Главная / Гуногун / Ба рохи сармоядори дохил шудани Туркия

Ба рохи сармоядори дохил шудани Туркия

Ба Туркия воридшавии сармояи хоричи маънои онро дошт, ки ин давлат ба хочагии чахонии сармоядори кашида мешавад. Дар дахсолахои охири асри XIX сохтмони фабрикаю заводхо, шахтахо, депохо, устохонахои рохи охан ва иншооти бандархо огоз ёфтанд. Маблаггузори ба саноати милли дар хамон сохахое сурат мегирифт, ки бо саноати давлатхои Европа ракобат намекарданд ё ки ба коркарди аввалияи зироатхои содироти, аз он чумла, коркарди пахта, тамоку, мавиз ва амсоли ин машгул буданд. Аз 1587 корхонахое, ки дар Туркия соли 1900 ба хисоб гирифта шуда буданд, аксарияташон устохонахои хурди косиби буданд. Танхо наздики 200-тои онхоро ба катори фабрика ва заводхо гузоштан мумкин буд. Дар баробари саноати хуроквори истехсолоти бофандаги, собунпази, абрешимбофи ва колинбофи то як дарача пеш рафт. Ин вакт саноати Туркия асосан дар дасти ширкатхои Европа буд. Онхо ашёи хоми ин сохахоро асосан ба хорича мебароварданд.

111_112

Ба шарофати роххои охан ва ба махсулоти кишоварзи зиёд шудани талабот барои бозор кор кардани зироатпарвари меафзояд ва махсусан базои бозорхои чахони. Охиста-охиста кишоварзии Туркия ба рохи сармоядори ворид мешуд. Хочагихои кишоварзне, ки мехнати кирояро истифода мебурданд, сол то сол зиёд мешуданд. Сохибкорони дехоти барои зиёд шудани рента аз тамоми воситахои зарури истифода мебурданд. Дар Анатолия мулкхои заминдорони пайдо шуданд, ки музаффариятхои илми агрономи ва мошинхои кишоварзиро хам ба кор мебурданд.

Болоравии тичорат ва пайдошавии саноати фабрикаю заводи ба табакахо таксимшавии ахолиро тезонид. Ин раванд ба ташаккули табакаи нав – буржуазия сабаб шуд. Сарфи назар аз ин муносибатхои сармоядори дар Туркия суст сурат мегирифтанд. Акибмонии дехот ба тараккиёти умумии чомеа таъсири манфи мерасонд. Махдудияти бозори дохили, аз як тараф ва зуроварии сармояи хоричи аз тарафи дигар, ба ташкили саноати милли халал мерасонданд. Тачхизоти техникии корхонахои мавчуда хеле пастсифат буданд. Мувофики ба руйхатгирии саноатии соли 1915 дар мамлакат 264 корхонаи дорои харакатдихандахои механики кор мекарданд. Яъне он вакт ба корхонахои саноатии Туркия хануз мошинхо рох наёфта буданд.

Буржуазияи дар султонии Туркия ташаккулёфта асосан тичорати буд. Кисми нисбатан обрумандтарини он ба корхои воридоту содироти мол машгул буд. Дар охирхои асри XIX аввали асри XX табакаи зиёиёни Туркия афзуд. Шумораи табибон, хукукшиносон, хизматчиёни ширкатхои гуногун, нависандагон, хабарнигорон, амалдорон ва афсарон зиёд шуд. Зиёиёни индавраинаи Туркия аз ашрофони миёнаи асри XIX-и ин давлат бо он фарк мекарданд, ки одамони касбу кори гуногун буданд. Бисёрии афсарон, амалдорон ва ашхоси касбу кори озоди ин давра аз мухити ашрофи ва ё оилахои майдабуржуази баромада, дар муассисахои навташкили харби ва таълимгоххои махсус маълумот гирифта буданд. Биноан дар чахонбини ва фаъолияти чамъиятии онхо он арзишхое инъикос ёфта буданд, ки феълан чомеаи Туркия ба онхо ниёз дошт.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …