Бухлу хасад

Бухлу хасад

Бидон, ки бухлу хасад низ аз чумлаи гунохони бузурганд. Аз ин афъол дури чустан зарур аст. Маънои бухл надодани закот, садака ва ёри накардани бародарону хешу табор ва гадоро чизе надодан ва гайра.

Бахил нонеро дар рохи Худо надихад, чи гуна чони худро дар рохи Худо дихад?

Дар хадис омада аст, ки бахил дар бихишт дар наёяд, агарчи обид бошад ва сахи ба дузах дохил нашавад, агарчи фосик бошад.

Хикоят. Бахиле буд дар шахри Багдод. Мегуфт: – хеч касро аз Ахмади Хаддод душмантар намедонам, ки у нони бисёр ба мардум медихад.

Шабе уро бахоб намуданд, ки моли ту хамааш насиби Ахмади Хаддод мешавад.

Сахар бархеста гуфт: – Инро хилае кардан лозим аст, ки моли ман рузии вай нашавад.

Асои1 калоне ёфта даруни вайро кофта холи кард ва нисфи тиллохоро дар он асо чойгир намуд ва ду сари асоро махкам карду дар дарёи Дачлаи Багдод андохт. Рузе Ахмади Хаддод дар кишти нишаста буд ва аз дарё мегузашт. Асои у дар дарё галтид, тангае ба ронандаи кишти дод, то асои уро аз дарё гирифта ба у дихад. Ронандаи кишти ба об гута зад, асои бахил ба дасти вай афтод. Онро бароварда ба Ахмад дод. Ахмад дид, ки асо вазнин аст. Ба хона омада асоро кушола тиллохоро бигирифт. Бахил хабар ёфта гуфт: – ох, чи кор кунам, ки тиллохои бокимонда насиби Ахмад нашаванд?

Бокимондаи тиллохоро дар миёни хамир карда нон пхт ва ба хонахои дарвешон оварда, нафака кард. Нон ба камбагалон расид, хамаро ба хурдани он дарди дандон гирифт. Аз хамин чихат аст, ки мегуянд “аз нони бахил дарди дандон хезад”. Дарвешон фатирхоро ба Ахмад медоданд, то дандонхои онхоро меканд ба ин тарика бокимондаи тиллохои бахил насиби Ахмади Хаддод гардиданд. Хабар ба бахил расид, бемор шуда халок гардид. Ин аст сазои бахил.

Хасад некихоро мехурад хамчунон ки оташ хезумро мехурад.

Аввалин гунохе, ки дар замин вокеъ шуд, хасад буд, ки Кобил бо Хобил хасад кард ва уро бикушт, то бадтарин гунохро муртакиб гардид1 ва аввалин гунохе, ки дар осмон пайдо шуд, хасад буд, ки Иблис ба одам хасад кард ва бад-он сабаб ронда шуд. Хасад он аст, ки агар касе чизе дошта бошад: моли бисёр, ё обруи бисёр ва монанди инхо, шахси дигар намехохад, ки вай хамин чизхоро дошта бошад.

Илохо, моро аз хасад нигох, дошта, тавфики некхохии  мусулмононро арзони дори, омин.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …