Моддаи 100-и Кодекси оила. Бастани созишномаи пардохти алимент
Созишномаи пардохти алимент (андоза, шарт ва тартиби пардохти алимент) дар байни шахсе, ки алимент месупорад ва шахсе, ки онро мегирад, ва дар сурати гайрикобили амал будани шахсе, ки вазифадор аст алимент супорад ва (ё) гирандаи алимент – дар байни намояндагони конунии онхо, баста мешавад. Шахсони кобилияти амалашон махдуд созишномаи пардохти алиментро бо розигии намояндагони конуниашон имзо мекунанд.