Главная / Маданият ва санъат / ЧАЛОЛУДДИНИ БАЛХИ

ЧАЛОЛУДДИНИ БАЛХИ

Чалолуддин Мухаммад ибни Бахоуддин Мухаммад ибни Хусайн Хатибии Балхи машхур ба Мавлави, Чалолуддин МуХаммади Балхи ё Муллои Рум яке аз бузургтарин шоирон ва мутафаккирони халкхои форс-точик ба шумор меравад, ки соли 1207 дар Балх таваллуд ёфтааст. Падараш-Бахоуддини Валад аз факехони машхури замон буд. Чалолуддини Балхи дар чавони ба омузиши илмхои маъмули давр машгул шуд.

jaloludini-balxiБаъди вафоти падар муддате дар хизмати Сайид Бурхонуддини Тирмизи, ки аз шогирдони падараш буд, шогирди кард. Дар Куния бо Шамси Табрези ошнои пайдо карда, уро устоди маънавии хеш хонд ва девони ашъори худро «Девони Шамси Табрези» номид. Дар Куния соли 1273 аз олам гузаштааст. Ашъори Чалолуддини Балхи аз ду кисм иборат аст. Яке манзумаи машхури уст, ки аз машхуртарин китобхои забони форси-то-чики буда, онро «Маснавии маънави» ном ниходааст. Ин маснави аз шаш дафтар иборат буда, 25 632 байтро ташкил медихад, ки хама афкори ирфонию ахлоки мебошад. Кисмати дуюми ашъори уро газалиёт ва рубоиёт ташкил медиханд, ки азсад хазор байт иборат буда, дар давоми умри худ сурудааст.

Дар бештари газалхо номи Шамси Табрези омадааст ва аз инчихат ба «Куллиёти Шамси Табрези» ё «Куллиёти Шамс» ва«Девони кабир» машхур аст. Чалолуддини Балхи дар эчодиёти худ одамонро ба неки ва некукори даъват карда, асоси бадиро дар хирсу тамаъ мебинад. Вай зулму золими, хислатхои бади одамиро сахт махкум намуда, ба воситаи масалу хикояхои зиёде адолат, саховатманди, мехнатдусти барин хислатхои писандидаи одамиро тараннум менамояд.

Осори Чалолуддини Балхи ба забонхои гуногуни дунё тарчума шуда, чандин шархи «Маснавии маънави» ба вучуд омадааст. Холо чанд кисса аз «Маснавии маънави»-ро пешкаши хонандагон менамоем, ки хама саршори панду ахлок мебошанд.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …