Главная / Илм / Бодён

Бодён

badiyon-660x330Бодён — ин ду навъ аст: бодёни одди (арпабодиён) ва бодёни хитои — ин ситорашакл аст. Бодёни одди низ ду навъ дорад: сахрои ва бустони. Бехтарини он оддии бустонии он аст. Ин тухми маълум ва машхур мебошад.

Мизочи бустонии он дар аввали дарачаи севум гарм ва дар дарачаи якум хушк аст. Валё хаким Букрот дар дувум гарм ва дар якум хушк донистааст. Мизочи тухмаш гармтар назар ба барги он. Решааш барои давоги кавитар аз кисмхои дигари он аст. Хислатхои шифобахши он: тухмашро бирён карда бихуранд, мачрохои узвхои даруни сина, чигар, сипурз, гурда ва хичакро мекушояд ва инчунин дардхои ин узвхоро, ки аз сарди бошанд, таскин медихад; чашм ва меъдаро кувват медихад, бодхо ва ахлоти гафсгаштаро тахлил мебахшад ва пароканда мекунад, шири занонро пайдо ва зиёда мегардонад, хусусан нави он пешоб ва хайзро равон месозад, бар зидди захрхои хайвони тарёк мешавад.

Тухми онро дар об чуш дода, он обро бо гули говзабон ва он тухм бинушанд, дилтапак (дилбози) ва иллати бехушшавиро дафъ мекунад; агар инро бо сунбул ва анчир бихуранд, барои сурфа; дамкутахи ва душвории нафас дору мешавад. Агар худашро танхо биёшоманд, бодхои гафсгаштаро тахлил медихад ва пароканда месозад; дардхои пахлу ва тихигохро таскин медихад; кулинчро, ки варам ва дарди рудахои гафс аст ва ба забони руси колит меноманд, мекушояд; рутубати гафс ва часпаки меъда, бечо (бехузур) шудани дил, балгами шур — хамаашро дафъ менамояд; куввати давохоро ба чохои дури бадан, хатто ба дасту похо низ мерасонад; исхоли кухнаро мебандад ва агар якчанд руз бо зираи сабз бихуранд, исхолхои дигарро низ баста мегардонад, меъдаро кувват медихад; бо асал ва ё бо сиканчабин бихуранд, табхои кухнаро ба ибро меоварад: хангоми гирифтани табхо бо оби хунук бинушанд, бечо шудани дил ва тафси меъдаро, ки аз чамъ шудани балгами шур бошад, таскин медихад ба воситаи ба худ чаббидан ва бухор гардонидани он модда ва хамон тавр ба воситаи пешоб хорич мекунад. Агар куфтаи инро бо гулканд сиришта бихуранд, меъдаро кувват мебахшад, инчунин рутубат ва балгамхоро аз он дафъ месозад.

badiyon-2-300x206Шираи бодиёнро бо куфтаи он сиришта, андак гарм карда, ба шиками тифлон бимоланд, боди даруни онро пароканда мекунад, дарди онро низ шифо мебахшад.  Агар аз рузи якуми мохи хамал то сар шудани мохи саратон хар руз 3,5 грамм тухми арпабодиёнро бо хамвазни он шакар талкон сохта, тановул намоянд, дар он сол ба хурандаи ин иллат ва бемори намерасад. Оби барги тару тозаи онро дар офоб, кивом намоянд, инро усораи арпабодиён меноманд. Усораи хушки онро ос карда чун сурма ба чашм кашанд, чашмро тез мекунад. Баъзехо гиёхи тару тозаи онро дар оташ дошта ва аз он рутубатеро берун меоваранд ва онро чамъ карда ба чашм мекашанд, фоидаи ин ба чашм назар ба усораи баргаш кавитар аст.

Оби барги тару тозаи онро дар зарфе ба оташ гузоранд, чун ду-се чуш хурад, кафки онро бо асал ва шилми сакбина (шилмест, ки дарахташ хеч нафъ надорад) даромехта дар чашм кашанд, барои манъ кардани зардоби ба гавхарак фуроянда, кави гардонидани рушноии чашм даво мебошад. Чун усораи оби барги онро дар офтоб хушк гардонида, бо захраи калхот дар шиша андохта, се хафта дар офтоб биёвезанд ва баъд ба чашм кашанд, фуромадани зардобро ба гавхарак манъ ва заифии чашмро дафъ мекунад. Ин боз як фоида дорад. Баъзан гавхараки чашм васеъ гашта, хамаи сиёхии чашмро (карнияро) фаро мегирад — инро низ шифо мебахшад.

Решаи бодиёнро куфта, бо асал сиришта бимоланд, барои газидани саги девона нафъ дорад. Шилмаш дар хислат монанди усораи он аст. Агар онро чун сурма ба чашм кашанд, барои пуркувват гардонидани чашм ва рад кардани оби ба гавхарак фуроянда ва инчунин агар он об дар он фуромада бошад, даво мешавад. Агар инро бихуранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад,

Вале истеъмоли арпабодиён ба дарун барои одамони гарммизоч зарар дорад — дар ин холат барои ислохаш сиканчабин бояд бихуранд. Микдори як бор хурдан аз тухми он дар як руз аз 3,5 то 9 грамм аст; аз обе, ки решаи он чушонида шуда бошад, аз 9 то 14 грамм андохта бичушонанд. Ба чойи ин тухми карафсро метавон истеъмол намуд.

badiyon-gul-300x225Бодёни сахроиро шоххояш гафстар, вале решааш хурдтар назар ба решаи бустони мебошад, бисёр хушбуй, тухмаш низ калонтар ва сабзтар аст. Мизочи ин дар дарачаи севум гарм ва дар дувум хушк аст. Хислатхои шифобахши он: хар як кисми инро бихуранд, чакмезакро ислох менамояд, бачадонро аз моддахои зарарнок пок мегардонад, решхоро аз чирку рим пок месозад, исхоли кухнаро мебандад; хайзи бандшударо мекушояд, яъне равон мекунад; сангхои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, табхои кухна ва зардпарвинро шифо мебахшад.

Онро дар об чушонида, он обро бо шароб бинушанд, захри чонваронро аз бадан дафъ мекунад. Агар инро куфта гузошта банданд, барои газидани саги девона фоида дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …