Главная / Гуногун / Бадахшон ва Хисор дар асри XVII – нимаи аввали асри XVIII

Бадахшон ва Хисор дар асри XVII – нимаи аввали асри XVIII

Худуди зиёди давлати замони Темуриёнро сулолаи нав Аштархониён дарбар намуданд. Пойтахти онхо шахри Бухоро буд. Дар шимоли Афгонистон, сохили чапи дарёи Аму — Кундуз, Файзобод, Балх, Шибиргон ва Бадахшон, дар сохили рости ин дарё — Тирмиз, Кулобу Кубодиён тобеъи сулолаи мазкур буд.

Дар замонн хукмронии Субхонкулихон мавкеъ ва эътибори баъзе аз сарони кабилахо баланд гардид. Яке аз онхо Махмудбии атолик буд. Хон уро хокими Балх ва Бадахшон таъин намуд. Он солхо Бадахшон амалан музки мустакил буд. Дар он чо асосгузори сулолаи амирони бадахшони Ёрибек хукмрони мекард. Дар нимаи дуввуми асри XVII муносибати байни Бадахшон ва Бухоро бад шудан гирифт. Тохтутози лашкари Бухоро ба Бадахшон вусъат гирифт. Бадахшонихо бо сардории мири худ Ёрибек ба истилогарон муковимати сахт нишон медоданд. Онхо бухориёнро ба кони лаъли худ рох намедоданд. Бо максади ба даст овардани лаъл Махмудбии атолик ба Бадахшон лашкар кашид. Вале муваффакият ба даст дароварда натавонист. Окибат мачбур шуд, ки бо Ёрибек муохида баста акиб нишинад. Ёрибек мебоист махсули дусолаи кони лаъли Бадахшонро ба хон супорида, тобеъи Бухоро гардад. Лекин дар амал у хокими мутлаки он чо буд ва тамоман мустакилона кор мебурд.

Дар асри XVI Балх, Тирмиз, Кундуз, Кубодиён, Хакзону Бадахшон тобеъи беки Хисор буданд. Дарсолхои хукмронии сулолаи Аштархони ин мулкхо, хатто Хисор тобеъи Балх гашт. Чунки дар Балх валиахди хони Бухоро хукм меронд ва уро низ “хон“ меномиданд.

Дар замони хукмронии Имомкулихон дар Хисори Шодмон Давлатбии кенагас хукм меронд. У байни хокимони вилоятхои дигари Бухоро макоми хосро сохиб буда, сиёсати ниммустакилро пеш мебурд.

Хукмронин Давлатбий то соли 1642 давом кард. Баъди ба сари хокимияти Бухоро омадани Нодирмухаммадхон дар вилоятхо писарони у хукмрон шуданд. Хисор ба Киличмухаммад ном писари у расид. Мулки дар асри XVI ягонаи Хисор, дар замони хукмронии сулолаи Ашгархони ба кисмхо таксим шуда, ба итоати Бухоро гузашт. Вале мубориза барои хокими Хисор шудан байни писарони Нодирмухаммадхон давом мекард. Писари саввуми у Бахром Султон окибат хокими ин мулк гашт.

Баъд аз ба сари хокимияти Бухоро омадани Абдулазизхон (1645-1680) байни хонхои Бухоро ва Балх барои сохиб шудан ба Хисор мубориза cap зад. Аз ин мубориза истифода намуда як муддати кутох хокими Самарканд Хисорро тобсъи худ гардонид.

Итоати мулки Хисор ба Балх, Самарканд ва Бухоро доими набуд. Дар охири асри XVII аз бесарусомони ва беадолатии хони Бухоро истифода намуда Хисори Шодмон мустакилии худро баркарор намуд.

Хисор яке аз вилоятхои саркаш буд. Соли 1703 лашкари Бухоро бо сардории Мухаммадрахимби бо максади забти ин мулк вориди вилоят гашт. Рафтори густохонаи лашкари у боиси хашму газаби мардуми Хисор гардид. Шуриши умум огоз ёфт. Исёнгарон кароргохи лашкари Бухороро торумор карданд.

Хабари нокомии лашкари Бухоро дар Хисор ба хокиии Балх Мукимхон расид. Бо фармони у лашкари Балх бо сардории Махмудбии атолик, мохи феврали соли 1704 ба суи Хисор харакат кард. Вале то омадани онхо хокими Хисор Угкан додхох лашкари гурезаи Бухороро таъкиб намуда, лавозимоти зиёди харби, чодару хайма ва аспонро ганимат гирифт.

Шикастхури дар Хисор хони Бухоро Убайдуллохонро (1702 – 1711) рухан азоб медод. У аз ноиттифокии байнихудии кабилаи суистифода намуда, ба суи Хисор лашкар равон кард.

Ин навбат хам Балх бо максадн ба итоати худ даровардани мулки Хисор лашкари сершуморро зери фармони Махмудбии равон кард. Ба у муяссар гардид, ки лашкари Бухороро маглуб намуда Дарвеш кушбеги, писари Фозилбийро хокими Хисор таъин намояд.

Баъд аз ронда шудани лашкари Бухоро бештар аз 50 сол Хисор хамчун мулки мустакил арзи вучуд намуд. Дар ин муддат бекхои Хисор хамдигарро иваз мекарданд. Ба баъзеи онхо муяссар мешуд, ки ба сарзамини хамсоягони худ лашкар кашанд.

Аз тарафи дигар, хонхои Бухоро мекушиданд, ки Хисорро мутеъи худ гардонанд. Дар лахзахои душвори тахдиди душман Хисор иттифокчии худро пайдо кард. Яке аз итгифокчии ин мулк хокиму мардуми Уротеппа буданд. Чунки хам дар Хисору хам дар Уротеппа сулолаи хонадони юзхо хукм меронданд. Иттифоки мустахками онхоро вокеаи соли 1754 равшан аён кард.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …