Главная / Чамъият / Баходихии мутобикат

Баходихии мутобикат

Конуни ЧумхурииТочикистон

 Дар бораи баходихии мутобикат

(Ахбори мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2011, №7-8, мод. 613;

Конуни ЧТ аз 01.08.2012с., №889)

Конуни мазкур муносибатхои хукуки ва ташкилиро дар сохаи баходихии мутобикати объектхо ба талаботи регламентхои техники ва хуччатхои сохаи стандартони танзим намуда, низоми ягонаи сиёсати давлатиро барои амали сохтани баходихии мутобикат таъмин менамояд.  

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

баходихиимутобикат – фаъолият оид ба муайян кардани мутобикати объектхои баходихии мутобикат ба талаботи регламентхои техники ва хуччатхои сохаи стандартони, ки санчиш, назорат, сертификатсия ва аккредитатсияро дар бар мегирад;

аккредитатсия – расмиёти аз тарафи макоми давлати оид ба аккредитатсия расман эътироф шудани салохиятнокии шахсони хукуки дар гузаронидани корхо оид ба санчиш ва сертификатсия;

СистемаидавлатииаккредитатсияиЧумхурииТочикистон (минбаъд – Системаиаккредитатсия) – мачмуи субъектхои баходихии мутобикат, санадхои меъёрии хукуки, регламентхои техники  ва хуччатхои сохаи стандартони, ки коида ва расмиёти аккредитатсия ва дар мачмуъ фаъолияти системаро муайян менамоянд;

аломатимутобикатиСистемаидавлатииаккредитатсияи ЧумхурииТочикистон (минбаъд – аломатиСистемаиаккредитатсия) – аломате, ки бо тартиби мукарраргардида оид ба гузаронидани хамаи расмиёти зарурии аккредитатсия ва дар бораи мутобикати макомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ё озмоишгохи (маркази)  санчишии аккредитатсияшуда  ба талаботи регламентхои техники ва хуччатхои сохаи стандартони гувохи медихад;

макомиаккредитатсияшудаоидбасертификатсия – макоми давлати ва ташкилоте, ки барои ичрои корхои сертификатсия дар доираи муайян аккредитатсия шудаанд;

озмоишгохи (маркази) санчишииаккредитатсияшуда – ташкилоте, ки барои гузаронидани санчиши махсулот дар доираи муайян аккредитатсия шудааст;

доираиаккредитатсия – сохаи фаъолияте, ки дар он ба макомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ё озмоишгохи (маркази) санчишии аккредитатсияшуда барои ичрои корхои сертификатсия ё  санчиши махсулот хукук дода мешавад;

шаходатномаиаккредитатсия – хуччатест, ки дар бораи салохиятнокии шахси хукуки барои ичрои корхо оид ба сертификатсия ё санчиши махсулот дар доираи муайяни аккредитатсия шаходат медихад;

макомидавлатиоидбааккредитатсия – макоми ваколатдори давлати дар сохаи аккредитатсия, ки дорои хукуки гузаронидани аккредитатсия мебошад;

макоми давлатии маркази оид ба сертификатсия – макоми ваколатдори давлати дар сохаи санчиш ва сертификатсия;

дархосткунандаи аккредитатсия  – шахси хукуки, ки бо дархост барои аккредитатсия мурочиат менамояд;

фехристи Системаи давлатии аккредитатсияи Чумхурии Точикистон – мачмуи маълумоте, ки аз тарафи  макоми давлати оид ба аккредитатсия дар бораи шаходатномахои аккредитатсияи додашуда, ворид намудани тагйиру иловахо ба онхо, боздоштан, тачдид, бекор, катъ ва тамдид намудани мухлати амали онхо тартиб дода мешаванд;

сертификатсия – шакли тасдики мутобикат ба талаботи регламентхои техники ва хуччатхои сохаи стандартони, ки аз тарафи макомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия амали карда мешавад;

декларатсиякунонии мутобикат – шакли тасдики мутобикат, ки аз чониби истехсолкунанда ё фурушанда амали мегардад;

Системаи давлатии сертификатсияи Чумхурии Точикистон (минбаъд – Системаи сертификатсия) – мачмуи субъектхои баходихии мутобикат, санадхои меъёрии хукуки, регламентхои техники  ва хуччатхои сохаи стандартони, ки коида ва расмиёти сертификатсия  ва дар мачмуъ амали системаро муайян менамоянд;

аломати мутобикати Системаи давлатии сертификатсияи Чумхурии Точикистон (минбаъд – аломати Системаи сертификатсия) – аломате, ки бо тартиби мукарраргардида дар бораи гузаронидани хамаи расмиёти зарурии сертификатсия  ва  мутобик будани объектхои баходихии мутобикати тамгагузоштаи онхо ба талаботи регламентхои техники ва хуччатхои сохаи стандартони гувохи медихад;

истехсолкунанда (фурушанда) – шахси вокеи ё хукуки, аз чумла шахси вокеи ё хукукии хоричи, ки махсулот истехсол мекунад ё мефурушад;

сертификати мутобикат – хуччате, ки ба талаботи регламентхои техники ва хуччатхои сохаи стандартони мутобик будани объекти баходихии мутобикатро тасдик мекунад;

– декларатсия оид ба мутобикат – хуччате, ки дар он истехсолкунанда ё фурушанда мутобикати махсулоти истехсол ё фурухташавандаи худро ба талаботи регламентхои техники ва хуччатхои сохаи стандартони тасдик мекунад;

сертификати салохиятноки – хуччате, ки салохияти касбии шахси вокеиро  барои ичрои корхо ва хизматрасонихои муайян тасдик менамояд;

дархосткунандаи сертификатсия – шахси вокеи ё хукуки, аз чумла шахси вокеи ё хукукии хоричи, ки бо дархост барои сертификатсия мурочиат менамояд;

тархи (схемаи) сертификатсия – амалиёти мукарраргардидаи пай дар пай, ки натичахои онхо ба сифати исботи мутобикати объектхои баходихии мутобикат ба талаботи регламентхои техники ва хуччатхои сохаи стандартони барраси карда мешаванд;

системаи идоракунии сифат – кисми системаи умумии идоракуни, ки сохтори ташкили, банакшагири, масъулият, усулхо, расмиёт, равандхо ва захирахоеро дар бар мегирад, ки барои таъмини сифати махсулот ва  хизматрасони зарур мебошанд

системаи идоракунии мухити зист – кисми системаи умумии идоракуни, ки сохтори ташкили, банакшагири, масъулият, усулхо, расмиёт, равандхо ва захирахоеро дар бар мегирад, ки ичрои талаботи хифзи табиатро таъмин мекунанд;

фехристи Системаи давлатии сертификатсияи Чумхурии Точикистон – мачмуи маълумоте, ки аз тарафи макоми давлатии маркази оид ба сертификатсия доир ба сертификатхои мутобикат ва сертификатхои салохиятнокии додашуда, декларатсияхо оид ба мутобикати бакайдгирифташуда, ворид намудани тагйиру иловахо ба онхо, боздоштан, тачдид, бекор, катъ, тамдид намудани мухлати амали онхо тартиб дода мешаванд;

макоми ваколатдори давлати дар сохаи баходихии мутобикат – макоми ваколатдори хокимияти давлати, ки танзими давлатиро дар сохаи бамеъёрдарории техники амали менамояд

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи баходихии мутобикат

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи баходихии мутобикат ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии  Чумхурии  Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Максад ва принсипхои асосии баходихии мутобикат

  1. Баходихии мутобикат бо максадхои зерин амали карда мешавад:

– таъмини хифзи хаёт ва саломатии инсон, молу мулк ва хифзи мухити зист;

– афзун намудани  ракобатпазирии махсулот, кор ва хизматрасони;

– фарохам сохтани шароити мусоид барои таъмини гардиши озоди  махсулот, кор ва хизматрасони дар бозорхои дохили ва беруни, инчунин барои иштирок дар хамкорихои байналмилалии иктисоди, илмию техники ва савдои байналмилали.

  1. Принсипхои баходихии мутобикат инхо мебошанд:

– таъмини мутобикати комили хаммонандии коида ва расмиёти сертификатсия барои махсулоти истехсоли ватани ва хоричи;

– риояи талаботи махфияти маълумоте, ки хангоми ичрои корхо оид ба баходихии мутобикат дастрас мегарданд;

– рох надодан ба якчоякунии ваколатхо оид ба аккредитатсия ва сертификатсия дар як маком;

– рох надодан ба якчоякунии вазифахои назорати давлати ва сертификатсия дар як макоми давлати;

– мустакилияти макомоти сертификатсия аз истехсолкунандагон, ичрокунандагон, фурушандагон ва харидорон.

Моддаи 4. Объектхои баходихии мутобикат

Объектхои баходихии мутобикат инхо мебошанд:

– махсулот, чараёни коркард, истехсол, истифодабари, нигохдори, хамлу накл, фуруш ва безараргардонии партовхои махсулот, ичрои кор ва хизматрасони;

– системаи идоракунии сифат;

– системаи идоракунии мухити зист;

– салохиятнокии шахси хукуки оид ба ичрои корхои сертификатсия ё  санчиши махсулот;

– салохиятнокии касбии хайати кормандон барои ичрои корхои муайян ва хизматрасони;

– объектхои дигар, ки нисбат ба онхо мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон  дар бораи баходихии мутобикат карор кабул гардидааст.

Моддаи 5. Субъектхои баходихии мутобикат

Субъектхои баходихии мутобикат инхо мебошанд:

– макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон;

– макомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия;

– озмоишгох (марказ) – хои санчишии аккредитатсияшуда;

– дархосткунандагони аккредитатсия;

– дархосткунандагони сертификатсия.

Моддаи 6. Намудхои баходихии мутобикат

Баходихии мутобикат дар намудхои зерин амали карда мешавад:

– назорат;

– аккредитатсия;

– сертификатсия;

– санчиш.

Моддаи 7. Хуччатхои баходихии мутобикат

  1. Ба хуччатхои баходихии мутобикат инхо мансубанд:

– шаходатномаи аккредитатсия;

– сертификати мутобикат;

– сертификати салохиятноки;

– декларатсия оид ба мутобикат.

  1. Хуччатхои баходихии мутобикат дар тамоми каламрави Чумхурии Точикистон  амал мекунанд.

БОБИ 2. ТАНЗИМ ВА ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ СОХАИ БАХОДИХИИ МУТОБИКАТ

Моддаи 8.  Танзими давлатии сохаи баходихии мутобикат

Танзими давлатии сохаи баходихии мутобикат аз инхо иборат мебошад:

– муайян ва амали намудани сиёсати ягонаи давлати дар сохаи баходихии мутобикат;

– хамохангсозии корхо оид ба баходихии мутобикат;

– мукаррар намудани коида ва расмиёти ягонаи ичрои корхо оид ба баходихии мутобикат;

– тасдики номгуи махсулот, кор ва хизматрасони, ки дар Чумхурии Точикистон  хатман сертификатсия мешаванд.

Моддаи 9. Макомоте, ки танзим ва идоракунии давлатии сохаи баходихии мутобикатро амали менамоянд

Танзими давлати ва идоракунии сохаи баходихии мутобикатро  Хукумати Чумхурии Точикистон, макоми ваколатдори давлати дар сохаи баходихии мутобикат ва дигар макомоти давлати дар доираи ваколатхои худ   амали менамоянд.

Моддаи 10. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон  дар сохаи баходихии мутобикат

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон  дар сохаи баходихии мутобикат мансубанд:

– муайян ва амали намудани сиёсати ягонаи давлати дар сохаи баходихии мутобикат;

– муайян намудани макоми ваколатдори давлати дар сохаи баходихии мутобикат;

– тасдик намудани номгуи махсулот, кор ва хизматрасони, инчунин дигар объектхои баходихии мутобикат,  ки дар Чумхурии Точикистон  хатман бояд сертификатсия шаванд;

– амали намудани салохиятхои дигар дар сохаи баходихии мутобикат, ки конунгузории Чумхурии Точикистон  мукаррар намудааст.

Моддаи 11. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи баходихии мутобикат

Макоми ваколатдори давлати дар сохаи баходихии мутобикат дорои ваколатхои зерин мебошад:

– татбики   сиёсати ягонаи давлати дар сохаи баходихии мутобикат;

– иштирок  дар тахияи санадхои меъёрии хукуки оид ба баходихии мутобикат;

– ташкил ва амали намудани системахои аккредитатсия ва сертификатсия;

– тахия ва такмили коидахо оид ба аккредитатсия ва сертификатсияи ба меъёрхои байналмилали мувофик;

– муайян намудани макоми давлати оид ба аккредитатсия ва макоми давлатии маркази оид ба сертификатсия;

– муайянкунии тасвир ва тартиби истифодаи аломатхои системахои аккредитатсия ва сертификатсия;

– муайян намудани тартиби эътирофи хуччатхои  баходихии мутобикат ва протоколхои санчиши махсулоте, ки берун аз каламрави Чумхурии Точикистон  гирифта шудаанд, ба истиснои холатхое, ки тартиби эътирофи ин хуччатхо бо шартномахои байналмилали мукаррар карда шудааст;

– дар асоси пешниходи макомоти давлати тахия намудани номгуи махсулот, кор ва хизматрасони, инчунин объектхои дигари  баходихии мутобикат, ки дар Чумхурии Точикистон бояд хатман сертификатсия шаванд ва ворид намудани тагйиру иловахо ба онхо;

– амали намудани назорати давлатии мувофик омадани объектхои баходихии мутобикат, ки аз сертификатсия гузаштаанд, тахти сертификатсияи хатми карор доранд ва ё бо хуччатхои мувофик дар бораи баходихии мутобикат тасдик гардидаанд, ба талаботи регламентхои техники ва хуччатхо оид ба сохаи стандартони;

– тасдики мехнатталабии ичрои корхо дар сохаи баходихии мутобикат тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузори;

– дар доираи ваколатхои худ намояндаги кардани Чумхурии Точикистон дар ташкилотхои байналмилали;

– дар доираи ваколатхои худ  ба имзо расондани шартномахои байналмилалии дорои хусусияти байниидорави;

– таъсис ва таъмини фаъолияти маркази иттилооти оид ба масъалахои баходихии мутобикат;

– ичрои ваколатхои дигари мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи баходихии мутобикат.

Моддаи 12. Ваколатхои макомоти дигари давлати дар сохаи баходихии мутобикат

Макомоти дигари давлати дар доираи ваколатхои худ дар сохаи баходихии мутобикат:

– дар татбик намудани сиёсати ягонаи давлати иштирок мекунанд;

– барои ворид намудани объектхои баходихии мутобикат ба номгуи махсулот, кор ва хизматрасони, инчунин объектхои дигари баходихии мутобикат, ки дар Чумхурии Точикистон бояд хатман сертификатсия  шаванд,  пешниход манзур менамоянд;

– ичрои корхоро оид ба сертификатсияи хатми тибки ваколатхои ба зиммаи онхо вогузоштаи конунгузории Чумхурии Точикистон тавассути макомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия таъмин менамоянд.

Моддаи 13. Назорати давлати дар сохаи баходихии мутобикат

  1. Назорати давлатии аз чониби макомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ва озмоишгох (марказ) – хои санчишии аккредитатсияшуда   ичро  гардидани талаботи конунгузории Чумхурии Точикистонро  дар бораи баходихии мутобикат шахсони мансабдори макоми ваколатдори давлати дар сохаи баходихии мутобикат амали менамоянд.
  2. Назорати давлатии  мувофикати объектхои баходихии мутобикатро, ки аз сертификатсия гузашта, дорои хуччатхои дахлдор оид ба баходихии мутобикат ба талаботи регламентхои техники ва хуччатхои сохаи стандартони мебошанд, шахсони мансабдори макоми ваколатдори давлати дар сохаи баходихии мутобикат амали менамоянд.
  3. Назорати давлатии аз тарафи шахсони хукуки, сохибкорони инфироди ё хайати кормандони онхо ичро намудани талаботи конунгузории Чумхурии Точикистонро дар бораи баходихии мутобикат, ки ба сертификатсияи хатми вобаста мебошад, макомоти ваколатдори давлати дар сохаи баходихии мутобикат ва макомоти дигари давлати дар доираи ваколатхои худ амали менамоянд.
  4. Макомоти давлати, ки  ичрои талаботи конунгузории Чумхурии Точикистонро  дар бораи баходихии мутобикат назорат мекунанд,  мувофики кисми 3 моддаи мазкур хукук  доранд, ба макоми ваколатдори давлати дар сохаи баходихии мутобикат дар бораи боздоштан ё манъ кардани фуруши махсулот, хизматрасони, фаъолияти хайати кормандон ва фаъолияти объектхои дигари баходихии мутобикат,  ки дар Чумхурии Точикистон  бояд хатман сертификатсия шаванд,   пешниход намоянд.
  5. Макоми ваколатдори давлати дар сохаи баходихии мутобикат хукук дорад, барои бартараф кардани камбудихо, боздоштан, манъ кардани истехсол ё фуруши махсулот, кор ва хизматрасони,  амрияхои ичрояшон хатми дихад, инчунин  фуруши махсулот, хизматрасони, фаъолияти хайати кормандон ва фаъолияти объектхои дигари баходихии мутобикатро, ки дар Чумхурии Точикистон бояд  хатман сертификатсия шаванд ё аз сертификатсияи ихтиёри гузашта, вале ба талаботи регламентхои техники, хуччатхои сохаи стандартони ва коидахои савдо мувофик нестанд, боздорад ё манъ намояд.
  6. Макоми ваколатдори давлати дар сохаи баходихии мутобикат фаъолияти дигар макомоти давлатиро, ки  сохаи баходихии мутобикатро назорат мекунанд,  хамоханг месозад.
  7. Шахсони мансабдори макоми ваколатдори давлати дар сохаи баходихии мутобикат, ки  ичрои талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон  оид ба баходихии мутобикатро назорат мекунанд, ба бинохои хизмати, истехсоли ва савдои шахсони вокеи ва хукукии назоратшаванда, ки тахти санчиш карор гирифтаанд,  хукуки озодона ворид шуданро доранд.

БОБИ 3. АККРЕДИТАТСИЯ

Моддаи 14. Максад ва принсипхои аккредитатсия

  1. Аккредитатсия бо максадхои зерин амали карда мешавад:

– тасдик намудани ваколати макомоти давлати ва дигар ташкилотхо барои ичрои корхо оид ба сертификатсия ё  санчиши махсулот дар доираи муайяннамудаи аккредитатсия;

– таъмин намудани боварии истехсолкунандагон, фурушандагон ва истеъмолкунандагони махсулот, кор ва хизматрасони ба фаъолияти макомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ва озмоишгох (марказ)-хои  санчишии аккредитатсияшуда;

– мухайё сохтани шароит барои эътирофи мутакобилаи натичахои фаъолияти макомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ва озмоишгох (марказ)-хои санчишии аккредитатсияшуда дар сатхи байналмилали;

– бартараф намудани монеахои техники дар савдо.

  1. Принсипхои аккредитатсия инхо мебошанд:

– ягонаги ва пуррагии системаи аккредитатсия;

– ихтиёри будани аккредитатсия;

– ошкоро ва дастрас будани коида ва расмиёти аккредитатсия;

– таъмин намудани шароити баробар барои дархосткунандагони аккредитатсия;

– махфияти иттилооте, ки дар раванди аккредитатсия дастрас мегарданд.

Моддаи 15. Ваколатхои макоми давлати оид ба аккредитатсия

Ба ваколатхои макоми давлати оид ба аккредитатсия инхо дохил мешаванд:

– амали намудани сиёсати давлати дар сохаи аккредитатсия;

– амали сохтани аккредитатсия, додани шаходатномахо ба макомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ё озмоишгох (марказ)-хои  санчишии  аккредитатсияшуда ва додани хукук барои истифодаи аломати Системаи аккредитатсия;

– пешбурди фехристи Системаи  давлатии аккредитатсияи Чумхурии Точикистон;

– амали намудани санчиши назоратии фаъолияти макомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ва озмоишгох (марказ)-хои санчишии  аккредитатсияшуда;

– мукаррар намудани тартиби аккредитатсия, шакли шаходатномаи аккредитатсия, замима ба шаходатномаи аккредитатсия ва аломати Системаи аккредитатсия, мазмун, мухлати амали хуччатхои аккредитатсия, тартиби додани онхо, бакайдгири ва ворид намудани тагйиру иловахо ба онхо, боздоштан, тачдид, бекор, катъ ва тамдид намудани мухлати амали онхо, инчунин тартиби тасдик кардани номгуи хуччатхо оид ба аккредитатсия;

– баррасии шикоятхои субъектхои аккредитатсия ва кабул кардани карор нисбат ба онхо;

– чалб намудани экспертхо ва аудиторхо оид ба аккредитатсия, сертификатсия дар сохаи таъмини ченаки ягона, экспертхои техники ва мутахассисони дигар барои иштирок дар кори аккредитатсия;

– иштирок дар кори ташкилотхои байналмилали оид ба масъалаи аккредитатсия;

– таъсис додани шуро оид ба аккредитатсия;

– боздоштан ва беэътибор донистани шаходатномахои аккредитатсияи макомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ва озмоишгох (марказ)-хои санчишии аккредитатсияшуда.

Моддаи 16. Хукук ва ухдадорихои дархосткунандагони аккредитатсия

  1. Дархосткунандагони аккредитатсия хукук доранд бо тартиби мукарраргардида нисбат ба амалхои гайриконунии макоми давлати оид ба аккредитатсия ба суд шикоят намоянд.
  2. Дархосткунандагони аккредитатсия ухдадоранд:

– талаботи Системаи аккредитатсияро ичро намоянд;

– ба шахсони мансабдори макоми давлати оид ба аккредитатсия барои ичрои корхои аккредитатсия шароити зарури фарохам созанд;

– корхоро дар худуди доираи аккредитатсия ичро намоянд;

– номувофикатихои ошкоршударо дар мухлати мукаррарнамудаи макомоти давлати оид ба аккредитатсия бартараф кунанд;

– ба шахсоне, ки назорати давлати ва санчишро амали менамоянд, барои ба бино ворид шудан, дастрасии тачхизот ва таъмин намудан бо иттилоот мусоидат намоянд;

– дар санчишхои мукоисави ва мукоисаи натичахои ченак иштирок намоянд;

– дар холати катъ кардани амал ё бозхонди шаходатномаи аккредитатсия дар мухлати мукаррарнамудаи макоми давлати оид ба аккредитатсия шаходатномаро баргардонанд ва фаъолиятро оид ба  сертификатсия ё санчишхо катъ намоянд.

БОБИ 4. СЕРТИФИКАТСИЯ

 

Моддаи 17. Максад ва принсипхои сертификатсия

  1. Сертификатсия бо максадхои зерин амали карда мешавад:

– тасдик намудани мутобикати объектхои баходихии мутобикат ба талаботи регламентхои техники ва хуччатхои сохаи стандартони;

– мусоидат намудан ба истеъмолкунандагон дар интихоби дурусти махсулот, кор ва хизматрасони.

  1. Принсипхои сертификатсия инхо мебошанд:

– ошкоро ва дастрас будани коида ва расмиёти сертификатсия;

– мустакил будани макомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ва озмоишгох (марказ)-хои санчишии аккредитатсияшуда аз дархосткунандагони сертификатсия;

– хифзи манфиатхои молумулкии дархосткунандагони сертификатсия, аз чумла бо рохи риояи махфияти маълумоте, ки дар раванди расмиёти сертификатсия дастрас мегарданд.

  1. Сертификатсия метавонад хатми ё ихтиёри бошад.

Моддаи 18. Ваколатхои макоми давлатии маркази оид ба сертификатсия

Ба ваколатхои макоми давлатии маркази оид ба сертификатсия дохил мешаванд:

– амали намудани сертификатсия ва додани сертификатхои мутобикат, додани хукук барои истифодаи аломати Системаи сертификатсия;

– мукаррар намудани тартиби сертификатсия, шаклхои сертификатхои мутобикат, замимаи онхо ва аломати Системаи сертификатсия, мазмун, мухлати амали сертификатхои мутобикат, тартиби додани онхо, бакайдгири, ворид намудани тагйиру иловахо ба онхо, боздоштан, тачдид, бекор, катъ ва тамдид намудани мухлати амали онхо, инчунин тартиби тасдик кардани номгуи хуччатхо барои гирифтани сертификати мутобикат;

– бакайдгирии декларатсия оид ба мутобикат тибки доираи аккредитатсия;

– пешбурди фехристи Системаи  давлатии сертификатсияи Чумхурии Точикистон;

– ба рох мондани санчиши назоратии сифат ва бехатарии махсулот, кор ва хизматрасонии сертификатсияшуда;

– ба дархосткунандаи сертификатсия додани хукук барои тамгагузории объектхои баходихии мутобикат бо аломати Системаи сертификатсия;

– баррасии арзу шикоятхои дархосткунандагони сертификатсия ва кабул намудани карор оид ба онхо;

– ба корхои сертификатсиони чалб намудани эксперту аудиторхо оид ба сертификатсия ва дигар мутахассисон;

– таъсис додани шуро оид ба сертификатсия;

– боздоштан ва беэътибор донистани сертификатхои мутобикат.

Моддаи 19. Тартиб ва расмиёти ичрои корхои сертификатсия

  1. Тартиби ичрои корхои сертификатсияро дар Системаи сертификатсия макоми ваколатдори давлати дар сохаи баходихии мутобикат мукаррар менамояд.
  2. Натичаи мусбии сертификатсия бо сертификати мутобикат ё сертификати салохиятноки тасдик карда мешавад, ки онро макомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ба дархосткунандаи сертификатсия медихад.
  3. Расмиёти сертификатсия бояд тавре тахия, тасдик ва татбик карда шаванд, ки барои савдои байналмилали монеахои иловаги барпо накунанд.
  4. Хангоми тахияи расмиёти сертификатсия бояд дастурамал ва тавсияхои байналмилали ба эътибор гирифта шаванд, ба истиснои холатхое, ки чунин  дастурамал ва тавсияхо  барои талаботи бехатарии милли, пешгирии тачрибаи фиребдихи, хифзи саломати ва бехатари, хаёт ва саломатии инсон ва хайвоноту наботот, хифзи мухити зист, омилхои назарраси иклими ва чугрофи, проблемахои мухими технологи ё инфрасохтори номувофик бошанд.
  5. Дар холати вучуд надоштани дастурамал ва расмиёти байналмилалии дахлдор ё дар холати мувофикат накардани мазмуни техникии расмиёти тахияшавандаи сертификатсия бо дастурамал ва тавсияхои байналмилали, агар расмиёти мазкур ба савдои байналмилали таъсири назаррас расонда тавонад, макоми ваколатдори давлати дар сохаи баходихии мутобикат:

– дар мархилаи аввали тахияи расмиёти сертификатсия бо максади шиносоии тарафхои манфиатдор дар бораи чори намудани расмиёти мушаххаси сертификатсия ахборот нашр менамояд;

– лоихаи расмиётро барои барраси ба тарафхои манфиатдор пешниход менамояд;

– дар холати кабул ё рад намудани пешниходи тарафхои манфиатдор онхоро ба таври хатти огох есозад.

  1. Дар холати ба вучуд омадан ё мавчуд будани тахдиди пайдошавии проблемахои бехатари, саломати, хифзи мухити зист ё амнияти милли, макоми ваколатдори давлати дар сохаи баходихии мутобикат метавонад талаботи кисми 5 моддаи мазкурро бо чунин шартхо ичро накунад:

– сари вакт огох намудани тарафхои манфиатдор бо расмиёти  амалкунандаи сертификатсия;

– тибки дархости тарафхои манфиатдор пешниход кардани расмиёти амалкунанда;

– бе махдуд намудани хукукхои тарафхои манфиатдор, ба онхо додани имконият барои пешниходи таклифхо;

– дар холати кабул ё рад намудани пешниходи тарафхои манфиатдор онхоро ба таври хатти хабардор намудан.

  1. Хама расмиёти кабулшудаи сертификатсия бояд сари вакт нашр карда шаванд ё барои шиносои ба тарафхои манфиатдор бо тарики дигар пешниход карда шаванд.
  2. Ба истиснои холатхои пешбининамудаи кисми 6 моддаи мазкур макоми ваколатдори давлати дар сохаи баходихии мутобикат вазифадор аст, дар давраи байни интишори талаботи вобаста ба расмиёти сертификатсия ва мавриди амал карор додани онхо, ба истехсолкунандагон чихати мутобик  гардонидани мол ва усулхои истехсолот ба талаботи мукарраршуда, мухлати муайяни окилона пешбини  намояд, вале он набояд аз 60 руз кам бошад.
  3. Макомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия бояд:

– дархосткунандаро оид ба давомнокии гузаронидани расмиёти сертификатсия  огох намоянд;

– дархосткунандаро оид ба карори кабулшуда бо назардошти натичахои баррасии хуччатхо огох намоянд;

– дар холати ба даст омадани натичахои манфи дархосткунандаро дар бораи норасоихои асосноккардашуда ба таври хатти огох намоянд;

– дар холати камбудихо доштани дархост, бо хохиши дархосткунанда корхои сертификатсиониро ичро кунанд.

  1. Аз дархосткунанда талаб намудани маълумоти барои сертификатсия зарур то хадди акал бояд махдуд карда шавад.
  2. Агар баъди муайян кардани мувофикати мол ба тавсифномаи он тагйирот ворид карда шаванд, расмиёти сертификатсия нисбат ба моли  шаклан дигаргуншуда бояд ба андозае махдуд бошад, то боварии заруриро нисбати он, ки моли мазкур чун пештара ба талаботи регламентхои техники ва хуччатхои стандартони чавобгу аст, таъмин намояд.

Моддаи 20. Сертификатсияи хатми

  1. Сертификатсияи хатми нисбат ба объектхои баходихии мутобикати ба номгуи махсулот, кор ва хизматрасони,  ки дар Чумхурии Точикистон  бояд хатман сертификатсия  шаванд,  воридгардида,  инчунин нисбат ба дигар объектхои баходихии мутобикат, амали карда мешавад.
  2. Фуруш ва рекламаи махсулот, кор ва хизматрасони, фаъолияти хайати кормандон ва объектхои дигари баходихии мутобикат, ки дар Чумхурии Точикистон бояд хатман сертификатсия  шаванд, бе мавчуд будани хуччатхо дар бораи баходихии мутобикат манъ аст.
  3. Корхои сертификатсияи хатмиро макомоти давлатии аккредитатсияшуда, ваёташкилотидигариаккредитатсияшуда, ки тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ваколати ташкил ва гузаронидани сертификатсияи хатми ба зиммаи онхо вогузор гардидааст,  анчом медихад.(КЧТаз 01.08.2012с., №889)
  4. Сертификатсияи хатми дар асоси дархост ё шартнома бо дархосткунанда барои сертификатсия амали карда мешавад.
  5. Тарххои сертификатсия, ки хангоми сертификатсияи хатмии намудхои муайяни махсулот, кор ва хизматрасони, фаъолияти хайати кормандон ва  объектхои дигари баходихии мутобикат истифода мегарданд, мувофики регламенти техники мукаррар карда мешаванд, вале дар холате, ки агар тархи сертификатсия дар он мукаррар нашуда бошад ё регламенти техники мавчуд набошад, мувофики хуччатхои сохаи бамеъёрдарории техники ва стандартони мукаррар карда мешаванд.
  6. Агар бо тархи сертификатсия зарурати гузаронидани санчиши махсулот мукаррар гардида бошад, дар ин холат онро озмоишгохи (маркази) санчишии аккредитатсияшуда дар асоси дархост ё шартнома бо дархосткунандагон мегузаронад.

Моддаи 21. Декларатсиякунонии мутобикат

  1. Декларатсиякунонии мутобикат аз тарафи дархосткунанда оид ба тасдики мутобикат бо чунин тарзхо амали мегардад:

– бо рохи кабули декларатсия оид ба мутобикат дар асоси далелхои бо протоколхои санчиши тасдикшуда;

– бо рохи кабули декларатсия оид ба мутобикат дар асоси далелхои бо протоколхои санчиши тасдикшуда ва сертификату протоколхои санчишии макомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ва ё озмоишгох (марказ)-хои санчишии аккредитатсияшуда.

  1. Декларатсия оид ба мутобикат дар макомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия дар асоси талаботи Системаи сертификатсия ба кайд гирифта мешавад.
  2. Корхои бакайдгирии декларатсия оид ба мутобикат аз тарафи макомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия дар асоси дархост ё шартнома бо дархосткунанда дар бораи тасдики мутобикат ичро карда мешаванд.
  3. Тартиби бакайдгирии декларатсия оид ба мутобикат, инчунин номгуи хуччатхои пешниходшаванда барои бакайдгирии декларатсия аз тарафи макоми ваколатдори давлати дар сохаи баходихии мутобикат муайян карда мешаванд.

Моддаи 22. Сертификатсияи ихтиёри

  1. Макомоти давлати ва дигар ташкилоте, ки аз тарафи макоми давлати оид ба аккредитатсия бо тартиби мукарраршуда аккредитатсия шудаанд, хукук доранд сертификатсияи ихтиёриро амали намоянд.
  2. Сертификатсияи ихтиёриро макоми аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия бо ташаббуси дархосткунандагони сертификатсия дар асоси шартнома ё дархост амали менамояд.
  3. Хангоми сертификатсияи ихтиёри дархосткунандаи сертификатсия регламентхои техники ва хуччатхои сохаи стандартониро, ки мувофики онхо сертификатсияи ихтиёри амали карда мешавад, мустакилона интихоб мекунад ва номгуи нишондихандахоеро, ки хангоми сертификатсияи ихтиёрии объектхои баходихии мутобикат назорат карда мешаванд, муайян менамояд. Ба номгуи ин нишондихандахо ба таври хатми нишондихандахои бехатари ворид карда мешаванд, агар онхо дар регламентхои техники ва хуччатхои сохаи стандартони барои объекти баходихии мутобикати мазкур мукаррар гардида бошанд.

Моддаи 23. Талабот ба номгуи махсулот, кор ва хизматрасони, фаъолияти хайати кормандон ва объектхои дигари баходихии мутобикат, ки дар Чумхурии Точикистон  хатман сертификатсия мешаванд

  1. Дар номгуи махсулот, кор ва хизматрасони, фаъолияти хайати кормандон ва объектхои дигари баходихии мутобикат, ки  дар Чумхурии Точикистон хатман сертификатсия мешаванд, мукаррар карда мешаванд:

– намудхои махсулот, кор ва хизматрасони, фаъолияти хайати кормандон ва объектхои дигари баходихии мутобикат, ки хатман сертификатсия мешаванд;

– регламентхои техники ва хуччатхои сохаи стандартони, ки дар хусуси мутобикат ба онхо сертификатсияи хатми гузаронида мешавад.

  1. Хангоми тартиб додани номгуи махсулот, кор ва хизматрасони, фаъолияти хайати кормандон ва объектхои дигари баходихии мутобикат, ки    дар Чумхурии Точикистон бояд  хатман  сертификатсия шаванд, чунин меъёрхо  мукаррар карда мешаванд:

– хатарнокии имконпазири махсулот, кор ва хизматрасони, фаъолияти хайати кормандон ва объектхои дигари баходихии мутобикат ба хаёт ва саломатии инсон, молу мулк ва мухити зист;

– номувофикатии воситахои техникии истехсоли ватани ва хоричи.

Моддаи 24. Пардохт барои ичрои корхои сертификатсия ва гузаронидани санчиши махсулот

  1. Пардохт барои ичрои корхои сертификатсия вобаста ба мехнатталабии ичрои корхои тасдикнамудаи макоми ваколатдори давлати дар сохаи баходихии мутобикат аз тарафи дархосткунандаи сертификатсия сурат мегирад.
  2. Арзиши гузаронидани санчиши махсулот бо назардошти мехнатталабии гузаронидани санчиши махсулот метавонад дар шартномаи байни озмоишгохи (маркази) санчишии аккредитатсияшуда ва дархосткунандагони сертификатсия муайян карда шавад.
  3. Пардохти маблаги корхои сертификатсиони барои махсулоти хаммонанди ватани ва воридоти як хел мукаррар карда мешавад.

Моддаи 25. Хукук ва ухдадорихои макомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия

  1. Макомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия хукук доранд:

– ба дархосткунандагони сертификатсия сертификатхои мутобикат ва сертификатхои салохиятноки диханд;

– амали сертификати мутобикат ва сертификати салохиятнокиро, ки худи онхо додаанд, дар холати ошкоршавии номувофикатии объекти баходихии мутобикат ба талаботи регламентхои техники ва хуччатхои сохаи стандартони боздоранд ва ё бекор намоянд;

– аломати Системаи аккредитатсияро истифода баранд;

– декларатсияхо оид ба мутобикатро тибки доираи аккредитатсия ба кайд гиранд.

  1. Макомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ухдадоранд:

– ичрои талаботи мукаррарнамудаи регламентхои техники ва хуччатхои сохаи стандартониро нисбат ба макомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия таъмин намоянд;

– талаботи Системаи сертификатсияро ичро намоянд;

– ба дархосткунандагони сертификатсия оид ба коида ва расмиёти сертификатсия иттилоот ешниход намоянд;

– бахисобгирии сертификатхои мутобикат ва сертификатхои салохиятнокии додашударо ба рох монанд;

– дар бораи сертификатхои мутобикат ва сертификатхои салохиятнокии ба объекти баходихии мутобикат додашуда, дар бораи ворид намудани тагйиру иловахо ба онхо, боздоштан, тачдид, бекор, катъ ва тамдид намудани мухлати амали онхо ба макоми давлатии маркази оид ба сертификатсия мунтазам иттилоъ диханд;

– сертификатсияро танхо дар доираи муайяни аккредитатсия гузаронанд;

– дар холати аз тарафи макоми давлати оид ба аккредитатсия боздоштан ё бекор кардани шаходатномаи аккредитатсия фаъолиятро оид ба сертификатсия боздоранд ё катъ намоянд;

– аз руи имконият гузаронидани корхои сертификатсиониро таъмин намоянд.

Моддаи 26. Хукук ва ухдадорихои озмоишгох (марказ)-хои санчишии аккредитатсияшуда

  1. Озмоишгох (марказ)-хои санчишии аккредитатсияшуда хукук доранд:

– санчиши мутобик будани махсулотро ба талаботи регламентхои техники ва хуччатхои сохаи стандартони тибки доираи аккредитатсия гузаронанд;

– аломати Системаи аккредитатсияро истифода баранд.

  1. Озмоишгох (марказ)-хои санчишии аккредитатсияшуда ухдадоранд:

– ичрои талаботи мукаррарнамудаи регламентхои техники ва хуччатхои сохаи стандартониро оид ба озмоишгох (марказ)-хои санчишии аккредитатсияшуда таъмин намоянд;

– коида ва расмиёти мукаррарнамудаи санчиши махсулотро риоя намоянд;

– ба макомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ё дархосткунандаи сертификатсия протоколи санчиши махсулотро супоранд;

– эътимоднокии натичахои санчиши махсулотро таъмин намоянд;

– санчишро танхо дар доираи аккредитатсия гузаронанд;

– дар холати аз тарафи макоми давлати оид ба аккредитатсия боздоштан ё бекор кардани шаходатномаи аккредитатсия фаъолиятро оид ба санчиш боздоранд ё катъ намоянд.

 

Моддаи 27. Хукук ва ухдадорихои дархосткунандагони сертификатсия

  1. Дархосткунандагони сертификатсия хукук доранд:

– барои ичрои корхои сертификатсия хама гуна макомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсияро интихоб намоянд;

– барои гузаронидани санчиши махсулот ба хама гуна озмоишгох (марказ)-и  санчишии аккредитатсияшуда мурочиат намоянд;

– аломати  Системаи сертификатсияро барои тамгагузории объектхои баходихии мутобикат, ки сертификати мутобикат доранд, истифода баранд;

– нисбат ба амалхои гайриконунии  макомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия ва озмоишгох (марказ)-хои санчишии аккредитатсияшуда тибки тартиб ва мухлати дар Системаи сертификатсия мукарраргардида ба макоми ваколатдори давлати дар сохаи баходихии мутобикат ва дар холати рози набудан  бо карори он, ба суд мурочиат намоянд.

  1. Дархосткунандагони сертификатсия  ухдадоранд:

– талаботи Системаи сертификатсияро риоя намоянд;

– хангоми ичрои корхои сертификатсия ба шахсони мансабдори  макомоти аккредитатсияшуда оид ба сертификатсия шароити зарурии кори фарохам оранд;

– мутобикати объекти баходихии мутобикатро ба талаботи регламентхои техники ва хуччатхои сохаи стандартони, ки дар сертификати мутобикат нишон дода шудаанд, таъмин намоянд;

– фуруши махсулот, кор ва хизматрасони, фаъолияти хайати кормандон ва фаъолияти объектхои дигари баходихии мутобикатро, агар ин объектхо ба талаботи регламентхои техники ва хуччатхои сохаи стандартони, ки дар сертификати мутобикат ва сертификати салохиятноки нишон дода шудаанд, мувофик набошанд, инчунин  дар холати ба охир расидани мухлати амали ин сертификатхо ё дар холати муваккатан боздоштан ё бекор кардани онхо, боздоранд ё манъ намоянд.

Моддаи 28. Эътирофи хуччатхои баходихии мутобикати махсулот

  1. Хуччатхои баходихии мутобикати махсулот, ки берун аз каламрави Чумхурии Точикистон гирифта шудаанд, метавонанд дар асоси санадхои хукукии байналмилалии дар Чумхурии Точикистон амалкунанда эътироф карда шаванд.
  2. Тартиби эътирофи хуччатхои мазкури баходихии мутобикати махсулот бо санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, мукаррар карда  мешавад, агар ин тартибро санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон мукаррар накарда бошад, он аз тарафи макоми ваколатдори давлати дар сохаи баходихии мутобикат мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 29. Шартхои ба Чумхурии Точикистон ворид намудани махсулоте, ки хатман сертификатсия мешаванд

  1. Ба муомилоти озод баровардани махсулоти воридотии хатман сертификатсияшаванда дар каламрави гумрукии Чумхурии Точикистон бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси гумруки Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.
  2. Тартиби ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон ворид намудани махсулоти хатман сертификатсияшавандаро макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки ва макоми ваколатдори давлати дар сохаи баходихии мутобикат мукаррар менамоянд.

Моддаи 30. Маблаггузории  корхои баходихии мутобикат

Маблаггузории дастгохи марказии макоми ваколатдори давлати дар сохаи баходихии мутобикат, марказхои вилояти ва минтакавии он аз хисоби маблагхои бучети чумхурияви ва махалли, инчунин тавассути хизматрасонии музднок, сурат мегирад.

Моддаи 31. Ичрои корхо дар сохаи баходихии мутобикат

Корхо оид ба сертификатсияи объектхои баходихии мутобикат, инчунин корхои аккредитатсияи макомот оид ба сертификатсия ва озмоишгох (марказ)-хои санчиши мувофики талаботи Конуни мазкур амали карда мешаванд.

 

БОБИ 5. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 32. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукукие, ки талаботи Конуни мазкурро риоя намекунанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 33. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи сертификатсияи махсулот ва хизматрасони”

Конуни Чумхурии Точикистон аз 13 декабри соли 1996 “Дар бораи сертификатсияи махсулот ва хизматрасони” (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1996, №23, мод.337; с. 2002, №4, к.1, мод.227; с. 2007, №7, мод.669) аз 1 январи соли 2013 аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 34. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур  аз  1 январи соли 2013 мавриди амал карор дода шавад.

 

 

 

                Президенти

      Чумхурии Точикистон                                                                       Эмомали  РАХМОН

              ш. Душанбе,

         2 августи соли 2011,

                     №759

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …