Главная / Чамъият / Бакайдгири

Бакайдгири

Моддаи 162-и Кодекси Андоз. Бакайдгири

  1. Ариза чихати бакайдгири барои максадхои андоз аз арзиши иловашуда мувофики тартиб ва шакли мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати дода мешавад.
  2. Хангоми додани ариза чихати бакайдгири барои максадхои андоз аз арзиши иловашуда макомоти андоз вазифадоранд чунин шахсро дар фехристи супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ба кайд гирифта, дар давоми 10 рузи баъди супоридани ариза ба у дар хусуси аз руи андоз аз арзиши иловашуда ба кайд гирифта шуданаш шаходатнома диханд ва дар он номи пурра (насаб, ном ва номи падар), сурогаи хукуки (махалли истикомат) ва маълумотидигар дар бораи андозсупоранда, санаи додани шаходатнома, санае, ки аз он бакайдгири эътибор пайдо мекунад ва раками мушаххаси андозсупорандаро зикр намоянд.
  3. Варакаи шаходатномаи бакайдгири оид ба андоз аз арзиши иловашуда варакаи хисоботии катъи мебошад ва он ба андозсупоранда ройгон дода мешавад.
  4. Шаходатномаи бакайдгири оид ба андоз аз арзиши иловашударо андозсупоранда бо худ нигох медорад ва хангоми бекор шудани бакайдгири барои максадхои андоз аз арзиши иловашуда онро бояд ба макомоти андози дахлдор баргардонад.
  5. Шакли варака, тартиби супоридан ва гирифтани шаходатномаи бакайдгири оид ба андоз аз арзиши иловашуда аз чониби макоми ваколатдори давлати мукаррар карда мешаванд.
  6. Бакайдгири дар яке аз санахои зерин, вобаста ба он ки кадоме аз ин санахо пештар фаро мерасад, эътибор пайдо мекунад:

– хангоми бакайдгирии хатми вобаста ба хачми даромади умуми – аз рузи якуми давраи хисоботии баъди мохе, ки дар он даромади умумии андозсупоранда аз хадди даромад зиёд шудааст;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1367)

– шахсоне, ки дар сархати дуюми кисми 2 моддаи 291 Кодекси мазкур муайян карда шудаанд, – аз санаи бакайдгирии давлати;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1367)

-нисбат ба вориси хукуки – аз лахзаи ба даст овардани хукук.

  1. Макомоти андоз вазифадоранд тибки тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати фехристи супорандагони андоз аз арзиши иловашударо, ки он дар бораи хамаи шахсони барои максадхои андоз аз арзиши иловашуда бакайдгирифташуда маълумоти муфассалро дар бар мегирад, кушоянд ва пеш баранд.
  2. Агар шахс ухдадор бошад, ки барои максадхои андоз аз арзиши иловашуда ба кайд гирифта шавад ва у барои бакайдгири сари вакт ариза надода бошад, макомоти андоз бо ташаббуси худ андозсупорандаро ба кайд гирифта, тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузори уро ба чавобгари кашида, ба вай хуччатхои дахлдор мефиристанд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …