Главная / Гуногун / Ба тамоми мусалмонон ва ахли илми Осиёи Маркази, Казокистон, Кавкоз ва Русия

Ба тамоми мусалмонон ва ахли илми Осиёи Маркази, Казокистон, Кавкоз ва Русия

Бо эхтироми бузург ва сипосгузории бехамто, ба хотири ояндаи халки азизам, ба шумо мурочиат мекунам.

Ба шарофати истиклолият шамъе афрухта шуд, ки ин шамъ соли 999 мелоди хомуш гардида буд. Бо амри таърих хазор сол паси сар шуд, то ин шамъ зи нав биафрузад.

Дар таърихи инсоният хеч кадом давлатдориро бо замони Сомониён баробар натавон кард. Онхо системаи чамъияти не, балки системаи окилонаи давлатдориро ба вучуд оварданд, ки ин система сабабгори инкишофи илм, санъат, маданият, дин, фалсафа ва гайра гардид. Наслхои ояндаи инсоният тамаддуни волои Сомониёнро «тамаддуни исломи» номиданд. Дар чилди 11-уми китоби «Таърихи тамаддун» Вил Дуронт мегуяд: «Пайдоиш ва аз байн рафтани тамаддуни исломи ходисаи басо бузурги таърихи аст. Ислом дар тули 500 сол аз чихати неру, назм ва ахлоки неку, инкишофи сатхи зиндагони, конунгузории боадолати инсони, эхтиром ба акоиди дини ва акоиди динии дигарон, адабиёт, тахкики илми, тиб ва фалсафа пешоханги чахон буд.

Аврупо аз диёри Ислом (Сомониён) гизохо ва шарбатхо, доруву дармон, аслиха, нишонахои хонаводаги, салика ва завки хунари, олат, русуми санъат, тичорат, конунгузори ва лугати онро низ аз мусалмонон иктибос кард… уламои мусалмон риёзиёт, табиатшиноси, кимиё, хайъат ва тибби Юнонро хифз карданд ва ба камол расониданд. Мероси Юнонро, ки бисёр ганитар шуда буд, ба Аврупо интикол доданд… Файласуфхои мусалмон (Фороби, Ибни Сино, Ибни Рушд ва д.) эчодиёти Арастуро барои Аврупои Масехи дастрас намуданд.

Ибни Сино ва Ибни Рушд аз Шарк ба фалсафаи Аврупо партав афканданд… Танхо ба даврахои тиллоии таърих як чомеа метавонистааст дар як муддати кутох ин кадар корро ба сомон бирасонад».

Дар китоби дигар, ки «Тамаддуни Ислом ва араб» ном дорад, гуфта шудааст: «Баъзе (аз аврупоиёни мо) ор мекунанд, икрор шаванд, ки як кавми кофар ва мулхиде (Сомониён) сабаб шудаанд, Аврупои масехиро аз холати вахшоният ва чахолат рахо кунанд… нуфузи ахлокии хамин аъроби зоидаи Ислом он кавми вахшии Аврупоро, ки салтанати Румро зеру забар намуданд, ба тарики одамият дохил кард ва инчунин нуфузи аклонии онхо дарвозаи илму фан ва фалсафаро, ки аз он (аврупоиён) ба кулли бехабар буданд, ба руи онхо боз кард ва то 600 сол устоди мо – аврупоиён буданд».

Шумораи чунин иктибосхоро чи аз Гарбу ва чи аз Шарк ба хазорон расонидан мумкин аст, вале аз он чи суд?

Мутафаккирон ва муаррихони чи гузашта ва чи хозира хакикатро баён кардаанд ва то андозае сабабхояшро хам иброз доштаанд. Вале ин шамъ чаро дар тули 900 сол дигар оташ нагирифт? Ва чаро аврупоиён шашсад сол аз мо омухта, имруз ба тамаддуни воло, тараккиёти илму техникаи оламгир сохиб шуданду диёре, ки Куруши Кабир, Исмоили Сомони ва чахонгир Ибни Синову риёзаткаш Умари Хайёмро додаасту тамаддуни исломии оламгирро бунёд кардааст, дар тули 900 сол кудрати оддитарин гирехро боз кардан пайдо накард ва кор ба дарачае расид, ки дар охири асри ХХ аз гузаштаи хеш канда гардид? Ин чист ва ин кист? Магар вакти он расидааст, ки жарфтар андеша биронем?

Барои он ки ба баъзе ин саволхо посух бидихем мо бояд аввал рочеъ ба масъалаи дин дар ахди Сомониён таваккуф бикунем. Зеро хеч вакт ва дар хеч кадом гушаи дунё дини Ислом ба ин кадар шахомат ва салобат нарасида буд, чунон, ки дар замони Сомониён. Дар ин давра ду мафхум – «Ислом» ва «илм» синоними хамдигар шуда буданд. Ахли дин агар «Ислом» гуянд, «илм»-ро мепиндоштанд ва агар «илм» гуянд «Ислом»-ро.

Дар дини Ислом «илм» акоиди хукмрон ба шумор меравад. Ба мисли имл ягон акоиди дигареро пайдо карда наметавонем, ки тамаддуни исломиро ин кадар бо салобаташ ифода карда тавонад. Хатто бисёр мафхумхои мухими дини Ислом – аз кабили «тавхид – яъне эътирофи вахдат ба Худо», «ад-дин – яъне эътикоди Хак-таъоло» ва г. бо илм баробар шуда наметавонад.

Мувофики таълимоти Куръон хамаи донишхои инсони аз Худо сар мезананд. «Ва-л-кадари хайрихи ва шаррихи минал-л-лохи таъоло».

Мутобики суннати Ислом илм аз ду кисми чудонашаванда иборат аст: якум, дониши инсони – ин дониши дунявии инсони аст, ки одди ё як андоза инкишоф ёфта мебошад ва дуйюм, дониши инсони ин дониши дини буда, инкишофи олии дониш аст, ки ба инсон дастнорас намебошад. Вале гайр аз ин ду намуди дониши инсони боз дониши илохи мавчуд аст, ки ба донишхои инсони мувофикати том дорад, вале аз лихози мартабаву зарофат хеле оли аст. Худо инро ба дили дустдоронаш медихад, ки хакикатро дарк кунанд ва кашфиётхои чидди карда, захмати инсониятро сабук ва худшиносии уро бедор гардонанд.

Нусрат ва шигифти тамаддуни исломи ба хамин акидаи пайгамбарии «илм» вобастаги дорад. Ин акидаи Мухаммад (с) дини Исломро дар замони Сомониён ба арши аъло расонид. Ба тафсири окилона ва гениалонаи ин акида марди бузургвори чахонии точик Имом-ал-Бухори сабабгор шуда буд. Ва мухим он аст, ки сиёсати давлатдории Сомониён ба ахли дин имконият фарохам овард, ки ба акидахои Имом-ал-Бухори чомаи амал пушонанд. Вале сад афсус, ки ин таркиби илмии дини Ислом то айёми мо идома наёфт. Зеро бархам хурдани давлати Сомониён ва ба чои он ба сари хокимият омадани урдухои чохилу хунхор хама чизи бехтарине, ки дар замони Сомониён нашъунамо мекард ва сайкал меёфт, зеру забар карда шуданд. «…урдухо дар Хуросон, Бухоро, Самарканд, Балх ва дигар шахрхои мутаракки вахшоният содир мекарданд. Санъат, кутубхонахо, хочагии кишлоки олидарача, кушкхо ва масчидхоро ба боди фано медоданд» (К.Маркс). Ин холат зиёда аз сад сол тул кашид. Ситорахои тобони тамаддуни башари, ки дар замони Сомониён ба илму фарханг шугл меварзиданд, бо сахтиву зори ва гурезаги аз олам гузаштанд. Ба сари дин хам одамони тасодуфи ва чохил омаданд. «Агар гуи. ки об ташнагиро мешиканад, туро кофир мехонанд» (Носири Хисрав). «Дар рузгори гузашта хулафон Ислом уламои динро талаб карданди ва эшон мегурехтанди ва акнун аз бахри сад динори харом шаб ва руз бо подшохони фосик нишинанд ва дах бор ба салом раванд ва хар дах бор бошад, ки маст ва чунуб хуфта бошанд, пас агар як бор бор ёбанд, аз шоди бим бувад, ки халок шаванд ва агар тамкин ёбанд, ки бусае бар дасти фосике ниханд, онро боз гуянд ва шарм надоранд…ва агар мухташами дар дунё эшонро нисф – ал – киёме кунад, пиндоранд, ки бихишт ба икта ба эшон додаанд» (Айнулкузот).

Аз хама бадтар чудоиандози дар дохили дини Ислом аст. Ба шиаву сунни таксим кардан, ба вучуд омадани равияхои шаккоки ва г., ки берун аз худуди давлати Сомониён реша медавониданд, ба руи об баромаданд. Хамаи ин ба он сабаб шуд, ки дар дохили дини Ислом хусусиятхои экстримисти пайдо гарданд. Кор ба дарачае расид, ки чараёнхои экстримисти ба террори хунин даст мезаданд.

Аз тарафи дигар, дар афкори чамъияти низ индифферентизми фалсафи хукмрон гардид. Аз кабили дахрия чараёнхои экстримистие ба вучуд омаданд, ки бо бахонаи тадкики илмии Олам ба экстримизми соф зиддидини, дар натича, соф зиддиилмиро чори карда, дар афкори чамъияти хилоф ангехтанд ва дар байни илм ва дин сади касногузар гузоштанд.

Табиист, ки дар он замон хар кадар тадкики олами модди аз тарафи илми табиатшиноси чукуртар мерафт, хамон кадар зиддидини маънидод карда мешуд. Ин холат Газолиро бетараф гузошта наметавонист. Дар охири асри  ХI аз у бузургтар шахсе набуд, ки ин корро ба души худ бигирад. Ин марди забардаст муаллифи 400 асари безавол буд. Вале дониш худ хануз хикмат шуда наметавонад. На «идеалистон», на «материалистон», на ахли дин ва на ахли илм фахмида наметавонистанд, ки окибати ин бо чи меанчомад. Тафаккури онхо аз доираи замонаашон берун намерафт. Газоли бошад ба таври радикали (ошкоро) ба мукобили илми табиатшиноси баромад карда наметавонист, хар чанд, ки дертар онро манъ кард. Аз ин лихоз, у гарчи ба Ибни Сино таваччухи хосае дошт, ба мукобили фалсафаи у киём намуд. У нагз медонист, ки то Ибни Синоро саркуб накунад, ба худ рох кушода наметавонад. Аз ин лихоз, фалсафаи уро ба бист асл таксим намуда, сетоашро зиддидини ва 17-тоашро бидъатангез эълон кард. Инкор карда шудани фалсафаи Ибни Сино маънои инкори илми табиатшиносиро дошт. Ба кавли Мухаммад Юсуфи Мусои Мисри «пас аз танкиди Газоли мусалмонони Шарк дар хамаи мамолики Исломи фалсафаро рад карданд ва бешармона Шайх-ур-раисро хавфнок эълон карданд». Хол он ки Ибни Сино ягона шахсе буд, ки ба мохияти дини Ислом хаккони сарфахм мерафт ва у медонист, ки тадкики олам, ходиса ва зухуроти он аз тарафи илми табиатшиноси ба инкори Худо не, балки ба илми рубубият мебарад. Хамин тавр хам шуд, билохира, дар илми табиатшиноси аз солхои 1965 сар карда кашфиётхои бисёр чидди ба вукуъ пайвастанд, ки ба маънои томи ин калима инкилоби буданд. Аммо садди касногузари идеологияи коммунисти ба убур намудани хакикат мутлако рох намедод, ки олимон, файласуфхо ва ахли дин аз хакикат огах гарданд.

Назарияи абадияти Олам, назарияи абадияти Вакту Фазо, материя, назарияи эволютсионии аз як навъи хайвонот ё наботот пайдо шудани навъхои дигар, назарияи аз олами хайвонот бадар шудани Одам ва гайраву гайрахо мутлако беасос, ботил, гайри илми ва бардуруг баромаданд.

Хамаи ин моро ба кашфи акоиди бикр овард:

Якум. Ба кулли дигаргун сохтани чахонбинии дини, яъне даст кашидан аз таркиби хозираи дини Ислом, ки мо онро дар чадвали якум – «Таркиби дини Ислом аз замони Имом-ал-Газоли (ар ХI) то замони мо» мебинем. Ва ба чои он кабул кардани структураи (сохти) замони Сомониён, ки мо онро дар чадвале бо унвони «Таркиби дини Ислом аз хадисхои Мухаммад, яъне аз замони Имоми Аъзам то шикасти давлати Сомониён» нишон додаем.

Эзох медихем: Харгиз ахли дин гумон накунанд, ки бо ин амали худ пояхои дини Исломро суст мекарда бошанд, баръакс, дини Ислом, ки дар зоти худ айбе надорад, аз истифодаи комёбихои илми табиатшиноси боз хам бузургу тавоно ва хамчури замони нав – илму техника мегардад. Ин гуфтахои мо харгиз маънои онро надорад, ки фардо муллохо ба факултаи физика ё зистшиноси рафта ин фанхоро омузанд. Омузиши равони ахли дин моро ба хулосае овард, ки эшон роххои бо кашфиётхои илми шинос шуда, ба тези азбаркунии онро доранд.

«Илм ба мо равшаноию тавонои мебахшад ва имон ишку умеду гарми. Илм суръат медихад ва имон чихат. Илм чахонро чахони одами мекунад ва имон равонро равони одамият месозад. …илм хам метавонад чахонро бисозад ва хам инсонро, пас хам кори худашро анчом медихад (чахонсози) ва хам кори имонро (инсонсози)» (Муртазо Мутаххари).

              Туро донишу дин рахонад дуруст,

              Рахи растагори бибояд-т чуст.

              Агар дил нахохи, ки бошад нажанд,

              Нахохи, ки доим буви мустаманд,

              Ба гуфтори пайгамбарат рох чуй,

              Дил аз тирагихо бад-ин об шуй.

                                                             (Фирдавси)

Дуюм. Имруз замоне расидааст, ки аз чахонбинии хукмрони илмии худ даст бикашем. Зеро чахонбинии илмие, ки аз сурохии идеологияи коммунисти гузаштааст, чахонбинии илмие, ки дар замони давлатдории махуф бунёд гардидааст, пояхои вай давлати демокративу дуняви, давлате, ки хишти нахустини худро аз шолудаи шахдбори тамаддуни чахони огоз менамояд, бардошта наметавонад. Мо бояд комёбихои илми муосирро ба наслхои оянда бирасонем. Кабл аз хама худи мо аз комёбихои илми муосир огох бошем. Дар акси хол наслхои оянда моро мазаммат хоханд кард. Аз тарафи дигар, барои онхо зиндагони ногувор хохад шуд. бигузор хамаи кашфиётхое, ки мо барраси мекунем, ба дарди онхо нахуранд, бигузор баъзеи онхо ботил бароянд, вале аз гуфтаи шоир Усмони Шарифзода «Агар аз хакикат руй битобед, Худо аз Шумо руй бигардонад, зеро хакикат чамоли хазрати Парвардигор аст».

Бо илтифот ва эхтироми бузург аз Шумо такозо мекунем, ки барои дастгирии ин гояи прогрессиви хиссаи худро гузоред.

Ин гоя на факат мартабаи давлати имрузаи точиконро баланд бардошта, иттиходи мустахками байни халку давлат ва илму динро таъмин мекунад, балки ворисони хакикии давлати Сомониён будани мо точиконро ба чахониён бори дигар собит месозад.

Иброхим Умарзода. (Иктибос аз рузномаи «Чумхурият» нашрияи Хукумати Чумхурии Точикистон 24 апрели соли 1999, №33, (20.103))

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …