) ё ташкилоти идоракунанда (сардор) ва таъсиси макомоти нави инфиродии ичроияи чамъияти сахоми  (директор, директори генерали) ё вогузории ваколати макомоти инфиродии ичроияи чамъияти сахоми  ба ташкилоти идоракунанда ё сардор  карор кабул кунад.

 

Моддаи 70. Макомоти дастачамъии ичроияи чамъияти сахоми  (раёсат, маъмурият)

  1. Макомоти дастачамъии ичроияи чамъияти сахоми (раёсат, маъмурият) дар асоси оинномаи чамъияти сахоми, инчунин хуччатхои дохилии чамъияти сахоми, ки Мачлиси умумии сахмдорон тасдик менамояд (низомнома, дастур ё дигар хуччат) ва дар онхо мухлат ва тартиби даъват кардан ва гузаронидани мачлисхои онхо, инчунин тартиби кабули карор мукаррар мегарданд, амал мекунад.
  2. Кворуми гузаронидани мачлисхои макомоти дастачамъии ичроияи чамъияти сахоми (раёсат, маъмурият) тибки оинномаи чамъияти сахоми  ё хуччатхои дохилии чамъияти сахоми  муайян гардида, набояд камтар аз нисфи аъзои интихобгардидаи макомоти дастачамъии ичроияи чамъияти сахоми (раёсат, маъмурият) бошад.

Дар Мачлиси макомоти дастачамъии ичроияи чамъияти сахоми (раёсат, маъмурият) протокол тартиб дода мешавад. Протоколи Мачлиси макомоти дастачамъии ичроияи чамъияти сахоми (раёсат, маъмурият) ба аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми, Комиссияи тафтишоти (ревизор), аудитори чамъияти сахомибо талаби онхо дода мешавад.

Гузаронидани мачлисхои макомоти дастачамъии ичроияи чамъияти сахомиро (раёсат, маъмурият) шахсе ташкил менамояд, ки вазифахои макоми инфиродии ичроияи чамъияти сахоми (директор, директори генерали)-ро бачо меоварад.

Хукуки овоздихии худро узви макомоти дастачамъии ичроияи чамъияти сахоми (раёсат, маъмурият) ба дигар шахс, аз чумла ба зиммаи узви дигари макомоти дастачамъии ичроияи чамъияти сахоми (раёсат, маъмурият) вогузоштан мумкин нест.

 

Моддаи 71. Масъулияти аъзои макомоти идора ва ичроияи чамъияти сахоми

  1. Аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми, макомоти инфиродии ичроияи чамъияти сахоми (директор, директори генерали) ва (ё) аъзои макомоти дастачамъии ичроияи чамъияти сахоми (раёсат, маъмурият), хамчунин ташкилоти идоракунанда ё сардор хангоми татбики хукукхои худ ва ичрои ухдадорихо бояд ба манфиати чамъияти сахоми ва сахмдорони он амал кунанд, хукуку ухдадорихои худро нисбат ба чамъияти сахоми ва сахмдорони он софдилона ва бошуурона татбик намоянд.

Аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми, макомоти инфиродии ичроияи чамъияти сахоми (директор, директори генерали) ва (ё) аъзои макомоти дастачамъии ичроияи чамъияти сахоми  (раёсат, маъмурият), хамчунин ташкилоти идоракунанда ё сардор дар назди чамъияти сахоми ва сахмдорони он барои зараре, ки аз амали (беамалии) гунахкоронаашон ба чамъияти сахоми ва сахмдорони он расидааст, масъулият доранд, агар дигар асосхо ё андозаи масъулият тибки конунгузори мукаррар нашуда бошад.

Хамзамон аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми, макомоти дастчамъии ичроияи чамъияти сахоми (раёсат, маъмурият), ки зидди карори  ба чамъияти сахоми ва сахмдорони он зарароварда овоз додаанд, масъулият надоранд.

  1. Хангоми муайян кардани асосхо ва андозаи масъулияти аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми, макомоти инфиродии ичроияи чамъияти сахоми (директор, директори генерали), аъзои макомоти дастачамъии ичроияи чамъияти сахоми (раёсат, маъмурият), хамчунин ташкилоти идоракунанда ё сардор бояд холатхои барои кор мухим ба инобат гирифта шаванд.
  2. Агар мутобики мукаррароти хамин модда якчанд шахс масъулият дошта бошанд, пас масъулияти онхо дар назди чамъияти сахоми  ва сахмдорони он муштарак хохад буд.
  3. Чамъияти сахоми  ё сахмдор (сахмдорон), ки дар мачмуъ дорои на камтар аз 1 фоизи сахмияхои пахнкардашудаи чамъияти сахоми  мебошад, хукук дорад нисбат ба узви Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми, макомоти инфиродии ичроияи чамъияти сахоми (директор, директори генерали), узви макомоти дастачамъии ичроияи чамъияти сахоми  (раёсат, маъмурият), хамчунин ташкилоти идоракунанда ё сардор дар мавриди чуброни зарари ба чамъияти сахоми  расонидашуда дар холатхои пешбининамудаи кисми 2 хамин модда бо даъво ба суд мурочиат намояд.

Намояндагони давлат дар Шурои директорони чамъияти сахомии кушода дар баробари дигар аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми   масъулияти пешбининамудаи хамин моддаро доранд.

 

БОБИ 9. НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОЧАГИИ ЧАМЪИЯТИ САХОМИ

 

Моддаи 72. Комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъияти сахоми

  1. Чихати анчом додани назорати фаъолияти молиявию хочагии чамъияти сахоми Мачлиси умумии сахмдорон  тибки оинномаи чамъияти сахоми Комиссияи тафтишоти ё ревизори чамъияти сахомиро интихоб менамояд.

Бо карори Мачлиси умумии сахмдорон ба аъзои Комиссияи тафтишоти ё ревизори чамъияти сахоми  дар давраи ичро намудани ухдадорихояшон метавонад подош пардохта ва (ё) харочоти вобаста ба ичрои ухдадорихояшон чуброн карда шавад. Андозаи чунин подош ва чубронпули бо карори  Мачлиси умумии сахмдорон, бо тавсияи Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми мукаррар карда мешавад.

  1. Салохияти Комиссияи тафтишоти ё ревизори чамъият оид ба масъалахое, ки хамин Конун пешбини нанамудааст, бо оинномаи чамъияти сахоми муайян мегардад.

Тартиби фаъолияти Комиссияи тафтишоти ё ревизори чамъияти сахоми  тибки хуччатхои дохилии чамъият, ки Мачлиси умумии сахмдорон тасдик менамояд, муайян карда мешавад.

  1. Тафтиши (ревизияи) фаъолияти молиявию хочагии чамъияти сахоми  вобаста ба натичаи фаъолияти яксолаи чамъияти сахоми, инчунин хар вакти дигар бо ташаббуси Комиссияи тафтишоти ё ревизори чамъияти сахоми, карори Мачлиси умумии сахмдорон, Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми  ё бо ташаббуси сахмдоре (сахмдороне), ки дар мачмуъ дорои на камтар аз 10 фоизи сахмияхои овоздори чамъияти сахоми  мебошад, гузаронида мешавад.

Бо талаби Комиссияи тафишоти ё ревизори чамъияти сахоми  шахсоне, ки дар макомоти идораи чамъияти сахоми сохибмансабанд, бояд дар хусуси фаъолияти молиявию хочагии чамъияти сахоми хуччатхо пешниход намоянд.

Комиссияи тафтишоти ё ревизори чамъияти сахоми  хукук дорад мутобики моддаи 46Конуни мазкур даъвати Мачлиси гайринавбатии умумии сахмдоронро талаб кунад.

Аъзои Комиссияи тафтишоти ё ревизори чамъияти сахоми наметавонанд хамзамон аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми бошанд, инчунин дар макомоти идораи  чамъияти сахоми  мансабхои дигарро ишгол намоянд. Сахмияхои марбут ба аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми  ё шахсоне, ки дар макомоти идораи чамъияти сахоми мансаб ишгол мекунанд, наметавонанд хангоми интихоби аъзои Комиссияи тафтишоти ё ревизори чамъияти сахоми  дар овоздихи иштирок намоянд.

 

Моддаи 73. Хулосаи Комиссияи тафишотии (ревизори) чамъияти сахоми

Оид ба натичахои тафтиши фаъолияти молиявию хочагии чамъияти сахоми Комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъияти сахоми бо тартиби тасдикнамудаи Мачлиси умумии сахмдорон хулоса тахия менамояд.

 

БОБИ 10. БА ДАСТ ОВАРДАН Ё ХАРИДАНИ САХМИЯХОИ ПАХНКАРДАШУДА

АЗ ЧОНИБИ ЧАМЪИЯТИ САХОМИ

 

Моддаи 74. Аз чониби чамъияти сахоми ба даст овардани сахмияхои пахнкардашуда

  1. Чамъияти сахоми хукук дорад сахмияхои пахнкардашударо бо карори Мачлиси умумии сахмдорон  дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии чамъияти сахоми  бо рохи ба даст овардани кисми сахмияхои пахнкардааш, бо максади кам кардани микдори умумии онхо ба даст орад, агар ин дар оинномаи чамъияти сахоми  пешбини шуда бошад.

Чамъияти сахоми хукук надорад дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии чамъияти сахоми  бо рохи ба даст овардани кисми сахмияхои пахнкардашуда, бо максади кам кардани микдори умуми карор кабул кунад, агар арзиши номиналии сахмияхои дар муомилотбуда аз хачми хадди акалли сармояи оинномавии пешбининамудаи хамин Конун камтар шавад.

  1. Чамъияти сахоми, агар он тибки оинномааш пешбини шуда бошад, хукук дорад бо карори Мачлиси умумии сахмдорон  сахмияхои  пахнкардашударо ба даст орад.

Чамъияти сахоми хукук надорад дар бораи ба даст овардани сахмияхо аз чониби чамъияти сахоми карор кабул кунад, агар арзиши номиналии сахмияхои дар муомилотбудаи он камтар аз 90 фоизи сармояи оинномаи чамъияти сахомиро ташкил дихад.

  1. Арзиши сахмияхое, ки чамъияти сахоми дар асоси карори кабулнамудаи Мачлиси умумии сахмдорон  оид ба кам кардани сармояи оинномавии чамъияти сахоми  бо рохи ба даст овардани сахмияхо, бо максади кам кардани микдори умумии онхо ба даст овардааст, хангоми харида гирифтани онхо пардохт карда мешаванд.
  2. Сахмияхои мутобики кисми 2 хамин модда ба дастовардаи чамъияти сахоми  хукуки овоздихи надоранд, хангоми хисоби овозхо ба инобат гирифта намешаванд, инчунин аз онхо суди сахмия ситонида намешавад. Чунин сахмияхо бояд бо арзиши бозори дар мухлати на дертар аз як соли ба даст овардан пахн карда шаванд. Дар акси хол Мачлиси умумии сахмдорон  бояд дар мавриди кам кардани сармояи оинномавии чамъияти сахоми бо рохи пардохтани арзиши ин сахмияхо карор кабул кунад.
  3. Дар карор дар хусуси ба даст овардани сахмияхо бояд намуди (навъи) сахмияхои харидашаванда, микдори сахмияхои хама гуна намуди (навъи) аз чониби чамъияти сахоми  харидоришаванда, нархи харид, шакл ва мухлати пардохт, инчунин мухлате, ки дар давоми он сахмияхо харидори мешаванд,  муайян гардад.

Агар дар оинномаи чамъияти сахоми  тартиби дигаре пешбини нашуда бошад,  онхо ба пул харидори мешаванд. Мухлате, ки дар давоми он ба даст овардани сахмияхо анчом дода мешавад, набояд камтар аз 30 руз бошад. Нархи  ба даст овардани сахмияхои одди аз чониби чамъияти сахоми  мутобики моддаи 79 Конуни мазкур муайян карда мешавад.

Хар як сахмдор – сохиби сахмияхои намудхои (навъхои) муайян, ки карор дар мавриди харидани онхо кабул шудааст, хукук дорад сахмияхои зикршударо фурушад ва чамъияти сахоми  вазифадор аст онхоро харад. Агар микдори умумии сахмияхо, ки барои  ба даст овардани онхо ариза ворид шудааст, аз микдори сахмияхое, ки чамъияти сахоми метавонад бо дарназардошти махдудиятхои мукаррарнамудаи хамин модда бихарад, сахмияхо аз сахмдорон мутаносибан ба талаботи арзнамудаи онхо  харидори мешаванд.

  1. Дар давоми на дертар аз 30 рузи то огози мухлате, ки дар давоми он  ба даст овардани сахмияхо сурат мегирад, чамъияти сахоми  вазифадор аст сахмдорон – сохибони сахмияхои намудхои (навъхои) муайянро дар бораи кабули карори ба даст овардани сахмияхо огох созад.
  2. Сахмияхои имтиёзнок бо нархи пешбининамудаи оинномаи чамъияти сахоми харидори мешаванд.

 

Моддаи 75. Махдудиятхои аз чониби чамъияти сахоми ба даст овардани сахмияхои

                        пахнкардашуда

  1. Чамъияти сахоми хукук надорад сахмияхои оддии  пахнкардашударо  дар холатхои зайл  харидори намояд:

– то пурра пардохтани хамаи сармояи оинномавии чамъият;

– агар дар лахзаи  ба даст овардани онхо чамъияти сахоми  мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон  оид ба муфлиси дорои аломатхои муфлиси бошад ё агар ин аломатхо дар натичаи харидани ин сахмияхо ба миён оянд;

– агар дар лахзаи ба даст овардани онхо арзиши дороии софи чамъияти сахоми  аз сармояи оинномавии он ва фонди эхтиёти камтар бошад ё андозаи он дар натичаи чунин  ба даст овардани сахмияхо камтар гардад.

  1. Чамъияти сахоми хукук надорад дар холатхои зайл сахмияхои имтиёзноки намуди муайяни ба фуруш баровардаашро бихарад:

– то пурра пардохтани хамаи сармояи оинномавии чамъияти сахоми;

– агар дар лахзаи ба даст овардани онхо чамъияти  сахоми  мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон  оид ба муфлиси дорои аломатхои муфлиси бошад ё агар ин аломатхо дар натичаи харидани ин сахмияхо ба миён оянд;

– агар дар лахзаи ба даст овардани онхо арзиши дороии софи чамъияти сахоми  аз сармояи оинномави ва фонди эхтиёти камтар ва аз сатхи арзиши номиналии муайяннамудаи оиннома оид ба арзиши бархамдихии сахмияхои имтиёзнок баландтар бошад, ки сохибони онхо хангоми навбати пардохти арзиши бархамдихи дар назди сохибони намудхои сахмияхои имтиёзноки харидашаванда бартари доранд ё дар натичаи чунин  ба даст овардани сахмияхо аз хачми онхо камтар гардад.

  1. Чамъияти сахоми хукук надорад ба даст овардани сахмияхои пахнкардаашро то харида гирифтани хамаи сахмияхо, ки талабот дар мавриди  ба даст овардани онхо мутобики моддаи 78 Конуни мазкур пешниход шудааст, анчом дихад.

 

Моддаи 76. Муттахидсози ва таксими  сахмияхои чамъияти сахоми

  1. Бо карори Мачлиси умумии сахмдорон чамъияти сахоми хукук дорад сахмияхои пахнкарда ё эълоннамудаи чамъияти сахомиро вобаста ба намуди (навъи) дахлдор муттахид созад, ки дар натичаи он ду ё бештарсахмияи чамъияти сахоми ба як сахмияи нави хамон намуди (навъи) чамъияти сахоми табдил дода мешавад. Хамзамон дар оинномаи чамъияти сахоми  вобаста ба арзиши номинали ва микдори сахмияхои эълоншудаи намуди (навъи) муайяни чамъияти сахоми  тагйироти дахлдор ворид карда мешавад.
  2. Бо карори Мачлиси умумии сахмдорон чамъияти сахоми хукук дорад сахмияхои пахнкардаи чамъияти сахомиро таксим намояд, ки дар натичаи он як сахмияи чамъияти сахоми  ба ду ё бештар сахмияи хамон намуди (навъи) чамъияти сахоми табдил дода мешавад. Хамзамон дар оинномаи чамъияти сахоми вобаста ба арзиши номинали ва микдори сахмияхои пахнкарда ва эълоншудаи намуди (навъи) муайяни чамъияти сахоми  тагйиротидахлдор ворида карда мешавад.

 

Моддаи 77. Бо талаби сахмдорон аз чониби чамъияти сахоми аз нав харида

                        гирифтани сахмияхо

  1. Сахмдорон – сохибони сахмияхои овоздор хукук доранд дар холатхои зайл аз чониби чамъияти сахоми аз нав харида гирифтани тамоми ё як кисми сахмияхояшонро талаб кунанд:

– азнавташкилдихии чамъияти сахоми  ё анчом додани ахди калоне, ки карори маъкул донистани он дар Мачлиси умумии сахмдорон мутобики кисми 2 моддаи 81 Конуни мазкур кабул карда мешавад, агар онхо зидди кабули карори азнавташкилдихи ё анчом додани ахди зикршуда овоз дода бошанд ё дар овоздихи вобаста ба хамин масъала иштирок накарда бошанд;

– ворид намудани тагйиру иловахо ба оинномаи  чамъияти сахоми  ё тасдики оинномаи  чамъияти сахоми  дар тахрири нав, ки хукукхои онхоро махдуд месозад, агар онхо зидди кабули чунин карор овоз дода бошанд ва ё дар овоздихи иштирок накарда бошанд.

  1. Руйхати шахсоне ки хукук доранд аз чамъияти сахоми  харидори кардани сахмияхояшонро талаб намоянд, дар асоси маълумоти фехристи сахмдорони чамъияти сахоми дар рузи тахияи руйхати сахмдорони чамъияти сахоми, ки барои иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон  хукук доранд ва рузномаи он масъалахоеро дар бар мегирад, ки овоздихи аз руи онхо мутобики хамин Конун метавонад боиси ба миён омадани хукуки талаби аз нав харида гирифтани  сахмияхо гардад, тартиб дода мешавад.
  2. Чамъияти сахоми сахмияхоро бо нархи на пасттар аз арзиши бозори, ки он бояд аз чониби нархгузори мустакил  бе назардошти тагйир ёфтанаш дар натичаи амали чамъияти сахоми, ки боиси ба миён омадани хукуки талаби нархгузори ва ба даст овардани сахмияхо гардидааст, харидори менамояд.

 

Моддаи 78. Тартиби аз чониби чамъияти сахоми харидори намудани сахмияхояшонро талаб

                      кардани сахмдорон

  1. Чамъияти сахоми вазифадор аст ба сахмдорон дар мавриди хукукхояшон чихати аз чамъияти сахоми талаб намудани аз нав харидани сахмияхояшон оид ба нарх ва тартиби харид маълумот дихад.
  2. Иттилооти ба сахмдорон расондашаванда дар бораи гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон, ки рузномаи он мутобики Конуни мазкур ба овозмонии масъалахоеро дар бар мегирад, ки дар натичаи он сахмдорон хукукдор мешаванд аз чамъияти сахоми аз нав харида гирифтани сахмияхоро талаб намоянд, бояд дорои маълумоти дар кисми 1 хамин модда инъикосёфта бошад.
  3. Талаби хаттии сахмдор дар  мавриди аз нав харида гирифтани сахмияхояш аз чониби чамъияти сахоми  бо зикри махалли истикомати  (махалли чойгиршавии) сахмдор ва микдори сахмияе, ки талаби харида гирифтани онхоро аз чониби чамъияти сахоми дорад, ирсол мегардад.

Талаби сахмдорон дар бораи ба даст овардани сахмияхояшон аз чониби чамъияти сахоми бояд дар давоми 45 рузи дар Мачлиси умумии сахмдорон  кабул шудани чунин карор пешниход гардад.

  1. Бо гузашти мухлати дар банди дуюми кисми 3 хамин модда зикргардида чамъияти сахоми  вазифадор аст сахмияхоро аз сахмдороне, ки талаби аз нав харидани сахмияхояшонро пешниход намудаанд, дар давоми 30 руз  бихарад.
  2. Чамъияти сахоми сахмияхоро бо нархи дар иттилоот оид ба гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон зикргардида, ки рузномаи он масъалахоеро дар бар мегирад, ки баовозмони аз руи онхо метавонад мутобики Конуни мазкур сахмдоронро хукукдор гардонад ки аз чамъияти сахоми аз нав харида гирифтани сахмияхоро талаб кунанд, аз нав харидори намояд. Маблаги умумие, ки чамъияти сахоми метавонад барои харида гирифтани сахмияхо равона созад, наметавонад аз арзиши дороии софи чамъияти сахоми  дар рузи кабули карор, ки боиси ба миён омадани хукуки талаби харида гирифтани сахмияхо аз чониби чамъияти сахоми  гардидааст, аз 10 фоиз бештар бошад. Агар микдори умумии сахмияхо, ки нисбати онхо талаби харид пешниход шудааст, аз микдори сахмияхои харида метавонистаи чамъияти сахоми  бо назардошти махдудиятхои дар боло мукарраргардида бештар бошад, сахмияхо мутаносибан ба талаби пешниходнамудаисахмдорон харидори карда мешаванд.
  3. Арзиши сахмияхои дар натичаи азнавташкилшавии чамъияти сахоми харидашуда хангоми аз нав харида гирифтани сахмияхо пардохта мешаванд.

Сахмияхои хангоми дигар холатхои пешбининамудаи кисми 1 моддаи 77 Конуни мазкур аз нав харидаи чамъияти сахоми ба ихтиёри чамъияти сахоми мегузарад. Ин сахмияхо хукуки овоздихи надоранд, хангоми хисоби овозхо ба инобат гирифта намешаванд, инчунин аз онхо суди сахмияхо ситонида намешавад. Чунин сахмияхо бояд бо нархи бозори дар давоми як соли харидори шуданашон фурухта шаванд, дар акси хол Мачлиси умумии сахмдорон бояд дар бобати кам кардани сармояи оинномавии чамъияти сахоми бо рохи пардохтани арзиши сахмияхои номбурда  карор кабул кунад.

 

Моддаи 79. Муайян намудани арзиши бозории молу мулк

  1. Агар мутобики Конуни мазкур нархи (арзиши пулии) молу мулк, инчунин нархи харид ва  пахн кардани сахмияхои чамъияти сахоми  бо карори Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми  муайян гардад, нархи онхо бояд бо назардошти арзиши бозори муайян карда шавад.

Нархи бозории молу мулк, агар бо оинномаи чамъият тартиби дигар мукаррар нашуда бошад, бо карори Шурои директорон (Шурои нозирон) дар асоси хулосаи нархгузорони мустакил муайян карда мешавад. (КЧТ аз 19.05.09с, №510).

Агар шахси манфиатдори анчомдихандаи як ё якчанд ахд, ки дар он нархи (арзиши пулии) молу мулкро Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми  муайян менамояд, узви Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми  бошад, нархи (арзиши пулии) молу мулк бо карори аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми, ки ба анчом додани ахд манфиатдор нестанд, муайян карда мешавад. Дар чамъияти сахомие, ки 500 нафар ё бештар аз он сахмдорон мебошанд, нархи (арзиши пулии) молу мулк аз чониби директрони мустакил, ки ба анчом додани ахд  манфиатдор нестанд, муайян карда мешавад.

  1. Чалби нархгузори мустакил барои муайян кардани нархи аз нав ба даст овардани сахмияхои марбути сахмдорон аз чониби чамъияти сахоми  мутобики моддаи 78 Конуни мазкур, хамчунин дар дигар холатхои пешбининамудаи хамин Конун хатми мебошад.

Дар сурати муайян намудани нархи когазхои киматноки пахнкардашуда, нархи харидори ё нархи талабот ва нархи пешниходот, ки мунтазам дар матбуот нашр мегардад, чалби нархгузори мустакил хатми намебошад, вале барои муайян намудани арзиши бозории чунин когазхои киматнок бояд чунин нархи харид ё нархи талабот ва нархи пешниходот ба инобат гирифта шавад.

Агар сохиби сахмияхои чамъияти сахоми давлат бошад, бояд макоми ваколатдори давлати хатман чалб карда шавад. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №585).

БОБИ 11. АХДХОИ КАЛОН

 

Моддаи 80. Ахди калон

  1. Ахди калон (аз чумла карз, кредит, гарав, кафолат) як ё якчанд ахде ба хисоб меравад, ки ба харид, бегона ё эхтимоли аз чониби чамъияти сахоми  мустаким ё гайримустаким бегона кардани молу мулке мебошад, ки арзиши онхо 30 фоиз ё бештари арзиши тавозунии дороии чамъияти сахомиро ташкил медихад ва мутобики маълумоти мухосибавии он дар санаи охирини хисоботи муайян гардидааст, ба истиснои ахде, ки дар чараёни фаъолияти маъмулии хочагидории чамъияти сахоми, ахди вобаста ба обунаи (фуруши)  сахмияхои оддии чамъияти сахоми ва ахд вобаста ба пахн кардани вомбаргхое, ки ба сахмияхои оддии чамъияти сахоми  табдил карда мешаванд, амали мегардад. Тибки оинномаи чамъияти сахоми  метавонанд инчунин дигар холатхое мукаррар карда шаванд, ки хангоми онхо нисбати ахди анчомдодаи чамъияти сахоми тартиби маъкул донистани ахди калони пешбининамудаи Конуни мазкур татбик мегардад.

Дар сурати бегона кардан ё ба миён омадани имконияти бегона кардани молу мулк аз арзиши тавозунии дороии чамъияти сахоми  арзиши чунин молу мулк, ки тибки хисоби мухосибави муайян гардидааст ва хангоми  ба даст овардани молу мулк нархи  ба даст овардани он мукоиса карда мешавад.

  1. Барои аз чониби Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми  ва Мачлиси умумии сахмдорон  кабул кардани карор дар бораи маъкул шуморидани ахди калон нархи молу мулки  бегонашаванда ё харидашаванда аз чониби Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми  мутобики моддаи 79 Конуни мазкур муайян карда мешавад.

 

Моддаи 81. Тартиби маъкул донистани ахди калон

  1. Ахди калон бояд аз чониби Мачлиси умумии сахмдорон маъкул дониста шавад.
  2. Карор дар мавриди маъкул донистани ахди калон, ки мавзуи он молу мулки дорои арзиши аз 30 то 50 фоизи арзиши тавозунии дороии чамъияти сахоми  мебошад, аз чониби Мачлиси умумии сахмдорон  бо аксарияти аз се ду хиссаи овози сахмдорон – сохибони сахмияхои овоздори дар Мачлиси умумии сахмдорон иштирокдошта кабул карда мешавад.
  3. Карор дар бораи маъкул донистани ахди калон, ки мавзуи он молу мулки дорои арзиши беш аз 50 фоизи арзиши тавозунии дороии чамъияти сахоми мебошад, аз чониби Мачлиси умумии сахмдорон  бо аксарияти аз чор се хиссаи овози сахмдорон – сохибони сахмияхои овоздори дар Мачлиси умумии сахмдорон иштирокдошта кабул карда мешавад.
  4. Дар карор оид ба маъкул донистани ахди калон бояд шахсе, ки тараф (тарафхо) мебошад, манфиатбаранда (манфиатбарандагон), мавзуъ, нархи ахд ё шартхои дигари мохиятан мухими онхо зикр гарданд.
  5. Агар ахди калон хамзамон ахде бошад, ки дар анчом додани он хавасманди (манфиат) мавчуд аст, нисбат ба тартиби анчом додани он танхо мукаррароти боби 12 Конуни мазкур татбик мегардад.
  6. Ахди калон, ки бо вайрон кардани талаботи хамин модда анчом дода мешавад, метавонад бо даъвои чамъияти сахоми  ё сахмдори дорои на камтар аз 1 фоизи сахмияхои овоздори чамъияти сахоми  аз чониби суд беэътибор дониста шавад.
  7. Мукаррароти хамин модда нисбат ба чамъияти сахомие, ки аз як сахмдор иборат буда, хамзамон вазифаи макоми инфиродии ичроияро анчом медихад, татбик намегардад.

 

Моддаи 82. Ба даст овардани 30 ё аз ин бештари фоизи сахмияхои  оддии чамъияти сахоми

  1. Шахсе, ки ният дорад мустакилона ё якчоя бо шахси (шахсони)  бонуфузи худ 30 ё аз ин бештари фоизи сахмияхои оддии пахнкардашудаи  чамъияти сахомии аъзои бештар аз 500 нафар сахмдорон – сохибони сахмияхои оддиро бо дарназардошти микдори сахмияхои ба у марбута ба даст орад, вазифадор аст дар мухлати на пештар аз 90 руз ва на дертар аз 30 руз то санаи харидани сахмияхо дар бораи нияти харидани сахмияхои зикргардида ба чамъияти сахоми огохинома фиристад.
  2. Хангоми аз чониби сахмдор кабул гардидани  пешниход дар бораи аз у харидани сахмияхо чунин сахмияхо бояд  дар давоми 15 рузи аз чониби сахмдор кабул гардидани ин гуна пешниход харида, арзишашон пардохта шавад.
  3. Пешниход ба сахмдорон дар бораи аз онхо харидани сахмияхо бояд дар бораи шахсе, ки сахмияхои оддии чамъияти сахомиро харидааст, мутобики хамин модда дорои маълумот (ном ё номгуй, сурога ё махалли чойгиршави) бошад, инчунин микдори сахмияхои оддие, ки харидааст, нарххои ба сахмдорон пешниходнамудаи ба даст овардани сахмияхо, мухлати харид ва пардохти сахмияхо зикр ёбад.
  4. Шахсе, ки сахмияхоро бо вайрон кардани талаботи хамин модда харидааст, хукук дорад дар Мачлиси умумии сахмдорон оид ба сахмияхое, ки микдори умумии онхо аз микдори сахмияхои бо риояи талаботи хамин модда харидаи у бештар намебошад, овоз дихад.
  5. Коидахои хамин модда нисбати  ба даст овардани хар кадом 5 фоизи сахмияхои оддии харидаи беш аз 30 фоизи сахмияхои оддии пахнкардаи чамъияти сахоми татбик мегардад.

 

БОБИ 12. МАНФИАТДОРИ ДАР АНЧОМ ДОДАНИ АХД АЗ ЧОНИБИ ЧАМЪИЯТИ  САХОМИ

 

Моддаи 83. Манфиатдори дар анчом додани ахд аз чониби чамъияти сахоми

1.Ахде, ки (аз чумла карз, кредит, гарав, кафолат) дар анчом додани он узви Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми, шахсони ичрокунандаи вазифахои макоми ичроияи чамъияти сахоми, аз чумла ташкилоти идоракунанда ё сардор, узви макоми дастачамъии ичроияи чамъияти сахоми ё сахмдори чамъияти сахоми, ки якчоя бо шахсони бонуфузаш 20 фоиз ё бештари сахмияхои овоздори чамъияти сахомиро дорад, инчунин шахси дорои хукуки ба чамъияти сахоми додани супоришхои барояш хатми манфиатдор мебошанд, аз чониби чамъияти сахоми тибки мукаррароти хамин боб анчом дода мешавад.

Шахсони зикргардида ба анчом додани ахд аз чониби чамъияти сахоми хангоме манфиатдор эътироф мегарданд, ки агар худашон, хамсаронашон, падару модар, фарзандон, бародарон ва хохарон, фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон ва (ё) шахсони бонуфузи  онхо:

а) дар ахд тараф, манфиатбаранда, миёнарав ё намоянда бошанд;

б) дорои (хар кадом дар алохидаги ё дар мачмуъ) 20 фоиз ё бештари сахмияхои шахси хукуки (хисса, пай) бошад, ки дар ахд тараф, манфиатбаранда, миёнарав ё намоянда аст;

в) дар макомоти идораи шахси хукукие, ки дар ахд тараф, манфиатбаранда, миёнарав ё намоянда аст, мансаб ишгол кунанд, инчунин дар макомоти идораи ташкилоти идоракунандаи чунин шахси хукуки мансаб ишгол намоянд.

  1. Мукаррароти хамин боб татбик намегардад:

– нисбат ба чамъиятхои сахомие, ки аз яксахмдор иборатанд ва хамзамон у вазифахои макомоти ичроияро анчом медихад;

– нисбат ба ахде, ки  дар анчом додани он хамаи сахмдорони чамъияти сахоми  манфиатдоранд;

– хангоми татбики хукуки афзалиятноки ба даст овардани сахмияхои ба фурушбаровардаи чамъияти сахоми;

– хангоми ба даст овардан ё  аз нав харидани сахмияхои пахнкардаи чамъияти сахоми;

– хангоми азнавташкилшавии чамъияти сахоми дар шакли муттахидшавии (хамрохшавии) чамъияти сахоми, агар ба чамъияти сахомии дигари дар муттахидшави (хамрохшави) иштирокдошта беш аз чор се хиссаи хамаи сахмияхои овоздори чамъияти сахомии азнавташкилшаванда марбут бошад.

 

Моддаи 84. Иттилоот дар мавриди манфиатдории анчом додани ахд аз чониби чамъияти

                       сахоми

  1. Шахсони дар моддаи 83 Конуни мазкур зикргардида вазифадоранд иттилооти зайлро ба маълумоти Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми, Комиссияи тафтишоти ё ревизори чамъияти сахоми расонанд:

– дар бораи шахсони хукукие, ки онхо мустакилона ё якчоя бо шахси (шахсони) бонуфузи худ 20 фоиз ё бештари сахмияхои овоздор (хисса, пай)-ро доранд;

– дар бораи шахсони хукукие, ки дар макомоти идораи онхо мансаб ишгол менамоянд;

– дар мавриди ахдхои ба онхо маълуми анчомдодашаванда ё эхтимоли, ки дар онхо метавонанд хамчун шахсони манфиатдор эътироф гарданд;

– дар мавриди он ки шахсони манфиатдор (оид ба шартхо ва хусусиятхои ахд, инчунин оид ба хамаи далелхои мавчудбуда, ки ба хусусият ва дарачаи манфиатхои вучуддошта дахл доранд) тарафи ахд мебошанд ё дар он ба сифати намоянда ё миёнарав иштирок мекунанд. (КЧТ аз 19.05.09с, №510).

  1. Чамъияти сахоми ухдадор аст бо талаби хар як сахмдор маълумоти муфассалро оид ба ахдхое, ки дар бастани онхо манфиати шахсони дар моддаи 83 Конуни мазкур нишондодашуда мавчуд мебошад, пешниход намояд. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №585).
  2. Чамъияти сахоми ухдадор аст маълумотро оид ба бастани ахдхо аз чониби чамъият, ки дар бастани онхо манфиати шахсони дар моддаи 83 Конуни мазкур нишондодашуда мавчуд мебошад, дар мухлати 5 руз аз лахзаи бастани чунин ахд бо рохи ирсол намудани огохинома бо маълумот оид ба ахд (оид ба шартхо ва хусусиятхои ахд, оид ба хамаи далелхои мухими марбут ба хусусият ва дарачаи манфиати мавчуда) ба макомоти ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок ошкор намояд. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №585).
  3. Маълумот оид ба шартхо ва хусусияти ахд, ки дар бастани он манфиати шахсони дар моддаи 83 Конуни мазкур нишондодашуда мавчуд мебошад, аз чумла ошкор намудани хамаи далелхои мухими марбут ба хусусият ва дарачаи манфиат бояд ба хисоботхои семоха ва солона, ки аз чониби чамъият мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон тартиб дода мешаванд, дохил карда шаванд. (К ЧТ аз 12.01.2010с, №585).
  4. Макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок ва макоми ваколатдор оид ба муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм хукук доранд аз чамъияти сахоми дар бораи молик-бенефитсиарони (манфиатгирони) вай маълумот гиранд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1374)

 

Моддаи 85. Тартиби маъкул донистани ахде, ки барои анчом додани он манфиатдори

                        мавчуд аст

  1. Ахде, ки дар анчомдихии он манфиатдори хаст, бояд то анчом додани он аз чониби Мачлиси умумии сахмдорон мутобики хамин модда маъкул дониста шавад.
  2. Дар чамъияти сахомии дорои 500 нафар ва ё камтар сахмдорон– сохибони сахмияхои овоздор карори маъкул донистани ахд, ки дар анчом додани он манфиатдори хаст, аз чониби Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми бо аксарияти овози директороне, ки ба анчом додани он манфиатдор намебошанд, кабул карда мешавад. Агар шумораи директорони манфиатдорнабуда аз кворуми муайяннамудаи оиннома барои гузаронидани мачлиси Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми камтар бошад, карор бояд бо тартиби пешбининамудаи кисми 4 хамин модда аз чониби Мачлиси умумии сахмдорон кабул гардад.
  3. Дар чамъияти сахомии дорои бештар аз 500 нафар сахмдорон– сохибони сахмияхои овоздор карори маъкул донистани ахд, ки дар анчом додани он манфиатдори  хаст, аз чониби Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми бо аксарияти овози директорони мустакил, ки ба анчом додани он манфиатдор намебошанд, кабул карда мешавад. Агар хамаи аъзои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми шахсони манфиатдор эътироф гарданд ва (ё) директорони мустакил набошанд, ахд метавонад бо карори Мачлиси умумии сахмдорон, ки тибки тартиби пешбининамудаи кисми 4 хамин модда кабул гардидааст, маъкул дониста шавад.

Директори мустакил он узви Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми эътироф мегардад, ки дар давоми як соли то кабули карор шахси зерин набуд ва намебошад:

а) шахси ичрокунандаи вазифаи макоми инфиродии ичроияи чамъияти сахоми, аз чумла сардори он, узви макоми дастачамъии ичроия, шахси ишголкунандаи мансаб дар макомоти идораи ташкилоти идоракунанда;

б) шахс, хамсар, падару модар, фарзанд, хохарону бародарон, фарзандхондагон ва фарзандхондшудагони у шахсоне мебошанд, ки дар макомоти зикргардидаи идораи чамъияти сахоми, ташкилоти идоракунандаи чамъияти сахоми мансаб ишгол намудаанд ё сардори чамъияти сахоми  мебошанд;

в) шахси бонуфузи  чамъияти сахоми,  ба истиснои узви Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми.

  1. Карори маъкул донистани ахд, ки дар анчом додани он манфиатдори мавчуд аст, аз чониби Мачлиси умумии сахмдорон  бо аксарияти овози хамаи сахмдорон – сохибони сахмияхои овоздиханда, ки манфиатдор нестанд, дар холатхои зайл кабул карда мешавад:

– агар мавзуи ахд ё якчанд ахди ба хам алокаманд молу мулке  бошад, ки арзиши он мутобики маълумоти бахисобгирии мухосибавии чамъияти сахоми (нархи пешниходшудаи молу мулки харидашаванда) 2 фоиз ё бештари арзиши тавозуни дороии чамъияти сахомиро  тибки хисоботи мухосибавии он дар рузи хисоботдихии охирин ташкил дихад;

– агар як ё якчанд ахди ба хам алокаманд аз пахн кардани сахмияхо тавассути обуна ё пахн кардани  сахмияхо ва вомбаргхо иборат бошад, ки беш аз 10 фоизи сахмияхои оддии каблан пахнкардаи чамъияти сахоми ва сахмияхои оддиро ташкил дихад ва ба онхо вомбаргхои каблан пахнкардашудаи ба сахмияхо табдилшаванда метавонанд табдил карда шаванд.

  1. Ахде, ки дар бастани он манфиати шахсони дар моддаи 83 Конуни мазкур пешбинигардида вучуд дорад, метавонад танхо бо шартхои зерин амали гардад:

– агар арзише, ки чамъияти сахоми барои фуруши молу мулк ё хизматрасони ба даст меорад на камтар аз арзиши бозории ин молу мулк ё хизматрасони бошад, ё арзиши ба даст овардани молу мулк ё хизматрасони аз арзиши бозории ин молу мулк ё хизматрасони, ки мутобики моддаи 79 Конуни мазкур муайян карда шудааст, зиёд набошад;

– мавчуд будани хулосаи аудитории чамъияти сахоми оид ба ахди мазкур. (КЧТ аз 19.05.09с, №510).

  1. Дар карор оид ба маъкул донистани ахд, ки ба анчом додани он манфиатдори хаст, бояд шахси (шахсони) тарафи (тарафхои) он, манфиатбаранда (манфиатбарандагон), нарх, мавзуи ахд ва дигар шартхои мухим зикр гарданд.

Мачлиси умумии сахмдорон метавонад дар бораи маъкул донистани ахд (ахдхо) байни чамъият  ва шахсони манфиатдор, ки минбаъд дар чараёни аз чониби чамъияти сахоми  анчом додани фаъолияти маъмулии хочагидори амали гардад, карор кабул кунад. Дар айни замон  дар карори Мачлиси умумии сахмдорон  бояд маблаги нихои, ки бо он чунин ахд (ахдхо) анчом дода мешавад, зикр гардад. Чунин карор то Мачлиси солонаи ояндаи сахмдорони чамъияти сахоми эътибор дорад.

Чихати аз чониби Мачлиси умумии сахмдорон кабул намудани карор оид ба анчом додани ахд, ки ба он манфиатдори хаст, нархи молу мулки бегонашаванда ё харидоришаванда ё хизматрасони аз чониби чамъияти сахоми  мутобики моддаи 79 Конуни мазкур муайян карда мешавад.

 

Моддаи 86. Окибати риоя накардани талабот нисбат ба ахде, ки барои анчом додани он манфиатдори хаст

  1. Ахде, ки ба анчом додани он манфиатдори мавчуд аст ва бо вайрон кардани талабот ба ахди пешбининамудаи Конуни мазкур анчом дода шудааст ё ин ахд ба чамъияти сахоми ва сахмдорони он зиён расонидааст, метавонад тибки даъвои чамъияти сахоми  ё сахмдори дорои на камтар аз 1 фоизи сахмияхои овоздори чамъияти сахоми  аз чониби суд беэътибор дониста шавад. (КЧТ аз 26.12.11с., №780)
  2. Шахси манфиатдор дар назди чамъияти сахоми ва сахмдорон  дар хачми зиёни ба чамъияти сахоми ва сахмдорони он расонидаи худ масъул мебошад ва ухдадор аст зиёни ба чамъияти сахоми ва сахмдорони он дар натичаи  бастани ахд расонидааш ва хамаи даромади аз чунин ахд бадастовардаро, ки дар бастани он манфиати шахсони дар моддаи 83 Конуни мазкур пешбинигардида ва вайрон кардани  талаботи Конуни  мазкур  вучуд дорад, дихад. Дар сурати масъулият доштани якчанд шахс масъулияти онхо дар назди чамъияти сахоми муштарак аст.
  3. Аз чониби мачлиси умумии сахмдорон маъкул дониста шудани ахдхое, ки дар анчом додани онхо манфиатдории шахсони дар моддаи 83 Конуни мазкур зикршуда вучуд дорад, шахсони мансабдори чамъияти сахомиро аз чавобгари озод намекунад, агар дар натичаи ахд ба чамъияти сахоми ва сахмдорони он зиён расонида шуда бошад. (КЧТ аз 26.12.11с., №780)

 

 

БОБИ 13. БАХИСОБГИРИ ВА ХИСОБОТ, ХУЧЧАТХОИ ЧАМЪИЯТИ САХОМИ ВА ИТТИЛООТ ОИД БА ЧАМЪИЯТИ САХОМИ

 

Моддаи 87. Бахисобгирии мухосибави ва хисоботи молиявии чамъияти сахоми

  1. Чамъияти сахоми вазифадор аст бахисобгирии мухосибавиро пеш бурда, тибки тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон хисоботи молиявиро пешниход кунад.
  2. Масъулияти ташкил, холат ва сахехии бахисобгирии мухосибави дар чамъияти сахоми, сари вакт пешниход намудани хисоботи солона ва дигар хисоботи молияви ба макомоти дахлдор, инчунин маълумот оид ба фаъолияти чамъияти сахоми, ки барои сахмдорон, кредиторон ва воситахои ахбори омма пешниход мегарданд, мутобики Конуни мазкур ва оинномаи чамъияти сахоми ба зиммаи макоми ичроияи чамъияти сахоми гузошта мешавад.
  3. Сахехии маълумоти хисоботи солонаи чамъияти сахоми ва хисоботи солонаи мухосибави бояд аз чониби Комиссияи тафтишоти ё ревизори чамъияти сахоми тасдик карда шавад.

Чамъияти сахоми вазифадор аст пеш аз нашри хуччатхои дар хамин кисм зикргардида мутобики моддаи 91 Конуни мазкур барои тафтиши харсола ва тасдики хисоботи солонаи молияви аудитореро, ки бо чамъияти сахоми ва ё сахмдорони он дар асоси манфиатхои молумулки алокаманд намебошад, чалб намояд.

  1. Хисоботи солонаи чамъияти сахоми бояд пешаки аз чониби Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми ва дар сурати дар чамъияти сахоми мавчуд набудани Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми – аз чониби шахсе, ки вазифахои макоми ичроияи чамъияти сахомиро анчом медихад, дар давоми 30 руз то гузаронидани Мачлиси умумии солонаи сахмдорон тасдик карда шавад.

 

Моддаи 88. Аудити чамъияти сахоми

  1. Аудити чамъияти сахоми мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти аудитори» амали мегардад.
  2. Санчиши аудитории чамъияти сахоми метавонад хар вакт аз руи талаби хар як сахмдори чамъият аз хисоби сахмдор гузаронида шавад. (КЧТ аз 19.05.09с, №510).

Мачлиси умумии сахмдорон аудитори чамъияти сахомиро тасдик менамояд.

 

Моддаи 89. Хифзи хуччатхои чамъияти сахоми

  1. Чамъияти сахоми  бояд хуччатхои зайлро хифз намояд:

– шартномаи таъсиси чамъияти сахоми;

– оинномаи чамъияти сахоми, тагйиру иловахои ба оинномаи чамъияти сахоми воридгардида, карор дар бораи таъсиси чамъияти сахоми, шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии чамъияти сахоми;

– хуччатхои тасдиккунандаи хукуки чамъияти сахоми ба молу мулке, ки дар тавозуни он мебошад;

– хуччатхои дохилии чамъияти сахоми;

– низомномаи филиалхо ё намояндагихои чамъияти сахоми;

– хисоботи солона;

– хуччатхои бахисобгирии мухосибави;

– хуччатхои хисоботдихии мухосибави;

– протоколхои Мачлиси умумии сахмдорон (карори сахмдоре, ки сохиби хамаи сахмияхои овоздори чамъияти сахоми мебошанд), мачлисхои Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахоми, Комиссияи тафтишоти (ревизор) ва макомоти дастачамъии ичроияи чамъияти сахоми (раёсат, маъмурият);

– бюллетенхои овоздихи, инчунин ваколатномахо (нусхаи ваколатномахо) барои иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон;

– хисоботи нархгузорони мустакил;

– руйхати шахсони бонуфузи чамъияти сахоми;

– руйхати шахсони дорои хукуки иштирок дар Мачлиси умумии сахмдорон, дорои хукуки гирифтани суди сахмияхо, инчунин дигар руйхатхое, ки чамъияти сахоми мутобики талаботи Конуни мазкур барои татбики хукукхои сахмдорон тахия менамояд;

– хулосаи Комиссияи тафтишотии (ревизори) чамъияти сахоми, аудитори чамъияти сахоми, макомоти назорати давлатии молияви,дар холати мавчуд будани сахми давлат дар чамъияти сахоми.

– эъломияхои эмиссия, хисоботи семохаи эмитент ва дигар хуччатхои дорои иттилооте, ки бояд нашр гарданд ё бо усули дигар мутобики Конуни мазкур ва дигар конунхо ошкор карда шаванд;

– маводхое, ки ба ахдхои калон ва ахдхое, ки дар бастани онхо манфиати шахсони дар моддаи 83 Конуни мазкур пешбинигардида вучуд дорад; (КЧТ аз 19.05.09с, №510).

– дигар хуччатхои пешбининамудаи Конуни мазкур.

  1. Чамъияти сахоми хуччатхои пешбининамудаи кисми 1 хамин моддаро дар махалли чойгиршавии макомоти ичроияи он тибки тартиб ва мухлати мукаррарнамудаи макомоти ваколатдор хифз менамояд.
  2. Макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок ва чамъияти сахоми ухдадоранд маълумотро дар бораи молик-бенефитсиарони (манфиатгирони) вай на камтар аз панч сол аз санаи бархамдихии чамъияти сахоми нигох доранд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1374)

 

Моддаи 90. Аз чониби чамъияти сахоми ба сахмдорон пешниход намудани иттилоот

  1. Чамъияти сахоми бояд барои сахмдорон дастрас будани хуччатхои дар кисми 1 моддаи 89 пешбинишударо таъмин намояд.
  2. Хуччатхои пешбининамудаи кисми 1 хамин модда бояд аз чониби чамъияти сахоми дар давоми хафт руз аз санаи пешниходи дахлдор барои шиносои дар бинои макомоти ичроияи чамъияти сахоми пешниход карда шаванд. Чамъияти сахоми вазифадор аст бо талаби шахсе, ки ба хуччатхои пешбининамудаи кисми 1 хамин модда хукук дорад, дар асоси талаби онхо нусхаи хуччатхои зикргардидаро дихад.
  3. Дар холати нисбати чамъияти сахомии кушода истифода бурдани хукуки махсус оид ба иштироки Чумхурии Точикистон дар идоракунии чамъияти мазкур («сахмияи тиллои») ин гуна чамъият ба намояндахои Чумхурии Точикистон дастрас будани хамаи хуччатхои худро таъмин менамояд. (К ЧТ аз 5.08.09с, №541).

 

Моддаи 91. Аз чониби чамъияти сахоми хатман ошкор намудани иттилоот

  1. Чамъияти сахомии кушода бояд инхоро ошкор кунад:

– хисоботи солонаи чамъияти сахоми, хисоботдихии солонаи мухосибави;

– эъломияи эмиссияи сахмияхои чамъияти сахоми дар холатхои пешбининамудаи конунхо;

– иттилоот дар бораи гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорон ботартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур;

– иттилоот оид ба ахдхое, ки дар бастани онхо манфиати шахсони дар моддаи 83 Конуни мазкур нишондодашуда вучуд дорад; (КЧТ аз 19.05.09с, №510).

– дигар маълумоти муайяннамудаи макомоти ваколатдор.

  1. Хатман ошкор намудани иттилооти чамъияти сахоми тибки хачм ва тартибе анчом дода мешавад, ки макомоти ваколатдор мукаррар намудааст.
  2. Чамъияти сахоми дар бораи хамаи амалиёт/ахдхои шубханок ва амалиёти хатман назоратшаванда, ки ба онхо узви Шурои директорон (Шурои нозирон) манфиатдор аст ва макоми ваколатдори давлати оид ба танзими бозори когазхои киматнок дар бораи амалиёт/ахдхои шубханоке, ки дар раванди бакайдгирии барориши когазхои киматноки эмиссиони маълум мешаванд, ухдадоранд ба макоми ваколатдор оид ба муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм» иттилоот пешниход намоянд.  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1374)

 

Моддаи 92. Маълумот дар бораи шахсони бонуфузи чамъияти сахоми

  1. Шахс мутобики талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон бонуфуз эътироф мегардад.
  2. Шахсони бонуфузи чамъияти сахоми вазифадоранд дар шакли хатти чамъияти сахомиро оид ба сахмияхои худ, бо зикри микдор ва намуди (навъи) онхо дар давоми 10 рузи санаи ба даст овардани сахмияхо огох намоянд.
  3. Агар дар натичаи бо гунохи шахси бонуфуз пешниход нагардидани иттилооти зикргардида ё сари вакт пешниход накардани он ба чамъияти сахоми зарари молумулки расонида шавад, шахси бонуфуз дар назди чамъияти сахоми ба андозаи зарари расонидашуда масъул мебошад.
  4. Чамъияти сахоми вазифадор аст шахсони бонуфузи худро ба хисоб гирад вабо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба онхо хисобот дихад.

 

БОБИ 14. АЗНАВТАШКИЛДИХИ ВА БАРХАМДИХИИ  ЧАМЪИЯТИ САХОМИ

 

Моддаи 93. Азнавташкилдихии чамъияти сахоми

  1. Азнавташкилдихиичамъияти сахоми (муттахидшави, хамрохшави, таксимшави, чудошави, табдилдихи) тибки Кодекси гражданииЧумхурии Точикистон ва бо назардошти талаботи Конуни мазкур амали  мегардад.
  2. Молу мулки чамъияти сахоми, ки дар натичаи азнавташкилдихи ба миён меояд, танхо аз хисоби молу мулки чамъиятхои сахомии аз нав ташкилшаванда ташаккул меёбад.
  3. Чамъияти сахоми ба истиснои холатхои азнавташкилшави бо рохи хамрохшавива табдилдихй аз рузи ба кайди давлати гирифтани шахсони хукукии навтаъсис азнавташкилшуда  ба хисоб меравад. (КЧТ аз 29.12.10с №657)

Дар сурати азнавташкилдихии чамъияти сахоми дар шакли ба он хамрохшавии чамъияти сахомии дигар, чамъиятхои сахомие, ки дар хамрохшави иштирок менамоянд дар ин хусус бо тартиби мукарраршуда дар як вакт ба макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати барои ворид намудани маълумот ба Фехристи ягонаи давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфиродиариза пешниход менамоянд. Чамъияти сахомиаз лахзае азнавташкилшуда ба хисоб меравад, ки маълумот дар бораи катъ гардидани фаъолияти чамъияти сахомии хамрохшуда ва маълумот дар бораи тагйироти хуччатхои таъсисии чамъияти сахоми ба Фехристи ягонаи давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфиродиворид карда шудаанд. (КЧТ аз 29.12.10с №657)

Азнавташкилдихии чамъияти сахомидар шакли табдилдихипасаз лахзаи ворид намудани маълумот ба Фехристи ягонаи давлатии шахсони хукукива сохибксрони инфиродидар бораи тагйирдихии шакли ташкилию хукукин чамияти сахоми ба итмомрасида дониста мешавад. (КЧТ аз 29.12.10с №657)

  1. Чамъиятхои сахомии дар натичаи азнавташкилдихи таъсисёфта  ва ворид намудани сабт оид ба катъи фаъолияти чамъиятхои сахомии азнавташкилшуда бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон  ба кайди давлати гирифта мешаванд.
  2. Чамъияти сахоми вазифадор аст дар давоми  30 рузи кабули карори азнавташкилдихии чамъияти сахоми ва хангоми азнавташкилшавии чамъияти сахоми дар шакли муттахидшави ё хамрохшави – аз рузи кабули карор дар хусуси хамин чамъияти охирини дар муттахидшави ё хамрохшави иштирокдошта, ба таври хатти кредиторони чамъияти сахомиро огох намуда, дар нашрияи барои чопи маълумот дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки, ки Конуни мазкур пешбини кардааст, иттилоот чоп намояд.

Агар тавозуни таксимот ё санади тахвил барои муайян намудани вориси хукукии чамъияти сахомии азнавташкилшаванда имконият надихад, шахсони хукукии дар натичаи азнавташкилшави таъсисёфта вобаста ба ухдадорихои чамъияти сахомии азнавташкилёфта дар назди кредиторон масъулияти муштарак доранд.

 

Моддаи 94.  Муттахидшавии чамъияти сахоми

  1. Муттахидшавии чамъияти сахоми – таъсис ёфтани чамъияти сахомии нав бо рохи ба он додани хамаи молу мулк, вогузоштани хукуку  ухдадорихо тибки санади  тахвили ду ё якчанд чамъияти сахоми бо  катъ гардидани чамъиятхои охирин эътироф карда мешавад.
  2. Шурои директорони (Шурои нозирони) хар як чамъияти сахомии дар муттахидшави иштирокдошта ба мухокимаи Мачлиси умумии сахмдорон  масъалахои азнавташкилдихиро бо рохи муттахидшави, тасдики санади тахвил ва шартномаи хамрохшави пешниход менамоянд. Шартномаи муттахидшавии чамъиятхо бояд  дар бораи  номгуй, махалли чойгиршавии хар яке аз чамъиятхои сахомии дар муттахидшави иштироккунанда, маълумоти асосии тавозуни онхо итттилоотро дар бар гирифта, инчунин тартиб ва шартхои муттахидшави, аз чумла тартиби  табдили сахмияхои чамъияти сахомии ба муттахидшави чалбшударо ба сахмияхои чамъияти сахомии таъсисшаванда пешбини намояд. Хамаи иттилооти зикргардида бояд дар нашрияхо чоп карда, ба маълумоти сахмдорони чамъияти сахоми  расонида шавад.
  3. Мачлиси умумии сахмдорони хар як чамъияти сахомии дар муттахидшави иштирокдошта дар бораи азнавташкилдихи дар шакли муттахидшави, тасдики санади тахвил ва шартномаи муттахидшави бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон карор кабул мекунад.
  4. Оинномаи чамъияти сахомии навтаъсис дар мухлати муайяннамудаи шартнома оид ба муттахидшави аз чониби Мачлиси умумии сахмдорони чамъияти сахомии навтаъсис тасдик ва макомоти нави он интихоб карда мешавад. Мушаххасоти вобаста ба тартиби даъват ва гузаронидани Мачлиси умумии сахмдорони чамъияти сахомии навтаъсис тибки шартномаи муттахидшави муайян мегардад.

 

Моддаи 95. Хамрохшавии чамъияти сахоми

  1. Хамрохшавии чамъияти сахоми  катъи фаъолияти чамъияти сахомии хамрохшаванда бо тахвили молу мулк вогузории хукуку ухдадорихои он ба зиммаи дигар чамъияти сахоми  мутобики санади тахвил эътироф мегардад.
  2. Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахомии хамрохшаванда ба мухокимаи Мачлиси умумии сахмдорон масъалаи азнавташкилдихиро бо рохи хамрохшави, тасдики санади тахвил ва шартномаи хамрохшавиро пешниход мекунад.

Мухтавои шартномаи хамрохшави бояд ба талаботи кисми 2 моддаи 94 Конуни мазкур мутобикат намояд.

Мачлиси умумии сахмдорони чамъияти сахомии хамрохшаванда дар бораи азнавташкилшави бо рохи хамрохшави, тасдики санади тахвил ва шартномаи хамрохшави тибки тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур карор кабул мекунад.

  1. Шурои директорони (Шурои нозирони)  чамъияти сахоми, ки нисбат ба он хамрохшави сурат мегирад, ба мухокимаи Мачлиси умумии сахмдорон масъалахои азнавташкилшавии чамъияти сахоми  бо рохи ба он хамрохшавии чамъияти сахомии дигар, тасдики санади тахвил ва шартномаи хамрохшавиро пешниход менамояд.

Мачлиси умумии сахмдорони чамъияти сахоми, ки нисбат ба он хамрохшави сурат мегирад, дар бораи азнавташкилшави бо рохи хамрохшави, тасдики санади тахвил ва шартномаи хамрохшави тибки тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур карор кабул мекунад.

  1. Хангоми зарурат карор дар бораи ворид намудани тагйиру иловахо ба оинномаи чамъияти сахоми,  ки нисбат ба он хамрохшави сурат мегирад, аз чониби Мачлиси умумии муштараки сахмдорони чамъияти сахомие, ки нисбат ба он хамрохшави сурат мегирад ва сахмдорони чамъияти сахомии хамрохшаванда кабул карда мешавад.
  2. Хамрохшавии як чамъияти сахоми ба дигар чамъияти сахоми бо карори Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахомии дуюм ичозат дода мешавад, агар маблаги дороии умумии сахмдорон ва ухдадорихои чамъияти сахомии хамрохшаванда аз сармояи худии чамъияти сахомие, ки ба он хамрох мешавад, аз 5 фоиз зиёд набошад.

 

Моддаи 96. Таксимшавии чамъияти сахоми

  1. Таксимшавии чамъияти сахоми  катъи фаъолияти чамъияти сахоми бо тахвили хамаи молу мулк, вогузории хукуку ухдадорихо ба зиммаи чамъиятхои сахомии навтаъсис, бо минбаъд иваз намудани сахмияхои чамъияти сахомии азнавташкилшаванда ба сахмияхои чамъиятхои сахомии навтаъсис эътироф мегардад. Дар айни замон хукуку ухдадорихои чамъияти сахомии таксимшаванда мутобики тавозуни таксимоти ба ихтиёри чамъиятхои сахомии навтаъсис мегузарад.
  2. Шурои директорони (Шурои нозирони)  чамъияти сахомии бо рохи таксимшави азнавташкилшаванда ба мухокимаи Мачлиси умумии сахмдорон  масъалахои азнавташкилдихии чамъияти сахомиро бо рохи таксимшави, таъсиси чамъиятхои сахомии нав, тартиби табдили когазхои киматноки чамъияти сахомии азнавташкилшаванда ба когазхои киматноки чамъиятхои сахомии таъсисшаванда ва тасдики тавозуни таксимотиро пешниход менамояд.

Карори кабулнамудаи Мачлиси умумии сахмдорон дар мавриди таксими чамъияти сахоми бояд тартиби мубодилаи сахмияхои чамъияти сахомии азнавташкилшавандаро ба сахмияхои чамъиятхои сахомии навътаъсис, инчунин таносуби намудхо ва арзиши номиналии сахмияхои зикргардидаро, ки хангоми мубодилаи хар як намуди сахмияхои каблан баровардаи чамъияти сахомии азнавташкилшаванда татбик мегардад, муайян намояд. Дар айни замон хукукхое (аз чумла хукуки интихоби сахмияхо барои мубодила), ки ба дорандахои сахмияхои як намуд фарохам оварда мешавад, бояд баробар бошанд. Хукуке, ки ба хар як сахмдори чамъияти сахомии азнавташкилшаванда дар натичаи мубодилаи сахмияхои ба у марбута ба сахмияхои чамъияти сахомии навтаъсис фарохам оварда мешавад, наметавонад дар мукоиса бо хукукхои фарохамовардаи оинномаи чамъияти сахомии азнавташкилшаванда камтар бошад ё махдуд гардад.

  1. Агар дар оинномаи чамъияти сахоми тартиби дигаре  пешбини нашуда бошад, хангоми таксимшавии он хар як сахмдор таносуби фоизии сахмияхои худро нисбат ба микдори умумии сахмияхои баровардаи чамъиятхои сахомии навтаъсис, баробар ба таносуби фоизи сахмияхои у ба микдори умумии сахмияхои баровардаи чамъияти сахомии азнавташкилшаванда нигох медорад.
  2. Чамъияти сахоми  вазифадор аст аз лахзаи дар Мачлиси умумии сахмдорон  кабул шудани карор оид ба таксимшави кредиторонро вобаста ба ухдадорихое, ки баъди кабули карор ба миён меоянд,сари вакт огох созад.
  3. Чамъияти сахоми вазифадор аст дар давоми ду мохи кабул гардидани карори Мачлиси умумии сахмдорон дар мавриди таксимшави ба хамаи кредиторон дар хусуси таксимшави огохиномаи хатти ирсол дорад ва дар нашрияи муайян эълони дахлдор чоп кунад. Ба огохинома (эълон) тавозуни таксимоти, инчунин маълумот оид ба номгуй ва махалли чойгиршавии хар як чамъияти сахомии навтаъсис замима мегардад.
  4. Кредиторони чамъияти сахомии азнавташкилшаванда хукук доранд дар мухлати ду мох аз рузи гирифтани огохинома (чопи эълон)  аз чамъияти сахоми ичрои пеш аз мухлати ухдадорихои дахлдор ва чуброни зиёнро талаб намоянд.
  5. Чамъиятхои сахомие, ки дар натичаи таксимшавии чамъияти сахоми ба миён омадаанд, вобаста ба ухдадорихои чамъияти сахомии азнавташкилшуда масъулияти муштарак доранд.

 

Моддаи 97. Чудошавии чамъияти сахоми

  1. Чудошавии чамъияти сахоми таъсиси як ё якчанд чамъияти сахоми бо вогузории кисми хукуку ухдадорихои он ба зиммаи чамъияти сахомии азнавташкилшаванда, бидуни аз байн рафтани чамъияти сахомии азнавташкилшаванда эътироф мегардад.
  2. Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахомии азнавташкилшаванда бо рохи чудошави ба мухокимаи Мачлиси умумии сахмдорон масъалахои азнавташкилдихии чамъияти сахомиро, бо рохи чудошави, тартиб ва шаклхои чудошави, таъсиси чамъияти (чамъиятхои) сахомии нав, табдили сахмияхои чамъияти сахомии азнавташкилшавандаро ба сахмияхои чамъияти сахомии таъсисшаванда ва тартиби  ин тарик табдилкуни (таксим, харидори)  ва тасдики тавозуни таксимотиро пешниход мекунад.
  3. Мачлиси умумии сахмдорони чамъияти сахомии бо рохи чудошави азнавташкилшаванда дар мавриди азнавташкилдихии чамъияти сахоми бо рохи чудошави, тартиб ва шартхои чудошави, таъсиси чамъияти (чамъиятхои) сахомии нав, табдили сахмияхои чамъияти сахомии азнавташкилшаванда ба сахмияхои чамъияти сахомии таъсисшаванда ва тартиби ин тарик табдилкуни (таксим, харидори) ва тасдики тавозуни таксимоти карор кабул мекунад.

Мачлиси умумии сахмдорони хар як чамъияти сахомии таъсисшаванда дар бораи тасдики оиннома ва таъсиси макомоти он карор кабул мекунад. Агар мутобики карори азнавташкилдихи бо рохи чудошави сахмдори ягонаи чамъияти сахомии таъсисшаванда чамъияти сахомии аз нав ташкилшаванда бошад, оинномаи чамъияти сахомии таъсисшаванда аз чониби Мачлиси умумии сахмдорони чамъияти сахомии азнавташкилшаванда тасдик карда, макомоти он таъсис дода мешавад.

Агар карор дар мавриди азнавташкилдихии чамъияти сахоми бо рохи чудошави табдили сахмияхои чамъияти сахомии азнавташкилшавандаро ба сахмияхои чамъияти сахомии таъсисшаванда ё таксими сахмияхои чамъияти сахомии таъсисшавандаро байни сахмдорони чамъияти сахомии азнавташкилшаванда пешбини намояд, хар сахмдори чамъияти сахомии азнавташкилшаванда, ки мукобил овоз додааст ё дар овоздихи оид ба масъалаи азнавташкилдихии чамъияти сахоми иштирок нанамудааст, бояд сахмияхои хар чамъияти сахомиеро, ки дар натичаи чудо шудан таъсис меёбад ва хукукхоеро, ки сахмияхояш низ дар чамъияти сахомии азнавташкилшаванда фарохам меоваранд, мутаносибан ба микдори сахмияхои дар ин  чамъияти сахоми доштааш  ба даст орад.

  1. Хангоми аз хайати чамъияти сахоми чудо шудани як ё якчанд чамъияти сахоми хар кадоми он ба як кисми хукуку ухдадорихои чамъияти сахомии бо рохи чудошави азнавташкилёфта мутобики тавозуни таксимоти сохиб мегардад.

 

Моддаи 98. Табдилдихии чамъияти сахоми

  1. Чамъияти сахоми хукук дорад бо риояи талаботи мукаррарнамудаи конунхо ба чамъияти сахомии дорои масъулияти махдуд ё кооперативи истехсоли табдил дода шавад.

Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахомии табдилшаванда ба мухокимаи Мачлиси умумии сахмдорон дар хусуси табдили чамъияти сахоми, тартиб ва шартхои табдил, тартиби мубодилаи сахмияхои чамъияти сахоми ба сахмхои иштирокчиёни чамъияти дорои масъулияти махдуд ё пайи аъзои кооперативи истехсоли пешниход менамояд.

  1. Мачлиси умумии сахмдорони чамъияти сахомии табдилёбанда дар мавриди табдили чамъияти сахоми, тартиб ва шартхои табдил, тартиби мубодилаи сахмияхои чамъияти сахоми ба сахмхои иштирокчиёни чамъияти дорои масъулияти махдуд ё пайи аъзои кооперативи истехсоли карор кабул мекунад. Иштирокчиёни шахси нави хукукие, ки хангоми табдил таъсис меёбанд, дар мачлиси муштараки худ дар хусуси тасдики хуччатхои таъсиси ва интихоби (таъини) макомоти идора тибки талаботи конунхо оид ба ин ташкилот карор кабул мекунанд.

 

Моддаи 99. Окибати ичро нанамудани талаботи азнавташкилдихии мачбурии

чамъияти сахоми

  1. Агар макомоти чамъияти сахоми, ки бо карори суд барои азнавташкилдихии мачбурии чамъияти сахоми бо рохи таксимшави ё чудошави ваколатдоранд, азнавташкилдихиро дар мухлати  муайянкардаи карор анчом надиханд, суд сардори эътимодноки чамъияти сахомиро таъин намуда, ба у супориш медихад, ки азнавташкилдихиро бо рохи таксимшави ё чудошави анчом дихад.
  2. Аз лахзаи таъини сардори эътимодноки чамъияти сахоми тамоми  салохияти Шурои директорон (Шурои нозирон), макоми ичроияи чамъияти сахоми, хамчунин салохияти Мачлиси умумии сахмдорон  ба у мегузарад.
  3. Сардори эътимоднок, ки аз номи чамъияти сахоми баромад мекунад, тавозуни таксимотро тахия намуда, хамзамон бо хуччатхои таъсисотии дар Мачлиси умуми тасдикгардида, ки дар натичаи таксим ё чудошавии чамъияти сахоми тартиб ёфтаанд, ба баррасии суд пешниход мекунад. Бакайдгирии давлатии чамъиятхои сахомии навтаъсис дар асоси карори суд анчом дода мешавад.

 

Моддаи 100. Бархамдихии чамъияти сахоми

  1. Чамъияти сахоми метавонад ихтиёри, бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси граждани, бо назардошти талаботи Конуни мазкур ва оинномаи чамъияти сахоми бархам дода шавад. Чамъияти сахоми хамчунин метавонад бо карори суд аз руи асосхои пешбининамудаи конунхои Чумхурии Точикистон бархам дода шавад.

Бархамдихии чамъияти сахоми боиси катъи мавчудияти он, бе гузаштани хукук ва ухдадорихои у тибки тартиби ворисии хукуки ба дигар шахсон мегардад.

  1. Дар сурати бархамхурии ихтиёрии чамъияти сахоми Шурои директорони (Шурои нозирони) чамъияти сахомии бархамхуранда масъалаи бархамдихии чамъияти сахоми ва таъини комиссияи бархамдихиро ба мухокимаи Мачлиси умумии сахмдорон мегузорад.

Мачлиси умумии сахмдорони чамъияти сахомии ихтиёран бархамхуранда дар хусуси бархамдихии чамъияти сахоми ва таъини комиссияи бархамдихи карор кабул мекунад.

  1. Аз рузи таъини комиссияи бархамдихи хамаи ваколатхои вобаста ба идораи чамъияти сахоми ба он мегузаранд. Комиссияи бархамдихи аз номи чамъияти сахомии бархамхуранда дар суд баромад мекунад.
  2. Агар сахмдори чамъияти сахомии бархамхуранда давлат бошад, ба хайати комиссияи бархамдихи  намояндаи макоми ваколатдори идораи амволи давлати дохил мешавад. Хангоми ичро накардани ин талабот макоми бакайдгирандаи давлатии чамъияти сахоми хукук надорад ба таъини комиссияи бархамдихи розиги дихад.

 

Моддаи 101. Тартиби бархамдихии чамъияти сахоми

  1. Комиссияи бархамдихи дар макомоти нашрия, ки дар онхо дар хусуси бакайдгирии шахсони хукуки маълумот дарч мешавад, дар бораи бархамдихии чамъияти сахоми, тартиб ва мухлати пешниходи талабот аз чониби кредиторони он маълумот чоп мекунад.

Мухлати пешниходи талабот аз чониби кредиторон наметавонад аз санаи чопи  иттилоот дар мавриди бархамдихии чамъияти сахоми камтар аз ду мох бошад.

  1. Агар чамъияти сахоми дар рузи кабул гардидани карори бархамдихи дар назди кредиторон ухдадори надошта бошад, молу мулки он мутобики моддаи 102 Конуни мазкур байни сахмдорон таксим карда мешавад.
  2. Комиссияи бархамдихи чихати ошкор намудани кредиторон ва гирифтани карзхои дебитори тадбирхо андешида, инчунин дар шакли хатти кредиторонро дар мавриди бархамдихии чамъияти сахоми огох месозад.
  3. Баъди хатми мухлати пешниходи талабот аз чониби кредиторон комиссияи бархамдихи тавозуни фосилавии бархамдихиро тартиб медихад, ки он дар бораи таркиби молумулки чамъияти сахомии бархамхуранда, талаботи пешниходнамудаи кредиторон, инчунин натичахои баррасии онхо маълумотро дар бар мегирад. Тавозуни фосилавии бархамдихи аз чониби Мачлиси умумии сахмдорон, бо мувофикаи макоме, ки бакайдгирии давлатии чамъияти сахомии бархамхурандаро анчом медихад, тасдик мегардад.
  4. Агар маблаги чамъияти сахомии бархамхуранда барои конеъ гардонидани талаботи кредиторон нокифоя бошад, комиссияи бархамдихи бо тартиби барои ичрои карорхои суди мукарраргардида молу мулки дигари чамъияти сахомиро дар савдои оммави ба фуруш мемонад.
  5. Комиссияи бархамдихи маблагро ба кредиторони чамъияти сахомии бархамхуранда аз руи тартиби навбати мукаррарнамудаи Кодекси граждани, мувофики тавозуни фосилавии бархамдихи, аз рузи таъсиси он шуруъ намуда, анчом медихад, ба истиснои кредиторони навбати панчум,  ки барояшон баъди гузашти як мох аз рузи таъсиси тавозуни фосилавии бархамдихи пардохта мешавад.
  6. Баъди хисобу китоб бо кредиторон комиссияи бархамдихи тавозуни бархамдихи тартиб медихад, ки онро Мачлиси умумии сахмдорон бо мувофикаи макоми бакайдгирии давлатии чамъияти сахомии бархамхуранда тасдик менамояд.

 

Моддаи 102. Таксими молу мулки чамъияти сахомии бархамхуранда дар байни сахмдорон

  1. Баъди хисобу китоб бо кредиторон молу мулки чамъияти сахомии бархамхуранда аз чониби комиссияи бархамдихи байни сахмдорон  бо навбати зайл таксим карда мешавад:

– дар навбати аввал маблаги сахмияхое пардохта мешавад, ки бояд мутобики моддаи 74 Конуни мазкур харида шаванд;

– дар навбати дуюм  суди сахмияхои хисобшуда, вале пардохтнашудаи сахмияхои имтиёзнок ва арзиши бархамдихии муайяннамудаи оинномаи чамъияти сахоми оид ба сахмияхои имтиёзнок пардохта мешавад;

– дар навбати сеюм молу мулки чамъияти сахомии бархамхуранда байни сахмдорон – сохибони сахмияхои одди ва хамаи намудхои сахмияхои имтиёзнок таксим карда мешавад.

  1. Молу мулки хар як навбат баъди таксими пурраи молу мулк бо навбати кабли таксим карда мешавад. Арзиши бархамдихии муайяннамудаи оинномаи чамъияти сахоми оид ба сахмияхои имтиёзноки намуди муайян баъди пардохти пурраи арзиши бархамдихии муайяннамудаи оинномаи чамъияти сахоми оид ба сахмияхои имтиёзнок ба навбати кабли аз чониби чамъияти сахоми пардохта мешавад.

Агар молу мулки мавчудаи чамъияти сахоми барои пардохти  суди сахмияхои хисобшуда, вале пардохтнашуда ва арзиши бархамдихии муайяннамудаи оинномаи чамъияти сахоми ба  хамаи сохибони сахмияхои имтиёзноки як намуд нокифоя бошад, дар ин сурат молу мулк байни сахмдорон – сохибони ин намуди сахмияхои имтиёзнок мутаносибан ба микдори ин намуди сахмияхояшон таксим карда мешавад.

 

Моддаи 103. Анчоми бархамдихии чамъияти сахоми

Бархамдихии чамъияти сахомипас аз ворид намудани сабти дахлдор ба Фехристи ягонаи давлатии шахсони хукуки ва сохибкоронни инфироди аз чониби макомоти анчомдихандаи бакайдгирии давлати анчомёфта ва чамъияти сахоми бархамхурда ба хисоб меравад. (КЧТ аз 29.12.10с №657)

 

 

БОБИ 15.  МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 104. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни  Чумхурии Точикистон «Дар бораи чамъиятхои сахоми»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 23 декабри соли 1991 «Дар бораи чамъиятхои сахоми» (Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон, с.1992, №4, моддаи 39; Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон,  с.1996, №23, моддаи 362; с.1998, №10, моддаи 131; с.2005, №12, моддаи 643) аз эътибор сокит дониста шавад.

 

Моддаи 105. Мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

 

          Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                                    Э. Рахмонов

 

ш. Душанбе,  5 марта соли 2007

№237

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …