Главная / Варзиш / Бозихои серхаракати миллии точики

Бозихои серхаракати миллии точики

Бозихо зухуроти чамъиятиву таърихи, намуди мустакими фаъо- лияти ба инсон хос мебошанд.

Бозихои серхаракати миллии точики, хамчун бозихои халкхои дигар бо вобаста ба машгулияти сокинони ин ё он нохия ташаккул ёфтаанд.

Маводи таърихи ва этнографи аз он гувохи медиханд, ки бозихои серхаракат дар хаёти одамон накши мухимро мебозанд.

Точикон аз даврахои кадим бозихои гуногунро истифода мебур- данд. Ин ба як системаи таърихии тарбияи чисмони мубаддал гашта буд.Бо мурури замон бозихо шаклу намудхои навро мегирифтанд.

Дар давраи муосир барои инкишофи кудакон бозихои ачдодии рангу тобиши милли дошта ахамияти бузургдоранд.

Дар машкгох
Дар машкгох

Бозихои серхаракат имруз хам дар барномаи тарбияи чисмонии мактаббачагон чойи махсусро ишгол менамояд.

Дар байни мактаббачагони синни хурди мактаби бозихо бо унсурхои давидан, партофтан, гузаронидани бор, кашидани банд, гуштин пахн шудааст. Якчанд намуди онхоро мисол пешниход меку- нем.

«Ки зудтар?»

Бози бо кудакони синни 7-12 – сола дар майдонча ё бинои калон гузаронида мешавад. Дар он аз 10 то 40 нафар иштирок мекунад.

Тасвир: Дар маркази майдон давраи калон кашида мешавад. Бозингарон дар гирди давра дар масофаи дастхои кушода дур аз якди- гар меистанд, барандаи бозй бошад дар марказ. Бо ишора (бо хисоби «як, ду») бозингарон ба дохили давра давида медароянд. Баранда кушиш мекунад, ки касеро аз онхо дорад. Агар ин кор ба у муяссар шавад, бозингари дошташуда ёвараш мешавад ва ба давра дохилшуда- гонро медорад.

Хар як бозингари дошташуда ёвари баранда мешавад. Бозй то даме идома меёбад, ки шумораи зиёди бозингарон ба давра дохил шаванд. Аз байни бозингарон барандаи нав интихоб мешавад ва бози аз нав огоз меёбад.

Коидаи 1. Баранда хукуки аз давра баромадан надорад.

Коидаи 2. Танхо бозингаре дошташуда хисоб мешавад, ки баран- да ба у дар дохили давра даст расонад.

Коидаи 3. Аз давра баромадан мумкин нест.

Вариант. Агар шумораи бозингарон зиёд бошад, онхоро ба ду гурух чудо кардан мумкин аст. Гурухи якум дар дохили давра, гурухи дуюм дар атрофи давра чой мегиранд.

Бозингарони дошташуда аз бозй мебароянд. Бози вакте ба охир мерасад, ки хамаи бозингарони дар атрофи даврабуда дошта мешаванд. Сипас, гуруххо чойхояшонро иваз мекунанд. Гурухе голиб меояд, ки зудтар хамаи ракибонро дорад.

«Ки дуртар?»

Бози дар байни бачахои хурдсол бисёр маъмул аст. Одатан, онро дар баландихо бози мекунанд.

Тасвир: Бозингарон чуфт-чуфт дар катор саф мекашанд. Бо ишо- раи рохбар чуфти бозингарон харду пойро чафс намуда, чахида – чахида поён ба баланди харакат мекунад.

Аз чуфти бозингарон хамоне голиб меояд, ки масофаи зиёдтарро тай кардааст.

Коидаи 1. Чахандахобояддармасофаимуайяназякдигаристанд.

Коидаи 2. Дар лахзахои чахидан пойхо бояд чафс карда шаванд. Касе, ки пойхояшро мекушояд бозиро бой медихад.

Коидаи 3. Голибон байни худмусобика карда метавонанд.

«Киро тела дихем?»

Дар ин бози бачахои синни мактаби аз 6 то 40 нафар иштирок мекунанд. Бозиро дар майдонча, рохрав ё толори варзиши гузарони- дан мумкин аст.

Тасвир: Дар ду тарафи майдонча (толор) ду хати мувози (парал- лел) дар ру ба руи хамдигар дар масофаи 10-15 м кашида мешавад.

Бозингарон ба ду гурух чудо мешаванд ва сардорхоро интихоб менамоянд. Г уруххо дар назди хатхо дар мукобил и хамдигар меистанд. Дар хар гурух бозингарон даст ба даст мекунанд. Бозингаре аз гурухи огозкунандаи бози мепурсад. «Киро тела кунем?» Гурухи мукобил чавоб медихад: «Бузи хокистарангро» Бозингари гурухи якум: «Аз дустони ман киро тела дихем?» Гурухи дуюм чавоб медихад: «Рахим- ро» (ё каси дигарро). Пас аз ин бозингари гурухи якум давида омада «занчири» дасти Рахимро кандани мешавад. Агар ин кор муяссар гардад, харду бозингаре, ки занчири дасти онхо канда шуд, ба тарафи гурухи ракиб мегузаранд ва аз тарафи мукобил бози мекунанд. Бозин- гари дуюми гурухи якум ба бози шуруъ менамояд. Агар вай занчирро канда натавонад дар гурухи ракиб мемонад. Акнун бозингарони гурухи дуюм ба бози шуруъ менамоянд.

Коидахо:

  1. Г уруххо бояд аз хати кашидашуда нагузаранд.
  2. Бозингароне, ки бозиро бохтанд, бояд зуд аз гурух бароянд, ё ин ки аз тарафи гурух мукобил бози кунад.
  3. Дастхоро мустахкам доштан лозим аст.

Инчунин кобед

44-chashma-27

Чилучорчашма – дар нохияи Носири Хусрав

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби мукаддас. Он дар сохили рости дарёи Кофнихон, 12 км …