Главная / Илм / Бобунаи говчашм чи хел дору аст?

Бобунаи говчашм чи хел дору аст?

Бобунаи говчашм (русс. Гербера) —   Ин гиёх аз чинси бобуна аст, вале гулаш нисбат ба гули бобуна хеле калон асг. Дар гирди маркази гулаш гулбаргхои сафед монанди парра чойгир шудаанд ва миёначойи гул зарди бахмали мебошад. Баргаш ба барги кашниз монанд асг, таъмаш андаке ба талхи моил. Мизочаш дар дарачаи севум гарм ва дар дувум хушк аст.

bobunai-govchashm-300x289Хислатхои шифобахши он: агар инро биёшоманд, баданро гарм мекунад, моддахои гализ ва варамхои дохилиро тахлил медихад, гирехи чигар ва дахани рагхоро мекушояд, хуни дар хичак шахшударо ба тахдил мебарад, варами макъадро мегардонад; пешоб, арак ва хуни хайзро равон месозад, бачаи занхои хомиларо аз шикам меафтонад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, бар зидци захрхо ва захрнокшави тарёк мешавад; барои дарди хичак, варами сипурз, истиско, карокури меъда, кулинч (варам ва дарди рудаи гафс) ва фуромадани об ба кисахои хояхо нафъ дорад. Агар инро бо сиканчабин (сиркоасал) ва ё бо намак бихуранд, моддахои савдо ва балгамро аз бадан хорич мегардонад. Чун бо зарпечак низ бардавом бихуранд, савдо ва балгамро меронад.

Гули тарашро бибуянд, хоб меоварад, вале агар бисёр ва бардавом бибуянд, хоболуд мекунад. Агар инро дар об чушонида, он обро бинушанд ё чун чой дам карда биёшоманд, пирони бехобро хоб меоварад.

Модоме ки бо сиканчабин ё бо намак бихуранд, савдо ва балгамро дафъ мекунад, барои молихулиё, вахшат (тарсончаки) ва саръ нафъ дорад. Агар хар руз  4,5 грамм решаи хушки онро куфта, бо обе, ки дар он фовониё (заячья капуста) чушонида шуда бошад, то си руз биёшоманд, иллати саръро хатман шифо мебахшад. Инчунин хар руз 7 грамм аз гули он бо шароби райхони то 25 руз бихуранд, низ иллати саръро дафъ мекунад.

Гулашро сухта, хокистари онро дар чашм бипошанд, обравии онро ислох менамояд. Худи гулашро чун гард махин ос карда, монанди сурма ба чашм кашанд, хамаи табакахои чашмро пуркувват мегардонад, зулмат, яъне торикии чашмро дафъ мекунад ва нури чашмро тез мегардонад; фуромадани зардобро ба даруни гавхараки чашм, ки чашмро нобино месозад, манъ мекунад ва агар фурамада бошад, дафъ менамояд.

  Гулашро куфта, бо асал хамир сохта лесида бихуранд, дамкутахи, сурфа ва хун кай карданро ба ибро меоварад. Агар 10,5 грамм барги хушкашро куфта, бо сиканчабин ва намак бихуранд, дамкутахи ва савдои омехта бо сафроро дафъ месозад, рутубати зарарноки ба меъда рехташавандаро пароканда ва хушк мекунад, инчунин хунеро, ки дар меъда шах шуда бошад, мегудозад. 4,5 грамм гули хушки онро куфта, бо сиканчабин биёшоманд, дамкутахиро нест мекунад; иштихоро ба таом бармеангезад, меъдаро хушбуй мегардонад. Агар 17,5 грамм гули онро куфта, бо чой фуру баранд, арак меоварад ва иллати кулинчро дафъ мекунад.

   Гулашро дар об чушонида, он обро бо шахдоб (асалоб) биёшоманд, пешобро башиддат меронад, хуни дар меъда ва хичак шахшударо мегудозад. Агар онро дар об чушонида, он обро якчо бо гулаш биёшоманд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, кулинчро мекушояд. Агар гулашро бо шароб бихуранд, пешоб ва хайзро равон мекунад, бачаи занони хомиларо аз шикам меафтонад, оби дар кисахои хояхо чамъшударо бархам медихад.

  Занхое, ки аз омадани хайзи худ махрум гашта бошанд, гулашро хуб куфта, аз таг бардоранд, хайзи ононро башиддат чори мекунад, бачадони сахтро мулоим ва солим мегардонад ва гиреххои онро мекушояд, инчунин дахани раги бавосирро низ мекушояд, бачадонро аз чизхои гайрй пок менамояд.

  Агар ин гиёхрю бо гулаш якчо дар об чушонида, дар он об занхо то ноф даромада нишинанд, сахтии бачадонро ба холи солим ислох мекунад. Оби гиёхи тари инро ба хояхо, закар ва каши рон бимоланд, пушти камарро (бохро) кави мегардонад дар ин бобат пуртаъсир аст.

  Дар обе, ки гулхои ин гиёх чушонида шуда бошад, латтаро тар карда бигузоранд, печиши асабро ислох мекунад, чонварони захрнок газида бошанд, захри онхоро аз бадан дафъ мекунад. Агар инро бо муми занбури асал ва равган даромехта гузошта банданд, варами сокхои по ва дигар чохоро мегардонад.

  Хар як кисми ин гиёхро куфта, ба сурхбод гузошта банданд, шифо мебахшад, варамхои гарм ва хунукро тахдил медихад, решхои хушкро сихат месозад, захмхои хабиса ва чарохати закарро ба ибро меоварад, бавосирро нафъ дорад.

  Гулашро куфта гузошта банданд, варамхои гализро тахлил медихад ва гиреххоро мекушояд.

  Вале агар инро аз хад зиёд биёшоманд, дарди сар меоварад, сарро вазнин мекунад. Дар ин холатхо ё сиканчабин бихуранд, ё гули нилуфарро истеъмол намоянд, зиёни ,онро ислох мекунад. Инчунин сари меъдаро суст мегардонад дар ин маврид низ ё бунафша ё сиканчабин бояд истеъмол фармуд.

  Микдори як бор хурдан аз бобунаи говчашм дар як руз то 9 грамм аст. Ба чойи бобунаи говчашм юнучкаи зардакро ба кор баранд, раво мебошад.

  Аз ин гиёх равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик. Дар таносуби 100 грамм гули бобунаи говчашм, 400 грамм равгани зайтун ё равгани кунчиди нав, гулро дар равган андохта, он шишаро дар офтоб мегузоранд чил руз. Баъд полида, равганро соф карда мегиранд-хамин равгани бобунаи говчашм хисоб меёбад. Агар инро нимгарм дар гуш чаконанд, дардхои даруни онро шифо мебахшад. Агар инро бимоланд, кач шудани руйро ба ибро меоварад, асабхои печидаро рост мекунад, масомхои пусти баданро мекушояд, арак меоварад, варамхои кисми поёни баданро мегардонад, инчунин он варамхоро мепазонад, чарохати узвхои асабониро шифо мебахшад хам бихуранд ва хам бимоланд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …