Главная / Илм / БРОМИДХО

БРОМИДХО

bromidhoБРОМИДХО (Bromida), дорухое, ки таркибашон аз бром ва пайвастхои он иборат буда, таъсири оромбахш мерасонанд. Дар амалияи тиб бромиди натрий, бромиди калий ва бромкамфора истифода мешаванд. Б. раванди боздориро дар кишри магзи сар таквият медиханд. Б. асосан барои муоличаи беморихои асаб кор фармуда мешаванд. Онхо дар сурати дуру дароз истеъмол кардан, дар организм чамъ шуда, боиси захролудии музмин – бромизм мегарданд (карахтии умуми, рухафтодаги, ихтилоли хотира, осеби пуст ва г.). Б. аз организм ба тавассути луобпардахо хорич мешаванд. Бинобар ангезиши луобпардахо бемор бисёр месулфад, дарунрав мешавад; нишонахои зуком ва конъюнктивит рух менамоянд. Дар ин гуна холатхо истифодаи Б.-ро катъ кардан лозим аст. Бо максади аз организм зуд хорич кардани бром ба микдори зиёд хлориди натрий (10 – 20 г дар як руз), нушокихо ва дорухои пешоброн таъин мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …