Мехмони пире шудам дар Диёрбакр, ки моли фаровон дошт ва фарзанде хубруй. Шабе хикоят кард, ки маро ба умри хеш чуз ин фарзанд набудааст. Дарахте дар ин води зиёратгох аст, ки мардумон ба хочат хостан он чо раванд. Шабхои дароз дар пои он дарахт бар хак бинолидаам, то маро ин фарзанд бахшидааст. Шунидам, ки писар бо рафикон охиста хаме гуфт: «Чи буди, гар ман он дарахт бидонистаме кучост, то дуо кардамеву падар бимурди».
Хоча шодикунон, ки писарам окил аст ва писар таъназанон, ки падарам фартут.
Солхо бар ту бигзарад, ки гузор
Накуни суи турбати падарат.
Ту ба чои падар чи карди хайр,
То хамон чашм дори аз писарат.