Главная / Биология / Бемории “Беихтиёр чори шудани пешб”

Бемории “Беихтиёр чори шудани пешб”

Беихтиёр чори шудани пешбро дар забони тиб инконтиненция меноманд. Инконтенентсия яке аз беморихои пахнгашта дар тачрибаи клиникии урологи ба хисоб меравад. Тибки оморхои тибби, такрибан 20% аз ахолии курраи Замин гирифтори ин беморианд. Бемории мазкур бештар дар хонумхо мушохида мешавад.

inkompitenciyaТакрибан 25-30% – и хонумхои синашон аз 65 сол боло мубталои ин беморианд. Мутаасифона аксари ашхосе, ки мубталои ин мушкилианд, инконтинентсияро бемори намехисобанд ва ба пизишк низ мурочиат намекунанд. Ба нудрат ин бемори бидуни дармон низ рафъ мешавад.

Инконтинентсияе, ки худ аз худ рафъ мегардад бештар хангоми таваллуд ё хини илтихоби ходи масона рух медихад.

Куллан ин бемори ба ду гурух таксимбанди мешавад:

1. Гурухи козиб;

2. Гурухи вокеъи;

Ба гурухи козиби инконтинентсия бемороне шомил мегарданд, ки асари халалдоргаштани уретра, эктопии сурохихои холиб ва экстрофии масонаи беихтиёрии пешоб доранд.

Он бемороне, ки инконтинентсияи бидуни нуксонхои гурухи аввал доранд ба гурухи инконтинентсияи вокеи дохил мешаванд.

Дар асл панч навъи беихтиёр рехтани пешоб вучуд дорад:

а) Инконтинентсияи истресси, ки бар асари боло рафтани фишори дохили шикам дар натичаи кори чисмони, сурфа, ханда ва амсоли инхо рух медихад. Ин навъи беихтиёр рехтани пешб, дар натичаи сустии мушакхои дохили кос пайдо мешавад

б) Инконтинентсияи ургенти. Ашхоси гирифтор ба ин навъи инконтинентсия, наметавонанд хорич намудани пешобро хатто ба муддати кутох низ ба таъхир андозанд.

в) Инконтинентсияи парадоксали. Ин навъи инконтинентсия гайри табии буда, дар шахсоне, ки мубталои беморихои простат ва тангии мачрои пешобанд рух медихад.

г) Инконтинентсия таркиби (омехта)- дар ин навъи беихтиёри нишонахои хам стресси ва хам ургенти дида мешавад.

д) Инконтинентсияи транзитори – ин навъи бемори дар ашхосе, ки гирифтори илтихоби узвхои дохили косанд бештар дида мешавад ва хусусияти муваккати дорад.

Сабабхои беихтиёр рехтани пешоб:

  • Тагйироти анатомики;
  • Таваллуди табии аз меъёр зиёд ва таваллуди оризанок;
  • Диабети канд, Фарбехи ва шахсони сигоркаш;
  • Илтихоби музмини узвхои дохили кос;
  • Номуназзамии хормонхо (камбудии эстроген);
  • Осеб ва беморихои магзу торхои асаб;
  • Ихтилолоти гардиши ху;

Харчанд, ки ташхиси ин бемори содда аст, аммо табобаташ душвор менбошад. Зеро дар аввал бояд бемории асосиро табобат намуд ва аз оризахои эхтимоли пешгири кард. Ин бемориро бо ду равиш табобат мекунанд: консервативи (доруи) ва бо усули чаррохи. Навъхои чаррохи (чаррохии боз ва гузоштани ( “слинг” ) ба дарачаи вазнини ва навъи инконтинентсия бастаги дорад Хангоми интихоби табобат мо бояд дарачаи вазнинии бемори, натичаи беморихои неврологи ва беморихои системаи поёнии роххои пешобро дар назар дошта бошем. Чи кадаре ки табобат барвакт шуруъ шавад, хамонкадар натичаи хуб медихад.

Ногуфта намонад, ки дармони ин бемори дар Бемористони Ибни Сино хуб ба рох монда шуда аст ва бемороне, ки то кунун бо ин мушкил мурочиат намудаанд аз натичаи табобат розианд.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …