Главная / Илм / БРОНХОЭКТАЗ

БРОНХОЭКТАЗ

bronhoektazБРОНХОЭКТАЗ (Bronchoectases; аз бронххо ва ektasis – васеъ шудан), бронхоэктазия, иллати узвхои нафас, ки боиси васеъ ва дигаргун шудани бронххо мегардад. Б. модарзод ва гайримодарзод мешавад. Б.-и модарзод кам дучор меояд. Б.-и гайримодарзод окибати бронхити музмин, газаки шуш, грипп, беморихои сироятии кудакон (сурфакабудак, сурхча) ва г. мебошад. Балгаме, ки чамъ мешавад, ба газак гирифтани девораи бронххо ва бофтаи атрофи шуш мусоидат мекунад. Чараёни Б. музмин аст. Аломатхои клиникии Б.-и хурд ва камшумори варача муддати дароз падид намеоянд. Дар аснои Б.-и калони сершумор табларза ва сулфаи сахт руй дода, балгами бисёри бадбуй (дар як шабонаруз то 1л), махсусан пагохирузихо, ихроч мешавад. Ачаб нест, ки аз шуш хун равад. Агар касали кухна шавад, гурда ва силсилаи дилу рагхо иллат меёбанд.
Хангоми шиддати бемори табобатро дар беморхона мегузаронанд. Дар даврахои хомуш гаштани чараёни илтихоб тахти назорат ва таъиноти духтур тадбирхое андешида мешаванд, ки барои аз балгам тоза шудани бронххо кумак мерасонанд. Табобати санатории Б. дар курортхои иклимашон хушку гарм, инчунин муоличаи физиотерапевти фоидабахш мебошанд. Агар иллати шуш яктарафа ё махдуд бошад, чаррохи натичаи хуб медихад. Дуруст ва сари вакт табобат кардани газаки шадид ва музмини узвхои нафас рохи асосии пешгири намудани Б. махсуб мешавад.
Пешгирии чараёни илтихоби бронххо ба афзудани мукобилати организм ба сироят асос ёфтааст. Бо ин максад риояи тартиби кору истирохат, машгулиятхои варзишии нафаскаши, обутоби организм, инчунин истеъмоли хуроки сергизое, ки ба микдори кофи сафедахои хайвони ва витамин дорад, зарур аст. Дар мухити хавояш тоза, харорати доими ва ори аз моддахои кимиёи кор кардани беморон барои пешгирии Б. хеле мухим мебошанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …