Главная / Гуногун / БОЗОРИ «СИЁХ

БОЗОРИ «СИЁХ

Ибтидои рузи харобу хастаи тирамох.

Шамолаки сарде мевазид. Шоххои дарахтон алвонч мехурданд ва баргхои тиллоранги онон лахзае дар осмон пар-пар карда, ба зери по меафтоданд. Дили Асад-бобо ки ба чайковбозор равона буд, аз набудани мошин танг гардида, бесаброна ин тарафу он тараф раксак мерафт. Дам ба дам ба умед ба пеш менигарист, ки кай мошин пайдо мешаваду уро ба чайковбозор мебарад.

Имруз аз сахар дили у бугз кардаги барин гаш дорад. Бомдодон барвакт аз хоб бедор шуду бо оби хунук тахорат кард, дасту руй шуст. Намози бомдодро хонду як пиёла чой нушида, ба рох баромад. Ба як мошини рохгузар савор шуда, чанде пеш ба ин чо расида буд ва холо интизори мошини шахр, хис мекард, ки хунук хурдааст, банду бугумхои дасту пояш ба дард меоянд. Тахтапушташ хам аз таъсири боди сард месухт.

unnamedВай то хол чайковбозорро надида буд ва орзуи дидан хам надошт. Вале мачбур шуд, ки мазаи онро бичашад. Мохе як маротиба дустони чони – хамяроконаш – Собир, Камол ва Саттор ба хонаи у омада, курутоб мехуранд.

Завчаи Асад-бобо пазандаи бехамтост. Бахусус, мазаи курутоби пухтаи у то дер гох аз дахон намеравад. Дар деха касе чун у курутоб тайёр карда наметавонад. Чунон ширин, хамин хел бомаза ва хамон кадар хушбуй, ки дар таърифаш сухан очизи мекунад. Вай фатири курак мепазад, курутро кафмол карда, об мекунад, бехпиёзро гирд-гирд реза карда, ба табаки калони чубин чо мекунад ва аз болояш равгани зарди догро мерезад. Чаззаси гушнавозу буи гуворо дар хона пахн мегардад.

– Ох! Ох! – гуён, дустон шоди мекунанд ва омадани табаки курутобро бесаброна интизор мешаванд.

Хамин ки табакро оварданд ба он хучум намуда, таърифу тахсин карда мехуранд. Ин ба Асад-бобо ачаб наъша мебахшад.

– Дар махалу мавзехои дигар хам курутоб хурдаам, аммо маззаи курутоби шуморо дар ягон чо дарёфт накардаам, – дастонашро поккунон мегуяд Собир.

– Алхол танбал шудаанд мардум, курутоб намекунанд. Кунанд хам аз дуг ё чакка. Курутоб нест, охир, ин дугоба! – мегуяд Камол.

Асад-бобо мехмонони зиёдеро пазирои мекунаду мегуселонад. Баъзан онхоро ба хам мукоиса мекунад. Фаркашон аз замин то осмон. Як кисмашон хамин ки ишкамашонро пур карданд, ба гайбати мардум мепардозанд. Чунин сухбатхо намефорадаш. Чунин одамонро у «лакки» меномад. Лаккихоро чашми дидан надорад. «Одамони лакки касофат, – мегуяд у, – онхоро хук барин шум мебинам».

Ташрифи чурахои хамярокаш боби дили уст. Саргузаштхои ачоибу гароибе доранд. «Ёд дори?» – гуён, занги дил мешуянд. Чун хамеша Собир бо шухиву зарофатхо, лутфу латифахо вакти онхоро хуш медорад.

Хафтаи гузашта хам омаданд дустонаш. Вале бори аввал курутобхури ба Асад-бобо нашаъ набахшид. Вакте ки табаки курутобро оварданд, Камол бо тааччуб нидо кард:

– И-и, ин табаки сафол-ку!

– Ха, рост, – гуфт Собир. – Табаки чубин кани?

Асад-бобо дар хичолат монд.

– Ха, табаки чубин шикасту рузамон ба хамин сафол монд, – узрхохона гуфт Асад-бобо.

– Об-бо, маза накард, – афсусомез гуфт Камол.

– Ха, дар табаки сафолин чи курутоб хури чи не, – Камолро дастгири кард Собир.

– Хамин табаку чумчаи чубин барои чи гум шуд-а? На дар даст меёбед, на дар магоза, – Асад-боборо аз вазъияти ногувор баровардани шуда гуфт Саттор.

– Барои чи гум шуда будааст, – гуфт Камол. – Гум нашудааст. Дар чайковбозор пур.

– Рост?

– Ха, дар он чо ба чуз чони одам хама чиз хаст.

Пас аз гусели дустонаш дили Асад-бобо сип-сиёх гашт ва карорашро гум кард. На кори кардагиашро медонисту на хуроки хурдагиашро.

Нихоят рохи чайковбозорро пеш гирифт.

Насими сарди тирамои танашро сард гардонд. Канда-канда сулфид. Футтаи миёнашро кушода, чомаро ба танаш чавстар кашида, онро дубора баст. Бо вучуди ин шамол кашида, баланд атса зад.

– Пир шав-е! – гуфт чавони бузбалаи баднамуд.

Овозаш дагалу гушхарош баромад. Ва ба назараш «Гум шав-е!» намуд.

Чанд кас ба у нигохи шубхаомезу норозиёна партофтанд, вале чизе нагуфтанд. Яке аз мусофирон гур-гуркунон ба дигаре мегуфт:

– Тартибу интизом нест.

– Кай буд, ки имруз шавад. Ронандахо фалак барин качрафтор, – гуфт дигари ва сигарет оташ дод.

Чавони баднамуд ба у наздик шуда, амромез гуфт:

– Те, якта кашем!

Мусофир харфе ба забон наоварда, ба у сигарет дод. Чавони баднамуд сигаретро оташ дода, ду-се бор сахт-сахт кашид ва сулфа карда гуфт:

– Ух, баланд будааст!

Асад-бобо «эх, шаклу суммот хам хеч гап набудааст» гуён, руй гардонд.

Ин дам автобусе омада карор гирифту хама худро ба он заданд.

– Монед, пирон савор шаванд, – шунида шуд овози чавонмарде.

Аз таъсири галогула ва талоши хар чг зудтар ба автобус даромадани одамони зиёд касе ба сухани у ахамият надод. Хар яке кушиш ба харч медод, ки пештар дарояду чой гирифта шинад.

Асад-бобо бо як азобе ба автобус даромада, назди чавони бадафт омада истод.

– Ба муйсафед чой дихед, – ба чавони бадафт мурочиат намуд марди муйлабдор.

– Чи, мефорад, ки бинита хамвор кунам! – чашмонашро калон кушодаю мушташро гирех карда, наъракашон ба сари у дод зад чавони бадафт. – Пири фартут бояд дар хона шинад!

Асад-бобо суханони талху тахкиромези чавонро шунида, мисли хезуми тар сухт ва базур худдори карда, зохиран оромона ба марди муйлабдор гуфт:

– Лозим не, писар. Холо мо бакувват.

                 Комати хамгаштаи пирон нишони марг нест,

                 Як камон сад тирро дар хок пинхон мекунад.

Харчанд ки ронанда хам, автобусбудагон хам хама тахчои буданд, у бо овози маргуладор гуфт:

– По два рубля соберите!

Пас аз чанчолу хархашаи давомдори пулгундори автобус рохи шуд. Ронанда автобусро бо сурати тез меронд. Ба назар чунин менамуд, ки мошини одамкаш не, чубкаш аст.

– Писарам, охистатар ронед, – илтимос кард пиразане.

– Время, денги, бабушка, – хандаи безебе кард ронанда.

Автобус аз чанд истгох гузашт. Ахли автобус хама байни худ аз хар хусус гуфтугу доштанд: зиндаги душвор, манзилгох нест, магозахо холи, нарххо баланд, маош кам, алюминзавод, Рогун, Ёвон, чои кор, пахта… Ва гайра ва хоказохо…

– Як умр чон кандам. ГЭС-и Норак, заводхои кимиёи Ёвону алюмини Турсунзодаро сохтам. Сохтмончии хизматнишондода…

– Хайр чи?

– Хайр чи будааст?! Акнун нони хурдан надорам…

– Бисёр гам нахур. Як ту не, хама надоранд.

Пирамард чизе нагуфт. Риши сап-сафедашро бо панча хилол карду ба нуктаи ноаёне чашм духта, баъд пурсид:

– Акнун чи кор мекунем, холи мардум чи мешуда бошад-а?

Дар суханони пирамард як чахон шубхаву хавотири ва хатто тарс нихон буд.

– Намедонам, – посух дод ба у пирамарди шафаташ. – Худои таъоло худаш надонад, бандааш аз кучо медонад.

– Лекин бачахо чунон хуро шудаги, ки мондан гиред, – лачоми суханро ба даст гирифт марди миёнсол. – Пеш чор-панч нон мерасид. Акнун дахто нон ками мекунад. Метарсам…

– Метарси? – сухани уро бурида, тааччуб кард пирамарде. – Аз чи?

– Худорахматии падарам – рухаш шод бод! – мегуфт, ки пеш аз кахти бачахо хуро мешаванд.

– Наход кахти шавад? – таъчилан пурсид пирамард.

– Шубха накунед, – ба сухбати онхо шарик шуд Асад-бобо. – Шубха торикии имон аст. Ман дар хамин умри кутохам рузхои талхтар аз захрро хам дидаму рузхои ширинтар аз асалро хам. Мегуянд, ки «бар сари фарзанди одам харчи ояд бигзарад!» Поёни шаби сиях сафед аст! Хофизи Шерози, ки лисонулгайб мебошад, рост мегуяд:

                       Бигзарад ин рузгори талхтар аз захр,

                       Бори дигар рузгори чун шакар ояд!

– Гапатон рост, мегузарад. Лекин кай ба рузи равшан мерасем?

– Худо хохад хамааш хуб мешавад.

– Эха, то хуб мешавад, ки мо хок мешавем.

– Ношукри накунед, – кохишомез гуфт Асад-бобо. – Шукр бояд кард, ки миллати мо тадричан пеш меравад, давлатамон руз аз руз куввату кудрат пайдо менамояд. Бузургонамон бархак фармудаанд:

                       Шукр гуй, давлатат афзун шавад,

                       В-ар нагуи, аз кафат берун шавад.

Хамон чавони бадафт кох-кох зада хандид. Чунон захрхандаи истехзоомезонаи гушхарош кард, ки ба дили Асад-бобо мисли тири камон бархурд.

– Чаро механди?!

– Чи, гиря кунам!

Сабри Асад-бобо аз даст рафт:

– Ха!

– Чонат азиз?! – чашмони чавони бадафт чалак-палак шуданд.

– Чони хар инсон, албатта, ба худаш азиз.

– Азиз бошад, хап шин! – дагалона дуг зад чавони бадафт.

Хайрият, ки автобус ба бозор расид, набошад чанчол ногузир буд.

Пайрохаи одамгард рохи кахкашонро мемонд, ки одамон зич рафтуо доштанд. Асад-бобо аз автобус фаромада буд, ки анбухи одамон уро чониби бозор гирифта бурд.

Зиндаги дар бозор чуш мезад. Растахо яке аз дигаре пурбор. Чунин ба назар мерасид, ки файзи замину осмон ба ин гуша пош хурда. Тамоми неъматхои дунё – мухаё. Доро боши шири мургро пайдо карда метавони. Дар ин чо хам шоху хам гадо, хам чупону хам раисро дидан мумкин. Ту «вовчик»-у ман «юрчик», ту «коммунист»-у ман «растохез» вучуд надорад. Шоху гадо, марду зан, кудаку чудак баробар. Хама ба ду гурух чудо мешаванд: савдогар ва харидор. Яке мефурухт, дигаре харидори мекард. Фурушандахо барои ба чониби худ чалб намудани харидорон часпу талош доштанд. Моли худро бо хайёхуи зиёда васф менамуданд.

– Охой, калучи арзонда биё! Моли асил!

– Хой бача, шарфи махровда биё!

– Биё, миравой катишкада биё!

– Подходи, винагирад, половина сахир, половина миёд!

– Чойи хиндида биё! Биё, бача! Ай мада арзонфуруш нестай!

– Носи калилинда биё! Зурай! Магзи сара топ-тоза мекуна!

Ба ёди Асад-бобо чанд мисра шеър омад:

                        Дунёра бин, дунёра бин,

                        Ин шуру ин савдора бин.

                        Савдогари бозора бин…

– Пистаи хандонда биё!

– Э, раве!

Ба гуши Асад-бобо овози суруд омад. Оханги он ба у бегона ва садояш ба садои дегу табак монанд буд. «Туй бошад?» – гуфт дар дил ва хамон су равон гашт. Чавоне руи мизи калон магнитофонро монда буд, ки баланд суруд мехонд:

                         Чура бубин хавора

                         Мебораю мебора

                         Духтарои каторак

                         Кадомуш тура мефора…

– Биё бобо! Касетахои зур дорам!

– Пастар кун, писарам, гушхоро кар карди.

Чавон магнитафонро баландтар кард.

Асад-бобо озурда гашт.

– Афсус, – гуфт у ва дур шуд.

– Пистаи хандонда биё!

– Усу раве! Безор карди-ку!

Дар растае чашмаш ба кассобе афтод. Кассоб чолокона чор-панч килло гуштро болои тарозу гузошта, чашми харидорро хато карда, дар байни гушт чанд пора устухонро чо кард. Ва хамчунон бо як чакконии ба кассобон хос гуштро ба когазе печонда, ба мизоч пешкаш намуд.

Хамин асно вокеае руй доду тартиби мукаррарии бозор вайрон гашт. Ду чавон-яке бузбалаи сиёхчурда, дигаре хароби паст – гавго доштанд. Савдогарон аввал «чи гап шуда бошад?» – гуён, ба якдигар суоломез нигох карданд, баъд суи вокеъа шитофтанд.

Гавго авч гирифт ва ба чанги дахони табдил ёфт.

– Хар! Ахмак! – мегуфт яке аз он ду нафар, ки аз ракиби худ дар тану туш хеле хурд буд.

– Ту хар! Ту ахмак!

– Ха, холи хамин хел?!

– Ана хамин хел!

– Сиву ду дандонатро ба халкат мефиристам…

– Ку, биё. Биё…

– Ана, ба ту, ана…

Ва занозание байни онхо барпо гашт. Занозани манзараи занозании кинохои хиндиро ба ёд меовард. Чамъомадагон кариб хама хандида хушхоли мекарданд.

– Майдача бало будааст, – мегуфт чавоне калиди мошин дар панчахояш бозикунон. – Бин, чи хел мезанад.

Дили Асад-бобо хузн гирифт ва фишурда шуд. Ва бо умеди имдод ба хампахлуяш нигарист. Ва хамон чавони бадафтро дид.

– Халос кунед, якдигарро мекушанд.

– Мон зананд. Тамошои бепул. Хеа-ху! Хая!

– Хой, мардум, халос кунед онхоро! – бори дигар дод зад Асад-бобо.

Вале касе ба у эътибор надод. Гуё ин мафхум ба онхо бегона буд. Дар дили Асад-бобо як изтироби гарибе тугён кард. «Ё Худо!» – гуфт гиребон дошта. Сипас кадаме ба пеш монда:

– А бача чанг накунед! – гуён, нидо кард.

Вале бачахо уро намешуниданд. Масти занозани буданд. Вай пеши худ чора мечуст. Дар ин байн ракиби чавони майдахел ба замин афтид. Кийгоси чамъомадагон баланд гашт.

– Кандата зан! – дод зад чавони бадафт.

Чанд нафари дигар хам ба тахсин лаб кушоданд.

– Маладес!

Яке кахкос зад.

Ногох чавон хесту гурехт. Чавони майдахел ба дунболи у шуд. Сур мекард ва кабехтарин дашномхоро дар пайяш мерехт. Лахзае пас онхо аз назар гайб заданд. Шасти одамон хам паст шуд ва як-як дур шудан гирифтанд. Лахзае пас доду войи чанд савдогар ба фалак печид. Маълум гашт, ки молашонро руфта бурдаанд.

– Ха, ин сахна махсус бозида шуда будааст.

– Ба онхо тамошои бепул гарон афтод.

– Хо ана гап дар кучо будааст?! Эх, бозори сиёх! – афсусомез гуфт Асад-бобо ва рохи шуд.

Вай охиста-охиста кадам мезад. Ногох чашмаш ба колинхои рангу баранг афтид. Нигохашро об дод. Чолу кампир кайхо дар орзуи колин буданд. «Якта харам чи? Кампир хурсанд мешавад» – гуфт дар дил ва ба колинфуруш наздик шуд.

– Биё, бобо! Дар ришат садка, биё!

– Колинро чанд пул карди, писарам?

– Понздахта.

– Понздахта?!

– Ха. Кадомаша дихам? Ана, хаминаш мешавад?

Асад-бобо ба ёд овард, ки дар кисааш чорсаду бист сум дораду халос.

– Чанд медихи, бобо?!

Асад-бобо лолу хомуш буд.

– Одаму хуб метоби, бобо. Ана, хотири риши сафедат, чордахта. Мешавад?

Асад-бобо хамоно хомуш буд.

– Чи ба даханат об гирифти?! Гап зан!

– …

– Дилат, ки ба пулат месузад, яктараф ист, рохи клиентоя банд накун.

– Пистаи хандонда биё!

– Э, гум шав! – дод зад ба сари бача колинфуруш. – Пистаат дар сари каври падарат!

Асад-бобо одамонро тела додаву ба худаш рох кушода, пеш мерафт. Хариду фуруш авч дошт. Баногох талотуме бархост дар як гушаи бозор. Бисёрихо он су давиданд. Асад-бобо як фурсат дар чояш истод. Хисси кунчковиаш ба чуш омаду у хам рафт. Худро ба он анбух бизад, одамонро ба ду кисм фарх кард. Зане худро руи замин мезад.

– Хонаам сухт! Панч хазор пуламро дуздиданд! До-о-о-од! До-о-оред!

– Киро?

– Дуздро!

– Кани у?

– …

– Сазои сарат, чаллоб!

– Шояд чаллоб набошад?

– Дузд медонад киро занад.

– Дуздро каракчи зад!

Талотум камтар шуд, мардум бо рохи худ рафт. Дили Асад-бобо ба зан сухт. Лекин ба у чи ёри дода хам метавонист. Хост уро дилбардори кунад.

– Гам нахуред хохар…

– Э, гум шав-е!

– Ачоиб! Эх, бозори сиёх! – гуфт Асад-бобо хайратзада ва кафо гашт. Баробари гаштан чавонеро дид, ки табаки чубинеро дошта меистод. Шод шуд ва худро зуд назди чавон расонд. Ва табакро ба даст гирифт.

– Гиред, бобо, арзон кардам. Ха, арзони хоки сиёх.

Дар чашмони чавон барке заиф медурахшид. Табак ба у он кадар маъкул нашуд.

– Дигар надори? – пурсид у.

– Не, дахто буд, фурухтам. Хамин охиринаш. Гиред, бобо, арзон кардам. Ха, арзони хоки сиёх, – мегуяд чавон ва нури шайтонаке дар дидагонаш бози мекунад.

– Хайр, арзони хоки сиёхат чанд пул?

– Хамаги дусад сум.

– Дусад? Не-й-е, шухи накун?

– Шухи не. О, ин табака бин. Табак не, табакчон, рохати чон. Чубаш оли.

– Оли? Чуби чи?

– Чуби чи? Чуби… Ха, аз чуби заранг сохтам.

– Аз чуби заранг сохти?

– Ха, аз чуби заранг.

Асад-бобо ба фурушанда дурусттар синча кард. Чавони олуфтае буд у. Аз дасти ин чавон тарошидани табак он таораф истад, курутобхури намеояд. Боз заранг мегуяд-а?! О, дар кадом аср аз чуби заранг табак тарошидаанд? Шунида буд, ки дар бозорхо чаллобоне хастанд, ки аз дигарон бо нархи арзон мехаранду баъд киммат мефурушанд. Хатто баланд будани нархи бозорро хам аз онхо медонанд. Якин кард, ки ин чавон аз хамон зотхост. Нафраташ омаду чидди гуфт:

– Ту чаллоб! Ба милиса супоридан даркор.

Чавоне захрханда карду гуфт:

– Овора нашавед, бобо. Онхо «хакашон»-ро кайхо гирифтаги!

– Хм… об аз боло лой гуед?!

Ин дам марде «Ку те бинам» – гуён табакро ба даст гирифт ва як онро аз назар гузаронида, «Чанд?» – гуфта пурсид.

– Дусад, – зуд посух дод чавон.

Он кас дигар харфе назада, дусад сум шумурда, ба фурушанда доду рафт.

Асад-бобо ба хеч чиз сарфахм нарафта, лахзае карахту лол шуда монду баъд ба худ омада, хайрон ин су – он су чашм давонд. Ва дид, ки якеро ду милиса пешандоз карда мебаранд.

– Нафси бад-балои чон! Доля надодааст. Акнун адабаша медиханд.

Зик буд зиктар шуд Асад-бобо. Дилаш суст гашт. Аз гавго ва магал сараш чарх мезад, чашмаш сиёх мерафт.

– Пистаи хандонда биё!

– Э гум шав!

Як нос кашид. Зикиаш раф нашуд. Нидои баланди «Хай чона!»-ро шунид. Руй чониби ин нидо гардонд. Ва дид, ки зане мераксад. Девонаавзо буд зан. Хама ба у нигох мекарданд. Механдиданд, писханд мезаданд. Зан шасти раксашро паст карду ба сурудхони огозид. Галат-галат суруд мехонд. Гамангез буд сурудаш.

– Хай чона!

Зан хомуш монд. Чавони ширакайф ба у гуфт:

– Хола шухаша гир, шухаша! Хай чона!

Ба зикиаш зики зам шуд. Дилаш сусттар гашт. Хама чиз дар назараш бад намуд. Зехнаш хаста буд. Дилаш чизе намехост. Гушаш ово мекашид. Пушаймон аз он ки ба ин бозор омад.

Ба бозоре ки пур аз

гавго,

фиреб,

фанд,

найранг,

беномуси…

Ба бозоре ки худфурушиву худхаридорист!

Ба бозоре ки «гур сузаду дег чушад!»

Дигар кудрати миёни растахои печ дар печ гаштанро надошт. Ва у сари калобааш гум, шеъри машхури Хофизро зери лаб кироат карда, суи баромадгох рох пеш гирифт.

                  Ин чи шурест, ки дар даври камар мебинам,

                  Хама офок пур аз фитнаву шар мебинам.

                  Пешаи подшохон нест ба чуз чавру ситам,

                  Адлу инсоф хама зеру забар мебинам…

Вакте ки у ба истгох омад, офтоб ба гуруб моил шуда, хаво губоролуд шуда буд. Вай аз хавои ифлоси шахр нафастанг шуда, мехост харчи зудтар ба хонааш биравад. Вале на троллейбус буду на автобус. Хеле интизор шуд. Автобусе омада карор гирифт. Фавчи одамон ба чунбиш даромад ва уро хам мисли селоб бо худ бурда ба дари автобус зад. Ба хадде башасту гайриихтиёр буд, ки фурсати нигаристани раками автобус нашуд. Пас аз чанде аз хампахлуяш пурсид:

– Писарам, намегуед, ки ин автобуси раками чанд?

– Автобуси беракам.

– Чи хел беракам? Магар беракам мешавад?

– Холо хама чиз мешавад.

– Э, ин кадар ракам пурсиди?! То марказ барад, шуд-дия!

Дили Асад-боборо як хавфи номаълум охиста-охиста туман барин зер кардан гирифт. Калби хассосаш аз ходисаи нохуше тах кашида рафт.

Нохост автобус карор гирифту ду чавони бузбала, ки дар дами дари автобус меистоданд, аз киса пистолет кашида, амр карданд:

– Бе шавкун, якта-якта пулу мол, тиловориро дода баромадан гиред.

– Касе бинг гуяд, мепаронам! – бонг зад дуюми.

Одамони рангпарида ба якдигар сур-сур нигох карда, ёрои лаб во кардан надоштанд. Тарсу вахм гунгашон карда, часораташонро рабуда буд. Онхо якта-якта чизе ки доштанд, бо ду дасти адаб ба дасти горатгарон дода мефаромаданд. Асад-бобо хам ба горатгарон семоха нафакааш, чамъ чорсаду бист сумро бо ду дасти адаб дод. Ва яке чашмаш ба чавони бадафт афтид. Ранги руяш пахта барин сафед, чашмонаш пур аз тарсу тавалло. Чун барги бед меларзид. Ку он часорату кару фар?!

Автобус рохи шуд. Асад-бобо ба худ омада, ба чавоне гуфт:

– Номераша навишта гир.

– Горатгарон доно будаанд, номерхои автобусро хам кушода гирифтаги, – гуфт чавон.

– Эх, бозори сиёх, – охи сард кашид Асад-бобо. – Ачаб сиёхкори.

– Мурдорхо! Одам нашуда муред! Песу махав шавед!

Асад-бобо ба акиб нигарист, то бидонад, ки сохиби ин суханон кист. Сохиби ин суханон чавони бадафт буд. Асад-бобо бо нафрату газаб чониби хонашери майдонгариб нигарист ва лабонашро бо хам фишурд.

Аз газаб чашмони чавони бадафт кашида гашта, дандонхои ба хам фишурдааш гичиррос мезаданд. Ин башара дили Асад-боборо ба монанди сихи тафсон сузонда гузашт. Вай охиста як охи бадард кашид.

– Ман онхоро мешиносам. Очаи зорашонро нишон надихам, ман хар, – бо дагдага гуфт чавони бадафт.

– Ха-а-а… Ин хел гуед… – охи сард аз дили пурдард кашид Асад-бобо. – Ачиб.

– Чи «ачиб»?

– Мушти пас аз чанг ба ёд омадаро ба сари худ мезананд.

– Чи-и?! – чавони бадафт сар то пойи Асад-боборо бо як нигох андовид. Сипас чашмонаш чун чахмок аловак зада, ба бози даромаданд. Пасон дуг зад: – Ачалат расидааст?!

Асад-бобо аз вачохати чавони бадафт хис кард, ки кор намешудаги барин. Мачбур «аз бало хазар!» – гуён, аз у дур шуд.

Хичилу бедимог, хомушу хаёли гом мезад у.

Дилаш дард мекард ва магзи гонаш месухт.

Ашк дар чашмонаш мечушид.

Рузи харобу хастаи тирамох интихо меёфт.

 19 апрели соли 1992

 21 маи соли 1995

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …