Главная / Гуногун / Барги сабз (хикоя)

Барги сабз (хикоя)

– Барги сабз, барги сабз!..

Як охи сард аз дили пурдард кашиду идома дод:

– Барги сабз нашуда, бало шуд-ку?! Дар тамоми дунё хукмрон, сохиби обру, зеби киса!.. Бало занад! Нури дида, точи сар! Аз кудаки хафтсола то пири хафтодсола бо барги сабз чак-чак мекунанд?! Ё тавба?! Гапи Ризо рост: “Асрори долларро на ту дони на ман!..” Шоир хам чи хуб гуфтааст:

Бархе на хаёли дину дилбар доранд,

Не ёди худову на паямбар доранд.

Бутхои кадимиён хама рафт зи ёд,

Мардум бути нав ба номи Доллар доранд.

Боз як охи сард аз дили пурдард кашид.

– Эх , пулхои Лениндор мешуд, барги сабз хад дошт, ки сар бардорад!.. Хафтод сол хеч кас рангу рахматашро надида буд. Холо хама барги сабзшинос. Дар кучаву корхона хам барги сабз, дар богчаву мактаб хам барги сабз, дар хона хам… Э, сумхои Лениндоре…

Ориф бо хасрату афсус охи чукуре кашид.

Дар осмони нилгун офтоб чехраи кушод дошт, табассум мекард, Ориф бошад хиратабъ, чин бар чабин кашида. Иштихояш баста, аз гулуяш чизе намегузарад. Ошхона сергавго бошад хам, рабту низом дошт. Касеро ба касе коре набуд, хама ба тановул банд буданд. Андешахои мухолиф тазйикаш медоданд. Кошки, ба маслихатошии тагояш намерафт. Як тика оши хурдааш акнун захри баданаш. Бехуда нагуфтаанд, ки: “Сайдро ачал ояд, суи сайёд равад”. “Хай-хай, шарм намедори, – гуфт овози даруни. – О, худат ба кундаи сина зади. Хофизи оши нахор аз ман гуфти”.

У шарм дошт, чун лола суп-сурх шуд, ба обу арак гутид.

“Худоё, бубахш маро”.

Не, ба ваъда вафо бояд кард. Охир таго ба чои падар аст. Лекин чи хел? Пеши кадом хофизе, ки нарафт, барги сабз талабиданд. То туй панч руз мондааст. Вале ноумеди ба дилаш пардаи сиёх пушондааст.

Ё ба ягон нохия ба сафари хидмати равад? Мегуяд, ки аз боло равон карданд. Сабаби узрнок! На сих месузаду на кабоб. Хам ёр намеранчаду хам лаъл ба даст меояд. Не, не, ба ин пасти рох додан мумкин нест. Чашмонашро пушид, то як лахза биосояд, таскин ёбад.

Чашмонашро пушида буд, ки садои мусики ба гушаш расид. Ба назари Ориф гуё торхои асабаш менавозанд. Ё тавба?! Такдир ба холи у тамасхур мезанад. Баданаш тафсид. Дилаш танг шуд. Гушхояш кулф заданд, дасту пояш суст гашт. Нафасе пас чашмонашро кушод ва дид, ки дар гушаи рости ошхона ду кас ба хофизи омода мешаванд. Ха, холо дар бисёр ошхонахо хофизии зинда расм шудааст.

Хофиз ба у шинос намуд. Ба хофиз дурусттар зехн монд. Уро шинохт. Хамдехааш Сангин. Ха, худи худаш! Чи тасодуфи ачиб!

Дар чехрааш табассуми гарму моломол аз мехр шукуфт. Дар чашмонаш шуълаи умед дурахшид. Ва беихтиёр аз забонаш чори гашт:

– Инро бинед-а, ёр дар хонаву мо гирди чахон мегардем!

Сангин ба хофизи шуруъ намуд. Аввал оханги мусики садои паст дошт. Охиста-охиста садои оханг мураттаб гашт. Зохиран хама оханги мусики гуш мекарданд.

– Худо хохад, ба ваъда вафо мекунам, – худ ба худ хурсанди мекард Ориф.

Ногах вучуди уро ким-чи хел эхсоси ачибе фаро мегирад.

– Худоро шукр! – гуён, бо иштиёк гуш ба савту навои Сангин фаро медихад.

Аз савту навои диловезу андешапарвар дилаш ба шур меояд, рухаш меболад.

– Худоё! Мусики чизи одди нест! Муъчиза аст, муъчиза!

Ва аз зурии хаячон дилаш сахт-сахт ба тапиш медарояд.

Баъд…

Охиста-охиста чун садои оханг тапиши дилаш мураттаб мегардад.

Сар то ба по гушу хуш мешавад.

Садои оханги форам мисли насими рухафзои бахори уро навозиш мекунад…

Уро ба олами хаёлот мебарад…

Ёдаш меояд…

 

Хамон сол у муовини директори заводи калонеро бар душ дошт. Аз субх то шом дари у карор надошт. Дардошно, дастгиру гамбарор буд у. Мухточон дарашро бо мехр мекушоданд, бо умед медаромадан. То чое буд ба онхо кумак мерасонд, дасташон мегирифт, бо ду дахон сухани нарму гарм дилашонро мебардошт.

Як пагохи чавони логарандоми кадпасте дари утокашро боз карда, пурсид:

– Мумкин?

Бо чехраи кушоду овози нарму чашмони пурмехр гуфт:

– Набошад-чи, мархамат, мархамат!

Чавон кариб, ки тозон наздаш омад. Киёфаи у махзун ва чашмонаш пур аз гаму андух. Руи у ба вай шинос намуд, вале дар хотир надошт, ки вай кисту кай ва дар кучо дида буд.

– Ако… Ако… – гуён, гирён шуд.

– Худатро даст гир, – бо хаячон гуфт Ориф. – Ором шав, ором шав.

Сипас саросема ба у як пиёла чой дод.

Чавон пиёлаи чойро аз дасти у гирифт. Аммо онро дошта натавонист. Пиёла афтида шикаст.

– Ман навашро харида меорам, – гуфт у саросема. – Навашро…

– Не-не, ту чихо мегуи, – уро ором кардани шуда, гуфт Ориф. – Таъбираш нек аст. Ин ба бахти ту.

Сипас у ба пиёлаи дигар чой рехта, ба у дод. Чавон чойро нушида, каме ором гашт. Сар поин фиканд. Лабхояшро газид. Гуиё аз рафтори худ шарм дошт.

Ориф бо забони ширин гуфт:

– Биё акнун шинос шавем: номи ман Ориф. Ту ки?

– Ман Сангин, аз дехаи шумо, – сар набардошта, посух дод чавон. – Набераи момои Очар.

Момои Очар дояи Ориф буд. Уро хурду калони деха эхтиром мекарданд.

– Холо писари Хокимам гуй?

Чавон ба тасдик сар такон дод ва боз гирён шуд. Ориф хавотиромез пурсид:

– Чи гап, чи шуд?

Вай як охи сарде кашид.

– Падарамро…

Дили Ориф дардолуд тах кашид.

Сангин як лахза забон хоид ва гамангез суханашро ба охир расонд.

– Падарамро кама карда, чизу чораамонро мусодира намуданд.

Дар чехраи Ориф осори гам падид омад: “Худоё, ин чи кисмат аст?!” – Охи чукуре кашиду гуфт:

– Аз такдир чои гурез нест, ба хамааш шукр кардан даркор.

Сангинро гиря гулугир кард. Дигар харф зада натавонист. Танхо оби бини ва ашкхояшро пок мекард.

Ориф боз ба пиёла чой рехта, ба у дод.

– Ту мард хасти, – уро тасалло дод Ориф. – Мард хеч гох назди мушкилихои зиндаги сар фуруд намеорад.

Сар такон дод ва бо нигохи имдодталабона ба у нигарист. Сипас забонаш гирифта-гирифта гуфт:

– Бекорам, зиндаги сахт, – нолид Сангин ва зори кард, ки ягон кор барояш ёбад.

“Ризои набераи момодояам фарз аст” – гуфт дар дил Ориф ва ба у руй оварда, мехрубонона пурсид:

– Ягон касб дори?

– Касб? – гуиё як кад парид у. – Не-е, аз кучо?

Бо овози нарм боз пурсид:

– Ягон кор аз дастат меояд?

Харфе назад, танхо китф бар хам кашид.

– Наход ки ягон кор аз дастат наояд?

Вай охи чукур кашид. Сипас сар поин фиканд.

Руяш нашуд, ки уро ронад. Руи хотири момои Очар баланди кард.

– Хмм! – гуён, сукут ихтиёр карду ба андеша рафт. Лахзае пас руй бар у оварда, андешаманд гуфт:

– Хеч гап не, диккат нашав, гам махур, бароят коре меёбам.

– Чи? Дуруг намегуи? Ох, чи хуб аст! Охир, касе ба ман ёри додан нахост.

Ин суханхо Орифро ба изтироб андохтанд, аммо акнун азмаш кави буд, ки ба у ёри хохад дод.

– Не, дуруг намегуям.

Дар чашмони Сангин шуълаи умед дурахшид.

– Хона хам медихи? – аз чо бархоста, пурсид у.

– Хобгох медихем, – чидди гуфт у. – Зиста меисти, он тарафашро боз мебинем.

– Ако… Ако… – гуён, Орифро ба огуш гирифт. – Некии шуморо хеч гох фаромуш намекунам.

 

Дар бригадаи харротон ба у касби харротиро омузонданд. Аммо сараму дилам, аз руи шиори: “Шавад оби, нашавад лалми” – кор мекард. Боре уро усто дар хонаи истирохат дида, сабаб пурсид.

– Дигар наметавонам, монда шудам!

– Ана халос! – ба хашм омад усто.

Вай марде буд тануманд, овози гафси хирри дошт.

– Чи халос?

Усто хашмашро фуру бурда, уро насихат кард. Вале рузи дигар у боз гайб зад. Усто Мирзоро ба чустуиуи у фиристод. Мирзо лахзае пас уро ёфта овард.

– Дар кучо буди?

Сангин бо кавоки гирифта ба руи усто менигарист.

– Дар майдон футбол мезад, – ба чои у чавоб дод Мирзо.

– Чи, магар футбол бозидан мумкин не?

– Э, бас кун-е! – танзимгар ба паси сари у якто фуровард. – Ба чои узр боз забондарози хам мекуни!

– Назанед! – гуфт усто ва боз уро падарвор насихат кард.

Аммо боз гайб зад. Ин дафъа уро накофтанд. Усто охе кашида гуфт:

– “Пода бе гови рихин намешавад” – мегуфтаанд, рост будааст.

Се соат пас худаш омад.

– Дар клуб будам, – гуфт у.

Боз уро насихат карданд. Аммо боз гайб зад. Боз дар клуб будам гуфт.

Кисса кутох, бузбози ба дили хамкорон зад.

– Кифоя! – гуфт усто. – Рав, дар клуб кор кун!

– Меравам!

Саросема аз дар даромада, бо кахру газаб ба Ориф гуфт:

– Хапу дам шишти!

Ориф аз гапи у чизе нафахмид.

– Хапу дам нашишта, доду фарёд кунам?

Сангин нишаста, домани гиряро сар дод. Ориф бо як азоб оромаш намуда, пурсид, ки чи гап?

– Ронданд, – бо алам бини кашид у. – Аз китфам тела дода-тела дода, беруни дар карданд. “Рав ба пеши хешат” – гуфтанд.

– Наход? – нобоварона ба у нигарист Ориф.

Тарзи кори усто, алалхусус сахтгириаш, ба у маълум буд. Аз ин ру пешона молида, ба фикр фуру рафт.

– Маро мудири клуб мон, – ногахон талаб кард Сангин.

– Хмм! – кахромез зери лаб гурунгос зад Ориф.

Аммо боз руи хотири момои Очар баланди кард.

Бо дастгирии у Сангинро мудири клуб таин карданд. Вай аз боварии Ориф суистеъмол намуд. Маколи “гург аз хонаи худ шикор мекунад” – ро сармашки кори худ карор дод. Чизу чораи клубро фурухта, ба киса зад. Ба даст афтод. Бо кафшашро пеши по мондан халос намешуд. Махбас интизораш буд. Сангин пеши пои Ориф сар монд: “Начотам дех!” Ориф хайрон монд, чи тадбир андешад? Чехраи момои Очар пеши руяш омад. Чехраи пурожанг. Хар ожанг хазор илтичо. Ночор назди директор даромад. Вай марди сохибдилу сохибназар. Ба Ориф эхтиром дошт. Ориф гардан кач кард. Дуди хонаро равзани хона донад, бас. Чи хочати ба боло фахмондан. Вай одами худи. Сар кафад, зери токи. Худам ислох мекунам.

– Ту чи мехохи? – пурсид директор.

– Уро ба химояи худ гирем, – илтичоомез гуфт Ориф.

– Ба ту ки мешавад? – боз пурсид директор.

Ориф хомуш монд, баъд канда-канда гуфт:

– Бародар.

Директор бо хасрат охе кашид. Лахзае сукут варзид. Баъд ба Сангин ру оварда гуфт:

– Писарам, дар урфият “дузд бош, баинсоф бош” мегуянд.

Осори андух аз чехраи у нопадид гардид. Миннатдорона ба директор чашм духт.

Ва охи сабуке кашид.

 

Савти дилнавоз пардаи сиёхи ноумедиро пор-пора кард. Якбора рухи Ориф болида гашт. Чехраашро табассум зеб дод. Ба хаёлаш хамаи одамон ба суи у бо хавас менигаристанд. Гуё Сангин хам ба у мегуфт: “Дар ин хофизии ман хиссаи шумо бузург аст, устод!”

Сармасти хаёлхои ширин ба охир расидани хофизиро нафахмид. Сангин асбобу анчомашро мегундошт. Ориф карор дод, ки ба наздаш меравад, арзи муддао мекунад. Пиндошт, ки Сангин уро хушнудона истикбол менамояд. “Нури дида, точи сар, як туй чи сад туятонро мегузаронам!” – мегуяд. Не, хато кард. Сангин ба у эътиборе хам надод. Ба саломаш аранге сар чунбонд. Чунин вонамуд кард, ки гуё уро намешиносад. Бегона аст барояш. Савлати ачибе дошт у. Ориф дасту по хурд. Вай чунин носипосиро хеч чашмдор набуд. Бехудона ру ба Сангин рост меистод.

– Хм, хм, – гур-гур кард Сангин ва кадом як охангеро таклид намуда, ба хуштаккаши даромад.

Бо тааччуб чашм суи у духт. Менигаристу ба чашмонаш бовар намекард. Наход ки ин хамон Сангин бошад? Ха, худди худаш. Охир, пусти уро ба кавле аз чармгари мешиносад. Тавба! Тамоман одами дигар.

Торхои асаби Ориф таранг шуданд. Дарде ба дилаш панча зад. Чашмонаш бо карохат ба у духта шуданд. Сангин бо кибру викор ба у чашм ало кард. Ориф хост ягон гапи сахт занад, вале забонаш кутахи кард. Сангин ба у як нигохи нописандона андохту пурсид:

– Чи гап?

– Сангин, як вохури кунем, – гуфт, даст суяш бурда.

– Э, э, ин ту-ми? Ту хам ин чо буди? Саломатии ахли байт, хама нагз-ми?

– Шукри Худо, хама сихату саломат. Худат чи хол дори?

Ба чои чавоб:

– Хм, хм, – гуён, гур-гур кард.

Ориф саъй менамуд, ки изтиробашро махфи дорад. Сангин бошад чашмашро суи у ало карда, дагалона гуфт:

– Чи, ходачуби гур барин рост истодаи?

Ориф гуиё накши девор шуд. Тайёр буд, ки замин кафаду ба каъраш фуру равад. Офтоб гуё шарм дошт. Худро паси пораи абр гирифт. Хаво чун табъи Ориф хира гашт. Ба вай чунин намуд, ки дару девор ба холи у механданд. Ин чи беинсофи, беадолати?! Барои чи ман ин кадар хотирбин? Ва дар ниходаш хохише чуш зад, ки ба бари руи Сангин се-чор шаппоти занад. Не, не, лозим не. Чаро окил кунад коре, ки боз орад пушаймони?

– Чи рост истодаи? – бо иллату тамасхур гуфт Сангин. – Гуфтам-ку: шин!

Ориф аз у сахт ранчид, оташи газабаш аланга зад. Вале бо кувваи ирода худро ба даст гирифт.

– Шин, шин! Дар по хакикат нест! Шин!

Сир бой надода, охиста ба курси нишаст. Ва бо хайрату хаячон ба у нигарист. Худоё, шарм хам намедорад! Чи одам аст ин? Гуё вай он Сангине набуд, ки чанд сол пеш бо дахони пурханда уро “устод” мегуфт. “Ман хеч гох хубихои шуморо фаромуш намекунам” мегуфт.

Не, бозам у набуд!

Дар зохир у буду дар рафтору кирдор не.

Ё ин хама ба назараш метобад?

Ё вай хоб аст?

Ва ё… ки медонад?

Боз чашми хайрат суяш духт. Ку он хама лутф?! Ку он хама ваъдахо?!

Лоакал одамгари ку?!

Ба у чи гуяд? Суханхои пасту баланд, таънаомез гуяд? Наметавонад. Забонаш намегардад. Не, сухани сахту талх гуфтан осон. Пас чи фарке байни онхо мемонад?..

Овози Сангин хаёли уро гурезонд.

– Хуш, чи гап?

Ба худ омад ва лаб ба сухан кушод:

– Туй дорем…

– Э, холо чи бисёр, туй, – писханд зада, сухани Орифро бурид у. – Хама туй доранд.

Сипас ру ба кибла гардонда, изофа намуд:

– Хайр, Худо туй дихад. Хурсанди дихад. Илохо хама бандаи муминро ба муроду максадаш бирасонад.

Ва ба касе нигох накарда, даст ба ру кашиду бо кибру викор гуфт:

– Хуб, бисёр хуб.

Ориф чизе гуфтани буд, вале аз чи бошад, чуръат накард.

– Гап зан, – абру боло кашид Сангин.

Ориф чуръат намуда, ба гап сар кард.

– Сангин, – забон хоида гуфт у, – дар оши нахор хизмат мекарди.

– Хизмат? – пурсид у. – Гап нест, лекин хизмат хизматона дорад.

– Ха, ха, албатта, – саросема гуфт Ориф. – Гап нест.

Ва лаб фуру баста, интизор истод. То ки Сангин хакки хизматашро гуяд. Аммо у гуиё ба дахонаш чургот хобонда бошад, харфе намезад. Ба фикр фуру рафта ва хеле чидди менамуд.

Нихоят дахон кушода:

– Хизматона чанд? – гуён, пурсид.

Гуиё як кад парида, пурсид:

– Чи гуфти?

Суолашро такрор кард.

– Ха-а, хеч киммат не, – гуфт у. – Хамаги як барги сабз.

Ориф як кад парида монд. Сипас дасту пояш ларзид. Аз “барги сабз” кимоб шуда буд. Гушаш як садо доду баъд чег зад. Баданаш тафсид. Асабаш чушид. Дилаш танг шуд. Дасту пояш суст гашт.

– Ориф, – уро ном гирифт Сангин, – чи дам ба дарун зади?

– Чи? Ха, хозир, – у ба худ омад, сар боло кард ва пас аз каме тахаммул афзуд: – Хафтод сомони медихам, мешавад?

– Чи?! Хафтод сомони? – чашмонаш калон кушода шуданд. – Чи маро масхара мекуни?! Як барги сабз! Як тин кам не!

Ориф чашм ба руи у духт. Намуди Сангин тамоман чидди буд.

– Ха-а, – мад кашид у. – Ин тавр гуй. Охир хафтод сомони хам пули кам не-ку?

– Шояд барои ту кам набошад. Барои ман кам, – вай хеч аз аспи гурур намефуромад. – Хар кас бояд кадру кимати худро донад. Дигар хофизон панч барги сабз мегиранд.

Як охи сард кашида, гуфт:

– Ха, хофиз то хофиз дорад…

– Рост, – дархол сухани уро бурид Сангин, – беинсофаш хам бисёр. Лекин ман аз руи инсоф мегирам. Чени ризку рузи. Ризку рузиро пеши по задан хуб нест.

Боз як охи сард кашид ва оромона гуфт:

– “Ризк ончунон хуш аст, ки кам-кам фитад ба даст, захр аст рузие, ки ба як бор мерасад” – гуфтааст сохибдиле.

Якбора чун хас оташ гирифта, бе хеч истихола гуфт:

– Рав ба назди хамон сохибдил, туята обод кунад!

Оташи кахру газаби Ориф дубора аланга гирифт.

– “Бисёр маталаб, ки ба кам зор шави” – гуфтаанд, – нихоят дилашро холи кард Ориф.

Нигохи тези Сангин гуиё ба магзи устухонаш расид.

– Э, чи ин кадар гуфтаанд, гуфтаанд, мегуи?! Хеч гох пеши ту зор намешавам.

Ориф охи сузону сангин кашид. Дарёфт, ки сухан ба у асар надорад. Калиди кулфи дилаш барги сабз. Вай бо хасрату афсус охе кашид. Ва чашмаш ба нуктае духта шуд. Чаро мардум ин кадар ба пул дил бастаанд? Пулпарасти пеша кардаанд? Пула бинанд, чашмашон барк мезанад, дилашон гум. Пул гуфта, ба чор су метозанд. Пул гуфта, на шаб хоб доранду на руз. Пул гуфта, имону инсофашонро мефурушанд. Гуё барои пулчамъкуни ба дунё омада бошанд. Пул чист? Хору хас! Баъзехо онро чирки даст, баъзехо барги хазон мегуянд, ки хак асту рост. Чирки даст хамин ки шусти, тоза мешавад, хазон, хору хас фагги дармегираду дуд мешавад, одамгари мемонад. Дунёро мегирифт, падарат мегирифт. Чи кадар доро буд у. Омирона, бо як салаботи хоси худ кадам мезад. Хар киро назараш намегирифт. Окибат чи шуд? На зар шафоаташ карду на мол. Дар махбас чон дод. Афсус, сад афсус, ки кисмати падар ба писар дарси ибрат нагаштааст.

– Фахмо-о, турфа шогирде, ки дар хайрат кунад устодро! – бо дили шикаста охи сузону сангин кашид Ориф.

Сангин ру ба дигар су тофт.

Ориф дигар на талх гуфту на ширин. Ва вазнину охиста бархост.

Сангин хам чизе нагуфт.

Ориф “атояшро ба ликояш бахшид”.

 

Бо димоги сухта ба истгох омад. Одам бисёр, ягон намуди наклиёт намоён нест. Гадое беист мелаккид. Дилаш дардолуд тах кашид. Як-як одамонро аз назар гузаронд. Ягон шиносро надид, ки сухбат кунаду гами дил гуяд. Бар замми ин хаво вайрон мешуд. Интизор нашуд, пиёда рох пеш гирифт. Дилаш моломоли хасрату афсус. Халкаш кок, базур кадам мегузошт.

“Худоё, чаро у ношукри кард?! Чаро аз хафтод сомони руй гардонд?! Ё у масти пул асту хафтод сомониро назараш нагирифт?!

Шояд?!

Ё ин ки хофизи номи шудааст?!

Шояд?!

Пас чаро у бехабар?!

Пас чаро дар ин ошхона хофизи мекунад?!

Ё кори нек мекунад?!

Пас чаро барои ду соат як барги сабз тамаъ дорад?!”

Ногох ба чизе пешпо хурд.

– Э, – гуён аз хоб бедор шудаги барин ба атроф нигарист. Чанд кас уро песонд, яке захрханда, дигаре бини инч кард. У боз рохашро давом дод.

“Ё тавба?! Ин бозори иктисоди инсофу имонро кушт! Номардонро болои об баровард. Ки худаш вай? Як хофиз! Хофизи дайду! Бо ду дахан хонданаш, як барги сабз металабад-е! Гуё ки дар замини Точикистон барги сабз меруида бошад! Умуман ин чи гап аст? Пули милли – хиси милли! Аммо дар хама чо бо барги сабз гап мезананд. Боз “условний единица”. Гуё ки кару куранд. О, ман кариб бист сол хондам-а? Дах сол барои мактаби миёна, чор сол дар Кофарнихон барои маълумоти миёнаи махсус, панч сол дар Душанбе барои тахсил дар мактаби оли… Маошам бисту хафт сомони! Вай бошад, як барги сабз мегуяд! Як барги сабз кам не, гам не, дусаду хафтод сомони! Яксола маоши ман! Э, холо ба дирам зор мешави, гушначашм! Намурам, мебинем!..”

Хамин вакт овозе риштаи хаёлу мунозираи уро барканд. Вай суи овоз гашта, шиноси кучагиаш Бозорро дид.

– Ха, ба ту чи шуд? – кунчкоби кард Бозор. – Зик менамои? Чи ташвиш дори?

Ориф бо кавоки овезон ба у назар андохт.

– Ташвиши…

Вай давоми суханашро хоид: аз “шогирд” чи дид, ки аз як шиноси кучагиаш бинад.

– Ташвиши чи? – исроркорона пурсид Бозор.

– Не, хамту, гуфтам-дия, – сар печид у.

– Не, дарундори хочат не, – боисрор талаб кард Бозор. – Гуй, ки чи гап?

Ориф чи гуфтанашро надониста, як охи дардноке кашид.

– Гуй, ки чи гап?

Ориф ночор гуфт. Бозор кох -кох хандид.

– Э – валлох! – коиле! Вохима карди-да. Холо аз саг хофиз биёру ту хофиз мекоби.

– Гапат рост. Ба чанд нафараш ранг зард кардам. Аз осмони хафтум капиданд. Ба яктааш хафтод сомони гуям, не як барги сабз мегуяд, – гуфт у бо дили озурда.

– Чи-и? Аз хафтод сомони руй гардонд? Хо, ношукрбандае! Хайр, кирои зики не. Ту осуда бош. Ман ба ту хофизе меёбам, ки бо хафтод сомони хизмати оли мекунад.

Шубхаомез ба у дида духта:

– Ха-а-а… Рост мегуи? – гуфта пурсид.

Бозор бо хайрати беандоза суи вай нигарист:

– Ту чи, бовар намекуни?

– Не, не, ту чихо мегуи… У кист?

– Медони, чурачон, ангура хуру богаша напурс, духтара бусу номаша напурс. Фахмиди?

– Фахмидам. Ба дахонат асал, Бозорчон, – гуфт Ориф хурсанд шуда.

Вале он зуд гайб зад. Ба дилаш шубха пача заду бо дудилаги ба Бозор нигарист. Бозор инро пай бурд.

– Ман суханро ба хаво намедихам, – катъи гуфт у. – Бираву осуда бихоб.

Парешони, бесаранчоми, тугёни ботину зохираш рафъ шуданду табассуми махине дар лабонаш накш баст. Бо вучуди ин панч руз дар назари Ориф гуё панч сол барин тул кашид.

Туй дар рузи таиншуда барпо гашт. Бозор ба ахдаш вафо кард. Хофизхои ёфтааш хеле хуб хонданд. Ориф боз хеле такудав карда, хизмат намуд. Оши нахор хуб гузашт.

– Хазор рахмат! – гуён, ба сарвари хофизон хафтод сомони дод. Аммо у бист сомониашро баргардонд. Ориф тахайюромез ба у нигарист.

– Худо кама дихаду гама не! – гуфт у.

Тагояш аз у бехад миннатдор шуд. Дар назди дусту душман хитоб кард:

– Офарин! Чиянита исбот карди!

 

Табъи хаво хира, табъи Ориф чок. Чехрааш хандон, иштихояш козгир. Вай лахзае пеш ба ошхона омада, гушаи дури онро ихтиёр кард. Сихкабоб фармуд. Соати расо дувоздах Сангин ба хофизи шуруъ намуд. Савтхо аз чи бошад, ки дилшикастаю нолишкунанда, хазину дилхарош садо медоданд. Ногах вучудашро як эхсоси хасрату афсус фаро гирифт. Ба вай чунин менамуд, ки одамон ба Сангин ноаён писханд мезаданд. Гурухе бо нафрату адоват ба у менигаристанд. Кавокхои Сангин овезон. Лабонаш ноаён мечунбиданд. Худ ба худ чизе мегуфт. Вай каме дам гирифту боз ба навохтан огозид. Марде назди у рафт.

– Нон гулуямро гирифт, – гуфт у.

Сангин бо тарс ба у нигарист.

– Мах, – мард ба у як дона панчох дирама дод. – Ягон шухаша навоз, ки хурок аз гулу гузарад.

Дигаре ба назди у як бистдирамаро хаво дода, гуфт:

– Ха, шухаша навоз!

Пас аз ин Сангин навои фораму дилнавозеро навохт. Ориф ба наво гуш андохта, аз дил мегузаронд, ки чи хел одами палид чунин наворо менавозад? Хофизи ба итмом расид. Ориф хам бо пешхизмат хисоби кард. Рохаш аз назди Сангин мегузашт. Вакте ки у ба Сангин наздик мешуд, мудири ошхона бо у хисоби менамуд. Ориф беихтиёр истод. Мудири ошхона ба Сангин се сомони дод.

– Як ду-се сомонии дигар дихед, – илтичо кард Сангин. – Дар хона хеч чизи хурдани надорам.

– Боз хираги-а? – норозиёна гуфт мудир. – Боз хираги! О, шумо чуги не-ку?!

– Охир, зиндаги мушкил афтода… Осмон баланду замин сахт, – бо гардани кач гуфт Сангин.

– Ба мо хам осон нест. Вале карордод аз хама чиз авло! Онро вайрон карда наметавонам! – гуфт мудир ва гашта рохи шуд.

– Мумсик!

Аз ин садо на танхо мудир, Ориф хам як кад парид. Мудир охиста суи Сангин гашт.

– Чи-чи? – абру гиронд мудир. – Чи гуфтед?

– Кар шуди?! Мумсик!

– Хай афсус…

– Чи?!

– Тоза курнамак будаед-да.

– Худат курнамак! – шурид Сангин.

Мудир эътироз намуд:

– Ту-ту нагуед.

Дагалона дод зад:

– Ту мегуям!

Оби дахонашро фуру бурда, боз гуфт:

– Худат ки шуди, ки шумо гуям. Як таргаш!

– Чи?! – хашми шуд мудир. – Ман ки?!

– Таргаш!

– Во ачабо! – гиребон дошт мудир. – Наход мукофоти подоши неки бади бошад.

– Э, хой, чи неки карди? – бо дагдагаю дасиса ру овард ба мудир. – Чи бисёр, ошхона. Ба кадомаш наравам, чон-чон гуфта, мегиранд.

Ин дафъа мудир ба у бо карохат нигохе афканд ва бо катъияту тундмичозона амр кард:

– Ба ту касофат чавоб! Дигар набиё! Озод!

– А?! – нидои чонгудоз баровард Сангин.

Сипас пас-пас рафта, бемадор барин охиста ба курси нишаст.

Ориф дар як холати нохинчор монд. Мутаассир гашт, дилаш сухт, надонист чи кор кунад. Хайрон, гунг. Дилаш дар такопу. Ин дам теги нигохи Сангин ба руи вай давид. Нигохаш гуё уро хурд. Пиндошт, ки ягон гапи дагал мезанад. Не, хато кард. Сангин нигохашро тез гурезонд. Ва сараш, гуё ки аз паси гарданаш як шамшер зада бошанд, ба пеш хам хурд.

Табъи хаво чун табъи Ориф хиратар гашт.

12 январи соли 2002

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …