Главная / Чамъият / Бахисобгирии инфироди дар низоми сугуртаи хатмии нафакави

Бахисобгирии инфироди дар низоми сугуртаи хатмии нафакави

Конуни Чумхурии Точикистон

 Дар бораи бахисобгирии инфироди дар низоми сугуртаи хатмии нафакави

  (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2012, №7, мод. 710)

  Конуни мазкур асосхои хукуки ва принсипхои ташкили бахисобгирии инфиродии маълумотро оид шахсони дар низоми сугуртаи хатмии нафакавии Чумхурии Точикистон сугурчташула мукаррар менамояд.

Боби 1. Мукаррароти умими 

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар конуни мазкур мафхумхои асасии зерин истифода мешаванд:

бахисобгирии инфироди – тартиби чамовари, коркард ва нигохдории маълумоти, ки барои таъини нафака дар низоми сугуртаи хатмии нафакави зарур мебошанд;

шахси сугурташуда – шахси вокеие, ки ба манфиати у тибки конунгузории Чумхурии Точикистонсугуртаи хатмии нафакави анчом дода мешавад;

сугуртакунанда – шахси вокеи ва шахси хукуки (корхона, муассиса ва дигар ташкилот новобаста аз шакли ташкилию хукукашон), тибки конунгузории Чумхурии Точикистон сахми сугуртаи хатмии нафакави (минбаъд-сахми сугурта) – ро пардохт менамоядн;

муассисаи сугурта – макоми ваколатдори давлатие, ки бахисобгирии инфиродиро дар низоми сугуртаи хатмии нафакави амали менамояд;

сахми сугурта- пардохти хатми барои нафакаи сугуртави, ки сугуртакунанда вазифадор аст ба муассисаи сугурта гузаронад;

хисобхои актуари -тахлили молиявии фаъолияти низоми сугуртаи хатмии нафакави барои дурнамои кутохмухлат, миёнамухлат ва дарозмухлат бо назардошти вазъи демографи, бозори мехнат ва вазъияти ичтимоиву иктисодии мамлакат, ки арзёбии ухдадорихои молиявии субъектхои сугртаи хатмии нафакави ва пешгуии окибати молиявии хама гунна тагйиротро дар ин низоми дар бар мегирад;

бойгонии хуччатхо бахисобгирии инфироди -сохтори таркибии муассисаи сугурта, ки кабулу чамовари ва нигохдории хуччатхои бахисобгирии инфиродии дар натича бахисобгирии инфиродии маълумот дар бораи шахсони сугурташуда  ташкилёфтаро амалименамояд;

хуччатхои бахисобгирии инфироди– хуччатхоие, ки маълумотиинфиродиро оид ба шахсони сугурташуда ва сугуртакунанда, ки дар асоси хуччатхои аввалияи бахисобгирии инфироди ва ё суратхисоби инфироди ва ё суратхисоби инфиродии шахсони сугурташуда ташааккул ёфтаанд, дар бар мегирад;

суратхисоби инфироди – варакаи шахсии бахисобгирии шахси сугурташуда, ки барои бахисогири ва муомилоти сарсояи нафакави пешбини шудааст ва тамоми муносибатхои байнихамдигарии молияви (амалиёти оид хисоби маблаг, пардохти сахми сугуртави, индексацияи онхо ва пардохтхои сугуртави) –ро бо муассисаи сугурта инъикос намуда, дар шакли электрони хамчун мачмуи кайдхо дар мошинхои хомили иттилоот нигох дошта мешавад;

хуччатхои аввалияи бахисобгирии инфироди – хуччатхои дар асоси маълумоти шиноснома, бахисобгирии мухосиби ва ё хуччатхои ташкили – фармоиши тартибёфта, ки  дурусти ва пуррагиимаълумотро дар бораи шахсони сугурташуда,музди мехнат, дигар даромадхо, пардохтхоиичтимои, собикаи сугуртави ва вазъи оилавии онхо тасдик мекунад;

рашаххаси сугуртави – раками ягонаи суратхисоби инфиродии шахси сугурташуда, ки дорои дарачаи назорати буда, имкон мехад хатои хангоми истифодабарии он дар чараёнибахисобгирии инфироди оуйдадорро ошкор намояд.

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бахисобгирии инфироди дар низоми сугуртаи хатмии нафакави

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бахисобгирии инфироди дар низоми сугуртаи хатмии нафакави ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Максадхои бахисобгирии инфироди дар низоми сугуртаи хатмии нафакави

Максадхои бахисобгирии инфиродй дар низоми сугуртаи хатмии нафакавй инхр мебошанд:

-фарохам овардани шароит барои таъини нафакахои сугуртави мутобики натичахои мехнати хар як шахси сугурташуда;

-таъмини пурраги ва дурустии маълумот дар бораи музди мехнат ва дигар даромадхо, собикаи сугуртави, ки андозаи нафакаи сугуртавиро дар мавриди таъини он муайян мекунанд;

-таъини нафакахои сугуртави дар асоси собикаи сугуртавии шахсони сугурташуда ва сахми сугуртаи пардохтнамудаи онхо;

–  хавасмандгардонии шахсони сугурташуда барои пардохти сахми сугурта;

–  фарохам овардани шароит барои назорати пардохти сахми сугурта чониби шахсони сугурташуда;

-дастгирии иттилоотии пешгуии харочоти пардохти нафакахои сугуртавй, муайян кардани тарифхои сахми сугурта, хисобкунии нишондихандахои асосии макроиктисоди, гузаронидани хисобхои актуари;

-содда кардани тартиби таъини нафакаи шахсони сугурташуда на тезонидани расмиёти он.

Моддаи 4. Принсипхои ташкили бахисобгирии инфироди дар низоми сугуртаи хатмии нафакави

Бахисобгирии инфироди дар низоми сугуртаи хатмии нафакави (минбаъд – бахисобгирии инфироди) дар асоси принсипхои зерин ташкил карда мешавад:

-умуми ва хатми будани бахисобгирии маълумот дар бораи шахсони сугурташуда;

–  дастрасии маълумот барои хар як шахси сугурташуда, ки муассисаи сугурта дар бораи у дорад;

–  истифода бурдани маълумот дар бораи шахсони сугурташуда танхо бо максади амали намудани хукукхои нафакави тибки конунгузории Чумхурии Точикистон;

–  мутобикати маълумоти пешниходгардида дар бораи хачми маблаги сахми сугуртаи гузаронидашуда, ки хар як сугуртакунанда, аз чумла шахси вокеи сахми сугуртаро мустакилона мепардозад, бо маълумот дар бораи пардохтхои вокеи ва маблаги воридгардидаи сахми сугурта;

–  мунтазам татбик намудани бахисобгирии инфироди дар тамоми давраи фаъолияти мехнатии шахси сугурташуда;

–  нигохдори ва махфияти маълумот дар бораи шахсони сугурташуда.

 

БОБИ 2. ТАШКИЛИ БАХИСОБГИРИИ ИНФИРОДИ

 

Моддаи 5. Макоми ваколатдори давлатии бахисобгирии инфиродй

Бахисобгирии инфиродиро макоми ваколатдори давлатии сугуртаи хатмии нафакави (минбаъд – муассисаи сугурта), ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад, амали менамояд.

 

Моддаи 6. Суратхисоби инфиродии шахси сугурташуда

  1. Муассисаи сугурта барои хар як шахси сугурташуда суратхисоби инфиродии дорои раками мушаххаси сугуртави мекушояд. Суратхисоби инфиродии шахси сугурташуда аз кисмхои (фаслхои) умуми, махсус ва касби иборат аст. Суратхисоби инфиродии шахси сугурташуда ба манбаъхои иттилоотии муассисаи сугурта дохил карда мешаванд.
  2. Дар кисми умумии суратхисоби инфиродии шахси сугурташуда маълумоти зерин нишон дода мешаванд:

–  раками мушаххаси сугуртави;

–  насаб, ном ва номи падар;

-насаб, ном ва номи падари шахси сугурташуда, ки дар вакти таваллуд дошт;

–  санаи таваллуд;

–  чойи таваллуд;

–  чинс;

–  сурогаи чойи зисти доими;

–  силсила ва раками шиноснома ё хуччати тасдиккунандаи шахсият санаи додани хуччатхое, ки дар асоси онхо ба суратхисоби инфироди маълумоти дар сархатхои якум, дуюм, сеюм, чорум, панчум, шашум на хафтуми кисми мазкур нишондодашуда дохил карда мешавад, номи макомот ва санаи дода шудани онхо аз тарафи хамин макомот:

–  шахрванди;

–  санаи бакайдгири ба сифати шахси сугурташуда;

–  даврахои фаъолияти мехнати ва ё фаъолияти дигаре, ки ба собикаи сугуртави барои таъини нафакаи сугуртави дохил карда шудаанл собикаи сугуртавие, ки ба шароити махсуси мехнат, кор дар нохияхои баландкух ва махалхои ба онхо баробаркардашуда вобаста аст. Инчунин дигар даврахои тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба собикаи сугуртави шомил кардашуда;

–  музди мехнат ё дигар даромад, ки аз онхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон сахми сугурта пардохта шудааст;

–  маблаги сахми сугурта, ки сугуртакунанда ба шахси сугурташуда гузаронидааст;

–  маблаги сахми сугуртаи пардохтгардида ва воридгардида барои шахси сугурташудаи мазкур;

-маълумот дар бораи сармояи хисобишудаи нафакави бо назардошти индексатсияи он;

–  маълумот дар бораи мукаррар намудани нафакаи сугуртави ва индексатсияи андозаи он;

–  маълумот дар бораи бастани суратхисоби инфиродии шахси сугурташуда.

  1. Дар кисми махсуси суратхисоби инфиродии шахси сугурташуда маълумоти зерин нишон дода мешаванд:

–  маблаги сахми сугуртави, ки ба кисми андухти нафакаи сугуртавй ворид гардидааст;

–  маълумоте, ки натичаи харсолаи чойгиронии маблаги андухти нафакавиро дар сармоягузорй инъикос мекунад;

–  маълумоте, ки натичаи чойгиронии муваккатии маблаги андухти нафакавиро то давраи нишон додани он дар кисми махсуси суратхисоби инфироди инъикос менамояд;

–  маълумоте, ки бахисобгирии даромадро аз сармоягузории маблаги андухти нафакавй инъикос мекунад;

-маълумоте, ки бахисобгирии харочоти заруриро барои сармоягузории маблаги андухти нафакавй инъикос менамояд;

–  маълумот дар бораи ба фонди гайридавлатии нафака гузаронидами маблаги андухти нафакави;

–  маълумот дар бораи аз фонди гайридавлатии нафака ба муассисаи сугурта гузаронидани маблаги андухти нафакави;

–  маблаги аз хисоби маблаги андухти нафакави пардохтгардида.

4 Кисми касбии суратхсоби инфиродии шахси сугурташуда барои бахисогирии маблаги аз тарафи сугуртакунанда чуброн намудани зарари расонидашуда таъин гардидааст, ки он маълумоти зайлро дар бар мегирад:

– маблаги товони иловаnfн пардохт ва воридгардида барои шахси сугурташуда;

– маълумот дар бораи индексатсия;

– давомнокии собикаи касбй:

– маблаги пардохтгардида.

5.Суратхисоби инфиродии шахси сугурташуда инчунин метавонад дигар кисмхо (фаслхо) ва маълумотро, ки барои бахисобгирии босифати- инфироди тибки конунгузории Чумхурии Точикистон заруранд, дар бар гирад.

6.Сугуртакунанда маълумоти суратхисоби инфиродии шахси сугурташударо мунтазам сахеху дакик намуда, такмил медихад.

  1. Суратхисоби инфиродии шахси сугурташуда дар шакли электрони дар тамоми давраи зиндагиаш ва пас аз фавти у  то мухлати пешбининамудаи тартиби нигохдошти парвандаи нафакави нигох дошта мешавад.
  2. Пас аз фавти шахси сугурташуда маълумот дар бораи фавти у дар муддати як мох аз чониби макоми дахлдори сабти асноди холати шахрванди ба сохтори худудии муассисаи сугурта фиристода мешавад. Маълумоти мазкур дар шакли макаррарнамудаи муассисаи сугурта фиристода мешавад.

9.Ошкор намудани маълумоти суратхисоби инфиродии шахсони сугурташуда, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, манъ аст.

Моддаи 7. Шаходатномаи сугуртаи хатмии нафакави

1.Муассисаи сугурта ба хар як шахси сугурташуда шаходатномаи сугуртаи хатмии нафакави медихад, ки дар он раками мушаххаси сугуртавии суратхисоби инфироди, санаи хамчун шахси сугурташуда ба кайд гирифта шудан, насаб, ном ва номи падари у кайд карда мешавад.

  1. Шахсе, ки тибки шартномаи (карордоди) мехнати нахустин маротиба бо корфармо муносибати мехнати мукаррар намудааст ва мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон аз музди мехнати у сахми сугурта пардохта мешавад, аз чойи кораш шаходатномаи сугуртаихатмии нафакавии дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинишударо мегирад.
  2. Шахси вокей, ки сахми сугуртаро мустакилона месупорад, шаходатномаи сугуртаи хатмии нафакавиро бевосита дар муассисаи сугуртаи чойи кайди худ ба сифати сугуртакунанда мегирад.
  3. Шаходатномаи сугуртаи хатмии нафакави дар дасти шахси сугурташуда доими нигох дошта мешавад.
  4. Дар холати тагйир ёфтани маълумот дар бораи шахси сугурташуда, ки дар сархатхои дуюм, сеюм, чорум ва панчуми кисми 2 моддаи 6 Конуни мазкур пешбини гардидааст, тибки Коидахои бахисобгирии инфироди дар низоми сугуртаи хатмии нафакави дар суратхисоби инфиродии у сабт мешаванд ва дар ин маврид муассисаи сугурта ба шахси сугурташуда ба ивази шаходатномаи каблан додашуда шаходатномаи нави сугуртаи хатмии нафакавии дорои хамон раками мушаххаси сугуртавии суратхисоби инфиродиро медихад.

6.Дар холати гум кардани шаходатномаи  сугуртаи  хатмии нафакави:

–  шахси сугурташуда, ки тибки шартномаи (карордоди) мехнати ё шартномаи хукукии граждани кор мекунад ва мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон аз ин музди мехнат сахми сугурта пардохта мешавад, вазифадор аст, ки дар давоми як мохи баъди гум шудани шаходатномаи сугуртаи хатмии нафакави бо ариза ба сугуртакунанда дар хусуси баркарор кардани он мурочиат намояд ва сугуртакунанда бояд ин аризаро бо хуччати тасдиккунандаи раками мушаххаси сугуртавии суратхисоби инфиродии шахси сугурташуда ба муассисаи сугурта пешниход намояд;

–  шахси вокеи, ки мустакилона сахми сугуртаро месупорад, ухдадор аст, ки дар муддати як мохи баъд аз гум кардани шаходатномаи сугуртаи хатмии нафакави ба муассисаи сугуртаи чойи зист бо ариза дар хусуси баркарор намудани он мурочиат намояд;

–  шахси сугурташуда, ки тибки шартномаи (карордоди) мехнатй ё шартномаи хукукии граждани бо музди мехдате, ки аз он мутобики конунгузории ЧумхурииТочикистон сахми сугурта пардохта мешавад, кор намекунад, инчунин ба сифати сугуртакунанда ба кайд гирифта нашудааст, бояд дар давоми як мохи баъди гум шудани шаходатномаи сугуртаи хатмии нафакави бо ариза ба муассисаи сугуртаи чойи зист дар хусуси баркарор кардани он мурочиат намояд;

–  муассисаи сугурта аз руи аризаи шахси сугурташуда дар бораи гум кардани шаходатномаи сгуртаи хатмии нафакави дар давоми як мох. баъди  мурочиат дар асоси  уратхисоби инфиродии ба номи у кушодашуда тавассути  сугуртакунанда ё шахсан ба у нусхаи шаходатномаи мазкурро медихад ва барои халли ин масъала муассисаи сугурта хукук, дорад аз шахси сугурташуда иттилои иловагиро, ки шахсият ва маълумоти суратхисоби инфиродии уро тасдик менамояд, талаб карда гирад.

7.Муассисаи сугурта шакли аризаро дар бораи ба шахси сугурташуда ба ивази шаходатномаи гумшуда додани шаходатномаи нави сугуртаи хатмии нафаккави муайян мекунад.

8.Тартиби додани хуччатхои тасдиккунандаи кайди бахисобгирии сугуртаи хатмии нафакавии шахсони хукуки, сохибкорони инфироди, филиал ва намояндагихои шахсони хукукии хоричи тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди» ва дигар санадхои меъёрии хукуки муайян карда мешавад.

Моддаи  8.  Коидахои  умумии  пешниходи  хуччатхои  аввалияи бахисобгирии инфироди

  1. Хуччатхои аввалияи бахисобгирии инфироди, ки дар бораи шахсони сугурташуда маълумоти дар кисмхои 2, 3 ва 4 моддаи 6 Конуни мазкур пешбинишударо доранд, ба муассисаи сугурта бо тартиб ва шакли тасдикнамудаи муассисаи сугурта пешниход мегарданд.
  2. Сугуртакунанда ба муассисаи сугурта хуччатхои аввалияи бахисобгирии инфиродиеро пешниход менамояд, ки дар онхо доир ба тамоми  шахсоне, ки аз руйи шартномаи (карордоди) мехнати ё шартномаи хукукии граждани кор карда, аз музди мехнаташон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон сахми сугуртави пардохта мешавад, маълумот мавчуд мебошад.
  3. Шахсони вокеи, ки мустакилона сахми сугурта месупоранд, худашон ба сифати сугуртакунанда (шахсони сугурташуда) хуччатхои аввалияи бахисобгирии инфиродиро ба муассисаи сугуртаи чойи кайд пешниход менамоянд.
  4. Ба шахсони сугурташудае, ки бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузори бекор хисобида шудаанд, макомоти дахлдори давлатии шугли ахоли маълумот пешниход менамояд.

5.Назорати пешниходи дурусти хуччатхои аввалияи бахисобгирии инфиродиро муассисаи сугурта амали менамояд.

6.Сугуртакунанда дар холатхои зерин хуччатхои аввалияи бахисобгирии инфиродиро ба сохтори худудии муассисаи сугурта пешниход менамояд:

– хангоми бори аввал ба кайд гирифтан, аз нав ташкил кардан, бархам додан ва ба сифати сугуртакунанда аз кайд баровардан;

– хангоми бакайдгирии ибтидоии шахсони вокеие, ки бояд мавриди сугуртаи хатмии нафакавй карор гиранд;

– дар вакти ба кор кабул намудани шахрвандон ё бастани шартномаи хукукии граждани тибки музди мехнате, ки аз он мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон сахми сугуртави пардохта мешавад ва то ин вакт собикаи  сугуртави  ва  шаходатномаи  сугуртаи  хатмии  нафакави надоштанд;

-дар холате, ки шахси сугурташудаи дар назди у коркунанда шаходатномаи сугуртаи хатмии нафакавиро гум карда бошад;

-дар мавриди тагйир ёфтани маълумоти пешбининамудаи сархатхои дуюм, сеюм, чорум ва панчуми кисми 2 моддаи 6 Конуни мазкур оид ба шахсони сугурташудаи дар назди у коркунанда.

7.Хуччатхои аввалияи бахисобгирии инфироди метавонанд хам дар шакли хатти ва хам дар шакли электрони бо назардошти кафолати сахехияти онхо, хифз аз дахолати гайриконуни ва бе тахриф пешниход гарданд. Дар ин маврид эътибори конуни доштани хуччатхои аввалияи бахисобгирии инфиродии пешниходшуда бояд мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон бо имзои электронии раками тасдик карда шавад. Масъалаи дар шакли электрони пешниход кардани иттилоотро муассисаи сугурта дар якчояги бо сугуртакунандагони мушаххас хал менамояд.

8.Нусхаи хуччатхои аввалияи бахисобгирии инфиродй, ки ба муассисаи сугурта пешниход гардидаанд, дар дасти сугуртакунандагон мемонад. Нусхаи хуччатхои мазкурро сугуртакунандагон бояд мутобики коидахои нигох доштани хуччатхои бахисобгирии мухосибй ва хисобоп! нигох доранд.

9.Тартиб ва мухлати аз чониби сугуртакунанда ба сохтори худудии муассисаи сугурта пешниход намудани хуччатхои аввалияи бахисобгирии инфироди бо Коидахои бахисобгирии инфиродии низоми сугуртаи хатмии нафакави муайян карда мешаванд.

Моддаи 9. Коидахои умумии кабул, бахисобгири ва коркарди хуччатхои аввалияи бахисобгирии инфироди

Муассисаи сугурта кабул, бахисобгири ва коркарди хуччатхои аввалияи бахисобгирии инфироди, инчунин ворид намудани маълумоти дахлдорро ба суратхисоби инфиродии шахсони сугурташуда бо тартиб ва дар мухлати бо Коидахои бахисобгирии инфиродии низоми сугуртаи хатмии нафакави мукарраргардида амали менамояд.

Моддаи 10. К,оидахои бахисобгирии инфиродии низоми сугуртаи хатмии нафакави

Коидахои бахисобгирии инфиродии низоми сугуртаи хатмии нафакави аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карла мешаванд.

Моддаи 11. Коидахои умумии ташкили бойгонии хуччатхои аввалияи бахисобгирии инфироди

1.Бахисобгири, пурра намудан, нигохдори ва тартиби истифодабарии хуччатхои аввалияи бахисобгирии инфиродии барои нигохдори кабулгардидаро бойгонии хуччатхои бахисобгирии инфиродии муассисаи сугурта амали менамояд.

2.Коидахои ташкили бойгонии хуччатхои бахисобгирии инфиродии муассисаи сугуртаро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

3.Мухлати нигохдории хуччатхо дар бойгонии хуччатхои бахисобгирии инфиродии муассисаи сугурта, ки дар шакли хатти ва дар шакли электронй эътибори конуни доштани онхо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон бо имзои электронии раками тасдик карда шудааст, дар низоми сугуртаи хатмии нафакави на камчар аз се сол мебошад.

4.Хуччатхои аввалияи бахисобгирии инфироди дар бойгонии хуччатхои бахисобгирии инфиродии муассисаи сугурта пас аз ба охир расидани мухлати нигохдориашон, баъди шахси сугурташударо бо онхо шинос намуда, ба дасташ супоридани маълумоти давраи дахлдори суратхисоби инфиродиаш бо тартиби муайяннамудаи Хукумат Чумхурии Точикистон нобуд карда мешаванд.

БОБИ 3. ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ СУБЪЕКТХОИ СУГУРТАИ ХАТМИИ НАФАКАВИ

Моддаи 12. Хукук ва ухдадорихои шахси сугурташуда

1.Шахси сугурташуда хукук дорад:

-соле як маротиба дар сохтори худудии муассисаи сугуртаи чойи зист ё чойи кор маълумоти суратхисоби инфиродиашро ройгон дастрас намояд;

– нусхаи маълумотро. ки сугуртакунанда ба сохтори худудии муассисаи сугурта чихати бахисобгирии инфиродии у пешниход кардааст, аз сугуртакунанда ройгон гирад;

-дар холати бо маълумоти суратхисоби инфиродиаш рози набудан, бо ариза чихати ислохи маълумоти зикргардида ба сохтори худудии муассисаи сугурта ва ё ба суд мурочиат намояд.

2.Шахси сугурташуда ухдадор аст:

–  дар сохтори худудии муассисаи сугурта аз кайд гузарад;

–  шаходатномаи сугуртаи хатмии нафакавиро гирифта, нигох дорад ва бо дархости сугуртакунанда, кормандони сохтори худудии муассисаи сугурта ва дигар макомоти давлати пешниход намояд;

–  дар мавриди тагйир ёфтани маълумоти суратхисоби инфиродиаш ё гум кардани шаходатномаи сугуртаи хатмии нафакави бо ариза ба сохтори худудии муассисаи сугурта мурочиат намояд;

-бо дархости сохтори худудии муассисаи сугурта хуччатхоеро пешниход намояд, ки маълумоти ба суратхисоби инфиродии у мутобики хамин Конун воридшавандаро тасдик мекунанд.

Моддаи 13. Хукук ва ухдадорихои сугуртакунанда

1.Сугуртакунанда хукук дорад:

–  аз шахсони сукурташуда дар мавриди ба кор кабул кардани онхо шаходатномаи сугуртаи хатмии нафакавиашонро талаб намояд;

–  дар мувофика бо сохтори худудии муассисаи сугурта хуччатхои аввалияи бахисобгирии инфиродии ирсолгардидаро пурра ва дакик намояд.

2.Сугуртакунанда ухдадор аст:

-дар мухлати мукарраргардида ба сохтори худудии муассисаи сугурта хуччатхои аввалияи бахисобгирии инфиродиро пешниход намояд;

-аз сохтори худудии муассисаи сугурта шаходатномаи сугуртаи хатмии нафакави, инчунин нусхаи шаходатномаи мазкурро гирифта, онхоро ба шахсони сугурташудае, ки тибки шартномаи (карордоди) мехнати ё шартномаи хукукии граждани дар назди у кор мекунанд ва аз музди мехнаташон мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон сахми сугуртавй пардохта мешавад, бо гирифтани имзо дихад;

-нусхаи хуччати аввалияи бахисобгирии инфиродиро, ки ба сохтори худудии муассисаи сугурта  барои ворид намудани маълумот ба суратхисоби инфиродии у пешни.чол гардидааст, ройгон ба хар шахси сугурташуда дихад;

– мутобикати маълумоти шаходатномаи сугуртаи хатми нафакавии ба шахси сугурташуда додаро бо маълумоти хуччатхои тасдиккунандаи шахсияти шахси мазкур, ки тибки шартномаи (карордоди) мехнати ё шартномаи хукукии граждани дар назди у кор мекунад ва аз музди мехаташ мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон сахми сугуртави пардохта мешавад, назорат кунад.

Моддаи 14. Хукук ва ухдадорихои муассисаи сугурта вобаста ба амали намудани бахисобгирии инфироди

1.Муассисаи сугурта хукук дорад:

–     аз сугуртакунандагон сари вакт ва дуруст пешниход намуданп хуччатхои аввалияи бахисобгирии инфиродиро, ки Конуни мазкур мукаррар намудааст, талаб кунад;

–     дар мавриди зарури аз руи натичаи тафтиши эътиборнокии маълумоте, ки онро сугуртакунандагон пешниход кардаанд, маълумоти мазкурро ислох карда, ба суратхисоби инфиродии шахси сугурташуда тагйирот ворид намояд ва дар ин бора ба у хабар дихад;

–     хар сол аз фондхои гайридавлатии нафака оид ба хукуки нафакавии шахсоне, ки сугуртаи хатмии нафакави шудаанд, маълумоти дахлдор гирад.

2.Муассисаи сугурта ухдадор аст:

–     бахисобгирии инфиродии шахсони сугурташавандаро пас аз бакайдгирии давлатии сугуртакунанда анчом дихад;

–     хуччатхои аввалияи бахисобгирии инфиродиро сари вакт мавриди коркард карор дихад ва маълумотро ба суратхисоби инфиродии шахсони сугурташуда гузаронад;

–  чихати нигохдории боэътимоди хуччатхои аввалияи бахисобгирии инфироди ва суратхисоби  инфиродии шахсони сугурташуда чора андешад;

–  аз чониби сугуртакунандагон пурра ва дуруст пешниход гардидани хуччатхои аввалияи бахисобгирии инфиродиро назорат намояд;

–  дар бораи вазъи суратхисоби инфиродии шахсони сугурташуда, инчунин оид ба натичаи сармоягузории маблаги андухти нафакавиашон соле як маротиба ба онхо ройгон маълумот ирсол кунад;

–  ба шахси сугурташуда тибки мурочиаташ иттилои дар суратхисоби инфиродии у мавчудбударо соле як маротиба ройгон пешниход намояд;

–  ба шахсони сугурташуда ва сугуртакунандагон хукуку ухдадорихои онхо, низоми бахисобгирии инфироди, тартиби пур кардани шаклхои хуччатхои аввалияи бахисобгирии инфироди ва пешниход намудани маълумотро шарх дихад;

-бо дархости шахси сугурташуда суратхисоби инфиродиашро бо пардохтхои аз он амалигардида мукоиса намояд.

 

БОБИ 4. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 15. Чавобгари барои риоя накардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 16. Халли басхо

Бахсхо оид ба масъалахои бахисобгирии инфироди бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон барраси карда мешаванд.

 

Моддаи 17. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

           Президенти

Чумхурии Точикистон                                                          Эмомали Рахмон

ш.Душанбе

3 июли соли 2012

 860

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …