Главная / Гуногун / Ба сари кудрат омадани Абдурахмонхон дар Афгонистон

Ба сари кудрат омадани Абдурахмонхон дар Афгонистон

Дар дохили Афгонистон чунин шахсият набуд. Хам истилогарони англис, хам русхо ва хам афгонхои исгиклолиятхох дар ин вазифа набераи Дустмухаммад ва чияни Шералихои Абдурахмонхонро дидан мехостанд. Русхо ба Абдурахмонхон шарот фарохам оварданд, ки аз Туркистон фирор кумад. У аввал ба Бадахшон омад. Дар он чо хокимияти уро эътироф карданд. Хар се тарафи мухолифат хapaкaт мекарданд, ки Абдурахмонхонро барои манфиатхои худ истифода баранд. У бошад, аз мухолифатхои ракибон истифода бурда мехост, ки хокими мутлаки Афгонистон шавад.

154px-abdur_rahman_khan

Соли 1880 дар Кобул ва Кандахор ошубхои зиддианглиси катъ, нагардидаид. Хокими Хирот Мухаммадаюбхон нисбати англисхо мавкеи оштиноназир дошт. У зидди Кандахор тайёри медид. Дар Газна бошад, фидоиён аз нав чамъ омада, ба Кобул хучум кардани буданд, барои англисхо вазъи номусоид фаро расид, барои хамин онхо лозим донистанд, ки Абдурахмонхонро хамчун амири Кобул эътироф кунанд. Онхо хатто ба у ваъда хам доданд, ки бо маблагу силох ёри мерасонанд. Созишномаи Гандумак (дар Кобул доштани резидент ва дастаи харби) бекор карда шуд ва аз дахолат ба корхои дохилии Афгонистон даст мекашанд. Чавобан ба ин Абдурахмонхон ваъда дод, ки Афгонистон Созишномаи Гандумакро дар бобати махдудияти истиклолияти Афгонистон оид ба сиёсати хоричии он эътироф мекунад, яъне Афгонистон хукук надошт, ки мустакилона ба давлатхои хоричи муносибатхои дипдомати дошта бошад. Абдурахмонхон инчунин мачбур шуд, ки аз Афгонистон чудо карда, ба зери итоати Англия дароварда шудани баъзе навохии ба Хиндустон хамсархадро эътироф кунад.

Вале Англия нисбати Афгонистон аз сиёсати истилогаронаи худ даст накашид. Он мехост, ки Кандахорро аз Афгонистон чудо карда, ба музофоти алохидаи ба Англия тобеъ табдил дихад. Лекин хокими Хирот барои ишголи Кандахор бар зидди Англия муборизаи беамон мебурд. Соли 1880 артиши Аюбхон дар наздикии дехаи Майванд ба нерухои муттахидаи англисхо ва хиёнаткорони Кандахор шикаст доданд. Аскарону афсарони душман аз майдони чанг ру ба фирор ниходанд. Соли 1958 ба хотири галаба дар Майванд хамчун нишонаи чидду чахди бомуваффакият барои истиклолияти Афгонистон дар шахри Кобул мучассамаи ёдгорие гузошта шуд.

Аюбхон Кандахорро мухосира кард. Дар ин шароит фармондехии англиси аз бахри чудо кардани Кандахор гузашта, онро ба Абдурахмонхон супорид. Соли 1881 Аюбхон хост, ки Кандахорро аз нав ба даст дарорад. Лекин аз тарафи артиши амир шикаст хурд. Дере нагузашта артиши Абдурахмонхон Хиротро хам ишгол намуд. Аюбхон мачбур шуд, ки ба Эрон фирор кунад. Баъди ин Абдурахмонхон ба хокими ягонаи Афгонистон табдил меёбад. Мулло Динмухаммад фатво дод, ки Абдурахмонхон хокими тамоми Афгонистон аст. Акнун у муборизаро бар зидди англисхо давом медихад. То миёнахои соли 1881 хокимияти Абдурахмонхон дар тамоми Афгонистон пахн гардид. Сипохиёни англиси аз Афгонистон пурра бароварда шуданд.

Бо хамин чанги дуюми Англия бар зидди Афгонистон ба шикаст дучор шуд.

Ба Абдурахмонхон муяссар шуд, ки ба фаъолияти чудоихохии ашрофон, хонхо ва кабилахои алохида хотима гузорад, дар мамлакаг ислохоти иктисоди, маьмури, харби ва хукуки гузаронад. Ислохот имконият дод, ки хокимияти марказии Афгонистонро аз нав баркарор карда шавад. Сарфи назар аз ин ба Абдурахмонхои муяссар нашуд, ки хамаи каламрави сукунати паштухо, аз он чумла куххои Сулаймон ва тарафи рости дарёи Хиндро ба Афгонистон хамрох кунад.

Дар солхои 80-уми асри XIX Русия мехост, ки каламрави мустамликахои худро аз хисоби Афгонистон васеъ кунад. Вале ин кор барояш муяссар нашуд. Соли 1887 дар байни Русия ва Афгонистон дар бораи сархадхои онхо, ки аз дарёи Харируд то Амударёро дарбар гирифтаанд, протоколи хотимави ба имзо расид.

Абдурахмонхон истиклолияти Афгонистонро чун гавхараки чашм мухофизат мекард. Барои хамин у хатто ба англисхо ичозат надод, ки аз Хиндустон ба Афгонистон рохи охан созанд.

Абдурахмонхон охири солхои 80-ум ва солхои 90-ум дар масьалаи сиёсати дохили чидду чахди худро бештар ба муковимат бар зидди забткорихои Англия дар шимол ва шарки Афгонистон ва муковимати паштухои чудоихох сарф кард. Ба ин нигох накарда ба у муяссар нашуд, ки истиклолияти пурраи Афгонистонро аз Англия таъмин намояд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …