Главная / Гуногун / Бомдодон хамаро ба калъа дароварданд

Бомдодон хамаро ба калъа дароварданд

Тане чанд аз равандагон муттафики саёхат буданду шарики ранчу рохат. Хостам, то мурофикат кунам, мувофикат накарданд. Гуфтам:
– Аз карами ахлоки бузургон бадеъ аст руй аз мусохибати мискинон тофтан ва фоида дарег доштан, ки ман дар нафси хеш ин кадар кудрату суръат мешиносам, ки дар хидмати мардони порсро ёри шотир бошам, на бори хотир.
Яке з-он миён гуфт:
– Аз ин сухан, ки шуниди, дил танг мадор, ки дар ин рузхо дузде ба сурати дарвешон баромад ва худро дар силки сухбати мо мунтаззам кард.

Чи донанд мардум, ки дар чома кист?
Нависанда донад, ки дар нома чист.

Ва аз он чо ки саломати холи дарвешон аст, гумони фузулаш набурданд ва ба ёри кабулаш карданд.

Сурати холи орифон далк аст,
Ин кадар бас, чу руй дар халк аст.
Дар амал кушу хар чи хохи, пуш,
Точ бар сар неху алам бар душ.
Тарки дунёву шавхат асту хавас
Порсои, на тарки чомаву бас.
Дар гажаганд мард бояд буд,
Бар муханнас силохи чанг чи суд?

Рузе то ба шаб рафта будем ва шабонгах ба пои хисор хуфта. Дузди бетавфик ибрики рафик бардошт, ки ба тахорат меравам ва ба горат мерафт.

Порсо бин, ки хирка дар бар кард,
Чомаи каъбаро чули хар кард.

Чандон ки аз назари дарвешон гоиб шуд, ба бурче рафт ва дарче бидуздид, то руз равшан шуд. Он торик маблаге рох рафта буд ва рафикон бегунох хуфта. Бомдодон хамаро ба калъа дароварданд ва бурданду ба зиндон карданд. Аз он таърих тарки сухбат гуфтему тарики узлат гирифтем, ки «в-ас-саломату филвахдати» (тарчумааш: амният дар иттифок будан аст).

Чу аз кавме яке бедонише кард,
На кехро манзилат монад, на мехро.
Шунидасти, ки гове дар алафхор
Биёлояд хама говони дехро.

Гуфтам, сипосу минат худойро, ки аз баракати дарвешон махрум намондам. Гарчи ба сурат аз сухбат вахид афтодам, бад-ин хикоят, ки гуфти, мустафид гаштам ва амсоли маро хамаи умр он насихат ба кор ояд.
Ба як нотарошида дар мачлисе
Биранчид дили хушмандон басе.
Агар биркае пур кунад аз гулоб,
Саге дар вай афтад, кунад манчалоб.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …