Главная / Илм / Беданчир дар Канзи Шифо (Китоб)

Беданчир дар Канзи Шифо (Китоб)

anjir-bedanjirБеданчир — Ин растани ду навъ аст: сафедгул ва гулаш сурхи моил ба бунафш. Навъи дувумаш дар давоги кавитар аст. Баргаш монанди барги анчир, вале гушахои барги он баландтар аст нисбат ба барги анчир, кадаш аз 1,5 метр то 2,5 метр мехезад. Решааш монанди най миёнхоли. Самараш хорнок дар хуша, тухми донахояш гирдак ба андозаи донаи кахва, магзаш сафеди серравган аст. Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: ин растани барои мулоим кардани асаб, равонидани дарун, моддахои нодаркори сардмизоч пок гардонидани даруни рагхо, кувват бахшидан ба аъзо, барои дарди сар, фолич, кач шудани руй, ларзак, беморихои сардмизоч, зик-ун-нафас (бронхиальная астма), сурфаи хунук, тахлил додани варами рудахои гафс ва бодхои гализ, мулоим намудани сахтихо, дарди пушт ва хичак, истиско даво мешавад.

Хусусан магзи тухми он, ки куввати исхоловариаш зиёда аст, инчунин барои равон кардани хайз ва берун овардани хамрохаки (ёраки) тифл нафъ дорад.

Чун дах адад магзи тухми онро соида, бо шахдоб (асалоб) биёшоманд, балгам ва рутубати обшаклро бо исхол дафъ мекунад, мачрохои харакати моддахоро васеъ мегардонад, то он ки моддахои бегона гузашта дафъ гарданд, вале иштихоро мебандад, гамгин мекунад, дилро бечо (бехузур) месозад, хатто кай меоварад. Ин кабил зарархояш бо хурдани катиро, наъноъ ва мустако ислох мегардад.

Микдори як бор хурдан аз тухмаш аз 5 то 10 адад мебошад, вале бояд, ки аз пусташ пок карда бихуранд. Агар 20 адад аз ин бихуранд, башиддат маст мекунад. Давои ислохи ин ревоч ва оби анор ошомидан аст.

Магзи тухмашро куфта гузошта банданд, озаххоро хушк ва доги  кунчидакро дафъ мекунад; варамхои балгамиро тахлил медихад ва узвхои сахтгаштаро нарм месозад, никрис (подагра) ва дарди бугумхоро таскин медихад. Куфтаи онро бо сирко хамир карда гузошта банданд, варами пистонро тахлил медихад ва сурхбодро шифо мсбахшад.

Баргаш дар бобати исхол овардан заифтар аз тухмаш мебошад,  вале  бар зидди захрхо тарекияти он афзун аст. Оби барги тару тозаашро такрор ба такрор бинушанду кай куаннд, захрхои хунукмизоч ва захри каттолтаринро, ки биш меноманд, аз бадан дафъ месозад, инчунин каси афюнхурда хам начот меёбад. Барги тарашро куфта, бо орди чав хамир карда, гузошта банданд, варамхои гарми чашм, варами зери гулу ва чохои дигари дури баданро тахлил медихад.

9 грамм оби барги тару тозаашро бо шири навдушида биёшоманд, дарди дилро, ки аз сарди бошад, таскии медихад.

Пусти решаашро хушк карда куфта бихуранд, узвхои чингакшударо кушода мегардонад, сахтихои баданро мулоим мегардонад, дарди гушро таскин медихад, дахани басташудаи бачадонро мекушояд ва бачадони чаппагаштаро ба холати аслиаш меоварад; кутури решгаштаро, решхои тари сар ва варами меъдаро дафъ мекунад, инчунин доги кабуди пустро бархам медихад. Агар инро бо пиёзи гандано якчо карда бихуранд ва гузошта банданд, бавосирро нест мекунад.

Пусти решаи онро дар зарфи мис андохта, ба оташ гузоранд ва болои онро бо зарфи мисин бипушонанд, то он ки хуб битафсад. Ба хар як 4,5 грамм пусти реша ба андозаи як дона гандум кофури холис, дар айни гармиаш сарпушашро бардошта, дар он андозанд ва ан нав сарпуши онро бипушанд, то он ки гудохта гардад. Баъд аз оташ баргиранду то хунук шуданаш хамон тавр кушода монанд. Сони баъд аз шустани макъад пас аз казои хочат хар мартаба мавзеи бавосирро хушк намуда, ин равганро нимгарм бимоланд, бавосирро дафъ мекунад.

Пусти решаи беданчирро бо пусти мор, хардал якчо дар камтар об бичушонанду он таркибро бимоланд, барои иллати кузоз (столбняк), ба гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш, шукуфахои гуногуни пуст ва доги кунчидак доруи бебадал мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …