Главная / Техника / Барои чи ширкатхои хавопаймои бояд сугурта шаванд?

Барои чи ширкатхои хавопаймои бояд сугурта шаванд?

 Иктибос аз кодекси фазои хавоии Чумхурии Точикистон

 Моддаи 124. Сугуртаи хатмии масъулияти молики хавопаймо дар назди шахсони сеюм 

Сугурта карда ни масъулияти сохиби хавопаймо дар назди шахсони сеюм барои зараре, ки ба хаёт ё саломати ё молу мулки ашхоси сеюм хангоми истифодабарии хавопаймо расонида шудааст, хатми мебошад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 775).

samolet_1Хангоми ичрои парвоз ва корхои авиациони дар фазои хавоии Чумхурии Точикистон андозаи хадди акали маблаги сугурта ба андозаи на камтар аз ду нишондиханда барои хисобхо дар лахзаи бастани шартномаи сугурта барои хар килограмми вазни хадди аксари парвозии хавопаймо мукаррар карда мешавад (Конуни ЧТ аз 06.10.2008 № 425).

Хангоми ичрои парвоз ва корхои авиационии байналмилали дар фазои хавои давлатхои хоричи андозаи хадди акали маблаги сугурта мутобики конунхои давлати дахлдори хоричи мукаррар карда мешавад.

Моддаи 125. Сугуртаи хатмии хаёт ва саломатии аъзои Хайати хавопаймо

(Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 775)

Сугурта кардани хаёт ва саломатии аъзои Хайати хавопаймо хангоми аз тарафи онхо ичро карда шудани вазифахои хизмати хатмист (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 775).

Маблаги сугурта барои хар узви Хайати хавопаймо ба андозаи на камтар аз хазор нишондиханда барои хисобхо дар лахзаи бастани шартномаи сугурта мукаррар карда мешавад (Конуни ЧТ аз 06.10.2008 № 425, аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 126. Сугуртаи хатмии масъулияти интиколдиханда дар назди мусофири хавопаймо

хамлу наклдиханда вазифадор аст, ки масъулиятро барои зарари ба хаёт ва саломатии мусофири хавопаймо расонидашуда, хамчунин барои зараре, ки ба багоч ва ашёхое хамрохи мусофирбуда расонида шудааст, сугурта кунад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 775).

Маблаги сугурта барои хар як мусофири хавопаймо, ки дар шартномаи сугуртаи хаёт ва саломатии мусофир пешбини шудааст, ба андозаи на камтар аз хазор нишондиханда барои хисобхо дар рузи фуруши чипта мукаррар карда мешавад (Конуни ЧТ аз 06.10.2008 № 425).

Маблаги сугуртае, ки дар шартномаи сугуртаи багоч пешбини шудааст, ба андозаи на камтар аз ду нишондиханда барои хисобхо барои хар килограмм вазни багоч мукаррар карда мешавад (Конуни ЧТ аз 06.10.2008 № 425).

Маблаги сугуртае, ки дар шартномаи сугуртаи ашёхое хамрохи мусофирбуда пешбини шудааст, ба андозаи на камтар аз дах нишондиханда барои хисобхо мукаррар карда мешавад (Конуни ЧТ аз 06.10.2008 № 425).

Хангоми ичрои парвози байналмилали хавопаймо сугурта кардани масъулияти Хамлу наклдиханда дар назди мусофирони хавопаймо, аз чумла масъулият барои гумшави, камомад ё осеб дидааи (вайрон шудани) багоч, хамчунин ашёхое, ки хамрохи мусофирон мебошанд хатми мебошад. Андозаи маблаги сугурта набояд аз андозаи дар санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст ё конунхои давлати дахлдори хоричи пешбинишуда камтар бошад (Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 127. Сугуртаи хатмии масъулияти Хамлу наклдиханда дар назди сохиби бор ё борфиристанда

(Конуни ЧТ аз 26.12.2011 № 775)

хамлу наклдиханда вазифадор аст масъулиятро дар назди сохиби бор ё борфиристанда барои гумшави, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бор ба маблаги сугуртае, ки андозаи он бояд на камтар аз ду нишондиханда барои хисобхо дар лахзаи додани борнома барои хар килограмм вазни бор бошад, сугурта кунад (Конуни ЧТ аз 06.10.2008 № 425, аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 128. Сугуртаи хатмии масъулияти истифодабаранда хангоми корхои авиациони

Истифодабаранда вазифадор аст масъулияти худро барои зараре, ки бинобар ичрои корхои авиациони аз тарафи у расонида шуданаш мумкин аст, сугурта кунад.

Инчунин кобед

Кисмхои компютерхои фарди

Пеш аз хама аз таъминоти дастгохии компютери фарди огоз менамоем: Расми кисмхои асосии компютер Чи …