Главная / Гуногун / БОНКДОРИИ ШУРАВИ

БОНКДОРИИ ШУРАВИ

Бояд тавзехи мухтасаре аз низоми бонкдории шурави бидихам, зеро дар мархалаи аввали ба тичорат машгул шуданам, коидахои он низом дар кор муассир буданд. Бо суис- тифода аз имконоти он, дар пахнои Шурави кулохбардорихо ва сиркатхои азиме сурат гирифта буд.

Баъд аз инкилоби сурх, бонкхо дар аввалин фурсат милли кунонда шуда, кори бонкдори дар инхисори давлат карор ги- рифт. Аслан, тибки мафхуми идеологи ва иктисодии шурави муомилоти пуливу карзи аз байн рафта, бояд чои онро таксимот ба ивази мехнат (захмат) мегирифт. Барои ба ин тарзи муноси- бат гузаштан, хисобдори ва назорати шадид бар мехнат ва мас- раф лозим буд. Ин назорат бояд аз суи бонк амали мешуд. Ин буд, ки дар замони Коммунизми харби бонкхо давлати кунонда шуда, шуъбахои Бонки ягонаи давлати дар минтакахо таъсис дода шуд. Аз байн бурдани муомилоти бонки ва нест кардани муносиботи пул-мол дар натичаи сиёсати Коммунизми харби ба таварруми шадид овард.

Агроинвестбонк

Дар натичаи ин тачрибаи пуч ошкор гашт, ки Коммуниз- ми харби сиёсати хатост ва хукумати Шурави Сиёсати нави иктисодиро рохандози кард. Сиёсати нави иктисоди низоми бонкиро аз нав зинда карда, имкон дод, ки хочагии халк рушд кунад. Бо ба охир расидани Сиёсати нави иктисоди боз хам низоми бонки марказикунонида шуд ва Бонки вохиди давлати шуъбахои минтакавиро таъсис дод, ки ба муштариёни он минтакахо хизмат мерасонданд. Стройбонк – бонки сохтмон, масъули сармоягузори дар сохаи иншоот буд, ки дар асл як чузъи бонки давлати буд. Муносибат бо бонкхои хоричи ба ухдаи Внешторгбонк – бонки савдои хоричи вогузошта шуда буд. Дар асл ин бонкхо хам шохахои хамон бонки давлати бу- данд ва тавлид, пардохт ва тамоми фаъолияти молии корхона- ву муассисахоро назорат мекарданд. Гардиши байнишуъбаии (МФО) ин бонкхо ягона рохи хисоббаробаркунии байни тамоми корхонаву муассисахои давлати – муштариёни шурави буд.

Бонкхо на хамеша чузъиёти кори сохахоро ба назар меги- рифтанд, ки дар натича иктисоди кишвар торафт акиб мемонд. Аввали солхои 80 кушиши дигаргунсозии бонкхо пеш гирифта шуд ва дар асоси шуъбахои минтакавии бонки давлати бонкхои сохави таъсис дода шуданд.

Промстройбонк дар сохаи саноату сохтмон, Агропромбонк дар сохаи кишоварзи, Жилсотсбонк дар сохаи ичтимои таъсис ёфтанд, вале аз сабаби мудирияти ноухдабароёна, ин бонкхо вазъро бадтар карданд. Харчу марчи зиёд пеш омад, зеро агар каблан муштарихои хисоббаробаркун дар як бонк бошанд, акнун муштарии бонкхои мухталиф буданд ва хисоббаробаркунии байни онхо вакту захмати бештарро талаб мекард. Ин харчу марч ба низоъхои байнисохави ва байни муштари боис шуд. Бахсхои доманадори идеологиву иктисоди ба миён омад ва афкори умуми бар он шуд, ки ба иктисоди бозори бояд гузашт. Дар натичаи ин муборизахо охири солхои 80 бонкхои аввалини тичории гайридавлати таъсис ёфтанд. Ха- мин тавр, хафтод сол лозим шуд, то исбот шавад, ки ин низом кобили ичро нест ва бонкдори бозгаштро ба он тарзи коре, ки кабл аз милликунони ва инхисори давлати роич буд, сар кард. Вале хануз дар ташкил ва тартиби кор норасои ва нохамоханги зиёд буд, ки хатто суистифода аз он низ зиёд шуд.

Дар давраи гузариши низоми бонки гуруххои муташаккили чинои дар Русия ва дигар чумхурихои шурави санадхои байни- шуъбавии такаллуби сохта, маблагхои калонеро дуздиданд. Онхо аз шуъбаи бонк дар як шахр ба шахри дигар санади такаллуби мефиристоданд, аз суратхисоби ширкат маблагхоро гирифта, гайб мезаданд, ки баъдан дар хисоббаробаркунии мархалави ошкор мегашт. Баъди ошкор шудани ин дуздихо бонкхо чора дида, пеши рохи онро гирифтанд.

Гайр аз ин, бонкхо хини кушодани хисоби бонки ба муштари дафтарчаи чек медоданд, ки исмаш Чеки махдуд (лимитирован- ный чек) буд. Ин дафтарча чекхои зиёд дошт, ки муштари мета- вонист ба фурушанда маблаги мавриди ниёзро навишта дихад ва молро тахвил бигирад. Фурушанда он чекро ба бонки худ ме- супурд ва маблагро дарёфт мекард, бонк дархости маблагро ба шуъбаи бонки муштари фиристода, маблагро талаб ва чои онро пур мекард. Дар робита бо ин Чеки махдуд як кулохбардории чолибе сурат гирифта буд, ки наклашро дар идома меоварам.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …